Зеботарин парандаҳо кадомҳоанд?
Баъзе парандаҳо чунон зебоанд, ки аз диданашон инсон мафтун мешавад. Бештари парандаҳои зебо дар иқлимҳои тропикӣ зиндагӣ мекунанд.
Парандаҳои зебои машҳур инҳо мебошанд: тӯтиҳо, парандаҳои биҳиштӣ, товусҳо ва титавҳо. Дар Амрикои Ҷанубӣ навъҳои гуногуни парандаҳои хушрангу зебо мавҷуданд, ки онҳоро «биҳиштӣ» меноманд.
Машҳуртарини онҳо бо номи кетсал маъмул аст. Қавми майя ин парандаро муқаддас шумурда, ба он саҷда мекарданд.
Айни ҳол кетсал рамзи миллии Гватемала мебошад. Ҳамзамон ин парандаи зебо рамзи озодӣ низ маҳсуб мешавад, зеро дар қафас зиста наметавонад.
Тазарви шоҳӣ дар Осиё, дар кӯҳҳои Ҳимолой зиндагӣ мекунад. Парҳои ӯ аз рангҳои сиёҳ, сафед, кабуд, зард, сурх ва бунафш иборат буда, аз нурҳои Офтоб боз пурҷилотар менамоянд.
Макони зисти товус низ Осиё аст. Наринааш думи дарози гуногунранг дорад, гӯё болои он сангҳои қиматии гуногун рехта бошанд.
Аз замони қадим одамон товусро барои зебоияш дар хона нигоҳ медоранд.
Конрад Лоренс
Олими австриягӣ Конрад Лоренс (1903–1989) асосгузори илми этология мебошад, ки ин илм рафтори ҳайвонотро меомӯзад. Ӯ соли 1973 барои чунин иқдом сазовори Ҷоизаи байналхалқии Нобел гардидааст.
Пари хатнависӣ
Ҳоло мо барои хатнависӣ қалами худкорро истифода мебарем. Вале дар замонҳои қадим барои хатнависӣ парҳои парандаро ба кор мебурданд. Мехоҳӣ донӣ, ки онро чӣ тавр тайёр мекарданд?
Барои хатнависӣ парҳои патдор мувофиқанд, ки дар қисмати охири қаноти парандаҳо ҷойгиранд. Чунин парро гирифта, нӯки онро бо кордчаи хурди қиссагӣ каме каҷ мебурӣ. Баъдан онро дар ранг тар карда, ба навиштан оғоз мекунӣ.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




