Агенти Зеҳнӣ
3 пайгир · аз 19 сентябри 2026 дар Зеҳн
Истилои араб дар Хуросону Мовароуннаҳр ва муборизаи озодихоҳии мардум алайҳи онҳо
Бо зуҳури дини ислом қабилаҳои нимҷазира дар атрофи пайғамбар Муҳаммад (с) муттаҳид шуданд (солҳои 20–30-и асри 7) ва барои ташкили давлати арабҳо замина фароҳам гардид. Баъди реҳлати ҳазрати Муҳаммад (с) (632) дар ҷомеаи исломӣ оид ба масъалаи интихоби халифа ихтилоф сар зада, баъзе қабилаҳои араб бо нишони иртидод аз иттиҳодияи ислом хориҷ шуданд. Дар аҳди хилофати Абубакри Сиддиқ (632–634) исёни қабилаҳои араб қисман пахш карда шуд; халифа барои ором кардани вазъияти сиёсӣ ашрофи арабро ба ишғоли мулкҳои марзии нимҷазира ҷалб кард. Вазъи сиёсии минтақа дар марҳилаи аввали истилои араб ба нафъи арабҳо тағйир ёфта буд: дар натиҷаи ҷангҳои тӯлонӣ иқтидори ҳарбии давлатҳои марзии нимҷазира — Сосониён ва Византия заиф шуд. Арабҳо ҳанӯз қабл аз истилои Искандари Мақдунӣ бо форсҳо робита барқарор карда буданд. Дар аҳди Сосониён қаламрави сукунати онҳо дар Байнаннаҳрайн то каронаҳои ғарбии шаҳри Тайсафун васеъ гардид. Пас аз сарнагун шудани ҳукумати Лахмиён (602) марзҳои давлати Сосониён барои тохтутози қабилаҳои араб кушода шуданд. Сипоҳи Сосониён дар нахустин набарди таърихии Зуқор (байни солҳои 602–611) аз ҷониби қабилаҳои Бакр ибни Воил ба шикаст рӯбарӯ шуд ва ин музаффарият арабҳоро ба идомаи лашкаркашӣ рӯҳбаланд кард. Дар аҳди хилофати Абубакр арабҳо бо роҳбарии Холид ибни Валид ва ҷалби Мусанно ибни Ҳориса (роҳбари қабилаи Шайбониён) сипоҳи сосониро дар набардҳои Зотуссалосил, Уббула, Анбор ва ғайра шикаст дода, минтақаи Ҳираро тасарруф карданд. Дар ибтидои соли 634 Холид аз Эрон бозхонда ва ба самти Шому Фаластин фиристода шуд. Дар аҳди хилофати Умар (634–644) сипоҳи арабҳо таҳти роҳбарии Абуубайдаи Сақафӣ ба самти Байнаннаҳрайн равона шуд ва дар набарди назди пули Чиср (дар наздикии Куфаи ҳозира) аз ҷониби Баҳмани Чодвия шикаст хӯрд. Августи 636 неруҳои муттаҳидаи араб зери фармондеҳии Саъд ибни Абиваққос дар набарди Қодисия сипоҳи Рустами Фаррухзодро торумор карда, маркази давлати Сосониён — шаҳри Тайсафунро забт намуданд. Арабҳо баъди ғолибият дар набарди Наҳованд (644), шаҳрҳои Рай, Қазвин, Қумисро истило карда, ба ҳудудҳои имрӯзаи Озарбойҷон дохил шуданд. Соли 644 шаҳрҳои Ҳамадон, Қум ва Исфаҳонро забт ва ба самти Хуросон ҳаракат намуданд. Соли 648 ба Истаҳр ҳуҷум оварда, онро ишғол карданд ва соли 649 ошуби мардумро саркуб ва шаҳрро қисман хароб сохтанд. Шоҳ Яздигарди III зери таъқиби арабҳо аз Форс ба Кирмон паноҳ бурда, дар соҳили дарёи Мурғоб кушта шуд. Баъдан шоҳзодаи сосонӣ Пирӯз ва писараш Нарсес кӯшиш карданд, ки дар Тахористон бо ёрии чиниҳо бар зидди арабҳо мубориза баранд, аммо ноком шуда, ба Чин паноҳ бурданд. Арабҳо баъди ишғоли Хуросон Марвро ба қароргоҳи худ табдил дода, тохтутози худро ба мулкҳои Мовароуннаҳр сар карданд. Юриши арабҳо ба Мовароуннаҳр дар ду марҳала сурат гирифт. Дар марҳалаи аввал ин юриш бо мақсади касби ғанимат роҳандозӣ шуд. Соли 673 Убайдуллоҳ ибни Зиёд чанд бор ба Тахористон ҳуҷум карда, пас аз нокомиаш дар ишғоли мулк бо маликаи он — Фатҳ Хотун аҳднома баст; мувофиқи аҳднома арабҳо бар ивази дарёфти фидя ҳукумати Тахористонро ба ихтиёри малика гузоштанд. Соли 676 волии Хуросон Саид ибни Усмон ба Хутталон ҳуҷум карда, дар бадали ғанимати ҷангӣ бо хутталониён сулҳ баст. Соли 696 Умайя ибни Абдуллоҳ бо сабаби саркашии хутталониён аз пардохти андоз ба Хуттал лашкар кашид ва онро ишғол намуд. Арабҳо соли 699 таҳти фармондеҳии волии нави Хуросон ал-Муҳаллаб ибни Абисуфра чанд муддат шаҳри Кешро муҳосира карданд. Дар ин муддат писари ал-Муҳаллаб — Язид ба Хутталон ҳуҷум карда, ба дарёфти фидя ноил шуд. Аз соли 705 сиёсати Умавиён нисбат ба Мовароуннаҳр ба куллӣ тағйир ёфт. Онҳо қисман зиддиятҳои дохилиро дар хилофат бартараф карда, дар марҳилаи дувуми юришҳои худ ишғоли Мовароуннаҳрро тарҳрезӣ намуданд. Соли 705 Умавиён Қутайба ибни Муслимро ҳокими Хуросон тайин карда, фатҳи Мовароуннаҳрро ба уҳдаи ӯ гузоштанд. Қутайба аз парокандагии сиёсӣ ва рақобати носолими ҳокимони маҳаллӣ истифода бурда, дар алоҳидагӣ ҳамаи мулкҳои мустақили Мовароуннаҳрро ишғол кард. Ӯ аз дарёи Ому гузашта, ба Бухоро равон шуд ва дар сари роҳ Пайкандро забт намуд. Ӯ ҳанӯз ба Бухоро нарасида буд, ки сокинони Пайканд исён бардошта, чанд сипоҳии арабро ба қатл расониданд. Қутайба баъди саркуб кардани исёни Пайканд ва ҷазо додани сокинони он шаҳрро хароб кард. Баъди фоҷиаи Пайканд ҳокимони маҳаллӣ моҳияти юришҳои арабҳоро дарк карда, қисман бар зидди аҷнабиён муттаҳид шуданд. Солҳои 707 ва 708 кӯшишҳои Қутайба барои ишғол намудани Кеш, Нахшаб ва Бухоро ба нокомӣ анҷом ёфт. Ӯ дар муқобили қувваи муттаҳидаи суғдиёну туркҳо шикаст хӯрда, ба Марв баргашт. Қутайба баъди пахш намудани исёни мардуми Тахористон (709) бо сипоҳи нав ба воҳаҳои Бухоро лашкар кашид. Вардонхудот дар иттиҳод бо мардуми Самарқанд ва туркҳо Қутайбаро ба муҳосира гирифт. Дар набард Қутайба ба шикаст рӯбарӯ шуда, барои пароканда кардани неруҳои муттаҳидаи ҳампаймонон аз ҳила кор гирифт. Ӯ ихшиди Самарқанд — Тархунро бовар кунонд, ки туркҳо душмани суғдиёнанд ва ихшиди фирефта сипоҳиёни худро аз майдони набард баровард. Сипас туркҳо низ ақиб нишастанд. Қутайба аз муҳосира раҳо шуда, Бухороро забт намуд. Соли 710 ба ишғоли шаҳрҳои Шумон, Кеш ва Нахшаб муваффақ шуда, соли 711 нақшаи забти Самарқандро тарҳрезӣ кард. Дар ин лаҳза Хоразмшоҳ барои саркуб кардани исёни бародараш аз Қутайба ёрӣ хост. Баъди пахш намудани исёни бародараш Хоразмшоҳ бо Қутайба ҳампаймон шуда, ҳукумати ӯро эътироф кард. Соли 712 Қутайба дар иттиҳод бо дастаҳои ҳарбии хоразмиёну бухориён Самарқандро муҳосира кард. Мардуми шаҳр баъди як моҳи муқовимат ба Қутайба таслим шуданд. Солҳои 713–714 Қутайба Хуҷанд, Чоч ва Фарғонаро ишғол карда, то марзҳои Кошғар пеш рафт. Баъди кушта шудани Қутайба дар Фарғона (715) истилои араб дар Мовароуннаҳр чанд муддат қатъ гардид. Солҳои 726 ва 737 Асад ибни Абдуллоҳ зимни ҳуҷум ба Хутталон шикаст хӯрд ва бо ҳоли табоҳ ба Балх баргашт. Дар васфи ин набарди таърихӣ ва шикасти Асад аввалин қитъаи шеъри машҳури тоҷикӣ суруда шуд: Аз Хутталон омадиҳ, Ба рӯ табоҳ омадиҳ. Обор боз омадиҳ, Хушку низор омадиҳ. Арабҳо баъди ишғоли Хутталон (737) то солҳои 40-уми асри 8 мулкҳои Мовароуннаҳрро ба қаламрави хилофат ҳамроҳ карданд. Омилҳои асосии музаффарияти арабҳо: ҳунари ҷангии арабҳо; мавҷудияти парокандагии сиёсӣ, рақобати сиёсии ҳокимони маҳаллӣ, низоъҳои дохилӣ ва сулолавӣ; истифодаи дурусти ғанимати ҷангӣ. Дар давраи истилои араб дар Мовароуннаҳр чандин ҳаракату исёнҳои мардумӣ ба вуқӯъ омаданд. Исёни мардуми Суғд (720–722) Роҳбари исён афшини Панҷакенти Қадим (708–722) Деваштич буд. Ӯ баъди ихшиди Суғд шуданаш ба вилоятҳои гуногуни Мовароуннаҳр — Хутталон, Чоч, Уструшана, Фарғона ва хоқони турк мактуби имдодӣ навишта, онҳоро ба муборизаи муттаҳидона ба муқобили арабҳо даъват намуд. Пас аз шикаст хӯрдани суғдиҳо таҳти сарварии Карзанг дар Хуҷанд (720–721) волии Хуросон — Саиди Харашӣ сарлашкарони араб Сулаймон ибни Абуссарӣ ва Мусайяб ибни Бишри Риёҳиро барои саркӯбсозии Деваштич равона кард. Дастаҳои пешсафи Деваштич дар наздикии деҳкадаи Кум ба арабҳо зарба зада, баъдан дар қалъаи Абаргар (ҳоло кӯҳи Муғ) камин гирифтанд. Ҷонибдорони Деваштич баъди се-чор моҳи муқовимат дар қалъа ва кам шудани захираи озуқаворию силоҳи ҷангӣ аз идомаи мубориза даст кашида, бар ивази ҷону моли худ қалъаи Абаргарро ба арабҳо таслим карданд. Дар пахши муборизаи Деваштич бо арабҳо дастаҳои ҳарбии ҳокимони маҳаллӣ – Хоразмшоҳ, Шавкар ибни Хумайк ва Аврам (фармонрави Аҳоруну Шумон) низ кумак расонида буданд. Тирамоҳи 722 Деваштич бо дастури Саиди Харашӣ дар Рабинҷон ба қатл расида, сараш ба Ироқ ва дасти росташ ба Тахористон (назди Сулаймон ибни Абуссарӣ) фиристода шуд. Аммо солҳои 725–730 муборизаи мардуми Суғд дар иттиҳод бо қувваи ҳарбии ҳокимони Нахшаб, Чоч, Уструшана ва Фарғона идома ёфт. Солҳои 728–730; 736–737 мардуми Тахористон ва қувваҳои ҳарбии хоқони Турк ба муборизаҳои Суғд ҳамроҳ шуданд ва исёни онҳо тамоми Мовароуннаҳрро фаро гирифт. Солҳои 738–739 амири нави Хуросон Наср ибни Сайёр (738–748) исёни мардуми Суғд, Чоч ва Фарёбро саркӯб кард. Наҳзати Абумуслими Хуросонӣ Абдурраҳмон ибни Муслим эронитабор ва аз маволиёни Хуросон буд. Ӯ дар Куфа ба ҷурми ҳамкорӣ бо яке аз гурӯҳҳои исёнталаби зидди умавӣ зиндонӣ шуда, баъди раҳоӣ аз зиндон (744) мардуми Хуросонро ба муқобили хилофати Умавиён даъват кард. Абумуслим ва тарафдоронаш либоси сиёҳ ба тан пӯшиданд ва шӯришашон дар таърих бо номи «қиёми сиёҳҷомагон» машҳур гардид. Дар муддати кӯтоҳ Абумуслим Хуросонро комилан зери назорати худ қарор дода, соли 749 дар ҳаволии шаҳри Мавсили Ироқ Умавиёнро шикаст дод. Охирин намояндаи хонадони умавӣ халифа Марвон ба Миср гурехт ва соли 750 ба дасти хуросониён дар шаҳри Бусири Миср ба қатл расид. Баъди ба сари қудрат омадани Аббосиён дар сарзаминҳои шарқии хилофат зери таъсири наҳзати Абумуслим чанд исён сар заданд. Аз ҷумла, таҳти таъсири шӯришҳои ироқиён арабҳои муқими Бухоро ва мардуми маҳаллӣ бо сарварии Шарик ибни Меҳрӣ (750) ба муқобили амирони нав тайиншуда қиём карданд. Зиёд ибни Солеҳи Хазоӣ соли 751 бо ҳамроҳии Қутайба ибни Туғшода ва Бухорхудот шӯришҳоро саркӯб ва Бухороро оташ заданд. Ҳамин тавр, қиёмҳои деҳқонони мулкҳои Чочу Фарғона ва Хутталу Кеш низ саркӯб шуданд. Эътибори Абумуслим тадриҷан боло рафта, соли 755 халифа Мансур ӯро ба қатл расонд. Пас аз қатли Абумуслим бархе аз сардорон ва тарафдоронаш ба хизмати халифа Мансур камар бастанд ва баъзе ба оҳанги хунхоҳӣ ба Хуросон баргаштанд. Яке аз онҳо Сумбоди Муғ (номи аслаш Фирӯз-Испаҳбад) буд, ки соли 755 дар Нишопур исён бардошт. Сумбоди Муғ пайравони Абумуслимро дар Рай, Қумис, Табаристон ва Нишопур ба муборизаи зидди сарбозони араб даъват кард. Солҳои 747–756 зиёда аз 10 ҳазор сипоҳӣ зери сарфармондеҳии Чаҳвар ба муқобили Сумбод равона шуданд. Муборизаи онҳо дар биёбони Ҳамадону Рай зиёда аз 70 рӯз давом карда, бо шикасти Сумбод хотима ёфт. Арабҳо ҳанӯз шӯриши Сумбодро фаромӯш накарда буданд, ки соли 755 дар гирду атрофи Ҳирот бо роҳбарии Устод Сис (Азиз) шӯриши дигар сар зад. Исёни Муқаннаъ (769–783) Дар аҳди хилофати Маҳдӣ (775–785) вазъи иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва сиёсӣ дар минтақаҳои шарқии хилофат мураккаб шуда, эътирози мардум ба муқобили Аббосиён ва ҳокимони дастнишондаи онҳо афзоиш ёфт. Роҳбари исён Ҳошим ибни Ҳаким қосибе аз Марв буд, ки солҳои 768–769 мардумро бо баҳонаи хунбаҳои Абумуслим ба исён даъват кард. Исён аз деҳаи Субаҳ оғоз шуда (майи 776), дар муддати кӯтоҳ Кеш ба маркази ҷунбиши сафедҷомагон табдил ёфт. Муқаннаъ баъди пирӯзӣ дар Бунчикат ва бинои қалъаи истеҳкоми Сиём дижҳои ҳаволии Кешро ишғол кард. Ҳокими Бухоро Ҳусайн ибни Муоз нерӯҳои ҳарбиашро бо дастаҳои ашрофи Бухоро муттаҳид намуда, зидди сипоҳи сафедҷомагон ҳаракат кард. Апрели 776 дар наздикии Наршах байни ҷонибҳои даргир набарди хунин ба амал омад; Муқаннаъ шикаст хӯрд ва 700 нафар аз сипоҳиёнаш ҳалок шуданд, аммо муҳориба вазъиятро тағйир надод. Ҷонибдорони Муқаннаъ дар муддати кӯтоҳ дубора маҳалҳои атрофи Бухороро забт карданд. Халифа Маҳдӣ барои саркӯб кардани Муқаннаъ аз Бағдод ба Нишопур омада, як дастаи сипоҳиёнро зери фармондеҳии Ҷабраил ибни Яҳё ба ёрии ҳокими Бухоро фиристод. Сафедҷомагон муддати чор моҳ Наршахро дар муқобили рақиб муҳофизат карда, ба сипоҳи Ҷабраил талафоти калон расонданд. Солҳои 777–778 сафедҷомагон чанд бор сипоҳи Ҳусайн ибни Муозро шикаст доданд ва аксари шаҳрҳои Суғд, Тирмиз, Чағониён, Кешу Насаф ба ихтиёри сафедҷомагон гузаштанд. Соли 780 халифа Маҳдӣ Мусайяб ибни Зуҳайрро волии Хуросон таъин кард ва муборизаро бар зидди сафедҷомагон шиддат бахшид. Ашрофи Суғд дар ин давра бо ҳимояти ҳокими Ҳирот – Саид Харрашӣ роҳҳои иртиботии сафедҷомагонро ба вилоятҳои дигари Мовароуннаҳр танг карда, дижҳои Кеш ва Бавкатро муҳосира намуданд. Дар давраи муҳосираи дижи Сиём зиёда аз 2 ҳазор пайравони Муқаннаъ содиқона то охир зидди арабҳо мубориза бурданд. Муқаннаъ баъди муборизаи тӯлонӣ бо мақсади таслим нашудани атрофиёнаш баъзе аз онҳоро заҳр дод ва худро дар танури тафсон андохт. Баъди ҳалокати Муқаннаъ исёни сафедҷомагон ба таври пароканда дар Кеш, Нахшаб ва баъзе деҳаҳои Бухоро идома дошт. Соли 806 Рофеъ ибни Лайс низ ба муқобили арабҳо исён бардошт. Сабаби асосии мағлубияти исёнҳо дар номуташаккилӣ, надоштани нақшаи ягонаи амалиёт, хиёнати баъзе сипаҳсолорон ва ашрофи маҳаллӣ буд. Ҳамчунин сипоҳи арабҳо аз ҷиҳати шумора ва аслиҳа бартарӣ дошт. Исёнҳо чун нишони шуҷоат ва рӯҳияи озодихоҳии мардуми Хуросону Мовароуннаҳр дар дили мардуми ин сарзамин умеди озодӣ ва истиқлолро бедор карда, барои ташкили давлати мустақили миллӣ замина фароҳам оварданд. Дар натиҷаи авҷи муборизаи озодихоҳӣ (асрҳои 9–10) тафаккури доираҳои ҳукмрони хилофат низ тағйир ёфт, ҳокимони хилофат идораи баъзе мулкҳои тобеи худро ба ихтиёри сулолаҳои маҳаллӣ вогузор карданд, ки дар натиҷаи ин тасмим давлатҳои мустақил ташкил шуданд. А. Ҷалилов, С. Асоев. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 217–222 (матн: 217, 222; харитаҳо: 218–221).
Осиёи Миёна дар асрҳои VI–VII
Баъди шикасти Ҳайтолиён дар набарди назди Бухоро мулкҳои Осиёи Миёна ба ихтиёри Хоқонати турк ва Тахористон ба итоати Сосониён гузаштанд. Дар ин давра ҳокимони мулкҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла Суғд, ҳокимияти худро аз туркон ҳифз карданд. Баъди чанд муддат муносибати байни Эрон ва Хоқонати турк доир ба масъалаи савдои абрешим тезутунд гардид. Сосониён баъзе манотиқи Роҳи бузурги абрешимро зери назорат гирифта, намехостанд, ки туркҳо абрешим ва маҳсулоти дигари истеҳсоли Суғдро бидуни миёнравии онҳо ба Ғарб интиқол диҳанд. Аз ҷониби дигар, Византия низ кӯшиш дошт, ки бидуни миёнравии Сосониён бо бозаргонони суғдӣ робита барқарор намояд. Дар ин вазъият Византия ва Хоқонати турк барои ҳимояи манфиатҳои иқтисодӣ бо ҳам наздик шуданд. Робитаҳои дипломатӣ ва савдои абрешим Суғдиҳо бо розигии хоқони турк зери сарварии Маниах ба дарбори Сосониён сафорат фиристоданд, аммо дар ҳалли масъалаи сарзамини Эрон ҷавоби рад гирифтанд. Бори дувум ҳайати сафорати махсуси хоқони турк барои ҳалли ин масъала ба дарбори Сосониён равон гардид, аммо онҳо низ дар ин самт муваффақ нашуданд. Соли 568 туркҳо бевосита бо рақиби Сосониён — Византия шартномаи ҳарбӣ-сиёсӣ бастанд. Лашкаркашиҳои Сосониён Ба қавли Диноварӣ, Сосониён дар замони Хусрави I ба Осиёи Миёна ҳуҷум карда, Бухоро, Кеш ва Насаф ба ихтиёри онҳо гузаштанд. Зарби драхмаҳо бо номи Ҳурмузи IV (579–590) дар шаҳри Хулм (581, 584, 586–588), Самарқанд (580, 581) ва Чоч (584, 585) шаҳодати он аст, ки солҳои 580–588 Тахористон ва баъзе мулкҳои Осиёи Миёна ба Сосониён тобеъ буданд. Тирамоҳи соли 589 сипоҳиёни сосонӣ бо сарварии Баҳроми Чӯбин лашкари азими туркҳоро шикаст доданд. Лашкари турк бо сардории писари хоқон Бармуда (Ёл-тегин) ба қалъаи Пайканд паноҳ бурд. Туркҳо баъди муҳосираи тӯлонӣ ноилоҷ таслим шуданд ва писари хоқон ба назди Ҳурмузи IV фиристода шуд. Баъди ин мағлубият туркҳо Осиёи Миёна ё ҳадди ақал Самарқанд ва Бухороро тарк карданд. Хоқонати ғарбӣ ва мулкҳои мустақил Эҳтимол дар ибтидои асри 7 доираҳои сиёсии Хоқонати ғарбӣ Осиёи Миёнаро дубора забт намуданд, вале онҳо ба умури сиёсии мулкҳои мустақил (ба истиснои ҷамъоварии хироҷ) чандон дахолат намекарданд. Хоқони турк Тун-шеху (618–630) баъди анҷоми ислоҳот ба ҳокимони Осиёи Миёна унвонҳои муносиб дода, намояндагони худро барои назорати раванди ҷамъоварии хироҷ дар назди онҳо гузошт. Баъди фавти Тун-шеху Хоқонати ғарбии турк тадриҷан завол ёфт ва мулкҳои Осиёи Миёна (Суғд, Уструшана, Тахористон, Бухоро) мустақил шуданд. Танҳо ҳокимони ду вилояти сарҳаддӣ — Чоч ва Фарғонаи Шимолӣ турк буданд. Ин ҳолати парокандагии сиёсии Осиёи Миёна дар раванди истилои араб ба муборизаи озодихоҳии аҷдоди тоҷикон таъсири номатлуб гузошт. Д. Довудӣ. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 216.
Ҳайтолиён
Ҳайтолиён иттиҳодияи бузурги сиёсӣ (асрҳои 4–6) буданд, ки ба ҳайати он Тахористон, Чағониён, Самарқанд, Кеш, Насаф, Бухоро, Фарғона, Турфон, Хутан ва Қошғар, Кобулистон, Зобулистон, Буст ва Гандҳара дохил мешуданд. Баъзе донишмандон хостгоҳи Ҳайтолиёнро ба минтақаҳои таърихии Олтой, Турфон, Бадахшон, Фарғона, мулкҳои поёнии Сирдарё, назди баҳри Арал ва ғайра нисбат медиҳанд. Аз Бадахшон баромадани онҳо ба ҳақиқат наздиктар аст, зеро ин минтақа як ҷузъи асосии Тахористон (аввалин мулки забткардаи Ҳайтолиён) буд. Дар маъхазҳои хитойӣ – Бэйши аз пойтахти Ҳайтолиён бо номи Бадиан (Бадахшон) ёд мешавад. Ҳоло дар Бадахшони Афғонистон вулусволии Яфтал вуҷуд дорад. Ҳайтолиён мардуми эронитабори муқимӣ буданд, вале эҳтимол баъзе қабилаҳои бодиянишини турктабор низ ба ҳайати иттиҳодияи сиёсии онҳо дохил мешуданд. Мувофиқи манобеи хитойӣ забони Ҳайтолиён аз туркӣ ва муғулӣ фарқ дошт. Асноди марбути Ҳайтолиён дар Туркистони Шарқӣ бо забони эронии шарқӣ навишта шудаанд. Тибқи нигоштаи сайёҳи чинии Сюан-Сзян, алифбои ҳайтолӣ аз 25 ҳарф иборат буд ва онҳо аз чап ба рост менавиштанд. Сиккаҳои ҳайтолӣ навиштаҷоти бохтарӣ доранд. Номи шоҳони ҳайтолӣ эронӣ аст – Ахшунвар, Торамана, Михиракула, Готифар, Варз. Ба андешаи муаррихи византиягӣ П. Кесарӣ Ҳайтолиён сафедпӯст буда, мисли гуннҳо баднамо ва ваҳшӣ набудаанд. Дар сиккаҳо шоҳони ҳайтолӣ пурра симои ориёӣ ва аврупоӣ (рӯи барҷаста, бинии баланд, чашмони калони бодомшакл) доранд. Густариши давлат ва ҷангҳо Аз солҳои 450 қудрати ҳарбӣ-сиёсии Ҳайтолиён дар Осиёи Марказӣ устувор шуда, онҳо ду бор (455–457; 457–459) ба Хитой сафорат фиристоданд. Солҳои 453–454 Яздигирди II хост ба Ҳайтолиён зарба занад, аммо онҳо пешдастӣ карда, чанд мулки Эронро тороҷ намуданд. Ба қавли Балъамӣ, соли 457 Пирӯз барои ба даст овардани тахти Эрон аз шоҳи Ҳайтолиён Хушнавоз ёрӣ хост. Дар ин давра ҷуғрофияи таърихии давлати Ҳайтолиён васеъ шуда, мулкҳои Ғарҷистон, Тахористон, Балх ва Бадахшон, Хутталон, Вашгирд, Чағониён, Тирмиз ва Бухоро дар ихтиёри онҳо қарор доштанд. Пирӯз (ҳукумат 459–484) дар шароити пурзӯршавии қудрати Ҳайтолиён барои таъмини амният дар сарҳадҳои шарқии давлати Сосониён кӯшиш карда, бар зидди онҳо се бор лашкар кашид. Ӯ дар набардҳои якуму дувум (470, 475) ба асорат афтода, бо пардохти товони ҷанг озод шуд. Бори сеюм соли 484 бар зидди Ҳайтолиён лашкар кашида, ҳамроҳи баъзе сипоҳиён ва фарзандонаш ба ҳалокат расид. Баъди ин шикаст Сосониён боҷсупори Ҳайтолиён шуданд. Ҳамзамон бо ин ғолибият роҳи Ҳайтолиён дар ҷануб ба Ҳиндустон ва дар шимол ба Мовароуннаҳру Туркистони Шарқӣ кушода шуд. Дар ин давра мулкҳои Суғд (467–470 ё 480), Урумчӣ (490–497), Қарашаҳр (497–509), Хутан, Қошғар ва Гандҳара (560) ба ихтиёри Ҳайтолиён гузаштанд. Дар замони Торамана (490–515) Синд, Роҷистан, водии Ҷамна ва Ганг ба ҳайати қаламрави Ҳайтолиён ворид шуданд. Дар замони вориси Торамана Михиркул (515–544) ҳиндуҳо бо сабаби афзоиши таъқиби буддоиён бар зидди Ҳайтолиён исён бардоштанд. Ниҳоят Михиркул дар набарди зидди шоҳи Малва – Яшодҳарман (515–545) шикаст хӯрда (528), ба ҳукумати Кашмир қаноат кард. Қубод (488–531) бо пуштибонии Ҳайтолиён ба сари қудрат омада, бо яке аз шоҳдухтарони ҳайтолӣ хонадор шуд. Солҳои 502–506 Ҳайтолиён дар иттиҳод бо Сосониён бар зидди Рум мубориза бурда, дар муҳосираи шаҳрҳои Эдесса ва Ҳаррон иштирок доштанд. Мубориза бо Сосониён ва туркҳо Баъди ислоҳоти Хусрави Анушервон (531–579) Сосониён аз боҷсупорӣ ба Ҳайтолиён саркашӣ карда, бо хоқони турк наздик шуданд. Дар замони Готифар тохтутози Сосониён ва туркҳо аз ду ҷониб ба Осиёи Миёна сар шуда, мулкҳои ҳиндустонии Ҳайтолиён аз даст рафтанд. Аввалан хоқони турк Истеми ташаббуси муборизаро бар зидди Готифар ба даст гирифта, бо мақсади ҷалби Хусрави Анушервон ба муборизаи зидди Ҳайтолиён, корвонеро ба дарбори Сосониён фиристод. Соли 560 дар байни Истеми ва Хусрави Анушервон созишномаи муборизаи муштарак бар зидди Ҳайтолиён ба имзо расида, аввалан сипоҳи хоқони турк аз самти Чоч ба марзи Ҳайтолиён ҳуҷум намуд. Дар ин давра мулкҳои Тахористон, Зобулистон, Чағониён ба ихтиёри Сосониён, Чоч, Фарғона, Самарқанд, Кеш ва Насаф ба ихтиёри Хоқонати турк гузаштанд. Готифар баъди огоҳӣ аз қасди тохтутози хоқони турк, аз мулкҳои қаламрави хеш лашкари бисёр ҷамъ оварда, дар Бухоро ба рақиби Ҳайтолиён рӯ ба рӯ шуд. Муҳорибаи байни Ҳайтолиён ва хоқони туркҳо дар назди теппаҳои Насаф ҳафт рӯз идома ёфта, бо шикасти Готифар анҷомид. Ба қавли як гурӯҳ таърихнигорон (Э. Шаванн, А. М. Манделштам, Р. Фрай, Л. Гумилёв, Ғ. Ғоибов), муборизаи байни Готифар ва хоқони турк байни солҳои 560–568 ва ба қавли дигар муҳаққиқон баъди бастани шартномаи сулҳи байни Рум ва Сосониён (562) ба амал омадааст. Готифар баъди шикаст хост дубора лашкар ҷамъ оварда, муборизаро идома диҳад, вале ба мухолифати дарбориён рӯбарӯ гашт. Ниҳоят ӯро аз тахт барканор карда, ба ҷояш Фиғонишро подшоҳ таъйин карданд. Фиғониш ба Сосониён таслим шуда, ҳокимияти онҳоро эътироф кард. Ин шикаст барои мардуми эронитабор ба таври фоҷиавӣ хотима ёфт ва роҳи туркон ба Осиёи Миёна кушода шуд. Идоракунӣ ва ҷомеа Ҳайтолиён давлати мутамарказ надоштанд ва мулкҳои тобеи онҳо ниммустақил буданд. Пойтахти Ҳайтолиён аввал Бадахшон ва баъдан Ланши буд. Ба андешаи П. Кесарӣ, шоҳони ҳайтолӣ дар муносибат бо ҳамсояҳо монанди форсҳо ва румиҳо адолатро риоя мекарданд. Дар иттиҳодияи Ҳайтолиён тартиби муайяни таъйин кардани валиаҳд вуҷуд надошт. Шоҳ аз миёни ашхоси лаёқатманди ҳайтолӣ интихоб мешуд. Артиши Ҳайтолиён асосан аз саворагон иборат буд. Ҳайтолиён дар пайравӣ ба Сосониён сиккаи нуқрагин мебароварданд. Дар рӯи онҳо нимрухи шоҳ бо тоҷ ва дар пушташон оташдони зардуштӣ тасвир шудааст. Номи шоҳони яфталӣ дар сиккаҳо бо забони бохтарӣ ва баъзан бо ҳиндӣ навишта мешуд. Сиккаҳои мисӣ тарҳи маҳаллӣ доштанд. Ҷамъият аз табақаҳо иборат буд. Сарватмандонро дар сагонаҳои сангӣ дафн мекарданд. Эътиқод Ҳайтолиён оташ ва офтобро муқаддас медонистанд. Баъди забт кардани мулкҳои шимолии Ҳинд дар байни онҳо пайравони дини буддоӣ, дар Осиёи Миёна ва Туркистони Шарқӣ насрониён пайдо шуданд. Д. Давудӣ. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 214–215.
Сосониён
Сосониён давлати муқтадир дар Шарқи Наздик ва Миёна (224–651) буд, ки дар атрофи мулки Форс ташкил шуд. Асосгузори давлат Ардашери Бобакон (224–241) буд. Саромади хонадон — Бобаки Сосонӣ ҳокими яке аз мулкҳои Форс, ҳамзамон коҳини маъбади Аноҳита буд. Ардашер баъди фавти падараш Кирмон, Хузистон, Исфаҳон ва дигар мулкҳои атрофро забт ва худро мустақил эълон кард. Ӯ соли 224 охирин шоҳи Ашкониён Артабони V-ро шикаст дода, мулкҳои Ҳамадон, Озарбойҷон, Арманистон, Мавсил, Ктесифон, Марв ва Байнаннаҳрайну Балхро ишғол намуд. Соли 227 дар маъбади Аноҳита (дар шаҳри Истахр) маросими тахтнишинии Ардашери I баргузор гардид. Ҷангҳо ва густариши давлат Дар замони Шопури I (241–272) мулкҳои модҳо, хоразмиҳо, гелониҳо, дайламиҳо, гирканиҳо ба қаламрави давлати Сосониён ҳамроҳ карда шуданд. Пешрафти Сосониён дар ғарб боиси норозигии доираҳои ҳукмрони Империяи Рум гардид. Ҳар ду ҷониб барои ба даст овардани мулкҳои шимоли Байнаннаҳрайн, Сурия, Каппадокия, Арманистон, Иберия ва Албания пайваста мубориза мебурданд. Соли 244 император Гордиан III-ро дар набарди назди Массис (60 километр ҷанубтар аз Бағдод) Шопури I ба қатл расонд. Ба муносибати бузургдошти ин рӯйдод номи шаҳри Массис ба Пирӯз-Шопур иваз ва саҳнаи набард дар Нақши Рустам тасвир шуд. Соли 260 император Валериан дар набарди назди Эдесса шикаст хӯрда, ба асорат афтод. Манзараи ин саҳна дар Нақши Рустам ҳаккокӣ шудааст. Валериан ва асирони румӣ дар Корун бандаре бо номи «Бандари Қайсар» сохтанд. Ҳамчунин онҳо дар бунёди Гунди Шопур саҳм гузоштанд, ки он баъдан ба маркази бузурги илмӣ-фарҳангӣ табдил ёфт. Мутобиқи навиштаҷоти Каъбаи Зардушт Шопури I Суғд ва Чочро низ тасарруф кард. Дар ин навиштаҷот Кушоншаҳр дар қатори кишварҳои тобеъ ва боҷгузори Сосониён номбар шудааст. Сосониён дар аҳди ворисони Шопури I - Баҳроми II (276–293) ва Нарсе (293–302) дар набарди зидди Рум ноком шуда, мулкҳои Арманистон, шимоли Байнаннаҳрайн ва Иберияро аз даст доданд. Баъдан Шопури II (309–379) дар ҷанубу ғарб қабилаҳои арабро шикаст дода, онҳоро аз соҳили халиҷи Форс берун кард. Дар аҳди ӯ Тахористон, Пешовар ва шимоли Ҳинд ба ҳайати давлати Сосониён ҳамроҳ карда шуданд. Дар замони Яздигирди I (399–420) байни Византия ва Сосониён бо сабаби таҳдиди хатари ҳуҷуми иттиҳоди қабоили хунҳо (дар сарзамини имрӯза Венгрия), Хиёниён (дар Қафқози Шимолӣ) Кидориёну Ҳайтолиён муносибатҳои дӯстона ба вуҷуд омаданд ва ҷонибҳо барои таъмини амнияти роҳҳои Қафқоз, Алану Дарбанд аҳдномаи дуҷониба бастанд. Дар Осиёи Миёна рақиби Сосониён қабилаҳои бодиянишини Хиёниён ва баъдан туркҳо буданд. Баҳроми V (420–438) дар муборизаи зидди Хиёниён ғолиб омада, Бухоро, Чағониён ва Хутталонро ишғол кард, аммо ӯ дар набарди зидди Рум чандон муваффақ нашуд. Дар замони Яздигирди II (439–457), Ҳурмузи III (457–459), Пирӯз (459–484) хатари ҳуҷуми Кидориён ва Ҳайтолиён дар шарқ зиёд шуд. Пирӯз се бор бар зидди Ҳайтолиён лашкар кашид, вале шикаст хӯрд. Ислоҳоти Хусрави Анушервон Давлати Сосониён дар аҳди Хусрави Анушервон (531–579) ба авҷи қудрат расид. Хусрави Анушервон баъди саркӯб кардани ҳаракати Маздак ба анҷоми ислоҳот даст зада, ҳуқуқу имтиёзҳои табақаҳои иҷтимоиро барқарор кард: молу мулки мусодиракардаи маздакиён ба соҳибони аслиашон баргардонида шуд. Барои барқарор кардани хоҷагии деҳот ба заминдору амлокдорон чорвои корӣ ва маблағ дод, ки онҳо иншооти обкашонӣ, истеҳкомӣ ва пулҳоро таъмир кунанд. Мувофиқи ислоҳоти иқтисодии Хусрави Анушервон дар мамлакат ду навъи андоз ҷорӣ шуд: харог (хироҷ) ва газит (андози сарона). Дар кишвар молиёт вобаста ба масоҳати заминҳои кишт ситонида мешуд: аз ҳар ҷариб замини ҷав ё гандум солона 1 дирҳам, аз як ҷариб токзор 8 дирҳам, аз ҳар ҷариб юнучқа 7 дирҳам, аз як ҷариб шолӣ 5–6 дирҳам, аз чор дарахти хурмои порсӣ ё шаш нахли оромӣ ё шаш дарахти зайтун 1 дирҳам. Ҳамчунин заминдорону боғдороне, ки аз офатҳои табиӣ ва ғайра хисорот медиданд, аз пардохти андоз озод мешуданд. Пардохти газит барои шахсони аз 20 то 50-сола (ба истиснои ашроф, сарбозон, рӯҳониён, дабирон, ходимони давлат) мувофиқи сарваташон муқаррар шуд; барои мардуми тавонгар 12 дирҳам, миёнаҳол 6–8 дирҳам ва раият 4 дирҳам. Мувофиқи дастури шоҳ ба ҷои сипоҳи пиёданизом (аксар мардуми деҳот буданд ва маҳорати хуби ҷангӣ надоштанд) аз ҳисоби аскарон ва мардуми бодиянишин (қавми бориз, ҷул, хазар ва ғайра) артиши доимӣ ташкил ёфт, ки онҳо аз ҳисоби давлат бо силоҳ таъмин мешуданд. Мувофиқи ислоҳоти дигар шоҳ мансаби эронсипаҳбадро дар кишвар барҳам дода, умури сипоҳро дар ихтиёри чор сипаҳбади мустақил гузошт: Сипаҳбади шарқ ба артиши Хуросон, Сакистон ва Кирмон фармондорӣ мекард. Сипаҳбади ҷануб ба сипоҳиёни Порсу Хузистон фармондорӣ мекард. Сипаҳбади ғарб ба артиши Ироқ ва мулкҳои ҳамсарҳадди Византия фармондорӣ мекард. Сипаҳбади шимол ба фавҷҳои Моду Озарбойҷон фармондорӣ мекард. Ҳамзамон барои бартараф кардани юриши сипоҳиёни Византия, Ҳайтолиён ва Хоқонати турк дар марзҳои шумолу ҷануби давлати Сосониён диж ва деворҳои истеҳкомӣ (Дарбанд, Гургон) бунёд шуданд. Дар натиҷаи ислоҳот нуфузи ашрофи қадими Форс ва ашконӣ дар дарбор коҳиш ёфт; умури сипоҳ ба ихтиёри шоҳ гузашт, қобилияти ҷангии сипоҳиёни сосонӣ беҳтар шуда, онҳо дар набарди зидди Ҳайтолиён ва Византия ғолиб омаданд. Сосониён солҳои 558–568 аз рақобати низомии Ҳайтолиён ва туркҳо истифода бурда, Тахористон, Чағониён ва эҳтимол Хутталро ишғол карданд. Соли 588 ҳоқони турк Сава ба Ҳирот лашкар кашид, вале муқобили сипоҳи Баҳроми Чӯбин ноком гардид. Низоъҳои дохилӣ ва заволи давлат Дар ин давра Ҳурмузи V ашроф ва рӯҳониёнро зери фишор қарор дод ва онҳо ҷавобан ба ин иқдом дар Хуросон зери роҳбарии Баҳроми Чӯбин исён бардоштанд. Баҳроми Чӯбин баъди шикаст додани Ҳурмузи IV тахти шоҳиро соҳиб шуд (589–590), аммо дере нагузашта Хусрави II Парвиз (590–628) бо ёрии императори Византия Маврикий тахту тоҷи сосониро бозпас гирифт. Баҳроми Чӯбин ба даргоҳи хоқони турк паноҳ бурд. Солҳои 628–632 дар даргоҳи Сосониён тақрибан 10 шоҳаншоҳ иваз шуданд. Намояндаи охирини сосонӣ Яздигирди III (632–651) пеши роҳи истилои арабҳоро гирифта натавонист ва давлати Сосониён таназзул ёфт. Идоракунӣ ва ҷомеа Ҳукумати марказӣ дар дасти шоҳаншоҳ қарор дошт. Сарвари идораи дарбор вазири бузург буд, ки дар ибтидо Ҳазорбаз ё Бузург фрамадор унвон дошт. Бузург фрамадор дар дарбори Сосониён баъди мубади мубадон дар ҷои дувум буд. Ҷомеа аз панҷ табақа – ашроф, сипоҳиён, рӯҳониён, пешаварон (ҳунармандону кишоварзон) ва дабирон иборат буд. Пешаварон табақае буданд, ки аз хироҷсупорӣ озод буданд. Дар байни мардуми ориёӣ унсурҳои аввалини девонсолорӣ дар замони Ҳахоманишиён ба вуҷуд омада, дар замони Анушервони Сосонӣ комилтар шуданд, вале доир ба теъдод ва салоҳияти девонҳо маълумот хеле ночиз аст. Дар асоси дарёфти чанд муҳри мухталифи дабирхона, маҳкамаи ҷиноӣ, атои мансабҳо, умури молия ва ғайра маълум шуд, ки ба ҳамин андоза ё аз ин бештар девонҳо вуҷуд доштанд. Арабҳо нахустин бор дар замони халифаи дувум Умар (хилофат 634–644) ба тақлид аз Эрон ва бо раҳнамоии марзбони эронитабор – Ҳурмузон ба танзими девонҳо пардохтанд. Артиш ва додситонӣ Артиши доимии Сосониён аз воҳидҳои гунд ва дирафш иборат буд. Дар ҳолати ҷанг ихтиёриён низ ба лашкар ҷалб мешуданд. Саворагон дар лашкар нақши асосӣ доштанд. Низоми додситонӣ дар асоси меъёрҳои ҳуқуқӣ ва қонунҳо амалӣ мешуд. Додситонӣ дар дасти муғҳо ва мубадони зардуштӣ буд. Китоби «Мотикони ҳазор дотистон» ягона осори боқимонда дар бораи низоми ҳуқуқии замони Сосониён мебошад, ки бо забони паҳлавӣ навишта шудааст. Динҳо Зардуштия дар давлати Сосониён дини расмӣ буд. Аз солҳои 240 дар давлати Сосониён таблиғоти дини монавия оғоз шуд ва ин таълимотро Шопури I хуш пазируфт. Дере нагузашта монавия дар Байнаннаҳрайн, Эрон, Империяи Рум, Осиёи Марказӣ ва Туркистони Шарқӣ паҳн шуд. Тадриҷан табақаҳои ҳукмрон бар зидди афкори иҷтимоии Монӣ баромада, ӯро соли 276 дар шаҳри Гунди Шопур ба қатл расонданд. Дини насронӣ дар ғарби Эрон, Ироқ, Сурия ва бахши ғарбии Қафқоз паҳн шуда буд. Сосониён нисбат ба пайравони ин дин то асри 4 муносибати муътадил доштанд. Буддоия дар баъзе мавзеъҳои Тахористону Кобул паҳн шуда буд. Маздакия Аз охири асри 3 таълимоти динӣ-фалсафии маздакия дар Эрон ба вуҷуд омад. Маздакия як навъ эътирози табақаҳои поинӣ дар қиболи нобаробариҳои иҷтимоӣ буд. Асоси ин таълимотро таъсиси ҷомеаи одилона ташкил медод. Соли 491 бо сабаби афзоиши ҳаҷми хироҷ ва хушксолӣ мардуми бисёр дар атрофи Маздак ҷамъ омада, шӯриш бардоштанд. Шоҳ Қубод (488–531) баъзе талаботи мардумро қонеъ ва Маздакро мушовири худ таъйин кард. Қубод бо ин восита хост қудрати ашроф, сипоҳиён ва мубадонро дар идораи давлат коҳиш диҳад, аммо дере нагузашта Қубод ва дарбориён хатари ин таълимотро ба суботи ҷомеа дарк карда, соли 529 Маздакро ба қатл маҳкум намуданд. Шаҳрҳо, ҳунармандӣ ва фарҳанг Шоҳони сосонӣ ба бунёди шаҳрҳои нав (Бахт-Ардашир, Беҳ-Ардашер, Гунди Шопур, Бишопур, Валошобод ва ғайра) ва обод кардани шаҳрҳои куҳан диққати калон медоданд. Шаҳрҳои калонтарини Сосониён Ктесифон, Шуш, Истахр, Ҳамадон, Рай ва Марв буданд. Шоҳони сосонӣ аз тило, нуқра ва мис сикка мебароварданд. Дар муомилот сиккаҳои нуқрагин (драхма; вазн 3,6 грамм) нақши асосӣ доштанд. Дар 27 шаҳри Эрон зарробхонаҳо амал мекарданд. Дар рӯи драхмаҳои сосонӣ нимрухи шоҳ ва дар пушташон оташдони муқаддаси зардуштӣ бо ду мубад тасвир шуда буд. Дар замони Сосониён ҳунарҳои бофандӣ, филизгудозӣ (биринҷ, нуқра), аслиҳасозӣ тараққӣ карда буданд. Тиҷорат низ тавассути Роҳи бузурги абрешим инкишоф ёфта, аз Хитой матоъҳои абрешимӣ, аз Ҳинд рустаниҳои хушбӯй, устухони фил, чӯби сандал ва сангҳои қиматбаҳо, аз Яман – лодан (кокуи обӣ), қатронҳои хушбӯй, аз Шом матоъҳои мисрӣ, шиша ва ҷавоҳирот ворид мешуданд. Эрон матоъҳои абрешимӣ, пахтагӣ, қолин, пашм, ҷавоҳирот, ғалла, равғани зайтун, найшакар содир мекард. Дар замони Сосониён чанд асар — асари динӣ «Артавирознома», қаҳрамонӣ «Ёдгори Зарирон», таърихӣ «Худойномағ» (Худойнома), достони таърихӣ «Корномаи Ардашери Бобакон», «Маздакнома», достонҳои ишқии «Вомиқ ва Узро», «Вис ва Ромин» ва ғайра — бо забони паҳлавӣ навишта шуданд. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 213–214.
Сикказанӣ, тиҷорат ва фарҳанги Кушониён
Дар марҳилаи дуюм (тақрибан охири асри 1 то милод – 3) сиккаҳои шоҳони кушонӣ Кучула Кадфиз, Сотер Мегас (Вима Такту), Вима Кадфиз, Канишка, Хувишка ва Васудева аз тило ва мис зарб зада мешуданд. Зарби сиккаҳои тилоӣ аз давраи Вима Кадфиз оғоз гардид. Дар рӯи сиккаҳо нимрух ё пайкари пурраи шоҳ дар назди оташдони зардуштӣ ва дар пушташон худоҳои зардуштӣ (Шива) ва баъзан Буддо тасвир шудааст. Унвон ва номи шоҳон дар сиккаҳо аз ибтидо ба юнонӣ, баъдан юнонию ҳиндӣ ва аз замони Канишка танҳо ба забони бохтарӣ ҳаккокӣ мешуд. Сиккаҳои тилоӣ дар тамоми қаламрави давлати Кушониён дар гардиш буданд ва намунаи онҳо аз Панҷакент, Хуҷанд, Фарғона ва Тошканд ёфт шуданд. Яке аз ганҷинаҳои калонтарини сиккаҳои тилоӣ (тақрибан 200 дона) соли 1999 дар Ҳалқаҷар ёфт шуд. Сиккаҳои пасокушонӣ Дар марҳилаи сеюм (асрҳои 3–4) сиккаҳои пасокушонӣ дар пайравӣ ба Хувишка, Васудева ва Канишкаи III зарб зада шуда, сифати ороиш, тасвир ва арзишашон паст ва вазнашон кам гардид. Сиккаҳои кушонӣ-сосонӣ Дар марҳилаи чорум (асри 4) сиккаҳои кушонӣ-сосонӣ қисман аз тилову нуқра бо сабку меъёри сосонӣ ба муомилот бароварда шуда, дар рӯи онҳо нимрухи шоҳ ва дар пушташон оташдони зардуштӣ тасвир ёфта буданд. Қисми дигари ин сиккаҳо дар пайравӣ ба сиккаҳои Васудева бароварда шуда, дар рӯи онҳо тасвири шоҳ дар ҳолати ниёиш (қоматаш рост; дар назди оташдони зардуштӣ) ва дар пушташон Шива (дар назди гови муқаддас) ҳаккокӣ гашта буд. Сиккаҳо навиштаҷоти бохтарӣ ва паҳлавӣ доштанд. Зимни ҳафриёти бостоншиносӣ дар водии Вахш намунаи зиёди сиккаҳои мисии сосонӣ-кушонӣ ёфт шуданд. Тиҷорат Алоқаи тиҷоратии Кушониён бо Чин, Эрон ва Рум ба воситаи Роҳи бузурги абрешим сурат мегирифт. Савдои байналмилалӣ тавассути бандарҳои Ҳиндустон (Барбарикон, Баригаз), Искандарияи Миср сурат гирифта, тавассути он аз Чин, Суғд, Бохтар ва Ҳинд доруворӣ, атриёт, сангҳои қиматбаҳо, устухони фил, рангу рустанӣ, шакар, пахта ва молҳои дигар ба Миср содир мешуд. Забон ва фарҳанг Кушониён дар марҳилаи аввал аз забони юнонӣ истифода мебурданд. Дар солҳои аввали ҳукумати Канишка забон ва хатти бохтарӣ ҷойгузини забони юнонӣ гардид, ки ин амр барои густариши фарҳангу ҳунари маҳаллӣ ва коҳиши нуфузи фарҳанги атиқа мусоидат кард. Дар давлати Кушониён аксари мардум пайрави динҳои зардуштӣ, шивапарастӣ ва буддоӣ буданд. Динҳои буддоӣ ва шивапарастӣ маъмулан дар Ҳиндустон ва дини зардуштӣ дар Бохтар, Суғд ва Хоразм роиҷ буданд. Кушониён ба ҳукумати 200-солаи юнониён дар Бохтар хотима гузошта, анъанаҳои давлатдории мардуми ориёӣ ва забону фарҳанги бохтариро густариш дода, дубора эҳё карданд. Д. Давудӣ. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 212.
Кушониён
Кушониён сулолаи ориёитабор буданд, ки давлати онҳо яке аз давлатҳои муқтадири Шарқи Қадим (асрҳои 1–4) буд. Давлати Кушониён дар Бохтар ташкил ёфта, тадриҷан мулкҳои шимоли Ҳиндустон, Осиёи Миёна, Қошғар ва Хутан ба қаламрави он ҳамроҳ шуданд. Солҳои 141–128 то милод юэҷиҳо дар иттиҳод бо қабилаҳои эронитабор — сакоиҳо ва массагетҳо — Давлати Юнонии Бохтарро барҳам дода, дар соҳили рости дарёи Ому маскан гирифтанд. Баъдан ҷануби Бохтарро бо пойтахташ шаҳри Ланши (имрӯза Шаҳринав) забт карда, панҷ мулки мустақил ташкил доданд. Тақрибан дар ибтидои асри I-уми милодӣ пешвои яке аз қабилаҳои юэҷиҳо – Кучула Кадфиз чор мулки алоҳидаро дар атрофи Кушония (дар маъхазҳои чинӣ Гуйшуан) муттаҳид намуда, ба давлати Кушониён асос гузошт. Кучула Кадфиз баъдан ба самти Кобул, Арахосия ва шимолу ғарби Ҳинд лашкар кашида, қаламрави давлатро то Гандҳара васеъ кард. Баъди Кучула Кадфиз писари ӯ Вима Такту (35–65) ба сари қудрат омад, ки номаш танҳо дар Катибаи Работак ёд мешавад. Дар аҳди вориси Вима Такту – Вима Кадфиз (65–105) мулкҳои марказии воҳаи Ҳинд ва атрофи Тиббат ба қаламрави давлати Кушониён ҳамроҳ гардида, дар натиҷаи ислоҳоти пулии ӯ зарби сиккаҳои тилоӣ ба роҳ монда шуд. Густариши давлат Дар аҳди Канишка (тақрибан 105–128) давлати Кушониён ба авҷи қудрат расида, қаламрави он то минтақаи шимолу ғарби Ҳинд (то шаҳри Банорас), Хоразму Чочу Фарғона ва Туркистони Шарқӣ васеъ гардид. Ҳамзамон, бино бар васеъ шудани мулкҳои ҳиндустонии Кушониён пойтахти давлат аз Бохтар ба шаҳри Пурушапура (ҳоло Пешовар) интиқол дода шуд. Дар ин давра Қошғар низ чанд муддат зери нуфузи Кушониён қарор дошт, аммо солҳои 70–80 сипоҳиёни хитой бо сардории Бан Чао ин минтақаро бозпас гирифтанд. Кушониён баъди ду-се сол кӯшиш карданд, ки тавассути хостгории духтари императори Хитой муносибати худро бо кишвари ҳамсоя беҳтар намоянд, вале ҳайати сафорати онҳо ба асорат афтод. Дар ҷавоб Кушониён ба самти Туркистони Шарқӣ лашкар кашида, баъди нокомӣ ва гуфтушунид бо Бан Чао ақибнишинӣ карданд. Дар аҳди императори Хитой – Хуан Ан-ди (106–125) Қошғар дубора то соли 125 зери нуфузи Кушониён гузашт. Робитаҳои сиёсӣ Кушониён бо империяҳои Порт, Сосониён, Рум ва Хитой робитаи сиёсӣ барқарор карда буданд. Барои пешгирии ҳуҷуми эҳтимолии Сосониён бо Руми Қадим муносибатҳои дӯстона барқарор намуда, сафирони кушонӣ дар ҷашни дарбори император Аврелиан (274) ширкат доштанд. Кушониён ҳамзамон барои бартараф кардани хатари Сосониён бо шоҳи Арманистон иттиҳод бастанд, аммо дар ин самт ноком шуданд. Ворисон ва заволи давлат Тартиб ва замони ҳукумати намояндагони хонадони Кушониён бар асоси фарзия муқаррар шудааст: дар асоси навиштаҷоти сиккаҳо баъди Канишка Хувишка (132–164), Васудева (184–218) ва ба қавли баъзе донишмандон баъди Канишкаи I Васишка, пас аз Хувишка Канишкаи II, Канишкаи III ва Васудеваи II ҳукмронӣ карда буданд. Кушониён дар нимаи дувуми асри 4 мулкҳои худро дар Ҳиндустони Марказӣ аз даст доданд ва то миёнаҳои асри 5 қаламрави Кушоншаҳр ба ихтиёри Ҳайтолиён гузашт. Ҳунармандӣ ва шаҳрсозӣ Дар давлати Кушониён соҳаҳои гуногуни ҳунармандӣ тараққӣ карда, зимни ҳафри ёдгориҳои Афросиёб, Багром, Қаротеппа (дар Тирмиз), Калалитеппа (дар Хоразм), Емшитеппа, Дилбарзинтеппа, Дилварзинтеппа, Каписа, Сайёд ва Ҳалқаҷар маҳаллаҳои кулолгарону оҳангарон, асбобу ашёи бостонӣ ва ғайра ёфт шуданд. Аслиҳасозӣ низ ривоҷ ёфта, сипоҳиёни кушонӣ бо шамшерҳои дудамаи миёнхамида бе гулубанд, ханҷар, найза, тиру камон, табарзин, фалахмон, ҷавшану сипар мусаллаҳ буданд. Истифодаи камони панҷқисмаи пулакчадори кушонӣ дар Аврупо, Ҳинд, Эрон ва Хитой маъмул шуда буд. Дар давлати Кушониён шаҳрсозӣ аз рӯи тарҳи муайян (шакли росткунҷа) сурат гирифта, атрофи шаҳрҳо девори истеҳкомӣ дошт. Дар қаламрави Хуросон, Мовароуннаҳр, Ҳиндустон харобаҳои чандин шаҳрҳои хурду бузург кашф гардиданд: Шаҳринав, Ғаравқалъа, Саксанохур, Холчаён, Афросиёб, Каписа ва Таксилаи шимоли Ҳиндустон, Теппаи Шоҳ, Кайқубодшоҳ, Тахти Қубод, Ҳалқаҷар, Сайёд, Чимқӯрғон ва ғайра. Сикказанӣ Дар марҳилаи аввал (тақрибан сеяки охири асри 2 – охири 1 то милод) Кушониён дар пайравӣ ба шоҳ Евкратид сиккаҳои нуқрагӣ ва ба тақлид аз Ҳелиокл сиккаҳои мисӣ мебароварданд. Аввалин сиккаҳои нуқрагини Кушониён (вазн 16–17 грамм) бо номи шоҳ Ҳерай (номи бохтариаш Санаб) зарб зада шуда, дар рӯи онҳо нимрухи шоҳ ва дар пушташон шахси аспсавор тасвир ёфтааст. Дар сиккаҳо шоҳ симои ориёӣ-тоҷикӣ – рӯи барҷаста, бинии калони рости баланд ва чашмони калон дорад. Дар атрофи тасвири аспсавор бо забони бохтарӣ навиштаҷоти «Ҳоким Ҳерай кушонӣ Санаб» ҳаккокӣ шудааст. Чанд обол ва тетрадрахмаҳои Ҳерай дар Қубодиён, Шаҳритӯс, Вахш, Хуросон, Фархор, Данғара, Ҳисор ва Ховалинг ёфт шуданд. Дар марҳилаи дуюм (тақрибан охири асри 1 то милод – 3) сиккаҳои шоҳони кушонӣ Кучула Кадфиз, Сотер Мегас (Вима Такту), Вима Кадфиз, Канишка, Хувишка ва Васудева аз тило ва мис зарб зада мешуданд. Зарби сиккаҳои тилоӣ аз давраи Вима Кадфиз оғоз гардид. Дар рӯи сиккаҳо нимрух ё пайкари пурраи шоҳ дар назди оташдони зардуштӣ ва дар пушташон худоҳои зардуштӣ (Шива) ва баъзан Буддо тасвир шудааст. Унвон ва номи шоҳон дар сиккаҳо аз ибтидо ба юнонӣ, баъдан юнонию ҳиндӣ ва аз замони Канишка танҳо ба забони бохтарӣ ҳаккокӣ мешуд. Сиккаҳои тилоӣ дар тамоми қаламрави давлати Кушониён дар гардиш буданд ва намунаи онҳо аз Панҷакент, Хуҷанд, Фарғона ва Тошканд ёфт шудаанд. Яке аз ганҷинаҳои калонтарини сиккаҳои тилоӣ (тақрибан 200 дона) соли 1999 дар Ҳалқаҷар ёфт шуд. Дар марҳилаи сеюм (асрҳои 3–4) сиккаҳои пасокушонӣ дар пайравӣ ба Хувишка, Васудева ва Канишкаи III зарб зада шуда, сифати ороиш, тасвир ва арзишашон паст ва вазнашон кам гардид. Дар марҳилаи чорум (асри 4) сиккаҳои кушонӣ-сосонӣ қисман аз тилову нуқра бо сабку меъёри сосонӣ ба муомилот бароварда шуда, дар рӯи онҳо нимрухи шоҳ ва дар пушташон оташдони зардуштӣ тасвир ёфта буданд. Қисми дигари ин сиккаҳо дар пайравӣ ба сиккаҳои Васудева бароварда шуда, дар рӯи онҳо тасвири шоҳ дар ҳолати ниёиш (қоматаш рост; дар назди оташдони зардуштӣ) ва дар пушташон Шива (дар назди гови муқаддас) ҳаккокӣ гашта буд. Сиккаҳо навиштаҷоти бохтарӣ ва паҳлавӣ доштанд. Зимни ҳафриёти бостоншиносӣ дар водии Вахш намунаи зиёди сиккаҳои мисии сосонӣ-кушонӣ ёфт шуданд. Алоқаи тиҷоратии Кушониён бо Чин, Эрон ва Рум ба воситаи Роҳи бузурги абрешим сурат мегирифт. Савдои байналмилалӣ тавассути бандарҳои Ҳиндустон (Барбарикон, Баригаз), Искандарияи Миср сурат гирифта, тавассути он аз Чин, Суғд, Бохтар ва Ҳинд доруворӣ, атриёт, сангҳои қиматбаҳо, устухони фил, рангу рустанӣ, шакар, пахта ва молҳои дигар ба Миср содир мешуд. Забон ва фарҳанг Кушониён дар марҳилаи аввал аз забони юнонӣ истифода мебурданд. Дар солҳои аввали ҳукумати Канишка забон ва хатти бохтарӣ ҷойгузини забони юнонӣ гардид, ки ин амр барои густариши фарҳангу ҳунари маҳаллӣ ва коҳиши нуфузи фарҳанги атиқа мусоидат кард. Дар давлати Кушониён аксари мардум пайрави динҳои зардуштӣ, шивапарастӣ ва буддоӣ буданд. Динҳои буддоӣ ва шивапарастӣ маъмулан дар Ҳиндустон ва дини зардуштӣ дар Бохтар, Суғд ва Хоразм роиҷ буданд. Кушониён ба ҳукумати 200-солаи юнониён дар Бохтар хотима гузошта, анъанаҳои давлатдории мардуми ориёӣ ва забону фарҳанги бохтариро густариш дода, дубора эҳё карданд. Д. Давудӣ. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 211–212.
Хоразми Бузург
Хоразми Бузург қадимтарин давлат дар Осиёи Марказӣ мебошад, ки дар Авесто аз он ёд шудааст. Ба андешаи баъзе муҳаққиқон, давлати Каёниён дар Хоразм ҷойгир буд. Мувофиқи ахбори Ҳеродот водии дарёи Акес (Ҳарирӯд ва Течен) ба мулки хоразмиён тааллуқ дошт. Дар асрҳои 8–7 то милод тақрибан тамоми қаламрави Осиёи Миёна ва Хуросон ба ҳайати Хоразм дохил мешуд. Санаи барҳам хӯрдани Хоразми Бузург маълум нест. Аллакай дар давраи мавҷудияти давлати Модҳо баъзе мулкҳои ҷанубии Хоразм мустақил шуданд. Хоразми Бузург ба ташкилёбии давлати қадими Хоразм (асри 4 то милод) замина гузошт. Мод Мод давлати қадим (715–550 то милод) дар шимолу ғарби Эрон буд. Тақрибан солҳои 70-уми асри 7 то милод Дейок (шакли дигараш Даҳюк) қабилаҳои парокандаи мидӣ ва қавмҳои ориёиро муттаҳид карда, ба давлати Мод асос гузошт. Пойтахташ шаҳри Экбатана (Ҳамадон) буд. Дар аҳди писараш Фраорт (Фравартиш; 674–653) мулкҳои Форс, Манно ва Урарту ба қаламрави Мод ҳамроҳ карда шуданд. Тибқи ислоҳоти Фраорт дар Мод лашкари доимии савора, пиёда, дастаҳои гардунасавор, камонварон ва найзадорон ташкил шуданд. Дар аҳди Киаксар (625–585 то милод) Экбатана обод гардид, робитаи тиҷоратӣ бо давлатҳои Аршон, Парсумаш, Лидия, Каппадокия, Бохтар ва Суғд вусъат ёфт. Киаксар дар давраи ошӯбу нооромиҳои давлати Ошур (620–615 то милод) қаламрави Парфия, Гиркания, Арманистон ва қисман Урартуро ишғол кард. Соли 614 то милод ба Ошур лашкар кашида, бо шоҳи Бобил - Набопаласар муоҳидаи сулҳ баст ва лашкари муттаҳидаи онҳо баъди забти пойтахти Ошур – Неневия (Найнаво; 612 то милод) ба мавҷудияти давлати ошуриҳо хотима гузошт. То соли 590 Элом ва Урарту ба қаламрави Мод ҳамроҳ шуданд ва давлат ба империя табдил ёфт. Киаксар соли 585 то милод бо Лидия муоҳидаи сулҳ баста, духтари шоҳ Аллиатро барои писараш Астиаг хостгорӣ кард. Баъди шикаст хӯрдани Астиаг (585–550) дар муборизаи зидди Куруши Кабир давлати Мод таназзул ёфт. Дар Мод шоҳ масоили асосиро дар машварат бо вазир ва Шӯрои дарбор ҳал мекард. Асноди давлатӣ бо хатти мехӣ ва забонҳои ориёӣ ва аккадӣ навишта мешуданд. Аксари модиҳо ба зардуштия эътиқод доштанд. Ҷомеа аз табақаҳои ашроф, сипоҳиён, рӯҳониён ва кишоварзону ҳунармандон иборат буд. Дар Мод шаҳру қалъасозӣ ривоҷ дошт. Бо ташкил шудани давлати Мод ақвоми ориёӣ дар Шарқи Наздик ва Миёна ба қувваи пешбари сиёсӣ табдил ёфтанд. Бори нахуст эрониёни ғарбӣ (модиҳо, форсҳо ва ғайра) ва эрониёни шарқӣ (портҳо, гирканиҳо, арейягиҳо ва ғайра) дар ҳайати як давлат муттаҳид шуда, барои ташаккули тамаддуни умумиэронӣ ва ташкили Империяи Ҳахоманишиён замина фароҳам оварданд. Империяи Ҳахоманишиён Империяи Ҳахоманишиён (550–530 то милод) дар натиҷаи пурзӯршавии иқтидори мулки Форс ташкил ёфт. Дар аҳди Шишпиш — писари Ҳахоманиш — сулола ба ду шоха ҷудо шуд: намояндагони шохаи аввал — Куруши I, писараш Камбучияи I ва Куруши Кабир — дар Аншон, намояндагони шохаи дувум — писари хурдии Шишпиш Ариарамна ва наберааш Аршом — дар вилояти Парсуа (Порсогирд) ҳукумат доштанд. Шоҳони ҳахоманиш то аҳди Куруши Кабир нахуст таҳти васояти Элом ва баъдан зери тобеияти Мод буданд. Куруши Кабир нахуст мулкҳои Аншон ва Парсуаро муттаҳид карда, соли 550 то милод дар муҳорибаи охирин Астиагро шикаст дод ва худро шоҳи Мод ва Порс эълон намуд. Солҳои 550–548 ҳудудҳои Парфия, Гиркания, Арманистон ва Эломро забт ва шаҳри Шушро пойтахти худ эълон кард. Баъдан то соли 538 мулкҳои Киликия, Лидия, Каппадокия, Марғиён, Хоразм, Суғд, Бохтар, Арея, Гедросия, Гандҳара ва Арахосия, Бобил, Сурия, Фаластин, Финикия ва ғайра то ҳудудҳои Миср ба Империяи Ҳахоманишиён ҳамроҳ карда шуданд. Куруш аз озодии дину мазҳаб ва баробарҳуқуқии қавмҳои кишвараш пуштибонӣ намуда, маъбадҳои Бобилистон, Ошур, Элом ва Яҳудияро кушод. Соли 538 то милод Эъломияи Куруши Кабир расман эълон гардид. Он нахустин ҳуҷҷати таърихист, ки эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсонро эътироф мекунад. Куруш баъди фатҳи Бобил нақшаи истилои Мисрро кашид, вале марзшикании қабилаи масагетҳо ӯро водор намуд, ки соли 530 то милод қӯшуни худро ба Осиёи Миёна равона намояд. Куруши Кабир бар зидди маликаи масагетҳо Томирис бо тадбири зираконаи ҳарбӣ пеш рафта, дар доманаи кӯҳ ба сипоҳиёни писари ӯ Сипаргапис шабохун зад. Сипаргапис аз ғояти нанг даст ба худкушӣ зад. Томирис соли 530 то милод аз кини писараш сари Куруши Кабирро аз танаш ҷудо карда, ба ташти пур аз хун андохт. Дар таърихнигории шӯравӣ ин ягона ривояти муътамад перомуни фавти Куруши Кабир буд, ки тавассути таълифоти муаррихони рус ба осори таърихӣ роҳ ёфта, ҳоло чандон ҷонибдор надорад. Ба андешаи баъзе донишмандон М. Дандамаев, Р. Фрай эҳтимол ривояти Ҳеродот дар бораи фавти Куруши Кабир баръакси ҳақиқати юриши ӯ ба Осиёи Марказӣ як достони сохта аст. Дар аҳди Камбучияи II (530–522 то милод) Миср, Ҳабашистон ва Либия ба қаламрави Ҳахоманишиён ҳамроҳ гардиданд. Камбучияи II баъди фатҳи Миср Либияро забт намуд, қабилаҳои бадавии қисми ғарбии Либия, юнониҳои Киренаика ва музофоти Барка ихтиёран таслим шуданд. Соли 523 то милод бино бар ошӯби Гаумата роҳи Экбатанаро пеш гирифта, дар нимароҳи Шуш бо сабаби номаълум фавтид. Баъди марги Камбучияи II (522 то милод) шоҳаншоҳӣ аз хонадони Куруши II Кабир ба шохаи дигари сулола – Дорои I (522–486 то милод) интиқол ёфт. Дорои I баъди саркӯб кардани ошӯби Гаумата ва таъмини амният дар Форс, Элам, Мод, Ошур, Миср, Порт, Марғиён (Марв) ва Саттагидия ба анҷоми ислоҳот даст зад: Империя ба 20 сатрапия (номи қадимӣ) тақсим гардид. Дар сатрапияҳо ҳокимияти мулкӣ (роҳбараш сатрап) ва низомӣ (масъулаш сарлашкари сатрапия) аз ҳам ҷудо амал мекарданд. Барои таҳияи ҳуҷҷатҳо дабирхонаи шоҳӣ таъсис шуд. Барои назорати сатрапҳо идораи маъмурӣ-назоратӣ ва хадамоти махфӣ ташкил гардид. Идораи мухобирот ва низоми артиш мукаммал шуд. Забони оромӣ воситаи асосии ҳуҷҷатгузории давлатӣ муқаррар гардид. Пардохти хироҷ дар сатрапияҳо бо нуқра муайян шуд. Муомилоти пулӣ ба воситаи дариқҳои тилоӣ ва сиккаҳои нуқрагин сурат мегирифт. Дар замони Дорои I қаламрави Империяи Ҳахоманишиён дар Осиё аз Эрон, Осиёи Марказӣ то сарҳадди Хитой, Осиёи Хурд, дар Африқо то Миср, Либия, Шимоли Ҳабашистон, дар Аврупо то Фракия ва Македония тӯл мекашид. Дорои I дар ҷанги якуми Форсу Юнон (490 то милод) бо 600 киштӣ ба воситаи баҳри Эгей ба Юнон ҳуҷум кард, аммо дар муҳорибаи назди шаҳри Марафон ноком гашт. Писари ӯ Хашоёршоҳ дар ҷанги дуюми Форсу Юнон (480 то милод) бо 1 207 киштӣ ба воситаи соҳили шимолии баҳри Эгей ба Юнон ҳуҷум кард ва ба тасарруфи Афина даст ёфт. Аммо ногаҳон киштиҳои форсҳо бар асари тӯфон маҳв шуданд ва онҳо дар ду муҳорибаи баҳрӣ шикаст хӯрданд. Дар Империяи Ҳахоманишиён ҳокимият мутамарказ буд. Ҳамаи масъалаҳои сиёсӣ бо иродаи шоҳ ҳал мешуданд. Шӯрои дарборӣ (иборат аз 9 нафар ашрофи форс) мақоми машваратӣ буд. Ниҳоди марказии мақомоти ҳокимияти олӣ се девон (молия ё хазинаи подшоҳӣ, додбарӣ ва артиш) дошт. Сардорони девонҳоро шоҳ аз миёни ашроф таъйин мекард. Артиши касбӣ ва доимӣ аз дастаҳои савора ва пиёдагарди шоҳ иборат буд. Дар вақти ҷанг ихтиёриён ва дастаҳои низомии сатрапияҳо ба сипоҳи ҳахоманишӣ ҷалб мешуданд. Ба лашкар ва ҷузву томҳои он форсҳо сарварӣ мекарданд. Империя ба ҳафт минтақаи ҳарбӣ тақсим шуда, сарлашкарони онҳо ба шоҳ итоат мекарданд. Дар масъалаи ҳарбӣ сатрап ба сарлашкари минтақавӣ итоат мекард. Империяи Ҳахоманишиён ба 20 воҳиди маъмурӣ (сатрапия) тақсим мешуд. Осиёи Марказӣ аз чор сатрапия иборат буд: Бохтар (12-ум), Суғд, Хоразм ва Порт (16-ум), сакоиҳо (15-ум) ва сакоиҳои соҳили баҳри Каспий (11-ум). Маркази сиёсии мулкҳои шарқии Империяи Ҳахоманишиён Бохтар буд, ки маъмулан, ҳокимияти он ба уҳдаи шоҳзодагон вогузор мешуд. Шоҳроҳи тиҷорат дар империя аз соҳили ғарбии Осиёи Хурд, дар самти ғарб то Юнон, кишварҳои Аврупо, дар шарқ то Бобил, шимоли Эрон, Бохтар, Суғд, Хитой, Ҳинд тӯл мекашид. Дар фосилаи муайяни роҳ чанд посбонгоҳ ва корвонсарой қомат афрохта буданд. Шоҳроҳ аҳамияти сиёсӣ, ҳарбӣ ва тиҷоратӣ дошт. Дар замони Ҳахоманишиён сиккаҳои тилоӣ (дарик) ва нуқрагин (сикл) ба муомилот бароварда мешуданд. Дар рӯи ин сиккаҳо шоҳаншоҳ бо тоҷ ва тиру камон тасвир шуда буд. Пойтахти империя шаҳри Персеполис (Порс) буд, ки харобаҳояш 50 километр дуртар аз шаҳри Шероз бо номи Тахти Ҷамшед машҳуранд. Пойтахти тиҷоратӣ-иқтисодии империя шаҳри Шуш буд. Шаҳрҳои Бобул, Экбатана, Рага (Рай), Бохтар, Самарқанд, Марв, Киропол ба қатори шаҳрҳои калон дохил мешуданд. «Ганҷинаи Амударё» беҳтарин намунаи санъати тасвирӣ ва заргарии замони Ҳахоманишиён аст, ки дар ноҳияи Қубодиёни Тоҷикистон пайдо шуд. Забони давлатӣ форсӣ буд. Дар ҳуҷҷатнигорӣ забони оромӣ истифода мешуд. Сангнавиштаҳо бо хатти мехӣ ва забони форсӣ ҳаққокӣ шуда, тарҷумаи онҳо бо забонҳои эломӣ ва бобилӣ сурат мегирифт. Дини давлатӣ зардуштӣ буд. Империяи Ҳахоманишиён дар аҳди Дорои III (336–330 то милод) таназзул ёфт. Эронзамин дар ҳайати империяи Искандари Мақдунӣ Искандар баъди марги падараш Филипп II (336 то милод) ба тахт нишаста, соли 334 то милод тавассути гулугоҳи Дарданел ба қаламрави Ҳахоманишиён ҳуҷум кард. Ӯ дар муҳорибаи назди дарёи Граник (334 то милод), шаҳри Исса (тирамоҳи 331 то милод) ва деҳаи Гавгамел (1.10.331 то милод) ба лашкари Ҳахоманишиён ғолиб омада, пойтахти империя шаҳри Персеполисро ишғол намуд. Дорои III дар айни ҷанг шитобкорона ба самти Марв фирор кард. Искандар бо баҳонаи таъқиби Дорои III мулкҳои марказии Эронро ба даст овард. Дар ин замон Дорои III бо дасти Бесс кушта шуд. Соли 329 то милод Искандар тавассути водии Кобул, ағбаи Ҳиндукуш ва дарёи Ому ба Мовароуннаҳр ворид шуд. Дар Бохтару Суғд ба муқобилияти сахти мардум рӯбарӯ гардид. Суғдиҳо бо сарварии Спитамен бар зидди Искандар се сол (329–327 то милод) мубориза бурданд. Искандар соли 327 то милод бо мақсади наздик шудан бо мардуми маҳаллӣ, бо шоҳи Хоразм муносибати дӯстона барқарор кард, духтари бохтарӣ – Рухшонаро ба никоҳ даровард ва аксари сарбозонашро бо духтарони маҳаллӣ хонадор кард. Баъди фавти Искандар (323 то милод) сарлашкар Антигон дар мулкҳои Осиё шоҳ эълон шуд ва Эрону Осиёи Марказӣ зери итоати ӯ қарор гирифтанд. Соли 312 то милод Селевк Антигонро шикаст дода, ба ҷои ӯ шоҳи Осиё гардид. Дар Порт аввал Андрагори юнонӣ (256 то милод), баъдан Ашкониён ба сари қудрат омаданд. Пайомадҳои истилои юнону мақдуниҳо: шаҳру деҳоти Эрон ва Осиёи Марказӣ хароб шуданд; низоми нави муносибатҳои иҷтимоӣ ба вуҷуд омад; унсурҳои фарҳанги юнонӣ ва шарқӣ бо ҳам омезиш ёфтанд. Давлати Порт Давлати Порт (256 то милод – 224 милодӣ). Мулки Порт (Парфия) дар шимолу шарқи Хуросон, дар байни Гиркания (Гӯргони асримиёнагӣ) ва Марғиён (Марв) ҷойгир буд. Пойтахташ шаҳри Нисо буд, ки харобаҳои он дар 18 километрии шаҳри Ашқобод ҷойгиранд. Ин вилоят дар Авесто бо номи Насай ёд мешавад. Ба ҳайати давлатҳои Мод, Ҳахоманишиён, Искандари Мақдунӣ ва Селевкиён дохил мешуд. Соли 256 то милод сатрапи Порт Андрагори юнонӣ аз итоати Селевкиён сарпечӣ карда, бо номи худ сиккаҳои нуқрагин баровард. Тақрибан соли 247 то милод қабилаҳои парнҳо ва дакҳои Парфия бо сардории бародарон Аршак (Ашк) ва Тиридот бар зидди истилогарони юнонӣ исён бардошта, Андрагорро сарнагун карданд. Ба тахт бародари калони Аршак нишаста, ба сулолаи Ашкониён ё Аршакиён асос гузошт. Баъди фавти Аршак бародараш Тиридот – Ашки II ба тахт нишаста, пойтахт аз шаҳри қадимии Дарад ба шаҳри Ҳекатомпил кӯчид. Дар аҳди Артабони I, Фарҳод (Фраат) ва Меҳрдоди I (Митридот; 171–38 то милод) қаламрави Мод, Байнаннаҳрайн ва Бобил ба ҳайати давлати Порт ҳамроҳ шуд. Соли 140 то милод шоҳи Селевкиён Деметрийи II ба Порт ҳуҷум карда, баъди чанд ғолибият дар муҳорибаи ҳалкунанда (139 то милод) ба асорат афтод. Соли 131 то милод шоҳи дигари Селевкиён Антиохи VII мулкҳои Бобил, Мод, Гиркания ва Портро ишғол кард. Портиҳо аввалан ба даштҳои шимоли мулк ақибнишинӣ карда, бо қувваи нав Антиохи VII-ро шикаст доданд. Рақиби пурзӯри портҳо дар ғарб Рум буд. Мувофиқи шартномаи сулҳи соли 20 то милод дарёи Фурот сарҳадди байни Порт ва Рум муайян гардид. Дар асри 1 то милод иқтидори ҳарбии Рум устувор шуд, аммо Ашкониён ҳоло ҳам дар баробари хатарҳои низомии он истодагарӣ карда метавонистанд. 9 майи 53 то милод дар мавзеи Карра байни румиҳо ва Ашкониён набарди тақдирсоз ба амал омад. Дар ин набард сипоҳи румиҳо зери фармондеҳии М. Крассус (бо 35 ҳазор) ба муқобили сипоҳи 10-ҳазорнафараи сарлашкари Ашкониён – Сурена ҷангид. Дар ин набард Крассус фавтид, тақрибан 20 ҳазор сипоҳиёни румӣ ба қатл расиданд ва зиёда аз 10 ҳазори онҳо ба асорат афтоданд. Ашкониён ҳокимияти мутлақ доштанд. Дар дарбор як шӯро бо шумули хешовандони наздики шоҳ ва шӯрои ашрофу мубадон амал мекарданд. Сардори сарбозони шоҳӣ ҳазорпат буд. Дар мулкҳои ғарбии Порт муносибатҳои ғуломдорӣ инкишоф ёфта, кишоварзону ҳунармандони озод дар пешрафти иқтисодиёт нақши асосӣ доштанд. Ҷамъият аз табақаҳои озодагон (ашроф), ҷанговарон, кишоварзон ва ҳунармандон иборат буд. Дар ин давра забони портӣ расмият ёфта, намунаҳои навиштаҷоти он дар харобаҳои шаҳри Нисо пайдо шуданд. То асри 1-уми милодӣ дар Бобил ва Сурия забони юнонӣ низ интишор ёфта буд. Дар замони Ашкониён шаҳрсозӣ инкишоф ёфта, шаҳрҳои Ктесифон, Нисо, Марв, Экбатана (Ҳамадон), Шуш (Суз), Селевкияи соҳили Фурот, Дура-Европос марказҳои муҳимми сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ ба шумор мерафтанд. Баъзе бахшҳои Роҳи бузурги абрешим зери назорати Порт қарор доштанд. Солона аз Хитой ба Порт 5–12 корвон меомад. Тиҷорат ба воситаи дарёҳо низ инкишоф ёфта буд. Шоҳони Порт сиккаҳои нуқрагин мебароварданд. Дар рӯи онҳо нимрухи шоҳ ва дар пушташон лаҳзаи тахтнишинии ӯ бо камон тасвир шудааст. Дини расмии Порт зардуштӣ буд, вале гурӯҳе аз мардум ба худоёни маҳаллӣ, юнонӣ, эронӣ, байнаннаҳрӣ, бобилӣ ва амсоли инҳо эътиқод доштанд. Дар ин бора далелҳои зерин шаҳодат медиҳанд. Дар асри 1 то милод бо дастури шоҳ Валахш матнҳои парокандаи Авесто гирдоварӣ шуданд. Ашкониён барои эҳёи фарҳанги тамаддуни ориёӣ саҳми калон гузоштанд. Давлати Юнонии Бохтар Давлати Юнонии Бохтар (256–141/128 то милод). Асосгузори ин давлат Диодот (ҳукмронӣ тақрибан 250–238 то милод) сатрапи Бохтар (аз 256 то милод) буд. Диодот бо истифода аз даргириҳои Антиохи II бо шоҳи Миср Птоломейи II бар зидди Селевкиён исён бардошта, Бохтарро мустақил эълон кард (тақрибан 250 то милод). Баъди фавти Диодот писараш Диодоти II (тақрибан 238–225) ба сари қудрат омада, бар хилофи падараш бо Порт созишномаи дӯстӣ ба имзо расонд. Сиёсати пешгирифтаи Диодоти II боиси норозигии ашрофи бохтарӣ ва суғдӣ гардид ва ӯ аз ҷониби Евтидем (ҳукмронӣ тақрибан 230–200 то милод) ба қатл расид. Тақрибан соли 209 то милод шоҳи Селевкиён Антиохи III ба Порт ҳуҷум карда, баъди шикаст додани Артабони I ба самти Бохтар ҳамла овард (208 то милод). Евтидем баъди огоҳӣ аз ҳуҷуми Селевкиён дастаи 10-ҳазорнафараи савораи пешгарди худро ба соҳилҳои Ҳарирӯд фиристод, то пеши роҳи убури лашкари душманро гирад, вале саворагони бохтарӣ шикаст хӯрданд. Евтидем барои гуфтушуниди ниҳоӣ ва бастани созишномаи сулҳ писараш Деметрийро ба назди Антиохи III фиристод. Ин созишнома (206 то милод) назар ба сулҳи миёни Селевкиён ва Порт афзалият дошт, зеро Евтидем ва ворисонаш баръакси Ашкониён ҳуқуқи бо тасвири худ сикка бароварданро ҳифз карданд. Тибқи созишнома Евтидем бо пардохти пешкаши зиёд ба Антиохи III соҳибихтиёрии Давлати Юнонии Бохтарро ҳифз кард. Дар замони Деметрий (тақрибан 199–167 то милод) қаламрави ин давлат аз ҳисоби ишғоли Арахосия, Дрангиана, Гандҳара ва Паропамисада васеъ гардид. Дар ин давра яке аз саркардаҳои ҳарбӣ – Евкратид дар Бохтар ошӯб бардошта, ҳокимиятро ба даст гирифт. Баъди табаддулоти Евкратид (ҳукмронӣ тақрибан 171–155 то милод) сокинони Суғд, Арахосия, Дрангиана, Арейа низ шӯриш бардошта, аз итоати Деметрий сарпечӣ карданд. Деметрий баъди огоҳӣ аз ҳодисаҳои оқибгоҳ бо як қисми лашкараш ба Бохтар баргашт ва дар набарди зидди Евкратид ба ҳалокат расид. Баъд аз ин воқеа Суғд ва чандин мулки дигар мустақил шуданд. Соли 155 то милод Евкратид дар вақти бозгашт аз Ҳинд ба дасти писараш Ҳелиокл ба қатл расид. Дар замони ҳукумати Ҳелиокл мулкҳои Бохтар пурра мустақил шуданд. Дар Бохтар забони юнонӣ расмӣ буд, вале мардуми маҳаллӣ бо забони бохтарӣ гуфтугӯ мекарданд. Ба сафи лашкар юнониёну бохтариён ҷалб мешуданд. Сокинони Бохтар ба кишоварзӣ, аспдорӣ, токдорӣ, чорводорӣ ва истихроҷи сарватҳои зеризаминӣ (тило ва нуқра) машғул буданд. Шаҳрсозӣ низ дар ин давра тараққӣ карда буд. То ҳол дар Тоҷикистон чандин харобаи шаҳрҳо, аз қабили Тахти Сангин, Қалъаи Мир ва Кайқубодшоҳ, Куҳнақалъа, Саксанохур, Шаҳринав, Душанбеи қадим ва ғайра пайдо шуданд. Шоҳони юнонии бохтарӣ сиккаҳои тилоӣ (статер), нуқрагин (драхма – 4,2 грамм; тетрадрахма 16–17 грамм; обол – 0,7 грамм) ва мисӣ мебароварданд. Дар рӯи сиккаҳо нимрухи шоҳ ва дар пушти онҳо худоҳои гуногуни юнонӣ (Зевс, Апполон, Ҳермес, Ҳеракл, Диоскурҳо ва ғайра) тасвир мешуданд. Сиккаҳои мисини Диодот дар Данғара, Тахти Сангин, тетрадрахмаҳои Евтидеми II ва Евкратид дар Данғара, драхмаи Евтидем дар Файзобод, тетрадрахмаи Антимах дар Панҷакент ёфт шуданд. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 208–211.
Бохтар
Бохтар номи кишвари паҳновар ва давлати қадимии маҳаллии ориёӣ мебошад. Бохтар дар ҷануби рӯдхонаи Панҷ ва шимоли Ому то кӯҳҳои Ҳиндукуш ва баъдан заминҳои ҳар ду тарафи рӯдҳои Панҷу Ому (болооби он)-ро фаро мегирифт. Муҳоҷирати ориёиҳо ба минтақаи Ҳинд ва Эрони Ғарбӣ аз ҳамин ҷо сурат гирифтааст. Дар фаргарди (боби) якуми «Вандидод»-и Авесто Бохтар кишвари бонузҳати офаридаи Аҳура Маздо бо дирафшҳои афрошта зикр шудааст. Бохтар то давраи ташкилёбии давлати Ҳахоманишиён мулки мустақил буд. Дар замони Каёниён Бохтар ба мамлакати бузург табдил ёфта, қаламрави он васеъ гардид. Сарҳадди нуфузи Бохтар дар замони Каёниён дар ҷануби шарқ то Ҳинд ва дар шимол то дарёи Сир, дар шимоли ғарб то баҳри Хазар мерасид. Бо зуҳури Зардушт дар Бохтар фарҳанги ориёӣ бо оини зардуштӣ даромехта, парастиши яккахудоӣ барои ташаккули давлати мутамарказ мусоидат намуд. Ба қавли Ктесий лашкари сершумори Бохтар дар иттиҳод бо Мод бар зидди Ассирия меҷангид. Мардуми Бохтар дар муқобили лашкаркашиҳои Куруши Кабир шуҷоату далерӣ нишон доданд. Суғд Суғд дувумин кишвари ориёӣ ва маркази тамаддуни ориёӣ мебошад, ки аз он дар Авесто ёд шудааст. Мувофиқи ахбори «Таърихи Табарӣ» ва «Форснома» пойтахти шоҳи Турон — Афросиёб шаҳри Самарқанд буд. Бунёди Бухоро ба домоди Афросиёб — Сиёвуш, ки писари шоҳи Эрон Кайхусрав буд, нисбат дода мешавад. Дар асрҳои 6–4 то милод Суғд ва Порт сатрапияи 11-уми давлати Ҳахоманишиён буданд. Баъдан Суғд ба ҳайати давлати юнонии Бохтар, Кушониён, Ҳайтолиён ва Хоқонии Турк дохил шуд. Дар маъхазҳои хаттии замони истилои араб ва навиштаҷоти сиккаҳои суғдӣ аз шоҳони Суғд (Шишпир, Вархуман, Тархун, Ғурак ва Деваштич) ба унвони ихшид ёд шудааст. Ихшиди Суғд ҳамзамон сарвари Самарқанд, яъне шоҳи шоҳон ба шумор мерафт. Пас аз мустақил шудани мулки Бухоро нақши Суғд дар таърихи минтақа нисбатан коҳиш ёфт. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 208.
Манно
Манно давлати қадими ориёӣ дар шимолу шарқи Эрон буд. Бори аввал аз Манно дар катибаи шоҳи Ошур – Саламансари III ёд шудааст (843 то милод). Дар асри 9 шоҳони Ошур чанд бор ба Манно ҳуҷум карданд, вале дар ишғоли он ноком шуданд. Қаламрави Манно дар асри 8 то милод васеъ шуда, ба мулки мустақили шоҳнишин табдил ёфт. Дар назди шоҳ Шӯро амал мекард, ки аз аҳли ашроф ва хешовандони ӯ иборат буд. Соҳаҳои асосии иқтисодиёт зироаткорӣ ва чорводорӣ (аз ҷумла, аспдорӣ) буданд. Деҳқонони озод нисбат ба ғуломон дар пешрафти иқтисодиёт нақши асосӣ доштанд. Дар Манно ҳунарҳои кошикорӣ, наққошӣ ва дабирӣ рушд ёфта буданд. Солҳои 590–585 то милод Манно ба қаламрави Мод ҳамроҳ шуд. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 208.
Митан
Митан давлати қадим (асрҳои 17–13 то милод) дар саргаҳи дарёҳои Даҷла ва Фурот буд, ки саркардагони он ҳувияти ҳиндуориёӣ доштанд. Хатташон акадӣ ва забонашон ҳурритӣ буд. Дар аҳди Сутарнаи I (охири асри 17 то милод) қаламрави давлати Митан аз Загрос то шимоли Шом васеъ гардид. Соли 1260 то милод доираҳои сиёсии Митан дар мубориза бар зидди шоҳи Ошур — Салмансари I шикаст хӯрда, давлат ба мулкҳои алоҳида ҷудо шуд. Дар Митан аспдорӣ тараққӣ карда, истифодаи гардуна дар артиш маъмул буд. Митаниҳо ба худоҳои ориёӣ – Индра, Варуна ва дигарон эътиқод доштанд. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 208.
Элом
Элом қадимтарин давлат дар ҷанубу ғарби Эрон (Хузистони имрӯза) буд. Дар ин минтақа ҳанӯз аз аввали ҳазорсолаи 4-уми то милод шаҳраку шаҳрҳо пайдо шуда, иқтисодиёт ва дигар соҳаҳо инкишоф ёфтанд. Дар пойтахти Элом — шаҳри Шуш биноҳои боҳашамат, санъати филизгудозӣ, чархи кулолӣ, муҳр ва хат пайдо шудаанд. Аз асрҳои 27–26 то милод дар Элом аввалин иттиҳодияи сиёсӣ ташкил ёфта, то охири ҳазорсолаи 2-юми то милод ба авҷи тараққиёт расид. Доираҳои сиёсии Элом бо Шумеру Аккад ва Бобил баъзан барои ишғоли минтақаҳои сарҳаддӣ рақобат мекарданд. Дар Элом савдо, заминдорӣ, чорводорӣ, ҳуҷҷатгузорӣ ва дигар соҳаҳо инкишоф ёфта буданд. Ҳоло харобаҳои шаҳристони қадими давлати Элом Дурунташ ё Чуғо-Занбил дар ҷануби ғарби Эрон, дар масофаи 5 километр аз шаҳри Аҳвоз ҷойгиранд. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 208.
Давлатҳои бостонии ориёӣ
Давлатдории мардуми ориёиро дар қадим ба ду давра тақсим кардан мумкин аст – асотирӣ ва таърихӣ. Пешдодиён Пешдодиён, мутобиқи маълумоти Авесто, осори паҳлавӣ ва таърихномаҳои форсӣ-арабӣ аввалин сулолаи шоҳони ориёитабор буданд. Таърихи давлатдории ин сулола ба шакли ривоят сабт шудааст. Дар замони ҳукмронии шоҳони ин сулола (Каюмарс, Ҳушанг, Таҳмурас, Ҷамшед, Заҳҳок, Фаридун, Манучеҳр, Шаҳримон, Афросиёб, Зобзу, Гаршосп) ҳодисаҳои муҳимми таърихӣ рух доданд. Нахустин намояндаи ин хонадон Каюмарс (ҳукмронӣ тақрибан 40 сол) ба аввалин одам нисбат дода мешавад. Ҳушанг дар миёни одамон доварӣ, ҳукм ва адлро ҷорӣ кард ва бо лақаби Пешдод машҳур гардид. Дар давраи ӯ одамон ба истеҳсолу коркарди биринҷ, хонасозӣ, чорводорӣ, кишоварзӣ, обёрӣ ва ғайра ошно шуданд; расми подшоҳӣ ва тоҷгузорӣ падид омад; шаҳрҳои Бобил ва Шӯш қомат афрохтанд. Дар давраи Таҳмурас аспсаворӣ, борқашонӣ, пашмресӣ, бутпарастӣ ва рӯзагирӣ маъмул гардид; сохтмони куҳандизи Марв ва ду бино дар Исфаҳон хотима ёфт. Дар замони Ҷамшед шамшер, ҷавшани пӯлодӣ, абрешим, қаз, катони ранга, фарш, истеҳсоли атру дору, рангҳои табиӣ, бунёди иншооти бузург ва гармоба ихтироъ шуд. Пойтахташ шаҳри Истахр буд. Оини ҷашнгирии Наврӯз дар рӯзи тахтнишинии ӯ маъмул гашт. Ҷамшед дар қиболи дастовардҳояш мағрур шуда, даъвои худоӣ кард ва тадриҷан боварии мардумро аз даст дод. Дар ин фурсат Заҳҳок бар зидди Ҷамшед хурӯҷ карда, ба тахти шоҳӣ даст ёфт. Дар аҳди ӯ зулму истибдод ривоҷ ёфт ва дар миёни мардум бо номи Заҳҳоки Морон машҳур гардид. Морони китфони Заҳҳок албатта хаёлӣ буданд ва ин мавзӯъ дар адабиёту санъати тасвирии халқи тоҷик васеъ паҳн шуда, мазмуни иҷтимоӣ (муборизаи қувваҳои некӣ ва бадӣ) гирифт. Намунаи барҷастаи он «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ мебошад. Саҳнаҳо аз ин достон дар болодарии қасри шоҳони Истаравшан низ тасвир шудаанд. Коваи оҳангар зери Дирафши ковиёнӣ бар зидди Заҳҳок шӯриш бардошт ва Фаридун писари Ҷамшедро ба тахт шинонд. Фаридун гурзи сиёҳранги говсар дошт. Илми тиб, оини Меҳргон дар замони ӯ пайдо шуда, фалсафа ва нуҷум инкишоф ёфт. Дар давраи Манучеҳр боғдорӣ, ҷангафзорҳо, хандақҳои мудофиавӣ пайдо шуда, дар соҳили Фурот чанд наҳр хафр гардид. Дар ин давра Афросиёб (ҳукмронӣ тақрибан 12 сол) ба Эрон ҳуҷум ва Ироқу Бобилро хароб кард. Охирин шоҳи Пешдодиён Гаршосп (Виштосп) буд. Баъзе донишмандон замони ҳукмронии Пешдодиёнро ба асри биринҷ (тақрибан ҳазорсолаҳои 5–3 то милод) нисбат медиҳанд. Каёниён Каёниён сулолаи дувуми шоҳони ориёӣ мебошанд, ки мувофиқи ривоёт 738 сол ҳукмронӣ кардаанд. Дар «Шоҳнома» воқеаҳои таърихии аҳди Каёниён ба асотир омезиш дода шудаанд. Фирдавсӣ Ҳумой, Дороб ва Дороро ба намояндагони хонадони Каёниён мансуб донистааст, ки аслан шоҳони ҳахоманишӣ буданд. Дар «Шоҳнома» аз Искандари Мақдунӣ низ ҳамчун намояндаи Каёниён ёд шудааст, ки гӯё падараш эронӣ буд ва аз ин рӯ, бо фарри каёнӣ ҳукумати Эронро соҳиб гардид. Мувофиқи маълумоти «Шоҳнома» дар аҳди Каёниён бо сабаби тохтутози дубораи Афросиёб ба Эрон, даргириҳо дар миёни Эрон ва Турон авҷ гирифтанд. Рустами Достон дар ин ҷангҳо қаҳрамонӣ нишон дода, дар аҳди Кайхусрав Афросиёб дастгир ва кушта мешавад. Тибқи маълумоти Авесто Кайқубод, Кайқовус, Сиёвуш, Кайхусрав, Кайгуштосп (Виштосп) намояндагони хонадони Каёниён буданд. Бори аввал А. Кристенсен дар солҳои 30-уми асри 20 аз Каёниён ҳамчун сулолаи таърихӣ ёд кардааст. Ба қавли муҳаққиқон М. М. Дяконов ва А. Кристенсен таъсисёбии ҳукумати Каёниён дар Бохтар (асрҳои 9–7 то милод) ба давраи аз ҳам ҷудо шудани қабилаҳои ҳиндуэронӣ рост меомад. Асосгузори сулолаи Каёниён Кайқубод буд. Давлати Каёниёнро ду дудмон сарварӣ кардаанд; аз дудмони аввал Кайқубод, Кайапива, Кайқовус, Кайораш, Кайпешин ва Кайхусрав бархостанд. Кайхусрав ворис надошт; ба ҷойи ӯ яке аз хешони наздикаш – Кайлухросп подшоҳ шуд. Мувофиқи баъзе маълумот ҳукумати ин дудмон 260 сол идома ёфт, ки дар ин миён Кайқубод — 120, Кайқовус — 150 ва Кайхусрав 60 сол подшоҳӣ доштанд. Дудмони дигари Каёниён ба Кайлухросп мансуб буд ва онҳо 331 сол ҳукумат карданд: Кайлухросп – 120, Кайгуштосп (Виштосп) — 120, Кайбахман — 99 ва Кайҳумой (духтари Баҳман) — 32 сол ҳукм рондаанд. Пас аз Кайхусрав ҳукумати Каёниён заиф шуда, дар аҳди Кайгуштосп ба авҷи қудрат расид. Давлати Каёниён сипас ба таназзул рӯбарӯ шуда, қаламрави он ба ҳайати давлати Ҳахоманишиён дохил гардид. Ҳукумати Каёниён аввалин ташкилоти муназзами сиёсии қавмҳои ориёӣ дар Бохтар буд, ки марзҳои нуфузи он то давраи зуҳури Зардушт густариш ёфт. Каёниён дар таърихи тамаддуни мардуми ориёӣ нақш гузоштанд; дар замони Каёниён (ҳазораи дувуми то милод) вожаи ориёӣ ҳамчун этноним дар маъхазҳои авестоӣ ва ведӣ зикр мешавад; дар ин давра дини Зардуштия ва китоби муқаддаси Авесто дар байни ориёиҳо ва дигар мардумон мунташир гардид; ҳамзамон дар замони Каёниён «тамаддуни бузурги Бохтару Марғуш» ташаккул ёфт, ки марзҳои густариши он қаламрави Хуросон, Мукрон, Балучистон, Осиёи Марказӣ, Афғонистон, Покистон, қисми шумолии Ҳиндустони кунуниро фаро мегирифт; аз даврони ҳукумати Каёниён дар Турон иттиҳоди турҳо ташаккул ёфт. Каёниён ҳукумати мутараққӣ доштанд. Роҳбари ҳукумати марказӣ хшатрап (шоҳаншоҳ) ва ноиби ӯ фрамандар буд. Баъдан Ҳахоманишиён баъзе унсурҳои идории давлати Каёниёнро иқтибос карданд. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 207.
Ҷамъияти ибтидоӣ дар сарзамини Тоҷикистон
Ҷамъияти ибтидоӣ давраи ибтидоии таърихи башарият мебошад, ки дар он моликияти хусусӣ, табақабандии иҷтимоӣ, давлат ва хат вуҷуд надошт. Он ба чанд марҳила ҷудо мешавад: тӯдаи ибтидоӣ, ҷомеаи авлодӣ (модаршоҳӣ, падаршоҳӣ), заволи ҷомеаи ибтидоӣ ва ташаккули иттиҳодияҳои сиёсӣ. Тибқи бозёфтҳои бостоншиносон давраи қадими сукунати инсон дар Осиёи Марказӣ тақрибан ба 500 ҳазор сол пеш рост меояд. Соли 1953 дар наздикии шаҳри Норини Қирғизистон (назди соҳили дарёи Анарча) олоти зиёди сангӣ пайдо шуд, ки онҳо бо бозёфтҳои бошишгоҳҳои палеолити қадими Африқо, Шарқи Наздик, Осиёи Шарқӣ ва Қаратови Қазоқистони Ҷанубӣ шабоҳат доштанд. Бозёфтҳои минтақаҳои Хоҷабоқирғон, Арал, камари Оқтангӣ (дар ноҳияи Шаҳристон) тахминан ба давраи палеолити боло мансубанд. Палеолити поин Қадимтарин ёдгории давраи палеолити поин (800–200 ҳазор сол пеш) дар Осиёи Миёна бошишгоҳи Кулдара (дар Ховалинг) мебошад, ки замони мавҷудияташ ба 850–750 (мувофиқи назарияи дигар 950–850) ҳазор сол пеш рост меояд. Бошандагони Кулдара ба таври тӯда (20–30 нафар) ва ҷамоавӣ зиндагӣ карда, ҳанӯз сохтани манзил ва афрӯхтани оташро намедонистанд. Ёдгории Кулдара таърихи сукунати ибтидоии инсониятро дар Осиёи Марказӣ нишон дода, яке аз нуқтаҳои масири ҳаракати инсонҳои қадим аз Африқо ба Аврупо буд: ин мавҷи ҳаракат тавассути Шарқи Наздик ба Эрон, Осиёи Марказӣ, Олтой ва сипас ба минтақаҳои дигари Шарқ паҳн мешуд. Дар ҷануби Тоҷикистон ҳамчунин чанд бошишгоҳи ин давра, аз қабили Қаратов (дар ноҳияи Ёвон), Лоҳутӣ ва Оби Мазор пайдо шуданд. Маданияти мусте Ёдгории маъруфтарини маданияти мусте (100–40 ҳазор сол то милод) дар Осиёи Миёна мағораи Тешиктош мебошад, ки аз ҷониби академик А. П. Окладников дар дараи кӯҳии Заутолушсойи ноҳияи Бойсуни Ӯзбекистон кашф шуд (1938–1939). Аз қабати якуми маскунии мағораи Тешиктош устухони ҷасади писарбачаи 9-солаи неандерталии асри мусте ёфт шуд, ки барои омӯзиши пайдоиши инсоният дар Осиёи Марказӣ аҳамияти ҷаҳонӣ дошт. Омӯзиши хусусиятҳои антропологии косахонаи сари ҷасад нишон дод, ки неандерталҳои асри мустеи Осиёи Марказӣ гурӯҳи вижаи одамони неандерталиро ташкил дода, зоҳиран бо бошандагони ғорҳои Амуд ва Шонидори Шарқи Наздик шабоҳат доштанд. Дар ҳудуди Тоҷикистон ёдгориҳои асри мустеи мутараққӣ (50–40 ҳазор сол пеш) — Қайроққум, Чарқутан, Қаробуда, Ғори Оғзикичик пайдо шудаанд. Ташхиси палинологӣ нишон дод, ки одамони ҷомеаи ибтидоии Ғори Оғзикичик (дар назди деҳаи Шаршари ноҳияи Данғара) чанд марҳилаи тағйирёбии иқлими минтақаро аз сардӣ ба гармӣ пушти сар кардаанд. Бошандагони он ба ғайр аз сангпушт ҳамчунин оҳу, чайра, хирс, гург, каркадани пашмдароз, аспи хачирмонанд ва ғайраро сайд мекарданд. Палеолити охир Пешрафти иҷтимоии давраи мусте ба пайдоиши инсони муосир (Homo sapiens) таъсир гузошт. Такмили олоти корӣ ва пешрафти касби шикор барои коркарди устухон ва пӯст замина фароҳам овард. Дар ибтидои палеолити охир (35–12 ҳазор сол пеш) қобилияти фикрронии инсон пеш рафта, дар мағораҳо наққошиҳои рӯи санг бо тасвири ҳайвонот пайдо шуданд. Солҳои 1969–1971 В. А. Ранов дар кӯҳҳои Дарвоз бошишгоҳи Шуғнов — баландтарин бошишгоҳи палеолит дар ҷаҳонро кашф кард, ки ба замони палеолити охир (25 ҳазор сол пеш) мансуб аст. Мезолит Дар давраи мезолит ё асри санги миёна (10–6 ҳазор сол пеш) олоти сангӣ такмил ёфта, истифодаи камон маъмул шуд. Давраи мезолит барои ҳаракати тӯдаи одамон чандон мусоид набуд ва одамон бештар ба ҷамъоварии рустанӣ, ром кардани ҳайвонот майл пайдо карданд. Ёдгориҳои бостонии Тоҷикистон — бошишгоҳҳои Тутқавул, Сайёд, Чилондара, Кӯли Суфиён, Даҳана, Дараи Шӯр (дар ноҳияи Данғара), Чилучорчашма (дар ноҳияи Шаҳритӯс), Обикиик (дар ноҳияи Хуросон) ва ғори Оқтангӣ (дар ноҳияи Истаравшан) ба давраи мезолит мансубанд. Дар ин давра одамони ибтидоӣ ба боду ҳавои доманакӯҳҳо низ одат карданд. Дар ҳудуди Помири Шарқӣ тақрибан 50 бошишгоҳ ва ду мағора кашф гардид, ки ба ҳазорсолаҳои 8–5 то милод мансубанд. Аз бошишгоҳи Ошхона тақрибан 10 ҳазор олоти сангӣ ёфт шуд. Неолит Дар давраи неолит (тақрибан 7–6 ҳазор сол пеш) одамон аз истеъмоли неъматҳои моддӣ ба истеҳсоли онҳо (кишоварзӣ, чорводорӣ) гузаштанд. Бо пайдоиши ҳунари кулолӣ инсон акнун маҳсули зиёдатии худро захира мекард. Ҳамчунин олоти корӣ низ сайқал ёфт. Аз давраи неолит дар Осиёи Марказӣ маданиятҳои Ҷайтун, Калтаманор ва Ҳисор ташаккул ёфтанд. Бошишгоҳҳои маданияти Калтаманор дар соҳилҳои кӯлу дарёҳо ҷойгир шуда, аксари бошандагон ба шикору моҳидорӣ машғул буданд. Ёдгориҳои маданияти Ҷайтун дар қаторкӯҳҳои Копетдоғ ҷойгиранд. Машғулияти асосии ҷайтуниҳо кишоварзӣ буд. Маданияти Ҳисор асосан дар ҷануби Тоҷикистон ва қисман шимолу шарқи Афғонистон паҳн шуда буд. Бошандагони маданияти Ҳисор дар каппаҳои хурди хаспӯши сангфарш зиндагӣ карда, олоти кориашон аз табари суфта, корд, дарафш, парма, белчаҳои сангӣ ва найза иборат буд. Бошандагони он ба зироаткорӣ, чорводорӣ, шикор ва ҷамъоварии рустанӣ машғул буданд. Бошишгоҳҳои машҳури маданияти Ҳисор: Тутқавул, Сайёд, Булёни Поён, Кӯи Булён, Теппаи Ғозиён, Кӯнчӣ, Санги угур, Даҳана ва ғайра. Асри биринҷ Дар ҳудуди Тоҷикистон ёдгориҳои давраи биринҷӣ нисбат ба замони неолит ва энеолит зиёдтар кашф шудаанд. Дар қариби обанбори имрӯзаи Қайроққум (Баҳри тоҷик) чанд бошишгоҳи ин давра таҳқиқ гардид. Чорводорони қайроққумӣ дар каппаҳои бузурги хаспӯши оташдондор (сангӣ) зиндагӣ мекарданд. Асп барои саворӣ ва кашидани ароба истифода мешуд. Шикор ва моҳидорӣ василаи даромади иловагӣ буд. Истихроҷи мис низ дар кӯҳҳои Қаромазор оғоз гардид. Дар ибтидои асри биринҷ (охири ҳазорсолаи дувум — ибтидои ҳазорсолаи якум то милод) дар Осиёи Миёна шаҳри Саразм ташкил ёфт, ки бошандагони он асосан ба кишоварзӣ ва камубеш ба чорводорӣ, коркарди филиз машғул буданд. Дар рафти ҳафриёти шаҳри қадимии Саразм кӯраҳои филизгудозӣ, ҳумдонҳои сафолпазӣ ва 150 намуди ашёи биринҷӣ (корд, ханҷар, табарзин, нӯги найза), муҳри сурбӣ, ашёи тиллоӣ ва нуқрагин ёфт шуданд. Дар вилояти Хатлон чанд ёдгории асри биринҷ (Қангуртут, Тегузак дар Данғара, Даҳана дар Норак) кашф шуданд. Бошандагони онҳо дар каппаҳо ва хонаҳои хурду бузург (таҳкурсиашон аз санг) зиндагӣ мекарданд, ки оташдон ва чоҳҳои ғалла доштанд. Шуғли асосиашон зироаткории лалмӣ, чорводорӣ ва ҳунармандӣ буд. Дар охири ҳазорсолаи дувум пеш аз милод дар Помири Шарқӣ маданияти андроновӣ паҳн гардид. Ёдгориҳои маданияти андроновӣ дар шакли капп, қӯрғон ва гӯристон боқӣ мондаанд. Дар охири давраи биринҷӣ ҷомеаи ибтидоӣ тадриҷан завол ёфт. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 206–207.
Номгӯйи созмонҳои ҷамъиятии варзишӣ
Ташкилоти ҷамъиятии Федератсияи индорхоккейи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ташкилоти ҷамъиятии «Федератсияи пойга ва бузкашии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ташкилоти ҷамъиятии Лигаи варзишии каратэ-до шотокани Ҷумҳурии Тоҷикистон Ташкилоти ҷамъиятии Клуби футболи «Истиқлол» Ташкилоти ҷамъиятии Федератсияи айкидо ва лек-сан-найи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ташкилоти ҷамъиятии Федератсияи баскетболи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ташкилоти ҷамъиятии Федератсияи тенниси Ҷумҳурии Тоҷикистон Ташкилоти ҷамъиятии Федератсияи тенниси рӯимизии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ташкилоти ҷамъиятии Федератсияи варзиши сабуки Ҷумҳурии Тоҷикистон Ташкилоти ҷамъиятии Федератсияи у-шуи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ташкилоти ҷамъиятии Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ташкилоти ҷамъиятии Федератсияи камонварии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ташкилоти ҷамъиятии Федератсияи шоҳмоти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ташкилоти ҷамъиятии Федератсияи куштии кураши Ҷумҳурии Тоҷикистон Ташкилоти ҷамъиятии Федератсияи вазнбардории Ҷумҳурии Тоҷикистон Ташкилоти ҷамъиятии Федератсияи каратэи анъанавии «Фудокан»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон Ташкилоти ҷамъиятии Лигаи баскетболи Тоҷикистон Ташкилоти ҷамъиятии Федератсияи шамшербозони Ҷумҳурии Тоҷикистон Ташкилоти ҷамъиятии Федератсияи аспсаворӣ ва конкури Ҷумҳурии Тоҷикистон Ташкилоти ҷамъиятии Федератсияи варзишҳои зӯрхонаии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ташкилоти ҷамъиятии Федератсияи билярди Ҷумҳурии Тоҷикистон Ташкилоти ҷамъиятии Федератсияи дӯстдорони бокси Ҷумҳурии Тоҷикистон Ташкилоти ҷамъиятии Федератсияи бадминтони Ҷумҳурии Тоҷикистон Ташкилоти ҷамъиятии Федератсияи намудҳои варзиши пляжии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ташкилоти ҷамъиятии Федератсияи варзиши тирандозони Тоҷикистон Ташкилоти ҷамъиятии Фонди дастгирии варзишгарони Тоҷикистон ба номи Расул Боқиев Ташкилоти ҷамъиятии Федератсияи куштии тарзи ҷудои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ташкилоти ҷамъиятии Федератсияи куштии миллии «Гӯштингирӣ»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон Ташкилоти ҷамъиятии Федератсияи чавгонбозии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ташкилоти ҷамъиятии Федератсияи велосипедронии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ташкилоти ҷамъиятии Федератсияи самбои муҳорибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ташкилоти ҷамъиятии Федератсияи Микс Файт (Mix Fight), М-1 Ҷумҳурии Тоҷикистон Ташкилоти ҷамъиятии Ассотсиатсияи варзишгарони муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ташкилоти ҷамъиятии Академияи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ташкилоти ҷамъиятии Лигаи самбои муҳорибавӣ ва муҳорибаи омехтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ташкилоти ҷамъиятии Ассотсиатсияи бонувони варзишгари Ҷумҳурии Тоҷикистон Ташкилоти ҷамъиятии Федератсияи муҳорибаи универсалии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ташкилоти ҷамъиятии Федератсияи грэпплинги Ҷумҳурии Тоҷикистон Ташкилоти ҷамъиятии варзишии Лигаи миллии футболи Тоҷикистон Ташкилоти ҷамъиятии Федератсияи миллии рақсҳои варзишии Амрикои Лотинӣ ва классикӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ташкилоти ҷамъиятии Федератсияи варзиши ҳавопаймоии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ташкилоти ҷамъиятии Федератсияи куштии Ҷумҳурии Тоҷикистон (тарзи озод, юнонӣ-румӣ ва куштии тоторӣ) Ташкилоти ҷамъиятии Федератсияи намудҳои варзиши электронии Ҷумҳурии Тоҷикистон Федератсияи футболи Ҷумҳурии Тоҷикистон Клуби варзиши кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ағба» № 287 Федератсияи байниминтақавии варзишгарони маъюб № 604 «А» Федератсияи кёкушин-каратэи Ҷумҳурии Тоҷикистон Федератсияи миллии шиноварии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ассотсиатсияи миллии намудҳои зимистонаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон Федератсияи таэквон-до ВТФ (WTF)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон Федератсияи варзиши сабуки Ҷумҳурии Тоҷикистон Федератсияи миллии чиу-читсуи Ҷумҳурии Тоҷикистон Федератсияи намудҳои варзиши гимнастикии Ҷумҳурии Тоҷикистон Федератсияи миллии муай тай, тай бо ню, фулл контакт, каратэи Ҷумҳурии Тоҷикистон Федератсияи қаиқронии Ҷумҳурии Тоҷикистон Федератсияи миллии таэквон-до ва кикбоксинги Ҷумҳурии Тоҷикистон Федератсияи пауэрлифтинг, бодибилдинг ва фитнеси Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон Федератсияи волейболи Ҷумҳурии Тоҷикистон Федератсияи регбии Ҷумҳурии Тоҷикистон Лигаи миллии-касбии якҳарбаҳои шарқӣ-аврупоии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ташкилоти ҷамъиятии тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши «Ҳосилот» Федератсияи варзиши алпинизм ва кӯҳнавардии Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимпиадаи махсуси Тоҷикистон Федератсияи санъати муҳорибавӣ ва муҳорибаҳои омехтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Федератсияи куштии миллии камарбандии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ассотсиатсияи армспорти Ҷумҳурии Тоҷикистон Федератсияи Кудо ва К-1-и Ҷумҳурии Тоҷикистон Федератсияи крикети Ҷумҳурии Тоҷикистон Ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии Федератсияи лижаи Тоҷикистон Ташкилоти ҷамъиятии Федератсияи варзишгарони маъюби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ташкилоти ҷамъиятии клуби варзиши «Паҳлавон» Ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии Ҷамъияти варзишии «Шараф» Ташкилоти ҷамъиятии Ассотсиатсияи Сумои Тоҷикистон Ташкилоти ҷамъиятии Федератсияи варзишии автомобилию мотоциклии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ташкилоти ҷамъиятии клуби варзишии «Асл» Ташкилоти ҷамъиятии Ассотсиатсияи миллии муҳориботи якҳарбаи омехтаи (MMA) Тоҷикистон Ташкилоти ҷамъиятии Федератсияи тиббии варзишӣ Ташкилоти ҷамъиятии клуби футболи «Солор» Ташкилоти ҷамъиятии Клуби варзишии «Наврас» Ташкилоти ҷамъиятии «Фонди ҷамъиятии дастгирии рушди куштии миллии Тоҷикистон ба номи Искандаршо Раҳматуллоев» Ташкилоти ҷамъиятии варзишии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ташкилоти ҷамъиятии клуби Таэквон-до «Варзиш» Ташкилоти ҷамъиятии «Иттиҳоди футзали Тоҷикистон» Ташкилоти ҷамъиятии «Федератсияи Ориентали Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ташкилоти ҷамъиятии «Федератсияи сайёҳии кӯҳнавардии Ҷумҳурии Тоҷикистон „Эделвейс“» Ташкилоти ҷамъиятии «Ассотсиатсияи варзишгарони муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ташкилоти ҷамъиятии Маркази рушди «Шотакан каратэ-и до скиф»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон Ташкилоти ҷамъиятии «Лигаи самбои муҳорибавӣ ва муҳорибаи омехтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ташкилоти ҷамъиятии «Лигаи касбии Муай К 1-и Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ташкилоти ҷамъиятии Федератсияи миллии зӯрозмоиҳои универсалии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ташкилоти ҷамъиятии Федератсияи санъати муҳорибавӣ ва муҳориботи омехтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ташкилоти ҷамъиятии Клуби варзишии «Ҷангихон Давлатов» Ташкилоти ҷамъиятии варзишии Лигаи миллии футболи Тоҷикистон Ташкилоти ҷамъиятии Федератсияи миллии «Чит Кун До»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон Ташкилоти ҷамъиятии Федератсияи Каратэ-до-и миллӣ ва Годзю-Рю-и Ҷумҳурии Тоҷикистон Ташкилоти ҷамъиятии Клуби футболи «Далерон – Уротеппа»-и шаҳри Истаравшан Ташкилоти ҷамъиятии «Самбо»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон Ташкилоти ҷамъиятии Федератсияи Йайдзютсу ва Айкидои муҳорибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ташкилоти ҷамъиятии «Клуби футзали Самандар» Ташкилоти ҷамъиятии Федератсияи шухпаймоии варзишӣ ва варзиши кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ташкилоти ҷамъиятии Федератсияи куштии касбӣ ва варзиши Грепплинг (ADDC)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон Ташкилоти ҷамъиятии Федератсияи шашка ва шоҳмоти маъюбони Ҷумҳурии Тоҷикистон Ташкилоти ҷамъиятии Федератсияи «Шинкиёкушинкай» Ташкилоти ҷамъиятии Федератсияи Грэпплинги муосири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ташкилоти ҷамъиятии Федератсияи муҳорибаҳои гуногуншакли Ҷумҳурии Тоҷикистон Ташкилоти ҷамъиятии варзишии Лигаи касбии футзали Тоҷикистон Ташкилоти ҷамъиятии Федератсияи ҳандболи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ташкилоти ҷамъиятии Федератсияи варзишии бозиҳои компютерии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ташкилоти ҷамъиятии Федератсияи Кемпо ва Чит кундо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ташкилоти ҷамъиятии Федератсияи самбои муҳорибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ташкилоти ҷамъиятии Лигаи варзишии Каратэ-до Шотокани Ҷумҳурии Тоҷикистон Ташкилоти ҷамъиятии «Ассотсиатсияи Тхеквандо (ВТФ)»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон Ташкилоти ҷамъиятии «Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон» Ташкилоти ҷамъиятии «Федератсияи бокси касбии Тоҷикистон» Ташкилоти ҷамъиятии Федератсияи Миллии «Бокси тайландӣ ва Муай-тайи ғайрикасбии Ҷумҳурии Тоҷикистон». --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 202–203.
Ҷамъияти варзиши иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон
Ҷамъияти варзиши иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон соли 1957 ҳамчун Ҷамъияти ихтиёрии варзиш дар натиҷаи муттаҳид гардидани ҷамъиятҳои ихтиёрии варзишгарони «Буревестник», «Пишевик» ва «Байрақи сурх» ташкил шудааст. Аз соли 1987 бо номи ҳозирааш фаъолият дорад. Сохтор ва имконот Шӯрои марказии Ҷамъияти варзиши иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон дар вилоятҳои Суғд, Хатлон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шуъбаҳо дорад. Дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа (ҳоло Бохтар), Хуҷанд, Бӯстон, Панҷакент, Ваҳдат, Турсунзода ва Норак шӯроҳои шаҳрии Ҷамъияти варзиши иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон амал мекунанд. Ҷамъиятҳои варзишии иттифоқҳои касаба 117 ташкилоту мактаб доранд ва аз рӯйи 15 намуд наврасону ҷавононро ба варзиш ҷалб кардаанд. 109 дастаи варзиш созмон дода, 4 варзишгоҳ, 1 машқгоҳи тирандозӣ, 29 толор ва 168 майдони варзиш доранд. Дар назди Шӯрои марказии Ҷамъияти варзиши иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон 10 мактаби варзишии кӯдакон ва ҷавонон фаъолият менамоянд, ки беш аз 70 мураббию муаллим ба 4 769 варзишгар машқ медиҳанд. Фаъолият Дастаи мунтахаби Шӯрои марказии Ҷамъияти варзиши иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон дар мусобиқа ва спартакиадаҳои шаҳри Душанбе ва берун аз он (Русия, Бишкек, Фарғона, Эрон) ширкат варзидааст. Ҳар семоҳа дар Қасри варзиши Шӯрои марказии Ҷамъияти варзиши иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон оид ба гӯштини тарзи озод, гӯштини румию юнонӣ, таэквондо, футболи хурд (минифутбол) мусобиқаҳо баргузор мешаванд, ки дар онҳо қариб ҳамаи тарбиягирандагони мактабҳои варзишии иттифоқҳои касаба ва Кумитаи варзиши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ширкат мекунанд. Ҷамъият дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар ҳафта бозиҳои шавқовари «Офарин»-ро баргузор мекунад. Роҳбарон Н. М. Набиев (1957–1974). С. К. Анваров (1974–1978). А. К. Бобоҷонов (1978–1983). В. В. Ковинов (1983–1987). И. Қ. Қурбонов (1987–1989). З. О. Содиқов (1989–1992). Т. О. Каримов (1992–1995). А. А. Ҳазратқулов (1995–1996). --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 202.
Созмонҳо ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии ақаллиятҳои миллӣ дар Тоҷикистон
Ҷамъияти арманиҳои Тоҷикистон (ба номи М. Маштос). Ҷамъияти фарҳангии яҳудиҳо («Хаверим»). Ҷамъияти олмониҳо («Видергебурт»). Ассотсиатсияи кореяҳои Тоҷикистон. Ҷамъияти осетинҳо («Алан») дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷамъияти украинҳо дар Тоҷикистон. Ҷамъияти туркманҳои Тоҷикистон. Созмони ҷамъиятии «Иристон». Ҷамъияти фарҳангию маърифатии гурҷиҳо «Сатвистомо Иберия» дар Тоҷикистон. Созмони ҷамъиятии «Иттиҳоди халқҳои Кавказ». Ассотсиатсияи уйғурҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Созмони ҷамъиятии «Бунёди рушди ахлоқӣ, зеҳнӣ ва миллии Русия». Маркази фарҳангӣ-миллии «Дӯстлик»-и тотору бошқирди Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷамъияти қирғизҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Маркази фарҳангии ҷаҳонии Корея дар Тоҷикистон. Шӯрои ҳамватанони русиягӣ дар Тоҷикистон. Ҷамъияти рустаборони Тоҷикистон. Ассотсиатсияи кореяҳои шӯравӣ дар Тоҷикистон. Ҷамъияти ӯзбекҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷамъияти тоторҳо («Умет») дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷамъияти қазоқҳо («Байтерек») дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷамъияти полякҳо («Мазурек») дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷамъияти доғистониҳои Тоҷикистон. Созмони ҷамъиятии Иттифоқи ҷавонони ҳамватани Русия. Иттиҳодияҳои тоҷикони бурунмарзӣ Аз ибтидои солҳои 90-уми асри 20 иттиҳодияҳои маданӣ-миллии тоҷикони бурунмарзӣ низ дар минтақаҳои гуногуни олам таъсис ёфтанд: Анҷумани тоҷикони Ӯзбекистон. Маркази фарҳангии тоҷикон — «Самарқанд». Ҷамъияти «Офтоби суғдиён» (Бухоро). Маркази фарҳангии тоҷикон — «Ориёно» (Тошқанд). Маркази ҷамъиятии тоҷикон — «Суғдиён» (Чирчиқ). Ҷамъияти «Пайванд» (Сурхондарё). Ҷамъияти «Бохтар» (Санкт-Петербург). Маркази фарҳангии «Суғдиён» (Маскав). Ҷамъияти тоҷикони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва ғайра. Олимпиадаи махсуси Тоҷикистон Олимпиадаи махсуси Тоҷикистон созмони ғайридавлатии хайрия мебошад, ки ба ташкилу баргузории барномаҳои тарбияти баданию тандурустӣ барои шахсони имконоти зеҳниашон маҳдуд машғул аст. Аз соли 1996 фаъолият мекунад. Ин ниҳод зиёда аз 20 000 кӯдаки имконоти зеҳниашон маҳдудро ба беш аз 13 намуди варзиш (футбол, чавгонбозӣ, баскетбол, тенниси рӯи миз, варзиши сабук, шашка, волейбол, теннис, шиноварӣ) фаро гирифтааст. Дар баробари ин, созмон ҳар сол чанд барномаи фарҳангию варзишии сатҳи шаҳрию ҷумҳуриявӣ доир менамояд. Варзишгарони Тоҷикистон нахустин бор дар Бозиҳои махсуси олимпӣ соли 1989 дар шаҳри Санкт-Петербург ширкат варзиданд. Барои афроди такомули зеҳнишон заиф 44 мактаб-интернати фаръӣ, 11 хонаи маъюбон ва литсей ташкил карда шудааст. Ширкатдорон хонандагони мактаб-интернатҳои махсус барои кӯдакони имконоти зеҳниашон маҳдуд мебошанд. Дар Олимпиадаҳои махсус варзишгарони Тоҷикистон дар намудҳои варзиши сабук, волейбол, баскетбол, чавгон, футбол, ҷудо ва ғайра ба дастовардҳои назаррас ноил шудаанд. Ба мусобиқаҳои Олимпиадаи махсуси Тоҷикистон созмонҳои байналмилалии Mercy Corps International, ORA International, Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид, German Agro Action, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Counterpart Consortium, Иттиҳодияи илмию истеҳсолии «Авесто», «Дилсӯз» ёрии хайрия кардаанд. Олимпиадаи махсуси Тоҷикистон бо Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон, вазоратҳои маориф ва илм, меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҳамчунин бо ҳамаи федератсияҳои варзишии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ дорад. Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон кафедраи варзиши инҳирофӣ (соли 2001) мавҷуд аст, ки барои Олимпиадаи махсуси Тоҷикистон мураббӣ (тренер) омода мекунад. Натиҷаҳои варзишӣ Варзишгарони созмони мазкур дар Бозиҳои махсуси тобистонаи ҷаҳонӣ (шаҳри Дублин, Ирландия, 2003) ширкат варзида, соҳиби 3 медали тило гардиданд. Соли 2005 бо дастгирии IREX ва маблағгузории USAID Олимпиадаи махсуси Тоҷикистон дар вилоятҳои Хатлон ва Суғд субофис ташкил намуд. Ҳоло ин суббарномаҳо фаъолият намуда, мустақилона ба машғулиятҳои варзишӣ кӯдакону калонсолони ноқисулақли мактаб-интернатҳо, хонаи маъюбон ва оилаҳоро ҷалб менамоянд. Варзишгарони Олимпиадаи махсуси Тоҷикистон дар Олимпиадаи махсуси байналмилалии зимистонӣ дар шаҳри Наганои Ҷопон (2005) ширкат намуда, дар бозии хоккей дар рӯи фарш медали тило гирифтанд. Сентябри соли 2005 дастаи Олимпиадаи махсуси Тоҷикистон дар Бозиҳои занони исломӣ, ки дар шаҳри Теҳрон баргузор гардид, соҳиби 4 медали тило, 2 медали нуқра ва 1 медали биринҷӣ шуд. Ноябри 2005 дар севумин Бозиҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Тошқанд ширкат намуда, 6 варзишгар ва ду мураббӣ оид ба варзиши сабук ва тенниси рӯи миз 2 медали тило, 2 медали нуқра ва 2 медали биринҷӣ ба даст оварданд. Соли 2006 дастаи Олимпиадаи махсуси Тоҷикистон дар ҳайати 5 нафар дар Бозиҳои Аврупоии ҷавонон оид ба варзиши сабук ширкат намуда, медалҳои тило ва нуқра овард. Соли 2007 варзишгарони Олимпиадаи махсуси Тоҷикистон аз Бозиҳои байналмилалии тобистонии Олимпиадаи махсус (Шонгҳойи Хитой) оид ба варзиши сабук, футбол ва тенниси рӯи миз бо медалҳои тилову нуқра баргаштанд. Соли 2008 мусобиқаи байналмилалӣ оид ба тенниси рӯи миз бо ширкати меҳмонон аз Ӯзбекистон, Қазоқистон, Афғонистон (60 варзишгар) баргузор гардид. Дар асоси нақшаи тақвимии Олимпиадаи махсуси Тоҷикистон чандин чорабинии варзишӣ оид ба варзиши сабук, баскетбол, футбол баргузор гардиданд. Соли 2009 ду варзишгару як мураббии Олимпиадаи махсуси Тоҷикистон дар Бозиҳои байналмилалии Олимпиадаи махсус дар шаҳри Бойсеи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ширкат варзида, дар лижаронӣ ба масофаҳои 25, 100, 200 метр ва роҳгардӣ дар болои барф 4 медали тило ва аз гимнастикаи бадеӣ дар мусобиқаи байналмилалӣ (Тошқанд, 2009) 2 медали тило ба даст оварданд. Сентябри 2010 дар Бозиҳои Аврупоии ҷавонон аз рӯи барномаи Олимпиадаи махсуси Тоҷикистон (шаҳри Варшаваи Полша) 6 варзишгари Олимпиадаи махсуси Тоҷикистон ширкат карда, 1 медали тило, 3 медали биринҷӣ гирифтанд. Июли 2011 наврасони маълули тоҷик (кӯдакон аз мактаб-интернати № 2, № 3-и Душанбе, литсей-интернати касбии махсуси маъюбон) дар Бозиҳои XIII ҷаҳонии тобистонаи Олимпиадаи махсус дар Афина, ки бо ширкати 7 500 варзишгар аз 185 кишвари ҷаҳон дар 22 навъи варзиш баргузор шуд, чаҳор медал ба даст оварда буданд. Ҳамчунин дастаи футболи духтарони Тоҷикистон миёни 14 даста дар ҷои 6-ум қарор гирифт. Ноябри ҳамон сол дар Тошқанд мусобиқаҳои байналмилалӣ дар навъи гимнастикаи бадеӣ баргузор шуданд, ки 2 варзишгари Олимпиадаи махсуси Тоҷикистон соҳиби 8 медали тило гардиданд. Соли 2013 дар бозиҳои Олимпиадаи махсуси байналмилалии зимистонӣ дар шаҳри Пхеняни Кореяи Шимолӣ яктоӣ медали тило, нуқра ва биринҷӣ ба даст оварданд. Варзишгарони дорои имконоти маҳдуди тоҷик дар Олимпиадаи махсус-2019 (Абу Дабии Амороти Муттаҳидаи Араб) сазовори 6 медал, аз ҷумла 2 медали тило гардиданд. Олимпиадаи махсуси Тоҷикистон ба ҳайати Шӯрои ҷамъиятии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил буда, сарвариашро Д. Шарифова (аз соли 1995) ба зимма дорад. «Пайванд» «Пайванд» созмони байналмилалӣ, Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон мебошад (мухтасар: Анҷумани «Пайванд»). Соли 1989 дар заминаи созмони «Родина»-и Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ ташкил ёфта, то соли 1992 бо номи созмони байналмилалии ҷамъияти «Пайванд» фаъолият дошт. Дар форуми аввал (8 сентябри 1992) ҷамъият ба созмони «Анҷумани тоҷикон ва ҳамватанони хориҷӣ» табдил ёфт. Дар ҳамоиши дувум (сентябри 1993) созмон номи имрӯзаашро гирифта, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Эмомалӣ Раҳмон раиси Анҷумани «Пайванд» интихоб гардид. Ҳадафҳо Ҳадафҳои асосии «Пайванд»: бунёд ва таҳкими робитаҳои фарҳангӣ бо марказҳои миллии тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон; фароҳам овардани фазои ягонаи фарҳангӣ, илмӣ ва забонӣ миёни тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон. Фаъолият «Пайванд» дар тӯли фаъолияташ муносибатҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва иқтисодиро бо марказҳои фарҳангии тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон дар Эрон, Афғонистон, Русия, Амрико, Британияи Кабир, Арабистони Саудӣ, Олмон, Шветсия, Туркия, Норвегия, Покистон, Ҳиндустон, Канада, Австралия ва кишварҳои дигар ба роҳ монд. Анҷумани «Пайванд» дар ҷашну симпозиумҳои 1400-солагии Борбади Марвазӣ (1990), ҳазораи «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ (1994), 680-солагии Мирсайид Алии Ҳамадонӣ (1995), 675-солагии Камоли Хуҷандӣ (1996), 1100-солагии давлати Сомониён (1999), 960-солагии Ҳаким Умари Хайём (2000), Симпозиуми байналмилалии «Авесто ва тамаддуни ҷаҳонӣ» (2001), 2500-солагии шаҳри Истаравшан (2002), ҷашни 1000-солагии ҳаким Носири Хусрави Қубодиёнӣ (2003), 80-солагии шаҳри Душанбе (2004), Соли тамаддуни Орийӣ (2006), 2700-солагии шаҳри Кӯлоб (2006), 1150-солагии устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (2008), соли бузургдошти Имоми Аъзам (2009) ширкати фаъол дошт. Бахшҳо ва роҳбарон Бахшҳои «Пайванд» ва масъулонаш дар ҷумҳурӣ: Кӯлоб (Зафар Мирзоён), Хуҷанд (Фарзона), Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (Насрӣ Офаридаев), Мастчоҳ (Саидшо Акрамов), Истаравшан (Раънои Зоирдухт), Панҷакент (Аббос Ҳамроҳзода). Нашрияи расмии анҷуман маҷаллаи «Пайванд» аст. Дар солҳои гуногун раисони кумитаи иҷроияи «Пайванд» М. Осимӣ (1989–1996), Қ. Айнӣ (1996–2000), А. Маниёзов (2000–2008), И. Салоҳиддинов (2008–2014) ва С. Кошонов (2014–2020) буданд. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 200–202.
Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон
Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон ташкилоти ҷамъиятӣ мебошад, ки ҳунармандони мардумӣ (заргарон, кулолгарон, чеварон, дӯзандагон, бофандагон, оҳангарон, созтарошон, кандакорон, чӯбтарошон) ва муассисаҳои марбут ба рушди бахши косибиро ба таври ихтиёрӣ муттаҳид мекунад. Соли 2012 таъсис ёфтааст. Мақоми олии роҳбарикунандаи Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон анҷуман ва мақоми иҷроияи он раёсат мебошад. Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон ҳоло 165 узв дошта, аз фаъолтарин созмонҳои ихтиёрии ҷамъиятии Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Ҳадаф ва вазифаҳо Мусоидат ба рушди иқтисодию иҷтимоии бахши косибии Тоҷикистон; Фароҳам овардани шароит барои рақобатпазирии бозори ҳунармандӣ дар сатҳи байналмилалӣ; Ҳимояи иқтисодӣ ва ҳуқуқии аъзои иттифоқ; Баланд бардоштани иқтидори бахши ҳунармандӣ дар Тоҷикистон; Муттаҳид кардани ҳунармандони мардумӣ ва мусоидат ба ҳамгироии онҳо; Ҷалби таваҷҷуҳи намояндагони сохторҳои давлатӣ ва тиҷорат ба бахши ҳунармандӣ; Мусоидат ба таҳкими заминаи қонунгузории бахши косибӣ ва ғайра. Фаъолият Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон дар маҷмӯъ 3 анҷуман (2012, 2013, 2016) барпо намуда, дар онҳо масъалаҳои муҳимми ҳунари косибии тоҷикро баррасӣ кардааст. Дар соли аввали фаъолияти худ Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон намоиши зимистонаи маҳсулоти ҳунармандони мардумӣ ва ба муносибати 20-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиши маҳсулоти ҳунарҳои дастиро баргузор кард. Дар доираи лоиҳаи «Ҳунармандӣ ва соҳибкорӣ ба воситаи ҳамгироии минтақавӣ ва савдои боадолат» тадбирҳои гуногун (тренинг, ҳамоиш, намоишгоҳ, фестивал, мубодилаи таҷриба)-ро амалӣ мекунад, ки барои рушди бахшҳои ҳунармандӣ, дастгирӣ ва таблиғи дастовардҳои ҳунарӣ мусоидат менамояд. Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон ҳар сол дар шаҳри Душанбе 3 намоишгоҳи хосса доир мекунад. Ҳамзамон дар тамоми барномаҳои ҷумҳуриявию маҳаллии давлатӣ ва иду ҷашнҳои миллӣ (масалан, «Солҳои 2019–2021 – солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ») намоиши маҳсулоти ҳунарҳои дастиро баргузор мекунад, ки дар онҳо маҳсули ҳунармандони минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон (кандакорон, сабадбофон, гулдӯзон, сӯзанидӯзон, заргарон, созтарошон, наққошон) ба намоиш ва фурӯш гузошта мешавад. Ҳамкориҳои байналмилалӣ Бо ташаббуси Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон гурӯҳи косибон дар давраҳои гуногун барои иштирок дар намоишгоҳҳои байналмилалии косибон ба Қирғизистон, Русия, Кореяи Ҷанубӣ, Олмон, Итолиё, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сафар кардаанд. Маҳсулоти ҳунарии бисёри аъзои Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон дар давлатҳои мухталифи дунё ҳаводору харидорони худро дошта, дар озмуну намоишгоҳҳои осори ҳунари мардумии кишварҳои хориҷӣ (Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Эрон, Канада, Ҷопон, Дания, Қазоқистон, Русия ва ғайра) муаррифӣ гардидааст. Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон узви Созмони байналмилалии ҳунармандон (Alliance for Artisan Enterprise, 2017) аст. Роҳбарон Хоҷиева С. (2012–2013). Назирматов А. (2013–2016). Муҳаббатов М. (аз соли 2016). --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 200.
Иттифоқи ходимони театри Тоҷикистон
Иттифоқи ходимони театри Тоҷикистон ташкилоти ихтиёрии ҷамъиятии эҷодӣ мебошад, ки ходимони ҳунари театриро муттаҳид мекунад. Таърих Соли 1958 бо номи Ҷамъияти театрии Тоҷикистон ташкил шуда, дар Анҷумани 5-уми ғайринавбатии он (1987) ба Иттифоқи ходимони театри Тоҷикистон табдил ёфт. Иттифоқи ходимони театри Тоҷикистон то соли 1992 ба ҳайати Иттифоқи ходимони театри Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ дохил буд. Дар Анҷумани 6-ум Иттифоқи ходимони театри Тоҷикистон ба ташкилоти мустақили эҷодӣ табдил ёфт. Вазифаҳо Баланд бардоштани сифати ғоявию бадеии асарҳои саҳнавӣ; Дастгирии эҷодкорон; Ёрӣ ба театрҳои мардумӣ ва касбӣ; Ташвиқу тарғиби ҳунари миллии театрӣ; Ҳамкорӣ бо иттифоқу ҷамъият ва ходимони театрии кишварҳои хориҷӣ, драматургон, мусаввирон, оҳангсозон, рӯзноманигорон, синамогарон, кормандони воситаҳои ахбори омма. Фаъолият Баргузор кардани ҷашнвора-озмунҳои анъанавии театрҳои касбии ҷумҳуриявӣ ва минтақавии «Парасту» ва «Наврӯз» аз ибтикороти Иттифоқи ходимони театри Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Иттифоқи ходимони театри Тоҷикистон дар маҷмӯъ 10 анҷуман (1958, 1965, 1978, 1984, 1987, 1992, 1995, 2002, 2012, 2017) доир кардааст, ки дар онҳо масъалаҳои санъати театри тоҷик, натиҷаҳои фаъолияти театрҳои Тоҷикистон, роҳҳои рушди театри миллии тоҷик баррасӣ шудаанд. Иттифоқи ходимони театри Тоҷикистон узви Конфедератсияи байналмилалии ходимони театрӣ (аз соли 1992) мебошад. Раисон Тӯйбоева С. (1958–1984). Валаматзода Ғ. (1984–1987). Абдурразоқов Ҳ. (1987–1990). Муҳаммадҷонов А. (1992–1995). Ашӯров П. (1995–2002). Миров М. (2002–2012). Мирзоев С. (аз соли 2012). --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 200.
Иттифоқи рассомони Тоҷикистон
Иттифоқи рассомони Тоҷикистон ташкилоти ихтиёрии ҷамъиятии эҷодӣ мебошад, ки рассомон, ҳайкалтарошон, устодони санъати ороиши амалӣ, санъатшиносон, мунаққидон, муҳаққиқони таърихи санъати ҷумҳурӣ ва мусаввиронро муттаҳид мекунад. Таърих Соли 1934 ташкил шуда, ҳамон сол аввалин намоишгоҳи асарҳои рассомони Тоҷикистонро баргузор кард (1 майи 1934). Иттифоқи рассомони Тоҷикистон то соли 1992 ба ҳайати Иттифоқи рассомони Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ дохил буд. Бо қарори Анҷумани 9-ум Иттифоқи рассомони Тоҷикистон ба ташкилоти мустақили эҷодӣ табдил ёфт (20 майи 1992). Иттифоқи рассомони Тоҷикистон дар маҷмӯъ 14 анҷуман (1956, 1958, 1961, 1965, 1968, 1973, 1977, 1982, 1987, 1992, 2002, 2007, 2012, 2017) барпо намуда, дар онҳо масъалаҳои муҳимми рушди санъати рассомии тоҷикро баррасӣ кардааст. Самтҳои асосии фаъолият Рушди санъати тасвирии тоҷик; Ташкил ва баргузор кардани намоишгоҳҳои рассомӣ; Баланд бардоштани завқи зебоишиносии аҳолӣ, бахусус ҷавонон; Тарбияи рассомони ҷавон; Тарғиби санъати тасвирӣ; Мусоидат ба фаъолияти рассомони халқӣ ва ғайра. Сохтор ва ҳайат Дар Иттифоқи рассомони Тоҷикистон 7 шуъбаи эҷодӣ (рангнигорӣ, қаламкашӣ, ҳайкалтарошӣ, санъати ороишӣ-амалӣ, ороиши театр, санъати монументалӣ-ороишӣ, нақди санъати тасвирӣ) ва 5 комиссия (кор бо рассомони ҷавон, эстетика, кор бо рассомони ҳавасманд, ҳарбӣ-шефӣ, ветеранҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ) амал мекунанд. Дар назди Иттифоқи рассомони Тоҷикистон Фонди бадеӣ фаъол аст, ки пойгоҳи моддию техникии он мебошад. Иттифоқи рассомони Тоҷикистон 230 узв дорад (2017). Аз онҳо 8 нафар Рассоми халқии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон, 3 нафар Корманди хизматнишондодаи маданияти Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон, 7 нафар барандаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат ва меъморӣ мебошанд. Намоишгоҳҳо Дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон Иттифоқи рассомони Тоҷикистон дар дохил ва хориҷи кишвар, аз ҷумла дар Русия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Олмон, Покистон, Швейтсария ва ғайра чандин намоишгоҳи асарҳои рассомони тоҷикро баргузор кардааст. Роҳбарон М. Хошмуҳаммадов (1941–1961). Х. Хушвақтов (1961–1982). С. Қурбонов (1982–2011). Ф. Хоҷаев (2012–2020). Н. Ҳамидова (аз соли 2020). --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 199–200.
Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон
Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон) ташкилоти ихтиёрии эҷодист, ки адибони Тоҷикистонро муттаҳид мекунад. То соли 1991 ҷузъи Иттифоқи нависандагони Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ буд. Баъди соҳибистиқлол шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон иттиҳодияи мустақил шуд ва ҳамзамон узви дастҷамъонаи Иттифоқи байналмилалии иттифоқҳои нависандагон гардид. Таъсис ва таърих Моҳи майи соли 1934 дар Анҷумани (съезди) 1-уми нависандагони Тоҷикистон чун қисми таркибии Иттифоқи нависандагони Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ ташкил шудааст. То таъсиси Иттифоқи нависандагони Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ аҳли адаби Русия дар ҷамъияти иттиҳодияҳои мухталиф (Ассотсиатсияи нависандагони пролетарии Русия, ЛЕФ, «Бародарон Серапионовҳо», «Перевал» ва ғайра) фаъолият доштанд, аммо дар минтақаҳои тоҷикнишини Осиёи Марказӣ ва дар Тоҷикистони навтаъсис адибони тоҷикзабон дар ҳайати ҷамъиятҳои парокандаи хурде чун «Ҷамъияти шоирон» (1922), «Ҷамъияти муҳаррирон» (1925), «Қалами сурх» (1930), «Сексияи нависандагони шӯроии тоҷик» (1930), ки аксар ҳукми маҳфилро доштанд, амал менамуданд. Соли 1931 дар пайравӣ ба Ассотсиатсияи нависандагони пролетарии Русия, «Ассотсиатсияи нависандагони пролетарии Тоҷикистон» (сарвараш Ғ. Ализода) таъсис ёфт. Ҳар кадоме аз гурӯҳу ҷамъият ва иттиҳодияҳо, бахусус дар Русия, мақсаду мароми эҷодӣ ва вазифаҳои мушаххаси адабии худро дошт, ки дар умум аз табиати ҳунари хос берун омада буд. Вале ҳизби коммунистро чӣ иттиҳодияҳои озодихоҳу гуногунандеш ва чӣ ҷонибдорони тундрави фарҳанги пролетарӣ (пролеткултчиён) қаноатманд карда наметавонистанд, зеро бисёр муҳим буд, ки ҳамаи иттиҳодия ва ҷамъиятҳои адабӣ дар мавқеи ғоявии ҳизби коммунистӣ ба ҳам омада бошанд. Бино бар ин, Кумитаи Марказии Ҳизби коммунистии (болшевикии) Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ 25 апрели 1925 барои дар як созмон ва мавқеи ягонаи идеологӣ – мафкураи коммунистӣ муттаҳид кардани иттиҳодияҳои адабӣ қарореро таҳти унвони «Дар бораи азнавсозии ташкилотҳои адабӣ-бадеӣ» қабул кард. 10 июни соли 1932 Кумитаи Марказии Ҳизби коммунистии (болшевикии) Тоҷикистон низ барои амалӣ кардани қарори мазкур таҳти унвони «Дар бораи бозсозии ташкилотҳои адабӣ-бадеӣ» қарор қабул карда, тадбирҳо андешид. Бо ин мақсад дар назди Кумитаи Марказии Ҳизби коммунистии (болшевикии) Тоҷикистон Бюро ва Кумитаи ташкилӣ созмон дода шуд, ки ба он дар аввал М. Расулӣ ва сипас С. Носиров (комиссари вақти маориф) сарварӣ кардаанд. Ба ҳайати он адибон С. Айнӣ, А. Лоҳутӣ, М. Расулӣ, С. Улуғзода, Т. Зеҳнӣ, Қ. Дайламӣ, М. Ҳасанӣ, М. Рустамова, Б. Азизӣ, М. Бурҳонов, Юртаев дохил мешуданд. Комиссия барои даъват ва баргузории Анҷумани (съезди) нависандагони Тоҷикистон гурӯҳи ташаббускор таъсис дод. Дар Анҷумани 1-уми нависандагони Тоҷикистон, ки 10–18 майи 1934 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, ташкил шудани Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон эълон гардид. Мақоми (органи) олии роҳбарии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Анҷумани (съезди) он буда, дар он Садорат интихоб шуд ва он аз ҳайати худ роҳбарият ва котиботро баргузид, ки тамоми корҳои ҷории ташкилӣ ва эҷодиро ба иҷро мерасонд. 19 майи 1934 ҷаласаи (пленуми) Садорати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон баргузор гардид, ки ҳайати котиботро иборат аз Носиров (раис), Ҳидиров, Дайламӣ, Расулӣ, Р. Ҳошимов (котиби масъул) интихоб намуд. Раисии комиссияи тафтишот ба уҳдаи Алӣ Хуш гузошта шуд. А. Лоҳутӣ, ки дар ҳайати котибот ҳузур надошт, аз рӯйи эҳтиром ба унвони раиси ифтихории Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шуд. Бо таъсиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, ба ғаразҳои мафкураи ҳизб нигоҳ накарда, қувваҳои адабии сатҳи гуногун – нависандагони маъруфи соҳибтаҷриба, ҳамчунин адибони ҷавон дар як ташкилот ҷамъ омаданд, ки мақсад назорати рушди кори эҷодии онҳо ва муҳайё кардани шароити муносиб ба онҳо буд. Солҳои 1935–1937 мудири бахши идеологии Кумитаи Марказии Ҳизби коммунистии (болшевикии) Тоҷикистон А. Мавлонбеков ва сипас раиси шаҳри Душанбе Н. Шанбезода (декабри 1937 – майи 1938; ҳарчанд бархилофи Ойиннома буд), раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон таъйин карда шуданд. Солҳои 1937–1938 теъдоди нависандагон кам шуда, ташкилоти адабӣ рӯ ба парокандагӣ ниҳод ва ҳатто бе сарвари расмӣ монд. Баъди ин ҳодисаҳо лозим омад ба ҷойи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Кумитаи ташкилии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон таъсис дода шавад, то иттиҳодия аз нав барқарор гардад. Ба ин Кумита чанд муддат А. Деҳотӣ (1938–1939) ва баъд М. Турсунзода (1940–1944) сарварӣ карданд. Соли 1944 Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аз нав барқарор ва дар маҷлиси Садорат С. Улуғзода раиси он интихоб шуд. Соли 1946 М. Турсунзода раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон интихоб гардид, ки то охири умр (1977) дар ин вазифа буд. Дар ин солҳо Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон на танҳо ба масъалаҳои эҷодӣ раҳбарӣ мекард, балки дар корҳои илмию фарҳангӣ низ иштироки фаъол дошт. Дар ҳамин давра бо ташаббуси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маҷмӯаи дастҷамъонаи «Намунаҳои адабиёти тоҷик» (1940) мураттаб гардида, ба табъ расид. Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ташаббускори омодагӣ ба ҷашни адибоне чун Камоли Хуҷандӣ ва Абдулқодири Бедил, таълифи таҳқиқот дар бораи онҳо, оғози навиштани таърихи адабиёти даврони шӯравӣ буд. Ҳамин тавр, пас аз 13 соли анҷумани аввал соли 1947 анҷумани 2-уми Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон даъват карда шуд. То ба имрӯз бо баъзе истисноҳо дар ҳар панҷ сол Анҷумани (съезди) Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон баргузор мегардад, ки дар он натиҷаҳои кори Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, вазъи ҷараёни адабӣ ва дастоварду нуқсҳои он мавриди муҳокима қарор гирифта, вазифаҳои ояндаи иттиҳодия муайян карда мешаванд. Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ташкилотест, ки ба ташаккул, ҳамбастагӣ, тарбия, дастгирии қувваҳои нави эҷодии ҷумҳурӣ мусоидат карда, ҳимоятгари ҳуқуқи аҳли эҷод буда, ба беҳтар кардани шароити зиндагии онҳо мусоидат мекунад. Дар назди Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аз оғоз бахшҳои шӯрои насру назм, драматургия, очерк ва публитсистика, нақди адабӣ, тарҷумаи бадеӣ, робитаҳои адабӣ ва шӯрои адабиёти бачагон фаъолият доранд, ки мақсади онҳо рушди ин навъҳои адабӣ, тарбияи аҳли адаб, баланд бардоштани савияи ғоявӣ-бадеии осори адабӣ ва тарбияи адибони ҷавон мебошад. Рушди адабиёт дар солҳои аввал Аз ибтидои таъсис Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба рушди адабиёти нав мусоидат намуд. Дар солҳои 30-уми асри 20 устодони каломи бадеъ С. Айнӣ ва А. Лоҳутӣ аз пешгомони раванди адабӣ буданд. Шоирону нависандагон Ҷ. Икромӣ, М. Турсунзода, С. Улуғзода, М. Миршакар, А. Деҳотӣ, Ҳ. Юсуфӣ, Р. Ҷалил, Алӣ Хуш, Ҳ. Карим, Ғ. Абдулло ва дигарон, ки бештарашон аз «насли комсомол» буданд, ба майдони адабиёт ворид шуданд. Навъҳои тозаи адабӣ ба адабиёт роҳ ёфтанд, қолибҳои нави эҷодӣ ва драматургияи миллӣ ташаккул ёфт. Дар романи «Ғуломон» ва «Марги судхӯр»-и С. Айнӣ, шеъру достонҳо ва насру драмаҳои А. Лоҳутӣ, Пайрав, Ҳ. Юсуфӣ, Икромӣ, Р. Ҷалил, С. Улуғзода ва дигар намояндагони аҳли адаб муҳимтарин хусусиятҳои марҳалаи ибтидоии адабиёти нави тоҷикӣ инъикос ёфтаанд. Давраи ҷанг ва солҳои баъди ҷанг Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941–1945) Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон адибонро барои кори мубориза ба муқобили душман – фашистони олмонӣ сафарбар намуд. Аҳли адаб асарҳои ватандӯстона эҷод карда, мардумро ба муборизаи зидди мутаҷовизини фашист ва заҳмати фидокорона дар ақибгоҳ даъват мекарданд. Дар ин солҳо С. Айнӣ, А. Лоҳутӣ, М. Турсунзода, А. Деҳотӣ, Ҷ. Икромӣ, С. Улуғзода, Б. Раҳимзода ва дигарон осори дархӯри замон офариданд. Аксар аз аҳли адаб ихтиёрӣ ба ҷанг рафтанд ва аз байни онҳо: Ҳ. Карим, Ҳ. Юсуфӣ, А. Пирмуҳаммадзода, Л. Бузургзода дар сангарҳои ҷанг қаҳрамонона шаҳид шуданд. Солҳои ҷанг ба тағйири тафаккури адабӣ, таҳкими ҷанбаи миллӣ ва навоварӣ дар шакли адабӣ замина гузошт. Дар замони баъди ҷанг ба ҷуз аз мавзӯъҳои азнавсозии кишвар, яке аз самтҳои асосии фаъолияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон кӯшиши таҳкими дӯстиву бародарӣ, дастгирии мардумони истисморшудаи Осиё ва Африқо дар муборизаи онҳо барои озодӣ ва истиқлол ба шумор мерафт. Асарҳои М. Турсунзода, бахусус силсилаи шеърҳои «Қиссаи Ҳиндустон» ва «Ман аз Шарқи озод» аз ҳайси муҳтаво ва шакл намунаи ин ибтикорот буданд. Дар осори насрии ин замон «Ёддоштҳо» ва повести «Марги судхӯр» (таҳрири нав)-и С. Айнӣ, «Одамони ҷовид»-и Р. Ҷалил, «Вафо»-и Ф. Ниёзӣ ва ғайра намунаи беҳтарин дониста шуданд. Дар охири солҳои 40-уми асри 20 шоирону нависандагони ҷавон П. Толис, А. Шукӯҳӣ, А. Баҳорӣ, М. Фарҳат, Б. Ҳоҷӣ, Ф. Муҳаммадиев, Ф. Мирзо, Ф. Ансорӣ ва дигарон бо диди тозаи адабӣ ба сафи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ворид шуданд. Таҳаввули наср Аз нимаи солҳои 50-уми асри 20 дар фаъолияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон марҳалаи тозае оғоз гардид, ки он мушаххасбаёнӣ буд. Даст кашидан аз умумгӯии номатлуб, афзудани фаъолияти иҷтимоии нависандагон ва дахолати ҷасуронаи онҳо ба ҳаёти воқеии ҷомеа, рӯ овардан ба насри андеша ва шеъри иҷтимоию фалсафӣ бархилофи баёни публитсистии хушк аз хусусиятҳои асосии иттиҳодия ба шумор мерафт. Ба туфайли романи Ҷ. Икромӣ «Ман гунаҳкорам» таҳлили амиқи масъалаҳои муҳимми ахлоқию равонии маънавиёти ҳамзамонон оғоз ёфта, чунин тарзи таҳқиқи бадеӣ баъдан дар қиссаҳои П. Толис «Тобистон», Ҷ. Одина «Авроқи рангин» ва «Иншо дар мавзуи озод» идома пайдо кард. Ф. Муҳаммадиев аввал дар қиссаҳои «Одамони кӯҳна» ва «Дар он дунё», баъдтар дар романи «Палатаи кунҷакӣ» таҳқиқи бадеиро хеле вусъат бахшида, пояҳои тасвири воқеъгаро ва фалсафию иҷтимоиро тақвият дод. Дар мавзуъҳои таърихӣ, тасвири кору зиндагии ҳамзамонон дар навъҳои гуногуни адабӣ асарҳои ҷолибе эҷод шуданд. Аз асарҳои нисбатан муҳимми ин давра шеъру достонҳои М. Турсунзода «Ҳасани арабакаш», «Садои Осиё», «Чароғи абадӣ», «Ҷони ширин», осори С. Улуғзода дар бораи Рӯдакӣ, Абуалӣ ибни Сино, романҳои таърихии ӯ «Восеъ», «Фирдавсӣ», қиссаи «Ривояти суғдӣ», романи сегонаи Ҷ. Икромӣ «Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро», романи Р. Ҷалил «Шӯроб», ҷангномаҳои Ф. Ниёзӣ, асарҳои Р. Ҳодизода дар бораи Аҳмади Дониш («Ситорае дар тирашаб»), достонҳои Муъмин Қаноат, ашъори Лоиқ, Ҳ. Файзулло, Гулназар, Гулрухсор, Ш. Ёдгорӣ, Қ. Киром, М. Шералӣ, Ғ. Сафарзода, С. Маъмур, К. Насрулло, Р. Назрӣ, Фарзона, С. Айюбӣ, М. Ғоиб, Ҳ. Ғоиб, А. Атоӣ, Н. Қосим ва дигарон ба ҳисоб мераванд. Кашфи олами ботинии қаҳрамонҳо, рӯҳияи онҳо ва дигар ҷараёнҳои услубӣ ба асарҳои мансури Ҷ. Икромӣ, П. Толис, Ф. Муҳаммадиев, Ю. Акобиров, Ӯ. Кӯҳзод, А. Самад, Сорбон, Ҷ. Одина, М. Наҷмиддинов, М. Бахтӣ, К. Мирзоев, С. Турсун, Ҷ. Акобиров, Баҳманёр, Ш. Ҳаниф ва дигарон хос мебошад. Масъалаҳои ахлоқи ҷомеа ва шахс, маънавиёти мардум, муносибати инсон ба муҳити зиндагӣ дар насри солҳои 70–80-уми асри 20-и тоҷик бо роҳу василаҳои гуногуни таҳқиқи бадеӣ зуҳур карданд. М. Хоҷаев (Хоҷазод), С. Турсун, Ӯ. Кӯҳзод, М. Бахтӣ, Сорбон, Ю. Акобиров, Б. Фирӯз, А. Самад, А. Истад, М. Бобоҷон, Муаззама, М. Солеҳ, С. Р. Афардӣ, Баҳманёр ва дигарон қиссаву ҳикояҳо офариданд, ки насри тоҷикро аз ҷиҳати мавзуъ ва сабк ғанӣ гардонданд. Баъзе аз нависандагон дар тасвири воқеаҳои муосир сарнавишти таърихии мардумро дар ҷойи аввал гузоштанд. Асарҳои М. Хоҷаев – «Нанг ва номус», С. Турсун – «Се рӯзи як баҳор», М. Бахтӣ – «Хубон», роману қиссаҳои Ӯ. Кӯҳзод – «Ҳам кӯҳи баланд, ҳам шаҳри азим», «Як рӯзи дароз, рӯзи бисёр дароз», А. Самадов – «Парончакҳо» ва ғайра аз ҳамин қабил осоранд. Назм ва достон Таҳқиқи бадеии масъалаҳои зиндагӣ дар шеъри тоҷикии ин давра низ вусъати бештар пайдо кард. Достоннависӣ ба самти тақвияти пояҳои воқеӣ (реалистӣ) рӯ овард, ки чунин ҷараён аз достони «Ҳасани арабакаш»-и М. Турсунзода шурӯъ шуда, дар «Асрор» ва «Тоҷи давлат»-и Ғ. Мирзо, «Кӯчабоғи ошиқон»-и А. Шукӯҳӣ, «Дашти Лаванд»-и М. Миршакар хеле қувват гирифт. Ҳамчунин таълифи достонҳои лирикӣ ва лирикии фалсафӣ, вале саршор аз андешаҳо ва драматизми шадид инкишофи бештар пайдо карда, барои падид овардани моҳияти замонҳову шахсиятҳо, дарки иҷтимоию фалсафии таърих, муносибати инсону ҷомеа имкон доданд. Достонҳои М. Турсунзода – «Чароғи абадӣ» ва «Ҷони ширин», Ғ. Мирзо – «Тоҷи давлат», «366 паҳлу», М. Қаноат – «Достони оташ», «Тоҷикистон – исми ман», «Суруши Сталинград», «Гаҳвораи Сино», А. Қаҳҳорӣ – «Шаби пеш аз марг», Қ. Киром – «Аввалин дидор», Гулрухсор – «Мотами сафед» аз лиҳози мавзуъ, услуб ва хусусиятҳои жанрӣ аз якдигар тафовут дошта бошанд ҳам, аз нигоҳи драматизми тасвири инсон дар шароиту ҳолатҳои гуногун, гузоришу ҳалли масъалаҳои пуртазодди муносибати инсону ҷомеа ваҷҳи иштирок дошта, дар пешбурди жанри достон ва умуман, назми муосири тоҷик нақши намоён гузоштанд. Аз нимаи дувуми солҳои 50-уми асри 20 дар шеъри тоҷик тағйироти ҷиддии зебоишинохтӣ (эстетикӣ) ва ғоявӣ рух дода, сохтмони жанрию услубии он нав гардид. М. Қаноат ва Ғ. Мирзо ба тозагию навҷӯиҳо пардохтанд, ки баъдтар М. Шералӣ, Қ. Киром, Лоиқ, Бозор Собир, Гулназар, Гулрухсор, Ҳ. Файзулло, С. Маъмур, К. Насрулло, Ҳ. Ғоиб, А. Бобоҷон, А. Ҳаким, С. Шоҳзода, Р. Назрӣ, Ҳ. Мурод, М. Ғоиб, Н. Қосим, Ш. Бунёд, С. Айюбӣ, С. Ҳалимшо, Тулқин Хоҷа, З. Атоӣ, Фарзона, Сиёвуш, Р. Ваҳҳоб, А. Мирҳоҷа, Д. Наҷот, Озарахш, Р. Мубориз, М. Файзалӣ, С. Хатлонӣ, М. Аҷамӣ, А. Муродӣ ва дигарон онро идома ва такмил доданд. Шеъри нав ва воқеъгаро, ки дунёи равонии қаҳрамонро бештару хубтар ифода мекунад, шакл гирифт ва ҷанбаи ҳунариаш таҳким ёфт. Драматургия Дар инкишофи жанру навъҳои адабӣ, аз ҷумла драматургия низ Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон саҳм гирифтааст. Намоишномаҳои А. Усмонов – «Мубориза», С. Саидмуродов – «Раъно», Ғ. Абдулло «Вахш», С. Улуғзода – «Шодмон» ва «Калтакдорони сурх», Ҷ. Икромӣ – «Душман», ки воқеияти солҳои 30-уми асри 20-ро бо рангомезиҳои романтикию реалистӣ тасвир кардаанд, ба ин навъи адабӣ асос гузоштанд. Дар бораи шӯриши Восеъ асарҳои саҳнавӣ навишта шуданд (А. Фитрат, М. Турсунзода, А. Деҳотӣ) ва дар заминаи достонҳои «Шоҳнома» асарҳои драмавии А. Пирмуҳаммадзода ва В. Волкенштейн «Рустаму Сӯҳроб», А. Лоҳутӣ «Коваи оҳангар», дар асоси достони «Хусраву Ширин»-и Низомӣ драмаи ҳамноми М. Турсунзода ва А. Деҳотӣ эҷод шуданд. Дар замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941–1945) драматургияи тоҷик воқеияти майдони ҷангу ақибгоҳ (Ҷ. Икромӣ ва А. Файко «Дили модар», «Хонаи Надир», С. Улуғзода «Дар оташ») ва воқеаҳои таърихии афсонавӣ («Тоҳир ва Зӯҳро»-и Турсунзода, «Тахмоси Хуҷандӣ»-и А. Муҳаммадҷонов ва С. Саидмуродов)-ро фаро гирифт. Солҳои баъди ҷанг драматургияи тоҷик хеле рушд кард. Асарҳои драмавии Ф. Ансорӣ – «Ҳаёт ва ишқ», «Имтиҳон», «Ҳукми модар», «Як либос атлас», «Модар нигарон аст», М. Миршакар – «Фоҷиаи Усмонов» (таҳрири дувум – «Шаҳри ман»), Ғ. Абдулло – «Суруди куҳсор», Ҷ. Икромӣ «Хор дар гулистон», А. Сидқӣ – «Иродаи зан», Гулрухсор «Ғори ачинаҳо», Мавҷуда – «Зистан мехоҳам» ва дигарон ба тасвири ҷустуҷӯҳои ҷиддии ахлоқию маънавии ҳамзамонон бахшида шуданд. Мавзуи ахлоқи иҷтимоӣ ва муаммои шахсу мавқеи ӯ дар ҷомеа дар асарҳои Н. Табар – «Дар чорсӯ», М. Бахтӣ – «Захми забон», «Эҳ, ҷавонӣ, ҷавонӣ...», С. Сафар – «Уқоб» тасвир шуда, бисёр аз нақси ҷамъиятро интиқод ва фош карданд. Таҳқиқи мавзуи таърихӣ дар фаъолияти С. Улуғзода вусъати тоза ёфт. Дар драмаҳои «Рӯдакӣ», «Темурмалик», «Алломаи Адҳам ва дигарон», «Шифокори бузург»-и ӯ образҳои пургунҷоишу мушаххаси таърихӣ офарида шуданд, ки дунёи маънавии мардумро таҷассум кардаанд. Адабиёти кӯдакон Дар шаклгирӣ ва таҳаввули адабиёти кӯдакон низ Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон саҳми муассир гузоштааст. Пояҳои нахустини адабиёт барои кӯдаконро солҳои 20–30-юми асри 20 С. Айнӣ, А. Лоҳутӣ, П. Сулаймонӣ, М. Миршакар, А. Деҳотӣ гузоштанд, ки дар асоси ба ҳам омехтани суннатҳои адабиёти хаттӣ ва шифоҳии тоҷикон ва таҷрибаи адабиёти рус бунёд ёфта буд. Бисёр аз аҳли адаб ба таълифи осор барои кӯдакон машғул шуданд, аммо аз ин миён Ғ. Сулаймонова, У. Раҷаб, А. Шарифӣ, Н. Бақозода, Ҷ. Ҳошимӣ аз адибони ҳирфаии адабиёти кӯдакон ба ҳисоб мераванд. Тарҷума ва робитаҳои адабӣ Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аз оғози фаъолият барои ба забони тоҷикӣ тарҷума кардани намунаҳо аз осори адибони хориҷӣ, асарҳои классикони ҷаҳон, хосса нависандагони рус кӯшиш ба харҷ дод ва намунаи аввалини он қарор дар бораи ба забони тоҷикӣ баргардонидани осори М. Горкий буд. Ин анъана то ҳол давом дорад ва дар муддати ин солҳо бисёр асарҳои классикони русу ҷаҳон ба тоҷикӣ тарҷума шуданд, ки ин ба рушди адабиёти тоҷик мусоидат кард. Қариб аксари адибони тоҷик ба тарҷума машғул шудаанд, вале дар байни онҳо саҳми баъзе нависандагон, бахусус тарҷумонҳои касбӣ мисли Р. Ҳошим, С. Улуғзода, Ҳ. Ахрорӣ, Э. Муллоқандов, Ш. Шараф, Ш. Собир, Анора, А. Адҳам, Ҷ. Азизқулов, Ҳ. Раҳмат, А. Зокир, А. Абдуҷаббор, А. Насимов ва дигарон назаррас аст. Дар ин замина робитаи байналмилалии адабиёти тоҷик ба роҳ монда шуд, ки самараҳои хуб ба даст дод. Адабиётшиносӣ ва нақди адабӣ Бо роҳбарии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон танқиди адабӣ ва адабиётшиносӣ ташаккул ёфт. Дар ин самт С. Айнӣ, С. Улуғзода, А. Мирзоев, Ш. Ҳусейнзода, Н. Маъсумӣ, Х. Мирзозода, М. Шакурӣ (Шукуров), Р. Амонов, С. Табаров, Р. Ҳодизода, А. Афсахзод, А. Раҳмонов, А. Сайфуллоев, Худоӣ Шарифзода, А. Маниёзов, А. Сатторзода, Х. Отахонова, Ҷ. Бобокалонова, А. Набавӣ (Набиев), А. Ҳаким, Ҷ. Бақозода, М. Муллоаҳмадов, Ю. Акбарзод, А. Абдусаттор, А. Абдуманонов, А. Кӯчаров, М. Мирзоюнус, Н. Файзуллоев, Ш. Раҳмонов ва дигарон ба комёбиҳои назаррас ноил шуданд. Давраи истиқлол Дар замони соҳибистиқлол шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон (9 сентябри соли 1991) ва ташкили давлати мустақили тоҷикон Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба марҳалаи тозаи таърихӣ ворид гардид. Иттиҳодия ба ташкилоти мухтор табдил ёфт ва вазифаи он ташкил кардани иттиҳодияи адабие буд, ки бар манфиатҳои давлати мустақили Тоҷикистон асос ёфта бошад. Дар ин давра масъалаҳои ҳунару адабиёт ба ҷузъи сиёсати фарҳангии давлат табдил ёфтанд ва адабиёт низ ба марҳалаи нави сиёсию идеологӣ ворид шуд. Адабиёти ин давра дар заминаи чунин омилҳои муассир рӯ ба рушд ниҳод. Дар осори ин давра истиқлол ва моҳияти сиёсию иҷтимоии он дар саодати миллӣ, тавсифу тамҷиди он, оқибатҳои ҷанги шаҳрвандӣ, зиндагӣ ва кору созандагиҳои мардуми тоҷик дар ҳудуди наздик ба 30 соли истиқлол, бунёди давлати миллии тоҷикон, ваҳдати миллӣ, тасвири таърихии дуру наздик, бознигарӣ ба ҳодисаҳои 70 соли замони шӯравӣ бештар тасвир шудаанд. Имкон фароҳам омад, ки меъёрҳои муайянкунандаи сифати асари адабӣ на танҳо муҳим будани муҳтаво ва мундариҷа, балки кайфияти ҳунарии он маҳсуб шаванд. Ба ин маънӣ, дар мундариҷа, муҳтаво, дарунмоя ва шаклу сабки адабиёт ва шохаҳои он — назму наср, драманависӣ, адабиёти кӯдак, тарҷумаи адабӣ ва адабиётшиносию нақди адабӣ дигаргуниҳои муҳим ба амал омаданд. Дар замони истиқлол нахуст дар мавзӯъҳои доғи рӯз осори адабӣ ба вуҷуд омаданд, ки дар онҳо мазаммати ҷанги шаҳрвандӣ, даъват ба сулҳу ваҳдат, тавсифи истиқлол ва корномаю созандагии мардуми тоҷик барои рушди Тоҷикистон, расидан ба бартарияҳои иқтисодию сиёсии кишвар ва талошу заҳматҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бунёд, таҳким, баҳамоии миллат ва рушди давлати Тоҷикистон мавриди тасвир қарор гирифтаанд. Бо тақозои замон таваҷҷуҳ ба гузашта, таърих ва шахсиятҳои машҳури таърихӣ низ бештар гардид. Ин масъала чӣ дар наср, чӣ дар назм ва чӣ дар драманависӣ дар асарҳои Н. Табар, Сорбон, Ӯ. Кӯҳзод, Б. Абдураҳмон, А. Ҳамдам ва Л. Чигрин, М. Солеҳ, А. Сидқӣ, Р. Ёрмуҳаммад, Ю. Аҳмадзода, Мирзонасриддин, М. Қаноат, Лоиқ, Бозор, Гулрухсор, Н. Қосим, Фарзона, Гулназар, К. Насрулло, М. Ғоиб, Ҳ. Ғоиб, М. Бахтӣ, С. Айюбӣ ва дигарон равшан ба мушоҳида мерасад ва аз тамоюлҳои хосси адабиёти имрӯз ба шумор меравад. Равишҳои дигар иборат аз он аст, ки дар насру шеъри тоҷикӣ тамоюлҳои тоза — насри зеҳнгарое чун нигориши сюрреалистӣ ва воқеъгароии муъҷаз (Баҳманёр, С. Раҳимзод, М. Солеҳ, Ю. Юсуфӣ, Қ. Рустам, Т. Муҳаммадризо), шеъри сафед ва мансур (Доро Наҷот, Фарзона, Гулназар, З. Абдулло, А. Суруш, Сиёвуш, Озар) шакл гирифт. Ҳамин гуна тағйироти сифатӣ дар адабиёти кӯдак ва адабиётшиносию нақди адабӣ низ ба чашм мерасад. Ҳамин тавр, дар фаъолияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон марҳалаи тоза ва масъулияти бузурге барои эҷоди адабиёти асили миллӣ ба вуҷуд омадааст. Нашрияҳо ва сохтор Маҷаллаҳои «Садои Шарқ» (нашрияи миллии адабӣ), «Памир» (ба забони русӣ нашр мешавад), ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» нашрияҳои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошанд. Дар назди Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Хазинаи адабиёт ва Идораи тарғиби адабиёт мавҷуданд, ҳамчунин шӯроҳои наср, назм, драматургия, очерк ва публитсистика, нақди адабӣ, тарҷумаи бадеӣ, робитаҳои адабӣ ва адабиёти кӯдак фаъолият доранд. Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аҳли қалами миллатҳои гуногун (ӯзбекзабон ва русзабон)-ро низ, ки дар Тоҷикистон кору эҷод мекунанд, муттаҳид кардааст. Ҷоизаҳо Бо мақсади ривоҷу равнақи бахши адабиёти бадеӣ ва ташвиқи адибон барои бештару беҳтар инъикос намудани арзишҳои миллӣ ва умумибашарии маънавию фарҳангӣ, ифтихори миллӣ ва ғояҳои ватандӯстӣ дар бораи таъсиси «Ҷоизаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон», 23 ноябри соли 2004 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон ба тасвиб расид. Мутобиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ду ҷоиза ба номи Садриддин Айнӣ ва ду ҷоиза ба номи Мирзо Турсунзода дар соҳаи адабиёт, таҳқиқ ва тарҷумаи осори бадеӣ муқаррар карда шудааст. Пардохти ҷоизаҳо ба Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба маблағи мутаносиб бо 1 000 (як ҳазор) доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои ҳар як ҷоиза дар ду сол як бор аз ҳисоби фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардонида мешавад. Шуъбаҳо ва роҳбарон Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Суғд, Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Ваҳдат, Ҳисор, Исфара ва ғайра шуъбаҳои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон фаъолият мекунанд. Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон 421 нафар аъзо дорад. Дар давоми фаъолияти Иттиҳодия (солҳои 1934–2020) 16 анҷуман баргузор гардидааст. Сарварони Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон: С. Носиров (1934–1935), А. Мавлонбеков (1935–1937), Н. Шанбезода (1937–1938), С. Улуғзода (1944–1946), М. Турсунзода (1946–1977), М. Қаноат (1977–1991), А. Ҳаким (1991–2003), М. Бахтӣ (2003–2015). Аз соли 2015 раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим мебошад. Адабиёт Набавӣ А. Таърихи ташаккули Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон. Душанбе, 2004. Адибони Тоҷикистон. Душанбе, 2014. Душанбе. Энциклопедия. Душанбе, 2016. Имомзода М. С., Кӯчарзода А., Абдуллозода М. А., Табарӣ М. Адабиёти тоҷик дар замони истиқлолият. Душанбе, 2020. А. Набавӣ. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 196–199.




