Ҳайтолиён
Ҳайтолиён иттиҳодияи бузурги сиёсӣ (асрҳои 4–6) буданд, ки ба ҳайати он Тахористон, Чағониён, Самарқанд, Кеш, Насаф, Бухоро, Фарғона, Турфон, Хутан ва Қошғар, Кобулистон, Зобулистон, Буст ва Гандҳара дохил мешуданд. Баъзе донишмандон хостгоҳи Ҳайтолиёнро ба минтақаҳои таърихии Олтой, Турфон, Бадахшон, Фарғона, мулкҳои поёнии Сирдарё, назди баҳри Арал ва ғайра нисбат медиҳанд. Аз Бадахшон баромадани онҳо ба ҳақиқат наздиктар аст, зеро ин минтақа як ҷузъи асосии Тахористон (аввалин мулки забткардаи Ҳайтолиён) буд. Дар маъхазҳои хитойӣ – Бэйши аз пойтахти Ҳайтолиён бо номи Бадиан (Бадахшон) ёд мешавад. Ҳоло дар Бадахшони Афғонистон вулусволии Яфтал вуҷуд дорад.
Ҳайтолиён мардуми эронитабори муқимӣ буданд, вале эҳтимол баъзе қабилаҳои бодиянишини турктабор низ ба ҳайати иттиҳодияи сиёсии онҳо дохил мешуданд. Мувофиқи манобеи хитойӣ забони Ҳайтолиён аз туркӣ ва муғулӣ фарқ дошт. Асноди марбути Ҳайтолиён дар Туркистони Шарқӣ бо забони эронии шарқӣ навишта шудаанд. Тибқи нигоштаи сайёҳи чинии Сюан-Сзян, алифбои ҳайтолӣ аз 25 ҳарф иборат буд ва онҳо аз чап ба рост менавиштанд. Сиккаҳои ҳайтолӣ навиштаҷоти бохтарӣ доранд. Номи шоҳони ҳайтолӣ эронӣ аст – Ахшунвар, Торамана, Михиракула, Готифар, Варз. Ба андешаи муаррихи византиягӣ П. Кесарӣ Ҳайтолиён сафедпӯст буда, мисли гуннҳо баднамо ва ваҳшӣ набудаанд. Дар сиккаҳо шоҳони ҳайтолӣ пурра симои ориёӣ ва аврупоӣ (рӯи барҷаста, бинии баланд, чашмони калони бодомшакл) доранд.
Густариши давлат ва ҷангҳо
Аз солҳои 450 қудрати ҳарбӣ-сиёсии Ҳайтолиён дар Осиёи Марказӣ устувор шуда, онҳо ду бор (455–457; 457–459) ба Хитой сафорат фиристоданд. Солҳои 453–454 Яздигирди II хост ба Ҳайтолиён зарба занад, аммо онҳо пешдастӣ карда, чанд мулки Эронро тороҷ намуданд. Ба қавли Балъамӣ, соли 457 Пирӯз барои ба даст овардани тахти Эрон аз шоҳи Ҳайтолиён Хушнавоз ёрӣ хост. Дар ин давра ҷуғрофияи таърихии давлати Ҳайтолиён васеъ шуда, мулкҳои Ғарҷистон, Тахористон, Балх ва Бадахшон, Хутталон, Вашгирд, Чағониён, Тирмиз ва Бухоро дар ихтиёри онҳо қарор доштанд.
Пирӯз (ҳукумат 459–484) дар шароити пурзӯршавии қудрати Ҳайтолиён барои таъмини амният дар сарҳадҳои шарқии давлати Сосониён кӯшиш карда, бар зидди онҳо се бор лашкар кашид. Ӯ дар набардҳои якуму дувум (470, 475) ба асорат афтода, бо пардохти товони ҷанг озод шуд.
Бори сеюм соли 484 бар зидди Ҳайтолиён лашкар кашида, ҳамроҳи баъзе сипоҳиён ва фарзандонаш ба ҳалокат расид. Баъди ин шикаст Сосониён боҷсупори Ҳайтолиён шуданд. Ҳамзамон бо ин ғолибият роҳи Ҳайтолиён дар ҷануб ба Ҳиндустон ва дар шимол ба Мовароуннаҳру Туркистони Шарқӣ кушода шуд. Дар ин давра мулкҳои Суғд (467–470 ё 480), Урумчӣ (490–497), Қарашаҳр (497–509), Хутан, Қошғар ва Гандҳара (560) ба ихтиёри Ҳайтолиён гузаштанд.
Дар замони Торамана (490–515) Синд, Роҷистан, водии Ҷамна ва Ганг ба ҳайати қаламрави Ҳайтолиён ворид шуданд. Дар замони вориси Торамана Михиркул (515–544) ҳиндуҳо бо сабаби афзоиши таъқиби буддоиён бар зидди Ҳайтолиён исён бардоштанд. Ниҳоят Михиркул дар набарди зидди шоҳи Малва – Яшодҳарман (515–545) шикаст хӯрда (528), ба ҳукумати Кашмир қаноат кард. Қубод (488–531) бо пуштибонии Ҳайтолиён ба сари қудрат омада, бо яке аз шоҳдухтарони ҳайтолӣ хонадор шуд. Солҳои 502–506 Ҳайтолиён дар иттиҳод бо Сосониён бар зидди Рум мубориза бурда, дар муҳосираи шаҳрҳои Эдесса ва Ҳаррон иштирок доштанд.
Мубориза бо Сосониён ва туркҳо
Баъди ислоҳоти Хусрави Анушервон (531–579) Сосониён аз боҷсупорӣ ба Ҳайтолиён саркашӣ карда, бо хоқони турк наздик шуданд. Дар замони Готифар тохтутози Сосониён ва туркҳо аз ду ҷониб ба Осиёи Миёна сар шуда, мулкҳои ҳиндустонии Ҳайтолиён аз даст рафтанд. Аввалан хоқони турк Истеми ташаббуси муборизаро бар зидди Готифар ба даст гирифта, бо мақсади ҷалби Хусрави Анушервон ба муборизаи зидди Ҳайтолиён, корвонеро ба дарбори Сосониён фиристод. Соли 560 дар байни Истеми ва Хусрави Анушервон созишномаи муборизаи муштарак бар зидди Ҳайтолиён ба имзо расида, аввалан сипоҳи хоқони турк аз самти Чоч ба марзи Ҳайтолиён ҳуҷум намуд. Дар ин давра мулкҳои Тахористон, Зобулистон, Чағониён ба ихтиёри Сосониён, Чоч, Фарғона, Самарқанд, Кеш ва Насаф ба ихтиёри Хоқонати турк гузаштанд. Готифар баъди огоҳӣ аз қасди тохтутози хоқони турк, аз мулкҳои қаламрави хеш лашкари бисёр ҷамъ оварда, дар Бухоро ба рақиби Ҳайтолиён рӯ ба рӯ шуд. Муҳорибаи байни Ҳайтолиён ва хоқони туркҳо дар назди теппаҳои Насаф ҳафт рӯз идома ёфта, бо шикасти Готифар анҷомид. Ба қавли як гурӯҳ таърихнигорон (Э. Шаванн, А. М. Манделштам, Р. Фрай, Л. Гумилёв, Ғ. Ғоибов), муборизаи байни Готифар ва хоқони турк байни солҳои 560–568 ва ба қавли дигар муҳаққиқон баъди бастани шартномаи сулҳи байни Рум ва Сосониён (562) ба амал омадааст. Готифар баъди шикаст хост дубора лашкар ҷамъ оварда, муборизаро идома диҳад, вале ба мухолифати дарбориён рӯбарӯ гашт. Ниҳоят ӯро аз тахт барканор карда, ба ҷояш Фиғонишро подшоҳ таъйин карданд. Фиғониш ба Сосониён таслим шуда, ҳокимияти онҳоро эътироф кард. Ин шикаст барои мардуми эронитабор ба таври фоҷиавӣ хотима ёфт ва роҳи туркон ба Осиёи Миёна кушода шуд.
Идоракунӣ ва ҷомеа
Ҳайтолиён давлати мутамарказ надоштанд ва мулкҳои тобеи онҳо ниммустақил буданд. Пойтахти Ҳайтолиён аввал Бадахшон ва баъдан Ланши буд. Ба андешаи П. Кесарӣ, шоҳони ҳайтолӣ дар муносибат бо ҳамсояҳо монанди форсҳо ва румиҳо адолатро риоя мекарданд. Дар иттиҳодияи Ҳайтолиён тартиби муайяни таъйин кардани валиаҳд вуҷуд надошт. Шоҳ аз миёни ашхоси лаёқатманди ҳайтолӣ интихоб мешуд. Артиши Ҳайтолиён асосан аз саворагон иборат буд. Ҳайтолиён дар пайравӣ ба Сосониён сиккаи нуқрагин мебароварданд. Дар рӯи онҳо нимрухи шоҳ бо тоҷ ва дар пушташон оташдони зардуштӣ тасвир шудааст. Номи шоҳони яфталӣ дар сиккаҳо бо забони бохтарӣ ва баъзан бо ҳиндӣ навишта мешуд. Сиккаҳои мисӣ тарҳи маҳаллӣ доштанд. Ҷамъият аз табақаҳо иборат буд. Сарватмандонро дар сагонаҳои сангӣ дафн мекарданд.
Эътиқод
Ҳайтолиён оташ ва офтобро муқаддас медонистанд. Баъди забт кардани мулкҳои шимолии Ҳинд дар байни онҳо пайравони дини буддоӣ, дар Осиёи Миёна ва Туркистони Шарқӣ насрониён пайдо шуданд.
Д. Давудӣ.
Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 214–215.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




