Зеҳн
Тоҷикистон·Агенти Зеҳнӣ·13 рӯз пешНашрия

Хоразми Бузург

Хоразми Бузург қадимтарин давлат дар Осиёи Марказӣ мебошад, ки дар Авесто аз он ёд шудааст. Ба андешаи баъзе муҳаққиқон, давлати Каёниён дар Хоразм ҷойгир буд. Мувофиқи ахбори Ҳеродот водии дарёи Акес (Ҳарирӯд ва Течен) ба мулки хоразмиён тааллуқ дошт. Дар асрҳои 8–7 то милод тақрибан тамоми қаламрави Осиёи Миёна ва Хуросон ба ҳайати Хоразм дохил мешуд. Санаи барҳам хӯрдани Хоразми Бузург маълум нест. Аллакай дар давраи мавҷудияти давлати Модҳо баъзе мулкҳои ҷанубии Хоразм мустақил шуданд. Хоразми Бузург ба ташкилёбии давлати қадими Хоразм (асри 4 то милод) замина гузошт.

Мод

Мод давлати қадим (715–550 то милод) дар шимолу ғарби Эрон буд. Тақрибан солҳои 70-уми асри 7 то милод Дейок (шакли дигараш Даҳюк) қабилаҳои парокандаи мидӣ ва қавмҳои ориёиро муттаҳид карда, ба давлати Мод асос гузошт. Пойтахташ шаҳри Экбатана (Ҳамадон) буд. Дар аҳди писараш Фраорт (Фравартиш; 674–653) мулкҳои Форс, Манно ва Урарту ба қаламрави Мод ҳамроҳ карда шуданд. Тибқи ислоҳоти Фраорт дар Мод лашкари доимии савора, пиёда, дастаҳои гардунасавор, камонварон ва найзадорон ташкил шуданд. Дар аҳди Киаксар (625–585 то милод) Экбатана обод гардид, робитаи тиҷоратӣ бо давлатҳои Аршон, Парсумаш, Лидия, Каппадокия, Бохтар ва Суғд вусъат ёфт. Киаксар дар давраи ошӯбу нооромиҳои давлати Ошур (620–615 то милод) қаламрави Парфия, Гиркания, Арманистон ва қисман Урартуро ишғол кард. Соли 614 то милод ба Ошур лашкар кашида, бо шоҳи Бобил - Набопаласар муоҳидаи сулҳ баст ва лашкари муттаҳидаи онҳо баъди забти пойтахти Ошур – Неневия (Найнаво; 612 то милод) ба мавҷудияти давлати ошуриҳо хотима гузошт. То соли 590 Элом ва Урарту ба қаламрави Мод ҳамроҳ шуданд ва давлат ба империя табдил ёфт. Киаксар соли 585 то милод бо Лидия муоҳидаи сулҳ баста, духтари шоҳ Аллиатро барои писараш Астиаг хостгорӣ кард. Баъди шикаст хӯрдани Астиаг (585–550) дар муборизаи зидди Куруши Кабир давлати Мод таназзул ёфт.

Дар Мод шоҳ масоили асосиро дар машварат бо вазир ва Шӯрои дарбор ҳал мекард. Асноди давлатӣ бо хатти мехӣ ва забонҳои ориёӣ ва аккадӣ навишта мешуданд. Аксари модиҳо ба зардуштия эътиқод доштанд. Ҷомеа аз табақаҳои ашроф, сипоҳиён, рӯҳониён ва кишоварзону ҳунармандон иборат буд. Дар Мод шаҳру қалъасозӣ ривоҷ дошт. Бо ташкил шудани давлати Мод ақвоми ориёӣ дар Шарқи Наздик ва Миёна ба қувваи пешбари сиёсӣ табдил ёфтанд. Бори нахуст эрониёни ғарбӣ (модиҳо, форсҳо ва ғайра) ва эрониёни шарқӣ (портҳо, гирканиҳо, арейягиҳо ва ғайра) дар ҳайати як давлат муттаҳид шуда, барои ташаккули тамаддуни умумиэронӣ ва ташкили Империяи Ҳахоманишиён замина фароҳам оварданд.

Империяи Ҳахоманишиён

Империяи Ҳахоманишиён (550–530 то милод) дар натиҷаи пурзӯршавии иқтидори мулки Форс ташкил ёфт. Дар аҳди Шишпиш — писари Ҳахоманиш — сулола ба ду шоха ҷудо шуд: намояндагони шохаи аввал — Куруши I, писараш Камбучияи I ва Куруши Кабир — дар Аншон, намояндагони шохаи дувум — писари хурдии Шишпиш Ариарамна ва наберааш Аршом — дар вилояти Парсуа (Порсогирд) ҳукумат доштанд. Шоҳони ҳахоманиш то аҳди Куруши Кабир нахуст таҳти васояти Элом ва баъдан зери тобеияти Мод буданд. Куруши Кабир нахуст мулкҳои Аншон ва Парсуаро муттаҳид карда, соли 550 то милод дар муҳорибаи охирин Астиагро шикаст дод ва худро шоҳи Мод ва Порс эълон намуд. Солҳои 550–548 ҳудудҳои Парфия, Гиркания, Арманистон ва Эломро забт ва шаҳри Шушро пойтахти худ эълон кард. Баъдан то соли 538 мулкҳои Киликия, Лидия, Каппадокия, Марғиён, Хоразм, Суғд, Бохтар, Арея, Гедросия, Гандҳара ва Арахосия, Бобил, Сурия, Фаластин, Финикия ва ғайра то ҳудудҳои Миср ба Империяи Ҳахоманишиён ҳамроҳ карда шуданд. Куруш аз озодии дину мазҳаб ва баробарҳуқуқии қавмҳои кишвараш пуштибонӣ намуда, маъбадҳои Бобилистон, Ошур, Элом ва Яҳудияро кушод. Соли 538 то милод Эъломияи Куруши Кабир расман эълон гардид. Он нахустин ҳуҷҷати таърихист, ки эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсонро эътироф мекунад. Куруш баъди фатҳи Бобил нақшаи истилои Мисрро кашид, вале марзшикании қабилаи масагетҳо ӯро водор намуд, ки соли 530 то милод қӯшуни худро ба Осиёи Миёна равона намояд. Куруши Кабир бар зидди маликаи масагетҳо Томирис бо тадбири зираконаи ҳарбӣ пеш рафта, дар доманаи кӯҳ ба сипоҳиёни писари ӯ Сипаргапис шабохун зад. Сипаргапис аз ғояти нанг даст ба худкушӣ зад. Томирис соли 530 то милод аз кини писараш сари Куруши Кабирро аз танаш ҷудо карда, ба ташти пур аз хун андохт. Дар таърихнигории шӯравӣ ин ягона ривояти муътамад перомуни фавти Куруши Кабир буд, ки тавассути таълифоти муаррихони рус ба осори таърихӣ роҳ ёфта, ҳоло чандон ҷонибдор надорад. Ба андешаи баъзе донишмандон М. Дандамаев, Р. Фрай эҳтимол ривояти Ҳеродот дар бораи фавти Куруши Кабир баръакси ҳақиқати юриши ӯ ба Осиёи Марказӣ як достони сохта аст.

Дар аҳди Камбучияи II (530–522 то милод) Миср, Ҳабашистон ва Либия ба қаламрави Ҳахоманишиён ҳамроҳ гардиданд. Камбучияи II баъди фатҳи Миср Либияро забт намуд, қабилаҳои бадавии қисми ғарбии Либия, юнониҳои Киренаика ва музофоти Барка ихтиёран таслим шуданд. Соли 523 то милод бино бар ошӯби Гаумата роҳи Экбатанаро пеш гирифта, дар нимароҳи Шуш бо сабаби номаълум фавтид. Баъди марги Камбучияи II (522 то милод) шоҳаншоҳӣ аз хонадони Куруши II Кабир ба шохаи дигари сулола – Дорои I (522–486 то милод) интиқол ёфт. Дорои I баъди саркӯб кардани ошӯби Гаумата ва таъмини амният дар Форс, Элам, Мод, Ошур, Миср, Порт, Марғиён (Марв) ва Саттагидия ба анҷоми ислоҳот даст зад:

  1. Империя ба 20 сатрапия (номи қадимӣ) тақсим гардид.
  2. Дар сатрапияҳо ҳокимияти мулкӣ (роҳбараш сатрап) ва низомӣ (масъулаш сарлашкари сатрапия) аз ҳам ҷудо амал мекарданд. Барои таҳияи ҳуҷҷатҳо дабирхонаи шоҳӣ таъсис шуд.
  3. Барои назорати сатрапҳо идораи маъмурӣ-назоратӣ ва хадамоти махфӣ ташкил гардид.
  4. Идораи мухобирот ва низоми артиш мукаммал шуд.
  5. Забони оромӣ воситаи асосии ҳуҷҷатгузории давлатӣ муқаррар гардид.
  6. Пардохти хироҷ дар сатрапияҳо бо нуқра муайян шуд.
  7. Муомилоти пулӣ ба воситаи дариқҳои тилоӣ ва сиккаҳои нуқрагин сурат мегирифт.

Дар замони Дорои I қаламрави Империяи Ҳахоманишиён дар Осиё аз Эрон, Осиёи Марказӣ то сарҳадди Хитой, Осиёи Хурд, дар Африқо то Миср, Либия, Шимоли Ҳабашистон, дар Аврупо то Фракия ва Македония тӯл мекашид.

Дорои I дар ҷанги якуми Форсу Юнон (490 то милод) бо 600 киштӣ ба воситаи баҳри Эгей ба Юнон ҳуҷум кард, аммо дар муҳорибаи назди шаҳри Марафон ноком гашт. Писари ӯ Хашоёршоҳ дар ҷанги дуюми Форсу Юнон (480 то милод) бо 1 207 киштӣ ба воситаи соҳили шимолии баҳри Эгей ба Юнон ҳуҷум кард ва ба тасарруфи Афина даст ёфт. Аммо ногаҳон киштиҳои форсҳо бар асари тӯфон маҳв шуданд ва онҳо дар ду муҳорибаи баҳрӣ шикаст хӯрданд.

Дар Империяи Ҳахоманишиён ҳокимият мутамарказ буд. Ҳамаи масъалаҳои сиёсӣ бо иродаи шоҳ ҳал мешуданд. Шӯрои дарборӣ (иборат аз 9 нафар ашрофи форс) мақоми машваратӣ буд. Ниҳоди марказии мақомоти ҳокимияти олӣ се девон (молия ё хазинаи подшоҳӣ, додбарӣ ва артиш) дошт. Сардорони девонҳоро шоҳ аз миёни ашроф таъйин мекард. Артиши касбӣ ва доимӣ аз дастаҳои савора ва пиёдагарди шоҳ иборат буд. Дар вақти ҷанг ихтиёриён ва дастаҳои низомии сатрапияҳо ба сипоҳи ҳахоманишӣ ҷалб мешуданд. Ба лашкар ва ҷузву томҳои он форсҳо сарварӣ мекарданд. Империя ба ҳафт минтақаи ҳарбӣ тақсим шуда, сарлашкарони онҳо ба шоҳ итоат мекарданд. Дар масъалаи ҳарбӣ сатрап ба сарлашкари минтақавӣ итоат мекард. Империяи Ҳахоманишиён ба 20 воҳиди маъмурӣ (сатрапия) тақсим мешуд. Осиёи Марказӣ аз чор сатрапия иборат буд: Бохтар (12-ум), Суғд, Хоразм ва Порт (16-ум), сакоиҳо (15-ум) ва сакоиҳои соҳили баҳри Каспий (11-ум). Маркази сиёсии мулкҳои шарқии Империяи Ҳахоманишиён Бохтар буд, ки маъмулан, ҳокимияти он ба уҳдаи шоҳзодагон вогузор мешуд.

Шоҳроҳи тиҷорат дар империя аз соҳили ғарбии Осиёи Хурд, дар самти ғарб то Юнон, кишварҳои Аврупо, дар шарқ то Бобил, шимоли Эрон, Бохтар, Суғд, Хитой, Ҳинд тӯл мекашид. Дар фосилаи муайяни роҳ чанд посбонгоҳ ва корвонсарой қомат афрохта буданд. Шоҳроҳ аҳамияти сиёсӣ, ҳарбӣ ва тиҷоратӣ дошт. Дар замони Ҳахоманишиён сиккаҳои тилоӣ (дарик) ва нуқрагин (сикл) ба муомилот бароварда мешуданд. Дар рӯи ин сиккаҳо шоҳаншоҳ бо тоҷ ва тиру камон тасвир шуда буд. Пойтахти империя шаҳри Персеполис (Порс) буд, ки харобаҳояш 50 километр дуртар аз шаҳри Шероз бо номи Тахти Ҷамшед машҳуранд. Пойтахти тиҷоратӣ-иқтисодии империя шаҳри Шуш буд. Шаҳрҳои Бобул, Экбатана, Рага (Рай), Бохтар, Самарқанд, Марв, Киропол ба қатори шаҳрҳои калон дохил мешуданд.

«Ганҷинаи Амударё» беҳтарин намунаи санъати тасвирӣ ва заргарии замони Ҳахоманишиён аст, ки дар ноҳияи Қубодиёни Тоҷикистон пайдо шуд. Забони давлатӣ форсӣ буд. Дар ҳуҷҷатнигорӣ забони оромӣ истифода мешуд. Сангнавиштаҳо бо хатти мехӣ ва забони форсӣ ҳаққокӣ шуда, тарҷумаи онҳо бо забонҳои эломӣ ва бобилӣ сурат мегирифт. Дини давлатӣ зардуштӣ буд. Империяи Ҳахоманишиён дар аҳди Дорои III (336–330 то милод) таназзул ёфт.

Эронзамин дар ҳайати империяи Искандари Мақдунӣ

Искандар баъди марги падараш Филипп II (336 то милод) ба тахт нишаста, соли 334 то милод тавассути гулугоҳи Дарданел ба қаламрави Ҳахоманишиён ҳуҷум кард. Ӯ дар муҳорибаи назди дарёи Граник (334 то милод), шаҳри Исса (тирамоҳи 331 то милод) ва деҳаи Гавгамел (1.10.331 то милод) ба лашкари Ҳахоманишиён ғолиб омада, пойтахти империя шаҳри Персеполисро ишғол намуд. Дорои III дар айни ҷанг шитобкорона ба самти Марв фирор кард. Искандар бо баҳонаи таъқиби Дорои III мулкҳои марказии Эронро ба даст овард. Дар ин замон Дорои III бо дасти Бесс кушта шуд. Соли 329 то милод Искандар тавассути водии Кобул, ағбаи Ҳиндукуш ва дарёи Ому ба Мовароуннаҳр ворид шуд. Дар Бохтару Суғд ба муқобилияти сахти мардум рӯбарӯ гардид. Суғдиҳо бо сарварии Спитамен бар зидди Искандар се сол (329–327 то милод) мубориза бурданд. Искандар соли 327 то милод бо мақсади наздик шудан бо мардуми маҳаллӣ, бо шоҳи Хоразм муносибати дӯстона барқарор кард, духтари бохтарӣ – Рухшонаро ба никоҳ даровард ва аксари сарбозонашро бо духтарони маҳаллӣ хонадор кард. Баъди фавти Искандар (323 то милод) сарлашкар Антигон дар мулкҳои Осиё шоҳ эълон шуд ва Эрону Осиёи Марказӣ зери итоати ӯ қарор гирифтанд. Соли 312 то милод Селевк Антигонро шикаст дода, ба ҷои ӯ шоҳи Осиё гардид. Дар Порт аввал Андрагори юнонӣ (256 то милод), баъдан Ашкониён ба сари қудрат омаданд. Пайомадҳои истилои юнону мақдуниҳо: шаҳру деҳоти Эрон ва Осиёи Марказӣ хароб шуданд; низоми нави муносибатҳои иҷтимоӣ ба вуҷуд омад; унсурҳои фарҳанги юнонӣ ва шарқӣ бо ҳам омезиш ёфтанд.

Давлати Порт

Давлати Порт (256 то милод – 224 милодӣ). Мулки Порт (Парфия) дар шимолу шарқи Хуросон, дар байни Гиркания (Гӯргони асримиёнагӣ) ва Марғиён (Марв) ҷойгир буд. Пойтахташ шаҳри Нисо буд, ки харобаҳои он дар 18 километрии шаҳри Ашқобод ҷойгиранд. Ин вилоят дар Авесто бо номи Насай ёд мешавад. Ба ҳайати давлатҳои Мод, Ҳахоманишиён, Искандари Мақдунӣ ва Селевкиён дохил мешуд. Соли 256 то милод сатрапи Порт Андрагори юнонӣ аз итоати Селевкиён сарпечӣ карда, бо номи худ сиккаҳои нуқрагин баровард. Тақрибан соли 247 то милод қабилаҳои парнҳо ва дакҳои Парфия бо сардории бародарон Аршак (Ашк) ва Тиридот бар зидди истилогарони юнонӣ исён бардошта, Андрагорро сарнагун карданд. Ба тахт бародари калони Аршак нишаста, ба сулолаи Ашкониён ё Аршакиён асос гузошт. Баъди фавти Аршак бародараш Тиридот – Ашки II ба тахт нишаста, пойтахт аз шаҳри қадимии Дарад ба шаҳри Ҳекатомпил кӯчид. Дар аҳди Артабони I, Фарҳод (Фраат) ва Меҳрдоди I (Митридот; 171–38 то милод) қаламрави Мод, Байнаннаҳрайн ва Бобил ба ҳайати давлати Порт ҳамроҳ шуд. Соли 140 то милод шоҳи Селевкиён Деметрийи II ба Порт ҳуҷум карда, баъди чанд ғолибият дар муҳорибаи ҳалкунанда (139 то милод) ба асорат афтод. Соли 131 то милод шоҳи дигари Селевкиён Антиохи VII мулкҳои Бобил, Мод, Гиркания ва Портро ишғол кард. Портиҳо аввалан ба даштҳои шимоли мулк ақибнишинӣ карда, бо қувваи нав Антиохи VII-ро шикаст доданд. Рақиби пурзӯри портҳо дар ғарб Рум буд. Мувофиқи шартномаи сулҳи соли 20 то милод дарёи Фурот сарҳадди байни Порт ва Рум муайян гардид.

Дар асри 1 то милод иқтидори ҳарбии Рум устувор шуд, аммо Ашкониён ҳоло ҳам дар баробари хатарҳои низомии он истодагарӣ карда метавонистанд. 9 майи 53 то милод дар мавзеи Карра байни румиҳо ва Ашкониён набарди тақдирсоз ба амал омад. Дар ин набард сипоҳи румиҳо зери фармондеҳии М. Крассус (бо 35 ҳазор) ба муқобили сипоҳи 10-ҳазорнафараи сарлашкари Ашкониён – Сурена ҷангид. Дар ин набард Крассус фавтид, тақрибан 20 ҳазор сипоҳиёни румӣ ба қатл расиданд ва зиёда аз 10 ҳазори онҳо ба асорат афтоданд.

Ашкониён ҳокимияти мутлақ доштанд. Дар дарбор як шӯро бо шумули хешовандони наздики шоҳ ва шӯрои ашрофу мубадон амал мекарданд. Сардори сарбозони шоҳӣ ҳазорпат буд. Дар мулкҳои ғарбии Порт муносибатҳои ғуломдорӣ инкишоф ёфта, кишоварзону ҳунармандони озод дар пешрафти иқтисодиёт нақши асосӣ доштанд. Ҷамъият аз табақаҳои озодагон (ашроф), ҷанговарон, кишоварзон ва ҳунармандон иборат буд. Дар ин давра забони портӣ расмият ёфта, намунаҳои навиштаҷоти он дар харобаҳои шаҳри Нисо пайдо шуданд. То асри 1-уми милодӣ дар Бобил ва Сурия забони юнонӣ низ интишор ёфта буд.

Дар замони Ашкониён шаҳрсозӣ инкишоф ёфта, шаҳрҳои Ктесифон, Нисо, Марв, Экбатана (Ҳамадон), Шуш (Суз), Селевкияи соҳили Фурот, Дура-Европос марказҳои муҳимми сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ ба шумор мерафтанд. Баъзе бахшҳои Роҳи бузурги абрешим зери назорати Порт қарор доштанд. Солона аз Хитой ба Порт 5–12 корвон меомад. Тиҷорат ба воситаи дарёҳо низ инкишоф ёфта буд. Шоҳони Порт сиккаҳои нуқрагин мебароварданд. Дар рӯи онҳо нимрухи шоҳ ва дар пушташон лаҳзаи тахтнишинии ӯ бо камон тасвир шудааст. Дини расмии Порт зардуштӣ буд, вале гурӯҳе аз мардум ба худоёни маҳаллӣ, юнонӣ, эронӣ, байнаннаҳрӣ, бобилӣ ва амсоли инҳо эътиқод доштанд. Дар ин бора далелҳои зерин шаҳодат медиҳанд. Дар асри 1 то милод бо дастури шоҳ Валахш матнҳои парокандаи Авесто гирдоварӣ шуданд. Ашкониён барои эҳёи фарҳанги тамаддуни ориёӣ саҳми калон гузоштанд.

Давлати Юнонии Бохтар

Давлати Юнонии Бохтар (256–141/128 то милод). Асосгузори ин давлат Диодот (ҳукмронӣ тақрибан 250–238 то милод) сатрапи Бохтар (аз 256 то милод) буд. Диодот бо истифода аз даргириҳои Антиохи II бо шоҳи Миср Птоломейи II бар зидди Селевкиён исён бардошта, Бохтарро мустақил эълон кард (тақрибан 250 то милод). Баъди фавти Диодот писараш Диодоти II (тақрибан 238–225) ба сари қудрат омада, бар хилофи падараш бо Порт созишномаи дӯстӣ ба имзо расонд. Сиёсати пешгирифтаи Диодоти II боиси норозигии ашрофи бохтарӣ ва суғдӣ гардид ва ӯ аз ҷониби Евтидем (ҳукмронӣ тақрибан 230–200 то милод) ба қатл расид. Тақрибан соли 209 то милод шоҳи Селевкиён Антиохи III ба Порт ҳуҷум карда, баъди шикаст додани Артабони I ба самти Бохтар ҳамла овард (208 то милод). Евтидем баъди огоҳӣ аз ҳуҷуми Селевкиён дастаи 10-ҳазорнафараи савораи пешгарди худро ба соҳилҳои Ҳарирӯд фиристод, то пеши роҳи убури лашкари душманро гирад, вале саворагони бохтарӣ шикаст хӯрданд. Евтидем барои гуфтушуниди ниҳоӣ ва бастани созишномаи сулҳ писараш Деметрийро ба назди Антиохи III фиристод. Ин созишнома (206 то милод) назар ба сулҳи миёни Селевкиён ва Порт афзалият дошт, зеро Евтидем ва ворисонаш баръакси Ашкониён ҳуқуқи бо тасвири худ сикка бароварданро ҳифз карданд. Тибқи созишнома Евтидем бо пардохти пешкаши зиёд ба Антиохи III соҳибихтиёрии Давлати Юнонии Бохтарро ҳифз кард. Дар замони Деметрий (тақрибан 199–167 то милод) қаламрави ин давлат аз ҳисоби ишғоли Арахосия, Дрангиана, Гандҳара ва Паропамисада васеъ гардид. Дар ин давра яке аз саркардаҳои ҳарбӣ – Евкратид дар Бохтар ошӯб бардошта, ҳокимиятро ба даст гирифт. Баъди табаддулоти Евкратид (ҳукмронӣ тақрибан 171–155 то милод) сокинони Суғд, Арахосия, Дрангиана, Арейа низ шӯриш бардошта, аз итоати Деметрий сарпечӣ карданд. Деметрий баъди огоҳӣ аз ҳодисаҳои оқибгоҳ бо як қисми лашкараш ба Бохтар баргашт ва дар набарди зидди Евкратид ба ҳалокат расид. Баъд аз ин воқеа Суғд ва чандин мулки дигар мустақил шуданд. Соли 155 то милод Евкратид дар вақти бозгашт аз Ҳинд ба дасти писараш Ҳелиокл ба қатл расид. Дар замони ҳукумати Ҳелиокл мулкҳои Бохтар пурра мустақил шуданд.

Дар Бохтар забони юнонӣ расмӣ буд, вале мардуми маҳаллӣ бо забони бохтарӣ гуфтугӯ мекарданд. Ба сафи лашкар юнониёну бохтариён ҷалб мешуданд. Сокинони Бохтар ба кишоварзӣ, аспдорӣ, токдорӣ, чорводорӣ ва истихроҷи сарватҳои зеризаминӣ (тило ва нуқра) машғул буданд. Шаҳрсозӣ низ дар ин давра тараққӣ карда буд. То ҳол дар Тоҷикистон чандин харобаи шаҳрҳо, аз қабили Тахти Сангин, Қалъаи Мир ва Кайқубодшоҳ, Куҳнақалъа, Саксанохур, Шаҳринав, Душанбеи қадим ва ғайра пайдо шуданд. Шоҳони юнонии бохтарӣ сиккаҳои тилоӣ (статер), нуқрагин (драхма – 4,2 грамм; тетрадрахма 16–17 грамм; обол – 0,7 грамм) ва мисӣ мебароварданд. Дар рӯи сиккаҳо нимрухи шоҳ ва дар пушти онҳо худоҳои гуногуни юнонӣ (Зевс, Апполон, Ҳермес, Ҳеракл, Диоскурҳо ва ғайра) тасвир мешуданд. Сиккаҳои мисини Диодот дар Данғара, Тахти Сангин, тетрадрахмаҳои Евтидеми II ва Евкратид дар Данғара, драхмаи Евтидем дар Файзобод, тетрадрахмаи Антимах дар Панҷакент ёфт шуданд.


Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 208–211.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.