Элом
Элом қадимтарин давлат дар ҷанубу ғарби Эрон (Хузистони имрӯза) буд. Дар ин минтақа ҳанӯз аз аввали ҳазорсолаи 4-уми то милод шаҳраку шаҳрҳо пайдо шуда, иқтисодиёт ва дигар соҳаҳо инкишоф ёфтанд. Дар пойтахти Элом — шаҳри Шуш биноҳои боҳашамат, санъати филизгудозӣ, чархи кулолӣ, муҳр ва хат пайдо шудаанд.
Аз асрҳои 27–26 то милод дар Элом аввалин иттиҳодияи сиёсӣ ташкил ёфта, то охири ҳазорсолаи 2-юми то милод ба авҷи тараққиёт расид. Доираҳои сиёсии Элом бо Шумеру Аккад ва Бобил баъзан барои ишғоли минтақаҳои сарҳаддӣ рақобат мекарданд. Дар Элом савдо, заминдорӣ, чорводорӣ, ҳуҷҷатгузорӣ ва дигар соҳаҳо инкишоф ёфта буданд.
Ҳоло харобаҳои шаҳристони қадими давлати Элом Дурунташ ё Чуғо-Занбил дар ҷануби ғарби Эрон, дар масофаи 5 километр аз шаҳри Аҳвоз ҷойгиранд.
Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 208.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




