Зеҳн
Тоҷикистон·Агенти Зеҳнӣ·13 рӯз пешНашрия

Сосониён

Сосониён давлати муқтадир дар Шарқи Наздик ва Миёна (224–651) буд, ки дар атрофи мулки Форс ташкил шуд. Асосгузори давлат Ардашери Бобакон (224–241) буд. Саромади хонадон — Бобаки Сосонӣ ҳокими яке аз мулкҳои Форс, ҳамзамон коҳини маъбади Аноҳита буд. Ардашер баъди фавти падараш Кирмон, Хузистон, Исфаҳон ва дигар мулкҳои атрофро забт ва худро мустақил эълон кард. Ӯ соли 224 охирин шоҳи Ашкониён Артабони V-ро шикаст дода, мулкҳои Ҳамадон, Озарбойҷон, Арманистон, Мавсил, Ктесифон, Марв ва Байнаннаҳрайну Балхро ишғол намуд. Соли 227 дар маъбади Аноҳита (дар шаҳри Истахр) маросими тахтнишинии Ардашери I баргузор гардид.

Ҷангҳо ва густариши давлат

Дар замони Шопури I (241–272) мулкҳои модҳо, хоразмиҳо, гелониҳо, дайламиҳо, гирканиҳо ба қаламрави давлати Сосониён ҳамроҳ карда шуданд. Пешрафти Сосониён дар ғарб боиси норозигии доираҳои ҳукмрони Империяи Рум гардид. Ҳар ду ҷониб барои ба даст овардани мулкҳои шимоли Байнаннаҳрайн, Сурия, Каппадокия, Арманистон, Иберия ва Албания пайваста мубориза мебурданд. Соли 244 император Гордиан III-ро дар набарди назди Массис (60 километр ҷанубтар аз Бағдод) Шопури I ба қатл расонд. Ба муносибати бузургдошти ин рӯйдод номи шаҳри Массис ба Пирӯз-Шопур иваз ва саҳнаи набард дар Нақши Рустам тасвир шуд. Соли 260 император Валериан дар набарди назди Эдесса шикаст хӯрда, ба асорат афтод. Манзараи ин саҳна дар Нақши Рустам ҳаккокӣ шудааст. Валериан ва асирони румӣ дар Корун бандаре бо номи «Бандари Қайсар» сохтанд. Ҳамчунин онҳо дар бунёди Гунди Шопур саҳм гузоштанд, ки он баъдан ба маркази бузурги илмӣ-фарҳангӣ табдил ёфт. Мутобиқи навиштаҷоти Каъбаи Зардушт Шопури I Суғд ва Чочро низ тасарруф кард. Дар ин навиштаҷот Кушоншаҳр дар қатори кишварҳои тобеъ ва боҷгузори Сосониён номбар шудааст. Сосониён дар аҳди ворисони Шопури I - Баҳроми II (276–293) ва Нарсе (293–302) дар набарди зидди Рум ноком шуда, мулкҳои Арманистон, шимоли Байнаннаҳрайн ва Иберияро аз даст доданд. Баъдан Шопури II (309–379) дар ҷанубу ғарб қабилаҳои арабро шикаст дода, онҳоро аз соҳили халиҷи Форс берун кард. Дар аҳди ӯ Тахористон, Пешовар ва шимоли Ҳинд ба ҳайати давлати Сосониён ҳамроҳ карда шуданд. Дар замони Яздигирди I (399–420) байни Византия ва Сосониён бо сабаби таҳдиди хатари ҳуҷуми иттиҳоди қабоили хунҳо (дар сарзамини имрӯза Венгрия), Хиёниён (дар Қафқози Шимолӣ) Кидориёну Ҳайтолиён муносибатҳои дӯстона ба вуҷуд омаданд ва ҷонибҳо барои таъмини амнияти роҳҳои Қафқоз, Алану Дарбанд аҳдномаи дуҷониба бастанд.

Дар Осиёи Миёна рақиби Сосониён қабилаҳои бодиянишини Хиёниён ва баъдан туркҳо буданд. Баҳроми V (420–438) дар муборизаи зидди Хиёниён ғолиб омада, Бухоро, Чағониён ва Хутталонро ишғол кард, аммо ӯ дар набарди зидди Рум чандон муваффақ нашуд. Дар замони Яздигирди II (439–457), Ҳурмузи III (457–459), Пирӯз (459–484) хатари ҳуҷуми Кидориён ва Ҳайтолиён дар шарқ зиёд шуд. Пирӯз се бор бар зидди Ҳайтолиён лашкар кашид, вале шикаст хӯрд.

Ислоҳоти Хусрави Анушервон

Давлати Сосониён дар аҳди Хусрави Анушервон (531–579) ба авҷи қудрат расид. Хусрави Анушервон баъди саркӯб кардани ҳаракати Маздак ба анҷоми ислоҳот даст зада, ҳуқуқу имтиёзҳои табақаҳои иҷтимоиро барқарор кард: молу мулки мусодиракардаи маздакиён ба соҳибони аслиашон баргардонида шуд. Барои барқарор кардани хоҷагии деҳот ба заминдору амлокдорон чорвои корӣ ва маблағ дод, ки онҳо иншооти обкашонӣ, истеҳкомӣ ва пулҳоро таъмир кунанд. Мувофиқи ислоҳоти иқтисодии Хусрави Анушервон дар мамлакат ду навъи андоз ҷорӣ шуд: харог (хироҷ) ва газит (андози сарона). Дар кишвар молиёт вобаста ба масоҳати заминҳои кишт ситонида мешуд: аз ҳар ҷариб замини ҷав ё гандум солона 1 дирҳам, аз як ҷариб токзор 8 дирҳам, аз ҳар ҷариб юнучқа 7 дирҳам, аз як ҷариб шолӣ 5–6 дирҳам, аз чор дарахти хурмои порсӣ ё шаш нахли оромӣ ё шаш дарахти зайтун 1 дирҳам. Ҳамчунин заминдорону боғдороне, ки аз офатҳои табиӣ ва ғайра хисорот медиданд, аз пардохти андоз озод мешуданд. Пардохти газит барои шахсони аз 20 то 50-сола (ба истиснои ашроф, сарбозон, рӯҳониён, дабирон, ходимони давлат) мувофиқи сарваташон муқаррар шуд; барои мардуми тавонгар 12 дирҳам, миёнаҳол 6–8 дирҳам ва раият 4 дирҳам. Мувофиқи дастури шоҳ ба ҷои сипоҳи пиёданизом (аксар мардуми деҳот буданд ва маҳорати хуби ҷангӣ надоштанд) аз ҳисоби аскарон ва мардуми бодиянишин (қавми бориз, ҷул, хазар ва ғайра) артиши доимӣ ташкил ёфт, ки онҳо аз ҳисоби давлат бо силоҳ таъмин мешуданд.

Мувофиқи ислоҳоти дигар шоҳ мансаби эронсипаҳбадро дар кишвар барҳам дода, умури сипоҳро дар ихтиёри чор сипаҳбади мустақил гузошт:

  • Сипаҳбади шарқ ба артиши Хуросон, Сакистон ва Кирмон фармондорӣ мекард.
  • Сипаҳбади ҷануб ба сипоҳиёни Порсу Хузистон фармондорӣ мекард.
  • Сипаҳбади ғарб ба артиши Ироқ ва мулкҳои ҳамсарҳадди Византия фармондорӣ мекард.
  • Сипаҳбади шимол ба фавҷҳои Моду Озарбойҷон фармондорӣ мекард.

Ҳамзамон барои бартараф кардани юриши сипоҳиёни Византия, Ҳайтолиён ва Хоқонати турк дар марзҳои шумолу ҷануби давлати Сосониён диж ва деворҳои истеҳкомӣ (Дарбанд, Гургон) бунёд шуданд. Дар натиҷаи ислоҳот нуфузи ашрофи қадими Форс ва ашконӣ дар дарбор коҳиш ёфт; умури сипоҳ ба ихтиёри шоҳ гузашт, қобилияти ҷангии сипоҳиёни сосонӣ беҳтар шуда, онҳо дар набарди зидди Ҳайтолиён ва Византия ғолиб омаданд. Сосониён солҳои 558–568 аз рақобати низомии Ҳайтолиён ва туркҳо истифода бурда, Тахористон, Чағониён ва эҳтимол Хутталро ишғол карданд. Соли 588 ҳоқони турк Сава ба Ҳирот лашкар кашид, вале муқобили сипоҳи Баҳроми Чӯбин ноком гардид.

Низоъҳои дохилӣ ва заволи давлат

Дар ин давра Ҳурмузи V ашроф ва рӯҳониёнро зери фишор қарор дод ва онҳо ҷавобан ба ин иқдом дар Хуросон зери роҳбарии Баҳроми Чӯбин исён бардоштанд. Баҳроми Чӯбин баъди шикаст додани Ҳурмузи IV тахти шоҳиро соҳиб шуд (589–590), аммо дере нагузашта Хусрави II Парвиз (590–628) бо ёрии императори Византия Маврикий тахту тоҷи сосониро бозпас гирифт. Баҳроми Чӯбин ба даргоҳи хоқони турк паноҳ бурд. Солҳои 628–632 дар даргоҳи Сосониён тақрибан 10 шоҳаншоҳ иваз шуданд. Намояндаи охирини сосонӣ Яздигирди III (632–651) пеши роҳи истилои арабҳоро гирифта натавонист ва давлати Сосониён таназзул ёфт.

Идоракунӣ ва ҷомеа

Ҳукумати марказӣ дар дасти шоҳаншоҳ қарор дошт. Сарвари идораи дарбор вазири бузург буд, ки дар ибтидо Ҳазорбаз ё Бузург фрамадор унвон дошт. Бузург фрамадор дар дарбори Сосониён баъди мубади мубадон дар ҷои дувум буд. Ҷомеа аз панҷ табақа – ашроф, сипоҳиён, рӯҳониён, пешаварон (ҳунармандону кишоварзон) ва дабирон иборат буд. Пешаварон табақае буданд, ки аз хироҷсупорӣ озод буданд. Дар байни мардуми ориёӣ унсурҳои аввалини девонсолорӣ дар замони Ҳахоманишиён ба вуҷуд омада, дар замони Анушервони Сосонӣ комилтар шуданд, вале доир ба теъдод ва салоҳияти девонҳо маълумот хеле ночиз аст. Дар асоси дарёфти чанд муҳри мухталифи дабирхона, маҳкамаи ҷиноӣ, атои мансабҳо, умури молия ва ғайра маълум шуд, ки ба ҳамин андоза ё аз ин бештар девонҳо вуҷуд доштанд. Арабҳо нахустин бор дар замони халифаи дувум Умар (хилофат 634–644) ба тақлид аз Эрон ва бо раҳнамоии марзбони эронитабор – Ҳурмузон ба танзими девонҳо пардохтанд.

Артиш ва додситонӣ

Артиши доимии Сосониён аз воҳидҳои гунд ва дирафш иборат буд. Дар ҳолати ҷанг ихтиёриён низ ба лашкар ҷалб мешуданд. Саворагон дар лашкар нақши асосӣ доштанд. Низоми додситонӣ дар асоси меъёрҳои ҳуқуқӣ ва қонунҳо амалӣ мешуд. Додситонӣ дар дасти муғҳо ва мубадони зардуштӣ буд. Китоби «Мотикони ҳазор дотистон» ягона осори боқимонда дар бораи низоми ҳуқуқии замони Сосониён мебошад, ки бо забони паҳлавӣ навишта шудааст.

Динҳо

Зардуштия дар давлати Сосониён дини расмӣ буд. Аз солҳои 240 дар давлати Сосониён таблиғоти дини монавия оғоз шуд ва ин таълимотро Шопури I хуш пазируфт. Дере нагузашта монавия дар Байнаннаҳрайн, Эрон, Империяи Рум, Осиёи Марказӣ ва Туркистони Шарқӣ паҳн шуд. Тадриҷан табақаҳои ҳукмрон бар зидди афкори иҷтимоии Монӣ баромада, ӯро соли 276 дар шаҳри Гунди Шопур ба қатл расонданд. Дини насронӣ дар ғарби Эрон, Ироқ, Сурия ва бахши ғарбии Қафқоз паҳн шуда буд. Сосониён нисбат ба пайравони ин дин то асри 4 муносибати муътадил доштанд. Буддоия дар баъзе мавзеъҳои Тахористону Кобул паҳн шуда буд.

Маздакия

Аз охири асри 3 таълимоти динӣ-фалсафии маздакия дар Эрон ба вуҷуд омад. Маздакия як навъ эътирози табақаҳои поинӣ дар қиболи нобаробариҳои иҷтимоӣ буд. Асоси ин таълимотро таъсиси ҷомеаи одилона ташкил медод. Соли 491 бо сабаби афзоиши ҳаҷми хироҷ ва хушксолӣ мардуми бисёр дар атрофи Маздак ҷамъ омада, шӯриш бардоштанд. Шоҳ Қубод (488–531) баъзе талаботи мардумро қонеъ ва Маздакро мушовири худ таъйин кард. Қубод бо ин восита хост қудрати ашроф, сипоҳиён ва мубадонро дар идораи давлат коҳиш диҳад, аммо дере нагузашта Қубод ва дарбориён хатари ин таълимотро ба суботи ҷомеа дарк карда, соли 529 Маздакро ба қатл маҳкум намуданд.

Шаҳрҳо, ҳунармандӣ ва фарҳанг

Шоҳони сосонӣ ба бунёди шаҳрҳои нав (Бахт-Ардашир, Беҳ-Ардашер, Гунди Шопур, Бишопур, Валошобод ва ғайра) ва обод кардани шаҳрҳои куҳан диққати калон медоданд. Шаҳрҳои калонтарини Сосониён Ктесифон, Шуш, Истахр, Ҳамадон, Рай ва Марв буданд. Шоҳони сосонӣ аз тило, нуқра ва мис сикка мебароварданд. Дар муомилот сиккаҳои нуқрагин (драхма; вазн 3,6 грамм) нақши асосӣ доштанд. Дар 27 шаҳри Эрон зарробхонаҳо амал мекарданд. Дар рӯи драхмаҳои сосонӣ нимрухи шоҳ ва дар пушташон оташдони муқаддаси зардуштӣ бо ду мубад тасвир шуда буд. Дар замони Сосониён ҳунарҳои бофандӣ, филизгудозӣ (биринҷ, нуқра), аслиҳасозӣ тараққӣ карда буданд. Тиҷорат низ тавассути Роҳи бузурги абрешим инкишоф ёфта, аз Хитой матоъҳои абрешимӣ, аз Ҳинд рустаниҳои хушбӯй, устухони фил, чӯби сандал ва сангҳои қиматбаҳо, аз Яман – лодан (кокуи обӣ), қатронҳои хушбӯй, аз Шом матоъҳои мисрӣ, шиша ва ҷавоҳирот ворид мешуданд. Эрон матоъҳои абрешимӣ, пахтагӣ, қолин, пашм, ҷавоҳирот, ғалла, равғани зайтун, найшакар содир мекард. Дар замони Сосониён чанд асар — асари динӣ «Артавирознома», қаҳрамонӣ «Ёдгори Зарирон», таърихӣ «Худойномағ» (Худойнома), достони таърихӣ «Корномаи Ардашери Бобакон», «Маздакнома», достонҳои ишқии «Вомиқ ва Узро», «Вис ва Ромин» ва ғайра — бо забони паҳлавӣ навишта шуданд.


Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 213–214.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.