Бохтар
Бохтар номи кишвари паҳновар ва давлати қадимии маҳаллии ориёӣ мебошад. Бохтар дар ҷануби рӯдхонаи Панҷ ва шимоли Ому то кӯҳҳои Ҳиндукуш ва баъдан заминҳои ҳар ду тарафи рӯдҳои Панҷу Ому (болооби он)-ро фаро мегирифт. Муҳоҷирати ориёиҳо ба минтақаи Ҳинд ва Эрони Ғарбӣ аз ҳамин ҷо сурат гирифтааст. Дар фаргарди (боби) якуми «Вандидод»-и Авесто Бохтар кишвари бонузҳати офаридаи Аҳура Маздо бо дирафшҳои афрошта зикр шудааст. Бохтар то давраи ташкилёбии давлати Ҳахоманишиён мулки мустақил буд. Дар замони Каёниён Бохтар ба мамлакати бузург табдил ёфта, қаламрави он васеъ гардид. Сарҳадди нуфузи Бохтар дар замони Каёниён дар ҷануби шарқ то Ҳинд ва дар шимол то дарёи Сир, дар шимоли ғарб то баҳри Хазар мерасид.
Бо зуҳури Зардушт дар Бохтар фарҳанги ориёӣ бо оини зардуштӣ даромехта, парастиши яккахудоӣ барои ташаккули давлати мутамарказ мусоидат намуд. Ба қавли Ктесий лашкари сершумори Бохтар дар иттиҳод бо Мод бар зидди Ассирия меҷангид. Мардуми Бохтар дар муқобили лашкаркашиҳои Куруши Кабир шуҷоату далерӣ нишон доданд.
Суғд
Суғд дувумин кишвари ориёӣ ва маркази тамаддуни ориёӣ мебошад, ки аз он дар Авесто ёд шудааст. Мувофиқи ахбори «Таърихи Табарӣ» ва «Форснома» пойтахти шоҳи Турон — Афросиёб шаҳри Самарқанд буд. Бунёди Бухоро ба домоди Афросиёб — Сиёвуш, ки писари шоҳи Эрон Кайхусрав буд, нисбат дода мешавад. Дар асрҳои 6–4 то милод Суғд ва Порт сатрапияи 11-уми давлати Ҳахоманишиён буданд. Баъдан Суғд ба ҳайати давлати юнонии Бохтар, Кушониён, Ҳайтолиён ва Хоқонии Турк дохил шуд.
Дар маъхазҳои хаттии замони истилои араб ва навиштаҷоти сиккаҳои суғдӣ аз шоҳони Суғд (Шишпир, Вархуман, Тархун, Ғурак ва Деваштич) ба унвони ихшид ёд шудааст. Ихшиди Суғд ҳамзамон сарвари Самарқанд, яъне шоҳи шоҳон ба шумор мерафт. Пас аз мустақил шудани мулки Бухоро нақши Суғд дар таърихи минтақа нисбатан коҳиш ёфт.
Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 208.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




