Сикказанӣ, тиҷорат ва фарҳанги Кушониён
Дар марҳилаи дуюм (тақрибан охири асри 1 то милод – 3) сиккаҳои шоҳони кушонӣ Кучула Кадфиз, Сотер Мегас (Вима Такту), Вима Кадфиз, Канишка, Хувишка ва Васудева аз тило ва мис зарб зада мешуданд. Зарби сиккаҳои тилоӣ аз давраи Вима Кадфиз оғоз гардид. Дар рӯи сиккаҳо нимрух ё пайкари пурраи шоҳ дар назди оташдони зардуштӣ ва дар пушташон худоҳои зардуштӣ (Шива) ва баъзан Буддо тасвир шудааст. Унвон ва номи шоҳон дар сиккаҳо аз ибтидо ба юнонӣ, баъдан юнонию ҳиндӣ ва аз замони Канишка танҳо ба забони бохтарӣ ҳаккокӣ мешуд. Сиккаҳои тилоӣ дар тамоми қаламрави давлати Кушониён дар гардиш буданд ва намунаи онҳо аз Панҷакент, Хуҷанд, Фарғона ва Тошканд ёфт шуданд. Яке аз ганҷинаҳои калонтарини сиккаҳои тилоӣ (тақрибан 200 дона) соли 1999 дар Ҳалқаҷар ёфт шуд.
Сиккаҳои пасокушонӣ
Дар марҳилаи сеюм (асрҳои 3–4) сиккаҳои пасокушонӣ дар пайравӣ ба Хувишка, Васудева ва Канишкаи III зарб зада шуда, сифати ороиш, тасвир ва арзишашон паст ва вазнашон кам гардид.
Сиккаҳои кушонӣ-сосонӣ
Дар марҳилаи чорум (асри 4) сиккаҳои кушонӣ-сосонӣ қисман аз тилову нуқра бо сабку меъёри сосонӣ ба муомилот бароварда шуда, дар рӯи онҳо нимрухи шоҳ ва дар пушташон оташдони зардуштӣ тасвир ёфта буданд. Қисми дигари ин сиккаҳо дар пайравӣ ба сиккаҳои Васудева бароварда шуда, дар рӯи онҳо тасвири шоҳ дар ҳолати ниёиш (қоматаш рост; дар назди оташдони зардуштӣ) ва дар пушташон Шива (дар назди гови муқаддас) ҳаккокӣ гашта буд. Сиккаҳо навиштаҷоти бохтарӣ ва паҳлавӣ доштанд. Зимни ҳафриёти бостоншиносӣ дар водии Вахш намунаи зиёди сиккаҳои мисии сосонӣ-кушонӣ ёфт шуданд.
Тиҷорат
Алоқаи тиҷоратии Кушониён бо Чин, Эрон ва Рум ба воситаи Роҳи бузурги абрешим сурат мегирифт. Савдои байналмилалӣ тавассути бандарҳои Ҳиндустон (Барбарикон, Баригаз), Искандарияи Миср сурат гирифта, тавассути он аз Чин, Суғд, Бохтар ва Ҳинд доруворӣ, атриёт, сангҳои қиматбаҳо, устухони фил, рангу рустанӣ, шакар, пахта ва молҳои дигар ба Миср содир мешуд.
Забон ва фарҳанг
Кушониён дар марҳилаи аввал аз забони юнонӣ истифода мебурданд. Дар солҳои аввали ҳукумати Канишка забон ва хатти бохтарӣ ҷойгузини забони юнонӣ гардид, ки ин амр барои густариши фарҳангу ҳунари маҳаллӣ ва коҳиши нуфузи фарҳанги атиқа мусоидат кард. Дар давлати Кушониён аксари мардум пайрави динҳои зардуштӣ, шивапарастӣ ва буддоӣ буданд. Динҳои буддоӣ ва шивапарастӣ маъмулан дар Ҳиндустон ва дини зардуштӣ дар Бохтар, Суғд ва Хоразм роиҷ буданд. Кушониён ба ҳукумати 200-солаи юнониён дар Бохтар хотима гузошта, анъанаҳои давлатдории мардуми ориёӣ ва забону фарҳанги бохтариро густариш дода, дубора эҳё карданд.
Д. Давудӣ.
Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 212.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




