Давлатҳои бостонии ориёӣ
Давлатдории мардуми ориёиро дар қадим ба ду давра тақсим кардан мумкин аст – асотирӣ ва таърихӣ.
Пешдодиён
Пешдодиён, мутобиқи маълумоти Авесто, осори паҳлавӣ ва таърихномаҳои форсӣ-арабӣ аввалин сулолаи шоҳони ориёитабор буданд. Таърихи давлатдории ин сулола ба шакли ривоят сабт шудааст. Дар замони ҳукмронии шоҳони ин сулола (Каюмарс, Ҳушанг, Таҳмурас, Ҷамшед, Заҳҳок, Фаридун, Манучеҳр, Шаҳримон, Афросиёб, Зобзу, Гаршосп) ҳодисаҳои муҳимми таърихӣ рух доданд.
Нахустин намояндаи ин хонадон Каюмарс (ҳукмронӣ тақрибан 40 сол) ба аввалин одам нисбат дода мешавад. Ҳушанг дар миёни одамон доварӣ, ҳукм ва адлро ҷорӣ кард ва бо лақаби Пешдод машҳур гардид. Дар давраи ӯ одамон ба истеҳсолу коркарди биринҷ, хонасозӣ, чорводорӣ, кишоварзӣ, обёрӣ ва ғайра ошно шуданд; расми подшоҳӣ ва тоҷгузорӣ падид омад; шаҳрҳои Бобил ва Шӯш қомат афрохтанд. Дар давраи Таҳмурас аспсаворӣ, борқашонӣ, пашмресӣ, бутпарастӣ ва рӯзагирӣ маъмул гардид; сохтмони куҳандизи Марв ва ду бино дар Исфаҳон хотима ёфт.
Дар замони Ҷамшед шамшер, ҷавшани пӯлодӣ, абрешим, қаз, катони ранга, фарш, истеҳсоли атру дору, рангҳои табиӣ, бунёди иншооти бузург ва гармоба ихтироъ шуд. Пойтахташ шаҳри Истахр буд. Оини ҷашнгирии Наврӯз дар рӯзи тахтнишинии ӯ маъмул гашт. Ҷамшед дар қиболи дастовардҳояш мағрур шуда, даъвои худоӣ кард ва тадриҷан боварии мардумро аз даст дод. Дар ин фурсат Заҳҳок бар зидди Ҷамшед хурӯҷ карда, ба тахти шоҳӣ даст ёфт. Дар аҳди ӯ зулму истибдод ривоҷ ёфт ва дар миёни мардум бо номи Заҳҳоки Морон машҳур гардид. Морони китфони Заҳҳок албатта хаёлӣ буданд ва ин мавзӯъ дар адабиёту санъати тасвирии халқи тоҷик васеъ паҳн шуда, мазмуни иҷтимоӣ (муборизаи қувваҳои некӣ ва бадӣ) гирифт. Намунаи барҷастаи он «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ мебошад. Саҳнаҳо аз ин достон дар болодарии қасри шоҳони Истаравшан низ тасвир шудаанд. Коваи оҳангар зери Дирафши ковиёнӣ бар зидди Заҳҳок шӯриш бардошт ва Фаридун писари Ҷамшедро ба тахт шинонд. Фаридун гурзи сиёҳранги говсар дошт. Илми тиб, оини Меҳргон дар замони ӯ пайдо шуда, фалсафа ва нуҷум инкишоф ёфт.
Дар давраи Манучеҳр боғдорӣ, ҷангафзорҳо, хандақҳои мудофиавӣ пайдо шуда, дар соҳили Фурот чанд наҳр хафр гардид. Дар ин давра Афросиёб (ҳукмронӣ тақрибан 12 сол) ба Эрон ҳуҷум ва Ироқу Бобилро хароб кард. Охирин шоҳи Пешдодиён Гаршосп (Виштосп) буд. Баъзе донишмандон замони ҳукмронии Пешдодиёнро ба асри биринҷ (тақрибан ҳазорсолаҳои 5–3 то милод) нисбат медиҳанд.
Каёниён
Каёниён сулолаи дувуми шоҳони ориёӣ мебошанд, ки мувофиқи ривоёт 738 сол ҳукмронӣ кардаанд. Дар «Шоҳнома» воқеаҳои таърихии аҳди Каёниён ба асотир омезиш дода шудаанд. Фирдавсӣ Ҳумой, Дороб ва Дороро ба намояндагони хонадони Каёниён мансуб донистааст, ки аслан шоҳони ҳахоманишӣ буданд. Дар «Шоҳнома» аз Искандари Мақдунӣ низ ҳамчун намояндаи Каёниён ёд шудааст, ки гӯё падараш эронӣ буд ва аз ин рӯ, бо фарри каёнӣ ҳукумати Эронро соҳиб гардид. Мувофиқи маълумоти «Шоҳнома» дар аҳди Каёниён бо сабаби тохтутози дубораи Афросиёб ба Эрон, даргириҳо дар миёни Эрон ва Турон авҷ гирифтанд. Рустами Достон дар ин ҷангҳо қаҳрамонӣ нишон дода, дар аҳди Кайхусрав Афросиёб дастгир ва кушта мешавад.
Тибқи маълумоти Авесто Кайқубод, Кайқовус, Сиёвуш, Кайхусрав, Кайгуштосп (Виштосп) намояндагони хонадони Каёниён буданд. Бори аввал А. Кристенсен дар солҳои 30-уми асри 20 аз Каёниён ҳамчун сулолаи таърихӣ ёд кардааст.
Ба қавли муҳаққиқон М. М. Дяконов ва А. Кристенсен таъсисёбии ҳукумати Каёниён дар Бохтар (асрҳои 9–7 то милод) ба давраи аз ҳам ҷудо шудани қабилаҳои ҳиндуэронӣ рост меомад. Асосгузори сулолаи Каёниён Кайқубод буд. Давлати Каёниёнро ду дудмон сарварӣ кардаанд; аз дудмони аввал Кайқубод, Кайапива, Кайқовус, Кайораш, Кайпешин ва Кайхусрав бархостанд. Кайхусрав ворис надошт; ба ҷойи ӯ яке аз хешони наздикаш – Кайлухросп подшоҳ шуд. Мувофиқи баъзе маълумот ҳукумати ин дудмон 260 сол идома ёфт, ки дар ин миён Кайқубод — 120, Кайқовус — 150 ва Кайхусрав 60 сол подшоҳӣ доштанд. Дудмони дигари Каёниён ба Кайлухросп мансуб буд ва онҳо 331 сол ҳукумат карданд: Кайлухросп – 120, Кайгуштосп (Виштосп) — 120, Кайбахман — 99 ва Кайҳумой (духтари Баҳман) — 32 сол ҳукм рондаанд. Пас аз Кайхусрав ҳукумати Каёниён заиф шуда, дар аҳди Кайгуштосп ба авҷи қудрат расид. Давлати Каёниён сипас ба таназзул рӯбарӯ шуда, қаламрави он ба ҳайати давлати Ҳахоманишиён дохил гардид.
Ҳукумати Каёниён аввалин ташкилоти муназзами сиёсии қавмҳои ориёӣ дар Бохтар буд, ки марзҳои нуфузи он то давраи зуҳури Зардушт густариш ёфт. Каёниён дар таърихи тамаддуни мардуми ориёӣ нақш гузоштанд; дар замони Каёниён (ҳазораи дувуми то милод) вожаи ориёӣ ҳамчун этноним дар маъхазҳои авестоӣ ва ведӣ зикр мешавад; дар ин давра дини Зардуштия ва китоби муқаддаси Авесто дар байни ориёиҳо ва дигар мардумон мунташир гардид; ҳамзамон дар замони Каёниён «тамаддуни бузурги Бохтару Марғуш» ташаккул ёфт, ки марзҳои густариши он қаламрави Хуросон, Мукрон, Балучистон, Осиёи Марказӣ, Афғонистон, Покистон, қисми шумолии Ҳиндустони кунуниро фаро мегирифт; аз даврони ҳукумати Каёниён дар Турон иттиҳоди турҳо ташаккул ёфт. Каёниён ҳукумати мутараққӣ доштанд. Роҳбари ҳукумати марказӣ хшатрап (шоҳаншоҳ) ва ноиби ӯ фрамандар буд. Баъдан Ҳахоманишиён баъзе унсурҳои идории давлати Каёниёнро иқтибос карданд.
Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 207.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




