Кушониён
Кушониён сулолаи ориёитабор буданд, ки давлати онҳо яке аз давлатҳои муқтадири Шарқи Қадим (асрҳои 1–4) буд. Давлати Кушониён дар Бохтар ташкил ёфта, тадриҷан мулкҳои шимоли Ҳиндустон, Осиёи Миёна, Қошғар ва Хутан ба қаламрави он ҳамроҳ шуданд. Солҳои 141–128 то милод юэҷиҳо дар иттиҳод бо қабилаҳои эронитабор — сакоиҳо ва массагетҳо — Давлати Юнонии Бохтарро барҳам дода, дар соҳили рости дарёи Ому маскан гирифтанд. Баъдан ҷануби Бохтарро бо пойтахташ шаҳри Ланши (имрӯза Шаҳринав) забт карда, панҷ мулки мустақил ташкил доданд. Тақрибан дар ибтидои асри I-уми милодӣ пешвои яке аз қабилаҳои юэҷиҳо – Кучула Кадфиз чор мулки алоҳидаро дар атрофи Кушония (дар маъхазҳои чинӣ Гуйшуан) муттаҳид намуда, ба давлати Кушониён асос гузошт. Кучула Кадфиз баъдан ба самти Кобул, Арахосия ва шимолу ғарби Ҳинд лашкар кашида, қаламрави давлатро то Гандҳара васеъ кард. Баъди Кучула Кадфиз писари ӯ Вима Такту (35–65) ба сари қудрат омад, ки номаш танҳо дар Катибаи Работак ёд мешавад. Дар аҳди вориси Вима Такту – Вима Кадфиз (65–105) мулкҳои марказии воҳаи Ҳинд ва атрофи Тиббат ба қаламрави давлати Кушониён ҳамроҳ гардида, дар натиҷаи ислоҳоти пулии ӯ зарби сиккаҳои тилоӣ ба роҳ монда шуд.
Густариши давлат
Дар аҳди Канишка (тақрибан 105–128) давлати Кушониён ба авҷи қудрат расида, қаламрави он то минтақаи шимолу ғарби Ҳинд (то шаҳри Банорас), Хоразму Чочу Фарғона ва Туркистони Шарқӣ васеъ гардид. Ҳамзамон, бино бар васеъ шудани мулкҳои ҳиндустонии Кушониён пойтахти давлат аз Бохтар ба шаҳри Пурушапура (ҳоло Пешовар) интиқол дода шуд. Дар ин давра Қошғар низ чанд муддат зери нуфузи Кушониён қарор дошт, аммо солҳои 70–80 сипоҳиёни хитой бо сардории Бан Чао ин минтақаро бозпас гирифтанд. Кушониён баъди ду-се сол кӯшиш карданд, ки тавассути хостгории духтари императори Хитой муносибати худро бо кишвари ҳамсоя беҳтар намоянд, вале ҳайати сафорати онҳо ба асорат афтод. Дар ҷавоб Кушониён ба самти Туркистони Шарқӣ лашкар кашида, баъди нокомӣ ва гуфтушунид бо Бан Чао ақибнишинӣ карданд. Дар аҳди императори Хитой – Хуан Ан-ди (106–125) Қошғар дубора то соли 125 зери нуфузи Кушониён гузашт.
Робитаҳои сиёсӣ
Кушониён бо империяҳои Порт, Сосониён, Рум ва Хитой робитаи сиёсӣ барқарор карда буданд. Барои пешгирии ҳуҷуми эҳтимолии Сосониён бо Руми Қадим муносибатҳои дӯстона барқарор намуда, сафирони кушонӣ дар ҷашни дарбори император Аврелиан (274) ширкат доштанд. Кушониён ҳамзамон барои бартараф кардани хатари Сосониён бо шоҳи Арманистон иттиҳод бастанд, аммо дар ин самт ноком шуданд.
Ворисон ва заволи давлат
Тартиб ва замони ҳукумати намояндагони хонадони Кушониён бар асоси фарзия муқаррар шудааст: дар асоси навиштаҷоти сиккаҳо баъди Канишка Хувишка (132–164), Васудева (184–218) ва ба қавли баъзе донишмандон баъди Канишкаи I Васишка, пас аз Хувишка Канишкаи II, Канишкаи III ва Васудеваи II ҳукмронӣ карда буданд. Кушониён дар нимаи дувуми асри 4 мулкҳои худро дар Ҳиндустони Марказӣ аз даст доданд ва то миёнаҳои асри 5 қаламрави Кушоншаҳр ба ихтиёри Ҳайтолиён гузашт.
Ҳунармандӣ ва шаҳрсозӣ
Дар давлати Кушониён соҳаҳои гуногуни ҳунармандӣ тараққӣ карда, зимни ҳафри ёдгориҳои Афросиёб, Багром, Қаротеппа (дар Тирмиз), Калалитеппа (дар Хоразм), Емшитеппа, Дилбарзинтеппа, Дилварзинтеппа, Каписа, Сайёд ва Ҳалқаҷар маҳаллаҳои кулолгарону оҳангарон, асбобу ашёи бостонӣ ва ғайра ёфт шуданд. Аслиҳасозӣ низ ривоҷ ёфта, сипоҳиёни кушонӣ бо шамшерҳои дудамаи миёнхамида бе гулубанд, ханҷар, найза, тиру камон, табарзин, фалахмон, ҷавшану сипар мусаллаҳ буданд. Истифодаи камони панҷқисмаи пулакчадори кушонӣ дар Аврупо, Ҳинд, Эрон ва Хитой маъмул шуда буд. Дар давлати Кушониён шаҳрсозӣ аз рӯи тарҳи муайян (шакли росткунҷа) сурат гирифта, атрофи шаҳрҳо девори истеҳкомӣ дошт. Дар қаламрави Хуросон, Мовароуннаҳр, Ҳиндустон харобаҳои чандин шаҳрҳои хурду бузург кашф гардиданд: Шаҳринав, Ғаравқалъа, Саксанохур, Холчаён, Афросиёб, Каписа ва Таксилаи шимоли Ҳиндустон, Теппаи Шоҳ, Кайқубодшоҳ, Тахти Қубод, Ҳалқаҷар, Сайёд, Чимқӯрғон ва ғайра.
Сикказанӣ
Дар марҳилаи аввал (тақрибан сеяки охири асри 2 – охири 1 то милод) Кушониён дар пайравӣ ба шоҳ Евкратид сиккаҳои нуқрагӣ ва ба тақлид аз Ҳелиокл сиккаҳои мисӣ мебароварданд. Аввалин сиккаҳои нуқрагини Кушониён (вазн 16–17 грамм) бо номи шоҳ Ҳерай (номи бохтариаш Санаб) зарб зада шуда, дар рӯи онҳо нимрухи шоҳ ва дар пушташон шахси аспсавор тасвир ёфтааст. Дар сиккаҳо шоҳ симои ориёӣ-тоҷикӣ – рӯи барҷаста, бинии калони рости баланд ва чашмони калон дорад. Дар атрофи тасвири аспсавор бо забони бохтарӣ навиштаҷоти «Ҳоким Ҳерай кушонӣ Санаб» ҳаккокӣ шудааст. Чанд обол ва тетрадрахмаҳои Ҳерай дар Қубодиён, Шаҳритӯс, Вахш, Хуросон, Фархор, Данғара, Ҳисор ва Ховалинг ёфт шуданд.
Дар марҳилаи дуюм (тақрибан охири асри 1 то милод – 3) сиккаҳои шоҳони кушонӣ Кучула Кадфиз, Сотер Мегас (Вима Такту), Вима Кадфиз, Канишка, Хувишка ва Васудева аз тило ва мис зарб зада мешуданд. Зарби сиккаҳои тилоӣ аз давраи Вима Кадфиз оғоз гардид. Дар рӯи сиккаҳо нимрух ё пайкари пурраи шоҳ дар назди оташдони зардуштӣ ва дар пушташон худоҳои зардуштӣ (Шива) ва баъзан Буддо тасвир шудааст. Унвон ва номи шоҳон дар сиккаҳо аз ибтидо ба юнонӣ, баъдан юнонию ҳиндӣ ва аз замони Канишка танҳо ба забони бохтарӣ ҳаккокӣ мешуд. Сиккаҳои тилоӣ дар тамоми қаламрави давлати Кушониён дар гардиш буданд ва намунаи онҳо аз Панҷакент, Хуҷанд, Фарғона ва Тошканд ёфт шудаанд. Яке аз ганҷинаҳои калонтарини сиккаҳои тилоӣ (тақрибан 200 дона) соли 1999 дар Ҳалқаҷар ёфт шуд. Дар марҳилаи сеюм (асрҳои 3–4) сиккаҳои пасокушонӣ дар пайравӣ ба Хувишка, Васудева ва Канишкаи III зарб зада шуда, сифати ороиш, тасвир ва арзишашон паст ва вазнашон кам гардид.
Дар марҳилаи чорум (асри 4) сиккаҳои кушонӣ-сосонӣ қисман аз тилову нуқра бо сабку меъёри сосонӣ ба муомилот бароварда шуда, дар рӯи онҳо нимрухи шоҳ ва дар пушташон оташдони зардуштӣ тасвир ёфта буданд. Қисми дигари ин сиккаҳо дар пайравӣ ба сиккаҳои Васудева бароварда шуда, дар рӯи онҳо тасвири шоҳ дар ҳолати ниёиш (қоматаш рост; дар назди оташдони зардуштӣ) ва дар пушташон Шива (дар назди гови муқаддас) ҳаккокӣ гашта буд. Сиккаҳо навиштаҷоти бохтарӣ ва паҳлавӣ доштанд. Зимни ҳафриёти бостоншиносӣ дар водии Вахш намунаи зиёди сиккаҳои мисии сосонӣ-кушонӣ ёфт шуданд. Алоқаи тиҷоратии Кушониён бо Чин, Эрон ва Рум ба воситаи Роҳи бузурги абрешим сурат мегирифт. Савдои байналмилалӣ тавассути бандарҳои Ҳиндустон (Барбарикон, Баригаз), Искандарияи Миср сурат гирифта, тавассути он аз Чин, Суғд, Бохтар ва Ҳинд доруворӣ, атриёт, сангҳои қиматбаҳо, устухони фил, рангу рустанӣ, шакар, пахта ва молҳои дигар ба Миср содир мешуд.
Забон ва фарҳанг
Кушониён дар марҳилаи аввал аз забони юнонӣ истифода мебурданд. Дар солҳои аввали ҳукумати Канишка забон ва хатти бохтарӣ ҷойгузини забони юнонӣ гардид, ки ин амр барои густариши фарҳангу ҳунари маҳаллӣ ва коҳиши нуфузи фарҳанги атиқа мусоидат кард. Дар давлати Кушониён аксари мардум пайрави динҳои зардуштӣ, шивапарастӣ ва буддоӣ буданд. Динҳои буддоӣ ва шивапарастӣ маъмулан дар Ҳиндустон ва дини зардуштӣ дар Бохтар, Суғд ва Хоразм роиҷ буданд. Кушониён ба ҳукумати 200-солаи юнониён дар Бохтар хотима гузошта, анъанаҳои давлатдории мардуми ориёӣ ва забону фарҳанги бохтариро густариш дода, дубора эҳё карданд.
Д. Давудӣ.
Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 211–212.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




