Истилои араб дар Хуросону Мовароуннаҳр ва муборизаи озодихоҳии мардум алайҳи онҳо
Бо зуҳури дини ислом қабилаҳои нимҷазира дар атрофи пайғамбар Муҳаммад (с) муттаҳид шуданд (солҳои 20–30-и асри 7) ва барои ташкили давлати арабҳо замина фароҳам гардид. Баъди реҳлати ҳазрати Муҳаммад (с) (632) дар ҷомеаи исломӣ оид ба масъалаи интихоби халифа ихтилоф сар зада, баъзе қабилаҳои араб бо нишони иртидод аз иттиҳодияи ислом хориҷ шуданд. Дар аҳди хилофати Абубакри Сиддиқ (632–634) исёни қабилаҳои араб қисман пахш карда шуд; халифа барои ором кардани вазъияти сиёсӣ ашрофи арабро ба ишғоли мулкҳои марзии нимҷазира ҷалб кард. Вазъи сиёсии минтақа дар марҳилаи аввали истилои араб ба нафъи арабҳо тағйир ёфта буд: дар натиҷаи ҷангҳои тӯлонӣ иқтидори ҳарбии давлатҳои марзии нимҷазира — Сосониён ва Византия заиф шуд.
Арабҳо ҳанӯз қабл аз истилои Искандари Мақдунӣ бо форсҳо робита барқарор карда буданд. Дар аҳди Сосониён қаламрави сукунати онҳо дар Байнаннаҳрайн то каронаҳои ғарбии шаҳри Тайсафун васеъ гардид. Пас аз сарнагун шудани ҳукумати Лахмиён (602) марзҳои давлати Сосониён барои тохтутози қабилаҳои араб кушода шуданд. Сипоҳи Сосониён дар нахустин набарди таърихии Зуқор (байни солҳои 602–611) аз ҷониби қабилаҳои Бакр ибни Воил ба шикаст рӯбарӯ шуд ва ин музаффарият арабҳоро ба идомаи лашкаркашӣ рӯҳбаланд кард. Дар аҳди хилофати Абубакр арабҳо бо роҳбарии Холид ибни Валид ва ҷалби Мусанно ибни Ҳориса (роҳбари қабилаи Шайбониён) сипоҳи сосониро дар набардҳои Зотуссалосил, Уббула, Анбор ва ғайра шикаст дода, минтақаи Ҳираро тасарруф карданд. Дар ибтидои соли 634 Холид аз Эрон бозхонда ва ба самти Шому Фаластин фиристода шуд. Дар аҳди хилофати Умар (634–644) сипоҳи арабҳо таҳти роҳбарии Абуубайдаи Сақафӣ ба самти Байнаннаҳрайн равона шуд ва дар набарди назди пули Чиср (дар наздикии Куфаи ҳозира) аз ҷониби Баҳмани Чодвия шикаст хӯрд. Августи 636 неруҳои муттаҳидаи араб зери фармондеҳии Саъд ибни Абиваққос дар набарди Қодисия сипоҳи Рустами Фаррухзодро торумор карда, маркази давлати Сосониён — шаҳри Тайсафунро забт намуданд. Арабҳо баъди ғолибият дар набарди Наҳованд (644), шаҳрҳои Рай, Қазвин, Қумисро истило карда, ба ҳудудҳои имрӯзаи Озарбойҷон дохил шуданд. Соли 644 шаҳрҳои Ҳамадон, Қум ва Исфаҳонро забт ва ба самти Хуросон ҳаракат намуданд. Соли 648 ба Истаҳр ҳуҷум оварда, онро ишғол карданд ва соли 649 ошуби мардумро саркуб ва шаҳрро қисман хароб сохтанд. Шоҳ Яздигарди III зери таъқиби арабҳо аз Форс ба Кирмон паноҳ бурда, дар соҳили дарёи Мурғоб кушта шуд. Баъдан шоҳзодаи сосонӣ Пирӯз ва писараш Нарсес кӯшиш карданд, ки дар Тахористон бо ёрии чиниҳо бар зидди арабҳо мубориза баранд, аммо ноком шуда, ба Чин паноҳ бурданд.
Арабҳо баъди ишғоли Хуросон Марвро ба қароргоҳи худ табдил дода, тохтутози худро ба мулкҳои Мовароуннаҳр сар карданд. Юриши арабҳо ба Мовароуннаҳр дар ду марҳала сурат гирифт. Дар марҳалаи аввал ин юриш бо мақсади касби ғанимат роҳандозӣ шуд. Соли 673 Убайдуллоҳ ибни Зиёд чанд бор ба Тахористон ҳуҷум карда, пас аз нокомиаш дар ишғоли мулк бо маликаи он — Фатҳ Хотун аҳднома баст; мувофиқи аҳднома арабҳо бар ивази дарёфти фидя ҳукумати Тахористонро ба ихтиёри малика гузоштанд. Соли 676 волии Хуросон Саид ибни Усмон ба Хутталон ҳуҷум карда, дар бадали ғанимати ҷангӣ бо хутталониён сулҳ баст. Соли 696 Умайя ибни Абдуллоҳ бо сабаби саркашии хутталониён аз пардохти андоз ба Хуттал лашкар кашид ва онро ишғол намуд. Арабҳо соли 699 таҳти фармондеҳии волии нави Хуросон ал-Муҳаллаб ибни Абисуфра чанд муддат шаҳри Кешро муҳосира карданд. Дар ин муддат писари ал-Муҳаллаб — Язид ба Хутталон ҳуҷум карда, ба дарёфти фидя ноил шуд.
Аз соли 705 сиёсати Умавиён нисбат ба Мовароуннаҳр ба куллӣ тағйир ёфт. Онҳо қисман зиддиятҳои дохилиро дар хилофат бартараф карда, дар марҳилаи дувуми юришҳои худ ишғоли Мовароуннаҳрро тарҳрезӣ намуданд. Соли 705 Умавиён Қутайба ибни Муслимро ҳокими Хуросон тайин карда, фатҳи Мовароуннаҳрро ба уҳдаи ӯ гузоштанд. Қутайба аз парокандагии сиёсӣ ва рақобати носолими ҳокимони маҳаллӣ истифода бурда, дар алоҳидагӣ ҳамаи мулкҳои мустақили Мовароуннаҳрро ишғол кард. Ӯ аз дарёи Ому гузашта, ба Бухоро равон шуд ва дар сари роҳ Пайкандро забт намуд. Ӯ ҳанӯз ба Бухоро нарасида буд, ки сокинони Пайканд исён бардошта, чанд сипоҳии арабро ба қатл расониданд. Қутайба баъди саркуб кардани исёни Пайканд ва ҷазо додани сокинони он шаҳрро хароб кард. Баъди фоҷиаи Пайканд ҳокимони маҳаллӣ моҳияти юришҳои арабҳоро дарк карда, қисман бар зидди аҷнабиён муттаҳид шуданд. Солҳои 707 ва 708 кӯшишҳои Қутайба барои ишғол намудани Кеш, Нахшаб ва Бухоро ба нокомӣ анҷом ёфт. Ӯ дар муқобили қувваи муттаҳидаи суғдиёну туркҳо шикаст хӯрда, ба Марв баргашт. Қутайба баъди пахш намудани исёни мардуми Тахористон (709) бо сипоҳи нав ба воҳаҳои Бухоро лашкар кашид. Вардонхудот дар иттиҳод бо мардуми Самарқанд ва туркҳо Қутайбаро ба муҳосира гирифт. Дар набард Қутайба ба шикаст рӯбарӯ шуда, барои пароканда кардани неруҳои муттаҳидаи ҳампаймонон аз ҳила кор гирифт. Ӯ ихшиди Самарқанд — Тархунро бовар кунонд, ки туркҳо душмани суғдиёнанд ва ихшиди фирефта сипоҳиёни худро аз майдони набард баровард. Сипас туркҳо низ ақиб нишастанд. Қутайба аз муҳосира раҳо шуда, Бухороро забт намуд. Соли 710 ба ишғоли шаҳрҳои Шумон, Кеш ва Нахшаб муваффақ шуда, соли 711 нақшаи забти Самарқандро тарҳрезӣ кард. Дар ин лаҳза Хоразмшоҳ барои саркуб кардани исёни бародараш аз Қутайба ёрӣ хост. Баъди пахш намудани исёни бародараш Хоразмшоҳ бо Қутайба ҳампаймон шуда, ҳукумати ӯро эътироф кард. Соли 712 Қутайба дар иттиҳод бо дастаҳои ҳарбии хоразмиёну бухориён Самарқандро муҳосира кард. Мардуми шаҳр баъди як моҳи муқовимат ба Қутайба таслим шуданд. Солҳои 713–714 Қутайба Хуҷанд, Чоч ва Фарғонаро ишғол карда, то марзҳои Кошғар пеш рафт. Баъди кушта шудани Қутайба дар Фарғона (715) истилои араб дар Мовароуннаҳр чанд муддат қатъ гардид. Солҳои 726 ва 737 Асад ибни Абдуллоҳ зимни ҳуҷум ба Хутталон шикаст хӯрд ва бо ҳоли табоҳ ба Балх баргашт. Дар васфи ин набарди таърихӣ ва шикасти Асад аввалин қитъаи шеъри машҳури тоҷикӣ суруда шуд:
Аз Хутталон омадиҳ,
Ба рӯ табоҳ омадиҳ.
Обор боз омадиҳ,
Хушку низор омадиҳ.
Арабҳо баъди ишғоли Хутталон (737) то солҳои 40-уми асри 8 мулкҳои Мовароуннаҳрро ба қаламрави хилофат ҳамроҳ карданд.
Омилҳои асосии музаффарияти арабҳо: ҳунари ҷангии арабҳо; мавҷудияти парокандагии сиёсӣ, рақобати сиёсии ҳокимони маҳаллӣ, низоъҳои дохилӣ ва сулолавӣ; истифодаи дурусти ғанимати ҷангӣ. Дар давраи истилои араб дар Мовароуннаҳр чандин ҳаракату исёнҳои мардумӣ ба вуқӯъ омаданд.
Исёни мардуми Суғд (720–722)
Роҳбари исён афшини Панҷакенти Қадим (708–722) Деваштич буд. Ӯ баъди ихшиди Суғд шуданаш ба вилоятҳои гуногуни Мовароуннаҳр — Хутталон, Чоч, Уструшана, Фарғона ва хоқони турк мактуби имдодӣ навишта, онҳоро ба муборизаи муттаҳидона ба муқобили арабҳо даъват намуд. Пас аз шикаст хӯрдани суғдиҳо таҳти сарварии Карзанг дар Хуҷанд (720–721) волии Хуросон — Саиди Харашӣ сарлашкарони араб Сулаймон ибни Абуссарӣ ва Мусайяб ибни Бишри Риёҳиро барои саркӯбсозии Деваштич равона кард. Дастаҳои пешсафи Деваштич дар наздикии деҳкадаи Кум ба арабҳо зарба зада, баъдан дар қалъаи Абаргар (ҳоло кӯҳи Муғ) камин гирифтанд. Ҷонибдорони Деваштич баъди се-чор моҳи муқовимат дар қалъа ва кам шудани захираи озуқаворию силоҳи ҷангӣ аз идомаи мубориза даст кашида, бар ивази ҷону моли худ қалъаи Абаргарро ба арабҳо таслим карданд. Дар пахши муборизаи Деваштич бо арабҳо дастаҳои ҳарбии ҳокимони маҳаллӣ – Хоразмшоҳ, Шавкар ибни Хумайк ва Аврам (фармонрави Аҳоруну Шумон) низ кумак расонида буданд. Тирамоҳи 722 Деваштич бо дастури Саиди Харашӣ дар Рабинҷон ба қатл расида, сараш ба Ироқ ва дасти росташ ба Тахористон (назди Сулаймон ибни Абуссарӣ) фиристода шуд. Аммо солҳои 725–730 муборизаи мардуми Суғд дар иттиҳод бо қувваи ҳарбии ҳокимони Нахшаб, Чоч, Уструшана ва Фарғона идома ёфт. Солҳои 728–730; 736–737 мардуми Тахористон ва қувваҳои ҳарбии хоқони Турк ба муборизаҳои Суғд ҳамроҳ шуданд ва исёни онҳо тамоми Мовароуннаҳрро фаро гирифт. Солҳои 738–739 амири нави Хуросон Наср ибни Сайёр (738–748) исёни мардуми Суғд, Чоч ва Фарёбро саркӯб кард.
Наҳзати Абумуслими Хуросонӣ
Абдурраҳмон ибни Муслим эронитабор ва аз маволиёни Хуросон буд. Ӯ дар Куфа ба ҷурми ҳамкорӣ бо яке аз гурӯҳҳои исёнталаби зидди умавӣ зиндонӣ шуда, баъди раҳоӣ аз зиндон (744) мардуми Хуросонро ба муқобили хилофати Умавиён даъват кард. Абумуслим ва тарафдоронаш либоси сиёҳ ба тан пӯшиданд ва шӯришашон дар таърих бо номи «қиёми сиёҳҷомагон» машҳур гардид. Дар муддати кӯтоҳ Абумуслим Хуросонро комилан зери назорати худ қарор дода, соли 749 дар ҳаволии шаҳри Мавсили Ироқ Умавиёнро шикаст дод. Охирин намояндаи хонадони умавӣ халифа Марвон ба Миср гурехт ва соли 750 ба дасти хуросониён дар шаҳри Бусири Миср ба қатл расид. Баъди ба сари қудрат омадани Аббосиён дар сарзаминҳои шарқии хилофат зери таъсири наҳзати Абумуслим чанд исён сар заданд. Аз ҷумла, таҳти таъсири шӯришҳои ироқиён арабҳои муқими Бухоро ва мардуми маҳаллӣ бо сарварии Шарик ибни Меҳрӣ (750) ба муқобили амирони нав тайиншуда қиём карданд. Зиёд ибни Солеҳи Хазоӣ соли 751 бо ҳамроҳии Қутайба ибни Туғшода ва Бухорхудот шӯришҳоро саркӯб ва Бухороро оташ заданд. Ҳамин тавр, қиёмҳои деҳқонони мулкҳои Чочу Фарғона ва Хутталу Кеш низ саркӯб шуданд. Эътибори Абумуслим тадриҷан боло рафта, соли 755 халифа Мансур ӯро ба қатл расонд. Пас аз қатли Абумуслим бархе аз сардорон ва тарафдоронаш ба хизмати халифа Мансур камар бастанд ва баъзе ба оҳанги хунхоҳӣ ба Хуросон баргаштанд. Яке аз онҳо Сумбоди Муғ (номи аслаш Фирӯз-Испаҳбад) буд, ки соли 755 дар Нишопур исён бардошт. Сумбоди Муғ пайравони Абумуслимро дар Рай, Қумис, Табаристон ва Нишопур ба муборизаи зидди сарбозони араб даъват кард. Солҳои 747–756 зиёда аз 10 ҳазор сипоҳӣ зери сарфармондеҳии Чаҳвар ба муқобили Сумбод равона шуданд. Муборизаи онҳо дар биёбони Ҳамадону Рай зиёда аз 70 рӯз давом карда, бо шикасти Сумбод хотима ёфт. Арабҳо ҳанӯз шӯриши Сумбодро фаромӯш накарда буданд, ки соли 755 дар гирду атрофи Ҳирот бо роҳбарии Устод Сис (Азиз) шӯриши дигар сар зад.
Исёни Муқаннаъ (769–783)
Дар аҳди хилофати Маҳдӣ (775–785) вазъи иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва сиёсӣ дар минтақаҳои шарқии хилофат мураккаб шуда, эътирози мардум ба муқобили Аббосиён ва ҳокимони дастнишондаи онҳо афзоиш ёфт. Роҳбари исён Ҳошим ибни Ҳаким қосибе аз Марв буд, ки солҳои 768–769 мардумро бо баҳонаи хунбаҳои Абумуслим ба исён даъват кард. Исён аз деҳаи Субаҳ оғоз шуда (майи 776), дар муддати кӯтоҳ Кеш ба маркази ҷунбиши сафедҷомагон табдил ёфт. Муқаннаъ баъди пирӯзӣ дар Бунчикат ва бинои қалъаи истеҳкоми Сиём дижҳои ҳаволии Кешро ишғол кард. Ҳокими Бухоро Ҳусайн ибни Муоз нерӯҳои ҳарбиашро бо дастаҳои ашрофи Бухоро муттаҳид намуда, зидди сипоҳи сафедҷомагон ҳаракат кард. Апрели 776 дар наздикии Наршах байни ҷонибҳои даргир набарди хунин ба амал омад; Муқаннаъ шикаст хӯрд ва 700 нафар аз сипоҳиёнаш ҳалок шуданд, аммо муҳориба вазъиятро тағйир надод. Ҷонибдорони Муқаннаъ дар муддати кӯтоҳ дубора маҳалҳои атрофи Бухороро забт карданд. Халифа Маҳдӣ барои саркӯб кардани Муқаннаъ аз Бағдод ба Нишопур омада, як дастаи сипоҳиёнро зери фармондеҳии Ҷабраил ибни Яҳё ба ёрии ҳокими Бухоро фиристод. Сафедҷомагон муддати чор моҳ Наршахро дар муқобили рақиб муҳофизат карда, ба сипоҳи Ҷабраил талафоти калон расонданд.
Солҳои 777–778 сафедҷомагон чанд бор сипоҳи Ҳусайн ибни Муозро шикаст доданд ва аксари шаҳрҳои Суғд, Тирмиз, Чағониён, Кешу Насаф ба ихтиёри сафедҷомагон гузаштанд. Соли 780 халифа Маҳдӣ Мусайяб ибни Зуҳайрро волии Хуросон таъин кард ва муборизаро бар зидди сафедҷомагон шиддат бахшид. Ашрофи Суғд дар ин давра бо ҳимояти ҳокими Ҳирот – Саид Харрашӣ роҳҳои иртиботии сафедҷомагонро ба вилоятҳои дигари Мовароуннаҳр танг карда, дижҳои Кеш ва Бавкатро муҳосира намуданд. Дар давраи муҳосираи дижи Сиём зиёда аз 2 ҳазор пайравони Муқаннаъ содиқона то охир зидди арабҳо мубориза бурданд. Муқаннаъ баъди муборизаи тӯлонӣ бо мақсади таслим нашудани атрофиёнаш баъзе аз онҳоро заҳр дод ва худро дар танури тафсон андохт. Баъди ҳалокати Муқаннаъ исёни сафедҷомагон ба таври пароканда дар Кеш, Нахшаб ва баъзе деҳаҳои Бухоро идома дошт. Соли 806 Рофеъ ибни Лайс низ ба муқобили арабҳо исён бардошт. Сабаби асосии мағлубияти исёнҳо дар номуташаккилӣ, надоштани нақшаи ягонаи амалиёт, хиёнати баъзе сипаҳсолорон ва ашрофи маҳаллӣ буд. Ҳамчунин сипоҳи арабҳо аз ҷиҳати шумора ва аслиҳа бартарӣ дошт. Исёнҳо чун нишони шуҷоат ва рӯҳияи озодихоҳии мардуми Хуросону Мовароуннаҳр дар дили мардуми ин сарзамин умеди озодӣ ва истиқлолро бедор карда, барои ташкили давлати мустақили миллӣ замина фароҳам оварданд. Дар натиҷаи авҷи муборизаи озодихоҳӣ (асрҳои 9–10) тафаккури доираҳои ҳукмрони хилофат низ тағйир ёфт, ҳокимони хилофат идораи баъзе мулкҳои тобеи худро ба ихтиёри сулолаҳои маҳаллӣ вогузор карданд, ки дар натиҷаи ин тасмим давлатҳои мустақил ташкил шуданд.
А. Ҷалилов, С. Асоев.
Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 217–222 (матн: 217, 222; харитаҳо: 218–221).
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




