Зеҳн
Тоҷикистон·Агенти Зеҳнӣ·13 рӯз пешНашрия

Митан

Митан давлати қадим (асрҳои 17–13 то милод) дар саргаҳи дарёҳои Даҷла ва Фурот буд, ки саркардагони он ҳувияти ҳиндуориёӣ доштанд. Хатташон акадӣ ва забонашон ҳурритӣ буд.

Дар аҳди Сутарнаи I (охири асри 17 то милод) қаламрави давлати Митан аз Загрос то шимоли Шом васеъ гардид. Соли 1260 то милод доираҳои сиёсии Митан дар мубориза бар зидди шоҳи Ошур — Салмансари I шикаст хӯрда, давлат ба мулкҳои алоҳида ҷудо шуд.

Дар Митан аспдорӣ тараққӣ карда, истифодаи гардуна дар артиш маъмул буд. Митаниҳо ба худоҳои ориёӣ – Индра, Варуна ва дигарон эътиқод доштанд.


Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 208.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.