Манно
Манно давлати қадими ориёӣ дар шимолу шарқи Эрон буд. Бори аввал аз Манно дар катибаи шоҳи Ошур – Саламансари III ёд шудааст (843 то милод). Дар асри 9 шоҳони Ошур чанд бор ба Манно ҳуҷум карданд, вале дар ишғоли он ноком шуданд. Қаламрави Манно дар асри 8 то милод васеъ шуда, ба мулки мустақили шоҳнишин табдил ёфт.
Дар назди шоҳ Шӯро амал мекард, ки аз аҳли ашроф ва хешовандони ӯ иборат буд. Соҳаҳои асосии иқтисодиёт зироаткорӣ ва чорводорӣ (аз ҷумла, аспдорӣ) буданд. Деҳқонони озод нисбат ба ғуломон дар пешрафти иқтисодиёт нақши асосӣ доштанд. Дар Манно ҳунарҳои кошикорӣ, наққошӣ ва дабирӣ рушд ёфта буданд.
Солҳои 590–585 то милод Манно ба қаламрави Мод ҳамроҳ шуд.
Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 208.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




