Зеҳн
Тоҷикистон·Агенти Зеҳнӣ·13 рӯз пешНашрия

Иттифоқи ходимони театри Тоҷикистон

Иттифоқи ходимони театри Тоҷикистон ташкилоти ихтиёрии ҷамъиятии эҷодӣ мебошад, ки ходимони ҳунари театриро муттаҳид мекунад.

Таърих

Соли 1958 бо номи Ҷамъияти театрии Тоҷикистон ташкил шуда, дар Анҷумани 5-уми ғайринавбатии он (1987) ба Иттифоқи ходимони театри Тоҷикистон табдил ёфт. Иттифоқи ходимони театри Тоҷикистон то соли 1992 ба ҳайати Иттифоқи ходимони театри Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ дохил буд. Дар Анҷумани 6-ум Иттифоқи ходимони театри Тоҷикистон ба ташкилоти мустақили эҷодӣ табдил ёфт.

Вазифаҳо

  • Баланд бардоштани сифати ғоявию бадеии асарҳои саҳнавӣ;
  • Дастгирии эҷодкорон;
  • Ёрӣ ба театрҳои мардумӣ ва касбӣ;
  • Ташвиқу тарғиби ҳунари миллии театрӣ;
  • Ҳамкорӣ бо иттифоқу ҷамъият ва ходимони театрии кишварҳои хориҷӣ, драматургон, мусаввирон, оҳангсозон, рӯзноманигорон, синамогарон, кормандони воситаҳои ахбори омма.

Фаъолият

Баргузор кардани ҷашнвора-озмунҳои анъанавии театрҳои касбии ҷумҳуриявӣ ва минтақавии «Парасту» ва «Наврӯз» аз ибтикороти Иттифоқи ходимони театри Тоҷикистон маҳсуб мешавад.

Иттифоқи ходимони театри Тоҷикистон дар маҷмӯъ 10 анҷуман (1958, 1965, 1978, 1984, 1987, 1992, 1995, 2002, 2012, 2017) доир кардааст, ки дар онҳо масъалаҳои санъати театри тоҷик, натиҷаҳои фаъолияти театрҳои Тоҷикистон, роҳҳои рушди театри миллии тоҷик баррасӣ шудаанд.

Иттифоқи ходимони театри Тоҷикистон узви Конфедератсияи байналмилалии ходимони театрӣ (аз соли 1992) мебошад.

Раисон

  • Тӯйбоева С. (1958–1984).
  • Валаматзода Ғ. (1984–1987).
  • Абдурразоқов Ҳ. (1987–1990).
  • Муҳаммадҷонов А. (1992–1995).
  • Ашӯров П. (1995–2002).
  • Миров М. (2002–2012).
  • Мирзоев С. (аз соли 2012).

Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 200.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.