Ҷамъияти ибтидоӣ дар сарзамини Тоҷикистон
Ҷамъияти ибтидоӣ давраи ибтидоии таърихи башарият мебошад, ки дар он моликияти хусусӣ, табақабандии иҷтимоӣ, давлат ва хат вуҷуд надошт. Он ба чанд марҳила ҷудо мешавад: тӯдаи ибтидоӣ, ҷомеаи авлодӣ (модаршоҳӣ, падаршоҳӣ), заволи ҷомеаи ибтидоӣ ва ташаккули иттиҳодияҳои сиёсӣ. Тибқи бозёфтҳои бостоншиносон давраи қадими сукунати инсон дар Осиёи Марказӣ тақрибан ба 500 ҳазор сол пеш рост меояд. Соли 1953 дар наздикии шаҳри Норини Қирғизистон (назди соҳили дарёи Анарча) олоти зиёди сангӣ пайдо шуд, ки онҳо бо бозёфтҳои бошишгоҳҳои палеолити қадими Африқо, Шарқи Наздик, Осиёи Шарқӣ ва Қаратови Қазоқистони Ҷанубӣ шабоҳат доштанд. Бозёфтҳои минтақаҳои Хоҷабоқирғон, Арал, камари Оқтангӣ (дар ноҳияи Шаҳристон) тахминан ба давраи палеолити боло мансубанд.
Палеолити поин
Қадимтарин ёдгории давраи палеолити поин (800–200 ҳазор сол пеш) дар Осиёи Миёна бошишгоҳи Кулдара (дар Ховалинг) мебошад, ки замони мавҷудияташ ба 850–750 (мувофиқи назарияи дигар 950–850) ҳазор сол пеш рост меояд. Бошандагони Кулдара ба таври тӯда (20–30 нафар) ва ҷамоавӣ зиндагӣ карда, ҳанӯз сохтани манзил ва афрӯхтани оташро намедонистанд. Ёдгории Кулдара таърихи сукунати ибтидоии инсониятро дар Осиёи Марказӣ нишон дода, яке аз нуқтаҳои масири ҳаракати инсонҳои қадим аз Африқо ба Аврупо буд: ин мавҷи ҳаракат тавассути Шарқи Наздик ба Эрон, Осиёи Марказӣ, Олтой ва сипас ба минтақаҳои дигари Шарқ паҳн мешуд. Дар ҷануби Тоҷикистон ҳамчунин чанд бошишгоҳи ин давра, аз қабили Қаратов (дар ноҳияи Ёвон), Лоҳутӣ ва Оби Мазор пайдо шуданд.
Маданияти мусте
Ёдгории маъруфтарини маданияти мусте (100–40 ҳазор сол то милод) дар Осиёи Миёна мағораи Тешиктош мебошад, ки аз ҷониби академик А. П. Окладников дар дараи кӯҳии Заутолушсойи ноҳияи Бойсуни Ӯзбекистон кашф шуд (1938–1939). Аз қабати якуми маскунии мағораи Тешиктош устухони ҷасади писарбачаи 9-солаи неандерталии асри мусте ёфт шуд, ки барои омӯзиши пайдоиши инсоният дар Осиёи Марказӣ аҳамияти ҷаҳонӣ дошт. Омӯзиши хусусиятҳои антропологии косахонаи сари ҷасад нишон дод, ки неандерталҳои асри мустеи Осиёи Марказӣ гурӯҳи вижаи одамони неандерталиро ташкил дода, зоҳиран бо бошандагони ғорҳои Амуд ва Шонидори Шарқи Наздик шабоҳат доштанд.
Дар ҳудуди Тоҷикистон ёдгориҳои асри мустеи мутараққӣ (50–40 ҳазор сол пеш) — Қайроққум, Чарқутан, Қаробуда, Ғори Оғзикичик пайдо шудаанд. Ташхиси палинологӣ нишон дод, ки одамони ҷомеаи ибтидоии Ғори Оғзикичик (дар назди деҳаи Шаршари ноҳияи Данғара) чанд марҳилаи тағйирёбии иқлими минтақаро аз сардӣ ба гармӣ пушти сар кардаанд. Бошандагони он ба ғайр аз сангпушт ҳамчунин оҳу, чайра, хирс, гург, каркадани пашмдароз, аспи хачирмонанд ва ғайраро сайд мекарданд.
Палеолити охир
Пешрафти иҷтимоии давраи мусте ба пайдоиши инсони муосир (Homo sapiens) таъсир гузошт. Такмили олоти корӣ ва пешрафти касби шикор барои коркарди устухон ва пӯст замина фароҳам овард. Дар ибтидои палеолити охир (35–12 ҳазор сол пеш) қобилияти фикрронии инсон пеш рафта, дар мағораҳо наққошиҳои рӯи санг бо тасвири ҳайвонот пайдо шуданд.
Солҳои 1969–1971 В. А. Ранов дар кӯҳҳои Дарвоз бошишгоҳи Шуғнов — баландтарин бошишгоҳи палеолит дар ҷаҳонро кашф кард, ки ба замони палеолити охир (25 ҳазор сол пеш) мансуб аст.
Мезолит
Дар давраи мезолит ё асри санги миёна (10–6 ҳазор сол пеш) олоти сангӣ такмил ёфта, истифодаи камон маъмул шуд. Давраи мезолит барои ҳаракати тӯдаи одамон чандон мусоид набуд ва одамон бештар ба ҷамъоварии рустанӣ, ром кардани ҳайвонот майл пайдо карданд. Ёдгориҳои бостонии Тоҷикистон — бошишгоҳҳои Тутқавул, Сайёд, Чилондара, Кӯли Суфиён, Даҳана, Дараи Шӯр (дар ноҳияи Данғара), Чилучорчашма (дар ноҳияи Шаҳритӯс), Обикиик (дар ноҳияи Хуросон) ва ғори Оқтангӣ (дар ноҳияи Истаравшан) ба давраи мезолит мансубанд. Дар ин давра одамони ибтидоӣ ба боду ҳавои доманакӯҳҳо низ одат карданд. Дар ҳудуди Помири Шарқӣ тақрибан 50 бошишгоҳ ва ду мағора кашф гардид, ки ба ҳазорсолаҳои 8–5 то милод мансубанд. Аз бошишгоҳи Ошхона тақрибан 10 ҳазор олоти сангӣ ёфт шуд.
Неолит
Дар давраи неолит (тақрибан 7–6 ҳазор сол пеш) одамон аз истеъмоли неъматҳои моддӣ ба истеҳсоли онҳо (кишоварзӣ, чорводорӣ) гузаштанд. Бо пайдоиши ҳунари кулолӣ инсон акнун маҳсули зиёдатии худро захира мекард. Ҳамчунин олоти корӣ низ сайқал ёфт. Аз давраи неолит дар Осиёи Марказӣ маданиятҳои Ҷайтун, Калтаманор ва Ҳисор ташаккул ёфтанд. Бошишгоҳҳои маданияти Калтаманор дар соҳилҳои кӯлу дарёҳо ҷойгир шуда, аксари бошандагон ба шикору моҳидорӣ машғул буданд. Ёдгориҳои маданияти Ҷайтун дар қаторкӯҳҳои Копетдоғ ҷойгиранд. Машғулияти асосии ҷайтуниҳо кишоварзӣ буд. Маданияти Ҳисор асосан дар ҷануби Тоҷикистон ва қисман шимолу шарқи Афғонистон паҳн шуда буд. Бошандагони маданияти Ҳисор дар каппаҳои хурди хаспӯши сангфарш зиндагӣ карда, олоти кориашон аз табари суфта, корд, дарафш, парма, белчаҳои сангӣ ва найза иборат буд. Бошандагони он ба зироаткорӣ, чорводорӣ, шикор ва ҷамъоварии рустанӣ машғул буданд. Бошишгоҳҳои машҳури маданияти Ҳисор: Тутқавул, Сайёд, Булёни Поён, Кӯи Булён, Теппаи Ғозиён, Кӯнчӣ, Санги угур, Даҳана ва ғайра.
Асри биринҷ
Дар ҳудуди Тоҷикистон ёдгориҳои давраи биринҷӣ нисбат ба замони неолит ва энеолит зиёдтар кашф шудаанд. Дар қариби обанбори имрӯзаи Қайроққум (Баҳри тоҷик) чанд бошишгоҳи ин давра таҳқиқ гардид. Чорводорони қайроққумӣ дар каппаҳои бузурги хаспӯши оташдондор (сангӣ) зиндагӣ мекарданд. Асп барои саворӣ ва кашидани ароба истифода мешуд. Шикор ва моҳидорӣ василаи даромади иловагӣ буд. Истихроҷи мис низ дар кӯҳҳои Қаромазор оғоз гардид.
Дар ибтидои асри биринҷ (охири ҳазорсолаи дувум — ибтидои ҳазорсолаи якум то милод) дар Осиёи Миёна шаҳри Саразм ташкил ёфт, ки бошандагони он асосан ба кишоварзӣ ва камубеш ба чорводорӣ, коркарди филиз машғул буданд. Дар рафти ҳафриёти шаҳри қадимии Саразм кӯраҳои филизгудозӣ, ҳумдонҳои сафолпазӣ ва 150 намуди ашёи биринҷӣ (корд, ханҷар, табарзин, нӯги найза), муҳри сурбӣ, ашёи тиллоӣ ва нуқрагин ёфт шуданд.
Дар вилояти Хатлон чанд ёдгории асри биринҷ (Қангуртут, Тегузак дар Данғара, Даҳана дар Норак) кашф шуданд. Бошандагони онҳо дар каппаҳо ва хонаҳои хурду бузург (таҳкурсиашон аз санг) зиндагӣ мекарданд, ки оташдон ва чоҳҳои ғалла доштанд. Шуғли асосиашон зироаткории лалмӣ, чорводорӣ ва ҳунармандӣ буд.
Дар охири ҳазорсолаи дувум пеш аз милод дар Помири Шарқӣ маданияти андроновӣ паҳн гардид. Ёдгориҳои маданияти андроновӣ дар шакли капп, қӯрғон ва гӯристон боқӣ мондаанд. Дар охири давраи биринҷӣ ҷомеаи ибтидоӣ тадриҷан завол ёфт.
Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 206–207.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




