Зеҳн
1 пайгир · аз 15 июли 2026 дар Зеҳн
Тӯтии гиасинт — бузургтарин тӯтии парвозкунандаи ҷаҳон
Тӯтии гиасинт (Hyacinth Macaw), ки номи илмии он Anodorhynchus hyacinthinus мебошад, яке аз зеботарин, калонтарин ва нодиртарин тӯтиҳои ҷаҳон ба шумор меравад. Ин паранда бо парҳои кабуди дурахшон, ҳалқаҳои зарди гирди чашм ва нӯли бузургу пурқуввати худ фарқ мекунад. Дарозии бадани он бо думаш тақрибан ба як метр мерасад ва вазнаш аз 1,2 то 1,7 килограмм мебошад. Ҷойи зист Бразилия, Боливия ва Парагвай Тӯтиҳои гиасинт бештар дар ҷангалҳои кушод, минтақаҳои дорои дарахтони нахл ва саваннаҳои Амрикои Ҷанубӣ зиндагӣ мекунанд. Ғизои асосии онҳо мева, тухмӣ ва мағзи сахти нахл мебошад. Нӯли пурқувваташон имкон медиҳад, ки ҳатто пӯсти сахти баъзе меваҳоро бишкананд. Онҳо одатан ҷуфт-ҷуфт ё гурӯҳҳои хурд зиндагӣ мекунанд. Тӯтии модина бештар 1–2 тухм мегузорад ва чӯҷаҳоро волидон якҷоя нигоҳубин мекунанд. Як ҳақиқати ҷолиб: Тӯтии гиасинт аз рӯйи дарозии бадан бузургтарин намуди тӯтии парвозкунандаи ҷаҳон мебошад. Ин паранда ба гурӯҳи намудҳои осебпазир (Vulnerable) дохил мешавад. Нобудшавии муҳити зист ва сайди ғайриқонунӣ ба мавҷудияти он таҳдид мекунанд. Бузургтарин тӯтии парвозкунанда дар ҷаҳон аст, ки дарозии он то 1 метр мерасад. Он дорои парҳои кабуди дурахшон ва хислати хеле ҳалим аст. Аз сабаби зебоӣ ва зеҳни баландаш нархи он аз $10,000 то $40,000 ва ҳатто бештар аз ин арзёбӣ мешавад.

Қиматтарин паранда дар ҷаҳон
Қиматтарин парандае, ки фурӯши он дар музояда сабт шудааст, кабӯтари пойгаии белгиягӣ бо номи «Ню Ким» (New Kim) мебошад. 15 ноябри соли 2020 ин кабӯтари модина дар музоядаи Белгия ба маблағи рекордии 1 миллиону 600 ҳазор евро (тақрибан 1,9 миллион доллари ИМА бо қурби ҳамон давра) фурӯхта шуд. Харидори он шахси сарватманде аз Чин буд. «Ню Ким» соли 2018 дар Белгия таваллуд шуда, дар мусобиқаҳои кабӯтарони пойгаӣ натиҷаҳои назаррас ба даст овардааст. Он дар соли 2018 яке аз беҳтарин кабӯтарони ҷавони пойгаии Белгия эътироф гардид. Кабӯтарони пойгаӣ бо қобилияти аҷиби худ машҳуранд. Онҳо метавонанд масофаҳои садҳо километрро тай карда, ба лонаи худ баргарданд. Чунин қобилият, суръати баланди парвоз, натиҷаҳои мусобиқа ва насаби кабӯтар сабаби гаронбаҳо шудани онҳо мегарданд. Арзиши баланди «Ню Ким» на танҳо ба дастовардҳои варзишии он, балки ба имконияти ба вуҷуд овардани насли кабӯтарони пурқуввати пойгаӣ низ вобаста буд. Аҷиб он аст, ки ин паранда аз рӯйи намуди зоҳирӣ аз кабӯтарони одӣ чандон фарқ намекунад, аммо арзиши он ба миллионҳо доллар расидааст. Ин воқеа нишон медиҳад, ки арзиши паранда на ҳамеша ба зебоӣ ва андозаи он вобаста аст, балки қобилият, насаб ва дастовардҳои он низ метавонанд аҳаммияти бузург дошта бошанд.

ТАШРИФИ АБЕРАИ АҲМАДИ ДОНИШ БА ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ
Имрӯз, 2 ноябри соли 2026 абераи мутафаккири бузурги тоҷик Аҳмади Дониш - Одил Дониш, ки бо сафари корӣ дар шаҳри Душанбе қарор доранд, ҳамроҳ бо Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср Парвиз Мирзозода ба Муассисаи давлатии "Осорхонаи миллӣ"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд. Меҳмононро дар даромадгоҳи асосии Осорхонаи миллӣ директори муассиса Иброҳимзода Зафаршо Сафо ва масъулони осорхона самимона истиқбол гирифтанд. Сипас, барои меҳмонон сайри осорхонавӣ ташкил карда шуд. Зимни боздид меҳмонон аз толорҳои намоишии осорхона дидан намуда, бо нигораҳои нодир, бозёфтҳои арзишманди бостоншиносӣ, намунаҳои барҷастаи мероси таърихию фарҳангӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва дигар ёдгориҳои моддию маънавии халқи тоҷик шинос шуданд. Экспозитсияи осорхона имконият фароҳам овард, ки меҳмонон бо марҳилаҳои муҳими таърихи чандинҳазорсолаи миллати тоҷик, раванди ташаккули давлатдорӣ ва дастовардҳои фарҳангии ниёгон аз наздик ошно гарданд. Ҳамзамон, Одил Дониш бо осори илмӣ, таърихӣ ва маводи марбут ба ҳаёт, фаъолияти илмию адабӣ ва мероси гаронбаҳои мутафаккири бузурги тоҷик Аҳмади Дониш шинос гардид. Зимни муаррифӣ оид ба мақоми таърихии Аҳмади Дониш дар рушди афкори иҷтимоию сиёсӣ, илм, маориф ва адабиёти тоҷик, инчунин саҳми арзишманди ӯ дар ташаккули андешаи маорифпарварӣ маълумоти муфассал пешниҳод карда шуд. Дар ҷараёни сайри осорхонавӣ ба меҳмонон инчунин оид ба таърихи пайдоиш, хусусиятҳо ва аҳамияти таърихию илмии нигораҳо, марҳилаҳои асосии ташаккул ва рушди тамаддуни тоҷикон маълумот дода шуд. Дар фарҷоми боздид Одил Дониш барои пазироии самимӣ, ташкили сайри осорхонавӣ ва муаррифии арзишманди таъриху тамаддун ва мероси ғании фарҳангии миллати тоҷик изҳори сипос намуда, таассуроти хешро дар Китоби қайди таассуроти меҳмонони фахрии Осорхонаи миллӣ сабт намуд. Ҳамчунин, ба нишони эҳтиром ва арҷгузорӣ ба мероси таърихию фарҳангӣ ва таҳкими робитаҳои дӯстона дар фарҷоми боздид байни ҷонибҳо туҳфаҳои хотиравӣ мубодила гардиданд.
МУРҒИ ҲИЛОЛ
Парандаҳо манбаи бойгарии табиии кишварамон ба шумор рафта, дар зери назорату муҳофизат қарор доранд ва ҳамчун як гурӯҳи хеле зебои ҳайвонот диққати ҳазорон дӯстдорони табиатро ба худ ҷалб мекунанд. Яке аз чунин парандагон мурғи ҳилол ба ҳисоб меравад, ки намунаи он дар шуъбаи табиати Осорхонаи миллӣ ба маърази тамошо гузошта шудааст. Мурғи ҳилол парандаи муқимии баландкӯҳҳои Помири Шарқӣ буда, дар қаторкӯҳҳои Вахон, Сарикӯл ва Аличури Ҷанубӣ паҳн гардидааст. Ин паранда калонҷуса буда, ба қатори мурғмонандҳо, оилаи тазарвҳо дохил мешавад. Дарозии баданаш 55–75 см, вазнаш 2–3 кг аст. Рангаш хокистарии тирагун, парҳои дум ва гарданаш сафед аст. Сари хурд, гардани кӯтоҳи ғафс, пойҳои боқувват дорад. Дар ҷойҳои сералафу буттазор вомехӯрад. Лонаашро дар зери буттаву камари сангпораҳо аз шохчаю пояҳои растанӣ месозад. Мурғи ҳилол аз ҷумлаи парандаҳои нодир ба ҳисоб рафта, рамзи табиати кӯҳсори кишварамон аст ва ҳифзу афзун гардонидани саршумори он бояд дар маркази таваҷҷӯҳи дӯстдорони табиат ва оммаи васеи мардум қарор гирад.
Дар Ҳисор мамнӯъгоҳи ҳайвоноту парандаҳо боз шуд
Дар шаҳри Ҳисор рӯзи 7 декабр 2021 мамнӯъгоҳи ҳайвоноту парандаҳо боз шуд. Дар он қариб 22 ҳазор сар ҳайвоноту парандаҳои гуногун мавҷуданд, ки қисме аз онҳо маҳаллӣ ва қисми дигарашон аз давлатҳои Русия, Полша, Фаронса, Беларус ва дигар кишварҳои Аврупо ворид карда шудаанд. Тавре хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, дар маросими ифтитоҳи мамнӯъгоҳ, ки аз ҷониби Ҷамъияти саҳҳомии “Қуллаҳои Тоҷик” таъсис дода шудааст, сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иштирок кард. Масоҳати майдони умумии макони нави парвраиш ва зисти ҳайвоноту парандаҳои нодир зиёда аз 4 ҳазор гектарро фаро мегирад. Дар ин мамнӯъгоҳ намудҳои гуногуни мурғи тазарв, ки аз ҷумлаи парандаҳои нодири табиати Тоҷикистон ба шумор меравад, инчунин бедонаи маҳаллӣ ва хориҷӣ, кабки фаронсавӣ, намудҳои гуногуни харгӯш, тазарви фаронсавӣ, шутурмурғ, мурғи марҷони маҳаллӣ, русиву фаронсавӣ, оҳу ва ғайраҳо парвариш меёбанд. Ҷиҳати амалӣ кардани дастуру супоришҳои президенти кишвар дар самти зиёд намудани саршумори чорвои нодир, инчунин, тоза кардани насли ҳайвоноти ба иқлиму табиати Тоҷикистон мутобиқ дар ҳудуди мамнӯъгоҳ парвариши оҳуи бухороӣ ва холдор васеъ ба роҳ монда шудааст. Инчунин, аз хориҷи кишвар аввалин бор ба Тоҷикистон оҳуҳои намуди «морал», «сурх», «наҷиб», «лан» ва бузҳои навъи «алпӣ» ва «муфлон» ворид карда шудаанд. Дар айни замон бо сохтору ниҳодҳои хориҷи кишвар барои ворид намудани ҳайвоноти навъи «бизони амрикоӣ» гуфтушунидҳо идома доранд. Ҳамчунин, дар ин мавзеъ 4 ҳавзи моҳипарварӣ сохта ва ба истифода дода шуда, дар онҳо зиёда аз 43 ҳазор сар моҳии истеъмолии навъҳои гуногун парвариш меёбад. Мехоҳед «Азия-Плюс»-ро дар Google бештар бинед? Моро ба манбаъҳои афзалиятнок илова кунед. Бо мақсади аз боронҳои шадид, барф ва дигар ҳодисаҳои табиӣ эмин нигоҳ доштани ҳайвоноту парандаҳо дар ҳудуди минтақа 13 бинои махсус, аз ҷумла қафасҳо (волйер) бо иншооти иҳотагардида бунёд шудааст. Айни ҳол дар қафасҳои мамнӯъгоҳи ҳайвоноту парандаҳои ҶС «Қуллаҳои Тоҷик» кабкҳо, намудҳои мухталифи харгӯш, тазарв, шутурмурғ, мурғҳои марҷон ва оҳуҳои гуногун дар карантин нигоҳ дошта шуда, баъди муҳлати муайян онҳо ба хотири афзоиши саршумор дар ҳудуди заминҳои парваришгоҳ, ки ҳазорон гектарро ташкил медиҳад, сар дода мешаванд. Ин таҷриба, яъне парвариши ҳайвонот дар қафасҳо дар мамнӯъгоҳҳои кишварҳои хориҷӣ васеъ ба роҳ монда шудааст. Барои дар мамнӯъгоҳи ҳайвоноту парандаҳои Ҷамъияти саҳомии «Қуллаҳои Тоҷик» ҷорӣ кардани ин усул коршиносон аз хориҷи мамлакат ҷалб гардидаанд. Ба хотири рушди минбаъдаи бахши парандапарварӣ имрӯз дар ҳудуди парваришгоҳ аз ҷониби президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон шумораи зиёди парандаҳои нодир сар дода шуд.
Барои муносибати бераҳмона ба ҳайвонот ва парандагон ҳам ҷарима пешбинӣ шуд
Барои муносибати бераҳмона нисбати ҳайвонот ва парандаҳо, ки сабаби марги онҳо мегардад, ҷарима ба андозаи аз 3 то 10 нишондиҳанда пешбинӣ гардид. Дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси Намояндагон оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди таҳлил ва тасвиб қарор гирифт. Барои муносибати бераҳмони нисбати ҳайвонот ва парандаҳо аз ҷумла ҳайвоноти бесоҳиб мавриди шиканҷа лату куб ё содир намудани дигари ҳаракатҳои зуроварӣ, ки боиси маъюбӣ ва ҳалокати онҳо мегардад, тибқи талаботи қисми 1-и моддаи 277-и лоиҳа барои чунин кирдор ҷавобгарии маъмурӣ дар намуди ҷарима ба андозаи аз 3 то 5 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне аз 180 то 300 сомонӣ, пешбинӣ карда мешавад. Инчунин мувофиқи қисми 2-юми моддаи мазкур, ҷавобгарии мамурӣ барои кирдорҳои бераҳмона нисбати ҳайвонот ва парандагон бо мақсди ғаразнок ва дигар нияти нопок ба қатл расонида мешаванд, ҷарима ба андозаи аз 5 то 10 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне аз 300 то 600 сомонӣ ҷарима пешбинӣ шудааст. Лоиҳаи қонуни мазкурро узви Кумитаи Маҷлиси Намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Баҳридин Зиёӣ муарифӣ намуд.
Парандаи хушовоз
Дар асл, бедона парандаи хушовоз буда, аз гунҷишк калонтар мебошад ва шавқмандону мухлисон онро сайд мекунанд, ки барои овози форам ё ҷангӣ буданаш дар манзилҳои худ парвариш ва нигоҳ медоранд. Умуман, парандагону ҳайвонот дар табиат барои ҳаёти инсон нақши муҳиме мебозад. Баъзе аз онҳо фоидаовар буда, бе онҳо инсонҳои ашаддӣ ҳаёти солими худро тасаввур намуданашон ғайриимкон аст, ба монанди чорвоҳои хонагӣ, аспҳои зотӣ, моҳиёни шикорӣ, парандаҳои хонагӣ, занбӯри асал ва бисёр намудҳои дигар метавон номбар кард. Илова ба ин парандагон дар табиат ба ҳаёти рӯзгори инсон аҳамияти эстетикӣ дорад. Метавон гуфт, ки хониши булбул, саъба, тӯтӣ, кабк, бедона, кабӯтар ва даҳҳо намуди дигари парандаҳо ба инсон ҳаловати руҳӣ мебахшад. Аз ин сабаб инсон бо ҳайвоноту парандагон дар тамоми ҳаёташ робитаи зич дорад. Дар сафи синфи парандагон бедона яке аз парандагони зеботарини табиат ба шумор меравад, ки дар парвозу ҳушёрӣ нисбат ба дигар парандагони хушхон бартарӣ дорад. Барои нигоҳбини ва парвариш намудани бедона дар байни мардум донишу малакаи таҷрибаҳои бой зиёд мавҷуданд. Ҳатто бовару эътиқод, бисёр ривоятҳои гуногуни фолклорӣ, инчунин расму одатҳои аҷибе нисбат ба бедона миёни мардуми тоҷик роиҷ мебошанд. Қобили зикр аст, ки бедона зебогии табиатро бо овози хушу дилнишинаш боз ҳам зеботар мегардонад, ки садои форами ҷарангосаш онҳоро дар ҳавлиҳои худ ба дорҳои баланд мекашиданд, ки бисёриҳоро бо овозаш мафтуни худ мегардонд. Ба гуфти нафароне ки бедонаро хубтару бештар мешиносанд, онҳо мегӯянд, ки бештар ба бемории асаб шифо мебахшад. Агар аз ҷиҳати ғизогиаш гирем, гӯшти бедона серғизо буда, барои чандин касалиҳо давобахш мебошад. Ҳар нафаре ки дар манзили худ бедона дошта бошад, ҳеҷ гоҳ хастагиро ҳис намекунад ва доимо хушҳол мегардад. Бояд гуфт, ки то ҳоло дар баъзе маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд, шахсоне ҳастанд, ки ба шуғли бедонабозӣ машғул ҳастанд, дар миёни мардум бо истилоҳи “бедонабоз” ном мебаранд. Ҳатто онҳоро на аз рӯи ному насаб, балки аз рӯи бедонабозиашон дар гузару маҳаллаҳои худ мешиносанду эҳтиромашонро ба ҷой меоваранд. Ба ин хотир, яке аз шахси бедонабозӣ ноҳияи Бобоҷон Гафуров ду дона бедона бо тӯркадуаш барои бо эҳсону завқи баланд ҳаловат бурдани меҳмонон ва сайёҳони дохиливу хориҷӣ ба ҳавлии тоҷири Қалъаи таърихии Хуҷанди МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” ҳадя намуд, ки басо рамзист. Ёдовар шуд, ки замонҳои пеш бедонабозӣ дар шаҳри Хуҷанд хело маъмул буд. Бедонабозон дар чойхонаҳои гузару маҳаллаҳо ҷамъ омада дар даст тӯрхалтаи бедона бозӣ мекарданд. Дар замони шӯравӣ , албатта калонсолон хуб медонанд, дар чойхони гузари “Ниёздегча”-и бозори Панҷшанбе, ки чойхонаи бедонабозон мегуфтанд, бедоначанг мешуд. Он замон бедонабозони машҳур аз шаҳрҳои Хуҷанд, Исфисор, Хистеварз, Конибодом, Исфара, Намангон, Қӯқанд, Фарғона, Андиҷон, Марғилон ва Самарқанд барои бедонаҷанг мардум ҷамъ меомаданд. Шояд, имрӯзҳо дар табиат шумораи бедонаҳо бо таъсири иқлим ё инсон кам монда бошад, лек умед дорем, ки навъи чунин парандаҳои хушовоз аз табиат нест намешаванд.
КУКУ — ПАРАНДАИ АҶИБ
Ин паранда куку ном дорад. Кукуи маъмулӣ (Cuculus canorus) бо рафтори ғайриодии худ аз бисёр парандаҳои дигар фарқ мекунад. Вай лона намесозад ва тухмҳояшро худаш намехобонад. Ба ҷойи ин, тухмҳояшро дар лонаи парандаҳои дигар мегузорад. Кукуи модина парандаҳои дигарро мушоҳида мекунад ва дар наздикии лонаи онҳо камин мегирад. Ҳамин ки парандаи мавриди назараш аз лона дур шуд, зуд ба он даромада, яке аз тухмҳои соҳиблонаро берун мекунад ва ба ҷойи он тухми худро мегузорад. Куку метавонад дар як мавсими тухмгузорӣ то 25 тухм гузорад. Вай тухмҳояшро якто-якто дар лонаҳои парандаҳои дигар тақсим мекунад. Аммо аҷибтар аз ҳама рафтори чӯҷаи куку мебошад. Чӯҷаи куку одатан пештар аз чӯҷаҳои парандаи соҳиблона аз тухм мебарояд. Ҳанӯз чанд рӯзи аввал нагузашта, тухмҳо ё чӯҷаҳои дигарро бо пушти худ тела дода, аз лона берун мепартояд. Парандаи соҳиблона бошад, бехабар аз ин ҳодиса, чӯҷаи кукуро фарзанди худ пиндошта, ба он ғизо медиҳад ва калон мекунад. Баъзан чӯҷаи куку аз парандае, ки онро парвариш мекунад, чандин маротиба калонтар мешавад. Вақте ки чӯҷаи куку ба парвоз омода мегардад, лонаро тарк мекунад. Агар он модина бошад, баъди ба балоғат расидан, рафтори модари аслии худро такрор карда, тухмҳояшро дар лонаҳои парандаҳои дигар мегузорад. Ин рафтори аҷиб дар илми биология «паразитизми лонагӣ» ном дорад ва яке аз намунаҳои ҷолиби мутобиқшавии ҷонварон ба муҳити зист мебошад.
Пирӯзии гунҷишкҳо
Мавсими гандумпазӣ буд. Гунҷишкакон баъди ба серӣ хӯрдани гандуми ширагирифта ба кӯҳу ҷариҳо барои тухмгузорӣ парвоз карда рафтанд. Дар водиҳо гунҷишк хеле кам ба чашм мерасид. Дар ҷарии баланде, ки сари сероҳа воқеъ буд, гунҷишкҳо ҳар сол лона мегузоштанд. Сӯрохиҳои зиёде, ки бо маҳорати баланд кофта шуда буданд, аз дур намоён буданд. Ба ин ҷо парандагон беист даробаро мекарданд. Ин ҷо «бозор»-и парандагонро мемонд. Аз назди «бозор»-и парандаҳо мегузаштам. Чир-чири имдодталабонаи ду гунҷишк диққати маро ба худ ҷалб намуд. Зери дарахти писта нишаста, шоҳиди воқеаи ғайримуқаррарӣ гардидам. Он ду ҷонвар дар гӯшаи канори ҷарӣ лона гузошта буданд. Навдаи калони дарахти пистаи хамзада дар болои лонаи онҳо овезон буд. Гунҷишкон гоҳ дар навдаи дарахти писта ва гоҳе болои лонаи худ парвозкунон, ҳамоно чир-чир карда, бонги изтироб мезаданд. Аз чунин ранг гирифтани ҳодиса дар ҳайрат мондам. Баногоҳ чашмам ба шохаи поёнии дарахт афтод. Мори бузургҷусса аз болои шохаҳои писта печида-печида ба тарафи лона мехазид. Гунҷишкҳо ба мор наздик шуда, онро аз назди лонаи худ ронданӣ мешуданд. Вале мор бепарвою ҷасурона ба пеш ҳаракат мекард. Яке аз гунҷишкҳо якбора ҷониби «бозор»-и парандаҳо парвоз намуд. Дуюмӣ ҳамоно болои сари мор парвозкунон ба ҳаракати душмани худ халал мерасонд. Дере нагузашта, гунҷишки ба кумак пурсидан рафта бо селаи гунҷишкҳои дигар баргашт. Селаи парандаҳо болои шохаҳои дарахти писта нишаста, беқаророна чир-чиркунон бонги изтироб мезаданд. Онҳо бо ҳамин морро огоҳ карданӣ мешуданд, ки манзили онҳоро бо хубӣ тарк намояд, яъне қаламрави онҳоро риоя кунад. Ду гунҷишкаки соҳиблона ба мор ҳуҷум карда, хазандаи қотилро ронданӣ мешуданд. Парандаҳои ба кумак омада ҳоло ба ҳамла кардан ҷуръат намекарданд. Мор ба сӯрохие, ки гунҷишкон дар он тухм гузошта буданд, торафт наздик мешуд. Баробари ба лона расидан, мор сари худро ба он халонд. Дар ҳамин лаҳза селаи гунҷишкҳо чун абри сиёҳ аз ҷой бархеста, ба «ҳуҷум»-и ногаҳонӣ гузаштанд. Мор чунин ҳамларо интизор набуд. Вай сарашро аз сӯрох берун карда, фашшосзанон парандаҳоро метарсонид. Аммо онҳо ба тани мор беист нӯл мезаданд. Мор ба ҳамлаи парандаҳо тоб наоварда, роҳи гурезро пеш гирифт. Гунҷишкҳои ба ғазаб омада ғолибияти хешро ҳис намуда, ба мор имконияти гурехтан намедоданд. Оқибат мор аз шохаи дарахт канда шуда, ба замин, байни сангҳои бузург афтид…
Калибрӣ — хурдтарин парандаи ҷаҳон
Калибрӣ (Trochilidae) аз ҷумлаи хурдтарин ва зеботарин парандагони ҷаҳон ба шумор меравад. Ин парандаҳои хурдакак бо қобилияти парвози тезу чолок ва рангҳои дурахшони худ фарқ мекунанд. Калибриҳо асосан дар Амрикои Ҷанубӣ, Марказӣ, Шимолӣ ва ҷазираҳои баҳри Кариб вомехӯранд. Баъзе намудҳои онҳо чунон хурданд, ки аз гул каме калонтар менамоянд. Вазни калибриҳо вобаста ба намудашон тақрибан аз 1,6 то 20 грамм ва дарозии баданашон аз 5 то 23 сантиметр мебошад. Пари калибриҳо дорои рангҳои дурахшон ва ҷилои металлӣ буда, дар зери нурҳои офтоб боз ҳам зеботар менамояд. Сарфи назар аз ҷуссаи хурди худ, калибриҳо қобилияти аҷиби парвоз доранд. Онҳо метавонанд ҳам ба пеш ва ҳам ба қафо парвоз кунанд, инчунин дар як нуқта, гӯё дар ҳаво овезон бошанд. Баъзе намудҳои онҳо ҳангоми парвоз ба суръати хеле баланд мерасанд. Хурдтарин парандаи ҷаҳон калибрии занбӯри асал (Bee Hummingbird) мебошад, ки номи илмии он Mellisuga helenae аст. Ин паранда танҳо дар Куба ва ҷазираи Исла-де-ла-Хувентуд зиндагӣ мекунад. Дарозии бадани он тақрибан 5–6 сантиметр буда, вазни наринааш ҳамагӣ 1,6–2 грамм аст. Калибриҳо аз шаҳди гулҳо ғизо мегиранд ва дар гардолудшавии бисёр намудҳои растаниҳои гулдор нақши муҳим мебозанд. Аз ин рӯ, онҳо барои нигоҳ доштани гуногунии биологӣ ва мувозинати табиат аҳаммияти калон доранд.
Наҷоти парандаҳо аз сардӣ ва гуруснагӣ
Як сокини Леваканд барои наҷоти парандаҳо аз сармо паноҳгоҳ сохтааст. Дар гармхонаи Иззатуллои Муродалӣ, дар деҳаи Зағертут, беш аз 1000 паранда нигаҳдорӣ мешавад. Аксари парандаҳоро ӯ ва ҳамдеҳагонаш аз теппаҳои пурбарф пайдо карда, овардаанд. Парандаҳо дар сармои шадид аз парвоз монда, ба замин афтида буданд. Ба онҳо дар гармхона обу дон медиҳанд. Хароҷоти нигаҳдорӣ ва таъмини паранадаҳо аз ҳисоби Иззатулло аст. Ҳамдеҳагонаш ҳам дар ин кор ба ӯ кумак мекунанд. Сокинон аз наҷоти парандаҳо хушҳоланд ва мегӯянд, ин қарзи инсонии онҳо аст. Бо гарм шудани ҳаво парандаҳоро аз гармхона раҳо мекунанд. Дар рӯзҳои сард парандаҳои зиёд талаф ёфтанд. Барои наҷоти парандаҳо аз сармо дар бархе минтақаҳо масъулин ва сокинон дон мепошанд.
ЗАБОНИ МОДАРӢ
Дар як деҳа писарбачае бо номи Фаридун зиндагӣ мекард. Ӯ забони модарии худро хуб медонист, вале баъзан ба он аҳамият намедод. Ӯ бештар мехост бо забонҳои дигар гап занад. Як рӯз бибии Фаридун ба ӯ гуфт: «Писарам, забони модарии мо мероси муқаддасест, ки аз бобою бибиамон то ба мо расидааст. Зеро он нишонаи ҳувият ва ҳастии миллати мост. Агар онро гум кунем, гӯё аслият ва решаи худро гум мекунем». Фаридун пурсид: «Чаро забони мо ин қадар муҳим аст?» Бибӣ ҷавоб дод: «Чунки тамоми афсонаҳо, сурудҳо ва таъриху фарҳанги мо дар ҳамин забон гуфта ва навишта шудааст. Забон моро ба гузашта ва оянда мепайвандад». Баъд аз ин суханон Фаридун фикр кард ва фаҳмид, ки забони модарӣ бисёр арзишманд, ганҷи бебаҳо, пояи миллат ва калиди фарҳанг аст. Ӯ қарор кард, ки забони худро хуб омӯзад, пок нигоҳ дорад ва ба дӯстонаш ҳам омӯзонад. Ҳамин тавр, Фаридун ба як писари доно ва ватандӯст табдил ёфт, ки забони модарии худро аз ҳама чиз боло медонист.
Дониш
Афзудани дониш касро пурдону пурмаърифат, кордону нуктафаҳм мегардонад. Мегӯянд, ки хираду дониш барои инсони бомаърифат ҳамчун ғизо неру мебахшанд. Шахсе, ки аз хираду дониш баҳраи кофӣ надорад, ҳамчун инсони аз ғизо маҳруммонда дар зиндагӣ мекалавд ва дар ҷомеа ангуштнамо мегардад. Афзудани дониши ҳар як инсон ба андозаи омӯзиш, кӯшиш ва талоши ӯ вобастагӣ дорад. Аммо дониш танҳо дар сурате арзиш пайдо мекунад, ки инсон онро дар амал истифода барад. Зеро гуфтаанд: Илм чандон ки бештар хонӣ, Чун амал дар ту нест, нодонӣ.
МУШ ВА ОҲАН
Овардаанд, ки бозаргоне бо андак моя* ба сафаре мерафт. Ба тариқи дурандешӣ сад ман оҳанро дар хонаи дӯсте амонат гузошт, то агар зарурате афтад, онро сармояи рӯзгор созад. Баъд аз он ки бозаргон сафарашро ба поён расонид, рӯзе ба он оҳан муҳтоҷ шуда, назди дӯсташ омад. Он дӯст оҳанро фурӯхта ва баҳои онро харҷ карда буд. Мард ӯро ба хона даровард ва гуфт: – Эй хоҷа, ман он оҳанро дар таҳхона монда, хотирҷамъ шуда будам, ғофил аз он ки дар он гӯша сӯрохи муше будааст. То воқиф шудам, муш ҳамаи оҳанро тамом хӯрдааст. Бозаргон ҷавоб дод: – Рост мегӯӣ, ки муш оҳанро дӯст медорад. Мушро луқмаҳои оҳан ҳаст, Ҳамчу полуда* роҳати ҳалқум. Он мард аз шунидани ин сухан шод шуд ва бо худ гуфт: «Ин бозаргони аблаҳ ба ин гуфтор фирефта гашт ва дил аз оҳан бардошт. Ҳеҷ беҳ аз он нест, ки ӯро хуб меҳмондорӣ кунам, то ба гапи ман дурусттар бовар кунад». Пас, назди хоҷа дастархон паҳн карданӣ шуда, гуфт: – Гар ба меҳмонӣ қадам бар кулбаи мо мениҳӣ, Лутф мефармоию бар чашми мо по мениҳӣ. Хоҷа гуфт: – Имрӯз ман кори заруре дорам. Шарт мекунам, ки бомдоди пагоҳ боз оям. Пас аз манзили вай берун омад ва писари он мардро дуздида бурду дар хонае пинҳон кард. Рӯзи дигар саҳарӣ ба дари хонаи мизбон ҳозир шуд. Мизбон парешонҳол забони узр кушод: – Эй меҳмони азиз, аз дирӯз боз писари ман ғоиб шудааст. Ду-се бор дар шаҳр ҷор заданд, аммо аз он гумшуда хабаре наёфтаам. Яъқубсифат гирякунон мекунам афғон, К-оё хабари Юсуфи гумгашта кӣ дорад?! Бозаргон гуфт: – Ман дирӯз, вақте ки аз манзили ту берун меомадам, кӯдакеро бо ҳамин нишонаҳое, ки мегӯӣ, дидам, ки мушгире* ӯро бардошта, дар ҳаво парвозкунон мебурд. Мард фарёд баровард: – Эй бехирад, сухани муҳол чаро мегӯӣ? Мушгире, ки тамоми ҷуссаи ӯ ним ман набошад, кӯдакеро, ки вазнаш даҳ ман бошад, чӣ гуна бардошта, ба ҳаво парвоз мекунад? Бозаргон бихандид ва гуфт: – Аз ин ҳайрон нашав. Дар он шаҳре, ки муше сад ман оҳанро хӯрда тавонад, мушгире низ кӯдаки даҳманиро ба ҳаво бурда метавонад. Мард донист, ки ҳол чист ва гуфт: – Ғам махӯр, ки муш оҳанро нахӯрдааст. Хоҷа ҷавоб дод: – Дилтанг мабош, ки мушгир писаратро набурдааст. Оҳанро боздеҳ ва кӯдакро биситон. Ҳусайн Воизи Кошифӣ --- ЛУҒАТ Моя – сарват, мол, сармоя. Полуда – навъе аз хӯроки ширин. Мушгир – парандаи шикорие, ки мушҳоро сайд мекунад. Ман – воҳиди қадимии вазн, ки миқдори он вобаста ба замон ва маҳал фарқ мекард. Ним ман – нисфи як ман. Муҳол – номумкин, ғайриимкон. Ҷор задан – ба мардум баланд эълон кардан, хабар паҳн намудан.
БАРОДАРОНИ ҚАБО
Мегӯянд, Бейфу бинни Туғоншоҳ, подшоҳи Қабо, вафот кард ва мамлакаташ байни панҷ писари ӯ тақсим шуд. Султон Маҳмуд, ки Самарқанд ва Мовароуннаҳрро ба тасарруфи худ дароварда буд, аз панҷ бародар хироҷ хост. Бародарон ин қитъаро ба Султон Маҳмуд фиристоданд: Мо панҷ бародар аз Қабоем, Дарёдилу офтоброем. Мо мулки замин ҳама гирифтем, Акнун ба тафаккури шумоем. Гар чарх ба коми мо нагардад, Чанбар зи хамаш фурӯ кушоем. Султон Маҳмуд аз ин ҷавоб ба ғазаб омада, лашкаре бо сардории Арслон Ҷозиб ба Қабо равона намуд, то ҷавонони мағрурро гӯшмол диҳад. Арслон муддате шаҳри Қаборо муҳосира кард. Дар шаҳр қаҳтӣ рӯй дод ва он панҷ бародар оҷиз монданд. Он гоҳ ин қитъаро ба Султон Маҳмуд фиристоданд: Мо панҷ бародар аз Қабоем, Дар қаҳту ниёз мубталоем. Шоҳо, ту Азизи мулки Мисрӣ, В-ахвони гуноҳкор моем. Моро, ки бизоатест музҷот, Шармандаи ҳазрати шумоем. Бар ҳолати зори мо бубахшой, Аз фазлу карам чу бенавоем. Султон чун ин шеърро мутолаа кард, ба ҳоли бародарон раҳмаш омад ва аз гуноҳи онҳо гузашт. Ҳамчунин, аз гирифтани хироҷи он мамлакат сарфи назар намуд. Аз китоби «Лутфи латиф» --- ЛУҒАТ Қабо – дар гузашта номи яке аз вилоятҳои Туркистон. Офтоброй – офтобраъй, дорои фикру андеша ва ақидаи баланд. Хами чанбар – ҳалқаи каманду ресмон. Ахвон – ахавон, бародарон. Музҷот – ночизу камарзиш.
РӮЗИ ИД
Мегӯянд, шоири маъруф Мирзо Абдулваҳҳоб Нишотро бо амри Фатҳалишоҳ зиндонӣ карда буданд. Иттифоқан, дар яке аз рӯзҳои баҳор Фатҳалишоҳ, ки гоҳе шеър мегуфт ва «Хоқон» тахаллус мекард, дар боғ гардиш менамуд. Аз тамошои гулҳои баҳорӣ ва қатраҳои шабнами рӯйи гулбаргҳо ба завқ омада, ин мисраъро гуфт: «Рӯзи ид асту ба ҳар шоха нами борон аст». Вале ҳарчанд кӯшиш кард, ки мисраи дувумро гуфта, байтро тамом кунад, натавонист ва мисраи дувумро аз надими худ пурсид. Надим гуфт: – Агар иҷозат диҳед, Нишотро, ки дар зиндон аст, биёваранд, то мисрае суруда, байтро тамом кунад. Фатҳалишоҳ, бо вуҷуди он ки намехост аз шоири зиндонӣ кумак бихоҳад, барои он ки мисраи худаш нотамом намонад, розӣ шуд. Шоирро ба ҳузури худ талабид ва мисраъро барои ӯ хонд: «Рӯзи ид асту ба ҳар шоха нами борон аст». Нишот бетаваққуф ҷавоб дод: «Рӯзи бахшидани тақсири гунаҳкорон аст». Бо гуфтани ин мисраи бамаврид шоир озодии худро ба даст овард. Аз китоби «Лутфи латиф»
АЗОИ МАВЛОНО ҶОМӢ
Султони соҳибқирон ташриф оварданд ва ҳой-ҳой гириста, талх-талх шӯробаҳо рехта, ҳар замон нишаста, Мавлоно Зиёуддин Юсуфро аз рӯйи шафқат ба оғӯш гирифта, муддате сарашро ба сина пахш намуда, гиря мекарданд. Ба соири асҳоб дилдорӣ медоданд, ин фақирро соҳибазо дониста, ба ҳолам ашкҳои дилсӯзона мерехтанд... Султонзода ва подшоҳзодаҳо бо сардории султон Аҳмадмирзо ва Музаффар Ҳусайнмирзо ба якдигар навбат надода, тобути он касро ба китфҳояшон бардошта, ба мусалло* бурданд. ХалоИқ ҷамъ омада буданд ва ғавғои онон ба дараҷае буд, ки чандин сад ҳазор нафарро тасаввур кардан мумкин буд. Дар намозгоҳ ҳазрати хоҷа Азизуллоҳ бо соири ашроф намоз хонданд ва он ҳазратро бардошта, боз ба равзаи мутаҳҳарашон* баргаштанд. Аз ғавғои мардум тобутро бо душворӣ мебурданд. Подшоҳзодаҳо ясавулӣ карда, аз байни издиҳом роҳ мекушоданд. Наъш\ ба мадфан\ расид ва он касро дар паҳлуи ҳазрати Мавлоно Саъдуддини Қошғарӣ, ки пири он кас буданд, дафн карданд... Қариб як сол умуман барои аҳли олам ва хусусан барои аҳли Хуросон мотам давом кард... Роқими ҳуруф* марсия ва таърихе гуфтам, ки дар рӯзи оши солиёна Мавлоно Ҳусайн Воиз ба минбар баромада, онро хонд. Алишер Навоӣ --- ЛУҒАТ Мусалло – намозгоҳ. Мутаҳҳар – пок, муборак. Наъш – тани беҷон, ҷаноза. Мадфан – ҷойи дафн, қабр. Роқими ҳуруф – нависандаи ҳарфҳо (сатрҳо), муаллиф.
АЁДАТИ МАВЛОНО ҶОМӢ
Шаби ҷумъа аз беқарорӣ хобам набурд ва аз шиддати изтироб нисфи шаб бархоста, ба асп савор шуда, ба хизмат ва аёдаташон рафтам. Баъзе асҳоб ва азизон дар сари он кас ҷамъ омада буданд ва он кас гоҳ беҳол ва гоҳ ба ҳоли худ буданд. ... То субҳдам дар як ҳол буданд. Чун халоиқ аз намози бомдод фориғ шуданд, ҳоли он кас дигаргунтар гардид. Ҳазрати хоҷа Абдулазиз чун диданд, ки ҳол дигаргун шудааст, худашон мадад расонида, сари он касро аз ҷониби машриқ ба ҷониби шимол ниҳоданд ва рӯяшонро ба сӯи қибла гардониданд. Мавлоно Зиёуддин Юсуф, ки фарзанди арҷманди он кас буданд, дар тарафи пояшон нишаста, ба чашмонашон чашм дӯхта буданд. Ҳар гоҳ чашм мекушоданд, аз рӯйи илтифот ба вай менигаристанд. То вақти салоти ҷумъа фаро расид... Ва хоҷа Ҳофиз Ғиёсиддин Муҳаммади Деҳдор омада, дар сари он кас ба хатми Қуръон машғул шуданд... Ҳанӯз мардум аз намоз фориғ нашуда буданд, ки он кас чашм пӯшиданд ва олам гӯё мисли бадани беҷоне холӣ монд.
ГУЛ ВА ХОР
Дар як боғи зебову обод шохаи гули сурхе бо бӯи атрогини худ ҳамаро мафтун карда буд. Ҳар касе, ки аз назди он мегузашт, аз зебоӣ ва назокати он ба ваҷд меомад. Аммо дар наздикии он як бӯтаи хори тезруе мерӯид, ки аз дидани таваҷҷуҳи одамон ба гул доим дар дил оташи рашку нофорамӣ дошт. Рӯзе хор бо ранҷиш ба гул гуфт: — Чаро одамон ҳамеша туро мебӯянд, ба дасту мӯйи сарашон мезананд ва ситоишат мекунанд? Вале ба ман бошад, ҳеҷ кас бо меҳр нигоҳ ҳам намекунад, баръакс, ҳар кӣ наздик шавад, аз ман мегурезад. Ин беадолатист! Гул бо табассуми нарм ва ором ҷавоб дод: — Эй дӯст, одамон зебоии беруниро мебинанд, аммо он чизе, ки моро аз ҳам фарқ мекунад, рафтору муносибати мост. Ман ба касе зарар намерасонам, танҳо меҳру зебоӣ ва бӯйи хуш тақсим мекунам. Барои ҳамин дили онҳо ба сӯйи ман медавад. Ту бошад, ҳар касеро, ки ба ту наздик шуданӣ мешавад, бо тезӣ мегазӣ ва захмдор мекунӣ. Одамон чизеро, ки дарди дил медиҳад, дӯст намедоранд. Хор сар фуруд овард ва фаҳмид, ки иззату ҳурмат на бо таҳдиду зӯр, балки бо хулқи нек, нармгуфторӣ ва дили пок ба даст меояд. Андарз: Хулқи нек ва муомилаи нарм одамиро дар дили дигарон ҳамеша зинда ва азиз нигоҳ медорад. Одамони некном монанди гуланд, ки бӯи хуши кирдорашон ҳамеша мемонад.
Муҳаббат — беҳтарин даво
Нақл мекунанд, ки рӯзе Луқмони Ҳаким гуфт: — Ман сесад сол мардумро бо доруҳои гуногун табобат кардам ва дар ниҳоят ба ин хулоса расидам, ки ҳеҷ давое беҳтар аз муҳаббат нест. Аз ӯ пурсиданд: — Агар муҳаббат ҳам таъсир накунад, чӣ бояд кард? Луқмони Ҳаким бо табассум посух дод: — Миқдори онро зиёд кунед! Панди ҳикмат Муҳаббат, меҳрубонӣ ва сухани нек метавонанд дардҳои зиёди рӯҳиро таскин бахшанд. Баъзан инсон на ба насиҳат, на ба сарзаниш ва на ба суханони зиёд, балки танҳо ба як зарра меҳрубонӣ ниёз дорад. Муҳаббат аз он неъматҳоест, ки ҳар қадар бештар ба дигарон бибахшӣ, ҳамон қадар дар дили худ бештар эҳсос мекунӣ.




