МУШ ВА ОҲАН
Овардаанд, ки бозаргоне бо андак моя* ба сафаре мерафт. Ба тариқи дурандешӣ сад ман оҳанро дар хонаи дӯсте амонат гузошт, то агар зарурате афтад, онро сармояи рӯзгор созад.
Баъд аз он ки бозаргон сафарашро ба поён расонид, рӯзе ба он оҳан муҳтоҷ шуда, назди дӯсташ омад. Он дӯст оҳанро фурӯхта ва баҳои онро харҷ карда буд.
Мард ӯро ба хона даровард ва гуфт:
– Эй хоҷа, ман он оҳанро дар таҳхона монда, хотирҷамъ шуда будам, ғофил аз он ки дар он гӯша сӯрохи муше будааст. То воқиф шудам, муш ҳамаи оҳанро тамом хӯрдааст.
Бозаргон ҷавоб дод:
– Рост мегӯӣ, ки муш оҳанро дӯст медорад.
Мушро луқмаҳои оҳан ҳаст,
Ҳамчу полуда* роҳати ҳалқум.
Он мард аз шунидани ин сухан шод шуд ва бо худ гуфт: «Ин бозаргони аблаҳ ба ин гуфтор фирефта гашт ва дил аз оҳан бардошт. Ҳеҷ беҳ аз он нест, ки ӯро хуб меҳмондорӣ кунам, то ба гапи ман дурусттар бовар кунад».
Пас, назди хоҷа дастархон паҳн карданӣ шуда, гуфт:
– Гар ба меҳмонӣ қадам бар кулбаи мо мениҳӣ,
Лутф мефармоию бар чашми мо по мениҳӣ.
Хоҷа гуфт:
– Имрӯз ман кори заруре дорам. Шарт мекунам, ки бомдоди пагоҳ боз оям.
Пас аз манзили вай берун омад ва писари он мардро дуздида бурду дар хонае пинҳон кард.
Рӯзи дигар саҳарӣ ба дари хонаи мизбон ҳозир шуд. Мизбон парешонҳол забони узр кушод:
– Эй меҳмони азиз, аз дирӯз боз писари ман ғоиб шудааст. Ду-се бор дар шаҳр ҷор заданд, аммо аз он гумшуда хабаре наёфтаам.
Яъқубсифат гирякунон мекунам афғон,
К-оё хабари Юсуфи гумгашта кӣ дорад?!
Бозаргон гуфт:
– Ман дирӯз, вақте ки аз манзили ту берун меомадам, кӯдакеро бо ҳамин нишонаҳое, ки мегӯӣ, дидам, ки мушгире* ӯро бардошта, дар ҳаво парвозкунон мебурд.
Мард фарёд баровард:
– Эй бехирад, сухани муҳол чаро мегӯӣ? Мушгире, ки тамоми ҷуссаи ӯ ним ман набошад, кӯдакеро, ки вазнаш даҳ ман бошад, чӣ гуна бардошта, ба ҳаво парвоз мекунад?
Бозаргон бихандид ва гуфт:
– Аз ин ҳайрон нашав. Дар он шаҳре, ки муше сад ман оҳанро хӯрда тавонад, мушгире низ кӯдаки даҳманиро ба ҳаво бурда метавонад.
Мард донист, ки ҳол чист ва гуфт:
– Ғам махӯр, ки муш оҳанро нахӯрдааст.
Хоҷа ҷавоб дод:
– Дилтанг мабош, ки мушгир писаратро набурдааст. Оҳанро боздеҳ ва кӯдакро биситон.
Ҳусайн Воизи Кошифӣ
ЛУҒАТ
-
Моя – сарват, мол, сармоя.
-
Полуда – навъе аз хӯроки ширин.
-
Мушгир – парандаи шикорие, ки мушҳоро сайд мекунад.
-
Ман – воҳиди қадимии вазн, ки миқдори он вобаста ба замон ва маҳал фарқ мекард.
-
Ним ман – нисфи як ман.
-
Муҳол – номумкин, ғайриимкон.
-
Ҷор задан – ба мардум баланд эълон кардан, хабар паҳн намудан.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




