КУКУ — ПАРАНДАИ АҶИБ
Ин паранда куку ном дорад. Кукуи маъмулӣ (Cuculus canorus) бо рафтори ғайриодии худ аз бисёр парандаҳои дигар фарқ мекунад. Вай лона намесозад ва тухмҳояшро худаш намехобонад. Ба ҷойи ин, тухмҳояшро дар лонаи парандаҳои дигар мегузорад.
Кукуи модина парандаҳои дигарро мушоҳида мекунад ва дар наздикии лонаи онҳо камин мегирад. Ҳамин ки парандаи мавриди назараш аз лона дур шуд, зуд ба он даромада, яке аз тухмҳои соҳиблонаро берун мекунад ва ба ҷойи он тухми худро мегузорад.
Куку метавонад дар як мавсими тухмгузорӣ то 25 тухм гузорад. Вай тухмҳояшро якто-якто дар лонаҳои парандаҳои дигар тақсим мекунад.
Аммо аҷибтар аз ҳама рафтори чӯҷаи куку мебошад. Чӯҷаи куку одатан пештар аз чӯҷаҳои парандаи соҳиблона аз тухм мебарояд. Ҳанӯз чанд рӯзи аввал нагузашта, тухмҳо ё чӯҷаҳои дигарро бо пушти худ тела дода, аз лона берун мепартояд.
Парандаи соҳиблона бошад, бехабар аз ин ҳодиса, чӯҷаи кукуро фарзанди худ пиндошта, ба он ғизо медиҳад ва калон мекунад. Баъзан чӯҷаи куку аз парандае, ки онро парвариш мекунад, чандин маротиба калонтар мешавад.
Вақте ки чӯҷаи куку ба парвоз омода мегардад, лонаро тарк мекунад. Агар он модина бошад, баъди ба балоғат расидан, рафтори модари аслии худро такрор карда, тухмҳояшро дар лонаҳои парандаҳои дигар мегузорад.
Ин рафтори аҷиб дар илми биология «паразитизми лонагӣ» ном дорад ва яке аз намунаҳои ҷолиби мутобиқшавии ҷонварон ба муҳити зист мебошад.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




