АЗОИ МАВЛОНО ҶОМӢ
Султони соҳибқирон ташриф оварданд ва ҳой-ҳой гириста, талх-талх шӯробаҳо рехта, ҳар замон нишаста, Мавлоно Зиёуддин Юсуфро аз рӯйи шафқат ба оғӯш гирифта, муддате сарашро ба сина пахш намуда, гиря мекарданд. Ба соири асҳоб дилдорӣ медоданд, ин фақирро соҳибазо дониста, ба ҳолам ашкҳои дилсӯзона мерехтанд...
Султонзода ва подшоҳзодаҳо бо сардории султон Аҳмадмирзо ва Музаффар Ҳусайнмирзо ба якдигар навбат надода, тобути он касро ба китфҳояшон бардошта, ба мусалло* бурданд.
ХалоИқ ҷамъ омада буданд ва ғавғои онон ба дараҷае буд, ки чандин сад ҳазор нафарро тасаввур кардан мумкин буд.
Дар намозгоҳ ҳазрати хоҷа Азизуллоҳ бо соири ашроф намоз хонданд ва он ҳазратро бардошта, боз ба равзаи мутаҳҳарашон* баргаштанд.
Аз ғавғои мардум тобутро бо душворӣ мебурданд. Подшоҳзодаҳо ясавулӣ карда, аз байни издиҳом роҳ мекушоданд. Наъш* ба мадфан* расид ва он касро дар паҳлуи ҳазрати Мавлоно Саъдуддини Қошғарӣ, ки пири он кас буданд, дафн карданд...
Қариб як сол умуман барои аҳли олам ва хусусан барои аҳли Хуросон мотам давом кард...
Роқими ҳуруф* марсия ва таърихе гуфтам, ки дар рӯзи оши солиёна Мавлоно Ҳусайн Воиз ба минбар баромада, онро хонд.
Алишер Навоӣ
ЛУҒАТ
-
Мусалло – намозгоҳ.
-
Мутаҳҳар – пок, муборак.
-
Наъш – тани беҷон, ҷаноза.
-
Мадфан – ҷойи дафн, қабр.
-
Роқими ҳуруф – нависандаи ҳарфҳо (сатрҳо), муаллиф.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




