Зеҳн
Парандаҳо·Зеҳн·14 рӯз пешНашрия

Наҷоти парандаҳо аз сардӣ ва гуруснагӣ

Як сокини Леваканд барои наҷоти парандаҳо аз сармо паноҳгоҳ сохтааст.

Дар гармхонаи Иззатуллои Муродалӣ, дар деҳаи Зағертут, беш аз 1000 паранда нигаҳдорӣ мешавад. Аксари парандаҳоро ӯ ва ҳамдеҳагонаш аз теппаҳои пурбарф пайдо карда, овардаанд. Парандаҳо дар сармои шадид аз парвоз монда, ба замин афтида буданд.

Ба онҳо дар гармхона обу дон медиҳанд. Хароҷоти нигаҳдорӣ ва таъмини паранадаҳо аз ҳисоби Иззатулло аст. Ҳамдеҳагонаш ҳам дар ин кор ба ӯ кумак мекунанд. Сокинон аз наҷоти парандаҳо хушҳоланд ва мегӯянд, ин қарзи инсонии онҳо аст.

Бо гарм шудани ҳаво парандаҳоро аз гармхона раҳо мекунанд.

Дар рӯзҳои сард парандаҳои зиёд талаф ёфтанд. Барои наҷоти парандаҳо аз сармо дар бархе минтақаҳо масъулин ва сокинон дон мепошанд.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.