Зеҳн
Ахбор·Зеҳн·13 рӯз пешНашрия

ТАШРИФИ АБЕРАИ АҲМАДИ ДОНИШ БА ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ

Имрӯз, 2 ноябри соли 2026 абераи мутафаккири бузурги тоҷик Аҳмади Дониш - Одил Дониш, ки бо сафари корӣ дар шаҳри Душанбе қарор доранд, ҳамроҳ бо Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср Парвиз Мирзозода ба Муассисаи давлатии "Осорхонаи миллӣ"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.

Меҳмононро дар даромадгоҳи асосии Осорхонаи миллӣ директори муассиса Иброҳимзода Зафаршо Сафо ва масъулони осорхона самимона истиқбол гирифтанд. Сипас, барои меҳмонон сайри осорхонавӣ ташкил карда шуд.

Зимни боздид меҳмонон аз толорҳои намоишии осорхона дидан намуда, бо нигораҳои нодир, бозёфтҳои арзишманди бостоншиносӣ, намунаҳои барҷастаи мероси таърихию фарҳангӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва дигар ёдгориҳои моддию маънавии халқи тоҷик шинос шуданд. Экспозитсияи осорхона имконият фароҳам овард, ки меҳмонон бо марҳилаҳои муҳими таърихи чандинҳазорсолаи миллати тоҷик, раванди ташаккули давлатдорӣ ва дастовардҳои фарҳангии ниёгон аз наздик ошно гарданд.

Ҳамзамон, Одил Дониш бо осори илмӣ, таърихӣ ва маводи марбут ба ҳаёт, фаъолияти илмию адабӣ ва мероси гаронбаҳои мутафаккири бузурги тоҷик Аҳмади Дониш шинос гардид.

Зимни муаррифӣ оид ба мақоми таърихии Аҳмади Дониш дар рушди афкори иҷтимоию сиёсӣ, илм, маориф ва адабиёти тоҷик, инчунин саҳми арзишманди ӯ дар ташаккули андешаи маорифпарварӣ маълумоти муфассал пешниҳод карда шуд.

Дар ҷараёни сайри осорхонавӣ ба меҳмонон инчунин оид ба таърихи пайдоиш, хусусиятҳо ва аҳамияти таърихию илмии нигораҳо, марҳилаҳои асосии ташаккул ва рушди тамаддуни тоҷикон маълумот дода шуд.

Дар фарҷоми боздид Одил Дониш барои пазироии самимӣ, ташкили сайри осорхонавӣ ва муаррифии арзишманди таъриху тамаддун ва мероси ғании фарҳангии миллати тоҷик изҳори сипос намуда, таассуроти хешро дар Китоби қайди таассуроти меҳмонони фахрии Осорхонаи миллӣ сабт намуд.

Ҳамчунин, ба нишони эҳтиром ва арҷгузорӣ ба мероси таърихию фарҳангӣ ва таҳкими робитаҳои дӯстона дар фарҷоми боздид байни ҷонибҳо туҳфаҳои хотиравӣ мубодила гардиданд.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.