Зеҳн
Дунё·Зеҳн·14 рӯз пешНашрия

БАРОДАРОНИ ҚАБО

Мегӯянд, Бейфу бинни Туғоншоҳ, подшоҳи Қабо, вафот кард ва мамлакаташ байни панҷ писари ӯ тақсим шуд.

Султон Маҳмуд, ки Самарқанд ва Мовароуннаҳрро ба тасарруфи худ дароварда буд, аз панҷ бародар хироҷ хост. Бародарон ин қитъаро ба Султон Маҳмуд фиристоданд:

Мо панҷ бародар аз Қабоем,
Дарёдилу офтоброем.
Мо мулки замин ҳама гирифтем,
Акнун ба тафаккури шумоем.
Гар чарх ба коми мо нагардад,
Чанбар зи хамаш фурӯ кушоем.

Султон Маҳмуд аз ин ҷавоб ба ғазаб омада, лашкаре бо сардории Арслон Ҷозиб ба Қабо равона намуд, то ҷавонони мағрурро гӯшмол диҳад.

Арслон муддате шаҳри Қаборо муҳосира кард. Дар шаҳр қаҳтӣ рӯй дод ва он панҷ бародар оҷиз монданд. Он гоҳ ин қитъаро ба Султон Маҳмуд фиристоданд:

Мо панҷ бародар аз Қабоем,
Дар қаҳту ниёз мубталоем.
Шоҳо, ту Азизи мулки Мисрӣ,
В-ахвони гуноҳкор моем.
Моро, ки бизоатест музҷот,
Шармандаи ҳазрати шумоем.
Бар ҳолати зори мо бубахшой,
Аз фазлу карам чу бенавоем.

Султон чун ин шеърро мутолаа кард, ба ҳоли бародарон раҳмаш омад ва аз гуноҳи онҳо гузашт. Ҳамчунин, аз гирифтани хироҷи он мамлакат сарфи назар намуд.

Аз китоби «Лутфи латиф»


ЛУҒАТ

  • Қабо – дар гузашта номи яке аз вилоятҳои Туркистон.

  • Офтоброй – офтобраъй, дорои фикру андеша ва ақидаи баланд.

  • Хами чанбар – ҳалқаи каманду ресмон.

  • Ахвон – ахавон, бародарон.

  • Музҷот – ночизу камарзиш.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.