Зеҳн
ЗЕ

Зеҳн

1 пайгир · аз 15 июли 2026 дар Зеҳн

ДунёЗеҳн28 рӯз пеш

АМОНАТДОРӢ

Марде ҳангоми торикии саҳар аз хона берун омад, то ба гармоба равад. Дар роҳ дуздеро аз они хеш бидид, гуфт: – Мувофиқат кунӣ бо ман, то ба гармоба равем? Дӯсташ гуфт: – То ба дари гармоба бо ту ҳамроҳӣ кунам, лекин ба гармоба наметавонам шудан. То ба наздики гармоба бо ҳам бирафтанд. Ба сари дуроҳа расиданд ва ин дӯст бе он ки дӯстро хабар диҳад, бозгашт ва ба роҳи дигаре бирафт. Иттифоқо дузде ба дунболи ин мард меомад, то ба гармоба равад барои кори дуздӣ. Аз қазо ин мард бознигарист, дуздро дид ва ҳанӯз, ки торик буд, пиндошт, ки он дӯсти ӯст, сад динор дар остин дошт бар порчае баста буд, он бастаро аз остин берун кард ва бад-он дузд доду гуфт: – Эй бародар! Ин амонат аст, бигир, то ман аз гармоба берун биёям, он вақт ба ман бидеҳ. Дузд пулҳоро аз вай гирифт ва ҳамон ҷо истод, то вай аз гармоба берун омад. Либос пӯшид ва ба тарафи дар рафт. Дузд вайро садо карду гуфт: – Зари хеш бозситону баъд бирав, ки аз ҷиҳати амонати ту имрӯз ман аз шуғли хеш бозмондам. Мард гуфт: – Ин амонат чист ва ту кӣ ҳастӣ? Дузд гуфт: – Ман марди дузде ҳастам ва ту ин пулҳоро ба ман додӣ, то аз гармоба берун оӣ. Мард  гуфт: – Агар дузд ҳастӣ, чаро пулҳои маро набурдӣ? Дузд гуфт: Агар ба расми кори худам, ки дуздӣ ҳаст, ин пулҳоро мебурдам, на аз ту тарс доштам ва на ин ки як ҷав аз онро пас медодам. Аммо ту пулҳоро ба таври амонат ба ман супурдӣ. Ва дар ҷавонмардӣ расм набошад, ки дар амонат хиёнат раво доранд, ҳарчанд ки дузд бошанд.

0
ДунёЗеҳн28 рӯз пеш

Боязиди Бастомӣ

Боязиди Бастомӣ аз бузургони табақаи аввали аҳли тасаввуф буд. Номи пурраи ӯ Тайфур ибни Исо ибни Одам ибни Сурӯшон аст. Бобояш зардуштӣ буд ва баъдтар дини исломро пазируфт. Боязид ҳамасри Аҳмади Хизравия, Абӯҳафс ва Яҳёи Муоз буд. Вай Шақиқи Балхиро низ дида буд. Соли 261 ҳиҷрии қамарӣ (874–875 милодӣ) аз дунё гузашт. Устоди ӯ марде курд буд. Боязид васият кард: — Қабри маро поинтар аз қабри устодам қарор диҳед, то ҳурмати ӯ нигоҳ дошта шавад. Боязид аз пайравони аҳли раъй буд, аммо даре аз вилояти маънавӣ ба рӯяш кушода шуд, ки дар он тафовутҳои мазҳабӣ дигар намоён набуданд. Шайхулислом гуфт: — Ба Боязид суханони дурӯғини бисёр нисбат додаанд. Аз ҷумла, гуфтаанд, ки ӯ чунин сухан гуфтааст: «Рафтам ва дар баробари Арши Худо хайма задам». Сипас Шайхулислом гуфт: — Ин сухан аз нигоҳи шариат куфр ва аз нигоҳи ҳақиқат нишонаи дурӣ аз Худост. Оё мехоҳӣ бо бузург нишон додани худ ба ҳақиқат бирасӣ? Ҳақиқат чист? Ҳақиқат раҳо шудан аз худ аст! Ҳақиқатро бо аз байн бурдани худбинӣ метавон дарёфт. Худро баробари Арш донистан куфр аст. Оё мехоҳӣ тавҳидро бо дугонагӣ собит кунӣ? Мақсад расидан ба ҳақиқат аст, на худро ба он баробар донистан. Ҳусрӣ гуфтааст: — Агар Аршро бинам, кофир бошам. Ҷунайд дар роҳи маърифат устувор ва соҳибмақом буд. Ӯ амру наҳйи шариатро бузург мешуморид ва корҳои худро бар асоси устувор бунёд мекард. Аз ҳамин сабаб, ҳамаи гурӯҳҳо ӯро пазируфта буданд. Рӯзе аз Ҷунайд пурсиданд: — Ватани ту куҷост? Гуфт: — Зери Арш. Мақсади ӯ аз ин сухан чунин буд: «Ниҳояту орзуи ман, баландтарин мақсади ман, оромгоҳи ҷонам ва анҷоми роҳи ман ҳамон аст, ки Худованд ба Мӯсо (а) фармуд: “Ту ғариб ҳастӣ ва Ман ватани ту ҳастам”». Нақл мекунанд, ки ҳангоми намоз хондани Боязид аз устухонҳои синааш садои махсусе мебаромад, ки дигарон онро мешуниданд. Ин ҳолатро ба ҳайбати Худованд дар дили ӯ ва эҳтироми бузургаш ба шариат нисбат медоданд. Ҳангоме ки Боязид дар остонаи марг қарор дошт, чунин дуо кард: — Илоҳо! Мо закартука илло ъан ғафлатин ва мо хадамтука илло ъан фитратин. Яъне: — Худоё! Ҳаргиз Туро ёд накардам, магар бо ғафлат, ва ҳаргиз Туро ибодат накардам, магар аз рӯйи фитрат. Ин суханро гуфт ва аз дунё гузашт. Абӯмӯсо, ки аз шогирдони ӯ буд, нақл мекунад: Боязид гуфт: — Худовандро дар хоб дидам ва пурсидам: «Худоё, роҳи расидан ба Ту чӣ гуна аст?» Ҷавоб омад: — Агар аз худ гузаштӣ, ба Ман расидӣ. Шайхулислом гуфт: — Роҳи шинохтани Худованд осон аст, аммо роҳи ба мақоми қурби Ӯ расидан душвор ва гаронбаҳост. Нақл мекунанд, ки пас аз вафоти Боязид ӯро дар хоб диданд ва пурсиданд: — Ҳолат чӣ гуна аст? Гуфт: — Аз ман пурсиданд: «Эй пир, бо худ чӣ овардӣ?» Ман ҷавоб додам: — Вақте дарвеше ба даргоҳи подшоҳ меравад, аз ӯ намепурсанд: «Чӣ овардӣ?» Балки мепурсанд: «Чӣ мехоҳӣ?» Ҳамчунин нақл мекунанд, ки дар Нишопур пиразане бо номи Ироқия зиндагӣ мекард. Вай аз дари хонаҳо садақа мепурсид. Рӯзе он пиразан аз дунё гузашт. Баъд аз маргаш ӯро дар хоб диданд ва пурсиданд: — Ҳолат чӣ гуна аст? Гуфт: — Аз ман пурсиданд: «Бо худ чӣ овардӣ?» Ман гуфтам: — Оҳ! Тамоми умр, вақте аз мардум чизе мехостам, маро ба даргоҳи Худованд ҳавола мекарданд ва мегуфтанд: «Худо диҳад!» Акнун, ки ба даргоҳи Ӯ омадаам, боз мепурсанд: «Чӣ овардӣ?» Он гоҳ гуфта шуд: — Рост мегӯяд. Ӯро ба ҳоли худ гузоред.

0

Бузи сода ва рӯбоҳи фиребгар

Рӯбоҳе бисёр ташна монд. Вай назди чоҳе рафт ва ба даруни он ҷаҳид. Аз оби чоҳ сер нӯшид ва баъд хост, ки берун барояд. Ҳарчанд кӯшиш кард, аз чоҳ баромада натавонист. Ҳамин вақт бузаке барои об нӯшидан ба назди чоҳ омад. Вай рӯбоҳро дар даруни чоҳ дида, пурсид: — Ҳамсояҷон, оби чоҳ ширин аст? Рӯбоҳи маккор ҷавоб дод: — Ман дар умрам чунин оби ширин нанӯшида будам. Барои ҳамин ҳам аз ин чоҳ баромадан намехоҳам. Бузи ҷингилапо ба суханони дурӯғи рӯбоҳи фиребгар бовар кард. Вай низ ба чоҳ ҷаҳид ва аз об сер нӯшид. Баъд хост, ки аз чоҳ берун барояд, аммо натавонист. Рӯбоҳ ба буз гуфт: — Аз об хуб сер нӯшидӣ? Биё, акнун ба пойҳои қафоят рост исто, то ман ба боло бароям. Баъд туро ҳам аз чоҳ берун мекашам. Бузи сода розӣ шуд. Вай ба пойҳои қафояш рост истода, пойҳои пешашро ба девори чоҳ такя дод. Рӯбоҳи маккор ба пушту гардани буз баромад ва аз чоҳ берун ҷаҳид. Сипас, ба роҳи худ рафтан гирифт. Бузи бечора аз паси ӯ зориву тавалло кард: — Ба ман ёрӣ деҳ! Магар маслиҳати мо ҳамин набуд, ки маро ҳам аз чоҳ берун мекашӣ? Рӯбоҳ ба қафо нигаристу гуфт: — Эй бузи беақл! Пеш аз он ки ба чоҳ дароӣ, бояд роҳи баромадан аз онро фикр мекардӣ. Акнун ҳар хел ки метавонӣ, худат баро! Рӯбоҳ инро гуфту ба роҳи худ рафт. Бузи бечора бошад, дар чоҳ монд. Панди афсона Пеш аз анҷом додани ҳар кор бояд оқибати онро андеша кард. Ба ҳар сухани ширин бовар кардан дуруст нест, зеро одамони маккор метавонанд бо ваъдаҳои дурӯғ дигаронро фиреб диҳанд. Зарбулмасал: «Аввал андеша, баъд гуфтор».

0
ДунёЗеҳн28 рӯз пеш

Устод

Мегӯянд, рӯзе шогирде аз устодаш пурсид: — Чаро мардум устодро чунин гиромӣ медоранд? Устод сангеро аз замин бардошт ва гуфт: — Ин сангро бубин, худ аз худ қимат надорад. Вале агар онро сайқал диҳанд, гавҳар мешавад. Сипас илова кард: — Дили инсон низ ҳамин гуна аст. Устод он касест, ки санги дилро ба гавҳари дониш табдил медиҳад. Агар ҳурмати устод набошад, дониш ҳам баракат надорад. Шогирд сар ба таъзим фуруд овард ва гуфт: — Акнун фаҳмидам, ки ҳурмати устод — ҳурмати дониш аст. Хулоса Ҳар кӣ устодро эҳтиром кунад, илму хирад ӯро эҳтиром хоҳанд кард.

0
ДунёЗеҳн28 рӯз пеш

Қадр кунем

Дар замони қадим дар як китобхонаи бузург оташ сар задааст ва аз миёни ҳамаи китобҳо танҳо як китоб насӯхта боқӣ мондааст. Солҳо гузаштаанд ва он китоб, ки дар як гӯша чанг баста мехобидааст ва онро, мисли ашёи нолозим ба кӯча партофтаанд. Китоб ба дасти як дарвеше, ки дар кӯча мегашт, афтодааст. Дарвеш китобро кушода хондааст ва дар он чунин навишта шуда будааст: «Ҳар касе, ки дар соҳили дарё санге ёбад, ки мисли қӯри гарм бошад, ҳамаи орзуҳои ҳаёташ амалӣ мегарданд». Дарвеш барои ҷустуҷӯи он санг ба соҳили дарё меравад. Сангҳои бисёреро меёбад, вале ҳамаашон сард будаанд ва онҳоро пай дар пай ба дарё мепартофтааст. Рӯзҳо, моҳҳо ва солҳо гузаштаанд. Ниҳоят як рӯз дарвеш ҳамон санги мисли қӯр гармро меёбад, аммо азбаски одат карда будааст, онро низ беандеша ба дарё мепартояд. Мо ҳам ба он дарвеши соҳили дарё монандем: дар зиндагӣ як инсонро меҷӯем, меҷӯем, аммо вақте меёбем, ӯро аз даст медиҳем. Зеро ба ёфтан не, балки ба ҷустуҷӯ кардан одат кардаем. Биёед ёфтаҳои худро қадр кунем, то онҳо моро тарк накарда, ба ҷустуҷӯи дигарон нараванд.

0
ДунёЗеҳн28 рӯз пеш

ҚИМАТИ РӮЗА

Рӯзе ду нафар рӯзадор буданд. Яке танҳо аз хӯроку об худдорӣ мекард, вале забонаш ба дурӯғу ранҷондан одат дошт. Дигаре бошад, ҳам аз хӯрок даст кашида буд ва ҳам забон, чашм ва дилашро нигаҳ медошт. Шомгоҳ ҳар ду рӯза кушоданд. Фариштагон гуфтанд: — Яке гурусна монд, дигаре ба Худо наздик шуд. Пурсиданд: — Фарқ дар чист? Ҷавоб омад: — Яке рӯзаи тан дошт, дигаре рӯзаи дил. Хулоса. Рӯзадорӣ танҳо гуруснагӣ нест, балки нигоҳ доштани ахлоқ, сухан ва ният аст

0
ДунёЗеҳн28 рӯз пеш

Рӯзадорӣ

Рӯзе марде аз донишманде пурсид: — Чаро мо рӯзадорӣ мекунем? Оё танҳо гуруснагӣ кашидан аст? Донишманд табассум кард ва гуфт: — Рӯзадорӣ танҳо тарки хӯрок нест. Он мактабест барои дилу ахлоқ. Сипас идома дод: — Вақте инсон гурусна мешавад, дарди гуруснагонро мефаҳмад. Вақте забон аз ғийбат бозмемонад, дил пок мешавад. Вақте чашм аз ҳаром дурӣ мекунад, имон қавӣ мегардад. Он мард гуфт: — Пас подоши рӯзадорӣ чист? Донишманд ҷавоб дод: — Подоши рӯзадорӣ дили соф, ахлоқи нек ва наздик шудан ба Худост. Хулоса.  Рӯзадорӣ парҳези тан нест, балки тарбияи рӯҳ ва покии дил аст.

0
ДунёЗеҳн28 рӯз пеш

Рамазон

Ривоят мекунанд, рӯзе як марди фақир назди донишманде омад ва гуфт: — Ман рӯза медорам, вале эҳсос мекунам дилам ҳамоно сангин аст. Оё рӯза танҳо гуруснагист? Донишманд табассум кард ва гуфт: — Агар рӯза танҳо гуруснагӣ мебуд, пас ҳар касе, ки хӯрок намехӯрад, ба мақоми баланд мерасид. Рамазон барои тарбияи дил аст, на танҳо ҷисм. Сипас ӯ як косаи об овард ва гуфт: — Агар ин об соф бошад, нурро инъикос мекунад. Агар лойолуд бошад, ҳатто нури офтобро ҳам намоён намекунад. Дил ҳам чунин аст. Рамазон меояд, то дили моро аз кина, дурӯғ, ғазаб ва бепарвоӣ пок созад. Мард бо андеша гуфт: — Пас рӯза доштани ҳақиқӣ чист? Донишманд посух дод: — Рӯзаи ҳақиқӣ он аст, ки забонат ростгӯ бошад, дилат меҳрубон, дастат бахшанда ва ниятат пок. Он гоҳ Рамазон на як моҳ, балки як мактаби ахлоқ мешавад. Панд: Рамазон моҳест барои покии дил ва ахлоқи нек. Касе, ки дар ин моҳ дилашро ислоҳ кард, тамоми сол роҳаш равшан мешавад.

0
ДунёЗеҳн28 рӯз пеш

ДУРЎҒГЎЙ БА МАҚСАД НАМЕРАСАД

Рост ҷў, рост нигар, рост гузин, Рост гў, рост шунав, рост нишин. Абдураҳмони Ҷомӣ Сухани рост гуфтан нишонаи мардонагист. Худованди бузург  бандагонашро ба ростгўйӣ ҳидоят мефармояд. Сухани дуруст марҳами дилҳост ва моро аз балоҲо раҳоӣ мебахшад. Алӣ ибни Абўтолиб фармудаанд: «Ҳақро дар ҳама ҳол бигў, парҳезгоронро ёвар бош ва аз фосиқон дурӣ гузин». Имом Ҳусайн гуфтаи ҷолибе дар ин мавзўъ доранд: «Ростгўйӣ сарфарозӣ ва дурўғгўйӣ нотавонист». Абулқосими Фирдавсӣ дурўғгўйро душман меҳисобад: Ҳар он кас, ки бо ту нагўяд дуруст, Чунон дон, ки ў душмани ҷони туст. Абулқосими Фирдавсӣ Аз сухани рост касе зиён намебинад ва он оромиши рўҳу тан мебошад: Беҳ аз ростӣ дар ҷаҳон кор нест, Ки дар гулбуни ростӣ хор нест. Фаридуддин Аттор Дар осори Саъдии Шерозӣ ин мавзўъ хеле хуб ҳаллу фасл гардидааст: Дурўғ одамиро кунад бевиқор, Дурўғ одамиро кунад шармсор.

0
ДунёЗеҳн28 рӯз пеш

СИНО ВА ПИРАМАРД

Як рӯз пирамарде назди Ҳаким Ибни Сино омад. Ӯ андаке хаста менамуд, ранги рӯяш зард ва бо алам гуфт: — Эй Ҳаким, ман ҳамеша беморам. Гоҳ сардард, гоҳ нафасқапӣ, гоҳ таб. Ба ман доруе бидеҳ, ки ҳамаашро шифо диҳад! Ибни Сино бо табассум гуфт: — Пеш аз дору, чор савол дорам: Ту чӣ мехӯрӣ? — Бисёр вақт хӯроки равғандору кӯчагӣ мехӯрам... Ту чӣ қадар мехобӣ? — Бисёр шабҳо то нисфи шаб бедорам, саҳар зуд мехезам. Ту ҳаракат мекунӣ? — Не, ман рӯзбардор, ҳамеша менишинам. Фикрат ором аст? — На, доим фикри пул, ғаму ташвиш дар сарам! Ҳаким гуфт: — Пас дар бадани ту дурўғи бисёр ва ҳақиқати кам аст. Баданат ба ёрии худат ниёз дорад. Пеш аз ҳар дору: Хӯроки тоза ва табиӣ бихӯр, Хоби кофӣ ва дуруст бикун, Рӯзи дароз андаке қадам зан, нафас гир, Фикратро пок кун — дар зеҳни ором, беморӣ ҷо намегирад. Агар инҳоро иҷро кунӣ ва сиҳат нашавӣ, он гоҳ ман ба ту дору медиҳам. Пирамард чанд рӯз баъд баргашт, рухсорааш сурху табассум бар лабаш буд: — Эй Ҳаким, ман сиҳат шудам... бе дору! Хулоса: Саломатӣ аввал аз одатҳо сар мешавад, баъд аз дору. Ибни Сино мегуфт: «Пешгирӣ беҳтар аз табобат аст!»

0
ДунёЗеҳн28 рӯз пеш

Амонат

Рӯзе ду дӯст вохӯрданд. Якеаш ҳамеша бемадор, хаста ва нороҳат менамуд. Дигараш бошад, чеҳраи кушода ва қадами устувор дошт. Аввалӣ пурсид: — Чӣ сирре дорӣ, ки ҳамеша солим ҳастӣ? Дуюм табассум карда гуфт: — Ман ба тани худ мисли амонат менигарам. Ҳар субҳ каме ҳаракат мекунам, ғизои пок мехӯрам, вақти хобро риоя менамоям ва дилро аз кина пок нигоҳ медорам. Дӯсташ ҳайрон шуд: — Фақат ҳамин? — Бале, — гуфт ӯ, — зеро тани солим аз фикри солим оғоз меёбад. Вақте инсон худро эҳтиром мекунад, саломатӣ худ меояд. Панд: тани солим неъмати бузург аст; онро бо одатҳои хуб, ҳаракат ва фикри мусбат ҳифз бояд кард.

0
ДунёЗеҳн28 рӯз пеш

ЧАРОҒИ НАВ

Дар деҳаи кӯҳна мактабе буд, ки солҳо бо як усул дарс медоданд: устод сухан мегуфт, хонандагон мешуниданду менавиштанд. Рӯзе омӯзгори ҷавоне ба он мактаб омад. Ӯ бо худ китобҳои ранга, суолҳои ҷолиб ва фикрҳои нав овард. Дар аввал хонандагон ҳайрон шуданд: устод ба онҳо ҷавоб намедод, балки савол медод. Ӯ талаб мекард, ки фикр кунанд, баҳс намоянд, таҷриба гузаронанд. Дарсҳо ба бозии фикр табдил ёфтанд. Хонандагон дарёфтанд, ки донишро метавон кашф кард, на танҳо азёд омӯхт. Як рӯз пирамарде аз деҳа пурсид: — Чаро ин кӯдакон бо шавқ ба мактаб мераванд? Омӯзгор ҷавоб дод: — Зеро мо ба онҳо танҳо дониш намеомӯзем, балки роҳ нишон медиҳем, ки чӣ гуна фикр кунанд. Пас аз солҳо, он мактаб бо хонандагони эҷодкору навовар машҳур шуд. Мардум фаҳмиданд, ки таълими инноватсионӣ — чароғест, ки на танҳо роҳро равшан мекунад, балки хоҳиши пеш рафтанро дар дил бедор месозад.

0
ДунёЗеҳн28 рӯз пеш

ДАРВЕШ ВА КАЖДУМ

Дарвеш каждумеро мебинад, ки дар об афтодааст ва мехоҳад онро кӯмак кунад. Дасташро дароз мекунад. Каждум ҳамлаи газидан мекунад. Дарвеш дасташро мегирад. Боз кӯмак карданӣ мешавад. Каждум боз ҳамла мекунад. Касе кори дарвешро мебинад ва мегӯяд: - Хубӣ кардан мехоҳӣ ва он ҳам ба ту зарар доданӣ ҳаст, пас, чаро боз кӯшиши кӯмак кардан дорӣ? Дарвеш: - Хислати каждум неш задан аст, хислати ман бошад, ба махлуқот раҳм кардану дӯст доштан аст. Ӯ хислаташро иваз намекунад, пас, чаро ман хислатамро иваз бикунам? Пас, моро мебояд чун дарвеш фикр бикунем, то ин ки хислати инсонӣ ва мусулмонии худро ба ҷо биёрем. Дастгири якдигар бошем, гарчанде ки ба мо бадӣ кунанд. Ҳазрати Исо (ас) фармуданд: - Агар ба як тарафи рӯят шаппот зананд, боз тарафи дигари рӯятро гузор. Тарафи дигари корро ҳам бояд биандешем. Агар шахсе моро бори аввал фиреб бикунад, айби ӯст, аммо маротиби дуюм фиреб бидиҳад, айби мо аст. Ҳар як фард бояд мувозинатро риоя бикунад. Албатта, барои дӯстон боз ҳам раҳмтар ва дӯстдор рафтор бояд бикунем. Бузурге фармудааст: Дӯстро бо як бадӣ натвон фурӯхт, Баҳри кайке гилем натвон бисӯхт.

0
ДунёЗеҳн28 рӯз пеш

ДАРСИ УСТОД БА ШОҲЗОДА

Фотеҳ Султон Маҳмад соли 1453 дар синни 21- солагӣ Истанбулро забт кардааст. Дар айёми кӯдакӣ зимни дарсомӯзӣ нисбати устод беҳурматӣ мекард Устодаш Акшамсиддин бисёр нороҳат мешуд Ҳатто ба устодаш мегуфт: - Ман фарзанди подшоҳам ва ту ба ман коре карда наметавонӣ. Устод низ аҳволро ба падари Маҳмад, Муроди дуюм намегуфт. Маҳмад аз беҳурматӣ кардан ҳам даст накашид. Рӯзе устод Акшамсиддин назди Муроди дуюм рафт. Муроди дуюм ба устод гуфт: - Шарм макун. Он чӣ, ки ҳаст, бароям бигӯ. Устод Акшамсиддин гуфт: - Подшоҳам! Фарзандатон, ҷигарпораатон Маҳмад беодобӣ мекунад ва ман ҳам дар дарс додан мушкилӣ мекашам. Ҳар вақте ки сарзанишаш мекунам, аз номи шумо маро таҳдид мекунад. Муроди дуюм ба устод наздиктар мешавад ва дар гӯшаш чанд сухане мегӯяд: Устод аз шунидани суханҳои подшоҳ ба ҳайрат мемонад. Амалӣ кардани нақшаи гуфташуда ғайриимкон аст. Ба подшоҳ эътироз кард, аммо подшоҳ қабул накард. Фардо дар дарс Маҳмад беодобӣ мекард. Устод ӯро сарзаниш кард ва Маҳмад чун ҳолати қаблӣ таҳдид намуд. Дар ҳамин лаҳза подшоҳ вориди дарсхона мешавад. Устод ба тарафи подшоҳ фарёд зада, мегӯяд: - Магар намедонӣ, ки бе иҷозат вориди синфхона шудан мумкин нест? Устод ин суханро мегӯяду ба рӯи подшоҳ як шаппот мезанад ва ӯро аз синфхона пеш мекунад. Подшоҳ бо сари хам аз синф берун мешавад. Маҳмад ҳодисаро мебинаду ҳайрон мемонад ва нутқашро фурӯ мебарад. Падаре, ки эътимод мекард, шаппоте хӯрд ва ҳатто аз синф ронда шуд. Подшоҳ дубора дарро тақ-тақ карда, иҷозат ва бахшиш пурсид ва сипас вориди синфхона шуд. Баъди ин ҳодиса Фотеҳ Маҳмад дигар беодобӣ накард, зеро ба он кӯҳе бовар мекард, барф борид. Ҳар фарде, ки набошем, дар таълиму тарбияи фарзандонамон бояд, ки диққати ҷиддӣ бидиҳем. Нагузорем, ки фарзандҳоямон моро аз устодашон баланд бидонанд. Фарзанд беодоб ва ё шӯхмиҷоз таваллуд намешавад, мо худ фарзандҳоямонро боодобу беадаб месозем. Фарзанд чун хишти хому тоза аст ва ҳар чӣ ба рӯяш афтад, тағйири шакл мекунад ва ба ҳамон шакл хушк мегардад ва дар деворсозӣ нақши лозимаро бозӣ карда наметавонад.

0

ҚАДАМИ АВВАЛ

Дар як шаҳр ҷавоне зиндагӣ мекард, ки идеяи наве дошт. Ҳар шаб ӯ орзу мекард, вале ҳар саҳар бо худ мегуфт: «Ҳоло вақти мувофиқ нест».  Ӯ метарсид: аз нокомӣ, аз сухани мардум, аз гум кардани вақт. Рӯзе ӯ назди устоди доное рафт ва пурсид: — Вақти беҳтарин барои оғоз кай аст? Устод як дона тухмро ба замин гузошт ва гуфт: — Агар ин тухм имрӯз кошта нашавад, фардо дарахт намешавад. Ҷавон фаҳмид, ки идея низ мисли тухм аст: агар онро имрӯз бо амал якҷо накунӣ, ҳеҷ гоҳ самар намедиҳад. Ӯ ҳамон рӯз қадами аввалро гузошт. Роҳ осон набуд, хатоҳо бисёр буданд, вале ҳар хато ӯро қавитар кард. Пас аз муддате, идеяаш ба стартап табдил ёфт ва барои дигарон ҳам фоида овард. ХУЛОСА: Стартап аз қадами аввал оғоз мешавад, на аз комил будан.

0

ИНСОН ВА ДУНЁ

Падар аз рӯзи душанбе то шанбе хело зиёд кор кард ва хост саҳари якшанбе истироҳат кунад. Ба дасташ рӯзномаеро гирифту ба хондан шурӯъ намуд. Дар ҳамин лаҳза писарчааш омаду гуфт: - Падар, ин ҳафта ба берун ҳам набаромадем, биё ба синамо равем. Падар, ки намехост аз хона барояд, баҳонаеро фикр мекунад. Дар мобайни рӯзнома харитаи дунё чун туҳфа гузошта шуда буд. Падар харитаи дунёро мегираду ба чанд қисмат пора мекунад ва ба писар дода мегӯяд: - Агар ин харитаро дуруст карда, ба итмом расонӣ, туро ба синамо мебарам. Писар розӣ мешавад ва харитаро гирифта ба утоқаш медарояд. Падар худ ба худ мегӯяд, ки ҳатто профессори соҳаи ҷуғрофия то шаб аз ӯҳдаи он намебарояд. Баъд аз чанд лаҳза писар тозон ба назди падар меояду харитаи дурусткардаашро дароз мекунад. Падар дар ҳайрат мемонад ва мегӯяд; - Чӣ гуна дар муддатти кутоҳ дунёро васл карда тавонистӣ? Писар мегӯяд: - Пушти харитаи дунё расми инсон будааст. Онро дуруст кардам ва харитаи дунё ҳам дуруст шуд. Агар инсон дуруст бошад, пас, дунё худ дуруст мегардад. Дунё ба ҳамон зайле мешавад, ки шумо онро месозед.

0

Оҳанпора

Рӯзе донишманде ба шогирдонаш соати кӯҳнаро нишон дода пурсид: — Ба фикри шумо, ин соат чӣ арзиш дорад? Яке гуфт: «Оҳанпора аст». Дигаре гуфт: «Ёдгории гузашта». Донишманд табассум карда гуфт: — Агар ин соат як лаҳза ҳам ақиб монад ё пеш равад, тамоми кори инсон ба бетартибӣ меафтад. Пас, арзиши он дар вақти дуруст аст. Сипас ӯ гуфт: — Вақт мисли ҳамин соат аст. Агар онро эҳтиёт накунӣ, гум мешавад. Агар қадрашро донӣ, туро ба комёбӣ мерасонад. Шогирдон фаҳмиданд, ки вақт сарватест, ки бозпас намеояд. Он рӯз онҳо қарор доданд, ки ҳар лаҳзаи умрро беҳуда аз даст надиҳанд. Хулоса: Касе, ки қадри вақтро медонад, қадри зиндагиро медонад.

0

ДАР БОРАИ ТАРБИЯ ВА ОДОБ

Рӯзе муаллим аз хонандагон пурсид: — Кадом чиз инсонро зеботар мегардонад? Бачаҳо ҳар кадоме ҳар гуна ҷавобе доданд: яке либоси тоза гуфт, дигаре мошини замонавию сарвати зиёдро ном бурд. Ниҳоят, як писарбачаи хоксор оромона гуфт: — Одоб, хондани китоб ва тарбияи хуб. Муаллим табассум кард ва гуфт: — Дуруст гуфтӣ. Либос кӯҳна мешавад, мошин рӯзе кӯҳна ва сарвати зиёд тамом мегардад, аммо хондани китоб, тарбияи хубу одоби накӯ ҳамеша инсонро соҳибқадр нигоҳ медорад. Аз ҳамон рӯз бачаҳо фаҳмиданд, ки мутолиаи китоб, сухани ширин, эҳтиром ба калонсолон ва рафтори нек беҳтарин зебоии инсон будааст.

0
ДунёЗеҳн1 моҳ пеш

МЕҲРИ ПАДАР

Рӯзе писаре ба падари худ гуфт: — Эй падар, чаро ҳар вақте, ки ман аз ту чизе мепурсам, ба ман на ҳамеша ҷавоби мувофиқ медиҳӣ? Падар табассум карда, гуфт: — Фарзандам, бигӯ, агар рӯзи боронӣ шавад ва ман барои ту соябон наёрам, ту чӣ мекунӣ? Писар гуфт: — Зери сояи ту меистам, падар. Падар бо меҳрубонӣ гуфт: — Ана ҳамин тавр, фарзанди ман! Ман ҳамеша кӯшиш мекунам туро аз борони сахти зиндагӣ муҳофизат кунам, ҳатто агар ҷавоби ман ба ту маъқул набошад ҳам. Писар аз гуфтаи падар хомӯш монд ва ашк аз чашмонаш ҷорӣ шуд. Ӯ фаҳмид, ки муҳаббати падар на дар сухан, балки дар амал пинҳон аст. Панд аз ривоят. Падару модар сояи Худо дар рӯи заминанд. Пеш аз он ки сухани онҳо бароят душвор намояд, андеша кун, ки онҳо тамоми умр барои оромии ту заҳмат кашидаанд.

0
ДунёЗеҳн1 моҳ пеш

МЕҲРРО ДАРЕҒ НАДОРЕМ!

Рӯзе марди солхӯрда дар канори роҳ нишаста буд. Либосҳояш кӯҳна, дастонаш меларзид ва нигоҳаш пур аз умедӣ хомӯш буд. Одамон мегузаштанд, вале кам касе таваққуф мекард. Ҳар кас ба кори худ шитоб дошт. Ногаҳон писарбачае аз роҳ бозистод. Ӯ ба мард бо эҳтиром салом дод ва пурсид: — Бобо, чаро танҳо нишастаед? Мард бо табассуми ғамолуд гуфт: — Писарам, гуруснаам ва каме меҳрубонӣ мехоҳам. Писарбача бе дудилагӣ нони худро ду қисм кард, як қисмашро ба мард дод ва бо ӯ ҳамнишин шуд. Онҳо чанд лаҳза суҳбат карданд. Дар он лаҳза марди солхӯрда худро фаромӯшшуда эҳсос накард. Ҳангоми рафтан мард гуфт: — Писарам, ту ба ман на танҳо нон, балки гармии дил бахшидӣ. Меҳру мурувват ҳамин аст: дили касеро шод кардан. Писарбача бо табассум ҷавоб дод: — Модарам мегӯяд, дилеро шод кунӣ, Худо дили туро шод мекунад. Хулоса: Меҳру мурувват на дар сарват, балки дар дил аст. Як сухани нек, як лаҳза таваҷҷуҳ ва як амали хурди хайр метавонад зиндагии касеро равшан кунад.

0