Зеҳн
Панду андарзҳо·Зеҳн·11 рӯз пешНашрия

ДАР БОРАИ ТАРБИЯ ВА ОДОБ

Рӯзе муаллим аз хонандагон пурсид:

— Кадом чиз инсонро зеботар мегардонад?

Бачаҳо ҳар кадоме ҳар гуна ҷавобе доданд: яке либоси тоза гуфт, дигаре мошини замонавию сарвати зиёдро ном бурд. Ниҳоят, як писарбачаи хоксор оромона гуфт:

— Одоб, хондани китоб ва тарбияи хуб.

Муаллим табассум кард ва гуфт: — Дуруст гуфтӣ. Либос кӯҳна мешавад, мошин рӯзе кӯҳна ва сарвати зиёд тамом мегардад, аммо хондани китоб, тарбияи хубу одоби накӯ ҳамеша инсонро соҳибқадр нигоҳ медорад.

Аз ҳамон рӯз бачаҳо фаҳмиданд, ки мутолиаи китоб, сухани ширин, эҳтиром ба калонсолон ва рафтори нек беҳтарин зебоии инсон будааст.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.