Зеҳн
Дунё·Зеҳн·4 рӯз пешНашрия

ДАРВЕШ ВА КАЖДУМ

Дарвеш каждумеро мебинад, ки дар об афтодааст ва мехоҳад онро кӯмак кунад. Дасташро дароз мекунад.

Каждум ҳамлаи газидан мекунад. Дарвеш дасташро мегирад. Боз кӯмак карданӣ мешавад. Каждум боз ҳамла мекунад. Касе кори дарвешро мебинад ва мегӯяд:

- Хубӣ кардан мехоҳӣ ва он ҳам ба ту зарар доданӣ ҳаст, пас, чаро боз кӯшиши кӯмак кардан дорӣ?

Дарвеш:

- Хислати каждум неш задан аст, хислати ман бошад, ба махлуқот раҳм кардану дӯст доштан аст. Ӯ хислаташро иваз намекунад, пас, чаро ман хислатамро иваз бикунам?

Пас, моро мебояд чун дарвеш фикр бикунем, то ин ки хислати инсонӣ ва мусулмонии худро ба ҷо биёрем.

Дастгири якдигар бошем, гарчанде ки ба мо бадӣ кунанд.

Ҳазрати Исо (ас) фармуданд:

- Агар ба як тарафи рӯят шаппот зананд, боз тарафи дигари рӯятро гузор.

Тарафи дигари корро ҳам бояд биандешем. Агар шахсе моро бори аввал фиреб бикунад, айби ӯст, аммо маротиби дуюм фиреб бидиҳад, айби мо аст.

Ҳар як фард бояд мувозинатро риоя бикунад.

Албатта, барои дӯстон боз ҳам раҳмтар ва дӯстдор рафтор бояд бикунем. Бузурге фармудааст:

  Дӯстро бо як бадӣ натвон фурӯхт,

  Баҳри кайке гилем натвон бисӯхт.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.