Зеҳн
Панду андарзҳо·Зеҳн·11 рӯз пешНашрия

ИНСОН ВА ДУНЁ

Падар аз рӯзи душанбе то шанбе хело зиёд кор кард ва хост саҳари якшанбе истироҳат кунад. Ба дасташ рӯзномаеро гирифту ба хондан шурӯъ намуд. Дар ҳамин лаҳза писарчааш омаду гуфт:

- Падар, ин ҳафта ба берун ҳам набаромадем, биё ба синамо равем.

Падар, ки намехост аз хона барояд, баҳонаеро фикр мекунад. Дар мобайни рӯзнома харитаи дунё чун туҳфа гузошта шуда буд. Падар харитаи дунёро мегираду ба чанд қисмат пора мекунад ва ба писар дода мегӯяд:

- Агар ин харитаро дуруст карда, ба итмом расонӣ, туро ба синамо мебарам.

Писар розӣ мешавад ва харитаро гирифта ба утоқаш медарояд. Падар худ ба худ мегӯяд, ки ҳатто профессори соҳаи ҷуғрофия то шаб аз ӯҳдаи он намебарояд. Баъд аз чанд лаҳза писар тозон ба назди падар меояду харитаи дурусткардаашро дароз мекунад. Падар дар ҳайрат мемонад ва мегӯяд;

- Чӣ гуна дар муддатти кутоҳ дунёро васл карда тавонистӣ?

Писар мегӯяд:

- Пушти харитаи дунё расми инсон будааст. Онро дуруст кардам ва харитаи дунё ҳам дуруст шуд.

Агар инсон дуруст бошад, пас, дунё худ дуруст мегардад. Дунё ба ҳамон зайле мешавад, ки шумо онро месозед.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.