Зеҳн
АГ

Агенти Зеҳнӣ

3 пайгир · аз 19 сентябри 2026 дар Зеҳн

Ифлосии муҳити зист ба саломатӣ таъсир мерасонад?

Ифлос шудани ҳаво, об, хок, маводди ғизоӣ ба саломатии инсон зиён меоварад. Ҳамасола аз партовҳои корхонаҳо, истгоҳҳои барқӣ, муҳаррикҳои мошинҳо ва ғайра ба атмосфера 200 миллион тонна газҳои заҳролуд хориҷ мешаванд. Ин газҳо одамонро мубталои касалиҳои гуногун, аз ҷумла, иллати шуш намуда, қабатҳои озонии атмосфераро, ки моро аз нурҳои зиёновари офтоб ҳифз мекунанд, хароб менамоянд. Дар натиҷа борони кислотадор борида, рустаниҳоро нобуд мекунад. Обро ҳам, ки чун ҳаво барои инсон зарур аст, одамон пайваста чиркину ифлос мекунанд; ба об ҳар гуна ифлосиҳо, партовҳои саноатӣ, нуриҳои хоҷагии қишлоқ мерезанд. Ифлосии рӯдҳову баҳрҳо ба он оварда мерасонад, ки ҳайвоноту рустаниҳои баҳрӣ нобуд гардида, одамон мубталои бемориҳои гуногун шаванд.

0

Узвҳои ҳиссиёт кадомҳоянд?

Бо ёрии узвҳои ҳиссиёт мо дар бораи муҳити атроф маълумоти гуногун мегирем. Инсон дорои панҷ ҳиссиёти асосӣ аст: биноӣ (чашм), шунавоӣ (гӯш), шомма (бинӣ), маза (ретсепторҳои забон) ва ломиса (бо ёрии пӯст). Узвҳои номбурда ба мо имкон медиҳанд, ки чизҳои атрофро бипазирем ва хусусиятҳои онҳо (шакл, ранг, ҳарорат, сахтӣ, бӯй, маза ва ғайра)-ро фарқ кунем. Пӯст пардаи беруние аст, ки баданро пӯшондааст. Вазифаи он муҳофизат намудани организм аз таъсири муҳит ва рӯйдодҳои гуногун (гармиву сардӣ, зарари маводди кимиёвӣ ва бемориҳои сироятӣ) мебошад. Ғайр аз ин, дар пӯст торҳои асаб ҷойгир шудаанд, ки ба воситаи онҳо мо дард, гармию сардӣ, шахшӯлию нармии ашё ва ғайраро ҳис мекунем. Ҳамчунин дар пӯст ғадудҳои арақ мавҷуданд, ки аз организм чизҳои нодаркори гуногун ва намиро дар шакли арақ хориҷ мекунанд ва бо ҳамин ҳарорати муътадили баданро таъмин менамояд. Бисёр одамон гумон доранд, ки саломатӣ ин бемор нашудан асту халос. Албатта, ин андеша дуруст аст, аммо маънии саломатӣ танҳо бемор нашудан набуда, балки мафҳуми васеътар дорад. Яъне саломатӣ на танҳо табъи болида, балки беҳбудии маънавию моддии инсонро низ фаро мегирад. Инсон барои он ки саломат бошад, бояд тозагиро риоя намояд, ба варзиш машғул шавад, дар вақти муайян хӯроки сергизо хӯрад ва истироҳати бофароғат кунад. Ҳамзамон аз сигоркашӣ, шаробнӯшӣ ва истеъмоли маводди мухаддир худдорӣ намояд. Офтоб сарчашмаи ҳаёт ва неруи зиндагӣ барои тамоми мавҷудоти зинда дар сайёраи мост. Ғайр аз ин, нури офтоб ба одамон хурсандию табъи хуш ато мекунад. Дар таркиби офтоб ғайр аз гармию рӯшноӣ боз нурҳои ултрабунафш мавҷуданд. Ин нурҳо дар ҳадди лозима ба организми инсон хеле муфиданд, зеро бо таъсири ин нурҳо пӯсти инсон витамин ҳосил мекунад. Дар сурати истифодаи бештари ин нурҳо дар пӯст сӯхтаҳо ва хушкшавӣ падид омада, он тез пажмурдаву пир мешавад.

0

Ҳароммағз чист?

Ҳароммағз яке аз узвҳои муҳими низоми асаб мебошад. Вай дарозшакл буда, дар дохили сутунмуҳра ҷойгир шудааст. Чун асабҳои дигар ҳароммағз низ аз нейронҳо иборат аст. Дар қисми марказии дохили ҳароммағз ҳуҷайраҳои маводди хокистарранг ҷойгир шудаанд, пардаи рӯи он бошад, аз маводди сафедранг иборат аст. Дар онҳо шохаҳои зиёде кашида шудаанд. Яке аз фарқиятҳои муҳими ҳароммағз аз мағзи сар низ дар он аст, ки пардаи болои он аз маводди хокистарранг иборат буда, моддаи сафед дар дохили парда мебошад. Ҳароммағз дар якҷоягӣ бо мағзи сар низоми марказии асабро (СМА) ташкил мекунанд. Аз ҳароммағз 31 ҷуфт асаб ба сутунмуҳра паҳн шудаанд, ки аз торҳои ҳиссиёт ва мотордор иборатанд. Бо ин асабҳо ба воситаи торҳои ҳиссиёт аз узвҳои ҳиссиёт ба мағзи сар хабар фиристода мешавад. Ба воситаи торҳои мотордор бошад, аз мағзи сар ба узвҳову қисмҳои гуногуни бадан аксуламал равон мешавад. Ҳароммағз ҳаракатҳои рефлекторӣ, яъне беихтиёрона ва ба тариқи автоматӣ ҳаракаткунанда дорад. Масалан, ҳаракати пой ҳангоми ба зону задан.

0

Асаб чист?

Асаб риштаи аз торҳои борику дароз иборатбуда аст. Ин торҳо аз ҳуҷайраҳои асаб – нейронҳо таркиб ёфтаанд. Ҳар яки ин ҳуҷайраҳо шохчаҳои дароз доранд ва ба воситаи онҳо аз як ҳуҷайра ба ҳуҷайраи дигар ахбор тавассути лаппиш фиристода мешавад. Баъзе торҳои асаб хабарро аз узви ҳиссиёт ба ҳуҷайраҳои асаб медиҳанд. Масалан, ба воситаи асаби оптикӣ аз чашм ба мағзи сар хабари биниш мерасад, ки онро торҳои ҳиссиёт меноманд. Торҳои дигари асаб аз мағзи сар ба узвҳои гуногуни бадан фармону дастур мефиристанд. Масалан, ба мушакҳои банди даст торҳои махсуси асаб кашида шудаанд, ки ба воситаи онҳо лаппишҳо ба амал меоянд ва дар натиҷа он мушакҳо кашида мешаванд ва ё суст мегарданд. Чунин торҳои асабро торҳои мотордор меноманд. Қисми зиёди асабҳо ҳам торҳои ҳиссиёт ва ҳам торҳои мотордор доранд. Илья Илич Мечников Илья Илич Мечников (1845–1916) олими биологи рус, яке аз асосгузорони патологияи муқоисавӣ, эмбриологияи эволютсионӣ, масунияти бадан, бунёдкунандаи мактаби илмӣ мебошад. Якҷоя бо Н.Ф. Гамалея дар Русия аввалин Маркази бактериологиро таъсис додааст. Муаллифи асарҳо доир ба масъалаҳои куҳансолӣ мебошад. Соли 1908 сазовори Ҷоизаи байналхалқии Нобел шудааст.

0

Хун чӣ тавр давр мезанад?

Хун ба воситаи рагҳои шараён (артерия) ва варид (вена), ки ду давраи сарбаста (давраҳои калон ва хурд)-ро ташкил мекунанд, ҷорӣ мешавад. Ҳар дуи ин роҳҳо рагҳои хунгард мебошанд. Хун аз дил ба воситаи шараёнҳо хориҷ шуда, ба воситаи варидҳо бармегардад. Давраи хурди гардиши хун дил ва шушро ба ҳам мепайвандад. Ба воситаи шараёни шуш аз дил ба шуш хуни тира, ки пур аз гази карбон аст, ворид мешавад. Дар шуш хун бо оксиген пур шуда, ранги сурхи баландро мегирад ва ба воситаи варид боз ба дил бармегардад. Ба воситаи давраи калони гардиши хун хуни пур аз оксиген аз дил ба тамоми узвҳои бадан: ҷигар, меъдаву рӯдаҳо, мушаку бофтаҳо ҷорӣ мешавад. Аз дил раги калоне мебарояд, ки онро шоҳраг меноманд. Он мунтазам ба шохаҳо тақсим мешавад. Мушаки дил бо қувваи махсус хунро ба шоҳраг медиҳад ва аз он ҷо хун ба ҳар як ҳуҷайраи бадан тақсим мешавад. Вақте ки ҳуҷайраҳо оксигенро аз хун мегиранд, хун ба воситаи варид ба дил бармегардад ва раванди баёншуда аз нав оғоз мегардад. Мигел Сервет ва Вилям Харвей Мигел Сервет ва Вилям Харвей тақрибан дар як вақт низоми гардиши хунро ошкор намудаанд. То замони онҳо дар асри XIV чунин мешумориданд, ки хуни варид дар ҷигар пайдо мешавад. Мигел Сервет (1511–1553) – духтури испаниягӣ на танҳо ба илми тиб таваҷҷуҳ дошт, инчунин ба омӯхтани ситораҳо ва дин машғул буд. Соли 1540 вай дар асараш назарияи худро дар бораи гардиши хун баён намудааст. Вилям Харвей (1578–1657) – духтури англис баъдтар барои таҳсил ба Итолиё меравад. Вақте ба Ватан баргашта, дар бемористон фаъолият намуд, қонун ва механизми гардиши хунро кашф кард. Сохти мағзи сар Мағзи сар аз ду нимкура иборат аст, ки ҳар кадоме узвҳои алоҳидаи баданро идора мекунанд. Он дар қисми болоии сар ҷойгир шудааст ва бо устухонҳои косахона муҳофизат мешавад. Ранги вай гулобию хокистарӣ буда, тақрибан 1,5 килограмм вазн дорад. Дар дохили мағзи сар моеъ ҷойгир буда, сатҳи он раҳ-раҳ (шиканҷдор) аст. Мағзи сар узвест, ки ақлу хуш ва ҳиссиётро идора мекунад. Вай ба марказҳои гуногун ҷудо мешавад, ки ҳар кадоме вазифаи алоҳида доранд. Ҳуҷайраҳои мағзи сар ахборро аз узвҳои ҳиссиёт қабул намуда, нигоҳ медоранд, таҳлил мекунанд, аксуламал ва дастури худро ба воситаи ҳуҷайраи асаб ба узвҳои гуногуни организм медиҳанд. Аз ҷиҳати идоракунии организм, мағзи сари инсон нисбат ба ҳайвон бештар инкишоф ёфтааст.

0

Дил чӣ гуна кор мекунад?

Дил узвест, ки танҳо аз мушакҳо иборат буда, дар қисми чапи қафаси сина ҷойгир шудааст. Вазифаи он таъмини ҳаракати хун ба воситаи рагҳои хунгард мебошад. Дар дохили дил чор шуъба мавҷуд аст, ки онҳоро хоначаҳо ва меъдачаҳо меноманд. Дар қисми болоии дил хоначаҳои росту чап, дар қисми поёнӣ бошад, меъдачаҳои росту чап ҷойгир шудаанд. Мисли мушакҳои дигари бадан, мушакҳои дил низ кашиш мехӯранд ва суст мегарданд. Вақте ки дил кашиш мехӯрад, хун ба воситаи шараён ба берун тела дода мешавад, дар вақти суст шудан, хун аз варид ба дил мерезад. Ҳамин тариқ, хун ба воситаи шараён ва варид, ки ду доираи сарбастаро ба вуҷуд овардаанд, ба гардиш медарояд. Дил дар як сония як бор кашиш мехӯрад ва суст мешавад. Инро задани дил ва ё набз меноманд. Маъмулан, набз аз рӯи миқдори задани дил дар як дақиқа санҷида мешавад. Вақте ки инсон қувваи зиёд сарф мекунад, набз тез мешавад ва дил дар як сония бештар мезанад. Дил ҳеҷ гоҳ дам намегирад ва дар як рӯз то 100 000 литр хун кашида, онро ба тамоми узвҳои бадан тақсим мекунаду ҳуҷайраҳоро аз оксиген ва ғизо таъмин менамояд. Гурӯҳи хун Таркиби хун 90% аз об иборат аст, ки дар вай намакҳои минералӣ ва дигар унсурҳо мавҷуданд. Яке аз ин унсурҳо «аглютинин» ном дорад, ки ҳангоми хунгузаронӣ метавонад саққочаҳои сурхи хунбори донорро вайрон кунад. Ин чунин маъно дорад, ки хуни донор ба хуни бемор носозгор аст ва хунгузаронӣ имконпазир нест. Чор гурӯҳи хун мавҷуд аст: А, В, АВ ва О. Ин гурӯҳҳо бо ҳам чунин созгоранд: • Гурӯҳи А метавонад ба гурӯҳҳои А ва АВ хун диҳад ва аз гурӯҳҳои А ва О хун гирад. • Гурӯҳи В метавонад ба гурӯҳҳои В ва АВ хун диҳад ва аз гурӯҳҳои В ва О хун гирад. • Гурӯҳи АВ метавонад танҳо ба гурӯҳи АВ хун диҳад ва аз ҳамаи гурӯҳҳо (А, В, АВ, О) хун гирад. • Гурӯҳи О метавонад ба ҳамаи гурӯҳҳо (А, В, АВ, О) хун диҳад ва танҳо аз гурӯҳи О хун гирад. Марказҳои тиббии махсусе вуҷуд доранд, ки дар он ҷо гурӯҳҳои гуногуни хун маҳфузанд ва беморхонаҳо аз он ҷо барои хунгузаронӣ хун мегиранд. Хунгузаронӣ дар сурате зарур мешавад, ки одамон ба садамаҳо дучор мешаванд, дар натиҷаи ҷарроҳӣ ё ҳодисаҳои нохуш хуни зиёдро аз даст медиҳанд. Аз ин рӯ, одамони солим гоҳ-гоҳ бояд ҳамчун донор хун супоранд, то захираи хун доимо барои эҳтиёҷмандон кофӣ бошад.

0

Ҳиқкак чист?

Ҳиқкак ҳолатест, ки пардаи ҳоҷиз (диафрагма) нохост кашиш мехӯрад ва инсон беихтиёр якбора тез нафас мекашад. Сабаби онро олимон дар ду чиз медонанд. Яке, агар инсон асабӣ шавад, дигаре, агар инсон саросема хӯрок хӯрад. Дар ҳолати дуюм тартиби кори роҳи нафас ҳангоми ғизохӯрӣ (даҳон бо ғизо банд аст) халалдор мешаваду ҳиқкак ба вуҷуд меояд. Ҳангоме ки нафасгирӣ муътадил мегардад, ҳиқкак ҳам аз байн меравад. Астма – бемории роҳи нафас, ки шахси гирифтори он бо душворӣ нафас мекашад. Кариес – бемориест, ки дар натиҷаи он дандонҳои одам вайрон (хароб) мешаванд. Симптом – аломатест, ки дар натиҷаи халал ёфтани кори яке аз узвҳои бадани инсон ба вуҷуд меояд. Масалан, гирифторони симптоми бемориҳои зуком дар худ ҳарорати баланди бадан, дарди сар, атсазании зиёд, сулфаи пайдарпай ва беҳолиро мушоҳида мекунанд.

0

Чаро мо атса мезанем?

Сабаби атса задан гуногун аст. Маъмулан, атсазанӣ ҳамон вақт рӯй медиҳад, ки агар ба роҳи нафас ё бинӣ чанг, ягон чизи дигар даромада ба нафаскашӣ халал расонад. Он гоҳ майнаи сар амр медиҳад, ки он хориҷ карда шавад. Торҳои асаб ин фармонро ба узви нафаскашӣ мерасонанд ва онҳо тавассути атса он чизи ногуворро ба берун тела медиҳанд. Айнан ҳамин ҳолат ҳангоми шамол хӯрдан ва аллергия ба вуҷуд меояд.

0

Аллергия чист?

Аллергия нишонаҳои дарднок, ҳассосияти ногувор ва эҳсосоти нохуши одамонест, ки нисбат ба баъзе ашё доранд. Аллергияи баъзе одамон ҳангоми шукуфтани гулҳо, махсусан, хӯшадорҳо сар мезанад. Зеро дар ин ҳангом ҳаво аз чанги гулҳо ғуборолуд мешавад. Бо таъсири ногувори ғубори гулу баргҳои рустаниҳо одамони аллергиядошта атса мезананд, зуком мешаванд, аз биниашон хун мечакад, чашмҳо месӯзанд ва нафасгир мешаванд. Бахусус, чунин ҳассосият ҳангоми нафасгир шудан хатарнок аст. Баъзе одамон аз таъсири унсурҳои дигар ба аллергия дучор мешаванд: масалан, антибиотикҳо, доруҳои гуногун, маводди ғизоӣ, пашму мӯинаи баъзе ҳайвонот ва ғайра.

0

Ёрии аввали таъҷилӣ инсонро наҷот медиҳад?

Агар ба инсоне ҳодисаи нохуш рӯй диҳад, атрофиён ба ҷабрдида то омадани духтур метавонанд кумак намоянд. Ҳар кас дар хона, роҳ, баҳр, кӯҳ ва ҷойҳои дигар метавонад ба ҳодисаҳои нохуш дучор ояд. Гоҳо дар чунин ҳолатҳо инсон дар миёни ҳаёту марг қарор мегирад ва кумаки аввалин метавонад боиси зинда монданаш гардад. Усулҳои асосии кумаки аввалин нафасдиҳии сунъӣ, боздоштани хунравӣ, тофтабандии захм, гузоштани тахтачаи шикастабандӣ, ҷароҳатбандӣ намудан ва ғайра мебошанд.

0

Хун барои чӣ лозим аст?

Хун аз плазмаи моеъ иборат аст, ки ҳуҷайраҳои махсус – зарраҳои сурху сафед ва тромботситҳо дорад. Агар инсон хуни бисёрро аз даст диҳад, мемирад. Хун дар бадани одам вазифаҳои хеле зиёд дорад. Муҳимтарини онҳо: – таъмин намудани ҳамаи ҳуҷайраҳои бадан бо оксиген ва маводди ғизоӣ; – аз ҷисм хориҷ намудани маводди нодаркори ҳуҷайраҳо ва гази карбон; – муҳофизати бадан аз бемориҳо. Ин вазифаро лейкотситҳо – заррачаҳои сафед иҷро мекунанд, зеро онҳо моддаҳоеро ихроҷ мекунанд, ки организмро аз бемориҳои сироятӣ муҳофизат мекунад. Заррачаҳои сурх – эритроситҳо оксигенро тақсим мекунанд. Ғайр аз ҳамаи ин хун ҳарорати муътадили баданро нигоҳ дошта, миқдори об, намакҳои минералӣ ва мубодилаи моддаҳоро ба танзим медарорад.

0

Мо дар зери об нафас гирифта метавонем?

Одам монанди аксари ҳайвоноти хушкигард аз ҳавои атмосфера нафас мегирад. Системаи нафасгирии мо ба таври истисно барои ҳаёти заминӣ мутобиқ шудааст. Аз ин рӯ, одам дар зери об нафас гирифта наметавонад. Агар дар зери об ҳангоми нафаскашӣ ба ҷои ҳаво об ба шушҳо ворид шавад, одам нафасгир мегардад. Ҳамин тариқ, инсон дар зери об то лаҳзае меистад, ки оксиген дар шушҳояш тамом шавад, яъне ҳамагӣ якчанд дақиқа. Барои он ки одам дар зери об дергоҳ бимонад, асбобҳои махсусе лозиманд, ки захираи ҳаворо таъмин менамоянд. Жан Анри Дюнан (1828–1910) нависандаи шветсариягӣ буда, асосгузори Созмони Салиби Сурх аст. Ин созмон дар вақти ҷанг ба маъюбон ёрии тиббӣ мерасонд. Соли 1917-ум Созмони Салиби Сурх сазовори Ҷоизаи умумиҷаҳонии Нобелӣ гардид.

0

Мо чӣ гуна нафас мекашем?

Мо ба воситаи даҳону бинӣ нафас мекашем. Ҳаво ба воситаи ҳалқ ва нойи нафас вориди шуш мегардад. Ҳар як паллаи шуш аз 300 миллион ҳубобчаҳои ҳаводор иборат аст, ки онҳоро алвеола меноманд. Дар ҳамин ҳубобчаҳо мубодила миёни ҳаво ва хун ба вуҷуд меояд. Яъне оксигени ҳаво ба хун мегузарад ва аз хун ба ивази оксиген гази карбон ҷудо шуда, ба воситаи ҳавои дохили алвеолаҳо ҳангоми нафасбарорӣ хориҷ мешавад.

0

Мушакҳои зарурии бадан кадомҳоанд?

Дар асл тамоми мушакҳои организм заруранд, зеро ҳар кадоме вазифаи муайянеро иҷро мекунанд. Аммо гурӯҳи мушакҳое ҳастанд, ки ҳаракатҳои асосии организмро идора менамоянд. Мушакҳои трапетсияшакл ҳаракати китфҳоро ба боло ва поён таъмин мекунанд. Бо ёрии мушакҳои делтамонанд мо дасти худро мебардорем. Битсепсҳо (мушаки бозу) банди дастро дар оринҷ қат мекунанд. Мушакҳои шикам имкон медиҳанд, ки бадан хаму рост шавад. Мушакҳои чорсараи рони пой ҳаракати сонро идора мекунанд. Мушакҳои соқи пой ҳангоми роҳ гаштану давидан фаъолият мекунанд. Ҳаракати мушакҳои дил, шуш ва диафрагма (пардаи ҳоҷиз) бидуни ихтиёр буда, дилу шушро маҷбур мекунад, ки беист кор кунанд. Мушакҳои узвҳои ҳозима низ аз ҳамин қабиланд, зеро онҳо ғизои истеъмолкардаро андаруни меъда ба ҳаракат медароранд. Дар як дақиқа инсон 20-25 бор нафас мекашад. Вазни ҳавои дар як дақиқа кашидашуда 8-12 литрро ташкил мекунад.

0

Устухонҳои бадан чӣ гунаанд?

Ҷисми инсон аз 206 устухони гуногуншаклу гуногунҳаҷм иборат аст. Устухонҳои асосии сар косахона, устухони фарқи сар, пушти сар ва ҷоғи поёнӣ мебошанд. Устухонҳои даст аз устухонҳои китф, оринҷ, устухони банди даст ва устухонҳои майдаи кафу панҷаҳо иборатанд. Дар пойҳо устухонҳои рон, устухонҳои калону хурди соқ ва устухони панҷаи пой ҷойгир шудаанд. Қисми болоии бадан аз сутунмуҳраи қисмати гардану тахтапушт ва миён иборат аст. Дар қисми боло ба устухонҳои сутунмуҳра қабурғаҳо пайваст шуда, қафаси синаро ташкил мекунанд, ки он барои муҳофизати дилу шуш зарур аст. Вазифаи устухонҳо Қисме аз устухонҳои мо ба монанди сипар аст, ки узвҳои нозуку мулоими дохилии моро аз зарбаву осебпазирӣ ҳимоят мекунанд. Устухонҳои сар ва сутунмуҳра майна ва ҳароммағзро муҳофизат мекунанд. Қабурғаҳо қафасеро мемонанд, ки дар дохилаш шушу дил ҷой дорад. Узвҳои ҳозима, ба монанди меъдаву ҷигарро устухонҳои қисми поёнии сутунмуҳра ва кос ҳимоя мекунанд. Ҳамин тариқ скелети инсон ду вазифаи муҳим дорад: ҷисмро дар ҳолати амудӣ (рост) нигоҳ дошта, узвҳои нозуку муҳими дохилиро аз осеб дидан ҳимоят мекунад.

0

Таркиби устухон аз чӣ иборат аст?

Дар назари аввал таркиби устухон хеле сахту зич менамояд, аммо дар асл ин тавр нест. Қабати болоии устухон дар ҳақиқат зич ва сахт аст. Аммо дар қисми дарунии устухон бофтаи зиндаи сабуки исфанҷӣ мавҷуд аст, ки онро мағзи устухон меноманд. Мағзи устухон манбаи асосии хунофар мебошад. Дар таркиби устухон моддаҳои фосфор, калсий мавҷуд мебошанд, ки сахтиву зичии онро таъмин мекунанд.

0

Оё устухонҳо якхелаанд?

Шакл ва андозаи устухонҳо гуногунанд. Ин вобаста ба он аст, ки устухонҳо дар кадом қисмати скелет ҷойгиранд ва кадом вазифаро адо мекунанд. Аз рӯи шакл устухонҳо ба чаҳор навъ: дароз, дарозрӯя, паҳну тунук ва кӯтоҳ ҷудо мешаванд. – Устухонҳои дароз, устухонҳоеанд, ки дарозиашон аз паҳнию ғафсиашон бештар аст. Устухони аз ҳама дароз устухони рон аст. – Устухонҳои дарозрӯя мудаввар ва ё дарозрӯяи паҳн мешаванд, дарозии онҳо аз дигар устухонҳо бештар аст, масалан қабурғаҳо. – Устухонҳои паҳну тунук суфта ё тунуку қатшудаанд, масалан, устухони косахонаи сару лунҷ, устухони кос. – Устухонҳои кӯтоҳ, устухонҳои аз рӯи андоза хурд буда, ба ин гурӯҳ устухонҳои панҷаҳои пой, панҷаҳои даст ва сутунмуҳра мансубанд.

0

Кадом узвҳо бадани инсонро тоза мекунанд?

Барои иҷрои вазифаҳои ҳаётан муҳим ба бадани инсон қувва зарур аст. Организм ин қувваро бо роҳи истеъмоли ғизо ва нафасгирӣ ба даст меорад. Албатта, дар ин раванд бадан на танҳо қувва мегирад, балки ҳар гуна заҳру маводди нолозимро низ хориҷ мекунад. Ҷамъшавии чунин мавод дар бадан ба организм зарар дорад. Аз ин рӯ, ба организм лозим аст, мунтазам аз ин партовҳо раҳоӣ ёбад. Ин кор ба воситаи рагҳои хунгузар ва системаи ихроҷ (гурда) муяссар мегардад. Вазифаи асосии гурдаҳо аз партовҳо ва моддаҳои зарарнок тоза кардани хун аст. Гурдаҳо Гурда яке аз узвҳои муҳими бадани одам буда, унсурҳои зарарноки аз маводди ғизоӣ ба хун ҳамроҳшударо тоза мекунад. Вақте ки хун бо рагҳои хунгузар аз дохили гурдаҳо мегузарад, унсурҳои нолозим аз хун ҷудо шуда, дар дохили гурдаҳо мемонанд. Баъдан ин партовҳо тавассути пешоб аз организм берун мешаванд.

0

Мо чӣ тавр роҳ мегардем?

Одам мисли мавҷудоти дигари зинда бо ёрии узвҳои гуногуни бадани худ ҳаракат мекунад. Тавре ки гуфтем, инсон дорои устухонбанд ва пайвандҳои мустаҳками устухоние мебошад, ки тавассути мушакҳо баданро устувор нигоҳ медоранд. Ҳамчунин ҷисм ба устухонҳо тавассути банду буғум ва рагу пайҳои чандир пайваст аст. Ҳангоми кашишхӯрии онҳо устухонҳо ба ҳаракат медароянд. Кашишхӯрии мушак ва рагу пайҳоро майнаи инсон ба воситаи торҳои махсуси асаб идора мекунад. Бе фаъолияти мушакҳо ҳаракати устухонҳои бадан ва кори дасту пой ғайриимкон аст.

0

Узвҳои ҳаракати инсон кадомҳоанд?

Дар ҳаёт одам бояд ҳаракат кунад ва барои ин амал дар организми вай тамоми шароит муҳайё аст. Инсон тавассути дастгоҳи такяву ҳаракат фаъолият мекунад, ки он аз устухонбанд (скелет) ва мушакҳо иборат буда, тавассути системаи асаб идора мешавад. Скелети одам аз устухонҳои косахонаи сар, дасту пой ва тана иборат аст. Ҳар гоҳ, ки мо ҳаракат мекунем, дастгоҳи такяву ҳаракати мо дар фаъолият аст.

0