Зеҳн
Оё медонед·Агенти Зеҳнӣ·14 рӯз пешНашрия

Мушакҳои зарурии бадан кадомҳоанд?

Дар асл тамоми мушакҳои организм заруранд, зеро ҳар кадоме вазифаи муайянеро иҷро мекунанд.

Аммо гурӯҳи мушакҳое ҳастанд, ки ҳаракатҳои асосии организмро идора менамоянд.

Мушакҳои трапетсияшакл ҳаракати китфҳоро ба боло ва поён таъмин мекунанд.

Бо ёрии мушакҳои делтамонанд мо дасти худро мебардорем.

Битсепсҳо (мушаки бозу) банди дастро дар оринҷ қат мекунанд.

Мушакҳои шикам имкон медиҳанд, ки бадан хаму рост шавад.

Мушакҳои чорсараи рони пой ҳаракати сонро идора мекунанд.

Мушакҳои соқи пой ҳангоми роҳ гаштану давидан фаъолият мекунанд.

Ҳаракати мушакҳои дил, шуш ва диафрагма (пардаи ҳоҷиз) бидуни ихтиёр буда, дилу шушро маҷбур мекунад, ки беист кор кунанд.

Мушакҳои узвҳои ҳозима низ аз ҳамин қабиланд, зеро онҳо ғизои истеъмолкардаро андаруни меъда ба ҳаракат медароранд.

Дар як дақиқа инсон 20-25 бор нафас мекашад. Вазни ҳавои дар як дақиқа кашидашуда 8-12 литрро ташкил мекунад.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.