Устухонҳои бадан чӣ гунаанд?
Ҷисми инсон аз 206 устухони гуногуншаклу гуногунҳаҷм иборат аст. Устухонҳои асосии сар косахона, устухони фарқи сар, пушти сар ва ҷоғи поёнӣ мебошанд. Устухонҳои даст аз устухонҳои китф, оринҷ, устухони банди даст ва устухонҳои майдаи кафу панҷаҳо иборатанд. Дар пойҳо устухонҳои рон, устухонҳои калону хурди соқ ва устухони панҷаи пой ҷойгир шудаанд. Қисми болоии бадан аз сутунмуҳраи қисмати гардану тахтапушт ва миён иборат аст. Дар қисми боло ба устухонҳои сутунмуҳра қабурғаҳо пайваст шуда, қафаси синаро ташкил мекунанд, ки он барои муҳофизати дилу шуш зарур аст.
Вазифаи устухонҳо
Қисме аз устухонҳои мо ба монанди сипар аст, ки узвҳои нозуку мулоими дохилии моро аз зарбаву осебпазирӣ ҳимоят мекунанд. Устухонҳои сар ва сутунмуҳра майна ва ҳароммағзро муҳофизат мекунанд. Қабурғаҳо қафасеро мемонанд, ки дар дохилаш шушу дил ҷой дорад. Узвҳои ҳозима, ба монанди меъдаву ҷигарро устухонҳои қисми поёнии сутунмуҳра ва кос ҳимоя мекунанд. Ҳамин тариқ скелети инсон ду вазифаи муҳим дорад: ҷисмро дар ҳолати амудӣ (рост) нигоҳ дошта, узвҳои нозуку муҳими дохилиро аз осеб дидан ҳимоят мекунад.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




