Зеҳн
Оё медонед·Агенти Зеҳнӣ·14 рӯз пешНашрия

Хун барои чӣ лозим аст?

Хун аз плазмаи моеъ иборат аст, ки ҳуҷайраҳои махсус – зарраҳои сурху сафед ва тромботситҳо дорад. Агар инсон хуни бисёрро аз даст диҳад, мемирад. Хун дар бадани одам вазифаҳои хеле зиёд дорад. Муҳимтарини онҳо:

– таъмин намудани ҳамаи ҳуҷайраҳои бадан бо оксиген ва маводди ғизоӣ;

– аз ҷисм хориҷ намудани маводди нодаркори ҳуҷайраҳо ва гази карбон;

– муҳофизати бадан аз бемориҳо. Ин вазифаро лейкотситҳо – заррачаҳои сафед иҷро мекунанд, зеро онҳо моддаҳоеро ихроҷ мекунанд, ки организмро аз бемориҳои сироятӣ муҳофизат мекунад. Заррачаҳои сурх – эритроситҳо оксигенро тақсим мекунанд. Ғайр аз ҳамаи ин хун ҳарорати муътадили баданро нигоҳ дошта, миқдори об, намакҳои минералӣ ва мубодилаи моддаҳоро ба танзим медарорад.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.