Зеҳн
Оё медонед·Агенти Зеҳнӣ·14 рӯз пешНашрия

Ҳароммағз чист?

Ҳароммағз яке аз узвҳои муҳими низоми асаб мебошад. Вай дарозшакл буда, дар дохили сутунмуҳра ҷойгир шудааст. Чун асабҳои дигар ҳароммағз низ аз нейронҳо иборат аст. Дар қисми марказии дохили ҳароммағз ҳуҷайраҳои маводди хокистарранг ҷойгир шудаанд, пардаи рӯи он бошад, аз маводди сафедранг иборат аст. Дар онҳо шохаҳои зиёде кашида шудаанд. Яке аз фарқиятҳои муҳими ҳароммағз аз мағзи сар низ дар он аст, ки пардаи болои он аз маводди хокистарранг иборат буда, моддаи сафед дар дохили парда мебошад.

Ҳароммағз дар якҷоягӣ бо мағзи сар низоми марказии асабро (СМА) ташкил мекунанд.

Аз ҳароммағз 31 ҷуфт асаб ба сутунмуҳра паҳн шудаанд, ки аз торҳои ҳиссиёт ва мотордор иборатанд. Бо ин асабҳо ба воситаи торҳои ҳиссиёт аз узвҳои ҳиссиёт ба мағзи сар хабар фиристода мешавад. Ба воситаи торҳои мотордор бошад, аз мағзи сар ба узвҳову қисмҳои гуногуни бадан аксуламал равон мешавад. Ҳароммағз ҳаракатҳои рефлекторӣ, яъне беихтиёрона ва ба тариқи автоматӣ ҳаракаткунанда дорад. Масалан, ҳаракати пой ҳангоми ба зону задан.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.