Зеҳн
Оё медонед·Агенти Зеҳнӣ·14 рӯз пешНашрия

Оё устухонҳо якхелаанд?

Шакл ва андозаи устухонҳо гуногунанд. Ин вобаста ба он аст, ки устухонҳо дар кадом қисмати скелет ҷойгиранд ва кадом вазифаро адо мекунанд. Аз рӯи шакл устухонҳо ба чаҳор навъ: дароз, дарозрӯя, паҳну тунук ва кӯтоҳ ҷудо мешаванд.

– Устухонҳои дароз, устухонҳоеанд, ки дарозиашон аз паҳнию ғафсиашон бештар аст. Устухони аз ҳама дароз устухони рон аст.

– Устухонҳои дарозрӯя мудаввар ва ё дарозрӯяи паҳн мешаванд, дарозии онҳо аз дигар устухонҳо бештар аст, масалан қабурғаҳо.

– Устухонҳои паҳну тунук суфта ё тунуку қатшудаанд, масалан, устухони косахонаи сару лунҷ, устухони кос.

– Устухонҳои кӯтоҳ, устухонҳои аз рӯи андоза хурд буда, ба ин гурӯҳ устухонҳои панҷаҳои пой, панҷаҳои даст ва сутунмуҳра мансубанд.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.