Асаб чист?
Асаб риштаи аз торҳои борику дароз иборатбуда аст. Ин торҳо аз ҳуҷайраҳои асаб – нейронҳо таркиб ёфтаанд. Ҳар яки ин ҳуҷайраҳо шохчаҳои дароз доранд ва ба воситаи онҳо аз як ҳуҷайра ба ҳуҷайраи дигар ахбор тавассути лаппиш фиристода мешавад. Баъзе торҳои асаб хабарро аз узви ҳиссиёт ба ҳуҷайраҳои асаб медиҳанд. Масалан, ба воситаи асаби оптикӣ аз чашм ба мағзи сар хабари биниш мерасад, ки онро торҳои ҳиссиёт меноманд. Торҳои дигари асаб аз мағзи сар ба узвҳои гуногуни бадан фармону дастур мефиристанд. Масалан, ба мушакҳои банди даст торҳои махсуси асаб кашида шудаанд, ки ба воситаи онҳо лаппишҳо ба амал меоянд ва дар натиҷа он мушакҳо кашида мешаванд ва ё суст мегарданд. Чунин торҳои асабро торҳои мотордор меноманд. Қисми зиёди асабҳо ҳам торҳои ҳиссиёт ва ҳам торҳои мотордор доранд.
Илья Илич Мечников
Илья Илич Мечников (1845–1916) олими биологи рус, яке аз асосгузорони патологияи муқоисавӣ, эмбриологияи эволютсионӣ, масунияти бадан, бунёдкунандаи мактаби илмӣ мебошад. Якҷоя бо Н.Ф. Гамалея дар Русия аввалин Маркази бактериологиро таъсис додааст. Муаллифи асарҳо доир ба масъалаҳои куҳансолӣ мебошад. Соли 1908 сазовори Ҷоизаи байналхалқии Нобел шудааст.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




