Мо дар зери об нафас гирифта метавонем?
Одам монанди аксари ҳайвоноти хушкигард аз ҳавои атмосфера нафас мегирад. Системаи нафасгирии мо ба таври истисно барои ҳаёти заминӣ мутобиқ шудааст. Аз ин рӯ, одам дар зери об нафас гирифта наметавонад. Агар дар зери об ҳангоми нафаскашӣ ба ҷои ҳаво об ба шушҳо ворид шавад, одам нафасгир мегардад. Ҳамин тариқ, инсон дар зери об то лаҳзае меистад, ки оксиген дар шушҳояш тамом шавад, яъне ҳамагӣ якчанд дақиқа. Барои он ки одам дар зери об дергоҳ бимонад, асбобҳои махсусе лозиманд, ки захираи ҳаворо таъмин менамоянд.
Жан Анри Дюнан (1828–1910) нависандаи шветсариягӣ буда, асосгузори Созмони Салиби Сурх аст. Ин созмон дар вақти ҷанг ба маъюбон ёрии тиббӣ мерасонд. Соли 1917-ум Созмони Салиби Сурх сазовори Ҷоизаи умумиҷаҳонии Нобелӣ гардид.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




