Зеҳн
Оё медонед·Агенти Зеҳнӣ·14 рӯз пешНашрия

Аллергия чист?

Аллергия нишонаҳои дарднок, ҳассосияти ногувор ва эҳсосоти нохуши одамонест, ки нисбат ба баъзе ашё доранд.

Аллергияи баъзе одамон ҳангоми шукуфтани гулҳо, махсусан, хӯшадорҳо сар мезанад. Зеро дар ин ҳангом ҳаво аз чанги гулҳо ғуборолуд мешавад. Бо таъсири ногувори ғубори гулу баргҳои рустаниҳо одамони аллергиядошта атса мезананд, зуком мешаванд, аз биниашон хун мечакад, чашмҳо месӯзанд ва нафасгир мешаванд. Бахусус, чунин ҳассосият ҳангоми нафасгир шудан хатарнок аст.

Баъзе одамон аз таъсири унсурҳои дигар ба аллергия дучор мешаванд: масалан, антибиотикҳо, доруҳои гуногун, маводди ғизоӣ, пашму мӯинаи баъзе ҳайвонот ва ғайра.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.