Ҳиқкак чист?
Ҳиқкак ҳолатест, ки пардаи ҳоҷиз (диафрагма) нохост кашиш мехӯрад ва инсон беихтиёр якбора тез нафас мекашад. Сабаби онро олимон дар ду чиз медонанд. Яке, агар инсон асабӣ шавад, дигаре, агар инсон саросема хӯрок хӯрад. Дар ҳолати дуюм тартиби кори роҳи нафас ҳангоми ғизохӯрӣ (даҳон бо ғизо банд аст) халалдор мешаваду ҳиқкак ба вуҷуд меояд. Ҳангоме ки нафасгирӣ муътадил мегардад, ҳиқкак ҳам аз байн меравад.
Астма – бемории роҳи нафас, ки шахси гирифтори он бо душворӣ нафас мекашад.
Кариес – бемориест, ки дар натиҷаи он дандонҳои одам вайрон (хароб) мешаванд.
Симптом – аломатест, ки дар натиҷаи халал ёфтани кори яке аз узвҳои бадани инсон ба вуҷуд меояд. Масалан, гирифторони симптоми бемориҳои зуком дар худ ҳарорати баланди бадан, дарди сар, атсазании зиёд, сулфаи пайдарпай ва беҳолиро мушоҳида мекунанд.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




