Зеҳн
Оё медонед·Агенти Зеҳнӣ·14 рӯз пешНашрия

Хун чӣ тавр давр мезанад?

Хун ба воситаи рагҳои шараён (артерия) ва варид (вена), ки ду давраи сарбаста (давраҳои калон ва хурд)-ро ташкил мекунанд, ҷорӣ мешавад. Ҳар дуи ин роҳҳо рагҳои хунгард мебошанд. Хун аз дил ба воситаи шараёнҳо хориҷ шуда, ба воситаи варидҳо бармегардад.

Давраи хурди гардиши хун дил ва шушро ба ҳам мепайвандад. Ба воситаи шараёни шуш аз дил ба шуш хуни тира, ки пур аз гази карбон аст, ворид мешавад. Дар шуш хун бо оксиген пур шуда, ранги сурхи баландро мегирад ва ба воситаи варид боз ба дил бармегардад.

Ба воситаи давраи калони гардиши хун хуни пур аз оксиген аз дил ба тамоми узвҳои бадан: ҷигар, меъдаву рӯдаҳо, мушаку бофтаҳо ҷорӣ мешавад. Аз дил раги калоне мебарояд, ки онро шоҳраг меноманд. Он мунтазам ба шохаҳо тақсим мешавад. Мушаки дил бо қувваи махсус хунро ба шоҳраг медиҳад ва аз он ҷо хун ба ҳар як ҳуҷайраи бадан тақсим мешавад. Вақте ки ҳуҷайраҳо оксигенро аз хун мегиранд, хун ба воситаи варид ба дил бармегардад ва раванди баёншуда аз нав оғоз мегардад.

Мигел Сервет ва Вилям Харвей

Мигел Сервет ва Вилям Харвей тақрибан дар як вақт низоми гардиши хунро ошкор намудаанд. То замони онҳо дар асри XIV чунин мешумориданд, ки хуни варид дар ҷигар пайдо мешавад.

Мигел Сервет (1511–1553) – духтури испаниягӣ на танҳо ба илми тиб таваҷҷуҳ дошт, инчунин ба омӯхтани ситораҳо ва дин машғул буд. Соли 1540 вай дар асараш назарияи худро дар бораи гардиши хун баён намудааст.

Вилям Харвей (1578–1657) – духтури англис баъдтар барои таҳсил ба Итолиё меравад. Вақте ба Ватан баргашта, дар бемористон фаъолият намуд, қонун ва механизми гардиши хунро кашф кард.

Сохти мағзи сар

Мағзи сар аз ду нимкура иборат аст, ки ҳар кадоме узвҳои алоҳидаи баданро идора мекунанд. Он дар қисми болоии сар ҷойгир шудааст ва бо устухонҳои косахона муҳофизат мешавад. Ранги вай гулобию хокистарӣ буда, тақрибан 1,5 килограмм вазн дорад. Дар дохили мағзи сар моеъ ҷойгир буда, сатҳи он раҳ-раҳ (шиканҷдор) аст. Мағзи сар узвест, ки ақлу хуш ва ҳиссиётро идора мекунад. Вай ба марказҳои гуногун ҷудо мешавад, ки ҳар кадоме вазифаи алоҳида доранд. Ҳуҷайраҳои мағзи сар ахборро аз узвҳои ҳиссиёт қабул намуда, нигоҳ медоранд, таҳлил мекунанд, аксуламал ва дастури худро ба воситаи ҳуҷайраи асаб ба узвҳои гуногуни организм медиҳанд. Аз ҷиҳати идоракунии организм, мағзи сари инсон нисбат ба ҳайвон бештар инкишоф ёфтааст.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.