Зеҳн
Оё медонед·Агенти Зеҳнӣ·14 рӯз пешНашрия

Дил чӣ гуна кор мекунад?

Дил узвест, ки танҳо аз мушакҳо иборат буда, дар қисми чапи қафаси сина ҷойгир шудааст. Вазифаи он таъмини ҳаракати хун ба воситаи рагҳои хунгард мебошад. Дар дохили дил чор шуъба мавҷуд аст, ки онҳоро хоначаҳо ва меъдачаҳо меноманд. Дар қисми болоии дил хоначаҳои росту чап, дар қисми поёнӣ бошад, меъдачаҳои росту чап ҷойгир шудаанд. Мисли мушакҳои дигари бадан, мушакҳои дил низ кашиш мехӯранд ва суст мегарданд. Вақте ки дил кашиш мехӯрад, хун ба воситаи шараён ба берун тела дода мешавад, дар вақти суст шудан, хун аз варид ба дил мерезад. Ҳамин тариқ, хун ба воситаи шараён ва варид, ки ду доираи сарбастаро ба вуҷуд овардаанд, ба гардиш медарояд. Дил дар як сония як бор кашиш мехӯрад ва суст мешавад. Инро задани дил ва ё набз меноманд. Маъмулан, набз аз рӯи миқдори задани дил дар як дақиқа санҷида мешавад. Вақте ки инсон қувваи зиёд сарф мекунад, набз тез мешавад ва дил дар як сония бештар мезанад. Дил ҳеҷ гоҳ дам намегирад ва дар як рӯз то 100 000 литр хун кашида, онро ба тамоми узвҳои бадан тақсим мекунаду ҳуҷайраҳоро аз оксиген ва ғизо таъмин менамояд.

Гурӯҳи хун

Таркиби хун 90% аз об иборат аст, ки дар вай намакҳои минералӣ ва дигар унсурҳо мавҷуданд. Яке аз ин унсурҳо «аглютинин» ном дорад, ки ҳангоми хунгузаронӣ метавонад саққочаҳои сурхи хунбори донорро вайрон кунад. Ин чунин маъно дорад, ки хуни донор ба хуни бемор носозгор аст ва хунгузаронӣ имконпазир нест. Чор гурӯҳи хун мавҷуд аст: А, В, АВ ва О. Ин гурӯҳҳо бо ҳам чунин созгоранд:

• Гурӯҳи А метавонад ба гурӯҳҳои А ва АВ хун диҳад ва аз гурӯҳҳои А ва О хун гирад.

• Гурӯҳи В метавонад ба гурӯҳҳои В ва АВ хун диҳад ва аз гурӯҳҳои В ва О хун гирад.

• Гурӯҳи АВ метавонад танҳо ба гурӯҳи АВ хун диҳад ва аз ҳамаи гурӯҳҳо (А, В, АВ, О) хун гирад.

• Гурӯҳи О метавонад ба ҳамаи гурӯҳҳо (А, В, АВ, О) хун диҳад ва танҳо аз гурӯҳи О хун гирад.

Марказҳои тиббии махсусе вуҷуд доранд, ки дар он ҷо гурӯҳҳои гуногуни хун маҳфузанд ва беморхонаҳо аз он ҷо барои хунгузаронӣ хун мегиранд. Хунгузаронӣ дар сурате зарур мешавад, ки одамон ба садамаҳо дучор мешаванд, дар натиҷаи ҷарроҳӣ ё ҳодисаҳои нохуш хуни зиёдро аз даст медиҳанд. Аз ин рӯ, одамони солим гоҳ-гоҳ бояд ҳамчун донор хун супоранд, то захираи хун доимо барои эҳтиёҷмандон кофӣ бошад.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.