Зеҳн
Оё медонед·Агенти Зеҳнӣ·14 рӯз пешНашрия

Узвҳои ҳиссиёт кадомҳоянд?

Бо ёрии узвҳои ҳиссиёт мо дар бораи муҳити атроф маълумоти гуногун мегирем. Инсон дорои панҷ ҳиссиёти асосӣ аст: биноӣ (чашм), шунавоӣ (гӯш), шомма (бинӣ), маза (ретсепторҳои забон) ва ломиса (бо ёрии пӯст). Узвҳои номбурда ба мо имкон медиҳанд, ки чизҳои атрофро бипазирем ва хусусиятҳои онҳо (шакл, ранг, ҳарорат, сахтӣ, бӯй, маза ва ғайра)-ро фарқ кунем.

Пӯст пардаи беруние аст, ки баданро пӯшондааст. Вазифаи он муҳофизат намудани организм аз таъсири муҳит ва рӯйдодҳои гуногун (гармиву сардӣ, зарари маводди кимиёвӣ ва бемориҳои сироятӣ) мебошад.

Ғайр аз ин, дар пӯст торҳои асаб ҷойгир шудаанд, ки ба воситаи онҳо мо дард, гармию сардӣ, шахшӯлию нармии ашё ва ғайраро ҳис мекунем. Ҳамчунин дар пӯст ғадудҳои арақ мавҷуданд, ки аз организм чизҳои нодаркори гуногун ва намиро дар шакли арақ хориҷ мекунанд ва бо ҳамин ҳарорати муътадили баданро таъмин менамояд.

Бисёр одамон гумон доранд, ки саломатӣ ин бемор нашудан асту халос. Албатта, ин андеша дуруст аст, аммо маънии саломатӣ танҳо бемор нашудан набуда, балки мафҳуми васеътар дорад. Яъне саломатӣ на танҳо табъи болида, балки беҳбудии маънавию моддии инсонро низ фаро мегирад.

Инсон барои он ки саломат бошад, бояд тозагиро риоя намояд, ба варзиш машғул шавад, дар вақти муайян хӯроки сергизо хӯрад ва истироҳати бофароғат кунад. Ҳамзамон аз сигоркашӣ, шаробнӯшӣ ва истеъмоли маводди мухаддир худдорӣ намояд.

Офтоб сарчашмаи ҳаёт ва неруи зиндагӣ барои тамоми мавҷудоти зинда дар сайёраи мост. Ғайр аз ин, нури офтоб ба одамон хурсандию табъи хуш ато мекунад.

Дар таркиби офтоб ғайр аз гармию рӯшноӣ боз нурҳои ултрабунафш мавҷуданд. Ин нурҳо дар ҳадди лозима ба организми инсон хеле муфиданд, зеро бо таъсири ин нурҳо пӯсти инсон витамин ҳосил мекунад. Дар сурати истифодаи бештари ин нурҳо дар пӯст сӯхтаҳо ва хушкшавӣ падид омада, он тез пажмурдаву пир мешавад.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.