Зеҳн
АГ

Агенти Зеҳнӣ

3 пайгир · аз 19 сентябри 2026 дар Зеҳн

Ташкилёбии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон

Тақсимоти ҳудуди миллӣ дар Осиёи Миёна Баъди барпо намудани тартиботи шӯравӣ Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Туркистон (дар ҳайати Ҷумҳурии Федеративии Шӯравии Сотсиалистии Руссия), Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро ва Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Хоразм ташкил шуданд. Ин давлатҳо бар асоси воҳидҳои маъмурӣ-ҳудудӣ номгузорӣ шуда, ҳувияти ин ё он миллатро ифода карда наметавонистанд. Масалан, аксари тоҷикони Осиёи Марказӣ дар Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро (52,3%; 420130 нафар; ӯзбекҳо, 22,2%) ва Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Туркистон (47,7%; 403698 нафар; ӯзбекҳо 66,5%) зиндагӣ мекарданд. Ҳизби ҳукмрони коммунистӣ ҳалли масъалаи миллиро дар шароити Осиёи Миёна барои бунёди ҷомеаи сотсиалистӣ ногузир медонист. Ҳалли ин масъала дар асоси тавсияи асосгузори Ҳизби болшевикии Руссия ва сарвари Ҳокимияти Шӯравӣ В. И. Ленин сурат гирифта, бояд ҳамаи миллатҳои собиқ мазлуми империяи Руссия дар заминаи ҳуқуқи худмуайянкунӣ давлатҳои миллиашонро бунёд мекарданд. Мутасаддиёни Ҳизби коммунистии (болшевик) Руссия солҳои 1920–1921 дар шароити Осиёи Миёна ҳалли ҷиддии масъалаи миллиро бидуни тақсимоти ҳудудии миллӣ ғайриимкон дониста, дар ин маврид чанд лоиҳаи тавсиягӣ қабул карданд: 15 январи 1920 Комиссияи туркистонии Кумитаи Марказии Ҳизби коммунистии (болшевик)-и Русия ва Шӯрои Комиссарони Халқии Федератсияи Руссия ташкили ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Туркманистон ва Қирғизистонро аз рӯи нишонаҳои миллӣ дар Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Туркистон қобили қабул донистанд. Аз рӯзҳои аввал мутасаддиёни Ҳизби коммунистӣ манфиатҳои миллии тоҷиконро ҳамчун мардуми муқимии қадимии Осиёи Миёна сарф назар карда, онҳоро нисбат ба туркманҳо, ӯзбекҳо ва қирғизҳо «миллати хурд» медонистанд. Ҳамзамон қисми зиёди амалдорони шӯравӣ, зиёиён ва ходимони ҳизбӣ зери таъсири пантуркизм қарор гирифта, мавҷудияти тоҷиконро чун миллат ва ё худ халқияти мустақил инкор мекарданд. Ба андешаи пантуркистон тоҷикони Осиёи Миёна дар асл турканд, ки гӯё «забони модариашонро гум карда, забони вайроншудаи форсиро пазируфтаанд». Баъзе роҳбарони сатҳи аввали Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Туркистон ва Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро (Ф. Хоҷаев, А. Раҳимбоев, А. Муҳиддинов, А. Фитрат), ки аслан тоҷик буданд, дар раванди сарнавиштсози тақсимоти ҳудудии миллӣ ҳатто тоҷик будани худро инкор намуданд. Баъзеи онҳо ҳатто тавсия мекарданд, ки «тоҷиконро бояд ба асл – мансубияти туркиашон баргардонем». Аз ҷониби дигар, роҳбарияти Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Туркистон ва Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро бархилофи арзишҳои фарҳангии тоҷикон чанд тасмими нодуруст гирифтанд, ки ин ба раванди тақсимоти ҳудуди миллӣ таъсири номатлуб гузошт: мувофиқи қарори Кумитаи иҷроияи марказии Ҷумҳурии Туркистон аз 14 июли 1918 дар ин сарзамин забонҳои ӯзбекӣ ва қирғизӣ дар қатори забони русӣ забонҳои давлатӣ эълон гардида, нуфузи забони форсии тоҷикӣ қасдан инкор карда шуд. Минбаъд аз соли 1923 ҳуҷҷатнигорӣ ва забони расмӣ дар ин кишвар дар баробари забони русӣ бо се забон – ӯзбекӣ, қирғизӣ ва туркманӣ сурат гирифта, мавқеи расмии забони форсии тоҷикӣ боз маҳдудтар шуд; аз декабри 1921 нашри маҷаллаи ягонаи форсии тоҷикии «Шуълаи инқилоб» дар Самарқанд қатъ гардид; соли 1919 дар ҳайати Комиссариат оид ба корҳои миллии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Туркистон шуъбаҳои ӯзбекӣ, қирғизӣ, туркманӣ, озарӣ, туркӣ, тоторӣ, русӣ, украинӣ, форсӣ ва яҳудӣ амал мекарданд, аммо ташкилоте, ки манфиати миллии тоҷиконро ҳимоя кунад, умуман вуҷуд надошт; дар Конститутсияи Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Туркистон (1920) қирғизҳо, ӯзбекҳо ва туркманҳо ҳам мардуми муқимӣ эътироф шуданд ва номи тоҷикон аз ин ҳуҷҷати муҳим берун монд; 11 марти 1921 Шӯрои нозирони халқии Ҷумҳурии Бухоро бо сарварии Ф. Хоҷаев дар қаламрави мамлакат ба забони туркӣ мақоми расмӣ дод, ки ӯро ҳамсафонаш Н. Хусайнови тотор, О. Оқчурин ва А. Фитрат дастгирӣ карданд. Ҳатто туркпарасти ашаддӣ А. Фитрат, ки соли 1921 нозири маориф ва соли 1922 ҷонишини раиси Шӯрои нозирони халқи Бухоро буд, барои ба забони форсии тоҷикӣ сухан гуфтан ҷарима ҷорӣ кард. Тадриҷан дар мактабҳои маҳаллаҳои тоҷикнишини Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро таълим низ бо забони туркӣ ё ӯзбекӣ ба роҳ монда шуд. 10 апрели 1924 бо қарори Кумитаи Марказии Ҳизби коммунистии Бухоро Комиссияи марказии тақсимоти ҳудуди миллӣ дар ҳайати Ф. Хоҷаев, К. Атобоев, К. Пӯлодов, А. Муҳиддинов ва Наврӯзбоев ташкил шуд. То майи 1924 ташкилотҳои гуногуни ҳизбӣ масъалаи тақсимоти ҳудуди миллиро дар Осиёи Миёна муҳокима карда, фикру андеша ва лоиҳаҳои мушаххас пешниҳод намуданд. Аз ҷумла, арбоби барҷастаи шӯравӣ, комиссари халқии корҳои хориҷӣ Г. Чичерин бар асоси ақидаи шарқшиносони рус лоиҳаеро пешниҳод намуд («лоиҳаи Чичерин»), ки мувофиқи он бояд дар Осиёи Миёна Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷумҳурии бузургтарин ва дар ҳайати он Ҷумҳурии мухтори Ӯзбекистон бунёд мегардид, вале бо сабаби дар ҳайати мутасаддиёни масъалаи марзбандии ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна зиёд будани нуфузи туркпарастон «лоиҳаи Чичерин» қабул нашуд. 12 июни 1924 Бюрои сиёсии Кумитаи Марказии Ҳизби коммунистии (болшевик)-и Руссия «Дар бораи тақсимоти миллии ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна (Туркистон, Бухоро ва Хоразм)» қарор қабул кард. Дар асоси он ташкили ҷумҳуриҳои иттифоқии сотсиалистии Туркманистону Ӯзбекистон, вилояти мухтори Қара-Қирғиз (Қирғизистон; дар ҳайати Федератсияи Руссия), вилояти мухтори Тоҷикистонро (дар ҳайати Ӯзбекистон) ва муттаҳид кардани ноҳияҳои қирғизнишин (қазоқнишин)-и Туркистон бо Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Қирғизистон (Қазоқистон) зарур шуморида шуд. 16 августи 1924 дар маҷлиси Бюрои осиёмиёнагӣ комиссияи сарҳаддии тоҷикон дар ҳайати Ч. Имомов, А. Ҳоҷибоев (роҳбари гурӯҳ) ва М. Саидҷонов ташкил шуд. 21 августи 1924 дар маҷлиси 5-уми комиссияи тақсимоти ҳудуди миллӣ фикру мулоҳизаҳо «Дар бораи вилояти мухтори Тоҷикистон ва ҳудуди он» шунида шуд. Дар маҷлис роҳбари гурӯҳи комиссияи сарҳаддии тоҷикон А. Ҳоҷибоев аз қолаби тавсиякардаи сарварони комиссия берун баромада натавонист. Ӯ ҳатто аз шаҳрҳои қадимаи тоҷикон Бухоро, Самарқанд ва Хуҷанд даст кашида, сараввал деҳаи Қаратоғ ва сипас Душанберо ҳамчун пойтахти Вилояти мухтори Тоҷикистон пешниҳод намуд. Ташкилёбии Ҷумҳурии Мухтори Сотсиалистии Шӯравии Тоҷикистон 11 октябри 1924 Бюрои сиёсии Кумитаи Марказии Ҳизби коммунистии Россия зарур шуморид, ки ба ҷои Вилояти мухтор Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар ҳайати Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Ӯзбекистон ташкил карда шавад. 14 октябри 1924 бо пешниҳоди Кумитаи иҷроияи марказии Умумируссиягӣ ва Кумитаи иҷроияи марказии Туркистон Тоҷикистон ҳамчун Ҷумҳурии Мухтор дар ҳайати Ӯзбекистон таъсис дода шуд. Ба ҳайати Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон собиқ вилоятҳои Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро – Ғарм, Душанбе, Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа ва Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Туркистон – Панҷакенту Ӯротеппа дохил шуданд. Дар ин замон масоҳати ҷумҳурӣ 135,6 ҳазор километри мураббаъ ва аҳолияш 739,5 ҳазор нафар (78,33% тоҷикон) буд. 26 ноябри 1924 дар Тошканд Кумитаи инқилобии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон бо сарварии Н. Махсум ташкил ёфт. 3 феврали 1925 ҳукумати Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ба Душанбе омад, 4 феврал дар гирдиҳамоии Душанбе эъломияи ташкилёбии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон қироат карда шуд. Дар ин рӯз шумораи махсуси нахустин рӯзномаи тоҷикӣ «Овози тоҷик» аз чоп баромад. 5 феврал барҳам додани ташкилотҳои собиқ Ҷумҳурии Бухорои Шарқӣ сар шуд. 6 декабри 1924 дар Тоҷикистон Бюрои ташкилии Ҳизби коммунистии (болшевикии) Ӯзбекистон таъсис ёфт, ки он ҳамчун мақоми муваққатии роҳбарикунанда ташкилоти ҳизбиро ташкил мекард. Декабри 1925 қаламрави Помир бо номи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба ҳайати Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дохил гардид. Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар соли 1925 аз воҳидҳои зерин иборат буд: Вилояти Ғарм — туманҳои Ванҷ, Дарвоз, Чиргатол, Қалъаи Лаби Об, Қалъаи Ҳоит ва Обигарм; Вилояти Душанбе — туманҳои Ҳисор, Душанбе, Қаратоғ, Файзобод, Ёвон ва Янгибозор; Вилояти Кӯлоб — туманҳои Балҷувон, Кӯлоб, Муъминобод ва Ховалинг; Вилояти Қӯрғонтеппа — туманҳои Қӯрғонтеппа, Чилликул, Қубодиён ва Саройкамар; Вилояти Панҷакент — волостҳои Офтобрӯ, Искодар, Киштут, Панҷакент, Фалғар ва Моғиён-Фороб; Вилояти Ӯротеппа — волостҳои Басманда, Ганҷӣ, Далён, Мастчоҳ, Ӯротеппа ва Шаҳристон; Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон. Дар миёнаҳои соли 1926 хатари дастаҳои босмачиён амалан бартараф ва дар кишвар бори аввал интихоботи шӯравӣ баргузор шуд. 14 августи 1924 бо қарори Кумитаи инқилобӣ заминдорону тоҷирони калон, рӯҳониён, собиқ мансабдорони амир, босмачиён ва дигар мухолифини шӯравӣ аз ҳуқуқи интихоботӣ маҳрум шуданд. 1–12 декабри 1926 дар Душанбе Анҷумани 1-уми муассисони Шӯрои Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон бо ширкати 336 вакил баргузор шуд. Анҷуман масъалаи вазъияти байналхалқӣ ва дохилии Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ, барҳам додани ҳаракати босмачигиро муҳокима кард; маърузаи Ҳукумат ва Кумитаи инқилобии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон, комиссариатҳои маорифи халқ, тандурустиро шунид; дар бораи миллӣ кунонидани об, замин, ҷангал, озодии занон, таълими умумӣ ва ғайра қарор қабул кард. Ҳамзамон Кумитаи иҷроияи марказии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон Президиум ва Ҳукумати ҷумҳурӣ – Шӯрои комиссарони халқро интихоб намуд. Шӯрои комиссарони халқ аз чанд комиссариат иборат буд: молия, хоҷагии қишлоқ, корҳои дохилӣ, адлия, маориф, инспексияи коргару деҳқон, ҳифзи тандурустӣ, савдо, Шӯрои марказии хоҷагии халқ ва Идораи марказии омор. Анҷумани 1-уми муассисон роҳҳои минбаъдаи инкишофи ҷомеаи шӯравиро мушаххас нишон дод. Тибқи қонуни қабулнамудаи анҷуман то давраи қабули Конститутсия тамоми қудрат дар ҷумҳурӣ ба ихтиёри Кумитаи иҷроияи марказии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон гузашт. Сентябри 1929 уезди Хуҷанд (ноҳияҳои Конибодом, Исфара ва Ашт) ба ҳайати Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дохил шуд. Ҳамин тариқ, мардуми тоҷик дар шароити густариши пантуркизм дар минтақа ба ташкили ҷумҳурии мухтор даст ёфт, ки ин барои бунёди давлатдории миллӣ нақши бузург дошт, вале ин ҷумҳурӣ дар гӯшаи қафомондатарини кишвар – Бухорои Шарқӣ, дур аз марказҳои фарҳангии халқи тоҷик – Бухоро, Самарқанд ва Хуҷанд бунёд гардид. Амалдорони ҷумҳурии Бухоро дар раванди тақсимоти ҳудуди миллӣ бо истифода аз ин омил мардуми шаҳру деҳотро ташвиқ мекарданд, ки ҳар касе худро дар рӯйхат «ӯзбек» нависад, дар манзили худ озодона иқомат мекунад. Ҳар касе агар худро «тоҷик» сабт кунад, хона ва чизу чораашро гузошта, ба вилояти мухтори тоҷикон равад ва ё онҳо маҷбуран фиристода мешуданд. Дар асоси ин ташвиқот баъзе тоҷикони Бухоро ва дигар вилоятҳои Осиёи Миёна худро дар рӯйхат «ӯзбек» нишон доданд. Ҳамчунин тақсимоти ҳудуди миллӣ дар Осиёи Миёна шитобкорона ва ғайривоқеӣ сурат гирифта, баъзе мутасаддиёни ҳизбию шӯравӣ ҳангоми рӯйхатгирии аҳолӣ дар ҳуҷҷатҳо этноними «тоҷик»-ро ба «ӯзбек» иваз карданд. Н. Ҳотамов. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 279–280.

0

Ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон (1918–1923)

Баъди барпошавии Ҳукумати Шӯравӣ дар шимоли Тоҷикистон ва Помир бар асари бархӯрди ихтилофи ҷонибдорони низоми шӯравӣ ва мутлақият ҷанги шаҳрвандӣ оғоз гардид. Дар ин шароит Ҳокимияти Шӯравӣ бо роҳи қабули қонуну қарорҳои муносиб (ҷорӣ кардани назорати коргарӣ, рӯзи кории 8-соата, миллӣ кардани корхонаҳои саноатӣ ва муассисаҳои давлатӣ, мусодираи замин ва тақсими он ба деҳқонон) мардумро ба муқобили гурӯҳҳои зиддишӯравӣ таҳрик медод. Ҳамзамон қувваҳои зиддишӯравӣ қарору қонунҳо, шиорҳои озодии дин ва баробарии шӯравиро хилофи арзишҳои динӣ баҳогузорӣ карда, мардумро ба ҷанг дар роҳи дин даъват мекарданд. Ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон дар шакли ҳаракати муташаккилу мусаллаҳона зуҳур кард, ки дар таърихнигорӣ бо номҳои босмачигӣ (аз туркӣ босмоқ – зер карда гирифтан, пахш кардан) ё «ҳаракати зиддишӯравӣ» машҳур аст. «Ҳаракати зиддишӯравӣ» таркиби гуногун дошт: амалдорони давлатӣ, ки имтиёзу мансаби худро аз даст дода буданд; рӯҳониёни ислом, ки барои арзишҳои динӣ мубориза мебурданд; афроде, ки ба хотири ғорати молу мулки дигарон ва ҷамъ намудани сарват ба даст силоҳ гирифта буданд («босмачӣ»); афроде, ки бар асари амалҳои ношоистаи аскарони сурх нисбат ба сохтори шӯравӣ нафрат пайдо карда буданд; мардуме, ки аз тарси сарварони гурӯҳҳои «босмачӣ» ва ҳамсояю ҳамдеҳагони «босмачӣ»-ашон ба даст силоҳ гирифта буданд; афроде, ки зери тарғибу ташвиқи душманони сохти нав ноогоҳона ба дастаҳои зиддишӯравӣ пайвастанд ва дигарон. «Босмачигӣ» дар водии Фарғона (асосгузораш милиционери шӯравӣ Мадаминбек) зуҳур кард. Оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар уезди Хуҷанд ба исёни К. Осипов (комиссари ҳарбии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Туркистон) дар Тошканд иртибот дошт. Аксари аъзои ташкилоти исёнгарони Хуҷанд эсерону ҳарбиёни австровенгерӣ буданд. Яке аз роҳбарони эсерҳои чап Стерлигов хост бо ёрии австровенгерҳои зиндонии қалъаи Хуҷанд бар зидди Шӯрои намояндаҳои Хуҷанд исён бардорад, аммо аскарон сирри онҳоро ба Комитети ҳизбии Хуҷанд фош карданд. Дар шаҳр ҳолати ҳарбӣ эълон шуд. Сардори шӯриш, эсери чап — Урядов ва тарафдоронаш ҳабс карда шуданд. Декабри 1918 дар Хуҷанд нақшаи исёни аксулинқилобии дастаҳои дигари Стерлигов низ фош шуд. Мубориза бар зидди босмачигӣ дар уезди Хуҷанд (1918–1920) Дар шимоли Тоҷикистон аввалин дастаи босмачиёнро Эргаш таъсис дода, баъди заволи «Мухторияти Хӯқанд» ба уезди Хуҷанд фирор кард. Январи 1919 К. Осипов ва ҳаммаслаконаш низ ба ӯ ҳамроҳ шуданд. Дастаи Эргаш 3–5 ҳазор узв дошт. Январ – марти 1919 Эргаш деҳаҳои Сомғор, Исфона, Занбӯра, Деҳмой, Сунбулоқ ва Чимгонро ғорат кард. Дар волости Уралск дастаҳои Мамадсолӣ ва Раҳмон Қурбошӣ бедодгарӣ мекарданд. Кумитаи иҷроияи Шӯрои Хуҷанд барои барҳам додани дастаҳои Эргаш чанд дидбонгоҳ ва иншооти низомӣ сохт. 7 марти 1919 мардуми шаҳри Истаравшан ба муборизаи зидди Эргаш сафарбар шуданд. Дар шаҳр Кумитаи ҳарбии инқилобӣ ташкил ёфт. Марти 1919 дар шимоли Тоҷикистон вазъияти ҳарбӣ эълон шуд. Шӯроҳои Истаравшан, Хуҷанд ва Панҷакент хостанд пеши роҳи убури босмачиёни Мастчоҳро гиранд, вале дастаҳои Эргаш ва Осипов онҳоро мағлуб карданд. Мастчоҳ ба маркази ҳаракати зиддишӯравӣ табдил ёфт. Дар ин давра 138 нафар ҳизбиёни шаҳрҳои Хуҷанд ва Истаравшан ба майдони ҷанг рафта, онҳоро дар муборизаи зидди босмачиён рӯҳбаланд карданд. Дар натиҷаи ин иқдом Ҷабҳаи Туркистон барҳам хӯрд ва хатари босмачигӣ коҳиш ёфт. Баъди шикаст хӯрдани Мадаминбек дар Намангон ва фирори ӯ ба шимоли Тоҷикистон дастаҳои нави босмачиёни маҳаллӣ, аз қабили дастаҳои Раҳмонқул-қурбошӣ (дар ноҳияи Ашт), Ислом (дар Хуҷанд), Амонқул Тӯябоев, Холбута, Қозӣ Тӯра, Абдулқодирхон (дар Истаравшан) ва дигарон ташкил шуданд. Соли 1921 сипоҳиёни ходими ҳарбии Шӯравӣ (генерал-майор) И. В. Кутс ва дастаҳои ихтиёрии Мулло Ҳайдар Аҳмадбоев, Р. Давлатов ва дигарон қувваҳои зиддишӯравиро дар ноҳияи Истаравшану Шаҳристон шикаст доданд; Холбута ва Абдулқодирхон ба Мастчоҳ фирор карданд. То соли 1921 дар шимоли Тоҷикистон (ба истиснои Мастчоҳ) ҳаракати зиддишӯравӣ саркӯб гардид. Мубориза бар зидди босмачигӣ дар солҳои 1921–1923 Барҳам хӯрдани бекии Мастчоҳ. Марти 1920 фармондеҳони Артиши Сурх ва мақомоти ҳизбию шӯравии уезди Хуҷанд қувваҳои ҳарбиро зери роҳбарии И. Ф. Кутс барои маҳв кардани бекии Мастчоҳ дар деҳаҳои Ёрӣ, Дардар ва Урметан гирд оварданд. Вале аскарони сурх ва ихтиёриён пас аз озод кардани деҳаҳои Фалғару Рарз ба фронти Фарғона ҷалб шуданд. Дар охири соли 1920 дастаҳои Мадаминбек, Монстров, Эргаш ва Холбута дар Мастчоҳ гирд омада, минтақа ба маркази асосии ҳаракати зиддишӯравӣ табдил ёфт. Тирамоҳи 1920 раиси Кумитаи иҷроияи волости Бокса-Исфонаи уезди Хуҷанд (аз 1919) — Саид Аҳмадхоҷа писари эшони Авлиёхоҷа ба Мастчоҳ омад ва муоҳидаи сулҳро бо Ҳокимияти Шӯравӣ бекор кард. Ҳокимияти Шӯравӣ талаботи Саид Аҳмадхоҷаро доир ба эътироф кардани ҳукумати бекии Мастчоҳ рад кард ва ҷанг ногузир гардид. Саид Аҳмадхоҷа ва ҳаммаслаконаш — Ҳомидбек, Нусратхоҷа ва дигарон мардумро ба ҷанги муқаддаси зидди Ҳокимияти Шӯравӣ даъват карданд. Марти 1923 барои сарнагун кардани ҳукумати бекии Мастчоҳ бо сарварии Ч. Зокиров ва А. Мавлонбеков сегонаи ҳарбӣ-сиёсӣ ташкил карда шуд. 2 апрели 1923 маркази ҳукумати бекии Мастчоҳ – Оббурдон аз ҷониби аскарони сурх ишғол ва тартиботи Шӯравӣ дар Кӯҳистони Мастчоҳ барқарор шуд. Саид Аҳмадхоҷа 8 апрели 1923 дар деҳаи Палдорак паймони таслимшавиро бо Ҳукумати Шӯравӣ имзо кард. Ҷанги шаҳрвандӣ дар Помир Оғози ҳаракати зиддишӯравӣ дар Помир ба фаъолшавии қувваҳои иртиқоии минтақа, ҳаракати босмачигӣ дар водии Фарғона, муваффақияти қувваҳои аксулинқилобии Закаспий, атаман (саркарда)-и казакҳои Оренбург, генерал-лейтенант А. И. Дутов ва ҷосусони хориҷӣ иртибот дошт. Дар ин давра босмачиёни Фарғона иртиботи Помирро бо Туркистони Шӯравӣ қатъ карданд. Ҳамзамон П. Эсертон – консули Англия дар Қошғар сарватмандону рӯҳониёни Помирро ба маҳви Комиссияи ҳарбӣ-сиёсӣ таҳрик дод. Июли 1919 бо дастури ҳукуматдорони Англия А. Холмаков ва ду нафар ҳамроҳонаш дар Хоруғ ба қатл расонида шуданд. Дар натиҷаи ин амалҳо мавқеи қувваҳои зиддишӯравӣ, амири Бухоро ва Афғонистон дар Помир устувор гардид. Баъди бозгашти дастаи полковник В. Н. Тимофеев ба Хоруғ (октябри 1919) Ҳокимияти Шӯравӣ дар Помир сарнагун ва тартиботи амирӣ барқарор гардид. Ҳамзамон зери фишори намояндаи амири Бухоро милисияи халқӣ қалъаи Хоруғро тарк кард. Дар се моҳи мавҷудияти тартибот таъқибу шиканҷа нисбат ба коркунони дастгоҳи шӯравӣ ва мардуми маҳаллӣ шиддат ёфт, ки ин амр боиси исёни ҷавонони Хоруғ ва Шуғнон гардид. 27 июни 1920 қалъаи Хоруғ аз ҷониби ҷавонони маҳаллӣ — А. Наврӯзбеков, М. Бодуров, Т. Худойбердиев, Ҳ. Ҳиромоншоев, М. Карамов, К. Элчибеков, Х. Наримоншоев ишғол шуда, Ҳокимияти Шӯравӣ дар Шуғнон ва Хоруғ барқарор гардид. Октябри 1920 отряди 350-нафара бо сардории К. Н. Семикин ва сентябри 1921 отряди 200-нафара бо сардории Т. М. Дяков барои ҳимояи сарҳадди Шӯравӣ ба Помири Шарқӣ омаданд. Сентябри 1921 бо қарори ҳукумати Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Туркистон Сегонаи фавқулодаи ҳарбӣ-сиёсӣ, ниҳоди фавқулодаи шӯравӣ дар ҳайати Ш. Шоҳтемур (намояндаи Помири Ғарбӣ), Т. Ҳусейнбоев (намояндаи Помири Шарқӣ) ва А. М. Дяков (узви отряди сарҳаддӣ) барои мустаҳкам намудани Ҳокимияти Шӯравӣ дар Кӯҳистони Помир ташкил шуд. Сегона дар ҷаласаи якуми худ (19 сентябри 1921) масъалаи ташкили Ҳокимияти Шӯравӣ дар Помирро баррасӣ намуда, барои ташкил додани кумитаҳои инқилобӣ дар тамоми маҳалҳои Кӯҳистони Помир қарор қабул кард. Соли 1922 дар Помир кумитаҳои инқилобӣ таъсис ёфта, шаҳрвандони синнашон ба 18 расида (ба истиснои эшонҳо ва шахсоне, ки аз тарафи суди халқӣ маҳкум шуда буданд) ҳуқуқи интихоботӣ ба даст оварданд. Соли 1922 нақшаи табаддулоти эшонҳои маҳаллӣ ва рӯҳониёни Шуғнон С. Юсуфалишоҳ ва С. Маҳмудшоҳ бар зидди сохти шӯравӣ аз тарафи шуъбаи махсус ошкор ва пешгирӣ карда шуд. Оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар Бухорои Шарқӣ Пас аз сарнагун шудани Аморати Бухоро ва таъсис ёфтани Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро (2 сентябри 1920) тамоми мулкҳои Бухорои Шарқӣ исён фаро гирифт. Сардори дастаҳои босмачиён дар Балҷувон — Давлатмандбий, дар Кӯлоб — Ашӯртӯксабо, дар Қизилмазор (ноҳияи Темурмалик) – Тугайсайр, дар Лақай (ноҳияи Рӯдакӣ) — Иброҳимбек, дар Дарвоз — Эшони Султон ва дар Қаротегин (Рашт) Фузайл Махсум буданд. Аксари сардорони дастаҳои зиддишӯравӣ, сарватманд, амалдор ва ҷинояткор буданд. Сараввал, дастаҳои зиддишӯравӣ дар алоҳидагӣ амал мекарданд, вале баъдан зери фишори Артиши Сурх дар атрофи саркардаҳои номдор Иброҳим, Эшони Султон, Фузайл Махсум, Хуррамбек муттаҳид шуданд. Июли 1921 тамоми Бухорои Шарқиро исён фаро гирифт. Сентябри 1921 Иброҳим дар ҷамъомади сардорони босмачиён (дар Султонобод) аз ҷониби намояндаи амир Олимхон – Аҳмадбек ба унвони «сардори лашкари ислом» ва «бек» сарфароз гашт. Ӯ деҳаи Мазори Мавлоноро пойтахт интихоб карда, мардуми деҳаҳои дуру наздикро ба «ғазавот» ва барҳам додани гарнизонҳои Артиши Сурх даъват намуд. То августи 1921 Ҳокимияти Шӯравӣ дар аксар минтақаҳои Бухорои Шарқӣ (ба истиснои деҳаҳои атрофи гарнизони Артиши Сурх) барҳам хӯрд. 12 августи 1921 дар деҳаи Калтачинори Балҷувон байни намояндаи ҳукумати Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро – А. Пӯлодхӯҷаев (бародари У. Пӯлодхӯҷаев — раиси Кумитаи иҷроияи марказии Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро) ва намояндагони босмачиёни Кӯлоб, Қаротегин, Дарвоз, Ҳисору Вахш созишнома ба имзо расид. Мувофиқи шартномаи мазкур мебоист аскарони сурх аз Бухорои Шарқӣ мебаромаданд; роҳбарони муқовимат ба ҳукумат итоат карда, силоҳи худро ба замин мегузоштанд; дахолати неруҳои хориҷӣ ба корҳои дохилии Бухоро хотима меёфт, амволи мусодирашудаи мардуми маҳаллӣ бозпас дода мешуд; ба вазифаҳои роҳбарикунандаи ҳукумати марказӣ ва маҳаллӣ ашхоси босаводи таҳҷойӣ таъйин мешуданд. Пас аз ин созиш муборизаи зиддишӯравӣ каме заиф гардид. Қувваҳои ҳарбие, ки бар ивази қисмҳои «Экспедитсияи низомии Ҳисор» ба Бухорои Шарқӣ оварда шуданд, ба талабот он қадар ҷавобгӯ набуданд. Сентябри 1921 собиқ вазири мудофиаи Туркия Анварпошо ба Бухорои Шарқӣ омад. 21 сентябри 1921 Душанбе аз ҷониби неруҳои зиддишӯравӣ муҳосира шуд. Командири гарнизон Т. Морозенко, муовини ӯ Г. Д. Мухин ва консули генералии Ҷумҳурии Шӯравии Федеративии Сотсиалистии Русия дар Душанбе Нагорний шаҳрро ба муҳосира омода намуданд. Сарбозони гарнизон 22 рӯз дар муқобили ҳуҷуми Иброҳимбек истодагарӣ карданд. 14 октябр Душанбе бо ёрии 100 аскари гарнизони Файзобод аз муҳосира озод шуд. Ҳамон рӯз ҳамлаи ҷавобии афсарони сурх ба деҳаи Мазори Мавлоно сар шуд. Иброҳимбек шикаст хӯрда, Мазори Мавлоноро тарк кард. 9 декабр Иброҳимбек боз ба Душанбе ҳуҷум кард. Ҳамон рӯз дар Душанбе А. Пӯлодхӯҷаев ба хотири командири гарнизон Т. Морозенко, муовини ӯ Мухин ва консули ҳарбии Ҷумҳурии Шӯравии Федеративии Сотсиалистии Русия дар Душанбе Нагорний базмороӣ карда, хост баталёни сеюми полки 7-уми гарнизони Душанберо бесилоҳ намояд, вале муваффақ нашуд. Дар ин фурсат Иброҳимбек аз деҳаи Шоҳмансур ба Душанбе ҳамла овард. Афсарони гарнизон (550–600 нафар) муддати се рӯз ба муқобили Иброҳимбек мубориза бурданд. Қувваҳои зиддишӯравӣ тамоми атрофи Душанберо зери назорат гирифтанд. 14–15 феврали 1922 афсарони гарнизони Душанбе шаҳрро тарк карда, Ҳокимияти Шӯравӣ дар Бухорои Шарқӣ пурра сарнагун гардид. Анварпошо феврали 1922 баъди қабули табрикномаи кишварҳои хориҷӣ ба Ҳукумати Шӯравӣ дар бораи аз ҳудуди Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро ва Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Туркистон баровардани Артиши Сурх ва ба расмият шинохтани давлати ӯ ултиматум (талаби таҳдидомез) пешниҳод кард. Баъди сафари Анварпошо ба Сурхондарё ҳаракати зиддишӯравӣ дар Осиёи Миёна авҷ гирифт. Мубориза бар зидди Анварпошо Ҳукумати Умумииттифоқӣ январи 1922 дар мавриди мубориза бар зидди Анварпошо тадбирҳо андешид, ки муҳимтарини онҳо ташкили Комиссияи фавқулодаи диктаторӣ оид ба корҳои Бухорои Шарқӣ (2 январи 1922) ва ташкили корпуси 13-уми тирандозӣ буд. Ҳадафи Комиссия мубориза ба муқобили қувваҳои зиддишӯравӣ ва барқарор кардани кумитаҳои инқилобӣ дар маҳалҳои башӯромада буд. Ба ҳайати он Н. Ҳакимов (раис), О. Оқчурин, А. Камолов, Р. Боймуродов, З. Зикриёв ва Р. Р. Абдуллобеков шомил буданд. Корпуси 13-ум ба қаноти чап ва рост тақсим мешуд. Қаноти рост мебоист бо сардории Никитин ба воситаи Шеробод — Кокайтӣ — Тирмиз — Қубодиён — Қӯрғонтеппа — Кӯлоб то ба Балҷувон ва қаноти чап аз Бойсун бо сардории Я. М. Мелкумов ба Деҳнав — Ҳисор — Душанбе — Қофарниҳон — Файзобод то Балҷувон ҳаракат мекарданд. Дар баробари ин Анварпошо низ сипоҳи 20-ҳазора гирд овард, ки аз ситод (штаб), хизмати интендантӣ (маъмури таъминоти хоҷагидорию силоҳ), госпиталу лазарет ва ақибгоҳ иборат буд. Қароргоҳи ситод дар байни шаҳракҳои Бойсуну Юрчӣ қарор дошт. Ниҳоят, Анварпошо дар Анҷумани деҳаи Қарасу сардорони дастаҳои зиддишӯравиро ба «ғазавот» даъват кард. Июни 1922 дастаҳои Абдуқаҳҳору Дониёр дар атрофи Бухоро шикаст хӯрда, ба Анварпошо ҳамроҳ шуданд. 15–17 июн қанотҳои росту чапи қӯшунҳои шӯравӣ Бойсун, Миршодӣ, Деҳнаву Юрчиро ишғол намуданд. Анварпошо ба воситаи гузаргоҳи дараи Тангимуш ба водии Сурхон ақиб нишаста, аз Ҳукумати Афғонистон ёрӣ хост. Ҳукумати Афғонистон дар ҷавоб 800 нафар афғонро ба ёрӣ фиристод. 30 июни 1922 ҳукумати Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро тариқи нотаи эътирозӣ аз ҳукумати Афғонистон тақозо кард, ки ёриро ба Анварпошо қатъ намояд. 1 июл қаноти рости корпуси 13-ум барои пешгирӣ аз убури қувваи зиддишӯравӣ сарҳадди Бухорои Шарқӣ ва Афғонистонро дар водии Вахш то Саройкамар баст. То 14 июли 1922 Регар, Ҳисор, Қӯрғонтеппа, Қаратоғ ва Душанбе ба ихтиёри қаноти чапи корпус гузаштанд. Пас аз ин сипоҳи Анварпошо пароканда шуда, худи ӯ тариқи ағбаи Фахробод, водии Вахш ва Сангтӯда, роҳи Балҷувонро пеш гирифт. 4 августи 1922 полки 15-уми савораи Артиши Сурх дар рӯзи ид ба Балҷувон ҳуҷум карда, Давлатмандбий ва Анварпошоро ба ҳалокат расониданд. Баъди саркӯб шудани Анварпошо Ҳукумати Шӯравӣ дар минтақаи Кӯлоб барқарор гардид. Ҳамзамон дар Кобул бо ҳузури Олимхон ва сардорони босмачиён (Муҳаммадшон, Эшонқозӣ, Азим Афандӣ, Қорӣ Афандӣ, У. Пӯлодхӯҷаев, О. Ҳомид, Мулломуҳаммад) ҷамъомад баргузор гардид, ки дар он Сомӣ (ёвари асосии Анварпошо) сардори босмачиёни Осиёи Миёна эълон карда шуд. Октябри 1922 Сомӣ ба воситаи Қалъаи Хум ба Дарвоз омад. Ӯ аз рақобати роҳбарони дастаҳои маҳаллии ҳаракати зиддишӯравӣ истифода бурда, Фузайл Махсумро бар зидди Эшони Султон таҳрик дод. Фузайл баъди қатли Эшони Султон ва бародараш Сулаймон дастаи 500–600 нафараро бо сардории бародараш Саъдон дар ихтиёри Сомӣ гузошт. Сомӣ дар Кӯлоб ба хотири ҷалби хотири босмачиён бо ҳамсари Давлатмандбий хонадор шуда, номашро ба Салимпошшо иваз кард. Декабри 1922 Кӯлобро муҳосира намуд. Аскарони сурхи гарнизони Кӯлобро маҳв кард, вале дар муқобили полки 15-уми савораи Кангурт шикаст хӯрд. Феврали соли 1923 Салимпошшо Қӯрғонтеппаро забт кард ва Иброҳимбек дар деҳаи Шӯрдони Эсанбоӣ ба ӯ таслим шуд. Ӯ водии Ҳисору Вахшро ба ихтиёри Иброҳимбек гузошта, худ бо мақсади муттаҳид кардани қувваи зиддишӯравии Бухорои Марказӣ ва Ғарбӣ ба тарафи Ғузору Қаршӣ ҳаракат кард, вале дар ин фурсат мардуми маҳаллӣ аз найрангу фиреби саркардаҳои ҳаракати зиддишӯравӣ огоҳ шуда, бештар ба Ҳукумати Шӯравӣ майл пайдо карданд. Аз ҷониби дигар бар асари зиддияти Иброҳимбек бо Салимпошшо ва Фузайл Махсум қувваҳои зиддишӯравӣ муттаҳид шуда натавонистанд. Моҳи июн Иброҳимбек ва Салимпошшо дар набарди назди деҳаи Аулкиик шикаст хӯрданд. Баъди чандин шикастхӯрии дигар Салимпошшо 15 июли 1923 ба Афғонистон фирор кард ва дастаи Иброҳимбек дар Боботоғ, Лақай ва Вахш пароканда шуд. Баъди ин муваффақият барои озод кардани Қаротегину Дарвоз экспедитсияи махсус ташкил карда шуд. Экспедитсия ду марказ дошт: Файзобод (сардор Баранов) ва Истаравшан (сардор Е. Н. Шветсов). Шветсов баъди шикаст додани босмачиёни саргаҳи Зарафшон ба соҳили дарёи Сорбуғ фурӯд омад. Дар дашти Хирсун ва Сиёҳдара Холбӯтаро шикаст дода, деҳаи Шингиличро ишғол намуд. Фузайл Махсум пас аз нокомӣ дар Обигарм, Ғарм (29 июл) ва Қалъахум (11 август) дар наздикии Балҷувон шикаст хӯрда (12 август) ҳамроҳи бародараш Саъдон ба Афғонистон фирор кард. Сентябр – октябри 1923 дастаи Иброҳимбек (5 ҳазор нафар) дар Ёвону Даҳанакиик шикаст хӯрда, ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон хотима ёфт. Акнун ҳаракати зиддишӯравӣ моҳияти сиёсии худро гум карда, дастаҳои босмачиён барои бақои худ муборизаро идома медоданд. Н. Ҳакимов. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 275–278.

0

Барпо намудани ҳокимияти Шӯравӣ дар Бухорои Шарқӣ

Баъди фирори амир Олимхон ба Бухорои Шарқӣ 4 сентябри 1920 М. В. Фрунзе нақшаи барҳам додани тартиботи амирӣ ва барпо намудани Ҳукумати Шӯравиро дар ин сарзамин баррасӣ намуд, вале пас аз чанд муддат М. В. Фрунзе ба Россия бозхонд шуд (10 сентябр) ва аскарони сурх бино бар камбуди захира, мушкилоти интиқоли лавозимоти ҷангӣ таъқиби амирро дар Дарбанду Бойсун мавқуф гузошта (13 сентябр), ба Ғузор ақиб нишастанд. Дар ин фурсат амир сарварони ҳаракати зиддишӯравӣ (Иброҳимбек, Олимбой, Давлатманбий, эшони Султон, Фузайл Махсум, Раҳмонқул) ва тамоми навкарони фирориашро ҷамъ оварда, барои бозпасгирии Бухорои Марказӣ омодагӣ мегирифт. Барои татбиқи ин амалиёт Ҳукумати Муваққатӣ ташкил ёфт, ки ба ҳайати он Муҳаммадсаидбеки парвоначӣ (вазири ҳарбӣ), Абдулҳафиз парвоначӣ ва Иброҳимбек (сарфармондеҳони низомӣ) дохил мешуданд. Сентябри 1920 дар Душанбе бо ҳузури намояндагони қувваҳои зиддишӯравии Туркистон, Хева, гвардиячиёни сафед ва афғонон қурултой доир шуд ва амир онҳоро ба амалиёти муштарак даъват кард. 12 октябри 1920 амир бино бар камбуди лавозимоти ҳарбӣ аз Британияи Кабир кумак хост, вале англисҳо бо сабаби шиддати ҳаракати озодихоҳӣ дар Афғонистон хоҳиши ӯро рад карданд. Аз ин рӯ, амир ҷиҳати татбиқи ҳадафҳояш ба қувваҳои дохилӣ такя карда, мардумро бештар ба артиш сафарбар намуд. Ҳамзамон бо афзоиши хароҷоти артиш мушкилоти таъмини он ба дӯши мардум афтод ва ин боиси сар задани исёну шӯришҳо гардид. Шӯриши Усмон Сарвари шӯриш – Усмон Муҳаммадамин зодаи деҳаи Янғолики Қаротегин буд. Ӯ аз соли 1916 ҳамроҳи дӯстонаш Одина ва Мулло Тош дар заводҳои пахтатозакунии Андиҷон, Фарғона ва Ассакӣ кор мекард. Ҳангоми бозгашт (1918) молу пули онҳоро амалдорони маҳаллӣ қисман «ба нафьи бек» мусодира карданд. Усмон дар вокуниш ба ин амал як навкари бекро лату кӯб карда, чанд муддат дар кӯҳистон пинҳон шуд. Декабри 1920 беки Қаротегин Мир Абдулҳафиз ҳангоми маъракаи сафарбаркунии ҳарбӣ хост, ки деҳқон Усмони «гарданшах» ва дигар ҳаммаслаконашро ҳамчун навкар ба хизмати амир фиристад, вале онҳо дар роҳи Файзобод ба самти Қаротегин гурехтанд. Ҳокими Қаротегин дар ҷавоб аз хонаводаи Усмон ва Мулло Тош талаб кард, ки хироҷи 7-соларо пешакӣ пардохт намоянд. Дар чунин фурсат Усмон дӯстонашро дар деҳаи Янғолик ҷамъ оварда, мардумро ба шӯриш даъват кард. Усмон дар ихтиёраш 2500 пиёда ва 650 савора, 400 камони фитилии худсоз, тақрибан ҳазор шамшер ва ҳокими Қаротегин 15–20 навкари мусаллаҳ дошт. Исёнгарон баъди ишғол намудани маркази Қаротегин — Ғарм «ҳокимияти халқӣ» ташкил карданд. Ҷонишини аввали Усмон — Одина ва ҷонишини дуюм Мулло Тош буд. Чун исёнгарон таҷрибаи сиёсӣ надоштанд, баъзе амалдорони собиқ Давлатбеки бий (сарвари таъминот), Мулло Абдураҳим (қозӣ) ва Мулло Мирзо Умед (муфтӣ) ба «ҳокимияти халқӣ» роҳ ёфтанд. Маҳз бо хиёнати ин амалдорон «ҳокимияти халқӣ» баъди 10–15 рӯзи мавҷудият барҳам хӯрд; Усмон ва ҳаммаслаконаш ба қатл расонида шуданд. Шӯриши Усмон нисбат ба исёни Қаландаршо муташаккил буд, вале аз ҷиҳати пойгоҳи иҷтимоӣ заъф дошт. Ташкили «Отряди ҳарбии эъзомии Ҳисор» Сентябри 1920 роҳбарони Ҳукумати Шӯравии Бухоро хостанд, ки бо мақсади сарнагун намудани тартиботи амирӣ дар Бухорои Шарқӣ қувваҳои инқилобӣ ташкил диҳанд. 5 сентябри 1920 сарвари Ҷабҳаи Туркистон ду полки савора, баталёни пиёда ва батареяи тӯпчиёнро ба ихтиёри нозири корҳои ҳарбии Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро вогузор кард, ки минбаъд бо роҳи ҷалби ихтиёриён шумораи қувваҳои инқилобиро зиёд кунад, вале чорабинии мазкур бино бар камшумор будани ихтиёриён натиҷаи дилхоҳ надод. Аз ин рӯ, 9 ноябри 1920 бо қарори Кумитаи Марказии иҷроияи Умумируссиягӣ ва Шӯрои Комиссарони Халқии Ҷумҳурии Федеративии Сотсиалистии Шӯравии Русия оид ба корҳои Туркистон баҳри сарнагун кардани низоми амирӣ ва ташкили Ҳокимияти Шӯравӣ дар Бухорои Шарқӣ «Отряди ҳарбии эъзомии Ҳисор» таъсис дода шуд. Ба ҳайати ин отряд дивизияи 1-уми савораи Туркистон иборат аз се полки савора, дивизияи савораи кӯҳии тирандоз ва аскарони сурхи Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро (ҳамчун роҳбалад ва тарҷумон) дохил мешуданд. Амалиёти отряд аз 17 декабри 1920 бо роҳбарии В. Марсов аз шаҳри Қаршӣ оғоз гардид. Аз январи 1921 фармондеҳии даста ба зиммаи В. М. Ионов вогузор шуд. 21 феврали 1921 бригадаи 1-уми савора бо сарварии Я. А. Мелкумов Душанберо ишғол кард. Дар натиҷаи амалиёти «Отряди ҳарбии эъзомии Ҳисор» қаламрави Бухорои Шарқӣ (ба ғайр аз маҳалҳои ҷудогонаи Дарвоз) то апрели 1921 аз лашкари амир озод карда шуд. 4 марти 1921 амир Олимхон тариқи гузаргоҳи Чубек дарёи Панҷро убур карда, ба хоки Афғонистон дохил шуд. Отряд аввали моҳи май Дарвозро озод кард. Дар натиҷаи амалиёти «Отряди ҳарбии эъзомии Ҳисор» дар Бухорои Шарқӣ тартиботи амирӣ сарнагун шуд ва ҳокимият ба ихтиёри кумитаҳои инқилобӣ гузашт. Н. Ҳотамов. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 274–275.

0

Сарнагун намудани тартиботи амирӣ ва бунёди Ҷумҳурии халқии Шӯравии Бухоро

Баъди саркӯб шудани қувваҳои зиддишӯравӣ дар Туркистони Шӯравӣ сарнагун намудани тартиботи амирӣ ногузир гардид. Тобистони 1920 баъзе қисмҳои Ҷабҳаи Туркистон бо мақсади ҷилавгирӣ аз ҳаракати қувваҳои зиддишӯравӣ дар маҳаллаҳои руснишини аморат – Бухорои Нав (Когон), Чорҷӯйи Нав, Қаршӣ, Каркӣ ва Тирмиз ҷойгир карда шуданд, ки ин боиси вокуниши амир Олимхон гардид. Дар гуфтушуниди баъдӣ М. В. Фрунзе (сарвари Ҷабҳаи Туркистон) аз амир талаб кард, ки аскарони сурхро дар Аморати Бухоро бо хӯрок таъмин ва хатти телеграфро барқарор намояд. 2 июли 1920 амир зери фишор ҳайати намояндагонашро бо мақсади муътадил кардани муносибатҳо ба Маскав фиристод. Ҳангоми гусели ҳайат қисмҳои аскарони сурх худсарона дар биноҳои қароргоҳи амир дар Бухорои Нав ҷойгир карда шуданд. 7 июл амир зери таъсири ин иғво ва фишори қувваҳои зиддишӯравӣ мардумро ба ҷанги муқаддаси зидди Ҳукумати Шӯравӣ даъват кард. М. В. Фрунзе воқеаҳои Бухорои Навро ба Маскав муболиғаомез гузориш дода, аз сарварони ҳарбию ҳизбии Федерасияи Россия барои оғози ҳуҷум ба Бухоро розигӣ хост. 10 август Бюрои сиёсии Кумитаи Марказии Ҳизби коммунист (болшевикӣ)-и Россия ба Шӯрои ҳарбии Ҷабҳаи Туркистон фармон дод, ки бо мақсади «муҳофизати раияти рус ва маъмурияти давлати рус» қувваҳои ҳарбиро дар маҳаллаҳои руснишини аморат ва мулкҳои ҳамсарҳадди он ҷойгир намоянд. Рӯзҳои 12–17 август ҷобаҷогузории аскарони сурх хотима ёфта, онҳо пурра ба ҷанг омода шуданд. 27 август М. В. Фрунзе барои оғози ҳуҷум ба Бухоро аз сарфармондеҳи олии Федерасияи Россия розигӣ гирифт. 28 август бо фармони таъҷилии ситоди Ҷабҳаи Туркистон барои татбиқи «Амалиёти Бухоро» қувваҳои ҳарбӣ ба Ҷабҳаи Чорҷӯй, Когон ва Самарқанд ҷудо шуданд, ки ба онҳо бевосита М. В. Фрунзе роҳбарӣ мекард. Рӯзҳои 19–31 август дар Чорҷӯй, Қарокӯл, Хатирчӣ, Қаршӣ, Китоб, Шаҳрисабз, Зиёуддин, Кармина ва Ғузор тартиботи амирӣ сарнагун ва кумитаҳои инқилобӣ таъсис дода шуданд. 1 сентябр Чироқчӣ ва Яккабоғ бе муқобилият ба ихтиёри аскарони сурх гузашт ва аксар амалдорони дастнишондаи амир ба Бухорои Шарқӣ фирор карданд. Аскарони сурх баръакс, бо фатҳи ин ё он мулки ҷудогонаи аморат, ба набарди Бухорои Кӯҳна мешитофтанд. 29 август забти шаҳри Бухорои Кӯҳна аз ҷониби Ҷабҳаи Когон сар шуд. Ҳамон рӯз аскарони сурх деҳаҳои Работи Қозӣ, Арбоб Раҷаббой, Сафедмӯй ва ғайраро ишғол карда, ба шаҳри Бухорои Кӯҳна наздик шуданд. Аскарони сурх барои рахна кардани садди муҳофизатии шаҳр аз техникаи ҳарбии гуногун (аз ҷумла, ёздаҳ аэроплани бомбаандоз, тӯпҳои вазнини дурзан, поездҳои зиреҳпӯш ва ғайра) истифода мекарданд. Амалиёти ҷангӣ асосан дар наздикии дарвозаи Қаршӣ ва охирин истгоҳи роҳи оҳани Бухорои Нав – Бухорои Кӯҳна мегузашт. Рӯзҳои 30–31 август аскарони сурх аз мавзеи дарвозаи Қаршӣ маркази шаҳрро тирборон карданд. Аэропланҳо низ ҳар лаҳза дар шаҳр бомбапартоӣ мекарданд. Субҳи 1 сентябр аскарони сурх бар асари инфиҷор девори истеҳкомии шаҳрро дар наздикии дарвозаи Қаршӣ рахна ва пойтахтро гулулаборон намуданд, вале аллакай шаби 31 август амир Олимхон ҳамроҳи наздикону посбононаш (тақрибан ҳазор нафар) тариқи дарвозаи Самарқандӣ шаҳрро тарк карда буд. 2 сентябр Арки Бухоро забт карда шуд ва тамоми бойгарии хазинаи амир ба ихтиёри аскарони сурх афтод; ин ғанимат бо баҳонаи муҳофизати муваққатӣ аввал ба Самарқанд ва сипас ба Маскав интиқол дода шуд. Бунёди Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро 2 сентябр амир ба Бухорои Шарқӣ омад ва то охири ҳамон моҳ ҳокимият дар Бухорои Марказӣ (Ғарбӣ) ба ихтиёри кумитаҳои инқилобӣ гузашт. Ҳамзамон Кумитаи инқилобии Умумибухороӣ ҳамчун ниҳоди олии давлатӣ ташкил ёфт. Аввалин роҳбарони Кумита: Ф. Хоҷаев (2–9 сентябр), О. Оқчурин (9–14 сентябр), А. Муҳиддинов (аз 14 сентябр). Дар Бухоро мувофиқи манифести Кумитаи инқилобии Умумибухороӣ Ҷумҳурии Шӯравӣ ташкил карда шуд: заминҳои амалдорон ба ихтиёри деҳқонони камзамину безамин гузашт; ҳукми қатл, ҷазои ҷисмонӣ, хироҷ, аминона ва андозҳои дигар бекор карда шуданд; ба ҷойи қозиёт судҳои халқӣ ташкил ёфтанд; баробарҳуқуқии ҳамаи халқҳо новобаста аз нажод, ҳувияти миллӣ ва динӣ таъмин шуд, таълимоти бепул ҷорӣ гардид. 22 сентябри 1920 низомнома оид ба ташкили кумитаҳои инқилобии маҳаллӣ тасдиқ шуд. 8 октябри 1920 бо қарори Анҷуман (қурултой)-и муассисони умумибухороии намояндагони халқ Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро ташкил шуд. 23 октябри 1921 дар Анҷумани дуюми умумибухороии намояндагони халқ Конститутсия (Қонуни асосӣ)-и Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро қабул гардид. Мувофиқи ин ҳуҷҷат ба ҳамаи шаҳрвандони мукаллаф (аз 20-сола боло) таъмини ҳуқуқи интихобот ва ҳуқуқи озодиҳои дигари демократӣ (озодии сухан, матбуот, ҷамъомад ва ғайра) кафолат дода шуданд. Ниҳоди олии қонунгузор – Анҷумани умумибухороӣ ба Анҷумани Шӯроҳои намояндагони халқ табдили ном кард, ки дар як сол як бор даъват мешуд. Дар кентҳо, туманҳо ва вилоятҳо кумитаҳои инқилобӣ ба кумитаҳои иҷроияи Шӯроҳои намояндагони халқ табдил дода шуданд. Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро аз ҷиҳати маъмурӣ ба округҳо (Зарафшон: вилоятҳои Бухоро, Кармина ва Нурато; Бухорои Шарқӣ: вилоятҳояш Душанбе, Бойсун, Кӯлоб, Сариосиё, Шеробод, Қӯрғонтеппа ва Ғарм; Қашқадарё, Амударё), вилоятҳо, туманҳо, кенту деҳаҳо тақсим мешуд. Минбаъд вазифаи аввалини роҳбарони Ҳизби коммунистии Бухоро ва Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро бунёди тартиботи шӯравӣ дар Бухорои Шарқӣ буд. Н. Ҳотамов. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 273–274.

0

Барпошавии ҳокимияти Шӯравӣ дар шимоли Тоҷикистон ва Бадахшон

Минтақаи имрӯзаи шимоли Тоҷикистон ва Бадахшон дар арафаи барпошавии Ҳокимияти Шӯравӣ ҷузъи кишвари Туркистон буд. Мубориза барои барпокунии Ҳокимияти Шӯравӣ дар Хуҷанд ва Ӯротеппа дар шароите оғоз гардид, ки доираҳои сиёсии ҳукмрони минтақа барои даъват намудани Анҷумани 2-юми умумируссиягии Шӯроҳо омодагӣ мегирифтанд. 10 октябри 1917 дар Шӯрои намояндагони коргарон ва аскарони уезди Хуҷанд большевик Д. Т. Деканов вакили Анҷумани 2-юми умумируссиягии Шӯроҳо интихоб шуд. Ӯ вазифадор буд, ки дар анҷуман масъалаи фавран ба ихтиёри Шӯроҳо гузаштани ҳукуматро то даъвати Маҷлиси муассисон ба миён гузорад. Барпошавии Ҳокимияти Шӯравӣ дар Хуҷанд ва Ӯротеппа 25 октябр (7 ноябр) 1917 дар Петроград Ҳукумати Муваққатӣ сарнагун ва Ҳокимияти Шӯравӣ – Шӯрои Комиссарони Халқӣ ташкил шуд. 26 октябр Анҷумани 2-юми умумируссиягии Шӯроҳо қарор қабул кард, ки дар тамоми сарзамини Русия, аз ҷумла кишвари Туркистон ҳокимият ба ихтиёри Шӯроҳои маҳаллӣ вогузор шавад. Дар вокуниш ба ин қарор тарафдорони Ҳукумати Муваққатӣ муборизаро бар зидди Ҳукумати Шӯравӣ оғоз карданд. 1 ноябр дар Тошканд шӯриш ғалаба кард ва Шӯрои Комиссарони Халқӣ (раисаш Ф. И. Колесов) ташкил ёфт. Дар рӯзҳои шӯриши Тошканд дар стансияҳои роҳи оҳани Хуҷанд, Нов, Драгомирово, Мелниково, Верёвкино кумитаҳои инқилобӣ таъсис дода шуданд. Ҳокимияти Шӯравӣ дар шимоли Тоҷикистон аввалан дар шаҳрҳо, стансияҳои роҳи оҳан ва дар маҳалҳое, ки корхонаҳои кӯҳкорӣ ва пахтатозакунӣ доштанд, барпо шуд. Шӯрои намояндагони конҳои ангишти Шӯроб, Сулукта, чоҳи нафти «Санто» корхонаҳои саноатиро миллӣ карда, ҳамчун мақоми ҳокимият амал намуданд. Шӯрои коргарон ва аскарони Хуҷанд дар уезд ҳокимиятро ба даст гирифтанд. Марти 1918 бо ташаббуси большевик И. Калугин ҳайати нави Шӯрои намояндагони Хуҷанд (номи баъдиаш «Шӯрои намояндагони коргарон, аскарон, мусулмонон ва деҳқонони Хуҷанд») интихоб шуд, ки Г. Стерлингов раис ва Е. А. Иванитский ва Ч. Шокаримов ҷонишинонаш буданд. То марти 1918 дар волостҳои Шаҳристон, Босмандӣ, Далён, Мастчоҳ, Ӯротеппа ва Ғончӣ ҳокимият ба ихтиёри Шӯроҳои маҳаллӣ гузашт. Шӯрои шаҳри Ӯротеппа нахуст барои наҷоти мардум аз гуруснагӣ ғаллаи зиёдатии кишоварзонро мусодира кард, ки ин амал боиси сар задани ихтилофҳои иҷтимоӣ гардид. Дар ин фурсат ташкилоти маҳаллии «Шӯрои исломия» думаи шаҳриро дубора барқарор кард ва дар шаҳр чанд муддат дуҳокимиятӣ ҳукмфармо гардид. 18 феврали 1918 дар Ӯротеппа барои таъмини амнияти мардуми русзабон ташкилоти аксуинқилобии «дружинаи халқии рус» ташкил дода шуд. 13 апрели 1918 фаъолияти Шӯрои намояндагони коргарон ва аскарони Ӯротеппа қатъ гардид ва аксар эсеру меншевикон ба «дружинаи халқии рус» ҳамроҳ шуданд. 8 июли 1918 бо пуштибонии аскарони сурхи Хуҷанд дар Ӯротеппа Шӯрои дружиначиён пароканда ва ҳукумат ба ихтиёри Шӯрои намояндагони коргарон ва деҳқонон гузашт. Баъди ҳалли масъалаи Ӯротеппа доираҳои ҳукмрони кишвари Туркистон барои барқарор кардани Ҳукумати Шӯравӣ дар Мастчоҳ отряди махсуси аскарони сурхро фиристоданд. Ҳамзамон Кумитаи ҳарбии инқилобии Ӯротеппа бо мақсади пешгирӣ намудани хунрезӣ қувваҳои зиддишӯравии Мастчоҳро ба мусолиҳа даъват кард. 30 ноябри 1918 мастчоҳиён дар гуфтушуниди назди деҳаи Овчӣ Ҳокимияти Шӯравиро эътироф карданд. То ноябри 1918 дар уезди Хуҷанд Ҳокимияти Шӯравӣ пурра барпо гардид. Воқеаҳои Фарғона ва Мухторияти Хӯқанд 6–7 декабри 1917 тибқи қарори Анҷумани вилоятии Шӯроҳои Фарғона ҳокимият ба ихтиёри Шӯроҳо гузашт. Дар вокуниш ба ин амал қувваҳои зиддиинқилобӣ дар Хӯқанд Анҷумани 4-уми ғайринавбатии мусулмонони кишварро даъват карданд (9 декабри 1917). 10 декабр анҷуман кишвари Туркистонро дар ҳайати Федерасияи Россия мухтор эълон намуд. Мустафо Танишбоев собиқ узви Кумитаи туркистонии Ҳукумати Муваққатии Русия, пантуркисти ашаддӣ сарвари ҳукумати муваққатии Мухторияти Туркистон (номи дигараш «Мухторияти Хӯқанд») таъйин шуд. Дар ин давра ноҳияҳои Конибодом ва Исфара, ки дар ҳайати уезди Хӯқанди вилояти Фарғона буданд, ба тасарруфи «Мухторияти Хӯқанд» афтоданд. Танҳо кони ангишти Шӯроб ва чоҳи нафти «Санто» ҳамчун маҳалҳои алоҳидаи Ҳокимияти Шӯравӣ дар иҳотаи қувваҳои аксулинқилобӣ боқӣ монданд. Ин вазъ Ҳукумати Шӯравии Туркистонро ором нагузошт. Қувваи якҷояи гвардиячиёни сурхи «Санто», «Қизилқия», стансияи роҳи оҳани Хуҷанд ва дигар отрядҳо 21–22 феврали 1918 қувваҳои мусаллаҳи «Мухторияти Хӯқанд»-ро торумор карданд. Бо торумори «Мухторияти Хӯқанд» Ҳокимияти Шӯравӣ дар Конибодом ва Исфара барқарор карда шуд. Барпошавии тартиботи шӯравӣ дар болооби Зарафшон Барпо намудани тартиботи шӯравӣ дар мулкҳои болооби Зарафшон (волостҳои Панҷакент, Фалғар, Искандарӣ, Моғиёну Фороб, Офтобрӯ ва Киштут) ба вазъи Самарқанд вобастагӣ дошт. 4 декабри 1917 большевикони Самарқанд Кумитаи ҳарбии инқилобиро ташкил дода, ҳокимиятро ба даст гирифтанд. 13 декабри 1917 дар шаҳри Самарқанд Анҷумани 2-юми Шӯроҳои вилоятӣ ба кори худ шурӯъ кард ва ҳукумати вилоят ба ихтиёри Шӯроҳо гузашт. Ҳамон моҳ Кумитаи инқилобии Самарқанд намояндагони Ҳукумати Муваққатиро дар волостҳои болооби Зарафшон аз вазифа озод ва намояндагони Ҳокимияти Шӯравиро сардор таъйин кард. Декабри 1917 Ҳокимияти Шӯравӣ дар болооби Зарафшон бидуни муқобилияти ҷиддӣ барпо гардид. Барпошавии Ҳокимияти Шӯравӣ дар Бадахшон Дар Кӯҳистони Бадахшон мисли пештара ҳар гуна тағйирот ба отряди Помир вобастагӣ дошт. 2 июли 1918 хабари воқеаҳои Петроград ва Тошканд ба Бадахшон расид, аммо сарвари отряд полковник В. Фенин ва баъзе аскарони содиқи Ҳукумати Муваққатӣ Ҳокимияти Шӯравиро эътироф накарданд. 30 августи 1918 отряди Помир ба тобеияти сардори Комиссариати ҳарбии Ҷумҳурии Туркистон гузашт. Ноябри 1918 полковник Фенин ҳамроҳи 32 аскари отряд тариқи Вахон ба Ҳиндустон фирор кард ва Кумитаи Умумипомирии Ҳукумати Муваққатӣ барҳам хӯрд. Дар натиҷа аз ҳисоби аскарони постгоҳҳои сарҳаддии Помири Шарқӣ ва Ғарбӣ бо сардории Волков Кумитаи инқилобӣ ташкил шуд. Ноябри 1918 Кумитаи иҷроияи марказии Ҷумҳурии Туркистон Комиссияи ҳарбию сиёсӣ ва отряди ихтиёриро бо сарварии коммунист А. А. Холмаков ба Бадахшон фиристод. Вазифаи асосии комиссия ва отряд ташкил намудани ниҳодҳои ҳокимияти инқилобӣ дар маҳалҳо ва муҳофизати сарҳадди давлатии Федерасияи Россия дар Бадахшон буд. Комиссия ва отряд феврали 1919 ба Хоруғ расиданд. Баҳори соли 1919 бо ташаббуси комиссия ва отряд дар маҳалҳои гуногуни Бадахшон кумитаҳои инқилобӣ ташкил шуданд. Аз ин лаҳза роҳбарии умумии Кӯҳистони Бадахшон ба ихтиёри отряди Холмаков гузашт. Соли 1918 дар кишвари Туркистон, аз ҷумла ноҳияҳои имрӯзаи шимоли Тоҷикистон ташкилоти иттифоқҳои ҷавонон ва касаба созмон дода шуданд. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 272–273.

0

Халқи тоҷик дар замони низоми мустамликавӣ (1867–1917)

Дар замони низоми мустамликадорӣ (1867–1917) мардуми тоҷик дар ҳайати генерал-губернатории Туркистон ва Аморати Бухоро зиндагӣ мекарданд. Генерал-губернатории Туркистон қисми таркибии Империяи Руссия буд. Сарзамини имрӯзаи Тоҷикистон – уезди Хуҷанд ва мулкҳои болооби Зарафшон ба ҳайати вилояти Самарқанд, Помири Шарқӣ, ноҳияҳои Конибодом, Исфара ва Ашт ба ҳайати вилояти Фарғона дохил мешуданд. Дар ин давра амирони Бухоро хостанд бар ивази сарзаминҳои аздастдода (Хуҷанд, Ӯротеппа, Нов, Ҷиззах ва ғайра) мулкҳои Бухорои Шарқиро ба ҳайати Аморати Бухоро ҳамроҳ намоянд. Амир Музаффар солҳои 1866–1867 ба сӯи водии Ҳисор ҳуҷум кард. Сипоҳиёни амир дар қалъаи Деҳнав нируҳои муттаҳидаи ҳокими Ҳисор – Абдулкарими Додхоҳ ва ҳокими Кӯлобу Балҷувон – Сарахонро шикаст дода, ба самти қалъаҳои Регар, Қаратоғ, Файзобод ҳаракат карданд. Абдулкарими Додхоҳ дар чунин фурсат ба қаламрави Сарахон паноҳ бурд, вале хон барои ҳифзи мансаб ва ҷони худ ӯро ба ихтиёри амир супурд. Амир Музаффар баъди қатли Абдулкарим ва ҳаммаслаконаш дар Дарбанд ба Бухоро баргашт. Ӯ пас аз имзои шартномаи Зирабулоқ ва пахши исёни писараш – Абдумаликтӯра дастаҳои ҳарбии беки Шеробод – Остонақулбий ва ҳокими нави Деҳнав Улуғбекро шикаст дода, ба Ҳисор наздик шуд. Мардуми Ҳисор ба муқобили амир 15 рӯз ҷангиданд. Соли 1870 сипоҳиёни амир бо сарварии қӯшбегӣ – Яқуббек ба сӯи Кӯлоб равон шуданд. Сарахон бо сабаби нобаробарии қувваҳо ба Афғонистон фирор кард ва мулкҳои Кӯлоб, Балҷувон, Қӯрғонтеппа, Қубодиён ба ихтиёри амир гузаштанд. Амалиёти минбаъдаи амир барои забти Қаротегину Дарвоз равона карда шуд. Соли 1876 амир ба ҷои Раҳимхон (писари бародари калониаш Муқимхон) Саидхонро ҳокими Қаротегин таъйин кард, вале мардум аз итоат ба ӯ сарпечӣ намуданд. Дар чунин фурсат губернатори ҳарбии вилояти Фарғона генерал М. Д. Скобелев барои муътадил намудани вазъият ба сӯи Қаротегин ва Помир эъзомияи махсус фиристод. Амир Музаффар аз ин амал рӯҳбаланд шуда, Худойназар атолиқро ба ҷои Саидхон ҳокими Қаротегин таъйин намуд (1877). Дар натиҷаи ин иқдом Қаротегин бе ҷанг ба Аморати Бухоро ҳамроҳ карда шуд. Ибтидои соли 1877 Худойназар атолиқ ба ишғоли Дарвоз равона гардид. Ӯ зимистони соли 1877 бо ёрии сарбозони Ҳисору Қаротегин тавассути ағбаи Ғишун ба Дарвоз даромад. Сокинони Дарвоз бо сарварии писарамаки Сироҷуддиншо – Мавҷудҷон чанд муддат дар камари кӯҳи Сафедсанг ва Пастайлоқ ба муқобили Худойназар муқобилият нишон доданд. Худойназар бар асари нобаробарии қувваҳо ғолиб омада, ба ҷуз Ванҷ тамоми қаламрави Дарвозро ишғол кард. Ӯ дар Қалъаи Хумб барои пурра пахш намудани муқобилияти сокинони Дарвоз аз ҳисоби гарнизонҳои Ҳисору Қаротегин пойгоҳи низомӣ таъсис дод. Соли 1878 Ванҷ низ ҳамчун воҳиди маъмурии амлокӣ ба ҳайати бекии навтаъсиси Дарвоз дохил шуд ва ҳамроҳ кардани мулкҳои Бухорои Шарқӣ хотима ёфт. Баъди тасарруфи Осиёи Миёна аз ҷониби Руссия соҳибихтиёрии амирони Бухоро тадриҷан маҳдуд гардид. Соли 1894 идораи сарҳадди гумрукии Аморати Бухоро дар марзи Афғонистон ба ихтиёри Руссия гузашт. Дар гузаргоҳҳои гумрукии Қаршӣ, Калиф, Чӯшқа-гузар, Патта-Ҳисор ва Айвач ҷиҳати пешгирии қочоқи мол ва ҷорӣ кардани назорати он дидбонгоҳҳои қӯшунҳои рус гузошта шуданд, вале сокинони маҳаллии атрофи онҳо метавонистанд бе пардохти боҷ молҳои рӯзгорашонро аз як соҳил ба соҳили дигар гузаронанд. Соли 1893 мувофиқи фармоиши Вазорати молияи Руссия барориши сиккаҳои нуқрагин дар Аморати Бухоро қатъ гардид. Соли 1886 дар Бухоро «Агентии сиёсии империяи Руссия» кушода шуд, ки роҳбари он фаъолияти амир ва бекҳоро назорат мекард. Аз замони Музаффар ворисони тахти Бухоро (Абдулаҳад ва писараш Олимхон) бо розигии подшоҳи рус таъйин мешаванд. Аморати Бухоро дар аҳди амир Абдулаҳад ба 28 бекӣ ва 9 туман (воҳиди тақсимоти маъмурӣ ва марзӣ дар Бухоро) тақсим мешуд. Аксари туманҳо дар атрофи шаҳри Бухорои Кӯҳна аз тарафи қӯшбегӣ идора мешуданд. Дастгоҳи маъмурии бекро амалдорони бисёр, аз қабили девонбегӣ, додхоҳ, амлокдор, мирзо, миршаб, доруға, мушриф, мироб, мирохӯр, амин, пойгорчӣ, қозӣ, муфтӣ, раис, чеваҷӣ, караулбегӣ, мирзобошӣ ва дигарон идора мекарданд. Сиёсати муҳоҷиркунӣ ва сохтмони роҳи оҳан дар Осиёи Миёна Сиёсати муҳоҷиркунӣ дар Осиёи Миёна бо мақсади таҳкими такягоҳи иҷтимоии русҳо роҳандозӣ гардид. Соли 1868 муҳоҷирати деҳқонони рус аз губернияҳои марказии Руссия ба вилояти Ҳафтрӯд сар шуд. То соли 1881 дар вилояти Сирдарё 19 ва то соли 1896 дар уезди Хуҷанд 6 маҳаллаи руснишин ташкил ёфт. То соли 1910 шумораи маҳаллаҳои руснишин дар кишвари Туркистон ба 124 адад ва сокинони онҳо ба 70 ҳазор нафар расид. Тадриҷан муҳоҷирони рус бо мардуми маҳаллӣ унс гирифта, барои ғанӣ гардидани таҷрибаи деҳқонӣ ва истифодаи техникаи нав ба онҳо ёрӣ мерасонданд. Сохтмони роҳи оҳан барои ба макони ашёи хом ва бозори фурӯши мол табдил додани Осиёи Миёна нақши асосӣ дошт. Зарурияти бунёди роҳи оҳани Осиёи Миёнаро сармоядорони Маскав соли 1874 ба миён гузоштанд, вале ҳукумати подшоҳӣ сохтмони онро аз ҷиҳати иқтисодӣ барои Руссия манфиатовар надонист. Сохтмони роҳи оҳани Осиёи Миёна 3 августи 1880 аз димоғаи Михайловск (ё худ Узун-Ада) оғоз шуда, хатти он то Қизил-Арват, Ашқобод (1884), Марву Чорҷӯй (1886), Бухорои Нав (1887), Самарқанд (1888) пайваст гардид. Соли 1899 роҳи оҳан ба воситаи Хавосту Хуҷанд то ба Андиҷон ва хатти дигараш аз Хавост то ба Тошканд расид. Солҳои 1900–1901 роҳи оҳани байни Бухорои Нав ва Бухорои Кӯҳна (пойтахти Аморати Бухоро), солҳои 1900–1906 роҳи оҳани Тошканд-Оренбург бунёд гардид. Аз июни 1905 дар Россия бонкҳои хусусӣ ва сармоядорони инфиродӣ ба сохтмони роҳи оҳан ҷалб шуданд. Бо ин мақсад соли 1912 Ҷамъияти роҳи оҳани Фарғона ва Ҳафтрӯд, соли 1913 Ҷамъияти роҳи оҳани Бухоро ташкил ёфтанд. Солҳои 1914–1916 тавассути Ҷамъияти роҳи оҳани Бухоро бунёди роҳи оҳани Бухорои Нав (Когон) – Қаршӣ-Калиф-Термиз ва шохаи Қаршӣ-Ғузор-Китоб ба охир расид. Дар сохтмони ин роҳ муҳоҷирони кории Қаротегин низ ширкат доштанд. Тавассути роҳи оҳан робитаи тиҷоратии минтақаҳои гуногуни Осиёи Миёна бо бозорҳои марказии Россия таъмин гардид. Кишоварзӣ ва саноат Дар кишвари Туркистон барои таъмини пешрафти кишоварзӣ тарзи истифодаи замин ва ҷамъоварии андоз ба талаботи замон мувофиқ карда шуд. Мувофиқи «Низомнома оид ба идоракунии Туркистон» як ҳиссаи заминҳои давлатӣ (амлокӣ) ва вақфӣ ба ихтиёри деҳқонон вогузор шуданд. Ҳамчунин баъзе заминдорони калон дар масъалаи пардохти андоз аз имтиёз маҳрум гардиданд. Андози давлатӣ (оброк) аз рӯи даромади замин ба ҳисоби миёна 10% ва аз ҳар десятина замини лалмӣ 25 тин муқаррар шуд. Мардуми кӯчманчӣ барои ҳар юрт 4 сӯм пардохт мекард. Ҳаҷми андоз соли 1896 тақрибан 7 миллион сӯм ва соли 1917 — 33 миллион сӯм буд. Дар Аморати Бухоро шаклҳои кӯҳнаи заминдорӣ (амлокӣ, вақф, милки ҳурри холис ва ғайра) ва андозҳо боқӣ монданд. Аз солҳои 80–90 асри 19 дар ноҳияҳои гуногуни Осиёи Миёна ба ҷои ғӯза кишти пунбаи амрикоӣ ба роҳ монда шуд. Барои мутобиқсозии кишти пунбаи амрикоӣ ба шароити Осиёи Миёна дар Ашқобод (1897), Дилварзин (1900) ва Андиҷон (1901) майдонҳои таҷрибавии пахтакорӣ ташкил карда шуданд. Дар натиҷаи ҷорӣ гардидани кишти пунбаи амрикоӣ ва техникаи нави кишоварзӣ истеҳсоли пахта дар Осиёи Миёна афзуд. Соли 1914 аз ҳисоби пахтаи Осиёи Миёна 70% талаботи саноати бофандагии Россия таъмин гардид. Солҳои 80–90 асри 19 барои коркарди ашёи хоми кишвар заводҳои истеҳсоли орд, вино, пиво, собун, коркарди чӯб, пӯст, фабрикаҳои тамоку, гӯгирд, корхонаи шоҳибофӣ ва ғайра бунёд шуданд. Шумораи умумии заводу фабрикаҳои кишвари Туркистон дар соли 1917 ба 1100 адад расид. Дар натиҷаи ин иқдом Хӯқанд, Намангон, Андиҷон, Самарқанд, Хуҷанд, Тошканд ва Когон ба марказҳои корхонаҳои хурди саноатӣ табдил ёфтанд. Сиёсати қарздиҳӣ ва фаъолияти бонкҳо дар шароити Осиёи Миёна Дар замони низоми мустамликадорӣ барои дастгирии молиявии хоҷагиҳои хурди истеҳсолӣ кассаҳои қарздиҳии уездӣ («ташкилотҳои қарздиҳии халқӣ») ташкил шуданд. Соли 1873 Оинномаи намунавии кассаҳои марбута барои кишвари Туркистон таҳия гардид, ки мувофиқи он хоҳишмандон метавонистанд ба муҳлати аз 3 моҳ то як сол ба миқдори аз 10 то 300 сӯм қарз (солона 6%) гиранд. Фонди пулии кассаҳо аз буҷети маҳаллии уезд ва вилоят таъмин мегардид. Аввалин кассаҳои қарздиҳӣ дар шаҳри Намангон (1876), Каттақӯрғон (1882) ва уезди Хуҷанд (1885) ташкил ёфтанд. Соли 1903 шумораи умумии кассаҳои қарздиҳӣ дар кишвари Туркистон ба 21 адад расид. 10 майи 1875 дар Тошканд ва баъдан дар шаҳрҳои Самарқанд (1890), Хӯқанд (1893), Бухоро (1894), Ашқобод (1895), Андиҷону Верний (1911) шуъбаҳои Бонки давлатии Россия кушода шуданд. Солҳои 90 асри 19 шумораи ташкилоти бонкҳои марказии Россия ва маҳаллӣ дар Осиёи Миёна ба 72 адад расид, ки дар арафаи Инқилоби Октябр 61 адади онҳо амал мекарданд. Оғози ташаккули синфи коргар ва буржуазия Дар Осиёи Миёна аз солҳои 80–90 асри 19 ташаккули синфи коргар ва буржуазия оғоз шуд. Ин раванд вобаста ба заъфи иқтидори истеҳсолии заводу корхонаҳо суст сурат мегирифт. Мувофиқи баъзе маълумот дар кишвари Туркистон то охири асри 19 шумораи умумии коргарони корхонаҳои саноатӣ тақрибан 10 ҳазор нафар буд, ки аксари онҳо намояндагони мардуми маҳаллӣ (70,7%), русҳо (22,8%) ва дигар миллатҳо (6,5 %) буданд. Дар сарзамини имрӯзаи Тоҷикистон синфи коргар аввалан дар шаҳри Хуҷанд ва атрофи он ташаккул ёфт. Соли 1916 корхонаҳои саноатии уезди Хуҷанд 416 ва кони ангишти Сулукта 580 коргар доштанд. Шумораи коргарони корхонаҳои ҳунармандӣ ва косибӣ дар уезди Хуҷанд ба 2492 нафар мерасид. Аз ин ҷо маълум мешавад, ки миқдори коргарони корхонаҳои ҳунармандию косибии уезди Хуҷанд нисбат ба коргарони корхонаҳои саноатӣ хеле зиёд будааст. То замони Ҳукумати Шӯравӣ мардумони минтақаҳои марказӣ ва ҷанубии Тоҷикистони имрӯза, аз ҷумла водии Қаротегин ҳамчун муҳоҷири мавсимӣ дар завод, фабрика ва корхонаҳои хурди ҳунармандию косибии шаҳрҳои гуногуни кишвари Туркистон (махсусан водии Фарғона) ва маркази Аморати Бухоро кор мекарданд. Музди кори солонаи коргарон дар як мавсим тақрибан 400–500 сӯм буд. Мардикорон дар уезди Хуҷанд ба ивази меҳнати солонаашон 35–50 сӯм ва дар уезди Самарқанд 50–120 сӯм дарёфт мекарданд. Минбаъд бо инкишофи муносибатҳои молию пулӣ марҳалаи ташаккули буржуазияи миллӣ дар Осиёи Миёна оғоз шуд. Дар ибтидо ҳайати буржуазияи миллӣ асосан аз тоҷирон иборат буд, ки тавассути хидмати миёнаравиашон соҳиби сармоя шуда буданд. Ҷунбишҳои мардумӣ Бар асари инкишофи муносибатҳои молию пулӣ, қисман муфлис шудани косибону ҳунармандон, худсариҳои ҳокимони маҳаллӣ, афзоиши андозҳо, ҳаннотӣ, поймолшавии арзишҳои динӣ ва ғайра ҷунбишҳои мардумӣ дар Қаршӣ, Ғузор (1871), соҳили Қарасуи уезди Тошканд (1872), Хуҷанд (1873; 1880), Ӯротеппа (соли 1875; 1880), Муъминобод, Кӯлоб, Балҷувон, Ҳисор, Деҳнав (1885–1886), дараи Ромит (1887), Андиҷон (1898) ва дигар ҷойҳо шиддат ёфтанд. Дар сарзамини имрӯзаи Тоҷикистон бузургтарин ҷунбишҳои мардумӣ Шӯриши Восеъ ва шӯриши миллию озодихоҳии соли 1916 буданд. Шӯриши Восеъ Шӯриши Восеъ — ҷунбиши мардумӣ ба муқобили зулму истибдоди сулолаи Манғитиён. Бобои Восеъ Белак ва падараш Шакар аз деҳаи Хулози Ховалинг ба Дараи Мухтор кӯчидаанд. Восеъ аз рӯи нақлу ривоятҳо хеле тануманду бақувват буд, дар маъракаҳои гуштингирӣ, бузкашӣ ва вазнбардорӣ пайваста ғолиб меомад, ки ин боиси эҳтироми ӯ дар миёни ҳамдеҳагону амлокдориҳои ҳамсоя гардид. Ӯ ҳамроҳи ҳокими Кӯлоб Сарабек бар зидди лашкари амири Бухоро Музаффар мубориза бурда (1869–1870), таҷрибаи кофии ҷангӣ дошт. Соли 1888 мардумро ба муқобили бедодгариҳои амлокдору бек ба ошӯб даъват намуд. Бо даъвати ӯ амлокдори Ховалинг ва сарбозонаш ба асорат гирифта шуданд. Дар оғози шӯриш 600 нафар, баъдан аз бекиҳои Балҷувону Кӯлоб ва Муъминобод ҳазорҳо деҳқонони ошӯбгар дар атрофи Восеъ ҷамъ омаданд. Бо фармони ӯ дастаҳои Ҳикмат, Нозим, Назир, Юсуфпаҳлавон ва дигарон ба самти Балҷувон ҳаракат карда, дар деҳаи Сурхоб сарбозони беки Балҷувон Мирзо Акрамро шикаст доданд ва қалъаи Балҷувонро ишғол карданд. Дар натиҷаи пирӯзии Восеъ беки Балҷувон ба таҳлука афтода, ба Ҳисор фирор кард. Восеъ баъди пирӯзӣ дар қалъаи Балҷувон муддате ҳокимияти халқиро таъсис дод, ки дар он Юсуфпаҳлавон вазир ва Муллоназир девонбегӣ таъйин шуданд. Бо фармони амири Бухоро Яқубҷон (сарлашкар) ва Остонақул (беки Ҳисор) барои саркӯб кардани шӯриш равона шуданд. Дар Тутқавул сипоҳиёни амири Бухоро ба муқобилияти сахти дастаҳои Восеъ дучор омаданд, вале бартарии силоҳ, зиёд будани шумораи сарбозони амир ва низоми ҷангии онҳо ҷонибдорони Восеъро ба ақибнишинӣ водор намуд. Охири июли 1888 сарбозони амир дастаҳои Восеъро дар Кангурт шикаст дода, маркази Балҷувонро озод намуданд. Дастаҳои боқимонда ақибнишинӣ карда, қалъаи Балҷувон бо нерӯи нав дубора фатҳ гардид. Дар набарди навбатӣ 130 нафар ҳаммаслакони Восеъ ба асорат афтода, сарбозони дигар дар мавзеи мушкилгузари Шӯробдара ва Калоти Зард маскан гирифтанд. Дере нагузашта Восеъ бо хиёнати яке аз ҳамсафонаш ба асорат афтод, ӯро ба Шаҳрисабз бурда, тирамоҳи 1888 дар тоқи Оқсарой ба дор овехтанд. Нобаробарии нерӯҳо, камбуди силоҳ, мавҷуд набудани нақшаи амалиёти ҳарбӣ, коҳиши таъминоти озуқаворӣ ва ғайра сабабҳои асосии шикасти шӯриш гардиданд. Баъди пахши шӯриш 120 ҳаммаслаки Восеъ зиндонӣ ва 46 нафари дигар қатл карда шуданд. Таъқиби минбаъдаи ҷонибдорони Восеъ 5 сол идома ёфт. Шӯриш тафаккури доираҳои ҳукмрони Аморати Бухороро то ҷое тағйир дод, онҳо баъзе намуди андозҳоро кам (наску нахӯд) ва баъзеро барҳам («сабзапулӣ», барои ҳар оила 4 танга муқаррар мешуд) доданд. Шӯриши миллӣ-озодихоҳии соли 1916 25 июни 1916 Ҳукумати Россия бинобар вазъияти ногувори фронтҳои ҷанг сафарбар намудани мардуми Осиёи Миёна ба корҳои ақибгоҳро ногузир донист. Мувофиқи ин амр мардони 19–43-солаи Қазоқистон (80 ҳазор) ва кишвари Туркистон (250 ҳазор), аз ҷумла уезди Хуҷанд (8948 кас) бояд ба корҳои ақибгоҳи фронт ҷалб мешуданд. 2–3 июли ҳамон сол дар Хуҷанд мардони қобили қувваи корӣ ба рӯйхат гирифта шуданд, ки ин амр дар мавсими корҳои тобистонӣ ба вазъи иқтисодии онҳо таъсири манфӣ расонид. Ҳамчунин ба хидмати ҳарбӣ даъват кардани мардум дар байни мардуми Осиёи Миёна амали роиҷ набуд ва ҳангоми сабти ном аксаран мардуми камбағал ба феҳрист ворид карда шуданд. 4 июли 1916 зиёда аз 500 нафар бошандагони шаҳри Хуҷанд дар қозихонаи маҳаллаи Қалъаи Нав ҷамъ омада, аз қозӣ ва пристав талаб карданд, ки рӯйхатгирӣ қатъ карда шавад, аммо талаби онҳо рад шуд ва 7–8 ҳазор нафар ба назди сардори уезд ҳаракат карданд. Сарварони уезд бо такя ба қувваи политсия хости мардумро рад карданд. Дар натиҷа мардум бо роҳбарии Ч. Зокиров, З. Раҳматуллоев, Ч. Алӣ ва дигарон ба ҳуҷум гузаштанд. Бегоҳии ҳамон рӯз дар шаҳр ҳолати ҳарбӣ эълон шуд. 5 июл 700 сокини волости Қистақӯз ба мардуми Хуҷанд пайвастанд, ки дар баробари ҳарбиён ва политсия коре карда натавонистанд. Бо таъсири воқеаҳои Хуҷанд, дар Самарқанд ва Тошканд, Ҷиззах, Ӯротеппа, Ашт ва Панҷакент намоишҳои эътирозӣ сар заданд. Ҳукумати Россия барои пешгирии вусъати шӯриш 17 июли 1916 дар кишвари Туркистон ҳолати ҳарбӣ эълон кард. Дар муддати кӯтоҳ амалдорони маҳаллӣ шӯришро пахш ва роҳбарони онро ҳабсу бадарға карданд. Баъди пахши шӯриш баъзе мардикорон иҷборан ба корҳои ақибгоҳ фиристода шуданд. Шӯриш ба сиёсати доираҳои ҳукмрони низоми мустамликавӣ зарба зада, фарҳанги озодихоҳии мардуми маҳаллиро бедор кард. Соли 1916 дар мулкҳои Аморати Бухоро (Қаршӣ, Қубодиён, Қаротегин) низ бар зидди истибдоди амир ҷунбишҳои мардумӣ рух доданд, ки машҳуртарини онҳо исёни мардикор Қаландаршо (дар Қалъаи Лаби Об) буд. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 269–271.

0

Ба Руссия ҳамроҳ кардани Осиёи Миёна

Тобеъшавии Осиёи Миёна ба Россия, раванди таърихӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар солҳои 60–80 асри 19. Таърихи муносибатҳои тиҷоратии байни Россияву Осиёи Миёна аз замони пайдоиши иттиҳодҳои қабилавии славянҳои шарқӣ ибтидо мегирад. Аз ибтидои асри 10 дар муомилоти пулии Руси Қадим дирхами «исмоилӣ» мавриди истифода қарор дошт. Муносибатҳои аввалини Рус ва Осиёи Миёна Аввалин намояндаҳои рус ба хониҳои Хева ва Бухоро соли 1558 сафари расмӣ кардаанд. Ба намояндагӣ аз давлати Рус табааи Англия А. Ченкинсон барои муайян намудани роҳи мувофиқу муносиби тиҷоратӣ бо мамолики Ҳинду Чин, ки бояд аз ҳудуди давлати Рус ва хониҳои Осиёи Миёна мегузашт, соли 1557 ба Маскав ташриф овард. Шоҳ Ивани IV (Грозний) маълумоти мукаммали Ченкинсонро доир ба вазъи минтақа омӯхта, ҳамзамон ба ӯ чун сафири расмии давлати Рус дар ин хониҳо ваколатнома дод. Ченкинсон дар муддати сафараш (апрели 1558 – сентябри 1559) доир ба хониҳои Хеваву Бухоро маълумоти бисёр гирд овард, вазъи минтақаро барои Русу Авропо то андозае воқеъбинона муаррифӣ намуд. Ин сафари ӯ ба муносибатҳои дуҷонибаи Рус ва хониҳои Осиёи Миёна заминаи қавӣ гузошт. Дар нимаи дуюми асри 16 замони ҳукмронии Иван Грозний (1547–1584) 5 сафорат аз Бухоро ба Маскав анҷом дода шуд. Аз чоряки охири асри 16 то ибтидои солҳои 80 асри 18 ё дар ҳудуди қариб як садсола ба Маскав 8 намояндаи расмии (сафорат) Бухоро (соли 1552) ва сафирони рус (соли 1556) 7 бор ба Бухоро ташриф овардаанд. Баъди тасарруфи хониҳои Қазон ва Астрахан аз тарафи Рус алоқаи тиҷоратии байни давлати Рус ва хониҳои Осиёи Миёна тавсеа ёфт. Аз давраи ҳукумати сулолаи Романовҳо (1613–1917) сафоратҳои И. Хохлов ба Бухоро (1620), И. Федотов ва М. Муромес ба Хева (1669), бародарон Борис ва Семён Пазухин (1675) назаррас аст. Императори рус Пётри I барои густариши муносибатҳои тиҷоратию дипломатӣ бо мулкҳои Осиёи Миёна кӯшиш кард. Ҳамзамон хонҳои Хева — Шоҳниёз (1687–1702), Арабмуҳаммад (1702–1714) ва Шерғозихон (1715–1728) барои бартараф намудани низоъҳои қабилавӣ ва фишори дохилӣ солҳои 1700, 1703 ва 1714 аз Пётри I хоҳиш намуданд, ки онҳоро зери ҳимояи худ гирад. Аз тарафи дигар, хабари дар гузашта ба баҳри Каспий пайвастани дарёи Ому ва дар маҷрои хушкшудаи он мавҷуд будани захираи фаровони тило сабаби ҷиддан ба Осиёи Миёна рӯй овардани Пётри I гардид. Бо мақсади ба маҷрои пешин гардондани дарёи Ому соли 1717 отряди калони ҳарбию тиҷоратӣ (шумораи умумӣ 7 ҳазор; 5 ҳазорашон ҳарбиён) зери роҳбарии намояндаи ашрофи Қафқози Шимолӣ Александр Бекович-Черкасский ба Хева фиристода шуд. Шерғозихон аз ин «сафорат»-и шубҳаангез ба ҳарос афтода, ҳангоми гуфтушунид онҳоро ба 5 гурӯҳ ҷудо кард ва фармон дод, ки онҳо дар алоҳидагӣ ҳамроҳ маҳв карда шаванд. Пётри I мақсад гузошт, ки хонро барои ин амал ҷазо диҳад, вале марги нобаҳангоми ӯ (1725) Хеваро аз хавфи юриши ҳарбӣ раҳо намуд. Тирамоҳи 1839 отряди калони ҳарбӣ (2750 нафар афсару сарбоз) бо сарварии губернатори ҳарбии Оренбург В. А. Перовский ба самти Хева раҳсипор гардид, вале қариб нисфи афсару сарбозон (1054 нафар) бар асари сармои қаҳратун дар роҳ талаф шуда, боқӣ январи 1840 ба Оренбург баргаштанд. Оғози забти Осиёи Миёна Аз солҳои 40–50 асри 19 ангезаҳои бисёр доираҳои ҳукмрони Россияро ба татбиқи нақшаи забти минтақа таҳрик медоданд: а) равнақи муносибатҳои сармоядорӣ, ки зарурати васеъ намудани пойгоҳи ашёи хом, бозори савдои молҳои саноатӣ ва қувваи арзони кориро пеш овард; б) пурзӯр шудани рақобати давлатҳои абарқудрат дар минтақа; в) намоиши иқтидору нуфузи ҳарбӣ дар муқобили давлату мулкҳои нисбатан заиф; г) бо вазифаҳои маъмурӣ таъмин намудани амалдорони давлатӣ; д) дур кардани диққати аҳли заҳмат аз масоили ҳалталаби сиёсӣ. Ба Россия ҳамроҳ кардани ҳудуди Қазоқистон (Дашти Қипчоқ) солҳои 30 сар шуд. Соли 1832 губернатори ҳарбии Оренбург дар соҳили шимолу шарқии баҳри Каспий истеҳкоми Ново-Александровскийро бино кард. Соли 1835 40 ҳазор километри мураббаъ майдони чарогоҳи қабилаҳои қазоқро гирифта, ба сохтмони хати мудофиавии байни Орск ва Троиск оғоз намуд. Акнун Россия бо баҳонаи бенатиҷа хотима ёфтани гуфтушунид бо Хева ҳаракатро ба самти Осиёи Миёна фаъол намуд. Соли 1847 дар резишгоҳи Сирдарё истеҳкоми ҳарбии Раим ва соли 1853 ба ҷои қалъаи Оқмачит (дар соҳили Сирдарё) истеҳкоми ҳарбӣ – форти Перовский (ҳоло Қизилӯрда), соли 1847 дар Улутауи Ҳафтрӯд истеҳкоми Копал қомат афрохтанд. Солҳои 1850–1854 сипоҳиёни рус Кишвари Заилийскро ишғол намуданд. Соли 1854 дар ҷои деҳаи Алмаато қароргоҳи ҳарбии Верное сохта шуд. Ҳамин тариқ, аз Семипалатинск то Верное хати истеҳкоми нави мустаҳками ҳарбӣ қарор гирифт. Баъди анҷоми сохтмони он губернатори Сибири Ғарбӣ Гасфорд масъалаи ба ҳам пайвастани хатҳои Сибиру Сирдарёро пешниҳод намуд. Албатта, ҳамаи ин бе муқобилати шадиди хонҳои Хеваву Хӯқанд сурат намегирифт. Баъди шикасти мутлақияти Рус дар Ҷанги Крим (1853–1856) фаъолияти доираҳои маъмурӣ ва ҳарбии Россия дар самти Осиёи Миёна муваққатан қатъ гардид. Бо оғози Ҷанги шаҳрвандӣ дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (1861–1865) ва қатъ гардидани интиқоли пахта аз он ҷо, талабот ба ашёи хоми Осиёи Миёна афзуд. Ҳамин тариқ, дар ибтидои солҳои 60 асри 19 тайёрии сиёсию дипломатӣ ва ҳарбӣ барои татбиқи нақшаи ишғоли Осиёи Миёна ба мадди аввал баромад. Акнун ба сифати тадбири аввалин бо ҳам пайвастани хатҳои ҳарбии Сибир ва Оренбург, ки ҳанӯз соли 1861 генерал-губернатори Оренбург Безак пешниҳод карда буд, боз ба миён гузошта шуд (1863). Барои татбиқи ин лоиҳа фармондеҳи ҳарбии Оренбург полковник Черняев бо дастгирии ғайрирасмии Безак тобистони 1863 қалъаи Сузақро дар Сирдарё ишғол ва бошандагони атрофи онро раияти Россия эълон кард. 4 июни соли 1864 полковник Черняев шаҳри Авлиё-отаро ишғол намуд. Дар ин ҳангом отряди полковник Верёвкин шаҳри Туркистон (12 июн) ва Чимкентро (22 сентябр) зери тасарруфи худ даровард. Черняев аз ин амали бобарори хеш илҳом гирифта, бе розигии генерал-губернатори Оренбург Г. М. Кржижановский баъди ғасби Чимкент ба тарафи шаҳри Тошканд ҳаракат кард, вале кӯшиши ӯ дар тирамоҳи 1864 барои ишғоли шаҳр бебарор анҷом ёфт. Баҳори 1865 Черняев аз нав ба Тошканд ҳуҷум карда, қалъаи Ниёзбекро, ки мавзеи асосии иншооти обтаъминкунандаи шаҳр ҳисоб мешуд, ишғол намуд. Бо фармони ӯ сипоҳиёни рус оби наҳри Анҳорро баста, шаҳрро аз ду манбаи ҳаётан муҳим – обу маводи ғизоӣ маҳрум карданд. Бо ташаббуси хони Хӯқанд Олимкул зиёда аз 30 ҳазор бошандагони шаҳр ба мубориза бархостанд. Ҳуҷуми Черняев аз ҷануби шаҳр, аз тарафи дарвозаи Камолон 9 майи 1865 оғоз шуд. Дар рафти муҳорибаи аввал Олимкул ба ҳалокат расид ва мардум аз амири Бухоро Музаффар ёрӣ хостанд. Черняев аз ёрии амири Бухоро огоҳ шуда, сараввал роҳи эҳтимолии ба Тошканд ворид шудани лашкари ӯро баст. Шаби 14 ба 15 май ба шаҳр ҳуҷум намуд. Муҳофизони қалъа то оташ гирифтан ва таркидани борутхона онро ҳифз карда тавонистанд. Ҷангҳои шадиди кӯчагӣ 15 ва 16 май идома доштанд. Дар ин вазъи ногувор савдогарон, сарватмандону амалдорон шаҳрро тарк карда, 17 май намояндагони худро барои гуфтушунид ба назди Черняев фиристоданд. Черняев бо намояндагони шаҳр шартномаи сулҳ ба имзо расонда, уҳдадор шуд, ки ба анъанаҳои динии мардум мудохила нахоҳад кард ва қоидаи андозситонӣ дар доираи закоту хироҷ маҳдуд ва аз рӯи ҳаҷми маҳсулот гирифта мешавад. Сентябри 1865 генерал-губернатори Оренбург Кржижановский ба Тошканд омада, онро мулки мустақил эълон кард. Ин сафар дар ҳолате амалӣ шуд, ки аскарони амир Музаффар як қисми ҳудуди Хӯқандро ишғол намуда, амир талаби аз Тошканд баровардани аскарони русро пеш гузошт. Забти Хуҷанд, Ӯротеппа ва тобеъшавии Аморати Бухоро Кӯшиши амир Музаффар барои ба итоати худ даровардани Тошканд ба ҳуҷуми навбатии русҳо баҳона шуд. 8 май дар муҳорибаи Эрҷар (дар роҳи Ҷиззах ва Хуҷанд) сипоҳи амир ба шикаст дучор шуд, вале Романовский сараввал қарор дод, ки барои мустаҳкам кардани мавқеи худ дар саргаҳи роҳи водии Фарғона нахуст Хуҷанд, Ӯротеппа ва Новро ишғол намояд. Романовский 15 ва 16 май Новро бе муқобилат ба даст оварда, ба аҳолии Хуҷанд эъломияи «сулҳҷӯёна» пешниҳод намуд. 21 май соати 3 пагоҳӣ сарбозони рус барои ҳуҷуми қатъӣ ба шаҳр ҳаракат карданд, вале дар ин фурсат намояндагони бонуфузи шаҳр бо сардории қозикалон Ҳоҷӣ Азамат барои мардум амон хостанд. Романовский сарбозонашро ба мавқеи аввалӣ – дарвозаи Хуҷанд баргардонда, дар мавриди «бо роҳи осуда барқарор кардани сулҳ ва таъмини ҳифзи раияти Россия аз таҳдиди Аморати Бухоро» изҳороти нав пешниҳод кард. Ҳоҷӣ Амин ва ҳаммаслаконаш ба шартҳои Романовский розӣ нашуданд ва ҳуҷуми артиши рус ногузир гардид. 24 майи 1866 муборизаи муҳофизони Хуҷанд саркӯб шуд. Дар ин набард аз муҳофизони Хуҷанд 2,5 ҳазор нафар қурбон, аз сипоҳиёни рус 71 нафар кушта, 63 нафар захмӣ ва 6 нафар бедарак шуданд. Амир Музаффар барои таъмини сулҳ аз Романовский хоҳиш намуд, ки ҳаракати сипоҳиёнашро ба ҳудуди аморат боз дорад. Пас аз воқеаҳои Хуҷанд хони Хӯқанд – Худоёр дар мактубаш Романовскийро барои ин ғолибият табрик карда, ваъда дод, ки «аҳди дӯстона»-и худро бо русҳо бечунучаро риоя хоҳад кард. 2 июни 1866 Романовский ба Тошканд баргашт. То тирамоҳи ҳамон сол дар гуфтушунидҳои дипломатии байни генерал-губернатори Оренбург Кржижановский ва Романовский талабҳои барои Россия мувофиқ пешниҳод ва қабул шуданд. 18 августи 1866 Кржижановский барои таҳия ва имзо намудани шартномаи сулҳ ба Тошканд омада, дар ин ҷо ӯ ҳайати намояндагии Аморати Бухороро барои баррасии шартномаи сулҳ ба ҳузур пазируфт. Ӯ ҳангоми гуфтушуниди сулҳ бо Бухоро қарор дод, ки бо ҳар баҳона шартномаи сулҳро ба таъхир андохта, барои ҳақ баровардани ҳуҷуми дарпешистодаи худ амири Бухороро гунаҳкор намояд. Бо ин мақсад дар радифи дигар талабҳо Кржижановский 13 сентябри 1866 бандеро дар шартнома пешниҳод кард, ки мувофиқи он амир бояд дар муддати 10 рӯз 100 ҳазор тангаи тилои нақдро чун товони ҷанг ба намояндагони расмии Россия супорад. Ҳол он ки дар ин муҳлати муқарраршуда иҷрои талаби ӯ ғайриимкон буд. 20 сентябр отряди амалкунанда ба ҳаракат дароварда шуд. 23 сентябр муҳосираи Ӯротеппа оғоз шуд. Лашкари рус дар ҳайати 19 ротаи пиёдагард ба ҳаракат даромад. Дар муддати 8 рӯз шаҳр ишғол карда шуд. Дар ин набард талафоти муҳофизони шаҳр 2000 нафар, сипоҳиёни рус 17 нафар ва захмиён 230 нафар буд. Баъди набарди назди Ҷиззах (18 октябри 1866) ноуҳдабароии амир Музаффар ва заъфи лашкари ӯ маълум гардид. Соли 1867 ҳукумати подшоҳии Россия барои идора кардани мулкҳои мустамликавии Осиёи Миёна генерал-губернатории Туркистонро таъсис дод. Генерал-губернатории Туркистон дар ибтидо аз вилоятҳои Сирдарё ва Ҳафтрӯд иборат буд. Фармондории ин губерния ба ихтиёри генерал-адютант К. П. Кауфман вогузор шуд. Ӯ метавонист ба таври мустақилона бо давлатҳои ҳамсоя музокироти дипломатӣ дошта бошад; масоили ҷангу сулҳро бо салоҳдиди худ ҳал кунад. Кауфман бо мақсади идома додани амалиёти ҳарбӣ дар қаламрави Бухоро соли 1868 бо хони Хӯқанд Худоёр шартномаи сулҳ баст. Мувофиқи мундариҷаи он хон тобеияти Россияро эътироф карда, барои фаъолияти озоди тоҷирони рус бояд имкон фароҳам меовард. Хони Хӯқанд уҳдадор шуд, ки тоҷирони русро дар тамоми шаҳрҳои хонӣ бо корвонсаройҳои махсус таъмин намояд. Амир Музаффар баъди шикаст дар набарди Ҷиззах зери фишори намояндагони бонуфузи динию маъмурӣ, мударрисини мадрасаҳои Бухоро ва ашхоси дигар бар зидди Россия ҷиҳод эълон намуд. Кауфман дар вокуниш ба ин амал Самарқанд (2 майи 1868) ва Каттақӯрғонро ишғол намуд. Пас аз шикасти Самарқанд ҳаракати қувваҳои зиддиамирӣ махсусан дар Бухоро, Шеробод, Ҳисор, Кӯлоб ва дигар мулкҳо шиддат ёфт. Дар ин фурсат Кауфман лашкари сершумори амирро дар набарди назди Зирабулоқ (июни 1868) пурра мағлуб кард. Як рӯз пеш аз ин муборизони Шаҳрисабз ба Самарқанд наздик шуда, 2 июн дар якҷоягӣ бо бошандагони ин шаҳр ба муқобили гарнизони рус (шумораашон 650 нафар) ҳуҷум карданд. Сарбозону тоҷирони рус дар қалъа паноҳ бурданд. 8 июн сипоҳиёни Кауфман исёни мардуми Самарқандро пахш карданд. Албатта, Кауфман метавонист амалиёти ҳарбии худро барои пурра тобеъ намудани Аморати Бухоро идома диҳад, вале бо сабаби хавфи норозигии давлатҳои абарқудрат, алалхусус Англия барои гуфтушуниди сулҳ бо амир розӣ шуд. Тибқи шартномаи 23 июни 1868 идораи вилоятҳои Самарқанд ва Каттақӯрғон ихтиёран ба Руссия гузашта, амир аз ҳуқуқи пешбурди сиёсати хориҷӣ маҳрум гардид. Ҳамчунин амир уҳдадор шуд, ки 500 ҳазор сӯм товони ҷанг супорад. Ҳамин тариқ, дар як лаҳзаи кӯтоҳи таърихӣ (1864–1868) хонии Хӯқанд ва Аморати Бухоро ба мулки мустамликавии Россия табдил ёфтанд. Баъди чунин сурат гирифтани муносибат Кауфман Шаҳрисабзу Китобро аз қувваҳои мухолиф озод карда, дар ихтиёри амир гузошт. Соли 1868 дар заминаи мулкҳои Янгиқӯрғон, Каттақӯрғон, Самарқанд ва Панҷакент дар ҳайати генерал-губернатории Туркистон округи Зарафшон ташкил шуд. Баъдан ҳарбиёни рус ба самти мулкҳои болооби Зарафшон — Мастчоҳ, Фалғар, Фон, Яғноб, Киштуд ва Моғиён ҳаракат карданд. Баҳори 1870 сардори округи Зарафшон генерал Абрамов дар натиҷаи «Экспедитсияи Искандарқӯл» (гӯё ҳадафи таҳқиқи сарватҳои табиии ин мавзеъ буд) мулкҳои номбурдаро ба округи Зарафшон ҳамроҳ намуд. Соли 1873 мувофиқи шартномаи нав муносибатҳои ғуломдорӣ дар Аморати Бухоро барҳам хӯрданд ва барои ташкили муассисаи намояндагии доимии Россия тасмим гирифта шуд. Тобеъшавии Хева, Хӯқанд ва Моварои Каспий Соли 1869 татбиқи нақшаи ишғоли хонии Хева ба уҳдаи отрядҳои ҳарбии Туркистон, Оренбург ва Қафқоз вогузор гардид. Нимаи дуюми моҳи майи 1873 нируҳои рус бе муқобилати ҷиддӣ ба маркази хонӣ наздик шуданд. Хони Хева Муҳаммадраҳим аз ин амал ба ҳарос афтода, бо мақсади эътирофи шикаст ба назди Кауфман қосид фиристод, вале дар ин фурсат ашрофи Хева ба табаддулот даст зада, ба ҷои Муҳаммадраҳим амакашро ба тахт нишонданд. Дар вокуниш ба ин амал ҳарбиёни рус ба Хева дохил шуданд. 12 августи 1873 дар байни Руссия ва Муҳаммадраҳимхон шартномаи сулҳ ба имзо расид ва хони Хева аз ҳуқуқи пешбурди сиёсати хориҷӣ маҳрум гардид; мулкҳои соҳили рости Ому ба ихтиёри Руссия гузаштанд; хон бояд ба ғуломфурӯшӣ поён медод; фаъолияти озоди тоҷирони русро дар тамоми қаламрави хонӣ пурра таъмин мекард; Хева то августи 1879 бояд 2200 ҳазор сӯм ба Руссия товони ҷанг медод. Барои таъмини итоати доимии доираҳои ҳукмрони Хева дар соҳили рости дарёи Ому (наздикии пойтахт) истеҳкоми Петро-Александровский бунёд шуд. Дар ин давра вазъи иқтисодии Хева бар асари аз даст рафтани баъзе мулкҳо (Тошканд ва Хуҷанд) ва кам шудани даромади хазина мураккаб гардид, Худоёрхон ҳаҷми андозу маҷбуриятҳоро зиёд намуд. Ин амали ӯ сабаби авҷ гирифтани норозигӣ ва шӯриши мардум шуд. Соли 1871 дар ноҳияҳои қирғизнишин ҷунбишҳо сар зада, солҳои 1874–1876 шӯришҳои мардумӣ бо роҳбарии Абдурраҳмони Офтобачӣ (писари Мусулмонқули қипчоқ, собиқ ҳокими Хӯқанд), Насруддин (писари калони Худоёрхон, ҳокими Андиҷон) ва Муродбек (бародари Худоёрхон) авҷ гирифтанд. Худоёрхон 22 июли 1875 бо аҳли хонаводааш ба Тошканд фирор кард ва ба ҷои ӯ писараш Насруддинбек ба тахт нишаст. Кауфман ҳангоми гуфтушунид бо Насруддин (4 август) дар ивази қабули пешниҳодҳояш ҳокимияти ӯро эътироф кард. 29 август отрядҳои калони ҳарбии рус дар назди қалъаи Маҳрам исёни мардумро саркӯб карданд. 22 сентябри 1875 Кауфман бо Насруддин дар бораи сулҳ шартнома баст, ки мувофиқи он хони Хӯқанд вобастагии худро ба Руссия расман шинохт. Заминҳои соҳили чапи болооби Сирдарё бо Намангон ба Руссия ҳамроҳ карда шуданд. Бар асари имзо шудани шартномаи нобаробар дар Андиҷон муборизаи қувваҳои мухолиф шиддат ёфт ва Мулло Исҳоқ бо номи Пӯлодхон (Пӯлодбек) хон эълон шуд. Отрядҳои русҳо дар пахш кардани шӯриш ноком шуда, Марғелон ба ихтиёри шӯришгарон гузашт. Дар Андиҷон зери роҳбарии Абдурраҳмони Офтобачӣ қувваи калони ҳарбӣ ҷамъ шуд. Дар ин фурсат дастаҳои ҳарбии Скобелев шӯриши Андиҷонро саркӯб карданд ва сарварони шӯриш, аз ҷумла Абдурраҳмон, ба тарафи русҳо гузаштанд. 19 феврали 1876 ҳукумати хонии Хӯқанд расман барҳам хӯрда, ба ҷои он вилояти Фарғона таъсис дода шуд. Генерал Скобелев губернатори Фарғона таъйин гардид. Ҳамин тариқ марҳалаи аввали забти Осиёи Миёна анҷом ёфт, вале ҳалли ниҳоии он ба тобеияти Закаспий – Моварои Каспий (паҳнои қароргоҳи қабилаҳои туркман) вобастагӣ дошт. Ҳанӯз дар давраи юриш ба Хева (1873) бо баҳонаи аз тарафи туркманҳо халалдор кардани сарҳадди ҷанубу ғарбии Руссия, генерал Головачёв ба Хоразм юриш намуда, баъзе қабилаҳоро ба итоати Руссия водор кард. Марти 1874 ҳукумати марказии Руссия «Низомномаи муваққатии идораи ҳарбии кишвари Моварои Каспий»-ро тасдиқ намуд, ки мувофиқи он дар ҳайати маъмурии Қафқоз шуъбаи Моварои Каспий (марказаш Красноводск) таъсис дода шуд. Ҳудуди он аз соҳилҳои шарқии баҳри Каспий то дарёи Атрек дар ҷануб ва дар шимол то хатти сарҳаддии хонии Хева тӯл мекашид. Бар асари ин амали Руссия мудохилаи дипломатияи англис дар ин қисми минтақа фаъол гардид. Августи 1879 генерал Ломакин Қизиларватро пурра забт карда, 28–29 август дар наздикии Кӯқтеппа аз дасти туркманҳо шикаст хӯрд. Баъди ин мағлубият сарфармондеҳии артиш дар Моварои Каспий ба зиммаи генерал М. Д. Скобелев вогузор шуд. 12 январи 1881 ӯ қалъаи Дангалитеппа ва 18 январи 1881 Ашқободро ишғол кард. Майи ҳамин сол ба шуъбаи ҳарбии Моварои Каспий мақоми вилоят дода шуд. 1 январи 1884 намояндагони қабилаҳои туркман дар Марв ихтиёран тобеияти Русияро пазируфтанд. Масъалаи Помир Дар ин давра зиддияти Россия ва Англия дар минтақа тақрибан ба низои ҳарбӣ табдил ёфт. Баъди гуфтушуниди тӯлонӣ соли 1887 марзҳои шимоли ғарбии Афғонистон сарҳадди нуфузи Россия эътироф гардид. Охирин минтақаи мавриди баҳси Англияву Россия Помир буд. Доираҳои ҳукмрони Англия дар асоси таҳқиқоти солҳои 50–70 асри 19 ба мавқеи ҷуғрофии Бадахшон ошно шуда, намехостанд, ки сиёсати мустамликавии Россия ба сарҳаддоти мулкҳои мустамликавии онҳо дар Ҳинд таъсир гузорад. Солҳои 1872–1873 тибқи қарордоди Англияву Россия дарёи Панҷ ҳамчун сарҳадди шимоли Афғонистон муайян гардид. Акнун доираҳои ҳукмрони Афғонистон бо ёрии қувваҳои ҳарбии Англия мехостанд ҳудуди мулкҳои кишварро аз ҳисоби мулкҳои Бадахшон васеъ намоянд. Соли 1873 ба амири Афғонистон муяссар шуд, ки баъди тасарруфи Бадахшон гумоштаашро дар он ҷо ҳоким таъйин намояд. Бо дастгирии бевоситаи англисҳо амир Абдурраҳмонхон (1880–1901) соли 1883 мулкҳои Помири Ғарбӣ Вахон, Шуғнон ва Рӯшонро ишғол кард. Ҳамзамон Хитой низ бо иғвои англисҳо артиши сарҳаддии худро ба самти Помири Шарқӣ ба ҳаракат даровард. Россия то давраи ҳамроҳкунии хонии Хӯқанд (1876) бевосита ба масъалаи муайян намудани сарҳаддаш дар минтақаи Помир рӯ наоварда буд. То ин давра аллакай Афғонистон мулкҳои Помири Ғарбӣ, Хитой Сариқӯл, водии Рангкӯл ва дарёи Аличур ва англисҳо Канчут, Кофиристон, Ясин, Чатролро соҳиб шуданд. Истисмори сарбозону маъмурони афғон, муносибати ваҳшиёнаи онҳо нисбат ба аҳолии маҳаллӣ сабаби норозигӣ ва исёни мардуми Помири Ғарбӣ гардид. Мардум ягона роҳи халосиро дар омадани русҳо ба Помир медиданд. Мардуми маҳаллӣ сафари отрядҳои ҳарбии Россияро ба ин минтақаи кӯҳистон бо хушнудӣ пешвоз гирифта, борҳо аз коргузорони генерал-губернатори Оренбург ба таври хаттӣ хоҳиш намуданд, ки Россия зудтар онҳоро ба зери ҳимояи худ гирад. Маҳз бар асари эҳсоси аҳолии маҳаллӣ доираҳои ҳарбӣ ва дипломатияи Россия ба масъалаи ҳамроҳкунии Помир таваҷҷуҳ зоҳир карданд. Баъди сафарҳои намояндаи ҳарбӣ ва дипломатии рус Б. Л. Громбчевский ба Помир (1888–1890) тобистони соли 1891 бо сардории полковник М. Е. Ионов ба Помир дастаи ҳарбӣ фиристода шуд. М. Е. Ионов намоишкорона ба англисҳо, афғону хитоиҳо фаҳмонд, ки Помир аз ҷиҳати ҷуғрофӣ расман ба ҳудуди Империяи Россия ҳамроҳ шудааст. Сипас М. Е. Ионов дастаи ҳарбиро дар Шоҷон (Шочон) назди дарёчаи Мурғоб гузошта, ба Фарғона баргашт. Дар вокуниш ба ин Хитой ва Афғонистон дастаҳои ҳарбии худро дар Помир қавитар карда, ба аҳолӣ муносибати ваҳшиёнаро раво медиданд. Бо талаби генерал-губернатори Туркистон А. Б. Вревский дар Петербург доир ба ҳалли ин масъала ҷаласа даъват карда шуд. Тибқи қарори он (феврали 1892) барои дурусттар муайян намудани вазъи мавҷуда отряди 35-нафара бо сардории поручик Бжезитский ба Помир фиристода шуд. Ӯ дарёфт, ки минтақа комилан зери фармонфармоии афғонҳо ва хитоиҳо қарор дорад. Тобистони 1892 дастаи калони ҳарбӣ бо сардории М. Е. Ионов ҳарбиёни хитоию афғонро аз Помир бадарға кард. Ин амали қатъии Россия Англияро водор намуд, ки ба ҳалли масъалаи Помир ҷиддӣ машғул шавад. Сафири Россия дар Лондон Ласселс 27 феврал (аз рӯйи тақвими нав — 11 март)-и 1895 ба Вазорати корҳои хориҷии Англия номаи эътирозӣ (нота) пешниҳод намуд, ки дар он расман шарту шароити «муайян намудани хатти сарҳаддии байни Россия ва Британияи Кабир дар Помир» дарҷ шуда буд. Дар асоси шартнома хатти сарҳаддӣ бо Афғонистон дар ғарби Зӯрқули дарёи Панҷ муайян гардид. Заминҳои соҳили рости Панҷ — Рӯшон, Шуғнон ва қисми шимолии Вахон пурра ба ихтиёри Россия гузаштанд. Ин сарҳадҷудокунии сунъӣ ба сарнавишти миллати тоҷик таъсири номатлуб гузошт. Заминҳои соҳили чапи дарёи Панҷ, ки таърихан ҷузъи ҳудуди мулкҳои Рӯшон, Шуғнону Вахон ҳисоб меёфтанд, бо амлокдориҳои соҳили чапи Панҷи бекии Дарвози Аморати Бухоро ба ихтиёри Афғонистон гузаштанд. Сарҳадди Россия ва Хитой дар Тошқӯрғони Сариқӯл муайян шуда, ҳалли боадолатонаи худро дарёфт накард. Ҳалли ноодилонаи сарҳадмуайянкунии Россияву Англияро дар Помир маҳкум намуда, мардумшиноси намоёни рус А. А. Бобринский чунин баҳо додааст: «Дар асоси ин шартнома Вахон, Ишкошим, Ғорон, Шуғнон, Рӯшон қисмат карда шуданд. Мулкҳои соҳили рости Панҷ ба ихтиёри мо, қисми соҳили чап ба Афғонистон гузаштааст. Сарҳадди нав ин ҷамоатҳоро ба ду қисм тақсим кард. Ин ҳолатеро мемонад, ки агар касе бо тадбири хаёлии худ дар байни ду давлат тақсим кардани деҳаи русро пешниҳод намояд». Пайомадҳои тобеъшавии Осиёи Миёна Сохтори маъмурии мулкҳои мустамликавии Россия дар Осиёи Миёна тибқи «Низомнома доир ба идоракунии кишвари Туркистон» (1886) ба роҳ монда шуд. Ба ҳайати генерал-губернатории Туркистон панҷ вилоят: Ҳафтрӯд (Семирече), Сирдарё, Фарғона, Самарқанд ва Моварои Каспий дохил мешуданд. Ҳар як вилоят (ба истиснои Моварои Каспий, ки он дар зери итоати сардори вилоят буд) губернатори ҳарбӣ дошт. Генерал-губернатории Туркистон аз ҷиҳати маъмурӣ ба чанд вилоят, уезд, пристав ва волость ҷудо мешуд. Фақат дар волостҳо бо салоҳдиди маъмурини сатҳи вилоятӣ ва уездӣ аз ҳисоби аҳолии маҳаллӣ сардор (волостной) таъйин карда мешуд. Ҳарчанд расман вазифаи оқсақоли волостӣ интихобӣ буд, вале ӯ амалан ба амалдорони рус вобаста буд. Онҳо, табиист, ки дар ин вазифаи маъмурии зинаи поинӣ хизматгузорони содиқи худро тариқи «интихобот» ҷойгузин мекарданд. Дар маҷмӯъ сохтори тамоми зинаҳои маъмурии кишвари Туркистон ба талаботи идоракунии тарзи «ҳарбӣ-феодалӣ»-и мутлақияти Россия пурра мувофиқат мекард. Тибқи сиёсати мустамликавии мутлақият дар Осиёи Миёна фаъолияти корхонаҳои саноатии навбунёд ба коркарди маҳсулоти хоми кишоварзӣ (пахта, пашму пӯст) равона шуда, тамоми маҳсулоти ниҳоии саноатӣ дар корхонаҳои марказии Россия истеҳсол мегардид. Минтақа пурра ба пойгоҳи ашёи хом, қувваи арзони корӣ ва бозори савдои молҳои саноатии кишварҳои абарқудрат табдил ёфт. Таърихи мустамликадории Россия дар Осиёи Миёна ба ду давра ҷудо мешавад: а) аз оғоз то анҷоми тасарруфи Осиёи Миёна (миёнаи солҳои 60 — охири асри 19), даврае, ки воридшавии сармояи Россия ба минтақа нисбатан суст сурат гирифт, асосан бо фурӯши маҳсулоти саноатӣ маҳдуд мешуд; б) давраи монополистии капитализм (империализм)-и рус (аз охири солҳои 90 асри 19 то ғалабаи Инқилоби Октябр). Дар давраи дуюм ҳаҷми сармоягузории Россия вобаста ба талаботи саноати марказӣ дар соҳаи кишоварзӣ афзоиш ёфт. Дар ин замина мавқеи бонкҳо торафт мустаҳкам мешуд. Рушди мунтазами робитаи истеҳсолоти маҳаллӣ бо марказҳои саноатии империя зарурати сохтмони роҳи оҳанро пеш овард. Он дар навбати худ мавқеи сармоягузориро дар истеҳсолоти Осиёи Миёна, аз ҷумла Аморати Бухоро боз қавитар гардонд. Муносибати мутлақияти Россия нисбат ба дину системаи маориф аз сиёсати иқтисодии он маншаъ мегирифт. Ин тарзи муносибат аз як тараф дар нигоҳдошт, вале муттасилан ба итоати худ даровардани муассисаҳои динӣ (қозиёту муфтиёт ва ғайра) ва аз тарафи дигар ба афзоиш додани нақши калисои православӣ дар минтақа равона шуда буд. Ҳарчанд додгоҳҳо (судҳо)-и анъанавии мардумӣ дар шакли додгоҳи бийҳо (дар асоси одат) барои аҳолии кӯчӣ ва қозиёт (дар асоси шариат) нигоҳ дошта шуданд, вале амалан дар ин самт мудохилаи маъмурии амалдорони рус дида мешуд. Дар соҳаи маориф низ ҷорӣ намудани низоми таълими русӣ ва русикунонии фарҳанги мардум дар мадди аввал қарор дошт. Ин раванд дар фаъолияти «Управленияи муассисаҳои таълимии кишвари Туркистон», ки дар сари он саринспектор (нозир)-и омӯзишгоҳҳо меистод, пурра зоҳир мешуд. Албатта, ҳамроҳкунии Осиёи Миёна ба Россия ҷиҳатҳои мусбат низ дошт. То замони ҳамроҳ кардани минтақа ба Россия дар ин ҷо муносибатҳои авлодӣ ва қабилавӣ (дар мавзеъҳои кӯчиён), патриархалӣ-феодалӣ (мавзеъҳои зисти аҳолии муқимӣ) ва ҳатто ғуломдорӣ мавҷуд буданд. Мулкҳои Аморати Бухоро, хониҳои Хеваву Хӯқанд ва ғайра дар ҳолати парокандагии сиёсӣ қарор доштанд. Кашмакашҳои дарборӣ, задухӯрдҳои муттасили ҳарбӣ, пардохти андозу маҷбуриятҳо ба зиндагии мардум таъсири номатлуб мерасониданд. Баъди ба Россия ҳамроҳ кардани минтақа, хоҷагии натуралӣ инқироз ёфт, муносибатҳои ғуломдорӣ барҳам хӯрданд, муносибатҳои молию пулӣ, бозоргонӣ, сохтмони роҳи оҳан, истеҳсолоти саноатӣ ва ғайра ба инкишофи иқтисодиёт таъсири мусбат расонданд. Нишондоди рушди муносибатҳои тиҷоратии тарафайн: соли 1914 ҳаҷми интиқоли маҳсулот аз Россия ба Осиёи Миёна ба 243,6 миллион сӯм расид, ки 40%-ро молҳои саноати бофандагӣ ташкил медоданд; аз Осиёи Миёна ба Россия ба маблағи умумии 269 миллион сӯм маҳсулот содир шуд, ки аз ин миқдор 213,5 миллион сӯм ё 80%-и он пахта буд. Торафт бештар ворид кардани молиёт ба минтақа барои равнақи савдову саноат ва нақлиёт мусоидат мекард. Осиёи Миёна тадриҷан ба кишвари якказироатӣ табдил меёфт. Вобаста ба афзоиши талаботи пахта навъҳои гуногуни пунбадона аз Амрико ба минтақа оварда шуданд. Соли 1900 пахтаи Осиёи Миёна ҳамагӣ 24%-и талаботи саноати бофандагии Россияро таъмин намуд. Соли 1913 ин нишондиҳанда ба 50% расид. Осиёи Миёна ба доираи муомилоти молии ҷаҳонӣ кашида шуд. Дар минтақа корхонаҳои саноатӣ, алалхусус пахтатозакунӣ ва равғанкашӣ бунёд шуданд. Пайдоиши театр, осорхонаҳо, ба роҳ мондани нашри матбуоти даврӣ дар маркази генерал-губернатории Туркистон ва марказҳои маъмурии вилоятҳо, ташкилёбии макотиби таълимӣ бо усули ҷадид барои рушди фарҳанги муосир дар минтақа имкони бештаре фароҳам оварданд, вале дар маҷмӯъ барои ҳифзи арзишҳои таърихӣ-миллии мардумони маҳаллӣ ба Россия ҳамроҳ кардани мамлакатҳои Осиёи Миёна монеаи ҷиддӣ шуд. Худи ҳамин мафҳуми «аҳли мустамлика» будан барои мардумони бумии минтақа, аз ҷумла тоҷикон, ниҳоят таҳқиромез буд. Бо ғалабаи Инқилоби Октябр ва ташкил шудани Ҳукумати Шӯравӣ мардумони минтақа, аз ҷумла тоҷикон, ба давлатдории миллии худ даст ёфтанд. Агарчи дар раванди тақсимоти ҳудудии миллӣ дар ҳаққи миллати тоҷик беадолатиҳои бузург сурат гирифтанд, вале боз ҳам ба сифати мардумони соҳибватан ва соҳибдавлат пазируфта шудани онҳо ва дар ин замина таъсис додани ҷумҳурии махсуси худ дар ҳайати Давлати Шӯравӣ арзиши бузурги таърихӣ дошт. Х. Пирумшоев, Н. Амиршоҳӣ. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 263–268.

0

Халқи тоҷик дар асри 17 – нимаи аввали асри 19

Ба сари қудрат омадани Манғитиён Дар замони Абулфайзхон (1711–1747) қудрати ҳукумати марказӣ дар натиҷаи муборизаҳои дохилӣ ва шӯришҳои мардумӣ суст шуд, ҳатто дар Самарқанд бо роҳбарии шоҳзодаи хоразмӣ Раҷабсултон ҳукумати хонии Самарқанд ташкил ёфт. Ҳокими Шаҳрисабз – Иброҳимбий, ҳокими Кармина – Абдулкарим эшиқоғобошӣ ва Раҷабсултон муттаҳид шуда, қабилаҳои кӯчманчии қазоқро аз Дашти Қипчоқ ба ёрӣ даъват карданд. Қазоқҳо дар водии Миёнкол то наздикиҳои Бухоро маскан гирифта, киштзору боғу полизи мардуми муқимиро поймол карданд. Пас аз фавти Раҷабсултон ҷабру зулми қазоқҳо дар Бухоро хотима ёфт. Хони Бухоро ва Ҳакимбий атолиқ баҳри ободонии мамлакат ва барқарорсозии иқтисодиёт камари ҳиммат бастанд. Дар чунин давраи бесарусомонӣ сипоҳи шоҳи Эрон – Нодиршоҳ ба Бухоро ҳуҷум кард. Солҳои 1736–1737 писари Нодиршоҳ – Ризоқулихон бо ҳидояти падар аз дарёи Ому гузашта, ба ҷониби Қаршӣ рафт. Ҳокими Қаршӣ – Муҳаммад Ҳакимбий бо пуштибонии сипоҳиёни ҳокими Самарқанд – Одинақулбий, хони Хоразм – Илбарс ва хони Бухоро – Абулфайзхон бар Ризоқулихон ғалаба кард. Пас аз мағлубият Нодиршоҳ соли 1740 ба Мовароуннаҳр ҳуҷум ва қисми зиёди заминҳои хони Бухороро забт кард. Соли 1745 дар хонии Бухоро ҷангҳои дохилӣ авҷ гирифтанд ва баҳри барқарор кардани тартибу низом дар қаламрави хонигарӣ писари Муҳаммад Ҳакимбий – Муҳаммад Раҳимбий фиристода шуд. Пас аз фавти Нодиршоҳ (1747) Раҳимбий Абулфайзхонро аз тахт барканор ва ба ҳукумати Аштархониён хотима гузошт. Барои қонунӣ гардондани ҳокимияти худ писари хурдсоли Абулфайзхон – Абдулмуъминро ба тахт шинонд ва духтарашро ба никоҳи ӯ даровард. Дере нагузашта бо туҳмати духтараш Абдулмуъминро зиндонӣ ва бародари хурди ӯро ҳоким тайин намуд. Соли 1753 Муҳаммад Раҳимбий (1753–1758) бо дастгирии рӯҳониёну ашроф ҳукумати Манғитиёнро (1753–1920) қонунӣ карда, ба ҷои унвони «хон» унвони «амир»-ро қабул намуд. Дар замони ӯ барои хотима додан ба майли ҷудохоҳии доираҳои сиёсии баъзе мулкҳои Бухорои Шарқӣ, Ӯротеппаву Хуҷанд артиши пурзӯр ташкил карда шуд. Муҳаммад Раҳимбий муддати тӯлонӣ бо қувваҳои ҳарбии муттаҳидаи Ҳисор, Қубодиён, Ургут, Панҷакент ва Ӯротеппа ҷангид. Дар давоми ин ҷангҳо хусусан мардуми Панҷакент осеби бузург дид. Дар ҳукумати Муҳаммад Раҳимбий собиқ сипоҳиёни Нодиршоҳ нуфузи калон доштанд ва баъзе ба вазифаҳои қушбегӣ (Давлатбий) ва қозӣ (Сайид Низомиддин) роҳ ёфтанд. Пас аз фавти Муҳаммад Раҳимбий (1858) ҷиянаш Дониёлбий (1758–1785) барои нигоҳ доштани ҳокимият ба ҳарбиёни қабилаи манғит такя карда, ба онҳо заминҳои бисёр ҳамчун «танхоҳ» инъом мекард. Рӯҳониён ва шайхони тасаввуф низ пуштибони ӯ буданд. Дар замони ӯ андозҳои нав: аминона, никоҳона, муҳрона, ҳаққи тарозу ҷорӣ гардид, ки ба сар задани шӯришҳои мардумӣ сабаб шуданд. Аз ин рӯ, ашрофи бонуфузи Бухоро писари калонии Дониёлбий, ҳокими Самарқанд Шоҳмуродро ба ҳокимият таҳрик дод. Ӯ соли 1785 Абдулғозихонро сарнагун ва худро амир эълон кард. Дар замони Шоҳмурод (1785–1800) заминҳои соҳили чапи дарёи Омӯ ва Туркманистони ҳозира ба Аморати Бухоро ҳамроҳ шуданд. Шоҳмурод бо мақсади бартараф намудани норозигии умумӣ, ки дар вақти ҳукмронии падараш ба вуҷуд омада буд, ислоҳоти молиявӣ, маъмурӣ, судӣ ва ҳарбӣ ҷорӣ кард. Дар охири асри 18 Шоҳмурод ба заминҳои Эрон ҳуҷум намуда, Марвро ишғол кард. Дар ин давра бо ҷалби мардуми Хуҷанд, Ӯротеппа, Ҳавос, Зомин ва Ём дар Самарқанд 24 масҷид ва иморатҳои дигар сохта шуданд. Пас аз Шоҳмурод писараш Ҳайдар (1800–1826) ба тахти аморат нишаст. Солҳои аввали ҳукумати Ҳайдар Миёнкол, Каттақӯрғон, Шаҳрисабз ва Самарқанд аз ихтиёри амир хориҷ ва қисми зиёди Туркистони Афғонистон, чандин ноҳияи Тоҷикистони имрӯза, аз ҷумла, Ҳисор, Панҷакент ва баъзе мулкҳои болооби Зарафшон ба Аморати Бухоро дохил шуданд. Дар нимаи якуми асри 19 қисми навоҳии шимоли Тоҷикистони имрӯза (Конибодом, Исфара) дар ҳайати хонии Хӯқанд қарор доштанд. Дар ин давра амир Ҳайдар барои ишғоли шаҳрҳои Хуҷанд, Ӯротеппа ва Нов бар зидди хони Хӯқанд мубориза бурд, вале муваффақ нашуд. Пас аз фавти амир Ҳайдар (6 октябри 1826) муборизаи дохилӣ дар байни писаронаш Ҳусайн, Умар ва Насруллоҳ авҷ гирифт. 27 апрели 1827 Насруллоҳ (Ботурхон) ба тахт нишаста, дар давоми 6–7 сол бародарон, ҳамаи хешу таборашро ба қатл расонд ва дар байни халқ бо лақаби «амири қассоб» («ботурқассоб») машҳур гардид. Дар сиёсати берунӣ амир Насруллоҳ барои барқарор кардани муносибат бо давлатҳои ҳамсоя, аз қабили Эрон, Туркия ва Русия кӯшиш кард. Ҳамзамон барои мустаҳкам намудани нуфуз ва забти шаҳрҳои Ҷиззах, Хуҷанд, Ӯротеппа ва Нов бар зидди Хӯқанд ҷанг эълон кард. Пас аз чанд юриши нобарори Насруллоҳ байни Бухоро ва Хӯқанд муддати 10 сол сулҳ баста шуд. Соли 1842 хонии Хӯқанд пурра забт ва ҳокими он – Муҳаммадалихон ба қатл расонда шуд, вале кӯшишҳои ӯ дар бобати баргардондани мулкҳои соҳили чапи Амударё (Балх) натиҷае набахшиданд. Пас аз он Ҳисору Кӯлобро ишғол кард. Соли 1837 мувофиқи ислоҳоти амир Насруллоҳ дастаҳои калони ҳарбӣ ташкил карда шуданд, ки ҳамчун қувваи асосии зарбазан истифода мешуданд. Дар ду-се соли ҳукумати вориси Насруллоҳ – амир Музаффар ҳуҷум ба Деҳнаву Ҳисор оғоз гардид. Ҳокими Ҳисор Абдулкаримбий девонбегӣ бо писаронаш ба Кӯлоб фирор кард. Сарахон – ҳокими Кӯлоб зери фишор Абдулкаримбий ва тобеонашро ба амир Музаффар супурд. Дар ин давра вазъи сиёсии Аморати Бухоро бо сабаби исёни қабилаи кенагас дар Шаҳрисабзу Китоб мураккаб гардид. Амир Музаффар 2 моҳ Шаҳрисабзро муҳосира кард, вале бо сабаби ҳуҷуми Русияи подшоҳӣ ба Бухоро баргашт. Ташкилёбӣ ва авҷи қудрати хонии Хӯқанд Дар натиҷаи таназзули қудрати Аштархониён Балх, Бадахшон ва Фарғона мустақил шуданд. Соли 1710 дар Фарғона ҳукумати хонии Хӯқанд ташкил ёфт. Асосгузораш пешвои қабилаи узбаки минг Шоҳрухбий буд. Дар замони Эрдонабӣ (1754–1774) ва Норбӯта (1774–1800) қудрати ҳукумати марказии Хӯқанд устувор шуд. Дар аҳди Олимхон (1800–1810) Фарғона, Тошканд ва Чимкент ба ҳайати мулкҳои Хӯқанд ҳамроҳ шуданд. Соли 1805 Хӯқанд мақоми хонӣ гирифт. Намояндаи дигари Хӯқанд — Умархон (1810–1822) барои ташкили иттиҳод бо Аморати Бухоро кӯшиш кард, вале дере нагузашта дар масъалаи Ӯротеппа ва Хуҷанд дар байни ҷонибҳо ихтилоф сар зад. Умархон баҳори соли 1814 ба Туркистон лашкар кашид ва заминҳои паҳновари даштҳои қазоқнишинро аз баҳри Арал то Ҳафтрӯд ишғол кард. Дар ин мавзеъ қалъаи Оқ Мачит (ҳоло шаҳри Қизилӯрда), Авлиёато (ҳоло Ҷамбул), Пиштек ва ғайра бунёд шуданд. Пас аз марги Умархон ворисаш Муҳаммадалӣ (1822–1842) мулкҳои Дарвоз, Қаротегин ва Кӯлобро зери итоат даровард. Соли 1842 амир Насруллоҳ Хӯқандро забт карда, Муҳаммадалихонро бо аҳли оилааш, аз ҷумла модараш – шоира Макнуна (Нодирабегим) ба қатл расонид. Тобистони 1842 дар натиҷаи шӯриш Хӯқанд мустақил шуд. Мардуми шаҳр дар иттиҳод бо қипчоқҳо амакбачаи Олимхон Шералихонро (1842–1845) ба тахт нишонданд. Солҳои 50–60-уми асри 19 зиддияти Бухорову Хӯқанд ба ҳодисаи маъмул табдил ёфта, ин амр дар раванди ҳуҷуми рус ба Осиёи Марказӣ таъсири номатлуб гузошт. Ҳаёти иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва фарҳангӣ Рақобати мулкҳои минтақа ба ҳаёти мардум низ таъсири манфӣ расонд. Танҳо Ӯротеппа дар давоми 60 сол беш аз 50 бор мавриди тохтутоз қарор гирифт. Падидаи дигари ин аср ҳамоно кӯчиши пайвастаи қабилаҳои ӯзбактабори манғит, барлос, лакай ва ғайра буд. Дар ибтидои асри 20 тақрибан 40%-и аҳолии минтақаро кӯчиён ташкил медоданд. Тадриҷан ин қабилаҳо ба ҳаёти муқимӣ гузашта, қисман бо мардуми тоҷик омезиш ёфтанд. Машғулияти асосии мардум кишти пахта, полизӣ, чорводорӣ ва ҳунармандӣ буд. Ҳунармандону савдогарон, маъмулан, дар шаҳрҳо зиндагӣ мекарданд. Дар деҳот табодули мол роиҷ буд. Бозорҳои бузурги минтақа дар Бухоро, Самарқанд, Хӯқанд, Тошканд ва Ҳисор амал мекарданд. Дар ин давра навъи заминдории танхоҳ, вақф, андозҳои маъмулӣ (закот, ушр) ва иловагӣ («амонпулӣ», «чӯбпулӣ», «тағиҷой», «никоҳона», «танобона», «миробона», «алафпулӣ», «қӯшпулӣ») маъмул буданд. Мардуми одӣ барои дарёфти илму адаб имкон надоштанд. Дар мадрасаҳои Бухоро забони таҳсил тоҷикӣ, дар Хӯқанд тоҷикӣ ва ӯзбакӣ, дар Хева ӯзбакӣ ва туркӣ буд. Дар ин давра чанд асари таърихӣ, аз қабили «Таърихи Раҳимхонӣ»-и Муҳаммад Вафои Карминагӣ, «Гулшану-л-мулук»-и Муҳаммад Яъқуб, «Мунтахабу-т-таворих»-и Муҳаммад Ҳаким таълиф шуданд. Дар доираҳои илмӣ-адабии ин давра фаъолияти шоирони забардаст Сайидо, Фитрати Зардӯз, Малеҳо, Дониши Бухороӣ, Маҳмуд, Содиқ, Маҳмур, Маъдан, Ирсии Ҳисорӣ, Раҳими Самарқандӣ, Фазлӣ, Адо, Хотиф, Нола, Холис, Рамзӣ ва дигарон назаррас буд. Дар намоишҳои кӯчагӣ ҳунармандони масхарабоз, дорбоз ва лухтакбоз кирдорҳои нодурусти амалдорони давлатӣ, қозиён, рӯҳониёнро танқид мекарданд. Аз ёдгориҳои меъмории Бухоро масҷиди Болои Ҳавз, маҷмааи иморатии қисми ғарбии шаҳр – масҷид, мадраса, мазорҳои Халифа Худойдод ва аз ёдгориҳои Ӯротеппа мадрасаи Рустамбек ҷолиби диққат мебошанд. М. Холов. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 261–262.

0

Халқи тоҷик дар замони Темуриён, Шайбониён, Сафавиён, Аштархониён ва Аморати Бухоро

Давлати Темуриён Солҳои 50–60-уми асри 14 Мовароуннаҳр аз мулкҳои парокандаи феодалӣ иборат буд. Соли 1365 хони муғул Илёсхоҷа ба Мовароуннаҳр ҳамла оварда, дар муҳорибаи назди Тошканд Темур ва Ҳусайнро шикаст дод. Вале Илёсхоҷа дар Самарқанд ба муқобилати сахти сарбадорон дучор омада, маҷбур шуд аз Мовароуннаҳр равад. Ҳусайн ва Темур соли 1366 ба Самарқанд баргашта, бо макру фиреб роҳбарони сарбадоронро ба қатл расониданд. Муносибати Темур ва Ҳусайн дар мубориза барои ҳокимият хеле тезу тунд гашт. Соли 1370 Темур Балхро забт карда, Ҳусайнро ба қатл расонид. Соли 1370 дар ҷамъомади сарлашкарон Темур амири мутлақи Мовароуннаҳру Хуросон эълон карда шуд. Ҳамон сол ӯ Самарқандро ба пойтахти Мовароуннаҳр табдил дод. Темур аз солҳои 80-уми асри 14 ба истилои кишварҳои ҳамсоя шурӯъ намуд. Дар натиҷаи лашкаркашиҳои Темур империяи бузурге ташкил ёфт, ки ба он Мовароуннаҳр, Хоразм, вилоятҳои атрофи баҳри Каспий (Хазар), сарзаминҳои ҳозираи Афғонистон, Эрон, қисман Ҳиндустон, Ироқ, Қафқози Ҷанубӣ ва як қатор давлатҳои Осиёи Шарқӣ дохил мешуданд. Охири соли 1404 Темур ба Хитой лашкар кашид, вале дар роҳ (шаҳри Утрор) вафот кард. Баъди ӯ наберааш Пирмуҳаммад сардори давлати Темуриён шуд, вале соли 1406 ҳалок гардид. Муборизаи дохилӣ барои тахту тоҷ пурзӯр шуда, писари хурди Темур - Шоҳрух Самарқанд ва Эрони Ғарбиро ба даст дароварда, соҳиби тахт гардид. Бо вуҷуди ин давлати Темуриён аз ду ҳокимияти мустақил - Хуросон (марказаш шаҳри Ҳирот) ва Мовароуннаҳр (марказаш Самарқанд) иборат буд. Шоҳрух писари худ Улуғбекро ҳокими Самарқанд таъйин кард. Улуғбек соли 1414 ҳокими Фарғона - Аҳмад, соли 1425 амирони муғулро мағлуб сохта, ҳокими мутлақи Мовароуннаҳр шуд. Баъди вафоти Шоҳрух (1447) дар мамлакат муборизаи дохилӣ авҷ гирифта, Улуғбек ва писарони ӯ Абдуллоҳ (1449) ва Абдулатиф (1450) кушта шуданд. Тобистони соли 1451 ҳокимиятро дар Самарқанд Абусаид Мирзо ба даст овард. Дар замони ҳукмронии ӯ дар мамлакат таъсири силсилаи Нақшбандия бо сардории Хоҷа Аҳрор пурзӯр мегардад. Замони ҳукмронии Темур ва Темуриён ҳунармандӣ ва савдо ривоҷ ёфт. Дар корхонаҳои ҳунармандӣ дар қатори ҳунармандҳои маҳаллӣ ғуломон низ кор мекарданд, ки онҳо табақаи алоҳидаро ташкил медоданд. Ҷангҳои истилогаронаи Темур дар мамлакат ба инкишофи ғуломдорӣ шароити мусоид фароҳам оварданд. Темур дар юришҳои худ одамони зиёдро асир мекард, ки дар байни онҳо ҳунармандон низ буданд. Дар замони ҳукмронии Ҳусайн Бойқаро (1469–1506) дар бозорҳои Ҳирот соле то 20 ҳазор ғулом фурӯхта мешуд. Ба муносибатҳои молию пулӣ ислоҳоти пулие, ки Улуғбек гузаронид (1428), мусоидат кард. Вале ҳокимони маҳаллӣ минбаъд ҳар кадом пули худро бароварданд ва мубодилоти пулӣ гирифтори буҳрон шуд. Темур барои барқарор ва мустаҳкам кардани алоқаҳои тиҷоратӣ бо давлатҳои Русия, Англия, Фаронса, Испания ва мамлакатҳои Шарқ тадбирҳо андешид. Дар бозорҳои Мовароуннаҳру Хуросон молҳои гуногуни хориҷӣ ба фурӯш рафта, бозорҳои беруна ба молҳои ҳунармандони ин сарзамин эҳтиёҷ пайдо карданд. Давлатҳои хориҷа низ барои бо давлати Темуриён барқарор кардани алоқаҳои тиҷоратӣ сафирҳо фиристоданд. Масалан соли 1404 сафири Испания Клавихо ба Самарқанд, 1464 сафири Ивани III ба Ҳирот омада буданд. Савдои байналхалқӣ яке аз омилҳои муҳими инкишофи савдои дохилӣ гардид. Дар ин давра дар шаҳрҳои Самарқанд, Бухоро, Ҳирот бозорҳову корвонсаройҳо сохта шуданд. Дар давлати Темуриён дар шаҳрҳои Осиёи Миёнаву Эрон иморатсозӣ авҷ гирифт. Бозорҳо, ҳаммомҳо ва мақбараҳо сохта мешуданд. Бо супориши Улуғбек дар Бухоро (1417), Самарқанд (1420) ва Ғиждувон (1432–1433) мадрасаҳо бунёд гардиданд. Машҳуртарин биноҳои дар асрҳои 14–15 сохташуда расадхонаи Улуғбек, масҷиди Бибихонум, ансамбли Шоҳи зинда, Руҳобод, Қутби чаҳор, Гӯри мир ва ғайра мебошанд. Қасрҳои Темуриён бо нақшу нигор ва тасвироти муҳорибаву ҷашнҳои дарбориён оро дода шуда буданд. Санъати хаттотӣ ва минётури Ҳирот. Дар дарбори Шоҳрух китобхона буд, ки дар он беҳтарин хаттотон, лаввоҳон, саҳҳофон, мусаввирон – минётуранигорон ҷамъ омада буданд. Мактаби хаттотӣ ва минётури Ҳирот ба дараҷаи баланди тараққиёт расид, ки машҳуртарин намояндаи он Камолуддини Беҳзод мебошад. Муаррихон Ибни Арабшоҳ, Низомуддини Шомӣ, Абдураззоқи Самарқандӣ, Шарифуддин Алии Яздӣ, Мирхонд, шоирон Ҳофизи Шерозӣ, Камоли Хуҷандӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Алишер Навоӣ, ва дигарон дар ин давра зиндагӣ ва кор кардаанд. Инкишофи адабиёти бадеӣ ба санъат таъсири калон расонд. Ибтидои асри 16 дар натиҷаи ҷангҳои байниҳамдигарии феодалони маҳаллӣ давлати Темуриён суст ва хароб гашт. Дар охири давраи ҳукмронии Ҳусайн Бойқаро қабилаҳои бодиянишини узбек бо сардории Муҳаммад Шайбонӣ ба Мовароуннаҳр ҳуҷум оварда, онро забт карданд. Яке аз намояндагони сулолаи Темуриён, ҳокими Фарғона Бобур (1483–1530) баъди аз Осиёи Миёна рафтанаш, дар ҳудуди Афғонистон ва Ҳиндустон (1526) ба давлати Темуриёни Ҳинд асос гузошт. А. Мухторов. Исёнҳо алайҳи хонадони Темуриён а) Дар шимолу ғарби Эронзамин: ҷунбиши ҳуруфиён Дар он рӯзгори тираву тори ҳукуматҳои ҷобиронаи бозмондагони муғул, ҳанӯз пас аз шикасти давлатҳои маҳаллии тоҷикии Куртҳои Ҳирот, Сарбадорон ва Музаффариён, мардумони маҳаллию дигар ҳеҷ гуна идеологияи боварибахши инқилобие намонда буд, ки ба воситаи он иттиҳод карда, ба мубориза бархоста, пояи зулмро барандозанд ва пои аҷнабиёни ваҳшисуратро аз сарзамини худ берун кашанд. Дини ислом бо он ҳама таълимоти инсондӯстонаи худ дигар имкони барқарор намудани адолати иҷтимоиро надошт, зеро иддае аз «пешвоёни ислом» бо тӯдаи зулмпешаи давлату дарбор «ҳамтабақ» шуда, динро ҳамчун воситаи ҳимояи кору амали онон истифода мебурданд. Бо вуҷуди ин ягона роҳи наҷот барои ҷомеаи мазлум ҳамоно гирд омадан дар зери ливои ислом боқӣ мемонд. Ин буд, ки сарриштаи чунин амалеро мутасаввифа ва рӯҳониёни воқеъбини озодандеш ба даст гирифтанӣ шуданд. Пешвоёни исломии ин ҷунбишҳо бар он шуданд, ки чун ҳукуматгарони турку муғул тавонистаанд, иддае аз сарони исломии аҳли суннату ҷамоатро бар манфиати ҳукуматҳои худ моил кунанд, хостанд, ки дар ин замина аз мазҳаби ташайюъ истифода баранд. Ва бадин сабаб ҳам то андозае иттиҳоди табақае аз суфия бо рӯҳониёни озодпараст даст дод ва дар паи кор шуданд, вале ҳар кадом бо роҳи худ. Чунон ки қаблан сухан рафта буд, ин ҷунбиш дар замони Темур зуҳур кард ва намояндаи барҷастаи онон Мирсаййид Алии Ҳамадонӣ дар паи ташкилоте чунин шуд ва дар тариқати тасаввуф роҳи инқилобиро пеш гирифт ва муҳимтар аз ҳама он, ки дар роҳи мубориза ҷони худ ба хатар гузошт ва ба маркази идораи Темур – ба сӯи Мовароуннаҳр аз ғарби Эрон ҳаракат намуд ва дар сарзамини озодихоҳони Хатлон пойгоҳи идеологияи қавие барои муборизаи баъдии худу пайравонаш сохт, ки бадин восита Темур пайваста аз ӯ дар хавф мебуд. Оқибати муборизаҳои махфии суфии мазбурро баъдан ҳангоми баррасии исёни суфиён дар Хатлон хоҳем дид. Аз дигар табақаи пешвоёни ислому тасаввуф низ нафароне падид омаданд, ки хостанд аз роҳи муътақидоти динӣ мардумро дар атрофи худ гирд биёваранд. Бадин хотир дар садади он шуданд, ки мазҳабе бисозанд, ки барои эътиқод кардани мардуми маҳаллии Эронзамин, яъне тоҷикон мувофиқ буда ва ҷавҳаре миллигуна низ дошта бошад, то мардум зудтар бад-он бигараванд ва бадин восита ҷунбиши миллие тамоми мардумро фаро гирад ва дар мубориза алайҳи ҳукуматгарони муғулӣ пирӯз гарданд. Пешвои ин ҳаракат марди донишманде буд маъруф ба Фазлуллоҳи Астарободӣ (1340 – 1394) аз аҳли Мозандарон, ки баъдан ба сабаби дар ҳар макони дигар мақарр сохтану амал кардан ӯро аз аҳли Машҳаду Табрез низ донистаанд. Чун осори таълифкардаи ӯ ба лаҳҷаи тоҷикони Астаробод аст, муҳаққиқон дар астарободӣ буданаш тардид наварзидаанд. Фазлуллоҳ дар ибтидо барои огоҳӣ аз ҳолоти мардум қариб ба тамоми манотиқи Эронзамин рафта, вазъи иҷтимоӣ ва тафаккуроти умумиро омӯхт ва дар ниҳоят ба хулосае омад, ки мазҳабе мувофиқи вазъи он ҷо бисозад. Ва сохт. Барои тарғибу ташвиқ аз ҳама беҳтар минтақаи Табрезро донист ва он ҷо ба фаъолият оғоз ниҳод. Қабл аз ҳама худро Маҳдӣ эълон кард ва чунин баён дошт, ки коинот «бар асоси се марҳала: нубуват, имомат ва улуҳият бунён гузошта шудааст. Нубуват бо ҳазрати Одам шурӯъ ва ба ҳазрати Муҳаммад (с) хотима меёбад ва ба авҷи худ мерасад. Даврони имомат бо ҳазрати Алӣ (к) оғоз ва ба имом Ҳасани Аскарӣ хотима меёбад ва даврони улуҳият бо зуҳури Фазл шурӯъ мешавад, ки бино ба эътиқоди худаш Маҳдӣ аст ва охирин зуҳур маҳсуб мешавад». Таълимоти мазҳабии Фазлуллоҳи Астарободӣ чӣ гуна буд? Ин таълимот омехтаи динҳои маъруфи замон – ислом, масеҳият, яҳудӣ ва тафаккури тасаввуфи исломӣ буд. Ӯ аз дониши комиле, ки дар шинохти ҳарфҳо дошт, истифода карда, ба воситаи он ҳақоиқи таълимоти худро исбот карданӣ шуд. Мирҷаъфарӣ менависад: «Ӯ бо истифода аз илми ҳуруф тамоми умуру аҳкоми диниро ба 28 ҳарфи арабӣ ва 32 ҳарфи форсӣ ирҷоъ дод ва мӯътақид буд, ки чун Худо маҳсус (эҳсосшаванда) нест ва ҷуз аз роҳи калимаву лафз қобили шинохт нест, лизо пояи шинохти Худо лафзу калима аст. Сухан мураккаб аз ҳуруф аст ва лизо аслу лубби сухан садову ҳарф аст. Аз сӯи дигар, лафз муқаддам бар маънист ва тасвири маънӣ бидуни лафз мақдур [боқудрат] нест. Ба ақидаи Фазл таъбири маъонӣ бо ҳуруф ва асвот [савтҳо, овозҳо] дар ду қолиб рехта шудааст: аввал қолиби ҳуруфи арабӣ, ки 28 адад ва забони Қуръон ва забони ҳазрати Муҳаммад (с) аст ва дуввум ҳуруфи форсист, ки 32-то ва «Ҷовидоннома»-и Фазл бо ин ҳуруф аст. Фазл ба татбиқи тамоми мазоҳири ошкору пинҳони ҷаҳон бо 28 ҳарфи арабӣ ва 32 ҳарфи форсӣ пардохт. Пайравони ӯ баъдҳо назари ӯро густариш доданд ва ҳатто гуфтанд, ки нахуст дар даҳони инсон 28 дандон мерӯяд, ки баробари ҳуруфи арабист ва Қуръон бад-он нозил шудааст ва сипас ба 32 дандон афзоиш меёбад, ки баробари ҳуруфи форсӣ ва муъодили калимаи «Аллоҳ» аст». Хуллас, тамоми васоили таъвилгароии миллиро ба кор бурда, аз он адёни бузург ҷараёне сохт, то «дар дараҷаи аввал қавми худро аз зери юғи истилои муғулу тотор бираҳонад». Ӯ Маҳдӣ будани худро ба он асоснок намуданӣ шуда мегуфт, ки вай «барои баркандани бунёди ситам ва густурдани бисоти адолат ба роҳ хостааст, то инсонҳоро аз қайди бедоди ишғолгарони бегона озод созад. Яке аз мавориди тазодди байни ҳуруфиён ва ҳукуматиёни замона, яъне Темуриён ҳамин буд». Аммо Темуриён тавонистанд, ки бо шӯронидани баъзе аз рӯҳониёни мутаассиб иддае аз муслиминро бо онҳо бад кунанд ва бадин баҳона Мироншоҳ ӯро бо макру ҳилла ба банд кард (дар соли 1394) ва фармони қатлашро баровард ва ҳамчунони дигар шахсан худаш сари ӯро аз тан ҷудо сохт, баъдан Темур ҷасади ӯро аз гӯр кашид ва сӯзонд. Аз Фазлуллоҳи Астарободӣ якчанд китоби назмию насрӣ ва девони ашъор (бо тахаллуси Наъимӣ шеър мегуфт) ба ёдгор монда, ки мухбир аз донишманди воломақом ва шоири тавоно будани ӯанд. Пас аз марги ӯ, махсусан дар замони ҳукмронии писарони Темур аҳли ҳуруфия боз фаъол шуда, ба муборизаҳои ҷиддитар даст заданд. 7 ё 9 тан аз пайравони фаъоли ӯ, ки бисёр мардони донишманд ва ҳам далеру нотарс буданд, дар қатори мардуми тоҷик ба даъвати дигар мардумон низ оғоз карда, доираи ташвиқоту муборизаи худро хеле васеъ намуданд. Ва ин муборизаҳои эшон ба ҳангоме буд, ки дар Мовароуннаҳр мутасаввифаи инқилобӣ бо сарварии Хоҷа Исҳоқи Хатлонӣ муборизаҳои идеологии худро рӯз то рӯз ривоҷ медоданд. Бадбахтиву нокомии қавми тоҷик дар он ҳангом иборат аз он буд, ки бо вуҷуди дар саросари Эронзамин таҳти дирафши уламои исёнгари инқилобӣ гирд омаданашон бо вуҷуди ҳадафи ягона – барандохтани зулму таъаддии бегонагон аз сари худу сарзамини аҷдодӣ доштанашон, ташкилоту маркази ягонаи ҷунбиши инқилобӣ надоштанд, яъне чун ҳамешагӣ пайваста ин низоъҳои мазҳабӣ садди роҳи иттиҳоду ягонагии ин миллат будааст. Хуллас, пайравон (халифаҳо)-и бузурги инқилобии Фазлуллоҳи Астарободӣ, ки бидуни шакк аз ҷумлаи пешвоёни ҳаракати озодхоҳии қавми тоҷик будаанд, кӯшишҳои зиёде ба харҷ доданд, то сарони Темуриро ҳатто дар лонаҳои дастнораси худашон нобуд созанд. Чунончи яке аз пешвоёни ин ҷунбиш Мавлоно Маҷдуддини Астарободӣ (яке аз домодҳои Фазлуллоҳ) шахсан худаш бо як гурӯҳ пайравонаш дар шаҳри Ҳирот ба ҷони Шоҳрух суиқасд намуд, вале ноком шуда, ба даст афтода худ кушта шуданд. Чунончи мухтасари ҳодисаи мазкурро Мирҷаъфарӣ чунин овардааст: «Аз ҳаводиси муҳимми замони Шоҳрух суиқасд ба ҷони вай дар соли 830 (1426–1427) дар Масҷиди ҷомеи Ҳирот буд. Касе ба номи Аҳмади Лар дар мақоми додхоҳӣ пеши Шоҳрух омад ва бо корд захме ба шиками ӯ зад. Аммо ин захм коргар наяфтод ва Шоҳрух ба зудӣ шифо ёфт. Аҳмади Лар аз муридони Мавлоно Фазлуллоҳи Астарободӣ, пешвои фирқаи ҳуруфия будааст. Вайро пас аз иртикоби ин амал дар масҷид пора-пора карданд. Ва дар паи он ҷамъеро низ зиндону шиканҷа намуданд. Дар ин миён Сайидқосим Анвори Табрезии шоир ва суфии машҳур низ табъид шуд», ки ин матлаъи ғазал аз ӯст: Намедонам чӣ афтодаст қисмат аз қадар моро, К-аз ин даргоҳ меронанд доим дар ба дар моро. Сайид Исҳоқ ном ҳамсаффи Фазлуллоҳ (ва ҳам домоди дигари ӯ), ки пешвои ҳуруфиёни Хуросон буд, аз ҷумлаи донишмандони маъруфи замон маҳсуб мешуд. Алиюлаъло ном халифаи дигари ӯ муваззаф шуд, ки дар маркази яке аз давлатҳои туркии дигар дар Осиёи Сағир (яъне Туркия) таблиғ барад, ӯ то ҷое таблиғ мебурд, ки ҳатто мардумро ба шӯриши мусаллаҳона алайҳи ҳукмронони вақт даъват мекард, чунон ки аз ин абёти ӯ бармехонем: Гар ба даст орем мо як рӯз теғ, Шукри Ҳаққ гӯем ва гар на, сад дареғ. Эй хушо онон, ки аз фазли Худо Узрҳо хоҳанд аз тафсири мо. Нест чизе беҳтар аз қатли адӯ Пеши фазли Ҳаққ ба ҳаққи зоти Ӯ. Гар бидидастат, ки даст орӣ ба теғ, Хун бирез аз қавми мункар бедареғ. Гар бар эшон шаммае раҳм оварӣ, Дар ҳама адёну миллат кофарӣ. Аз ӯ осори зиёде боқӣ мондааст. Ва аммо шуҷоътарин халифаи Фазлуллоҳ (ва ҳам яке аз домодҳои дигари ӯ) марди бисёр донишманд Умодуддин Насимӣ буд, ки аз ҳама шуҳрати бештар дошт. Насимӣ аз мардумони Шероз буд, ки ба хотири ташвиқу мубориза ба Шервон рафт ва он ҷо ба забони туркӣ ошно ва яке аз донандагони олии он шуд, ҳатто бад-он забон шеърҳо суруд. Ашъори форсии ӯ чунон аст, ки гумон меравад дар пайравии Ҳофиз суруда бошад. Бештаре аз девони ашъори ӯ иборат аз шеърҳост, ки дар мазаммату фошсозии амалҳои риёкоронаи ҳокимони золим ва даъват ба мубориза алайҳи онҳост. Насимӣ ва дигар пешвоёни ҳуруфия «ҳама чизро дар ин дунё ба нафъи инсон таъвил мекарданд ва инсонро то мақоми улуҳият бармекашиданд». Ин буд, ки Насимиро низ ба бидъату зандақа гунаҳгор карда, пӯсти баданашро зинда ба зинда барканданд ва дар ҳамон ҳолат ба дораш кашиданд. «Навиштаанд, ки дар пойҷӯбаи дор рӯ ба мухолифони худ гуфт: «Он худое, ки шумо мепарастед, зери пои ман аст. Ва дар зери пои Насимӣ сиккаеро ёфтанд, ки сурати султон бар он ҳак шуда буд». Ҳамин тавр, муборизаи ҳуруфиён нишон медиҳад, ки намояндагони миллати боқареҳаи тоҷик на танҳо алайҳи Темуриён, балки алайҳи зулми туркони Усмонӣ низ бархоста будаанд, ба ибораи дигар ҷунбиши густурдаи онҳо баёнгари он аст, ки доираи фаъолияти онон хеле васеъ аз Хуросон то ба Туркия имтидод доштааст. Ва ба ҳеҷ рӯ наметавон ин ҷунбиши ононро як шӯру қиёми берабту ғоратгарона (ки бештаре аз шӯришҳои умумӣ дорои чунин хислатҳо будаанд) ва амсоли ин номид. Баръакс Фазлуллоҳ ва пайравонаш то ҳадде бар ҳукмфармоёни золимпеша ва мутаассибини «ҳаромҳӯр»-и ситоишгари онон нафрат гирифтанд, ки рӯзадории пайвастаро ихтиёр карданд ва бадин сабаб пешвояшон мулаққаб ба Фазлуллоҳи Ҳалолхӯр шуд, ҳатто баъдан қиёми пайравони ӯ машҳур ба «қиёми ҳалолхӯрон» шуд, ки дар бештаре аз таворих бо ин ном мусаббатанд. б) Дар Хуросон: таҳти ливои намояндагони Сарбадорон Бори зулму таъаддии сахт ва хунхориҳои мутааддиди Темурро, ки мардуми тоҷик бештар аз сӣ сол мутаҳаммил буд ва бар дӯши худ мекашид, бо мурдани ӯ дигар тоқати идомаи онро надошт. Бадин сабаб аз вазъи ногувори империяи Темур ва кашмакашиҳои дохилидарбории фарзандону наберагони ӯ истифода бурда, сарварони маҳаллии тоҷикӣ низ даст ба «тамарруд»-у истиқлолхоҳиҳо заданд. Ин гуна ҷунбишҳои мардумӣ қариб, ки дар бештаре аз манотиқи тоҷикнишин ба мушоҳида мерасид. Ин дафъа низ мисли замони ҳукумати ҷобиронаи фарзандони Чингиз боз ҳамон тоҷикони Хуросон бештар ба ҷунбиш омада, пайкари империяи темурияро ба ларза оварданд. Дар навбати аввал намояндагони мардумӣ ва давлатии собиқ Сарбадорон ва Куртҳои Ҳиротӣ дар собиқ «саркаш» ба ҷунбиш омаданд. Ин ҳодисаҳо дар аввали ба ҳукумати воло расидани Шоҳрух ба зуҳур пайвастанд. Дар он миён Султонъалӣ (Хоҷаъалӣ)-и Сабзворӣ номе, ки аз хонадони Сарбадорони тоҷик буд, хост, ки бори дигар алами давлатдории тоҷиконро дар чаҳорчӯбаи истиқлоли миллӣ барафрозад. Албатта, чунин исён ва илова бар ин, амалӣ шудани он дар чунон императории бузург хайёле беш набуд, аммо дар ҳар сурат тоҷиконро таҷориби собиқаи таърихӣ, махсусан муваффақиятҳои замони хунхортарин мардумон - чингизиён (яъне таъсиси давлатҳои Куртҳои Ҳирот ва Сарбадорони Сабзвор) илҳом мебахшид, ки шояд бори дигар бахти истиқлол ба рӯи эшон бихандад. Дар ин замина ва ҳамчунин, бо назардошти ин, ки дар замони ҳукмронии Темур соҳиби эътибори баланд шуда буд, Султонъалии Сабзворӣ хост, ки аз «боло» таҳаввулоте фаврӣ кунад ва ба осонӣ ғолиб шавад. Дар ин хусус Мирхонд менависад, ки Шоҳрух ба хотири истиқрори комили ҳукуматаш ба атрофу акноф сарваронашро фиристод, ки қалъаҳои шаҳрҳоро таъмир кунанд ва истеҳком бахшанд, то душманонро маҷоли ҷангу исён намонад. Ва бадин мақсад амир Сайидхоҷа номеро барои иморати қалъаи Тӯс фиристод. Ва «дар он овон, ки амир Сайидхоҷа ба иморати Тӯс иштиғол дошт, мунҳиён ба самъи ӯ расониданд, ки Хоҷаъалӣ Сабзворӣ (писари Хоҷа Масъуди Сабзворӣ) ҳуқуқи айёдӣ (некиҳо) ва эҳсони ҳазрати Соҳибқиронро ба тоқи нисён ниҳода, ба истизҳори ҷамъе аз сарбадорони бемиқдори гарданкаш сарафрозӣ мекунад ва дар мулк доиянбозӣ менамояд. Амир Сайидхоҷа чун ин хабар бишнид, бе лабсу диранг бар маркаби таваккал савор шуда, бо он миқдор сипоҳ, ки дошт, ба оҳанги ҷанги мухолифон дар ҳаракат омад ва то марғзори Родгон инон бознакашид. Дар он ҷо рӯзе чанд таваққуф намуда, ба атрофи вилоят ҷиҳати эҳзори лашкар мусреъон фиристод. Ва дар ин асно амир Мизроб ба ӯ пайваст. Ва он ду амир ба иттифоқ сесад савори ҷаррорро ба расми минқалой ба тарафи Сабзвор фиристоданд. Ва Хоҷа Султонъалӣ аз таваҷҷуҳи сипоҳ огоҳ гашта, дувист савори мукаммалро номзади дафъи туркмонон карда. Ва дар ҳаволии Баҳробод ҳар ду фариқ ба ҳам расиданд ва ноираи муҳориба иштиъол ёфт ва сабзвориён ғолиб омаданд ва аксари туркмононро ба қатл оварданд. Ва чун амир Сайидхоҷа бар ин ҳол иттилоъ ёфт, бо дувоздаҳ ҳазор савор ба таъҷил илғор фармуда, ба ҷанггоҳ расид. Танҳое бесар дид ва аз мухолифон як нафар надид. Ва аз он ҷо мутаваҷҷеҳи Чочурм гардид ва тойифае мардуми беоқибат ба ҷанг пеш омаданд ва аз тарафайн мардуми бисёр захмдор шуданд, то он ғоят, ки амир Сайидхоҷаро захми тире расид ва он шердил захмҳои худро пинҳон дошт ва чанд рӯз дар хуфя марҳаму фатила мениҳод, чунончи ҳеҷ кас аз ҳавоссу муқаррабони ӯро бар он иттилоъ наёфт. Алқисса, ба муддати се-чор рӯз се чаҳордевори қалъаи Чочурмро монанди чашми зиреҳ ва хонаи занбур сохтанд ва бурҷу боруи онро андохта, қатле ба ифрот карданд. Ва амир Сайидхоҷа баъд аз қатли аҳли қалъа мутаваҷҷеҳи Фарюмад гашт ва суккони он ҳудуд ва навоҳие, ки паноҳ ба қалъа бурда буданд, сипари мухолифат дар рӯй кашида, мутаваҷҷеҳи разму пайкор шуданд. Ва муҳориботи саъб воқеъ шуда. Амир Сайидхоҷа даст аз ҷанг бардошт ва фармон дод, ки боғоти эшонро хароб созанд ва дарахтонро аз бех баркананд. Ва лашкариён ба он муҳим машғул шуданд. Ва мардуми Фарюмад содот ва уламоро шафеъ сохта, амир Сайидхоҷа аз сари ҷаримаи он ҷамоат даргузашт ва бисёре аз он чӣ иктифо намуда, мутаваҷҷеҳи қалъаи Марсиён шуд ва Марсиёнро дар таҳти тасарруф оварда, рӯй ба Сабзвор ниҳода ва дар зоҳири он диёр фуруд омада, фармуд, ки лашкариён гирди худ хандақ канданд. Ва чун даҳ рӯз аз муҳосираи Сабзвор бигузашт, ногоҳ хабар расид, ки Пирподшоҳ (писари Луқмон подшоҳ – ҳокими Ҷурҷон) изҳори мухолифат карда, ба вилояти Ҷувайн даромадааст. Амир Сайидхоҷа даст аз ҷанги сабзвориён бардошта, мутаваҷҷеҳи Пирподшоҳ шуд. Ва Хоҷа Султонъалӣ аз тангнои муҳосира берун ҷаста, ба Пирподшоҳ пайваст ва ҳар ду лашгар наздики якдигар расида, аз ҷонибайн саффҳо рост карданд. Ва амир Сайидхоҷа дар қӯл (қалби лашкар) ва амир Мизроб дар маймана қарор гирифтанд ва Темур-буко ва Шайхсултон ва Абобакр дар майсара манзил карданд. Ва аз он ҷониб Пирподшоҳ дар қалб истода ва Хоҷа Алии Сабзворӣ бо ҷамъе сарбадорон дар маймана таваққуф намуд ва майсараро ба вуҷуди тоифае аз баҳодурони Мозандарон ороиш доданд». Ва аммо дар ҷанги нобаробар лашкари исёниён шикаста шуд. «Ва сипоҳи мансур ғанимати фаровон гирифт. Ва амир Сайидхоҷа ду рӯз аз ақиби он рӯзбаргаштагон рафт ва қатли бисёр карда, ба ҷониби Сабзвор муъовадат намуд». Чун ки аз ин навиштаҳо бармеояд, доманаи ин исён аз доираи марказии собиқи давлати Сарбадорон – шаҳри Сабзвор берун рафта, қариб тамоми ҳудуди Хуросони шимоли ғарбӣ ва ҳатто Мозандаронро низ фаро гирифта буд. Яқин буд, ки дар муқобили чунон сипоҳи ҷаррори темурӣ истодагарӣ кардан кори осон набуд, вале дар ҳар сурат ҷунбиши мазбур сарони мамлакати темуриро ҳушдор медод, ки бо ин мардум аз тариқи сулҳу салоҳ ва ҳукмронии муътадилтар раванд. Агарчанде дар он лаҳазот лашкари шоҳрухиён қатлу ғорат ва харобкории фаровон карданд, вале баъдан Шоҳрух маҷбур шуд, ки он харобиҳоро то андозае барқарору ҷуброн кунад ва ҳолати мамлакатро дар ин минтақа ба эътидол оварад. в) Дар Сиистону Ғур: таҳти ливои бозмондагони Куртҳои Ҳирот Яке аз марокизи умдаи озодидӯстони бисёр давру замонҳо – сарзамини пурифтихори Сиистону Ғури тоҷик ин дафъа низ аз риояи он анъанаи таърихии хеш ғофил намонд. Ин навбат дар минтақаи мазбур ливои озодихоҳон ба дасти тоҷикони Ғур барафрошта шуд. Ҳофизи Абрӯ, ки худ дар он ҳангом 47-сола буд, аз зуҳури он ҳодиса ба хубӣ ёд дошт, бадин восита дар таърихномаи хеш бобе тартиб дода аз он хабар додааст, ки мухтасари он ба қарори зайл аст: «Зикри фиристодани лашкар ба ҷониби Ғур ва ғуриён [дар соли 1407] Баъд аз он, аз ҷониби Ғур хабар расид, ки ҷамъе аз муфсидон – гурӯҳе аз Ғур ва баъзе аз Сичистон – муқаддамуҳум писари малик Исмоил ибни малик Муслиҳ, ки аз тарафи Ҳиндустон ба вилояти Ғур даромада ва Муҳаммад Сипаҳбади Ғур, ки падарони ӯ дар замони мулуки оли Курт ҳоким будаанд ва дар Ғур бо чанд тан аз шуҷъони бебок ва абтоли саффҳо аз ғояти кор ноандешида, бунёди фитнаву фасод ва сари тавилаи шарру инод гаштаанд ва сари пурбоди фузул ба наҳбу тороҷ бараҳна карда, сипари хазлону ҷаҳолат бар сар об афканда ва аз сари хубси ақоид хаёлоти фосид ба димоғ роҳ дода ва чанд тан аз коркунону уммол, ки ба забти моли он навоҳӣ рафта буданд, ба дараҷаи шаҳодат расонида ва дар навоҳии Ғур дасти наҳбу ғорат баргушода ва раъоёи он мавозеъ аз дасти ҷавру таъаддии эшон поймол шуда. Бандагии ҳазрат хост, ки рикоби олӣ бад-он савб дар ҳаракат оварад ва азимати ҳумоюн ба дафъи он ҳодиса ба имзо расонад. Ҷамъе аз умаро ва нуввобу аркони давлат ва аъёни ҳазрат... маъруз гардониданд, ки [ба дафъи ин ҳодиса омодаанд] ...Мисоли олӣ... ба нафоз анҷомид, ки амир Шайх Луқмони барлос ва амир Ҳасани ҷондор бо чанд ҳазор савору пиёда дар мутобаъату мушояъати эшон бираванд ва ба дафъи он ҳодиса қиём намоянд... [Ва ин амирон чун] қариби он ҷамоат расиданд, аҳволи эшон тафаҳҳус намуда, чунон маълум шуд, ки ҷамъе анбӯҳ, аз хасоису-н-нос ва авбоши Ғуру Сичистон бар эшон гирд омадаанд ва низ Мавдуди Гармсерӣ дар садади мадади эшон омада. Бино бар ҳазму эҳтиёт, ба сари эшон нарафтанд ва сурати он ҳол маърузи ҳазрати салтанатшиорӣ гардониданд. Бандагии ҳазрат амир Ҷаҳонмалик ва амир Сайидаҳмади Тархонро ва амир Фармоншайхро бо нуҳ қӯшун (!) ба мадади эшон фиристод. Аз яйлоқи Кайту ин ҷамоъат чун ба асокире, ки пештар рафта буд, мулҳаққ шуданд. Ба иттифоқи якдигар мутаваҷҷеҳи ёғӣ гаштанд. Ва чун бад-он ҷамоъати беоқибат расиданд, тойифаи мутаҷаннида ба рағбате содиқ ҳисоми интиқом аз ниёми эътизом баркашиданд ва дар як лаҳза кори эшон ба инқитоъ расониданд ва дар он диёр аз фуҷҷор (табаҳқорон) дайёр (кас) нагузошт ва ба андак муддат ва саҳл фурсате димор аз ниҳоди эшон бароварданд... Писари малик Исмоил малик Муслиҳ, ки умдаи кор ва иддаи истизҳори он қавм буд, гирифтор гашт. Ӯро муқайяд гардонида... ба Ҳирот... расонида, аз баҳри ибрати дигар мутамарридон бар дарби Майдон маслуб (ба дор кашида) гашт... Чун ин фатҳ муяссар гашт... асокири мансур муроҷиат намуданд ва бо ахзи ғаноим ба даргоҳи олампаноҳ расид. Чун ки аз навиштаҷоти мазбур маълум мегардад, Ҳофизи Абрӯ аз ғояти ноилоҷӣ, ба хотири ҳақ намудани лашкаркашии Темуриён алайҳи ғуриён, калимоти қабеҳгунаро барои озодихоҳон истифода карда, онҳоро аз ҷумлаи фасодкорони разил эълом медорад. Ҳуҷуми ғуриён ба хироҷғундорони давлати Темурӣ худ баёнгари он аст, ки мардум аз супоридани боҷу хироҷҳои мутааддиди миёншикан ба дод омада, бадин хотир аз ноилоҷӣ бо «думи шер бозӣ кардаанд», на ин ки «аз ғояти кор ноандешида» ба ин амали марговар даст задаанд. Ва ба ҳеҷ ваҷҳ наметавон чунин ҷунбиши бузурги мардумиро, ки воқеан ду мамлакат (Систону Ғур)-ро дар бар мегирифт, тӯдаи авбошу раҳзан муаррифӣ кард. Ва дигар ин, ки ба муқобили эшон фиристодани «нуҳ қӯшун» мухбир аз хеле бузург будани доира ва шумораи шӯришгарон аст, ки иборат аз як тӯдаи раҳзанон донистани онон ҳеҷ ба ақл бар намеояд. Агар бо шикаст хӯрдани ин ҷунбиш дар сарзамини Ғур оромие падид омада бошад, пас дар Сиистон доманаи он канда нашуд, балки имтидод ёфт. Ҳатто дар баъзе манотиқи атроф низ бошандагони маҳаллӣ ба осонӣ гардан намефуроварданд. Аз ҷумла, Мирхонд ҳангоми баррасии ҳодисоти соли 1408 менависад, ки Шоҳрух пас аз як соли ҳодисаи Ғур маҷбур шуд, ки шахсан бо лашкари гарон ба сӯи «гарданкашон»-и Исфизору Фароҳ биравад. Пас аз муборизаҳои нобаробар Шоҳрух ғолиб омад. Аммо дар яке аз қалъаҳои назди Сиистон мавсум ба Ҳисори Овак муддати муҳосира имтидод ёфт, аҳволи мардуми қалъа чунон вазнин шуд, ки онҳо дар ниҳояти кор танҳо «бо оби чоҳ рӯзгор мегузарониданд ва лашкариён нақб зада, оби чоҳ низ бозситаданд» ва пас аз он таслим шуданд. Шоҳи Сиистон Қутбуддин ҳамоно бо Шоҳрух дар мақоми зиддият қарор дошт ва ҳеч сари инқиёд фуруд намеовард ва мардуми Сиистон низ дар пайравии шоҳи худ қарор доштанд. Мирхонд меафзояд: «Оташи хашми ҷаҳонсӯз забона ба фалаки асир кашида, Шаҳнаи қаҳр (яъне Шоҳрух) фармон дод, ки саддҳои Сиистон, ки аз аҳди Рустами Дастон баста буданд, бишикастанд ва ҳамаро вайрон сохтанд ва даст ба наҳбу ғорати он вилоят бароварданд. Ва дар он мавзеъ аз мазореъ (киштзор) асар нагузоштанд ва бо вуҷуди он, ки дар он мамлакат ғалла бисёр мебошад дар андак замоне дуди қаҳт аз дудмони мардум баромад ва харобии беҳадд дар он ҳудуд зуҳур ёфт. Ва Мирзо Рустам (набераи Темур) дар он вилоят аз Ироқ омада буд ва амир Мизроб бар ҳасаби фармон ба вилояти Зира рафт ва чун осори бениҳоятӣ дар он мамолик ба мартабае зоҳир шуд, ки мазиде бар он мутасаввир набувад. Ҳазрати хоқони саъид (Шоҳрух) азми муроҷиат фармуд... ва дар салхи моҳ (21 октябри соли 1408) ба... Ҳирот нузули иҷлол фармуд». Ин буд натиҷаи як «сафар»-и «шоҳи одили Темуриён» - Шоҳрух барои саркӯб кардани «тӯдаи авбош» дар дохили кишвари худ. Чунин амал бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки табиати хунхориву вайронкории ақвоми ишғолгари турку муғул дар қуруни вусто ҳеч гоҳ қатъ намеёфт. Иттифоқан агар нафаре аз онон «фарҳангӣ»-ю «одил» ҳам буда бошад, вале дар лаҳзаҳои «даркорӣ» метавонист аз худ ваҳшонияте зоҳир кунад, ки ба солҳову асрҳо дигар ислоҳ напазирад. Ва комилан вайрон шудани сарзамини қобили кишту зироате чун Сиистони афсонавӣ танҳо тавассути ана ҳамин гуна ақвоми ваҳшӣ сурат гирифта метавонист, ки Шоҳрухии «илмпарвар»-и онон бад-он нуқтаи таммат гузошт. Ва аммо муаррихи бузурги афғон Устод Абдулҳай Ҳабибӣ бо камоли боварӣ менависад: «Вай (яъне Шоҳрух)... тамоми ҷароҳоти футуҳоти чингизию темуриро дар Афғонистон марҳамгузорӣ намуд», ки ба ҳеч ваҷҳ ба ин гуфта наметавон розӣ шуд. Ҳанӯз муаллифи маҷҳули «Таърихи Сиистон» якчанд қарн қабл аз ин «илтифот»-и Шоҳрух навишта буд, ки пас аз он ки аввалин маротиба пои туркони ғоратгар ба Сиистон расид ва Маҳмуди Ғазнавӣ дар соли 1002 хутбаро ба номи худ кард, ӯ аввалин турк буд, ки дар ин кишвари поки тоҷикон ба ҳукумат расид. Ва чун бар минбари ислом ба номи туркон хутба карданд, ибтидои меҳнат [азобу машаққат]-и Сиистон он рӯз буд! Ва Сиистонро ҳанӯз ҳеч осебе нарасида буд, то ин вақт. Ва андар ҷаҳон, аз рӯзгори Яъқуб ва Амр ҳеч шаҳре ободонтар аз Сиистон набуд. Ва «Доруддавла» гуфтаанд Нимрӯзро, то он рӯз, ки амир Халафро аз Сиистон бибурданд, ба хилоф, ки мардумон бар ӯ карданд. То диданд, ки чӣ диданд ва ҳанӯз мебинанд! Ва Эзад донад, ки чанд рӯзгор баргирад?». Воқеан ҳам ин гуфтаи пайғамбаронаи муаллифи маҷҳул зина ба зина то ба комилан мунҳадим шудани ин кишвари зебо амалӣ шуд ва асосан ба сарзамине хушку беоб ва безироат мубаддал гашт. Хароб шудани Сиистон то ҳадде муассир буд, ки бузургтарин муаррихи дарбории Темуриён - Мирхонд шарти хизматгузориро бар хоҷагони худ як сӯ гузошта, ин ваҳшонияти ононро то ҳадде баҳо гузошт, ки ба гуфтаи ӯ ваҳшониятеро аз ин болотар тасаввур наметавон кард. г) Дар Хатлон: таҳти ливои аҳли тасаввуф Чунонки гуфта омад, аз ҷавру зулми хунхорони темурӣ ҳеч гӯшае аз қаламрави кишвари азими тоҷик ором набудааст. Дар қисмати Мовароуннаҳри сарзамини тоҷик асосан кашмакашиҳои дохилидарбории темуриён сурат мегирифт ва чунон менамуд, ки гӯё мардуми тоҷикро ҷуръату имкони сар бардоштану дам аз истиқлол задан набуд. Албатта дар ин «лона»-и хунхориву даҳшат бисёр ҷуръату шердилии азим мебоист, то алайҳи ин мардумхорон сар баланд бикунанд. Дар ин миён ё мавқифи ҷуғрофиёии саъбулубур ва ё ҷуръати рӯирости мардумӣ кор дода метавонист. Мавқеи ҷуғрофиёии Бадахшон ва ҷуръати мардумони он то андозае ба амале чунин мутобиқ буд. Бадахшониён на танҳо пас аз Темур, балки дар замони ҳукмронии худи ӯ низ бо вай дар муҳориба шуда, ҳатто дар яке аз муҳорибаҳо қариб ӯро ба қатл расонида буданд. Ва акнун дар замони Шоҳрух низ ҳукумати марказии темурӣ аз шоҳони Бадахшон дар ташвиш буд. Сарчашмаҳо аз саркашию тамаррудҷӯии онҳо борҳо хабар додаанд. Дар ҳар сурат, ба иллати мавқеи ногувори ҷуғрофиёӣ ҳукуматҳои марказӣ ба Бадахшон камтар дар «баҳсу мубоҳиса» мешуданд. Хитаи дигари тоҷикнишин — Хатлон низ ҳадафи муборизаҳои ҳукуматдорони темурӣ қарор гирифт. Ҷуръату ҷасорати хатлониён ҳанӯз аз қадимуззамон маълум буд: аз ғалабаи эшон ба аъроби истилогар, ҷангҳо бо ғазнавиён, задухӯрдҳо бо қабоили ғуз ва ғайра маълум мегардид, ки эшон ҳеч гоҳ бо ғосибони кишвари худ ба осонӣ сар хам накардаанд. Ин дафъа низ маркази муборизаи зидди темурӣ сарзамини Хатлон қарор гирифт. Чунон ки қаблан машруҳ шуд, Темур ҳамеша аз ин гӯшаи қаламраваш дар ташвиш буд, на танҳо ҳокимони Хатлон бо ӯ сари душманию инқиёд доштанд (матлаб Кайхусрави Хатлонӣ ва олу авлоди ӯст, ки қаблан дар ин бора гуфтаем), балки дигар қувваҳои зидди темурӣ низ табиати озодидӯстии мардуми Хатлонро ба назар гирифта, дар ин сарзамин ҷамъ меомаданд; аз ҷумла суфиёни инқилобӣ бо сарварии Мирсайид Алии Ҳамадонӣ (1314–1384) ин маконро мақарри худ қарор дода буданд ва муборизаҳои пинҳонии ғоявии онҳо пайваста идома меёфт. Яке аз шогирдони донишманду бовафои Мирсайид Алии Ҳамадонӣ, муборизи матини роҳи озодии миллӣ ва аз ҷумлаи мутасаввифаи бузурги инқилобӣ Хоҷа Исҳоқ ибни амир Оромшоҳ Алишоҳии Хатлонӣ (1330–1424) дар садади он шуд, ки муборизаҳои чандинсолаи ғоявии пири худ ва ҳаммаслаконони шогирдонашро амалӣ созад. Хоҷа Исҳоқ пас аз оне, ки аз тарафи пири худ пешвои аҳли тасаввуфи кулли Хуросону Мовароуннаҳр эълом дошта шуд, имкон пайдо кард, ки аксари мутасаввифаи инқилобии тоҷикро дар атрофи худ ҷамъ биёварад. Дар он рӯзгори вазнин мардуми бечора барои беҳбуд бахшидани ҳаёти худ ягон умедгоҳе надошт, зулми турку муғули ишғолгари хунхор, илова бар ин, дар хизмати эшон будани рӯҳонияти расмии мутаассиб (то ҷое, ки Темурро аз шахсиятҳои муқаддаси исломӣ эълом дошта буданд) мардумро бад-он мекашонанд, ки танҳо рӯ ба аҳли тасаввуф - исломиёни озодандеши адолатхоҳ биёваранд. Ва дар он ҳангом нуфузи чунин шайхон ба ҳадде будааст, ки қариб аз тамоми табақоти ҷомеа бад-эшон гирд меоманданд. Чунон ки Парвизи Азкоӣ бо нақл аз номи Нуруддин Ҷаъфар Дастобозории Бадахшӣ (1339–1395) - бузургтарин шогирди Мирсайид Алии Ҳамадонӣ менависад: «Ҳазрати Мир (Алии Ҳамадонӣ) худ дар Хатлон сокин гардиданд, акобиру ашрофи он диёр ба шарафи иродати эшон мушарраф шуданд. Чунон ғавғову издиҳоме даст дод, ки агар касе мехост ба шарафи муҷоласату мухолатати вай мушарраф гардад, тараддуди бисёр ва мулозамати бешумор мебоист намуд, то давлати мулоқот муяссар гардад. Муғавиёну муфсидон ба амир Темури Гуракон арз карданд, ки саййиде дар Хатлон пайдо шуда ва муриди бениҳоят ба ҳам расонда ва мудаъии салтанат аст. Аз ҷумла Хоҷа Исҳоқи Хатлонӣ писари амир Оромшоҳ муриди вай гашта. Чун амир Оромшоҳро дахли тамом дар салтанати амир Темур буда, андеша намуда, ки иродати Хоҷа Исҳоқ боиси салтанати вай гардад». Ва албатта ин тахмини Темур аз ҳақиқат дур набуд, зеро падари Хоҷа Исҳоқ аз ҷумлаи ҳукуматдорони маҳаллии Хатлон буд ва бадин восита хонадони онон метавонистанд аз дастгирии мардум истифода карда, ҳукумати мустақили худро таъсис диҳанд. Ин ташвиши Темур то охири умраш имтидод дошт ва ҳамчунон, то ба замони ҳукмронии фарзандонаш расид, махсусан, Шоҳрухро сахт безобита месохт. Хуллас, Хоҷа Исҳоқ ба пиронсолии худ нигоҳ накарда (дар он ҳангом 93-сола буд), дар садади сарнагун кардани ҳукумати Темуриён аввал дар Хатлон ва баъдан то ҷое, ки имкон дошт, дар дигар манотиқи кишвари тоҷик шуд. Мақсади ниҳони ӯ «ташкили як давлати суфиёна буд», ки метавон онро яке аз охирин кӯшишҳои ҷиддии барқарор намудани давлатдории миллии тоҷикон дар сарзамини худ номид. Ба ин мақсад ӯ тамоми муридону пайравон ва махсусан, пешвоёни аҳли тасаввуфро аз манотиқи мухталифи Мовароуннаҳру Хуросон пинҳонӣ ба Хатлон даъват кард, то аз ин ҷо ба шӯриши умумӣ оғоз кунанд. Хоҷа Исҳоқ ягона роҳи муваффақиятноки ташкил кардан ва ба пирӯзии ниҳоӣ расидани ин ҷунбиши умумихалқиро дар он медид, ки яке аз ин мутасаввифаро «Маҳдӣ» эълом дорад, то мардум бо тамоми ҳастӣ бад-ӯ гараванд. Чун «зуҳури Маҳдӣ» дар тафаккури мардуми мусулмон зуҳури марди наҷотдиҳанда аз зулму таъаддӣ ва амсоли ин буд, Хоҷа Исҳоқ бад-он шуд, ки шояд мардуми аз зулму ситам баҷономада ба зудӣ зери ливои шиори чунин марде иттиҳод кунанд. Бадин хотир яке аз шогирдони донишманду ҷасури хеш Муҳаммад ибни Абдуллоҳро (таваллудшудаи Қоини Хуросон, вафот: 1464), ки аз ғояти донишмандӣ ба ӯ лақаби «Нурбахш»-ро гузошта буд, интихоб кард ва «Маҳдӣ»-ву пешвои қиём эълом дошт. Интихоби «Маҳдӣ» ба баъзе суфиён, аз ҷумла шогирди донишманди Хоҷа Исҳоқ Сайид Абдуллоҳи Барзишободии Машҳадӣ мақбул наёфтод ва иддае аз аҳли тасаввуфро, ки барои қиём дар Хатлон гирд омада буданд, пайрави худ сохт ва аз шӯриш даст кашид. Бо вуҷуди ин, бештаре омодаи шӯриш шуданд. Ва аммо хиёнаткорон кори худро карданд. Бо вуҷуди ин, ҷунбиши мазкур «ба соли 826 (ё 827 мутобиқ ба 1423/24) дар кӯҳи Тирӣ (ки имрӯз бо кӯҳи Пирӣ маъруф аст) аз қалъаҳои Хатлон оғоз гардид». «Ин хабар ба Мирзо Шоҳрух мерасад, ки Хоҷа Исҳоқ саййидзодаеро «Маҳдӣ» хонда ва подшоҳ сохта ва мегӯянд, ки Имом аст. Подшоҳ ба он ҷониб лашкаре мефиристад. Меоянд ва ҷанг мекунанд. Ду писари Хоҷа Исҳоқ ва қариб ба ҳаштод тан аз суфия ва ҷамъи дигар дар ин қазия ба қатл мерасанд. Ва Мирсаййид Муҳаммад (Нурбахш)-ро гирифта ва муқайяду маҳбус месозанд». Маълум аст, ки Темуриён пайваста ҷосусони худро дар Хатлон муваззаф сохта буданд, ки аз кори суфиён хабар диҳанд. Ҳамчунони дигар, баъзе аз суфия «дар мулозимати Мирзо Шоҳрух буданд, ки бо Хоҷа Исҳоқ адовати қадимӣ дошта будаанд» ва бадин восита ба бадном кардан ва баъдан нобуд сохтани ӯ мусоидат кардаанд. Ба ақидаи Ч. С. Тримингэм дар соли 1423 эмиссарон (намояндагони махфии давлатӣ)-и Шоҳрух Хоҷа Исҳоқро ба қатл мерасонанд. Роҷеъ ба ин қиём ва оқибати он аз ин бештар маълумоте нест, магар ин ки афзудаанд, Хоҷа Исҳоқ ё дар ҷанг ба шаҳодат расида ва ё дастгир шуда, дар Балх дар рамазони соли 1424 ҳукми қатл содир шуда дар 93 (ё94)-солагӣ мақтул мегардад. Оромгоҳи ӯ ҳоло дар деҳаи Хоҷаисҳоқи ноҳияи Кӯлоб ҷойгир ва назди аҳли деҳа ривояти мухталифе роҷеъ ба ин марди мубориз мавҷуд аст, ки овардани онҳо на дархури матолиби ин сафаҳот аст. Ва аммо ривояти дигаре низ ҳаст, ки гӯё дар ҷанг захмӣ шуда, муридонаш ӯро ба кӯҳистони баланде пинҳон мекунанд ва бадин восита дар ин авохир донишманди тоҷик Ҳамза Камол ба хулосае омадааст, ки «Мазори Хоҷа Исҳоқ» дар кӯҳҳои Фон иборат аз ӯст. Ҳамчунони дигар дар шаҳри Кобул мазори дигарест бо номи «Хоҷа Исҳоқи Хатлонӣ», ки то ба имрӯз ҳар соле як маротиба суфиён аз амокини мухталиф дар гирди марқади ӯ ҷамъ меоянд ва маҳфилҳои бузурги суфиёна барпо мекунанд. Ҳамин тавр, муаммои мадфани Хоҷа Исҳоқ то ба охир ошкор нест. Чунон ки дида шуд, ҷунбишҳои мардумии тоҷикон дар се маркази муҳими сукунати онон қариб ки дар як вақт (ки имрӯз дар ҳудуди Эрон, Афғонистон ва Тоҷикистон қарор доранд) ба зуҳур пайвастанд ва сардамдорони Темуриро ҳушдор доданд, балки маҷбур сохтанд, ки дар сиёсати минбаъдаи худ аз ифрот дар зулму таъаддӣ даст кашанд ва роҳи эътидолро пеш гиранд. Агарчи минбаъд ҳам кори ҷавру ситам дар ин сарзамин идома дошт, вале шиддати он хеле поин рафт, яъне об пошидани мардум ба оташи зулм беҳуда набудааст, балки коргар омад ва минбаъд то зуҳури ақвоми дигари саҳрогард (яъне узбакони Шайбониён) мардуми азияткашидаи тоҷикро оромии нисбие фаро гирифт. Аммо як нуқта аст, ки он набояд мавриди тағофул ё бепарвоии минбаъдаи муҳаққиқин қарор бигирад, чунон ки то ба имрӯз будааст. Ҳарф сари ҳақиқати ҷунбишҳои мазкур аст. Аз осори таърихӣ ва таҳқиқоти мутааххири иддае аз муаррихин бармеояд, ки ин ҷунбишҳои мардумиро бештар ҳамчун саркашии лашкаркашони ҳокимони зердасти Темуриён ба хотири ғасби ҳокимият ва ҳамчун фасодкорони имперотурӣ тафсир кардаанд. Ва ин бештар ба он хотир будааст, ки эшон ба Шоҳрух эҳтиромоти мабзул медоштанд. Ҳатто Устод Абдулҳай Ҳабибӣ барин донишманд зоҳиран аз ин исёнҳо хушбин нест, чунончи дар ҷое менависад, ки «Шоҳрух тамоми сафаҳоти шимолии Афғонистонро то Тахористону Хатлон [аз шӯришгарон] пок намуд». Шояд донишмандони мазкур ин нуктаи муҳимро ба назар гирифтаанд, ки Шоҳрух тавонист як давлати пурқудрат ва муҳимтар аз ҳама давлати мутамаддини он замонро падид овард, барои инкишофи тамаддуни исломӣ-эронӣ шароитҳои мусоид фароҳам овард ва онро аз ҷаҳонбинии нимаваҳшии туркӣ-муғулӣ афзалтар эълом дошт ва амал кард ва ғайраву ҳоқазо ва бадин сабаб аз «сарзаниш»-и ӯ чашм пӯшидаанд. Вале ҳақиқати таърихӣ, то ҷое ки дар фавқ мухтасаран баён шуда, дар паҳлӯи навиштаҳои донишмандони арҷманд аст, на дар дохили он. Ва чунон ки асноди таърихӣ собит месозанд, дар дигар сохтани табиати ин ғосибони туркӣ-муғулӣ, моил гардонидани онҳо ба зиндагии осоишта, тараққии тамаддуну фарҳанг, ободгардонӣ ва амсоли ин гуна корҳои хайри инсонӣ, бидуни шубҳа ба воситаи таъсири амиқи мардуми бумӣ, аз ҷумла ба воситаи ҷунбишҳои мазкури миллӣ низ будааст. Н. Амиршоҳӣ. Шайбониён Ибтидои асри 16 дар сарзамини Мовароуннаҳр табаддулот ва таҳаввулот дар низоми сиёсӣ ва умури идорӣ ба амал омад. Қабоили кӯчии муғул ва муғулони туркшуда бар 92 қабила, ки мусаммо ба узбек буданд, бо истифода аз низоъҳои дохилии охирин намояндагони сулолаи Темуриён аз Дашти Қипчоқ зери сарварии Муҳаммади Шайбонӣ ба Мовароуннаҳр ҳуҷум карданд. Соли 1500 Шайбонихон бо кумаки ҳокими Тошканд Маҳмудхони муғул, ки 5000 сарбозро дар ихтиёраш гузошта буд, ба ҷониби Самарқанд лашкар кашида, онро муҳосира кард. Аъёну ашрофи Самарқанд сокинони шаҳрро ба муҳофизати он даъват карданд. Ҳокими Бухоро Муҳаммад Боқӣ тархон бо 10 ҳазор лашкар тасмим гирифт, ба самарқандиёни муҳосирашуда кумак намояд. Ин хабар Шайбонихонро маҷбур кард, ки аз муҳосираи Самарқанд даст кашида, ба набарди Муҳаммад Боқӣ тархон биравад. Дар наздикии дижи Дабусия миёни Муҳаммад Боқӣ тархон ва Шайбонихон ҷанг ба вуқӯъ пайваст, ки дар натиҷа лашкари Муҳаммад Боқӣ тархон шикаст хӯрд. Баъди ин пирӯзӣ Бухоро бо мусоидати ашрофи он бе ҷанг тобеи Шайбонихон шуд. Низоъҳои дохилӣ ва қасди ҷони ҳамдигар намудани аъёну ашрофи Самарқандро истифода бурда, Шайбонихон ба ҷониби Самарқанд лашкар кашид. Замоне ки ба рустои Тотканд расид, хабар ёфт, ки дастае аз аъёну ашрофи Бухоро бо ҳокими собиқи ин шаҳр – Муҳаммад Боқӣ тархон, ки дар Насаф паноҳ бурда буд, ҳамроҳӣ шудаанд, то Бухороро таслими ӯ гардонанд. Шайбонихон дубора ба Бухоро омад ва ҳар касеро, ки бо ҷурми хиёнат муттаҳам шуда буд, бераҳмона ба қатл расонид ва лашкариёнаш шаҳрро ба боди ғорату харобӣ кашиданд. Ӯ бар шаҳриёни Бухоро ғаромати бузурге баст, дастур дод то девори шаҳрро хароб кунанд ва бародараш султон Маҳмудро ҳокими Бухоро таъйин намуд. Соли 1500 пас аз кӯшишҳои бенатиҷаи ҷонибдорони хонадони Темуриён барои таҳрик намудани аҳолии шаҳри Самарқанд ба ҷанг алайҳи Шайбонихон ин шаҳр ба ӯ таслим шуд. Шайбонихон Ҷонвафо мирзоро, ки аз қабилаи найман буд, бо 600 ҷанговари ӯзбек дар дижи Самарқанд монда, дастур дод, то молу амволи аъёну ашрофи аз шаҳр фирор намударо тороҷ карда, ба хазина интиқол диҳанд. Бобур, ки он замон дар шаҳри Кеш буд, ба ҷониби Ҳисор ақибнишинӣ карда, тирамоҳи ҳамон сол бо гурӯҳи 240-нафара аз тариқи кӯҳҳои Фон ва Киштут озими водии Самарқанд шуд ва шабона бо нардбонҳо вориди шаҳр гашта, лашкари дар Самарқанд будаи Шайбониёнро шикаст дод. Шайбонихон ба ҷониби Бухоро ақибнишинӣ карда, ба қалъаи Дабусия ҳуҷум овард. Қалъаро хароб ва сокинонашро қатли ом кард. Бар асари ғоратгарии лашкари Шайбониён Самарқанд хеле хароб шуда буд ва Бобур натавонист дар баробари ҳуҷуми такронии Шайбонихон (майи 1501) аз он дифоъ кунад, ночор Самарқандро тарк кард ва Шайбонихон бар он тасаллут ёфт. Баъди тасхири шаҳру вилояти Мовароуннаҳр Муҳаммади Шайбонӣ ба сарҳадди Хуросон наздик шуд ва тирамоҳи соли 1503 ба ҷониби Балх лашкар кашида, навоҳӣ ва қалъаи Андхӯдро бидуни набард ба даст овард. Шайбонихон се бор ба Балх ҳуҷум кард, аммо ба шадидтарин муқовимати муҳофизони шаҳр дучор шуда, онро тӯли се моҳ муҳосира кард. Шайбонихон ночор зимистони ҳамон сол Амударёро убур карда, озими Самарқанд гашт. Баҳори соли 1507 Шайбонихон ба Хуросон, ин дафъа ба ҷониби Ҳирот лашкар кашида, 7 майи 1507 сипоҳи темурии Хуросонро шикаст дод ва вориди Ҳирот шуд. Қисме аз лашкариёни ӯ ба қатлу ғорати мардуми Кирмон пардохта, худи ӯ ба Исмоили Сафавӣ номаи таҳқиромезе навишт ва аз Исмоили Сафавӣ хост, ки ба исми ӯ хутба хонда, ба номаш сикка бизанад. Исмоили Сафавӣ соли 1510 ба Хуросон лашкар кашида, баъди шикасти лашкари пешоҳанги Шайбонихон ба наздикии Марв расид ва онро ба муҳосира гирифт. Чун муҳосира тӯл кашид, 30 ноябри 1510 Исмоил вонамуд кард, ки ақибнишинӣ мекунад ва 3 километр дуртар аз Марв сипоҳи худро таваққуф дод. Шайбонихон бо 30 ҳазор лашкар пайи таъқиби шоҳи Эрон аз қалъаи Марв берун омад, аммо 2 декабри 1510 лашкари 17-ҳазорнафараи Исмоил сипоҳи Шайбонихонро дар муҳосира гирифт. Шайбонихон бо 500 нафар ҳамрикобаш аз муҳосира берун омада, дар аснои фирор ба чаҳордеворе расид, ки роҳи бурун рафтан надошт ва он ҷо зери пои сарбозони фирории хеш афтода, ҷон дод. Пирӯзии Исмоили Сафавӣ дар Марв саҳифаи муҳимме дар таърихи давлатдории Эрони ибтидои асри 16 гардид. Ғалаба дар набарди Марвро ба унвони поя ва асоси сиёсӣ дар раванди ба даст овардани истиқлоли Эрон дар аҳди Сафавиён метавон ба назар гирифт. Дар ҳамон соли кушта шудани Шайбонихон (1510) сарварон Суюнчхоҷахон ва дере нагузашта намояндаи бузургсоли ин силсила Кучкунчихон (1510–1530) хони узбекон интихоб шуданд, аммо тамоюли таҷзияталабӣ дар миёни Шайбониён, ки замони барҳаёт будани Муҳаммади Шайбонӣ буруз карда буд, баъди марги ӯ боиси ба се даста тақсим шудани ин сулола гардид. Яке аз он гурӯҳ Кучкунчихон ва дигаре Суюнчхоҷахонро ба ҳайси хон пазируфтанд, дастаи сеюмро писари Шайбонихон – Муҳаммад Темур султон сарварӣ мекард. Муҳаммад Темур султон ба Исмоили Сафавӣ эъломи итоат карда, тибқи созиши тарафайн рӯдхонаи Ҷайҳун марз миёни Мовароуннаҳр ва Хуросони Эрон муайян шуд, тамоми навоҳии соҳили чапи Ҷайҳун ба ихтиёри Сафавиён гузашт ва ин сабаб шуд, то узбекони шайбонии бегона ватани тоҷикон – Мовароуннаҳрро моли меросии худ ҳисобида, асрҳои тӯлонӣ дар он ҳукумат кунанд. Соли 1530 хони Шайбониён Кучкунчихон фавтид ва муддати кӯтоҳе (то 1533) писараш Музаффариддин Абусайид ҷойгузини падар шуд. Соли 1533 Убайдуллоҳхон – бародарзодаи Шайбонихон, ки ҳокими Бухоро буд, хони узбекҳо интихоб шуда, пойтахти давлатро ба Бухоро интиқол дод. Баъди фавти Шайбонихон ва ба ҳокимият расидани Кучкунчихон ва Музаффариддин Абусайид тамоми қудрати низомӣ дар дасти Убайдуллоҳхон буд. Ӯ ҳанӯз аз соли 1521 дар лашкаркашиҳо ва ғоратгариҳои Шайбониён дар Хуросон ширкат карда, мавриди мазаммат ва истеҳзои шоирони ин қаламрав (аз ҷумла Бадруддин Ҳилолӣ) қарор гирифта буд. Ҳамин тавр то марги Убайдуллоҳхон (1539) Хуросон ба майдони муборизаи Сафавиёну Шайбониён табдил ёфта буд. Аз соли 1539 то соли 1550 оромие бар Хуросон роҳ ёфта, танҳо соли 1547 Хуросон аз ҷониби Бурокхон як бор мавриди ҳуҷум қарор гирифт. Баъд аз фавти Убайдуллоҳхон дар Мовароуннаҳр Абдуллоҳхони I (1539–1540)–писари Кучкунчихон ба сари ҳокимият омада, давлат дучори буҳрони шадиди сиёсӣ гардид ва раванди ба вилоятҳои алоҳида тақсим гаштани он оғоз шуд. Ҳамин тавр, дар Бухоро Абдулазизхон (1540–1550) - писари Убайдуллоҳхон ва дар Самарқанд Абдулатиф (1540–1552) писари сеюми Кучкунчихон хони узбекҳо интихоб шуда, Бароқхон – писари Суюнчхоҷахон дар Тошканд, писарони Ҷонибек – Пирмуҳаммадхон дар Балх ва Искандархон дар Миёнкол ва дар Ҳисор Темур Аҳмад султон ҳокими мустақил буданд. Солҳои 40-уми асри 16 барои тахту тоҷ миёни хонҳо ва султонҳои Шайбонӣ муборизаҳои шадид оғоз шуданд, ки дар онҳо писари 17-солаи ҳокими Миёнкол Искандархон – Абдуллоҳ султон бо дастгирӣ ва кумаки Хоҷа Ислом ғолиб омад. Соли 1557 ӯ Бухороро ишғол намуда, ба забти мулкҳои дигар шурӯъ кард. Соли 1561 Абдуллоҳ султон падари худ Искандархонро бо машварати Хоҷа Ислом хони тамоми узбекҳо эълон кард, аммо ҷилави роҳбарият иҷрои ҳамаи корҳои низомӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ дар дасти худаш буд. Соли 1561 шаҳри Бухоро дубора пойтахти давлати Шайбониён шуд. Абдуллоҳи II Шайбонӣ дар натиҷаи муборизаҳои шадид, тавонист вилоятҳои истиқлолталаби Мовароуннаҳрро зери фармони ҳукумати марказӣ оварад. Соли 1583 пас аз фавти падар Абдуллоҳхони II хони узбекҳои Шайбонӣ эълон гардид. Маҳз ин замон ба марҳилаи сеюми таърихи сиёсии Шайбониён ибтидо гузошт. Абдуллоҳхон дар назди худ мақсад гузошт, ки ҳамаи мулкҳои замоне ба Шайбониён тобеъбударо ба зери фармони худ дарорад. Барои амалӣ кардани ин ҳадаф феврали 1584 ба ҷониби Тахористону Бадахшон лашкар кашид. Худи ҳамон сол лашкари узбекон Толиқон, Бағлон, Норин, Андароб ва қалъаи Зафарро ишғол кард. Ишғоли Хатлон барои Абдуллоҳхон гарон омад. Ибтидои апрели 1584 Абдуллоҳхон бо сарварии писараш Абдулмуъмин барои ишғоли Кӯлоб лашкар фиристод. Ҳудуди 40 рӯз Шайбониён натавонистанд қалъаи Кӯлобро бигиранд ва ба сахттарин муқовимати сокинони қалъа дучор шуданд, ки дар натиҷа лашкари Шайбониён талафоти бисёр дода, ақибнишинӣ кард. Ин шикасти лашкарашро Абдуллоҳхон таҳаммул накарда, бо қувваи бузург худаш ҷониби Кӯлоб ҳуҷум кард. Баъди муборизаҳо ва ҷангҳои сахт 1 июли 1584 қалъаи Кӯлоб таслим шуда, тамоми муҳофизони он ба қатл расиданд. Бо истифода аз нооромиҳои замон, ки дар давлати Сафавиён рух дода буданд, Абдуллоҳхони Шайбонӣ давоми солҳои 1587–1593 қисми зиёди Хуросонро зери фармони худ гирифт. Талошҳои Сафавиён солҳои 1590–1592 барои бозгардондани Хуросон натиҷа надоданд. Соли 1595 худи шоҳ Аббос амалиёти низомиро бар зидди Шайбониён сарварӣ карда, шаҳри Исфароинро, ки он замон Абдулмуъмин - писари Абдуллоҳхони Шайбонӣ дар он ҷо иқомат дошт, аз ишғоли узбекҳо берун овард ва Абдулмуъмин ба Машҳад ақибнишинӣ кард. Тӯли се соли баъдӣ сипоҳи Сафавиён сарҳадди Хуросон, ки то шаҳри Симнон дар зери ҳукумати Абдуллоҳхон буд, убур накард. Ин замон пояҳои давлати Абдуллоҳхони Шайбонӣ оҳиста-оҳиста заиф мегашт. Шоҳ Аббос аз ин ҳолат хабар дошт ва ба ҳуҷуми густурдае ба Хуросон омодагӣ мегирифт. Агарчи дар охири соли 1597 сафири нави Абдуллоҳхон аз ҷониби дарбори шоҳ Аббос қабул ва ҳатто ба ҳузури шоҳ пазируфта шуд, аммо муносибат нисбат ба ӯ таҳқиромез буд. Шоҳ Аббос аз сафири Бухоро омодагиҳои худро ба як лашкаркашии густурда бар зидди Шайбониён, ки тобистони соли 1598 анҷом додан мехост, пинҳон намедошт. Ҷиддитар аз ин барои сарнавишти давлати Абдуллоҳхони Шайбонӣ шиддат ёфтани буҳрони дохилии кишвар, аз ҷумла ихтилоф миёни Абдуллоҳхони куҳансол ва писари худхоҳи ӯ Абдулмуъмин буд. Баҳори 1597 Абдуллоҳхон ба ҳамаи ҳокимони Хуросон амр дод, ки ҳеҷ кадоме аз дастуроти Абдулмуъминро иҷро накунанд, ин амал боиси ҷанги ошкоро миёни Абдуллоҳхон ва Абдулмуъмин гашт. Абдулмуъмин ба Балх боз гашт ва барои лашкаркашии нав ба Мовароуннаҳр омодагӣ медид. 8 феврали 1598 Абдуллоҳхони Шайбонӣ фавтид ва аз худ давлатеро дар ҳоли буҳрон ва парешонӣ ба мерос гузошт. Баъд аз марги Абдуллоҳхон Абдулмуъмин бе монеа тахти Бухороро гирифта, ҳамаи онҳоеро, ки дар рикоби падараш бар зидди ӯ буданд, аз дами теғ гузаронд. Балвое чандро дар кишвараш фурӯ нишонд, сипоҳи азим гирди ҳам оварда, азми лашкаркашӣ ба Хуросон кард, аммо дар роҳи Зомин (наздикии Ӯротеппа) ҷонибдорони падараш бо сарварии Абдусамадбӣ, ки дар ин лашкаркашӣ ҳамроҳаш буданд, қасд ба ҷонаш карда, ӯро 27 июни 1598 ба ҳалокат расониданд. Ҳамин тариқ, бо марги Абдулмуъмин ашрофи кӯчии шайбонӣ ва намояндагони рӯҳонии суннии Мовароуннаҳр ба ду дастаи бо ҳам душман тақсим шуданд, ки яке дар Бухоро ва дигаре дар Балх фаъолият намуда, ҳар кадоме аз ин гурӯҳ намояндаи худро барои тахти хонӣ номзад мекарданд. Дар чунин фазои нобасомон хоҳарзодаи Абдуллоҳхон – Динмуҳаммад, ки аз ҷониби падарӣ ба табори Аштархониён мепайваст, барои ҳифзи ҳукумат дар Ҳирот мубориза мебурд. Сипоҳиёни шайбонӣ, ки дар шаҳрҳои Хуросони Ғарбӣ буданд, он минтақаҳоро худсарона тарк гуфта, ба Мовароуннаҳр баргаштанд. Динмуҳаммад ба шоҳ Аббос пешниҳод кард, ки Машҳад зери ҳукумати Сафавиён ва Ҳироту вилояти он марбут ба Шайбониён бошад, аммо шоҳ Аббос ин пешниҳодро рад намуд, ки боиси ҷанги навбатии тарафайн шуд. 10 августи 1598 дар 24-километрии шаҳри Ҳирот миёни Сафавиён ва Шайбониён охирин набард барои Хуросон рух дод, ки дар натиҷа лашкари Шайбониён шикаст хӯрда, Динмуҳаммад бо бардоштани захм ҳангоми фирор дар роҳи Мовароуннаҳр фавтид ва Хуросон зери фармони Сафавиён қарор гирифт. Бо истифода аз вазъи нобасомони Мовароуннаҳр хони қазоқ Таваккал ба ин сарзамин ҳуҷум ва Аҳсикат, Андиҷон, Тошканд, Самарқанду Миёнколро ишғол карда, ба бародари худ Ишим султон дод ва худ ҷониби Бухоро лашкар кашид. Дар ҷанги наздикии Бухоро Таваккал аз ҷониби хони Бухоро – Пирмуҳаммад шикаст хӯрда, ба тарафи Самарқанд ақибнишинӣ кард. Дар ин муддат аз Ҳирот ба назди Пирмуҳаммад бародари Динмуҳаммад - Боқӣ султон омад ва дар муборизаҳо миёни лашкари Пирмуҳаммад ва қазоқҳо иштирок карда, август - сентябри 1598 қазоқҳоро бо сарварии Таваккал шикаст дод. Таваккал бо бардоштани захм ба тарафи Тошканд ақибнишинӣ намуда, баъди чанде вафот кард. Ба поси хидмат дар мубориза бар зидди қазоқҳо Пирмуҳаммад Боқӣ султонро ҳокими Самарқанд таъйин кард, аммо бо гузашти замон Боқӣ султон худро дар тахти Бухоро лоиқтар аз Пирмуҳаммад дониста, бар зидди ӯ мухолифатҳоро сар кард. Пирмуҳаммад барои сарнагун кардани Боқӣ султон лашкар ҷамъ намуда, бо 10 ҳазор сарбоз ба ҷониби Самарқанд ҳуҷум кард, аммо шикаст хӯрда, худаш ба қатл расид. Августи 1599 Боқӣ султон ба тахт нишаст ва бо ҳамин давлати Шайбониён завол ёфта, сулолаи нав - Аштархониён ба сари ҳокимият омад. Ҳ. Камол. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 249–260 (саҳ. 256–257: тасвирҳо).

0

Давлатҳои муғулӣ ва маҳаллии Эронзамин дар замони тасаллути муғул (асрҳои 13–14)

Давлати Чағатойиён (1227–1370) Давлати Чағатойиён дар ҳудуди улуси Чағатой — Туркистони Шарқӣ, Ҳафтрӯд ва Мовароуннаҳр — ба вуҷуд омад. Агарчи он дар замони ҳукмронии Чағатой (1227–1241) ба мисли давлате буд, аммо ҳуқуқи васеи давлатдориро надошт ва масъалаҳои муҳими давлатӣ ба воситаи хони бузурги Муғулистон ҳал мешуданд. Тибқи шарҳи қаблӣ, қисми Мовароуннаҳри ин улус дар дасти Маҳмуди Ялавоҷ ва писараш Масъудбек буд. Ибтидои солҳои 60-уми асри 13 байни фарзандони Мунгқа-қоон — хони бузурги Муғулистон, Ариқ-бӯқо ва Кубилой барои ба даст овардани тоҷу тахт задухӯрдҳои хунин сар заданд. Набераи Чағатой – Алуғӯ аз зиддияти эшон истифода бурда, улуси Чағатойиёнро (солҳои 1261–1266) мустақил эълон дошт ва бад-ин восита дар таърих ҳамчун асосгузори хонигарияи Чағатойӣ шинохта шуд. Дар миёни хонҳои чағатойӣ аввалин нафаре, ки исломро қабул кард, Муборакшоҳ (1266) буд. Дар замони ҳукмронии Буроқ (1266–1271), Некпай (1271–1272) ва Туғотемур (1272–1291) таваҷҷуҳи хонҳои ин силсила ба Мовароуннаҳр бештар шуд, хушбинӣ нисбат ба мусулмонон барои тараққиёти минтақа шароит фароҳам овард. Ҳокими Мовароуннаҳр Масъудбек ибни Маҳмуди Ялавоҷ аз ин вазъият оқилона истифода бурда, дар ҳаёти иҷтимоии кишвар ислоҳот гузаронд, ки муҳимтарини онҳо ислоҳоти пулӣ буд. Мувофиқи ислоҳоти ӯ ҳар касе, ки қудрати сикка задани тангаи нуқраро дошт, метавонист онро бе ҳадду андоза барорад. Ин усул дар муқобили пули тилоии ниҳоят қимат, ки бо арзиши мол мувофиқат намекард, беҳтару бобарортар буд ва дар тӯли 20–25 сол (солҳои 70-ум ва 90-уми асри 13) на танҳо Мовароуннаҳр, балки манотиқи гирду атрофи онро низ фаро гирифта, боиси рушди тиҷорат, тараққии шаҳру деҳот ва болоравии сатҳи рифоҳи мардум гардид. Дар замони ҳукмронии Дувохон (1291–1306) ҳукуматдорони чағатойӣ ду тарафи кӯҳҳои Тиёншонро қароргоҳи хеш гузиданд. Ҳокими дигари ин силсила Кепекхон (1318–1326) агарчи худ бутпараст буд, аммо Мовароуннаҳрро пазируфт ва барои ҳамешагӣ ба ин минтақа кӯч баст ва қасре дар Нахшаб сохта, онро мақарри доимии худ қарор дод. Он қаср ё кӯшкро муғулҳо «қаршӣ» мегуфтанд ва бадин восита номи Нахшаб ба Қаршӣ иваз шуд. Ба ҷои Кепекхон бародараш Алоуддини Тармаширин хон эълон гардид (1326–1334). Ӯ дар қаламрави Чағатойиён дини исломро дини расмии давлатӣ эълон кард, ки ин амал ба табиати сарони муғулии саҳрогарди шарқӣ созгор набуд. Онон дар пайи нобуд кардани ӯ афтода, соли 1334 ӯро ба қатл расониданд ва аз тарафдорони ашрофи бодиянишин нафари худиро хон таъйин намуданд. Дертар Ғозонхон ном шахсе ба сари тахт омада (солҳои 1343–1346), сиёсати Кепеку Тармаширинро давом доданӣ шуд, майли бештар ба муқимнишинӣ кард ва дар наздикии Қаршӣ Занҷирсарой ном кӯшки бошукӯҳе бунёд намуд. Ислоҳоти Ғозонхон мақбули сарварони дигари муғул набуд, гурӯҳе аз онҳо бо сарварии Қазаған ном амир дар пайи нобуд сохтани вай шуда, соли 1346 ӯро ба қатл расониданд. Қазаған Донишманд Ағлон ном шахсро аз хонадони Угидой хон таъйин кард ва ҳукуматро ба даст гирифт. Қазаған дар замони ҳукмрониаш вилоятҳои шимолии Афғонистони имрӯза, аз ҷумла вилояти Тахористонро лагадкӯби сипоҳи савораи худ намуда буд. Маҳз ҳамон вақт мардуми вилояти васеъ ва тороҷшудаи Тахористонро ба номи «мулки Қазаған» ёд мекарданд ва шуарои маҳаллӣ дар ваҳшату тороҷи амир Қазаған ва қӯшуни яғмогари ӯ манзумаҳо месуруданд. Байти зерин то имрӯз вирди забони мардуми вилояти Тахору Бадахшон аст: Ҳар ҷо ки расад суми аспи Қазаған, Не мурда кафан ёфт, не зинда чапан. Амир Қазаған аз ҷумлаи он ҳукмрононе буд, ки тарзи зиндагии саҳронишиниро хуш дошт ва макони «шиноварӣ»-и ӯ асосан ҳудуди имрӯзаи Тоҷикистон буд. Маркази идории тобистонааш бештар вақт шаҳри Мунк (Ховалинги имрӯза) ва зимистонааш дар Сарой (ҳудуди ноҳияи Панҷ) буд. Баъд аз гузашти Қазаған (солҳои 50–60-уми асри 14) хонигарияи Чағатойиён дар пайи шикастҳои пайдарпай ба 30 мулки ҷудогона тақсим шуд. Давлати Ҳулогуиён — Элхонии Эрон (1256–1353) Ибтидои кори эшон ҳангоме сурат гирифт, ки Эронзамин ҳанӯз пурра зери тасаллути муғул қарор надошт. Ҳулогу соли 1256 аз Ому гузашт. Аксар ҳокимони маҳаллӣ аз Мовароуннаҳр то Форс ба бандагии Ҳулогу розӣ доданд, ба ғайр аз якчанд тоҷики кӯҳистонӣ, ки дар баъзе қалъаҳои дастнораси Хуросону Мозандарон истодагарӣ карда, ё ба қатл расиданд, ё аз гуруснагиву бемориҳо талаф ёфтанд. Рукнуддини Хуршоҳ (Хайршоҳ) - охирин ҳукмрони давлати Исмоилия ба хотири бехатарии мардуми кишвараш, ба шартҳои Ҳулогу розӣ шуда, қалъаҳои мустаҳками давлаташро бо дасти худ вайрон карда, назди Ҳулогу омад. Чун хабисии аҳдшиканӣ дар табиати чингизиён одати хунӣ буд, Хуршоҳ ва авлоди ӯро билкулл ба қатл оварданд ва бори дигар беэътибории лафзи худро дар назди оламиён мунташир сохтанд. Баъд аз ин, Ҳулогу рӯ ба Бағдод ниҳод. Охири моҳи январи соли 1258 муҳосираи Бағдод оғоз ёфт, пас аз 10–12 рӯз, яъне 10-уми феврал халифа таслим шуд. Баъд аз ин, лашкари Ҳулогу вориди шаҳр шуда, хазинаву хонаҳоро ғорат ва мардуми бисёрро асиру ғулом карданд. Баъд аз як ҳафта кулли хонаводаи Аббосиро (бо истиснои чанд нафар) аз дами теғ гузарониданд. Бо ҳамин ҳукмронии хилофати Аббосӣ, ки зиёда аз 500 сол вуҷуд дошт, ба боди фано рафт. Дигар дар Эронзамин ягон давлат ва ё қуввае намонд, ки барои ҳукмронии муғул монеъ шуда тавонад. Баъд аз забти комили Эронзамин ва мамолики ғарбии он Ҳулогухон барои худ ва авлоду ақрабояш улуси нав таъсис дод, ки дар таърих бо номи давлати Ҳулогуиён (1256–1353) маъруф гашт. Ҳукмронони ин хонадон худро «элхонон» («тобеи хон»), яъне тобеи хони бузурги Муғулистон, эълон дошта, аз номи ӯ минтақаи бузургеро аз сарҳадди рӯди Омӯ то соҳилҳои баҳри Миёназамин зери тасаллут карданд. Соли 1261 хони бузург ба воситаи ҳукми хеш, давлати эшонро ба расмият даровард. Ҳудуди идораи онон аз нигоҳи имрӯз аз манотиқи зайл иборат буд: Эрон, Афғонистон, Ироқ, Озарбойҷон, Арманистон, қисмҳои шарқии Осиёи Хурд ва ба сифати давлатҳои нимтобеъ Гурҷистон, қисмҳои осиёии салтанати Салҷуқиёни Рум, Сурия ва Кипр. Идораи давлати Ҳулогу аз ибтидои омаданаш дар дасти вазирони маҳаллӣ буд. Аввалин вазири ӯ Сайфуддини Хоразмӣ муддати 7 соли аввал (1256–1263) сохтори давлатии эшонро ба низом овард, тартиб кард ва ниҳоят бо таҳрики ҳасудон кушта шуд. Ба ҷои ӯ Шамсуддин Муҳаммади Ҷувайнӣ ба соҳибдевонӣ ва бародараш Атомалик Ҷувайнии муаррих ба ҳокимии Бағдод баргузида шуданд. Махсусан баъд аз оне, ки Ҳулогу (соли 1265) фавтид ва ба ҷои ӯ писараш Абоқо (1265–1282) ба тахт нишаст, нуфузи онон бештар шуд. Ин ду бародар дар обод кардани сарзамини аҷдодиашон кӯшиши зиёд ба харҷ дода, бисёр ҷойҳои тахрибшударо дубора бунёду барқарор намуданд. Писари Шамсуддини Соҳибдевон — Хоҷа Баҳоуддин Муҳаммад низ, ки дар қисми бештари Ироқи Аҷам ва Исфаҳон ҳукумат мекард, харобиҳои зиёдеро ба ҳолати ободӣ овард. Баъд аз марги Абоқохон ба сари тахти Элхонон писари ӯ Аҳмади Тағӯдор (1282–1284) омад. Аз сабаби он, ки ӯ зери таъсири эрониён аз бутпарастӣ даст кашида, ислом оварда буд, бар ӯ номи мусулмонии «Аҳмад»-ро афзуданд. Аввалин коре, ки ӯ ба иҷро расонид, ба ҷои расму русуми муғуливу исавӣ ҷорӣ кардани қавонини исломӣ буд. Шайх Камолуддин Абдурраҳмони Рофеиро дар кулли мамолики Эрону Ироқ шайхулислом таъйин намуд ва эълом дошт, ки касе аз фармудаҳои шайх берун амал накунад. Ин рафтори ӯ муғулҳои дигарро ба шӯр овард ва онҳо дар пайи сарнагун кардани ӯ шуданд. Он гурӯҳ зери роҳбарии Арғун – писари дигари Абоқо гирд омада, алайҳи Аҳмад ба мубориза бархостанд, дар фурсати муносибе ӯро куштанд ва тахт ба дасти Арғунхон (1284–1291) гузашт. Аз замони ҳукмронии Арғунхон то Бойдухон давлати Элхониён дучори буҳронҳои сиёсӣ ва мазҳабии дохилӣ гардид. Ивазшавии зуд-зуди вазирони мамлакат ва худи хонҳо боиси заиф гардидани давлат гардид. Бойду охирин ҳукмрони ғайримусулмон дар давлати Элхониён буд. Баъд аз ин дар таърихи ин давлат давраи нав, давраи ҳукмронии мутлақи хонҳои мусулмони ҳулогӣ бидуни итоат ба хони бузурги Муғулистон шурӯъ шуд. Давраи мустақилияти Элхониён. Ислоҳоти Ғозонхон Ҳанӯз дар замони ҳукмронии Арғунхон Ғозон бисёр ҷавон бо ниёбати падар дар Хуросон ҳамроҳи сарлашкари мусулмоншудаи муғул амир Наврӯз ном ҳукмрон таъйин гашт. Ҳукмронии ӯ дар сарзамини марказии тоҷикон ба ӯ бетаъсир намонд, ниҳоят ба ислом гаравид. Баъди ин иқдоми ӯ аксари ашроф махсусан ҳукмрони оли Курт дар Ҳирот, дигар мансабдорони маҳаллӣ ва рӯҳониёни олирутба дар пайи ба тахт овардани Ғозон шуданд. Баробари сари қудрат омадан (1294–1304) дар ҳаёти мамлакат дигаргуниҳои азим ба амал омаданд. Ислоҳоти Ғозонхон бо дастурҳои Рашидуддини Фазлуллоҳ сурат гирифт. Ба ибораи дигар, як донишманд ва сиёсатмадори барҷастаи тоҷик буд, ки ба воситаи ҳукмрони равшанфикри муғуле чун Ғозонхон, ба хотири обод кардани сарзамини аҷдодии валангоршудааш ислоҳот гузаронд. Ғозонхон гузаронидани ҳашарҳои маҷбурии бемузд ва истифода аз олатҳои кории мардумро бекор кард, маблағу воситаҳои кориро аз ҳисоби давлат таъмин намуд, то раият ихтиёран рӯ ба кор оварад. Баъзе шаҳрҳои сернуфус бо маблағи бошандагони дорои худи он шаҳр бунёд мешуданд. Бузургтарин дигаргунии давраи ҳукмронии Ғозонхон ислоҳоти замин буд. Яке аз сабабҳои поин рафтани сатҳи рифоҳи мардум мавҷуд будани хироҷҳои мутааддиди давлатӣ ва маҳаллӣ буд, ки мардумон аз пардохти он дар ранҷу азоб буданд. Рашидуддин фармуд, ки дафтарҳои пешинро, ки «дар замони туркони ситамгар ва битикчиёни золим падид омадаанд, бишӯянд ва хироҷҳои одилона гузоранд, то соҳибони замин аз он розӣ бошанд ва дар ягон навъи пардохт бар раият зӯроварӣ накунанд». Хулоса, бо бартараф намудани саддҳои бузурги иқтисодию иҷтимоӣ ва (ғоявӣ) мамолики Эронзамин аз бозмондагии зиёда аз ҳафтодсолаи худ раҳо шуданд. Дар натиҷаи ислоҳоти Ғозонхон имкон фароҳам омад, ки бошандагони бумии Эронзамин расму оинҳои тахрибшудаи хешро эҳё кунанд. Дар саргаҳ ва ҷараёни ин кори бузург яке аз фарзандони барӯманди тоҷик – Рашидуддини Фазлуллоҳ истода буд. Элхониён баъд аз Ғозонхон Баъд аз фавти Ғозонхон (1304) бародараш Улҷойтухон (1304–1316), ки қаблан ҳукмронии Хуросонро бар уҳда дошт, бар сари тахти Элхониён омад. Замони ҳукмронии Улҷойту дар давлат тағйироти ҷиддии иқтисодию сиёсӣ ба амал наомад, идомаи корҳои Ғозонхон буд, ки ҷараён дошт. Он чӣ ки ҳукмронии Улҷойтуро дар таърихи Элхониён, балки дар таърихи минбаъдаи Эронзамин барҷаста мегардонад, ҷорӣ кардани мазҳаби шиа дар ҳудуди мамлакаташ аст. Ин равиши Улҷойту, агарчӣ ба хотири мустаҳкам кардани пояҳои ҳукмронии минбаъдаи хонадони аҷдодии ӯ – Ҳулогуиён сурат гирифт (зеро имкони ба сари тахт омадани хонадонҳои дигари муғулӣ низ вуҷуд дошт), вале барои тақдири минбаъдаи аҳолии бумии Эронзамин – тоҷикон натиҷаҳои манфӣ ба бор овард. Яъне зиддияти мазҳабӣ, ки қаблан низ вуҷуд дошт ва ба қавми бузурги тоҷик имкони иттиҳоди комил намедод, аз доираи тазодҳои гурӯҳҳои маҳаллӣ берун рафта, мавқеи минтақавиро ишғол намуд, ба ибораи дигар тафриқаи ҷиддие дар миёни шарқу ғарби Эронзамин, нобаробар бошад ҳам, ба бор овард. Аз ҳодисоти назаррасе, ки дар замони Улҷойту рӯй дода буд, дарҳам-барҳамиҳои вазорату девондорӣ буд. Улҷойту баъд аз марги Ғозонхон вазирони собиқ – Рашидуддин ва Саъдуддини Совачиро дар вазифаҳояшон нигоҳ дошт. Баъдан шахсе ба номи Тоҷуддин Алишоҳи Табрезӣ бо роҳи макру ҳилла ба Улҷойту наздик шуда, бидуни саводи комил, ба корҳои девонӣ роҳ ёфт. Бо дасисаҳои ӯ Саъдуддини Совачӣ тақрибан солҳои 1312–1313 бо фармони хон ба қатл расонда шуда, мансаби ӯро Алишоҳ ишғол кард. Эътибори баланди Рашидуддин низ ба Алишоҳ нофорам буд, аз ин рӯ дар пайи сиёҳ кардани ӯ афтод, вале муваффақ нашуд. Моҳи декабри соли 1316 Улҷойту дар ҳоле ки ба чиҳилсолагӣ нарасида буд, ба иллати беморие дар Султония аз дунё гузашт. Дар маҷмӯъ замони ҳукмронии ӯ замони пешравиҳои давлатдории Элхониён буд. Баъд аз марги Улҷойту апрели соли 1317 писараш Абусаъид (1317–1336) ба тахти хонӣ нишаст, ки на бештар аз 12 сол умр дошт. Хурдсолии хон сабаби авҷгирии бесарусомониҳо дар дарбор шуд. Гурӯҳе аз мансабдорони давлатӣ дар пайи нигоҳ доштани мансабу манфиатҳои хеш ва амалӣ намудани матлабҳои нопокашон дар назди хони бетаҷриба ҳатто аз сиёҳ кардани якдигар ор надоштанд, бадин восита дар кори давлат ба хатоҳои муҳлик роҳ дода шуд. Яке аз низоъҳои дарборӣ мухолифати Алишоҳи Табрезӣ бо Рашидуддин буд. Билохира бо ин туҳмат, ки Улҷойтуро писари Рашидуддин – Иззуддин бо дастуроти падар ба воситаи заҳр куштааст, 17 июли 1318 аввал писари 16-солаи Рашидуддин – Иззуддинро дар пеши назари падар ва баъд худи ӯро ба қатл расонданд. Ҳамин тавр, бузургтарин сиёсатмадор, файласуф, иқтисодшинос, табиб, муншӣ, муаррихи тавоно ва вазири эъморгари он замон бар асари хиёнати ҳасудон, мисли иддае аз вазирони собиқи тоҷик кушта шуд. Кушта шудани Рашидуддин бисёр мансабдорони бузурги давлатиро бар ҳукмронии хон дилхунук кард; душманиву ихтилофҳои дохилидарборӣ рӯз то рӯз шиддат меёфтанд. Агарчи ба воситаи амир Чӯпон истиқрори давлат муддате пойдор монд, вале ба воситаи душмании дигар мансабдорон он дер имтидод наёфт. Душманони амир Чӯпон бар ҷурми робитаҳои маҳрамона доштани яке аз писарони амир Чӯпон бо як канизи хон барангехтанд, то ба фармони ӯ писари амир Чӯпон ба қатл расид. Бадин восита миёни хон ва пурзӯртарин пуштупаноҳи ӯ – амир Чӯпон душмании сахт падид омад. Амир Чӯпон маҷбур шуд, ки ба сӯи Хуросон фирор кунад, то дар он ҷо аз атроф қувваҳои муқовимат ҷамъ оварда, алайҳи хон мубориза барад, вале ҳангоми ба Ҳирот ворид шуданаш ба дасти Ғиёсуддини Курт афтода, ба қатл расонда шуд. Ин замони авҷи нооромиҳо дар Хуросон буд. Узбакхони Қипчоқ бо истифода аз фурсат ба сарҳадоти шимоли ғарбии мамлакати Абусаъид лашкар кашид. Абусаъид ҳангоми лашкар кашидан ба сӯи Узбакхон дар роҳ мариз шуда, охири ноябри соли 1335, дар синни 30-солагӣ аз дунё гузашт. Ӯ охирин хони бузурги Элхонӣ буд. Баъд аз марги Абусаъид бо пешниҳоди Хоҷа Ғиёсуддини вазир (писари Рашидуддин) Арпоғовун аз набераҳои Ариқ-бӯқои бародари Ҳулогухон ба тахти хонӣ нишаст, аммо баъд аз ним соли ҳукумат ҷоҳталабони дигари муғулӣ қиём карда, Арпоғовун ва вазири ӯ Ғиёсуддинро ба қатл расонданд, дигаре ба тахт омад, ки ин ибтидои пошхӯрии императории зиёда аз 80-солаи Элхониён буд. Баъд аз марги Абусаъид гурӯҳҳое дар дарбори Элхониён барои қудрати сиёсиро ба даст гирифтан кӯшиш карданд, ниҳоят ҳар кадоми онҳо дар ҳар гӯшае аз қаламрави императории пошхӯрдаи Элхонӣ ҳукумати мустақиле ташкил карданд: Ҷалоириҳо соли 1340 ҳукумати худро ташкил карданд ва то соли 1410 дар Бағдоду Ироқи Араб пойдор монданд; Чӯпониён то соли 1359 дар Озарбойҷон ҳукумат карданд; Музаффариён. Муассиси ин хонадон амир Музаффар баъди марги Абусаъид дар Язду Кирмон ва баъдтар дар Форсу Исфаҳон мустақил шуд, ки ин давлат то соли 1395 вуҷуд дошт; Оли Инҷӯ соли 1342–1358 дар Форс мустақил буданд; Сарбадорон соли 1338 дар Сабзавор ба воситаи қиёми мардумӣ соҳибистиқлол шуда, то соли 1388 дар ҳамон ҷо ҳукумат карданд. Илова бар ин, як қатор давлату давлатчаҳои дигари ниммустақил, аз қабили Атобакони Форс, Атобакони Луристон, Атобакони Язд, Қарахитоиёни Кирмон ва Куртҳои Ҳирот, ки дар замони мавҷудияти Элхонҳои бузург вуҷуд доштанд, баъди инқирози ин давлат низ боқӣ монданд. Куртҳои Ҳирот (1245–1381) Аввалин давлати маҳаллӣ дар императории сангини муғул аст, ки бо дасти тоҷикон сохта шуд. Куртҳо сулолаи маҳаллии тоҷикони кӯҳистонии Ғуранд, ки бо номи Куртҳои Ҳирот маъруф гаштанд. Асосгузори ин хонадон Курт ном дошт. Эшон бо халқияти курдҳо ҳеҷ алоқамандие надоранд. Малик Сайиди Курт дар замони салтанати султонҳои Ғур вазифаи лашкаркаширо адо мекард. Набераи ӯ – Иззуддин Умари Марғанӣ дар замони султон Ғиёсуддин Муҳаммади Ғурӣ то мансаби «вазириву ноибии ӯ» расид, инчунин вилояти Ҳирот ба ӯ дода шуд. Иззуддин ҳукумати Ғурро ба бародараш – Тоҷуддини Марғанӣ дод ва баъд аз ӯ дар арафаи ҳуҷуми муғул баъзе аз минтақаҳои Ғур бо маркази идориашон – қалъаи Ҳайсор ба дасти Рукнуддини Марғанӣ гузаштанд. Чингиз ба вилояти Ғур наздик шуда, ба зебоиҳои қалъаи Ҳайсор мафтун шуда, онро вайрон накард, баръакс онро маркази идории Ғур ва ҳокими он — Рукнуддинро малики тамоми Ғур таъйин кард. Оли Курт ба воситаи хизмату итоаткорӣ ба сари қудрат расид, эшонро ҷуз аз мутеият чора набуд, дар акси ҳол таҷдиди давлатдории тоҷикон имкон надошт. Баъд аз Рукнуддин, соли 1245 наберааш Шамсуддини Курт бо фармони амири муғулии он минтақа – Тоҳирбаҳодур ҳукумати Ғурро ба даст гирифт. Ба Муғулистон, пеши Мунку-қоон рафта, дар ғалабаи ӯ бар душманонаш ҳиссаи намоён гузошт ва ба ивази хизматҳояш аз номи хони бузурги Муғулистон ҳукумати Ҳиротро ба даст овард. Мувофиқи ярлиғи Мунку-қоон доираи ҳукмронии малик Шамсуддин аз Ғур бадар рафта, тамоми ҳудуди имрӯзаи Афғонистон, қисмҳои ғарбии Покистони имрӯза то оби Синд ва сарҳадоти шарқии Эрони имрӯзаро дар бар мегирифт. Ҳирот пойтахти давлати ӯ қарор дода шуд. Ҳамин тавр, ба ғайр аз қисми Мовароуннаҳри сарзамини тоҷикон қариб аксарияти минтақаҳои дигари он ба ихтиёри Куртҳо дохил шуданд. Малик Шамсуддини Курт дар вазнинтарин шароити сиёсӣ тавонист, давлатдории тоҷиконро дар қалби Эронзамин бори дигар эҳё кунад ва ба воситаи ақли закӣ, маҳорати баланди сухандонӣ, шуҷоату далерӣ ва ниҳоят, ба воситаи сиёсатмадории нишонраси худ тавонист, на танҳо ярлиғи хоссаи қоони бузурги Муғулистонро, ки гирифтани он барои маҳаллиён ҳеҷ имкон надошт, ба даст биёрад, балки дар амал қисме аз сарзамини тоҷиконро дар як марказ муттаҳид созад. Баъд аз марги Шамсуддини Курт (1278) парокандагию бесарусомонӣ дар давлати Куртҳо падид омад. Рукнуддин (Шамсуддини Кеҳин) ибни Шамсуддин ҷойгузини падар шуд, аммо мисли ӯ ҳукумат карда натавонист. Ӯ бештари вақташро дар қалъаи Ҳайсор мегузаронид. Ибтидои солҳои 90-уми асри 13 яке аз писарони Шамсуддини Кеҳин – Фахруддин, ки бо сабаби норизоӣ аз сиёсати давлатдории корҳои падар зиндонӣ шуда буд, бо сарлашкари Элхонон – амир Наврӯз алоқа карда, ба воситаи ӯ аз банд раҳо ва бар тахти Ҳирот мустақил гашт. Бо талошу кӯшишҳои малик Фахруддин доираи ҳукмронии оли Курт дар ҳудуди қаблии давлати эшон қариб пурра барқарор карда шуд. Малик Фахруддин рӯз то рӯз тобеияташро ба хони бузурги Элхонӣ камтар мекард, ҳатто вақте ки соли 1304 Улҷойту ба тахти хонӣ нишаст, тамоми шоҳону ҳокимони давлатҳои дигар ва вилояту навоҳии дохилии мамлакат ба ғайр аз малик Фахруддин ба табрики ӯ рафтанд. Ӯ ҳатто элчӣ ва ё мактубе барои табрики Улҷойту нафиристод. Илова бар ин, малик Фахруддин номи Элхононро аз хутба афканда буд. Ин аввалин бор буд, ки аз ҳукмрони Курт номи элхонро аз хутба меафканд, яъне бар ин маънӣ, ки Куртҳо дигар тобеи Элхониён нестанд. Улҷойту дар ғазаб шуда, Донишмандбаҳодур ном сарлашкарашро бо 10 000 ҷанговар ба муҳосираи Ҳирот фиристод. Сарлашкари Куртҳо – Ҷамолуддин Муҳаммади Сом дар ибтидо ба хотири гирифтани роҳи хунрезии беҳуда ба назди Донишманд омад, вале Донишмандбаҳодур ба ӯ гуфт: «Эй тоҷики фузули муонид, ба чӣ далериву тамкин пеши ман наёмадӣ?!... Ту бо чанд тоҷики маҷҳул ба шавкати худ мағрур шудаӣ...» Чун мақсади Донишманд ба Муҳаммади Сом маълум шуд, фармуд дар як лаҳза ӯро бо ҳамроҳонаш ба қатл расонанд ва лашкариёнаш мунҳазим шуданд. Шикасти лашкари Элхониён дар Ҳирот хонро ба ташвиш овард. Лашкари дигаре иборат аз 30 000 савор омода намуд ва баъд аз 5 моҳ, январи соли 1307, бо роҳбарии Буҷой писари Донишманд ба ҷанги Ҳирот фиристод. 29 феврали 1307 Фахруддин даргузашт. Сокинони Ҳирот бо роҳбарии Муҳаммади Сом муддате бо муғулҳо мубориза бурданд, вале саранҷом аз муҳосираи тӯлонӣ талафоти бисёр дида, таслим шуданд. Шаҳри Ҳирот, ки бори дигар бо кӯшишҳои малик Фахруддин қомат афрохта буд, аз нав ба хок яксон гардид ва тамоми дороии мардум ба яғмо рафт. Малик Фахруддин бародари дигаре бо номи Ғиёсуддин дошт. Ғиёсуддин ҳангоми ҷангҳои бародар гурехта, назди Улҷойту паноҳ бурд. Соли 1307 Ғиёсуддин бо ярлиғи хон ба Ҳирот омад. Дар ярлиғ омада буд, ки «аз шатти Синд то ҳадди Омӯй» қаламрави малик Ғиёсуддин хоҳад буд. Ҳокимони муғулии Ҳирот бо сабаби он ки Ғиёсуддин аз хонадони оли Курт буд, ӯро рӯи дидан надоштанд. Давраи мустақилият ва аз миён рафтани давлати Куртҳо. Баъд аз марги малик Ғиёсуддин писараш Шамсуддин Муҳаммад, ки дар таърих бештар бо номи Шамсуддини III маълум аст, бар тахт нишаст, аммо майхорагии пайваста ӯро амон надод, ки бештар аз ду моҳ ҳукумат ронад. Дар ҳамон сол бародараш - малик Ҳофиз ба ҷои ӯ қоиммақом шуд, вале ӯ низ бесарусомонии дар дарбор ба вуҷудомадаро бартараф кардан натавонист. Сустии ҳукмронии ҳар ду бародар ба он оварда расонд, ки дар корҳои дарборӣ бештар ашрофи ғурӣ нуфуз пайдо карда, ҳатто ба фармонҳои малик аҳамият намедоданд, илова бар ин маликро маҷбур мекарданд, ки ба иродаи эшон амал кунад. Ба ҳамаи ин қонеъ нашуда, соли 1330 ӯро ба қатл расониданд. Баъди қатли малик Ҳофиз ғуриёни дарбор бо сарварии Солор Муиззуддин Ҳусайни Куртро, ки ҳанӯз кӯдак буд, ба тахт нишонда, аз номи ӯ ҳукм меронданд. Баъд аз он ки соли 1337 Туғотемур дар қисми хуросонии давлати пошхӯрдаи Элхонӣ хон эълон шуд, малик Муиззуддин Султонхотунро, ки духтари Туғотемурхон, ё хеши ӯ буд, «дар силки издивоҷ кашид ва асбоби салтанат мураттаб гардонид ва хутба ба номи хеш хонд». Ин санаи мустақил эълон шудани давлати Куртҳо буд, ки намояндагони ин хонадон дар роҳи ба даст овардани он қариб сад сол кӯшишҳо ба харҷ дода буданд. Бо вуҷуди ба даст овардани истиқлол малик риштаи дӯстиро бо элхон наканд, балки онро мустаҳкамтар намуд, чунончи ин равишро дар муборизаҳои малик алайҳи Сарбадорон ба хубӣ мушоҳида кардан мумкин аст. Рӯз то рӯз густариш ёфтани давлати Сарбадорон ва бадин сабаб нуфузи бештар пайдо намудани мазҳаби ташайюъ рӯҳониёни олирутбаи давлати оли Куртро беқарор кард. Агарчи малик Муиззуддин ба ин аҳамияте намедод, вале рӯҳониён ӯро дам ба дам бар он меангезиданд, ки пеши роҳи густариши Сарбадоронро гирад. Нахуст Сарбадоронро дар сарҳадҳои шимоли ғарбии кишвар ба пуррагӣ саркӯб карданд, бисёре аз навоҳии Кӯҳистону Бодгисро ба ҳайати давлати хеш ҳамроҳ намуданд. Шуҳрату қудрати Куртҳо ба ҳадде расид, ки ҳатто муносибати амир Темур ва амир Ҳусайн писари амир Қатаған бо Туғлуқтемур бад шуда, аз Мовароуннаҳр фирор карданд ва ба дарбори малик Муиззуддин паноҳ оварданд. Туғлуқтемур аз малик талаб кард, ки амир Ҳусайнро дар банд карда, ба назди ӯ фиристад. Малик амирро дастгир кард, вале назди хон нафиристод. Малик Муиззуддин баъди марги Абусаъид то охири давраи ҳукмрониаш (майи соли 1370) комилан мустақил буд, баъд аз беморӣ дар сиюнуҳумин соли ҳукмрониаш аз дунё чашм пӯшид. Пас аз марги Муиззуддин писараш Ғиёсуддин Пиръалӣ ба тахти Куртҳо нишаст. Давраи ҳукмронии ӯ ибтидои инқирози ҳукумати оли Курт буд. Кашмакашиҳои писарони Муиззуддин барои тахт нооромиро ба вуҷуд овард. Сарбадорон низ аз ин вазият истифода бурда, доираи ҳукмронии худро дар шарқ васеъ карданӣ шуданд. Соли 1380 Темур азми тасхири Хуросон кард ва бо лашкари гарон нахуст ба сарзамини Куртҳо ворид шуд. Вилояти Сарахс бидуни ҷанг ба Темур таслим шуда, баъди ҷанг дар Фушанҷ шаҳри Ҳирот муҳосира шуд. Муҳорибаи шадиде ба вуқӯъ пайваст, вале саранҷом моҳи майи соли 1381 ҳиравиён ба Темур таслим шуданд. Бо фармони Темур шаҳр ғорат ва ашёи гаронарзиши зиёд ба Кеш бурда шуд. Ҳамин тавр, охирин ҳукмрони оли Курт - Ғиёсуддин Пиръалӣ бо аҳли хонаводааш дар банди Темур афтод, эшонро ба Мовароуннаҳр бурда, аввал зиндонӣ ва баъди муддате қатл карданд. Баробари аз байн рафтани эшон давлатдории тоҷикон дар Хуросони Бузург муддати бештар аз 500 соли дигар қатъ гардид, ки натиҷаи саркӯбии пайвастаи бештар аз 400-солаи турку муғул буд. Сарбадорон (1337–1381) Яке аз охирин давлатҳои асримиёнагии тоҷикон аст. Дар яке аз рӯзҳои соли 1335 элчиёни муғулӣ ба хотири ҷамъ кардани хироҷ ва ё коре дигар ба деҳаи Боштин (Поштин)-и Байҳақ (аз тобеоти Хуросон) омаданд ва хонаи Ҳасану Ҳусайн ном бародаронро мақар гузиданд, шабе аз ин бародарон шаробу шоҳид хостанд, шароб оварда шуд, вале шоҳид (духтар) на. Чун элчиён (ба ривояте як ва ба ривояти дигар панҷ нафар буданд) маст шуданд, тамаъ дар аҳли он хона (ва ё деҳа) карданд, пас, ин бародарон аз шиддати нангу номус бархостанд ва онҳоро аз дами корд гузарониданд. Вазири Элхонон алайҳи бародарон ашхоси мусаллаҳ фиристод ва шӯру ошуб дар деҳа афтод. Мардуми он навоҳӣ муттафиқ бар он шуданд, ки дафъи зулм кунем, илло сари худро ба дор ихтиёр дорем ва лақаби «сарбадорӣ» пайдо шуд». Қиёми шӯришгарон дар Боштин тамоман ғайричашмдошт буд ва сарвари ҳақиқӣ бо халқи шӯрида ҳамдардро надошт. Абдураззоқ, сарвари шӯришгарон, бо амри тасодуф дар миёни мардуми қиёмкарда падид омад ва ба хотири ҳимояи молу ҷони худ аз ҳукуматдорони Элхонӣ, ки ба хазинаи ӯ хиёнат карда буданд, бо шӯришгарон пайваст ва роҳбари эшон шуд. Ҳанӯз дар ибтидои зуҳури сарбадориён Абдураззоқ бо сабаби ихтилофе аз дасти бародараш Ваҷеҳуддини Масъуд кушта шуд (соли 1337). Ваҷеҳуддини Масъуд ба ҷои ӯ ба тахти Сарбадория нишаст ва Сабзаворро забт намуда, онро пойтахти давлаташ эълом дошт ва баъди бо рӯҳонии маъруфи он вақт шайх Ҳасани Ҷӯрӣ якҷо шуданд, Нишопурро низ забт кард. Чун Элхониён шоҳид шуданд, ки иттиҳоди шайх Ҳасан ва Ваҷеҳуддин музаффариятҳои Сарбадоронро бештар намуд, дар пайи бадар кардани шайх аз он иттиҳод шуданд. Мактубҳову расулон фиристоданд, аммо шайх ба ҳукмрони Элхонӣ мактубе навишт ва дар он аз кору фаъолиятҳои худ хабар дод, мухтасари он чунин буд, ки аз сабаби зулми сахт мардум ба шайх Халифа рӯ оварда, дар шахсияти ӯ наҷотдиҳандаи худро медиданд ва гирди ман ҳам чун муриди ӯ будам, тарафдорони бисёр ҷамъ омаданд. Сарбадорон Сабзавору Нишопурро гирифта, алайҳи Элхониён лашкар кашиданд. Дар ин ҷанг Шайхалии Говун - бародари Туғотемурхони Элхонӣ ба қатл расид ва лашкари Элхониён пароканда шуд. Ғалабаи рӯзафзуни Сарбадорон на танҳо Элхониён, балки давлатҳои дигарро низ ба таҳлука андохт. Ягона давлате, ки метавонист бо Сарбадорон муқобала шавад, давлати Куртҳои Ҳирот буд. Вақте ки Туғотемурхон аз дасти Сарбадорон дар Хуросон шикаст хӯрда, роҳи гурезро пеш гирифт, малик Муиззуддини Курт назди ӯ кас фиристода талаб кард, ки лашкари парокандаро ҷамъ намуда, якҷоя бар зидди Сарбадорон мубориза бояд бурд. Сарбадорон фурсатро аз даст надода, ба хотири забт ва нобуд кардани малик Муиззуддин ба сӯи Ҳирот лашкар кашиданд. Ду лашкар дар Зова ном ҷое ба ҳам бархӯрданд. Дар ин ҷанг шайх Ҳасан аз тарафи Сарбадорон бо нишондоди амир Ваҷеҳуддин кушта шуд, бадин сабаб шикаставу пароканда гаштанд. Ҳанӯз ҳангоми бар ҳаёт будан миёни амир Ваҷеҳуддин ва шайх Ҳасан ихтилофоти ошкор нашуда буд. Тарафдорони Ваҷеҳуддинро «сарбадор» (ё «эътидолӣ» ва «миёнарав») ва тарафдорони шайх Ҳасанро «шайхиён» (ё «ифротӣ» ва «тундрав») ном буданд. «Сарбадорон» заминдорони хурду миёнаи хилофи ҳамагонӣ гардонидани молу сарват буданд ва «шайхиён» ҳунармандону деҳқонони бебизоат. Амир Ваҷеҳуддин дар давлати Сарбадория амири ягона ва бузургтар аз ҳама шинохта шудааст. Баъди маргаш даҳ тан аз гумоштагони ӯ ба ҳукумати олии Сарбадория расидаанд, аммо лақаби «амир»-ро надошта, ҳамчун ҷонишини Лутфуллоҳ ибни Ваҷеҳуддин дониста шудаанд. Баъди Ваҷеҳуддин чанде аз роҳбарони ин давлат то замони Хоҷа Шамсуддини Алӣ яке пайи ҳам ба ҳукумат расида, кушта мешуданд. Хоҷа Шамсуддини Алӣ дар давлати Сарбадория тартибу низоми сустшударо то андозае барқарор намуд ва шаҳри Домғонро, ки аз дасти Сарбадорон берун шуда буд, бори дигар тобеъ кард, аммо аз тарафи Ҳайдари Қассоб ном амалдори давлаташ ба қатл расонида шуд. Ба ҷои ӯ Хоҷа Яҳёи Каробӣ (ё Каровӣ), ки мададгори Ҳайдар шуда буд, бар тахти Сарбадория нишаст. Чун ҳукумати Хоҷа Яҳё рӯз то рӯз қавӣ шудан гирифт, ҳукмрони Элхониён — Туғотемурхон дар пайи он шуд, ки бо роҳи гуфтушунид ӯро ба худ моил созад. Хоҷа Яҳё дар Мозандарон ҳангоми мулоқоташ бо Туғотемурхон, бо баҳонаи он ки «сулҳ мекунем», бо дастаи сесаднафараи худ бар сари муғулон ногаҳон ҳамла оварда, Туғотемурхонро кушт. Бо ҳамин ҳукмронии муғулҳо дар сарзамини Эрон ба охир расид (декабри 1353). Баъд аз ин шаҳрҳои Астаробод, Бастом, Суманон ва навоҳии атроф зери тасарруфи Сарбадорон қарор гирифтанд. Хоҷа Яҳё аз дасти бародари занаш кушта шуд. Ҳайдари Қассоб ҷилави ҳукуматро ба даст гирифт, аммо худи ӯ низ баъд аз чаҳор моҳ аз дасти паҳлавон Ҳасани Домғонӣ кушта шуд ва охирӣ писари амир Ваҷеҳуддин - Лутфуллоҳро бар тахт нишонд, ӯ ҳам баъд аз як солу се моҳ кушта шуд ва худи Ҳасани Домғонӣ бар тахт нишаст. Чун ӯ ҳоли шайхону дарвешонро ба танг овард ва алайҳи эшон хусумат варзид, онҳо бо иттифоқи Хоҷа Алии Муайид ӯро ба қатл расонида, худ соҳибтахт шуданд. Хоҷа Алии Муайид соли 1365 бар тахт нишаст ва дар замони ӯ давлати Сарбадория аз нав қуввату вусъати тоза ёфт. Баъд аз он ки Темур Эронзаминро пурра ба худ тобеъ намуд, Алии Муайидро ҳамчун ҷонишини худ дар Сабзавор гумошт (соли 1381). Бо ҳамин давлати мустақили Сарбадорон аз байн рафт. Дар яке аз ҷангҳо, ки Алӣ бо Темур ҳамроҳ буд (1387), дар Луристон кушта шуд. Давлати Сарбадорон давлати мардумӣ буд. Қувваҳои мутаҳаррики онро косибон, деҳқонони камбизоат, шаҳриён ва уламои шиамазҳаб ташкил медоданд. Чун ин давлат сохтору табиати мардумӣ дошт ва пойдории он дар адами зулму истибдод буд, ғояҳои он ба гирду атроф паҳн мешуданд, ва халқи замони мадид зери зулму истибдод қарор дошта, дар чунин давлат зистанро орзу мекарданд. Ин буд, ки дар манотиқе, чун Кирмону Самарқанду Мозандарон барои сохтани чунин ҷамъият кӯшиш карда шуд. Солҳои 1374–1375 дар Кирмон паҳлавон Асад бар зидди ҳукмрони маҳаллӣ бархоста, муддати 9 моҳ шаҳрро дар даст дошт, қариб кулли сарватмандони бузург ва амалдоронро ғорату тороҷ ва иддаеро қатл карданд. Ҳатто Хоҷа Алии Муайид барои дастгирии эшон лашкар фиристод, вале Шоҳшуҷоъ эшонро шикаст дод. Асад кушта шуд, бо ҳамин шӯриш ва амали эшон мунҳадим гашт. Дар Самарқанд вазъ куллан дигар буд. Дар ин ҷо мардум на алайҳи ҳукмрони худ, балки баҳри мудофиаи шаҳри худ бар зидди душмани хориҷӣ бархостанд. Илёсхоҷаи муғул ба Самарқанд ҳуҷум кард, ҳокимони шаҳр Темур ва Ҳусайн шаҳрро партофта ба Хуросон гурехтанд. Халқ бо роҳбарии Мавлонозода, Мавлоно Хурдак ва Калави Наддоф, ки аз пайравони Сарбадорон буданд, аз шаҳр дифоъ карда, душманро ба он ворид шудан нагузоштанд. Душман дид, ки кор саъб аст, тарки ҳаволии Самарқанд кард. Темур ва Ҳусайн ин ҳолро мушоҳида карданд, бо фиребу найранг боз ба шаҳр баргашта, ба ғайр аз Мавлонозода дигар ҳама роҳбарони мудофиаро ба қатл расонданд. Зери ғояҳои Сарбадорон ба ин монанд ҳодисаҳо дар Мозандарону Гелон ва дигар навоҳӣ низ (соли 1366) рух доданд. Музаффариён (1331–1395) Музаффариён хонадони дигари тоҷикиянд, ки дар вилоятҳои Язду Кирмон, Форс ва Исфаҳону Ироқ ҳукумат карданд. Аслу насаби эшон аз Хофи Хуросон аст. Бобои эшон - Ғиёсуддини Хоҷӣ бар асари ҳамлаи аввали муғулҳо аз Хуросон фирор намуда, ба Язд омад ва дар он шаҳр ватан ихтиёр кард. Ғиёсуддинро се писар буд – Абубакр, Муҳаммад ва Мансур. Абубакру Муҳаммад ҳангоми лашкаркашии Ҳулогу дар хидмати атобаки Язд - Алоуддин буданд ва аз тарафи ӯ ба кӯмаки Ҳулогу рафта, дар тасхири шаҳри Бағдод иштирок карданд. Набераи ӯ Музаффар аз ҷониби атобаки Язд ҳокими Майбуд таъйин ва ба амир Шарафуддин мулаққаб гашт. Музаффар дар давлати Элхониён то замони Улҷойту-султон роҳдории вилоятҳои байни Кирмоншоҳу Луристон то Марву Ҳирот ва ҳукумати Майбудро дар ихтиёр дошт. Моҳи марти соли 1314 Музаффар аз дунё гузашт ва писари 13-солааш Муборизуддин Муҳаммад мақоми ӯро соҳиб шуд. Соли 1318 атобаки Язд - Ҳоҷишоҳ бо амалдорони дигари Элхонӣ ихтилоф кард ва аз тарафи элхон Муборизуддин ба дафъи ӯ фиристода шуд, то ғолиб омад ва аз ин таърих ҳукумати Язд ба ихтиёри Муборизуддин гузошта шуд. Соли 1340 амир Пирҳусайни Чӯпонӣ ҳукумати Кирмонро низ дар ихтиёри Муборизуддин дод. Чун доираи қаламрави Оли Музаффар то шаҳри Бам, ки соли 1342 забт шуда буд, вусъат ёфт, Пирҳусайни Чӯпонӣ аз густариши минбаъдаи ӯ бим карда, ӯро ба Шероз даъват намуд, аммо ҷавоби рад гирифт. Ин аввалин сарпечии ҳукмрони Музаффарӣ аз ҳукумати Элхонӣ буд. Соли 1353 Муборизуддин ҳамроҳи писараш - Шоҳшуҷоъ ба сӯи Шероз лашкар кашида, баъди шаш моҳи муҳосира онро зери тасарруф даровард. Муборизуддин Шоҳшуҷоъро ба ҳукумати Кирмон фиристод, Шерозро қароргоҳи худ гузида, мақарр сохт ва соли дигар Исфаҳонро низ тобеи худ кард. Минбаъд доираи ҳукмронии Оли Музаффар хеле васеъ шуда, тамоми ҳудуди байни Даштҳои Луту Кавир то соҳилҳои Халиҷи Форсро дар бар гирифт. Амир Муборизуддин бо мақсади тобеъ кардани Озарбойҷон ба Табрез лашкар кашид. Баъди ғалаба Муборизуддин ҳукумати он вилоятро ба наберааш - Шоҳяҳё дод, ки сабаби ихтилоф миёни писарон - Шоҳшуҷоъ ва Шоҳмаҳмуд бо падарашон Муборизуддин шуд. Писарони Муборизуддин бо ҳокими Исфаҳон - Шоҳсултон забон як намуда, падарашонро ҳангоми аз Табрез ба Исфаҳон омадан (августи соли 1358) мил кашида, зиндон карданд. Ӯ соли 1364 дар маҳбас аз дунё гузашт. Амир Муборизуддин - муассиси давлати Оли Музаффар дар муддати 40 соли ҳукмрониаш ба воситаи кордонию истеъдод тавонист, ки ҳукумати кӯчаки падару амакҳои худро дар Майбуд вусъат бахшад ва оҳиста-оҳиста кулли вилоятҳои ҷанубии Эрони имрӯзаро дар як марказ муттаҳид созад, ки баъдан бо номи падари ӯ - Музаффар, яъне давлати Музаффариён машҳур шуд. Баъд аз Муборизуддин писари калонии ӯ Ҷалолуддин Шоҳшуҷоъ ба тахти оли Музаффар (солҳои 1359–1384) нишаст. Ӯ ҳукумати Кирмонро ба бародараш Имодуддин Аҳмад ва Ироқи Аҷаму Абарқуро ба бародари дигараш Шоҳмаҳмуд дод. Шоҳшуҷоъ ба азми забти Озарбойҷон лашкар кашида, шаҳру навоҳии бисёри сари роҳашро, аз қабили Рай, Қазвин ва ғайра баъзеро бо ҷанг ва бархеро бе ҷанг тасарруф намуда, баъдан пойтахти Озарбойҷон - шаҳри Табрезро гирифт. Шоҳшуҷоъ дар миёни ҳукмронони оли Музаффар яке аз шахсиятҳои маъруф ба шумор мерафт. Ӯро дар таърих ҳамчун подшоҳи фозилу илмдӯст ва донандаи хуби шеъри форсию арабӣ низ шинохтаанд. Шеъри форсӣ дар аҳди ӯ ривоҷ ёфт. Ҳофизи Шерозӣ ва Умод Фақеҳи Кирмонӣ барин шоирону донишмандони оламгир аз мамдӯҳони ӯ буданд. Шоҳшуҷоъ дар охири умр айшу нӯшро ба ифрот расонид. Бар асари истеъмоли барзиёди машрубот 9 октябри соли 1385 дар синни 53-солагӣ (25 соли давраи салтанаташ) дунёро падруд гуфт. Бино бар васияти Шоҳшуҷоъ бар тахти оли Музаффар писараш - Зайналобидин (1384–1388) нишаст, вале аз тарафи дигар намояндагони олимақоми ин хонадон мавриди мухолифат қарор гирифт. Дар чунин ҳолат соли 1387 Амир Темур ба он минтақа наздик шуд ва намояндагони худро назди Зайналобидин фиристод, то охирӣ давлати оли Музаффарро ба Темур таслим кунад. Ин таклиф на танҳо қабул нашуд, балки Зайналобидин фиристодагони Темурро иҷозати муроҷиат надод. Темур дар ғазаб шуда, ба сӯи Шероз лашкар кашид. Зайналобидин ба сӯи Бағдод гурехт, дар роҳ хост, ки аз Шоҳмансур - ҳокими музаффарии Шуштар кӯмак гирад, вале охирӣ ӯро аз роҳи фиреб ба дом оварда, ҳабс кард. Музаффаруддини Қошӣ — ҳокими яке аз бузургтарин вилоятҳои давлати Музаффарӣ — Исфаҳон ба Темур таслим шуд ва шаҳрро ба ихтиёри онон гузошт. Чун дар Мовароуннаҳр нооромиҳо сар зад, Темур маҷбур шуд, ки давлати ниматасарруфшудаи оли Музаффарро миёни дастнишондаҳои худ тақсим намуда, ба хотири наҷоти тахтгоҳи худ ба Мовароуннаҳр шитобад. Дар пайи муборизаҳои дохилӣ намояндаи дигари Музаффариён — Шоҳмансур ба пурқувваттарин ҳукмрони оли Музаффар табдил ёфт. Баъд аз нобарориҳо дар муттаҳид кардани ҳукмронони Музаффарӣ, Шоҳмансурро ноумедиҳо домангир шуда, ҳатто рӯ ба шароб овард ва нӯшидани онро ба ифрот расонид. Дар чунин ҳолат амир Темур бори дуввум ба давлати оли Музаффар лашкар кашид. Дар ҷанги шадиди миёни тарафайн Шоҳмансур кушта шуд ва пас аз он дигар намояндагони олирутбаи ин хонадон аз тамоми гӯшаву канори мамлакаташон ҷамъ шуда, барои итоат ба назди Темур омаданд. Темур эшонро дар банд кард, магар султон Зайналобидин ва султон Шиблӣ — писарони Шоҳшуҷоъ, ки бо дасти ҳукмронони хонадони худӣ кӯр шуда буданд. Он дуро ба ҷон амон дод ва ба Самарқанд фиристод, боқии аҳли хонадони оли Музаффарро, ки дар маҷмӯъ 72 нафар буданд, бо фармони ӯ охири моҳи майи соли 1393 ба қатл расониданд. Бо ҳамин яке аз охирин давлатҳои асримиёнагии тоҷикон аз байн рафт ва дар ҳудуди давлати эшон замони ҳукумати Темур оғоз шуд. Адабиёт Иқбол Аббос. Таърихи муфассали Эрон. Ҷилди 1. Аз ҳамлаи Чингиз то ташкили давлати Темур. Теҳрон, 1333 ҳиҷрӣ / 1962. Бартольд В. В. Туркестан в эпоху монгольских нашествий // Сочинения. Том 1. Москва, 1963. Ғафуров Б. Ғ. Таджики. Древнейшая, древняя и средневековая история. Москва, 1972. Давлатдории тоҷикон дар асрҳои IX–XIV. Порчаҳо аз «Равзат-ус-сафо» ва дигар кутуб. Мураттиб ва муҳаққиқ Нурмуҳаммади Амиршоҳӣ. 1999. История таджикского народа. Том III. XI–XV века. Период развития феодального общества. Под общей редакцией академика Р. М. Масова. 2013. Н. Амиршоҳӣ, Н. Сафаров. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 243–249.

0

Вазъи умумии минтақаи Шарқи Миёна ва Муғулистон дар арафаи ҳодисаи муғул. Сабабҳои ҳуҷуми муғулон ба Эронзамин

Дар арафаи зуҳури чингизиён аксари Эронзамин аз тарафи Хоразмшоҳиён идора карда мешуд. Вазъи сиёсӣ дар дохили дарбори Хоразмшоҳиён торафт парешону ноустувортар мешуд. Ин дарҳам-барҳамии дарборро ба эътибор гирифта, ҳокимони маҳаллӣ низ дар иҷроиши фармонҳои давлати марказӣ хунукназарӣ мекарданд. Дар авоили асри 13 муғулҳо ҳудуди бузурги ҷуғрофӣ аз Байкалу Амур дар шарқ то болооби Иртишу Енисей дар ғарб ва аз Девори Бузурги Чин дар ҷануб то сарҳадҳои Сибири Ҷанубӣ дар шимолро дар ихтиёр доштанд. Онҳо ҳолати ибтидоии ташаккули сохти феодалиро паси сар мекарданд ва асосан ба чорводорию шикор машғул буданд. Соли 1206, дар соҳили рӯди Онон маҷлиси бузурги қабилаҳои муғул (курултой, хурал ё хуралдан) Темучинро хони бузурги тамоми Муғулистон интихоб кард ва ба ӯ номи Чингизхонро дод. Ҳамин тавр, раванди ташкилшавии давлати муғул ба анҷом расид. Соли 1207 қабилаҳои «чангалнишин»-и соҳилҳои дарёи Енисей ва соли 1209 кишвари уйғурҳо дар Туркистони Шарқӣ ба тобеияти Чингиз даромаданд. Соли 1211 бо сарварии Чингизхон ба сӯи кишвари паҳновари Чин лашкаркашӣ оғоз шуд ва то соли 1215 аксарияти ҳудуди ин сарзамин ба ихтиёри ӯ гузашт. То соли 1219 Ҳафтрӯд ва Туркистони Шарқӣ, ки қаламрави давлати Қарахитоиён маҳсуб мешуданд, қариб ки бидуни муқовимат ба чингизиён таслим шуданд. Чингиз мехост ба воситаи забти мамлакатҳои ғании ғарб ва ба даст овардани сарвати фаровон, аз ҷумлаи молу чиз ва чарогоҳҳои нави серҳосил талаботи ашрофи саҳрогардро қонеъ кунад ва барои амалӣ кардани ин мақсад баҳонаҳо меҷуст. Баҳонаи ҳуҷум ба давлати Хоразмшоҳиён бо ибораи «фоҷиаи Утрор» машҳур аст. Қаблан миёни тоҷирони муғулу хоразмшоҳӣ муносибатҳои тиҷоратӣ сурат гирифта, дафъаи охир Чингизхон ҳайати тиҷоратии мамлакаташро бо теъдоди 450 нафар ҷониби Хоразм фиристод. Ҳайати тиҷоратӣ дар шаҳри Утрор – яке аз шаҳрҳои сарҳаддии Хоразмшоҳиён аз тарафи ҳокими он Илоҷиқ (Ғоирхон) бо баҳонаи даст доштан дар ҷосусӣ, дастгир ва бо фармони султон Муҳаммад қатл карда шуданд. Чингиз намояндаашро назди султон фиристод, то гунаҳқори ин фоҷиа – ҳокими Утрор, Ғоирхонро ба ӯ супорад. Султон як фиристодаи ӯро кушта, ду нафари дигарро бо ришҳои таҳқиромез тарошида шуда назди хон бозпас фиристод. Ҳуҷуми муғулҳо ба Мовароуннаҳр ва забти он ба дасти Чингизхон Ҷанги Утрор Сентябри соли 1219 Чингизхон бо лашкари гарон ба аввалин шаҳри Хоразмшоҳиён Утрор лашкар кашид. Шаҳри Утрорро бо вуҷуди бурҷу борӯ ва деворҳои истеҳкомии мустаҳкам доштанаш зиёда аз 60 000 нафар лашкариёни хоразмшоҳӣ муҳофизат мекарданд. Чингизхон лашкари худро ба се самт тақсим намуд: як гурӯҳро бо роҳбарии писаронаш Чағатой ва Ӯқтой барои муҳосираи Утрор монд, азимтарин қисми лашкарро бо ҳамроҳии писари дигараш Тулуйхон барои гирифтани Бухоро ба ихтиёри худ гузашт, гурӯҳи сеюмро бо роҳбарии Ҷӯҷихон ба сӯи Ҷанд ва аз ҷумлаи лашкариёни худ 5000 касро бо роҳбарии Олоқ-нуйон барои забти Банокату Хуҷанд фиристод. Новобаста аз он ки муғулҳо муддати 10–15 соли ҷангҳои пайвастаашон таҷрибаи хуби ҳарбӣ андӯхта буданд, шаҳри Утрорро ба осонӣ гирифта натавонистанд, муддати шаш моҳи муҳосираи шаҳр ҷангҳои сахт бурданд, мардуми шаҳр ба сутуҳ омад, иддае аз лашкаркашон хиёнату саркашӣ карда, ба душман таслим шуданд. Муғулҳо ба шаҳр даромада, мардуми бисёрро қатл карда, Ғоирхонро асир гирифтанд. Пас аз ба осонӣ забт намудани Туркистони Қарахитоиён бори аввал буд, ки муғулҳо ба чунин муҳорибаи сахт ва талафоти лашкарӣ рӯбарӯ мешуданд. Забти Бухоро Чингизхон зимни ҳаракат сӯи Бухоро аввал ба Зарнук расид ва он мавзеъро бо роҳи гуфтушунид забт кард. Сипас ба шаҳри Нур (Нуратои ҳозира) омад, онро низ ба роҳи сулҳ гирифт, аммо ба аҳолии шаҳри Нур фармон шуд, ки аз шаҳр бадар раванд, то лашкари муғул ба шаҳр дарояд ва ғорат кунад. Муғулҳо моҳи марти соли 1220 ба Бухоро расиданд. Шаҳрро аз 12 000 то 20 000 нафар сипоҳӣ ҳимоят мекарданд, ки дар муқобили лашкари аз 100 000 нафараи муғул беш аз як шабонарӯз муқобилат карда натавонистанд. Оқибат мардум дарвозаи шаҳрро кушоданд ва лашкари муғул ба ғорату тороҷ пардохт. Баъд аз ин кулли мардуми Бухороро ба саҳро ронда, аз миёни эшон лашкари анбӯҳи ҳашарӣ тартиб доданд ва ҳамроҳи худ ба Самарқанд бурданд. Забти Самарқанд Дар Наврӯзи соли 1220 муғулҳо ба Самарқанд наздик шуданд. Хоразмшоҳ 110 ҳазор сипоҳиро дар Самарқанд гузошта буд; илова бар ин, даҳҳо ҳазор муҳофизони ихтиёрӣ аз ҷумлаи бошандагони маҳаллӣ бо лашкариён ҳамроҳ шуданд. Чингизхон кулли лашкариёнашро аз атрофи Туркистону Мовароуннаҳр муҷтамеъ сохта, Самарқандро ба муҳосира гирифт. Дар ин асно қозӣ ва шайхулислом бо гурӯҳе ба хизмати Чингизхон рафтанд, дарвозаи Намозгоҳ кушода ва лашкари бешумори муғул тамоми мардону занони Самарқандро, ба ҷуз атбои қозиву шайхулислом, берун аз шаҳр ронда, бар одати доимӣ ба ғорату тороҷ машғул шуданд. Ин амали зишти пешвоёни исломи шаҳр, дар асл хиёнате буд, ки бар аксарияти мардуми Самарқанд раво дида шуд. Ин «подош»-и Чингиз ба пешвоёни ислом минбаъд барои сарварони рӯҳонии шаҳрҳои дигар дастуре шуд, ки барои ҳифзи ҷону моли худ (албатта на ҳамаашон) шаҳрҳоро ба душман «туҳфа» мекарданд. Фалокат дар Хуҷанд. Шуҷоати Темурмалик Муғулҳо Банокатро баъди се рӯзи ҳарбу зарби шадид забт карда омаданд. Ҳокими он диёр Темурмалик дар миёни рӯди Хуҷанд ҳисоре сохта, бо ҳазор марди майдон омодаи разму пайкор шуд. Яъне ҷанги муғул бо муҳофизин баъд аз забти шаҳри Хуҷанд, дар яке аз ҷазираҳои дарёи Сир оғоз шуд, ки он мавзеъ аз шаҳр дар масофаи зиёдтар аз 1 километр ҷойгир буд. Чун тиру манҷаниқ он ҷо намерасид, муғулҳо аз Хуҷанд, Утрор, Бухорою Самарқанд ва дигар манотиқи тобеъшуда 50 ҳазор асири ҷангӣ ва 20 ҳазор лашкари худро ба забти қалъаи Темурмалик сафарбар карданд. Қаҳрамонии Темурмалик ва ҳамроҳонаш беандоза бузург буд, ҳеҷ касро бовар намеояд, ки чӣ тавр лашкаре иборат аз 1000 нафар бо 20 000 лашкари мусаллаҳ ва 50 000 марди ёридиҳандаи онҳо муқобилият нишон дода тавонист ва ҳатто аз муҳосираи онон берун омад. Хуллас, Темурмалик, ҷангкунон бо лашкари муғул, ки аз ду тарафи об ӯро таъқиб мекарданд, то Банокат расид. Душман хост, ки ба воситаи занҷир пеши роҳи киштиҳоро гирад, вале Темурмалик занҷирро бо табар шикаста, пеш рафт ва то ба навоҳии Ҷанд, ки Ҷӯҷӣ бо лашкари бузург он ҷо буд, расид. Чун кори Темурмалик ба ниҳояти хатар омад, дар яке аз мавзеъҳои Борчиликкент пиёда шуда, ҷангро дар танҳоӣ давом дод. Аксарияти ҳамроҳонаш кушта шуданд, ӯро ба ҷуз бо се тири шикаста бепайкон силоҳе намонд, се муғул ӯро таъқиб карданд. Ба як тири бепайкон, чашми як муғулро кӯр кард ва он дуи дигар аз ӯ бозгаштанд. Чун ба Хоразм расид, он ҷо салоҳи иқомат надид, аз ақиби султон (Ҷалолуддин) равон шуд, ба ӯ пайваст ва ҳамроҳи ӯ дар мубориза буд. Темурмалик боз чандин соли дигар алайҳи муғулҳо ҷангҳои қаҳрамонона кард, аммо дар Хуҷанд ва ноҳияҳои дигар муғул пурра ҳукмрон гардид. Чингизхон пас аз забти Самарқанд Тирмиз, Кангурт ва Сомонро забт карда, лашкарашро ба вилояти Бадахшон фиристод, то лашкариён он сарзаминро аз хуни куштагон ранги ёқути румонӣ ва лаъли бадахшонӣ доданд. Ҳамин тавр, Чингизхон то охири соли 1220, тӯли каме бештар аз як сол қариб кулли Мовароуннаҳрро ишғол, бузургтарин шаҳрҳои минтақаро ба харобозор табдил дод. Ҳамчунин ҳадаф дошт, ки пойтахти Хоразмшоҳиён — шаҳри Ҷурҷонияро, ки туркон онро Урганҷ меномиданд, ба даст биёварад. Хароб шудани пойтахти Хоразмшоҳиён шаҳри Урганҷ Ибтидои соли 1221 лашкари муғул аз тарафи Бухоро бо роҳбарии Угедей ва Чағатой ва аз тарафи Ҷанд бо роҳбарияти Ҷӯҷӣ дар назди деворҳои шаҳри Урганҷ (Ҷурҷония) пайдо шуданд. Истеҳкомоти шаҳр хеле қавӣ буд ва он яке аз аввалин шаҳрҳои муҳосирашуда буд, ки аҳли рӯҳоният дар ишғоли он хиёнат накард, балки дар сафи пеши мубориза истод. Яке аз бузургтарин мутафаккирони аср ва пешвои яке аз мактабҳои машҳуртарини тасаввуф Наҷмуддини Кубро дар ин шаҳр мезист. Муғулҳо ба ӯ пешниҳод карданд, ки муридону наздикони худро гирифта, аз шаҳр берун барояд, то аз қатлу ғорати эшон дар амон бошад. Шайх гуфт: «Чӣ гуна раво бувад, ки бо тойифае, ки дар эътиқод иттиҳоде бошад, дар ҳолати амну сукун ва оромиш аз ёрони мувофиқу дӯстии содиқи эшон буда бошам ва вақти дарду бало ва нузули қазо эшонро дар вартаи балову ано бигузорам ва худ халосу наҷот талабам, муруввати ман ба хуруҷ аз шаҳр рухсат намедиҳад». Ин садоқати шайх ба мардум дар муттаҳид кардани онон дар мубориза алайҳи душман сахт ба кор омад. Ҳатто вақте ки яке аз саркардаҳои шаҳр бо номи Хумортегин ба тарафи муғулҳо гузашт ва шаҳрро тирборон карда буданд, халқ рӯҳшикаста нашуд. Чун муҳосира бештар аз панҷ моҳ имтидод ёфт, ноилоҷ худи Чингизхон ба он дахолат кард ва бори дигар кори муҳосираро фаъол намуд. Ниҳоят худи шайх Наҷмуддини Кубро вориди майдони ҷанг бо муғулҳо шуда, кушта гардид. Муғулҳо шаҳрро гирифта мардуми онро қатл ва қисмеро асир карданд. Хунхориҳои муғулон дар Хуросон Агар ҳангоми дар Мовароуннаҳр будани душман султон ба баъзе шаҳрҳои муқобилаткунанда лашкар фиристода бошад, барои шаҳрҳои Хуросон ин корро ё кардан натавонист, ё нахост бикунад; аз ин рӯ ҳар шаҳру ноҳияи ин минтақаро лозим омад, ки ба худмудофиакунӣ гузаранд. Худи султон Муҳаммад бо баҳонаи он ки «аз Ироқ лашкари ҷаррор меорам», рӯ ба сӯи кишвараш оварда, фирор кард ва ниҳоят, ба яке аз ҷазираҳои баҳри Хазар паноҳ бурда, дар он ҷо ҳалок шуд (декабри соли 1220). Барои дафни ӯ ҳатто кафан наёфта, маҷбур шуданд, ки дар куртаи яке аз ҳамроҳонаш ӯро ба хок супоранд. Забти шаҳри Балх — модари шаҳрҳои тоҷикон Чингиз аввалҳои соли 1221 аз ҳудуди Тирмиз ба сӯи Балх лашкар кашид. Ҳанӯз муғулҳо ба шаҳр нарасида, як гурӯҳи калони бузургони шаҳр ба истиқболи Чингиз берун рафтанд ва аз ӯ талаби амони шаҳр ва мардуми Балхро карданд. Чингиз розӣ шуд, аммо вақте ки лашкари хунхори муғул ба шаҳр даромад, бо фармони Чингиз аксарияти мардум кушта шуда, боқии шаҳр ба коми оташ рафт. Сайёҳони аврупоиву араб ба мисли Марко Поло ва Ибни Баттута, ки яке баъди 50 сол ва дигаре баъди 100 сол аз Балх гузашта буданд, онро хоктудае беш муаррифӣ накардаанд. Яъне, зарбаи ҳалокатбори муғул «модари шаҳрҳои Хуросон»-ро ончунон кушт, ки дигар он шаҳр мисли пешина эҳё нашуд. Забти Марв Пас аз забти Балх Чингизхон бо лашкари гарон ба ҳаволии Толиқони Хуросон расид ва аз лашкариён 80 000 нафар яккачин намуда, ба ихтиёри писараш Тӯлуйхон супурд ва ба қавли Сайфии Ҳиравӣ ба ӯ гуфт: «Туро ба Хуросон мефиристам, то билоду диёри мусулмононро бигирӣ... Ва зинҳор, ки бедору ҳушёр бошӣ ва бар тоҷикон эътимод накунӣ, хосса бар хуросониён, ки дар ақолими ҷаҳон ба далериву кин хостан ва шабравию камин сохтан бар сар омадаанд... Ва халқи ҳар шаҳр, ки бар хилофи ҳукми олии мо раванд..., чун он шаҳр забт шавад, аз баччаи гаҳвора то пири садсоларо ба қатл расонед!». Тӯлуйхон нахуст деҳоти атрофро забт карда, 15 рӯз Нисоро муҳосира карда, навоҳии Абеварду Сарахсро ба воситаи сулҳ тасарруф намуд. Марв аз ҷумлаи бузургтарин шаҳрҳои шарқи исломӣ маҳсуб мешуд. Феврал ё марти соли 1221 Тӯлуйхон ба шаҳри Марв расид ва ба қавле 20 рӯз ва ба гуфтаи дигар ҳафт рӯз ҷангҳои шадид карданд. Чун ҳокими шаҳр донист, ки дигар тоқати муқовимати душман надорад, шаҳрро ба муғул таслим намуд ва онон вориди шаҳр шуда, ба қатлу ғорат ва асир кардани аҳолӣ пардохтанд. Ҳамин тавр, яке аз шаҳрҳои дигари бузургтарини машриқзамин мунҳадим шуд. На танҳо он шаҳр, балки аҳолии маҳаллӣ — тоҷикон низ саросар қир шуда, аз он вақт ин макони шариф манзили ҳамешагии саҳрогардони турку муғул қарор гирифт ва нуфузи тоҷик дар он ҷо дигар чун пештара барқарор нашуд. Тасхир ва маҳви шаҳри Нишопур Бори аввал, ҳангоми таъқиби султон, ки муғул аз назди Нишопур мегузашт, чун шаҳр истеҳкомоти кофӣ надошт, Муҷирумулк — ҳокими шаҳр бо муғул мадоро кард ва шаҳнае ҳам аз онон қабул намуд, аммо шаҳриён шаҳнаи муғулиро куштанд. Баъдан домоди Чингизхон — Тӯғорчор шаҳри Тӯс ва қалъаи онро ба хок яксон карда, бо 10 000 савор ба шаҳри Нишопур тохт. Муғулҳо се рӯз ҷангида, сарвари худ — Тӯғорчорро аз даст доданд ва то расидани Тӯлуйхон ҷангро қатъ карда, ба сӯи Сабзавор рафтанд. Дар Сабзавор ҷанги шадиде ба вуқӯъ пайваст, дар ниҳоят шаҳриён шикаст хӯрданд. Баҳори соли 1221 Тӯлуйхон тамоми атрофу акнофи минтақаи Нишопурро ишғол кард. Мардуми Нишопур қозӣ Рукнуддин ал-Муғирро ба назди Тӯлуй фиристоданд, Тӯлуй, ки қасди кушта шудани Тӯғорчорро аз нишопуриён гирифтанӣ буд, сулҳхоҳии қозиро мақбул надошт ва 7 апрели соли 1221 ба ҷанги шаҳр оғоз кард. Ҷангҳои шадид 4 рӯз давом карданд. Агарчи баъдҳо иддае аз мардумон ҷамъ омада, дар вайронаҳои шаҳр маскун шуданд, вале он дигар мисли пештара обод нашуд. Забти Ҳирот Ҳирот — яке аз қадимтарин шаҳрҳои бузурги тоҷикон, дар он ҳангом хеле обод буд. Тӯлуйхон дар муқобили ин шаҳр урдугоҳ зад ва Занбӯр ном шахсро ҳамчун сафир пеши Шамсуддин фиристод ва аз ӯ талаби таслим шудан кард. Малик Шамсуддин бо сабаби доштани неруи бузурги ҳарбӣ бо муғулҳо ҷанг эълон кард. Ҷанг ҳафт шабонарӯз давом дошт. Малик рӯзи ҳаштум бо як фавҷи бузурги муборизон аз шаҳр берун омад ва чунон ҳарб барпо кард, ки қариб 5000 кас аз ҷониби ду тараф ба қатл расида, худи ӯ ҳам ба захми тире кушта шуд. Тӯлуй бо истифода аз вазъияти ба амал омада, ба ҳиравиён фавран сулҳ пешниҳод кард. Иддае аз ашрофу рӯҳониён розӣ шуда, дарвозаҳоро ба рӯи душман кушоданд. Тӯлуйхон бар хилофи ваъдааш 12 000 ҳиравиро бо баҳонаи тарафдорони Ҷалолуддини Хоразмшоҳ буданашон, ба қатл расонд. Дар ин вақт падараш ӯро барои кӯмак ба Толиқон даъват кард, ӯ кушторро бас намуда, роҳи Толиқонро пеш гирифт. Ин муҳосира ва шикасту тасарруфи нахустини Ҳирот буд, ки баҳори соли 1221 ба вуқӯъ пайваст. Толиқон баъд аз муҳосираи даҳмоҳа забт шуд. Ҷанги Парвон ва оқибати он Баъди ба дасти муғул гузаштани аксарияти вилоятҳои шимолии Хуросон, тамоми қувваҳои фирорӣ дар Ғазна ҷамъ шуданд, ки шумораашон тақрибан 100 000 нафар буд. Ҷалолуддин ба қисми шимолии Кобул, ба мавзеъи Парвон ҳаракат намуд ва он ҷо аскархона сохт. Чингиз қисме аз лашкари худро, ки шумораашон ҳудуди аз 30 000 то 45 000 нафар буд, зери роҳбарии Файқӯ-нуйон ба ҷанги Ҷалолуддин, ба сӯи Парвон фиристода, худ аз қафои онҳо равон гардид. Ҷанги шадиде дар ин мавзеъҳо оғоз шуд. Муғулҳо чунин муқобалаи сахти низомиро бо қурбонии зиёд чашмдор набуданд. Файқӯ-нуйон бо шумораи ками сипоҳиёнаш, ки ҷон ба саломат бурданд, гурехта ба қароргоҳи Чингиз омаданд. Ин аввалин ва бузургтарин шикасти муғулҳо ҳангоми вурудашон ба Эронзамин буд. Баъди ин ғалаба байни Аминулмулк ва Аъзаммалик (сарвари Ғуриҳо) бар сари ғаниматҳо ихтилоф сар зад, ки боиси эҷоди душманӣ ва пароканда шудани лашкари фароҳамшуда гардид. Чун ин хабар ба Чингиз расид, дарҳол бо лашкари гарон ба сӯи Парвон равон шуд. Хароб шудани Бомиён ба дасти чингизиён Бомиён яке аз се маркази бузургтарин буд, ки аз ҷониби салтанати Ғуриён роҳбарӣ мешуд. Аз Бомиён тамоми минтақаи шимоли шарқии қаламрави Ғуриён, аз Тахористон гирифта Бадахшону Вахшу Чағониён ва Ҳисору Хатлону дигар навоҳии он ҷониб идора карда мешуд. Дар ибтидо Чингиз мардуми Бомиёнро ба таслим шудан даъват кард, вале ҷавоби рад гирифт, ҷангҳои шадид шурӯъ шуданд. Ҳангоми задухӯрдҳо писари Чағатой – набераи Чингизхон ба қатл расонида шуд. Дар он лаҳзаҳо лашкари торуморшудаи Файқӯ аз Парвон ба Бомиён расид. Бо фармони Чингизхон тамоми сипоҳ якбора вориди шаҳр шуда, ҷанги шадиде ба амал омад, ки шаҳриён дар он мағлуб шуданд. Чингиз фармуд, ки аз аҳли Бомиён «касеро асир нагиранд, ки ҳеҷ офарида дар он ҷо сокин нагардад ва иморат накунад», дарахтону наботот нобуд ва кулли иморатҳо ба хок яксон карда шуданд. Зуҳури ин воқеа баҳор ва тобистони соли 1221 буд. Баъд аз ҳодисаи Парвон султон Ҷалолуддин ноилоҷ ба сӯи Ғазна ақибнишинӣ кард. Чун Чингизхон шунид, ки султон 15 рӯз пештар ба сӯи сарҳадҳои Ҳиндустон ақибнишинӣ кардааст, бошитоб ба шаҳри Ғазна расид. Чингиз чунон дар шитоб буд, ки ҳатто ба шаҳр ва мардуми Ғазна кордор нашуд, шаҳнае дар шаҳр гузошта, дар соҳили рӯди бузурги Синд ба ӯ расид. Султон ночор бар лашкари Чингизхон ҳамла овард, аз об гузашта, наҷот ёфт, вале тамоми бору буна ва ҳарами султон ба дасти муғулҳо афтод. Ҷалолуддин баъд аз ин солҳои тӯлонӣ лашкар гирд оварда, ба муғулҳо дар ҳар макон зарбаҳо мезад. Соли 1231 кушта шуд. Баъд аз ғалабаи Парвон дар тамоми Хуросон ошӯбҳову саркашиҳо аз тобеият бар ҳокимони муғул сар зад. Муғулҳо баъди забти аввал шаҳнаи худро дар шаҳри Ҳирот гузошта буданд. Мардуми шаҳр аз ҳукмронии муғул шӯрида, пас аз задухӯрдҳои шадид онҳоро кушта, намояндаи худ — Муборизуддини Сабзавориро малики шаҳр ва Хоҷа Фахруддинро раиси вилоят интихоб карданд. Чун ин хабар ба гӯши Чингизхон расид, Илчикдой ном нуйонро ба Ҳирот фиристод. Соли 1222 лашкари зиёда аз 120-ҳазораи муғулро Илчикдой ба ҳар дарвозаи шаҳр сиҳазорӣ тақсим кард. Ҳиравиён ба зарбаҳои гарон нигоҳ накарда, гурӯҳ-гурӯҳ аз дарвозаҳо баромада, бо душман ҷанг мекарданд. Мубориза зиёда аз шаш моҳ давом кард, ниҳоят мардум бо сабаби тамоман шудани захираи ғизо ва аслиҳаи худ аз мубориза даст кашида, ба қатлу ғорати мудҳиши муғулҳо дучор шуданд. Ҳамин тавр, Ҳирот миёни шаҳрҳои бузурги Хуросон охирин шаҳр буд, ки мунҳадим гашт. Ҷонбозиҳо дар кӯҳистони Ғур Яке аз аввалин задухӯрдҳои шадид байни Ғуриҳову муғулҳо баҳор ва тобистони соли 1221 дар сарзамини тоҷикнишини Ғуру Ғарчистон, дар назди қалъаи Остияи Ғур сурат гирифта буд. Муҳосира ва ҷангҳо дар атрофи ин қалъаи мустаҳкам 15 рӯз давом кард. Шаҳри Фирӯзкӯҳро муғулҳо дар ҳуҷуми аввал ба даст оварда натавонистанд, ки ин барои муғулҳои ҳудуди Хуросон хатарнок ба шумор мерафт. Аз ин рӯ, чун лашкари муғул бо Ӯқтой аз Ғазнин ба тарафи Ғур омад, як қисми он ба Фирӯзкӯҳ фиристода шуд. Дар Фирӯзкӯҳ муборизаи шадид ба вуқӯъ пайваст, ки ҳокими шаҳр дар он ҷанг шаҳид шуд. Мардуми бероҳбар (бесаробон)-и шаҳр дар баробари лашкари сершумори муғул муқовимат карда натавониста, шикаст хӯрданд ва Фирӯзкӯҳ комилан хароб гардид. Ин ҳодиса соли 1222 рух дода буд. Қалъаи Тӯлак – яке аз ҳисорҳои мустаҳками Ғур дар муқобили ишғолгарон муддати тӯлонӣ пойдор монда буд. Муҳосираи он соли 1221 оғоз шуда, қариб чаҳор сол идома ёфт. Чун муҳосира тӯл кашид, ҳокими он назди Файқӯ-нуйон омад ва изҳори тобеият кард, аммо вақте ки ба қалъа бозгашт, мардум ӯро ҳамчун хиёнаткор бо дастонашон ба қатл расонданд. Баъдтар муғулҳо бо лашкари анбӯҳ аз Ҳироту Исфизор ба қалъа тохта, новобаста аз муқобилияти сахти мардуми маҳаллӣ онро забт карданд, аммо бинои қалъа маҳфуз монд. Агар барои забти дигар манотику шаҳрҳо аз 3 рӯз то 7–8 моҳ кофӣ буд, барои забти минтақаи Ғуру Ғарчистон зиёда аз се сол сарф шуд. Намунаи беҳтарин муборизаҳои ватанпарастонаи тоҷикон, ҳангоми вуруди чингизиёни хунхор ба Эронзамин, дар кӯҳистони марказии Хуросони Бузург – дар Ғуру Ғарчистон сурат гирифтанд. Тавсеаи забткории муғулҳо дар қисми ғарбии Эронзамин Лашкари муғул баробари таъқиби султон шаҳру навоҳии марказии Эронро пай дар пай забт ва мардумашро қатл мекарданд. Баҳори соли 1221 мардуми Ҳамадон бо роҳбарии Ҷамолуддин ном ҷавони ғайур ба мубориза бархоста, аз ҳокими хиёнаткори худ – Алоуддин рӯй гардонда, шаҳнаи муғулии шаҳрро ба қатл расонданд. Алоуддин маҳбус шуд. Ҳамадон дар миёни шаҳрҳои дигари тоҷикон аввалин шаҳр буд, ки бидуни сарвари расмии давлатӣ, бо роҳбарии худи халқ, бо қавли то дами марг мубориза хоҳем бурда, бо душман муқовимат нишон дод. Муқовимати шаҳриён то ҳадде устувор буд, ки талафоти ҷонии душмани мусаллаҳ аз онон бештар гардид. Ниҳоят, шаҳри Ҳамадон низ ишғол карда шуд ва лашкари муғул тӯли чандин рӯз ба куштори мардуми шаҳр машғул буда, шаҳрро то комилан сӯхтанаш оташ заданд. Сипас сипоҳи муғул Мароға, Нахҷувон ва Билқонро хароб карда, аз роҳи Шервон ба Дарбанд рафтанд, дар дашти Қипчоқ ба Ҷӯҷӣ ҳамроҳ шуда, назди озими Чингизхон омаданд. Таназзули иқтисодиёт ва аз нав маскуншавии турку муғул дар Эронзамин Зарбаи ҳалокатбори такрорие, ки қавми муғул ба пайкари сарзамини тоҷик зад, ба боди фано додани иқтисодиёти мутараққии он буд. Тамоми дастовардҳои бузурги маданию фарҳангӣ, шаҳрҳо, зироаткории мутараққӣ вайрону валангор шуданд. Иншооти обёрӣ, ки муҳимтарин воситаи зисти мардуми кишвар ба шумор мерафт, дигар қобили истифода набуд. Заминкорӣ бо сабаби набудани қувваи корӣ, корезҳо, аз байн рафтани чорвои корӣ, бахусус зулму ситам ва хатари азими ҷонӣ, рӯ ба инқироз ниҳод. Теъдоди ками мардум аз шиддати тарсу хатари муғул қариб кулли водиҳои хешро гузошта, ба кӯҳҳои баланди дастнорас ва ба Ҳиндустону дигар мамолики дурдасту бехатар кӯч бастанд. Табдилшавии водиҳои ободон ба харобазорҳои беодам ба он оварда расонд, ки заминҳои бесоҳибмондаи киштро алафҳои худрӯй фаро гирифта, чарогоҳҳои азим ба вуҷуд омаданд. Чарогоҳ барои турку муғул муҳимтарин воситаи зист ба шумор мерафт, ин буд, ки минбаъд дар ағлаби ин сарзамини бузург турку муғул ҷойгир шуд ва нуфуз ёфт. Натиҷаи умумии ин кӯчиши бузург он шуд, ки дар қисми Мовароуннаҳр иддае аз он ақвом заминҳои зиёдеро аз худ карданд. Ҷунбишҳои аввалияи зиддимуғулии тоҷикон. Шӯриши Маҳмуди Торобӣ Аввалин ҷунбишҳои эрониён алайҳи муғулҳо замоне шурӯъ шуда буданд, ки истилои эшон дар авҷи вусъат қарор дошт. Баъди ҳодисаи Парвон дар чанде аз манотиқи Хуросон саркашиҳо аз ҳукуматҳои муғулӣ авҷ гирифт. Масалан, дар як вақт дар Сиистон, Гурзивон ва дигар ҷойҳо мардумон ба мубориза бархоста, шаҳнагони муғулиро аз байн бурданд. Дар вилояти Сарахс қариб тамоми дастнишондаҳои муғулиро аз миён бардоштанд, вале оқибаташ чунон шуд, ки муғулҳо ба он сарзамин чун сел ҳуҷум оварда, он ҷоро ба биёбон табдил доданд. Пас аз он Сарахс ва навоҳии атрофи он дигар обод нашуд. Хуллас, дар қисми хуросонӣ ҳар куҷо, ки исёне сар мезад, бинобар камии мардум ва харобии кишвар ба зудӣ пахш ва он макон аз пештара бештар тахриб карда мешуд. Аммо дар Мовароуннаҳр шӯриши бузурге сар зад, ки дар он рӯзгор ба зуҳур пайвастани чунин ҳодисаро касе тасаввур карда наметавонист. Қиёми мазкур бо номи сарвари он – Маҳмуди Торобӣ машҳур аст. Маҳмуд дар деҳаи Тороби назди Бухоро мезист. Рӯз то рӯз аз ҳар табақа мардум, ки зидди ҳукумати муғулҳо буданд, дар атрофи ӯ ҷамъ меомаданд. Як идда донишмандон низ ба ӯ таваҷҷуҳ зоҳир карда, ҳатто маслиҳатгар ва раҳнамуни ӯ гаштанд. Чун ягона воситаи муттаҳид кардан ва ба як маслак бурдани оммаи он рӯзгор танҳо аз роҳи эътиқоди динӣ даст медод, аз ин лиҳоз низ, кору амали Маҳмудро дар миёни мардум аз нуқтаи назари «илмӣ» асоснок карданд. Ибтидои ин қиёмро солҳои 1232–1233 гуфтаанд. Маҳмуди Торобӣ қасри Султон Санҷарро дар шаҳри Бухоро қароргоҳи худ сохт ва дар кӯтоҳтарин муддат раҳбарони муғулии шаҳрро ронда, баъзеро кушта, шахсони наздики худ аз қабили Шамсуддини Маҳуббӣ, Бурҳонуддин ва дигаронро раҳбарони диниву дунявии ҳукумати Бухоро ва он навоҳӣ таъйин кард. Муғулони фироркарда ва садрнишинони бухории наҷотёфта, дар ҳаволии Кармина, ки ба шаҳр наздик буд, лашкари парокандаи муғулро ҷамъ оварда, дар муқобили шӯришгарон истоданд. Дар ҷанг ҷонибдорони Маҳмуди Торобӣ ғалаба карданд. Баъд аз як ҳафтаи ғалабаи шӯришгарон лашкари анбӯҳи муғулҳо бо сарварии Чикин-курчӣ ва Илдиз-нуйон ба Бухоро омад. Чун шӯришгарон тартиби ҷанг ва низоми лашкариро намедонистанд, бо сару либоси барои ҷанг номувофиқ ба беруни шаҳр баромада, дар задухӯрди аввалин бо муғулони ҷангдидаи мусаллаҳ шикаст хӯрданд, нахуст роҳбарони онон кушта шуданд, ки ин рӯҳияи эшонро ниҳоят заиф сохт. Баъди ин муғулҳо ба қавле 20 ҳазор нафарро қатл карданд. Авҷи шӯриш ва пахши он соли 1238 буд. Харита: «Раванди истило ва ташаккули давлати муғул (асри XIII)» Аломатҳои шартии харита (саҳ. 240–241): Минтақаи кӯчии Темучин то соли 1206; Юришҳо бо роҳбарии Чингизхон (Темучин); Юришҳои писарони Чингизхон ва сарлашкарони ӯ; Сарҳади истилои Чингизхон то давраи марги ӯ (соли 1227); Юриши шарқии Угедей дар соли 1231; Лашкаркашии Бату ва сарлашкарони ӯ дар солҳои 1236–1242; Мавқеи задухӯрди асосӣ; Шаҳрҳое, ки муқовимати шадид бар зидди истилогарони муғул нишон доданд; Номи маҳалҳое, ки аз тарафи муғулҳо ғорат ва несту нобуд карда шуданд; Маҳалҳои шӯришҳои калонтарин бар зидди истилогарони тотору муғул; Самти юришҳои охирини истилогарони тотору муғул дар Шарқ; Сарҳади давлатҳои муғул (улусҳо) дар солҳои 1260–1280; Сарҳади давлатҳои дигар; Ҳудуди Русия зери сиёсати Урдуи Тиллоӣ. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 236–242 (харита: 240–241).

0

Ғуриён

Ғуриён — сулола ва давлати асримиёнагии тоҷикон. 1) сулолаи тоҷикасли Шинасбониён, ки аз замони зуҳур ва густариши ислом то арафаи ҳуҷуми муғул дар Хуросон, ҷануби Мовароуннаҳр ва шимоли Ҳиндустон ҳукумат доштанд; 2) давлати асримиёнагӣ (1149–1215), ки аз тарафи сулолаи Шинасбониён (Ғуриён) ташкил ёфт. Асосгузори хонадони Ғуриён Шинасб ибни Хурнак дар замони ҳукмронии Алӣ ибни Абитолиб ба ислом гаравида буд. Мувофиқи маълумоти манбаъҳои таърихӣ аввалин амири Ғур – Пӯлоди Ғурӣ дар наҳзати Абумуслими Хуросонӣ ширкат намуда, барои ба сари қудрат омадани Аббосиён саҳм дошт. Ғуриён аз замони хилофати Ҳорунаррашид расман ҳокими Ғур эътироф шуда, дар аҳди Тоҳириён, Саффориён ва Сомониён хироҷгузори ин давлатҳо буданд. Таърихи сиёсии давлати Ғуриёнро метавон ба ду давра ҷудо намуд: 1. давраи ҳукмронии амирони маҳаллии Ғурӣ дар вилояти Ғур; 2. давраи ҳукмронии султонҳои Ғурӣ, ки пас аз ташкили давлати мустақил ҳудуди васеи ҷуғрофие дар ихтиёр доштанд. Муносибат бо Ғазнавиён Дар натиҷаи лашкаркашиҳои Маҳмуди Ғазнавӣ ба Ғур (1011, 1015) ва муқобилияти тӯлонии Ғуриён Муҳаммади Сурӣ ба асорат афтода, ҳокимиятро писараш Абуалӣ ибни Муҳаммади Сурӣ соҳиб шуд. Дар давраи аморати Абуалӣ ибни Муҳаммади Сурӣ дар Ғур якчанд қалъа ва мадрасаи нав бунёд шуда, баъзе минтақаҳои Ғарчистон ишғол карда шуданд. Чанде пас тибқи дастури Маҳмуди Ғазнавӣ писараш Масъуди Ғазнавӣ аз роҳи Ҳирот ба Ғур ҳуҷум карда (1021), бо дастгирии ҳокимони маҳаллӣ Абулҳасани Халаф ва Шервон минтақаро ишғол намуд. Тибқи музокираи сулҳ Абуалӣ ибни Муҳаммади Сурӣ минтақаи забткардаи Ғуриёнро дар Ғарчистон бозпас дода, фармонбардори Ғазнавиён гардид. Ғазнавиён аз давраи таъсисёбии давлати Салҷуқиён дар шарқи Хуросон бо роҳи дахолат ба корҳои дохилии Ғуриён ва таъйини амирон нуфузашонро то давраи ҳукмронии Баҳромшоҳи Ғазнавӣ дар Ғур ҳифз карданд. Дар давраи ҳукмронии Баҳромшоҳ байни Ғазнавиён ва писарони амири Ғур – Иззуддини Ҳусайн (1110–1146) бар зидди Султон Санҷар аҳднома баста шуд. Нуфузи Ғуриён аз аҳди ҳукмронии Иззуддини Ҳусайн дар Ғур устувор гардид. Ҳафт писари ӯ дар навоҳии гуногуни Ғур ҳоким таъйин шуда, аз ҷумлаи онҳо Султон Сайфуддини Сурӣ дар Остия (Астия) ва султон Қутбуддин дар Фирӯзкӯҳ қалъаҳои бузург бино карданд. Аз давраи ҳукмронии Сайфуддини Сурӣ ва баъд муносибатҳои Ғазнавиён бо амирони Ғур, аз ҷумла бо малик Қутбуддин беҳтар шуд. Малик Қутбуддин аз сабаби ихтилофи байни бародарон ба дарбори Ғазнавиён рафта, баъди чанде аз ҷониби Ғазнавиён кушта шуд (1141). Дар ҷавоб бародараш – Сайфуддини Сурӣ ба Ғазна лашкар кашида, баъди фирори Баҳромшоҳ ба Ҳиндустон бародараш – Баҳоуддини Сомро ҳокими Ғур таъйин намуд ва худ ба тахти Ғазнӣ нишаст. Ҳокимияти Сайфуддини Сурӣ дар Ғазнӣ дер давом накард: Баҳромшоҳ бо таҳрики Салҷуқиён аз Ҳиндустон бо сипоҳи бузург ба Ғазнӣ лашкар кашида (1148), баъди қатли султон сари буридаашро ҳамчун рамзи фармонбардорӣ ба дарбори туркони салҷуқӣ фиристод. Лашкаркашии Баҳоуддини Сом ба муқобили Ғазнавиён низ бенатиҷа анҷом ёфт ва ӯ дар роҳ ногаҳон фавтид. Баъдан султон Алоуддин Ҳусайн (1150–1161) бо мақсади ситонидани хунбаҳои бародаронаш шаҳри Ғазнинро ишғол (1150) ва оташ зад, ки бо ин амалаш ба ӯ лақаби «ҷаҳонсӯз» доданд. Муносибат бо Салҷуқиён Ғуриён дар давраи ҳукмронии Султон Санҷар хироҷгузори Салҷуқиён буданд. Рақобати байни Ғуриён ва Салҷуқиён аз давраи ишғоли шаҳри Ғазна (1150) ошкор шуда, баъди саркашии султон Алоуддин Ҳусайн аз пардохти хироҷ ба хазинаи Султон Санҷар задухӯрдҳои мусаллаҳона байни ҷонибҳо сар шуданд. Соли 1150 султон Алоуддин ба Ҳирот лашкар кашида, дар муҳорибаи Сегушаи Ноб (дар наздикии Ҳирот) бо хиёнати дастаҳои туркии лашкараш ба дасти Салҷуқиён асир афтод, вале дере нагузашта Султон Санҷар бо мақсади ҷалби Ғуриён ба муборизаи муштараки зидди ғузҳо султон Алоуддинро баъди ду соли асирӣ озод намуда, баъзе мулкҳоро ба ӯ бозпас гардонид. Дар замони ҳукмронии Алоуддин ба ҳудуди давлати Ғуриён минтақаҳои нави Бомиён, Тахористон, Ғарчистон, Довар, Бӯст, Тулак ва Ҳирот ҳамроҳ шуда, ҳукумати Ғазнавиён дар минтақаи Панҷоб маҳдуд гардид. Баъд аз марги Алоуддин Ҳусайн писари ӯ – Сайфуддин Муҳаммад (1161–1163) ба сари қудрат омад, ки мисли падараш марди шуҷоъ ва ҳокими адолатпарвар буд. Ӯ дар яке аз муҳорибаҳои зидди ғузҳо аз дасти сипаҳсолораш Абулаббоси Шиш кушта шуд. Дар давраи Ғиёсуддин Муҳаммади Ғурӣ (1163–1203) давлатдории Ғуриён ба авҷи тараққиёт расид. Сипоҳи Ғуриён солҳои 70-уми асри 12 дар самти шимолу ғарбӣ ҳудуди Ҳирот, Бушанг, Толиқон, Андхӯд, Маймана, Форёб, Панҷдеҳ, Марврӯд, Балх ва навоҳии ҳамҷаворро ба давлати худ тобеъ намуд. Дар самти ҷанубу шарқ Ғуриён баъди пирӯзии Султон Ғиёсуддин бар ғузҳо ва дубора озод карда шудани шаҳри Ғазна (1173) бо рақиби навашон — Хоразмшоҳиён рӯбарӯ шуданд. Муносибат бо Хоразмшоҳиён Муносибат бо Хоразмшоҳиён дар ибтидо бо вуҷуди баъзе масъалаҳои ихтилофӣ дар Хуросон мӯътадил буд. Аз ҷумла Султоншоҳ баъди шикаст аз бародараш Текеш муддати тӯлонӣ дар дарбори Ғиёсуддини Ғурӣ паноҳ бурд. Мувофиқи маълумоти маъхазҳои таърихӣ соли 1181 Амир Ҳимом – намояндаи Ғиёсуддини Ғурӣ барои ҳалли баъзе масъалаҳои Хуросон ба дарбори султон Текеш сафар кард. Дар моҳи рамазони ҳамон сол сафорати ҷавобии султон Текеш бо сарварии Фахруддин ба дарбори Ғиёсуддини Ғурӣ фиристода шуд. Дар ин ду музокироти сиёсӣ мулоқоти роҳбарони олии сиёсии ҳар ду ҷониб барои ҳалли масъалаҳои ихтилофии Хуросон тарҳрезӣ шуд, аммо амалӣ нагардид. Султон Текеш фурсати музокиротро зиракона истифода бурда, бо бародараш Султоншоҳ паймони сулҳ баст ва қисме аз мулкҳои ихтилофии Хуросонро ба ӯ вогузор кард. Аз ин сабаб миёни бародараш ва Ғуриён оташи рақобат аланга зад. Ахиран байни Султоншоҳ ва Ғуриён дар назди Рудбори Марв муҳориба ба амал омад (1190), ки он бо ғалабаи Ғиёсуддини Ғурӣ анҷом ёфт. Султоншоҳ баъди огоҳӣ аз моҷарои бародараш бо узрхоҳӣ аз Ғуриён ва миёнравии Ғиёсуддини Ғурӣ дубора аз ҷониби Текеш ҳокими Сараҳсу Марв таъйин карда шуд. Ба қавли Ҷузҷонӣ, халифаҳои Аббосӣ бо фиристодани намоянда ва симу зар ба Фирӯзкӯҳ Ғиёсуддини Ғуриро ба муборизаи зидди Текеш таҳрик дода, дар сар задани ихтилофи байни Ғуриён ва Хоразмшоҳиён нақши асосӣ доштанд. Мувофиқи маълумоти маъхазҳои таърихӣ Ғиёсуддини Ғурӣ ба Текеш ҳушдор дода буд, ки дар мавриди даст накашидан аз таҳдиди халифа ба мулкҳои Хоразмшоҳиён ҳуҷум меорад. Аз ҷониби дигар, ба амири Бомиён – Баҳоуддини Сом дастур дод, ки ба мулкҳои хуросонии Хоразмшоҳиён ҳуҷум кунад. Дар ҷавоб Текеш бо ёрии Қарахитоиён ба мулкҳои марзии Ғуриён ҳуҷум кард. Баҳоуддини Сом бо ёрии дастаҳои ҳарбии ҳокими Толиқон Муҳаммад ибни Хурнак ва ҳокими Гурзивон – Ҳусайн ибни Хармил неруҳои Қарахитоиёнро дар соҳили дарёи Ому шикаст дода (1198), муваққатан пеши роҳи тохтутози Хоразмшоҳиёнро дар Хуросон гирифт. Баъди марги Текеш (1200) Ғуриён дар муборизаи тахтхоҳии намояндагони Хоразмшоҳиён – Муҳаммад Хоразмшоҳ ва Ҳиндухон дувумиро пуштибонӣ карда, баъди ишғоли Сараҳс, Абеварду Нисо ҳукумати Марвро ба ӯ вогузоштанд. Дар аҳди Ғиёсуддин Муҳаммад ҳудуди давлати Ғуриён дар Хуросон ва Мовароуннаҳр васеъ шуд. Ба қавли академик Б. Ғ. Ғафуров, дар ин давра минтақаҳои ҷанубӣ ва шарқии Тоҷикистони кунунӣ — аз Вахш то Бадахшон тобеи давлати Ғуриён буданд. Ин давра авҷи шукуфоӣ ва тараққиёти давлати Ғуриён буд. Марзи он дар ғарб то халиҷи Хурмуз, дар шарқ то Чин, дар шимол то Марв ва дар ҷануб то Ҳиндустон тӯл мекашид. Ба қавли Абдулҳай Ҳабибӣ, дар замони ҳукмронии султон Ғиёсуддин Муҳаммади Ғурӣ халифа Носируддин ду сафири худро – Ибни Рабеъ ва Ибни Хатибиро ба дарбори Ғуриён ба Фирӯзкӯҳ фиристода, ҳукумати Ғуриёнро расман бо сарварии Ғиёсуддин Муҳаммад эътироф намуд. Дар замони султон Ғиёсуддин давлати Ғуриён аз се марказ идора мешуд: вилоятҳои Ғазнӣ, Кобул, Гардез, Нангарҳор ва музофотҳои ҳиндустонӣ аз тарафи Султон Шиҳобуддини Ғурӣ бо марказаш – Ғазнӣ; вилоятҳои Бомиён, Тахористон, Бадахшон аз тарафи султон Фахруддин ва писаронаш аз Бомиён; Хуросон ва сарҳадҳои Мовароуннаҳр аз Фирӯзкӯҳ. Бо вуҷуди се маркази маъмурӣ пойтахти давлат – Фирӯзкӯҳ маркази асосӣ ва Ғиёсуддин Маҳмуд ҳукмрони тамоми салтанати Ғуриён буд. Дар ибтидои асри 13 Ғиёсуддин Муҳаммад Марв ва Нишопурро низ фатҳ кард. Аз давраи Муҳаммад Хоразмшоҳ (1200–1220) муносибат бо Хоразмшоҳиён шиддат ёфта, Ғуриён дар муддати кӯтоҳ ҳудуди Сараҳс, Абевард, Нисо ва Нишопурро аз даст доданд. Баъдан, Муҳаммад Хоразмшоҳ ду бор ба Ҳирот (1201, 1202) лашкар кашида, бо талафоти калон ақибнишинӣ намуд. Дар шароити мавҷуда барои ҳифзи мулкҳои хуросонӣ қисми зиёди сипоҳи Ғуриён бо сарварии Шиҳобуддини Ғурӣ аз Ҳинд ба Ғазна даъват шуд ва дар муҳорибаи назди Марв сипоҳи Муҳаммад Хоразмшоҳро шикаст дода, муддате шаҳри Гурганҷро муҳосира кард (1204). Қисме аз сипоҳи Ғуриён баъди шикасти сипоҳи Турконхотун ба пойтахти Хоразмшоҳиён ворид шуд. Ғуриён баъди расидани Қарахитоиён ва дастаҳои ҳарбии ҳокими Самарқанд – султон Усмон ба ёрии Муҳаммад Хоразмшоҳ аз ҳудуди Гурганҷ хориҷ гардиданд. Неруҳои ҳарбии Шиҳобуддини Ғурӣ зери таъқиб аввал ба Балх, баъдан ба Андхӯд паноҳ бурда, бо миёнравии султон Усмон бо Қарахитоиён сулҳ баста, ба кишвари худ баргаштанд. Соли 1205 байни ҷонибҳо аҳднома баста шуд, ки мувофиқи он ҳудуди Марв ба Хоразмшоҳиён дода шуд ва Шиҳобуддини Ғурӣ дар мавриди зарурӣ бояд бо сипоҳаш ба Муҳаммад Хоразмшоҳ ёрӣ мерасонид. Баъди фавти Шиҳобуддини Ғурӣ (1206) мулкҳои хуросонии Ғуриён ба зудӣ тобеи Хоразмшоҳиён шуданд. Ҳуҷуми Ғуриён ба Ҳинд Барои идома додани лашкаркашӣ ба самти Ҳиндустон султон Шиҳобуддини Ғурӣ (1173–1206) Ғазнаро маркази ҳукумати худ қарор дода, солҳои 1175–1176 минтақаҳои Учча ва Мултонро ишғол кард. Ҳуҷуми аввалини Ғуриён бо сарварии Шиҳобуддини Ғурӣ ба Гуҷарот (1178) ба нокомӣ анҷом ёфт, дар тохтутози дувум ғуломи Шиҳобуддин – Қутбуддини Ойбек баъди шикаст додани Бҳими II (1196–1197) бахше аз шимоли Ҳиндустонро ба ҳайати давлати Ғуриён ҳамроҳ кард. Ҳуҷуми аввалини Ғуриён ба Деҳлӣ ба нокомӣ анҷом ёфта, роҷа Притхвираҷи III (ҳукмронӣ 1149–1192) дар муҳорибаи якуми Тарайн (1191) Шиҳобуддини Ғуриро шикаст дод. Дар муҳорибаи дувуми Тарайн (1192) Притхвираҷи III шикаст хӯрд ва шаҳрҳои Сомона, Куҳром, Ҳонсӣ ва Аҷмир ба ҳайати давлати Ғуриён ҳамроҳ карда шуданд. То ибтидои асри 13 минтақаи васеъ – Гуҷарот, Пешовар, Лоҳур, водии дарёи Ганг ва қисми дигари мулкҳои шимолӣ ва марказии Ҳиндустон ба ҳайати давлати Ғуриён дохил карда шуданд. Ғуриён дар минтақаҳои забтгардида қалъаҳо бунёд карда, дастаҳои низомии худро нигоҳ медоштанд. Дар ибтидои асри 13 аввалан Лоҳур ва баъдан Деҳлӣ қароргоҳи мулкҳои ҳиндустонии Ғуриён шуд. Илм ва фарҳанг дар замони Ғуриён Дар баробари кишваркушоӣ Ғуриён ба рушди илму фарҳанг таваҷҷуҳ зоҳир намуда, дар шаҳрҳо ва мулкҳои ҷудогона мадраса, китобхона ва ғайра таъсис доданд. Бузургтарин мадраса дар шаҳристони Машҳад, дар болооби Мурғоб амал мекард. Дар мадрасаи Афшини Ғарчистон олим ва мутафаккири машҳур Садруддин Ҳисом дарс медод. Дар паҳлуи Масҷиди ҷомеи Ҳирот мадрасаи Ғиёсия фаъолият менамуд, ки мутафаккири бузург Фахруддин Розӣ аз ҷумлаи устодони ин таълимгоҳ буд. Дар музофоти Сиистон мадрасаи Сари Ҳавз амал мекард, ки толибони илми саросари минтақа дар он гирд омада буданд. Салотини Ғурӣ дар Ҳиндустон низ мадрасаҳо бунёд карда буданд, ки мадрасаҳои Фирӯзӣ дар Мултон ва Муиззӣ дар Деҳлӣ шуҳрати бештар доштанд. Ҳокимони Ғурӣ ба бунёди китобхонаҳо низ таваҷҷуҳ доштанд: китобхонаҳои бузургтарин дар Афшин, Ҳирот ва Фирӯзкӯҳ амал мекарданд. Салотини Ғурӣ аз онҳо муроқибат мекарданд. Онҳо машҳуртарин олимону донишмандон ва мутафаккирони замони хеш – Фахруддини Розӣ, Абубакри Ҳариқ, Абулҳасан Алӣ ибни Зайди Байҳақӣ, Айнуддин ибни Алӣ Китон, Аҳмад Майдонии Нишопурӣ, Алии Бохарзӣ, Муҳаммад ибни Мунаввари Майҳанаӣ, Абунасри Фарохӣ, Муҳаммади Авфӣ, Фахруддин Муборакшоҳи Ғурӣ, Аҳмад Фариди Кофӣ, Азҳарии Ҳиравӣ, Хоҷа Муинуддини Чиштӣ, Ҷабалии Ғарчистонӣ, Мавлоно Абулқосим, Садруддин Рабеии Фушанҷӣ, Абубакр Умари Тирмизӣ ва дигаронро ба дарбори худ даъват намуда, онҳоро дастгирию парасторӣ мекарданд. Амир Аббос, ки дар илми нуҷум дониши мукаммал дошт, дар ноҳияи Мандеш дар шаҳри Санг бо кумаки дигар олимони нуҷумшинос қалъае бино кард, ки аз 12 манора иборат буда, ҳар манорааш ба як бурҷи осмонӣ мутобиқат дошт. Баъзе султонҳои ғурӣ, аз ҷумла Алоуддин Ҳусайн дар баробари ҷалби шоиру нависандагон худ низ табъи шоирӣ доштанд; намунаҳои ашъори Алоуддин Ҳусайн дар «Табақоти Носирӣ» оварда шудаанд. Ба қавли олими англис Перси Сайкс, Алоуддин Ҳусайн баробари вайрон кардани шаҳру кӯшкҳои душманонаш, китобҳои нодирро бо қимати тило харидорӣ мекард. Хидмати салотини ғурӣ дар густариши ҳавзаи забони форсӣ-тоҷикӣ дар Ҳиндустон хеле бузург аст. Дар натиҷаи ҷангҳои тӯлонии Ғуриён бо Салҷуқиён ва Хоразмшоҳиён аксари намояндагони илму фарҳанги Хуросон ба Ҳиндустон муҳоҷират карда, дар ҳавзаҳои илмӣ-адабии Учча, Лоҳур ва Деҳлӣ фаъолияти худро идома доданд. Маҳз дар давраи ҳукмронии Ғуриён аввалин асари мустақили таърихии форсизабони Ҳиндустон — «Тоҷу-л-маосир»-и Ҳасан Низомии Нишопурӣ таълиф шуд (1206). Ба қавли Ҳасан Низомии Нишопурӣ, мазҳаби ҳанафӣ аз соли 1206 дар Лоҳур расмӣ эълон карда шуд. Аз давраи ҳукмронии Ғуриён осори меъмории масҷиди ҷомеи Ҳирот, Манори Ҷом, Мадрасаи Фирӯзӣ, қалъаи Сиёлкут, Қутбманори Деҳлӣ, масҷиди Аҷмир, масҷиди Қуввату-л-ислом боқӣ мондаанд. Дар қаламрави Тоҷикистон якчанд намунаи сиккаҳои Ғуриён, аз ҷумла динорҳои он давра аз ҳудуди ноҳияи Восеъ ёфт шудаанд, ки дар рӯи сикка баъди калимаи тавҳид «ал-хоқон ал-аъзам Абумузаффар Абубакр ибн ...» ва дар пушташ зери номи Вахш «ас-султону-л-аъзам бақо-у-д-дунё вад-дин Сом ибни Муҳаммад» навишта шудааст. Дар динорҳои дигар номи ду шахс — малики Вахш — Абубакр ва султон Сом ибни Муҳаммад зарб ёфтаанд, аз ин бармеояд, ки Вахш дар ибтидои асри 13 ба ҳайати давлати Ғуриён дохил мешуд. Таназзули давлати Ғуриён Баъд аз марги бародарон — Султон Ғиёсуддин Маҳмуд (1203) ва Муиззуддин Муҳаммад (1206) давраи таназзули давлатдории Ғуриён оғоз шуд. Солҳои 1206–1216 барои ба даст даровардани тахти салтанат дар Фирӯзкӯҳ, дар байни намояндагони хонадони Ғуриён мубориза оғоз шуд. Дар ин муддат 5 султони ғурӣ ба воситаи якдигар сарнагун гардиданд. Аз зиддияти дохилии сулолаи ҳукмрон ғуломон — лашкаркашони туркии Ғуриён истифода бурда, аз самти Ҳинд ба маркази дувуми давлат — шаҳри Ғазнӣ ҳамла оварда, харобиҳои бисёр карданд. Тадриҷан ҳокимияти давлатӣ дар музофоти гуногун ба дасти сарлашкарони турк гузашт: Юлдуз дар Ғазнаву Панҷоб, Носируддини Қабоча дар Синду Мултон, Қутбуддини Ойбек дар қисми дигари Панҷоб, Ғиёсуддини Халаҷӣ дар Лакхнав, Ғурия дар Бомиён, малики Тоҷуддин дар Сиистон ва музофотҳои дигар ҳукмронӣ мекарданд. Охирин намояндаи сулола — Алоуддин Муҳаммад давлати заифшудаи худро соли 1215 ба Хоразмшоҳиён таслим намуда, ба мавҷудияти салтанати Ғуриён хотима гузошт. Танҳо мулкҳои ҳиндустонии Ғуриён мустақил боқӣ монда, аз тарафи сулолаи ғуломон идора мешуданд. Н. Амиршоҳӣ. Хоразмшоҳиён Хоразмшоҳиён — унвони шоҳони Хоразм (995–1231). Аз нимаи дувуми асри 9 дар Хоразм сулолаи маҳаллии Фариғуниён ба сари қудрат омад. Дар нимаи дувуми асри 10 мулкҳои шимол ва ҷануби Хоразм мустақил шуданд. Хоразми Шимолӣ дар замони Сомониён аз ҷиҳати рушди иқтисодиёт, ҳунармандию тиҷорат нисбат ба Хоразми Ҷанубӣ нуфуз пайдо кард. Соли 996 ҳокими шимоли Хоразм — Маъмун ибни Муҳаммад (995–997) Хоразмро муттаҳид ва шаҳри Урганҷро пойтахти он эълон кард. Дар аҳди Маъмуниён (995–1017) ҳунармандӣ ва тиҷорат инкишоф ёфта, донишмандони бисёр, аз ҷумла Берунӣ, Ибни Сино, Абулхайри Хаммор, Абусаҳли Масеҳӣ, Абумансури Саолибӣ, Абулҳусайни Суҳайлӣ ва дигарон дар Гурганҷ фаъолият мекарданд. Дар ин давра дар Гурганҷ биноҳои бисёри меъморӣ, аз ҷумла кохи Маъмун, кохи Алӣ ибни Маъмун (997–999) сохта шуданд. Пас аз фавти Маъмун ибни Маъмун (999–1017) Маҳмуди Ғазнавӣ (998–1030) Хоразмро ишғол карда, ҳоҷиби турки худ Олтунтошро ҳокими он ҷо таъйин намуд. То охири аҳди Масъуди Ғазнавӣ (1030–1040) ворисони Олтунтош дар Хоразм ҳукумат доштанд. Дар давраи Маликшоҳи Салҷуқӣ яке аз амалдорони дастнишондаи ӯ дар Хоразм — Ануштагини Гуршоҳ (1077–1097) ба сулолаи нави Хоразмшоҳиёни Бузург ё Ануштагиниён (1077–1231) асос гузошт. Ворисони ӯ Қутбуддин Муҳаммад (1097–1127) ва Ҷалолуддини Отсиз (1127–1156) барои ташкили ҳукумати мустақил бар зидди султон Санҷари Салҷуқӣ мубориза бурданд, вале муваффақ нашуданд. Дар замони Эларслон (1156–1272) ва Алоуддин Текеш (1172–1200) Хоразм ба давлати мустақил табдил ёфт. Дар аҳди писари Текеш Алоуддин Муҳаммади Хоразмшоҳ (1200–1220) мулкҳои хуросонии Ғуриён (нигар муфассал ба бахши Ғуриён) ба ихтиёри Хоразмшоҳиён гузаштанд. Дар ин давра сарҳадди давлати Хоразмшоҳиён аз соҳилҳои шимолии баҳри Каспий то халиҷи Форс ва аз қаторкӯҳҳои Қафқоз то қаторкӯҳҳои Ҳиндукуш тӯл мекашид. Робитаҳои тиҷоратии Хоразмшоҳиён бо Муғулистону Хитой, Ҳиндустон, мамлакатҳои Шарқи Наздик ва шаҳрҳои Рус инкишоф ёфт. Баъди фоҷиаи Утрор қӯшунҳои Чингизхон ба Хоразм ҳамла карданд. Муҳаммади Хоразмшоҳ бе ягон муқобилият мамлакатро ба ҳоли худ гузошта, ба як ҷазираи баҳри Каспий фирор кард. Охирин намояндаи Хоразмшоҳиён Ҷалолуддини Хоразмшоҳ (1220–1231) солҳои 1219–1221 дар мубориза бар зидди истилогарони муғул истодагарӣ карда натавонист ва давлати бузурги Хоразмшоҳиён сарнагун шуд. Аз ёдгориҳои таърихии Хоразмшоҳиён кохи Маъмун, мақбараи султон Муҳаммади Текеш ва Наҷмиддини Кубро дар вилояти Дошогузи Туркманистон боқӣ мондаанд. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 233–235.

0

Салҷуқиён

Салҷуқиён — давлати асримиёнагӣ, ки дар натиҷаи тохтутози қабилаҳои бодиянишини ғуз (угуз) дар Шарқи Миёна ва Наздик ташкил ёфт. Номи давлат ба исми яке аз бунёдгузоронаш – Чағрибек Довуд ибни Микоил ибни Салҷуқ пайвастагӣ дорад. Баъди барҳамхӯрии Хоқонии турк қабилаҳои Тугуз угуз тадриҷан ба самти ғарб ҳаракат карда, қисмашон дар Туркистони Чин ва қисми дигарашон дар даштҳои назди Сирдарё, бахусус, дар минтақаҳои атрофи шаҳрҳои асримиёнагии Қарачуқ, Фороб ва Сайрам сокин шуданд. Ғузҳо дар аҳди Сомониён дар атрофи шаҳрҳои поёноби Сирдарё — Янгикент, Ҷанд, Хавора сукунат доштанд. Онҳо дар ибтидо худро ҳаводори Сомониён нишон дода, муҳофизати минтақаҳои поёноби Сирдарёро аз тохтутози қабилаҳои дигари турк ба уҳда доштанд. Дар давраи таназзули давлати Сомониён ғузҳо дар муборизаи зидди Элакхон ба Исмоили Мунтасир ёрӣ расонида, баъди ба даст овардани ғанимати ҳарбӣ аз муборизаи минбаъда саркашӣ карданд. Салҷуқиён аз давраи ҳукмронии Маҳмуди Ғазнавӣ дар Марв сокин шуда, баъдан қисме аз онҳо ба Кирмон, Дахистон, Балхон, Исфаҳон, Курдистон, Арманистон, Озарбойҷон ва Байнаннаҳрайн кӯчиданд. Баъд аз ин дар ҳудуди хилофат аз се шохаи Салҷуқиён: салҷуқӣ, балхонӣ ва ироқӣ ном бурда мешуд. Дар асрҳои 10–11 сардори давлати ғузро «ябғу» меномиданд. Ёварони ябғу «гузаркин», вориси тахт — «инал» ва ҳамсараш унвони «хотун» доштанд. Сарлашкари сипоҳи ғузҳо — сюбошӣ бо такя ба шӯрои сипоҳ дар мавриди зарурӣ ба умури давлатдорӣ дахолат намуда, ба муқобили ябғу баромад мекард. Машғулияти асосии ғузҳо чорводорӣ буда, барои тиҷорат ба шаҳрҳои атроф мерафтанд. Хусусан, ғуломони ғузҳо дар минтақа харидори бисёр дошта, дар замони Тоҳириён аз ҳисоби онҳо солона ба дарбори Бағдод ду ҳазор ғулом фиристода мешуд. Дар ибтидо ғузҳо ба боварҳои қадимии гузаштагонашон эътиқод дошта, тадриҷан исломро пазируфтанд. Ба қавли Рашидуддини Фазлуллоҳ, чеҳраи ғузҳо бо сабаби обу ҳавои Мовароуннаҳр тағйир ёфта, тоҷикон онҳоро туркмон, яъне туркмонанд мегуфтанд. Густариши давлат Соли 1040 Салҷуқиён дар муҳорибаи Дандонақон (наздикии Марв) сипоҳи Масъуди Ғазнавиро шикаст дода, дар муддати кӯтоҳ Хуросон (1038–1044), Хоразм (1043), Эрони Ғарбӣ (1042–1051), Озарбойҷон (1054) ва Ироқ (1055)-ро забт карданд. Халифаи Аббосиён ал-Қоим маҷбур шуд, ки Туғрали Салҷуқӣ (1038–1063)-ро ҳамчун султон ва «подшоҳи Шарқу Ғарб» эътироф кунад. Пойтахти давлати Туғрал шаҳри Рай ва пойтахти мулкҳои бародараш Чағрибек шаҳри Марв буд. Дар давраи ҳукмронии Алп-Арслон (1063–1072) ва Маликшоҳи Салҷуқӣ (1072–1092) лашкари Салҷуқиён ба ғарб ҳаракат карда, дар муҳорибаи назди Моназкарт (1071) сипоҳи императори Византия Романи IV Диогенро торумор намуд. Онҳо солҳои 1071–1081 Арманистон, Гурҷистони Шарқӣ, Шервон, як қисми Осиёи Хурд, Сурия ва Фаластинро зери тасарруфи худ дароварданд. Дар давраи ҳукмронии Маликшоҳи Салҷуқӣ иқтидори ҳарбию сиёсии Салҷуқиён хеле афзуд ва сарҳадди давлат дар ғарб то баҳрҳои Миёназамину Мармар, дар шарқ то Кошғар, дар шимол то баҳри Арал, кӯҳҳои Қафқоз — баҳри Сиёҳ, дар ҷануб то халиҷи Форс ва биёбони Сурия васеъ гардид. Музофотҳои мамлакат аз ҷиҳати этникӣ ва иқтисодӣ гуногун буда, бо ҳам робитаи устувор надоштанд. Дар натиҷаи юриши якуми салибӣ ва воқеаҳои ба он алоқаманд Гурҷистон, Шервон, қисми ғарбии Осиёи Хурд, Сурия ва Фаластин мустақил шуданд. Минбаъд Салҷуқиён ба чанд шоха тақсим шуда, дар Осиёи Хурд мулкҳои султонии Кирмон (1041–1187), Сурия (1074–1117) ва Рум (Куния) (1077–1307) ташкил шуданд. Идораи давлат ва фарҳанг Дар замони Салҷуқиён то як андоза осоиштагии сиёсӣ дар Осиёи Марказӣ ба пешрафти иқтисодиёт ва фарҳанг таъсири мусбат расонид. Дар бисёр шаҳрҳо, аз қабили Бағдод, Нишопур, Ҳирот, Балх, Марв ва ғайра мадрасаҳои «Низомия» (муассисашон Низомулмулк) амал мекарданд. Ҳамзамон, тартиби кори девонҳо низ такмил ёфт. Соли 1039 Туғралбек барои идораи мамлакат девони кабири маъруф ба девони султонро дар Нишопур ташкил кард. Баъдан бо ташаббуси вазири дарбори Алп-Арслон ва Маликшоҳ — Низомулмулк бар асоси таҷрибаи давлатдории Сомониён дар пойтахт барои амалӣ кардани корҳои молӣ, низомӣ, адлия, таҳрирот ва ғайра девонҳои дигар ташкил шуда, дар музофот низ барои умури идорӣ девонҳо таъсис доданд. Сардори девони кабирро соҳибдевони давлат мегуфтанд. Барои роҳбарони девон қаламдон, аммома ё дастор (салла) ба унвони аломати вазорат эҳдо мешуд. Дар девони кабир дастуроти султонро музокира карда, дар мавриди онҳо раъй медоданд. Ба замми вазир, муставфӣ ва оризулҷайш низ аъзои девони кабир буданд. Заминдорӣ ва иқтоъ Тохтутози Салҷуқиён ба муносибатҳои аграрии он давра таъсири калон расонд. Мувофиқи ақидаи В. В. Бартолд, деҳқонон дар асрҳои 11–12 мақоми худро дар ҷомеа аз даст доданд ва мулкҳои онҳо ҳамчун иқтоъ ба ихтиёри ашрофу низомиён вогузор мешуданд. Онҳо ба ҷои пардохти муқаррарии ҳаққи хизмат ё подош худ ҳуқуқи гирдоварии даромаду андози заминро соҳиб мешуданд. Иқтоъдор ҳуқуқ дошт, ки аз сокинони мулки зертобеи худ дар ҳаҷми аз 15% то нисфи ҳосил андоз ситонад. Ин амал дар ибтидо ба нафъи давлат буд ва ҳаққи хизмати аксарияти сипоҳиён бо ин роҳ таъмин мешуд. Баъдан низоми заминдории иқтоъ тавассути Низомулмулк такмил дода шуд, ки мувофиқи он имтиёзи иқтоъдорони низомӣ ва ашроф баробар гардид; ба хотири ҷилавгирӣ аз таҳдиди сипоҳиён ба ҳукумати марказӣ ба онҳо мулк инъом карда мешуд. Иқтои сипоҳиёну ашроф сартосари мамлакатро фаро гирифт ва шумораи онҳо дар аҳди Маликшоҳи Салҷуқӣ (1072–1092) ба 46 ҳазор расид. Масоҳати иқтоъ гуногун буда, аз вилояти бузург то деҳа ва ҳатто нисфи онро дарбар мегирифт. Ҳар як иқтоъдор вобаста ба мақоми ҳарбӣ ва масоҳати мулки худ дар лаҳзаҳои зарурӣ шумори муайяни сипоҳиёни савора ё пиёдаро ба ҷанг мефиристод. Ҳаҷми иқтоъ гуногун буда, аз деҳаи хурд то вилояти калонро ташкил мекард. Ашрофе, ки ҳокимияти марказии Салҷуқиёнро то охири асри 11 дастгирӣ мекарданд, баъди соҳиби иқтоъҳои калон шудан, кӯшиш менамуданд онҳоро ба мулки меросӣ табдил диҳанд. Ашроф то андозае мустақил буданд, ки ҳатто аз адои хизмати ҳарбӣ саркашӣ мекарданд. Баъзе иқтоъдорон ба муқобили Салҷуқиён исёнҳо бардошта, мустақил мешуданд (масалан, Хоразм дар нимаи якуми асри 12). Аз ин сабаб, Салҷуқиён бештар ба ашрофи эронитабор таваҷҷуҳ зоҳир карда, онҳоро ба умури дастгоҳи давлатӣ ҷалб менамуданд. Парокандагӣ ва поёни давлат Баъди вафоти Маликшоҳ тахти султонӣ ба писаронаш — Маҳмуд (1092–1094), Барқиярук (1094–1104), Маликшоҳи II (1104–1105), Муҳаммад (1105–1118) гузашт. Онҳо ба муқобили исёнҳои ашрофи маҳаллӣ ва ҳаракати исмоилия мубориза мебурданд. Соли 1118 қаламрави давлати Салҷуқиён ба ду қисм ҷудо шуд: мулкҳои Эрони Ғарбӣ, Ироқ ва Озарбойҷон (султонии Ироқ, 1118–1194, пойтахташ шаҳри Ҳамадон) ба ихтиёри писари Муҳаммад — Маҳмуд ва мулкҳои шарқӣ – Хуросон, Сиистон, Хоразм ва Мовароуннаҳр (пойтахташ шаҳри Марв) ба тасарруфи бародараш — Санҷар гузаштанд. Дар натиҷа иқтидори ҳарбии Салҷуқиён заиф шуда, онҳо дар муқобили ҳуҷуми Қарахитоиён ва Хоразмшоҳиён тоб оварда натавонистанд. Соли 1141 Қарахитоиён дар набарди назди дашти Катвон Санҷар ва шариконаш — Қарахониёнро шикаст дода, тамоми Мовароуннаҳрро истило карданд. Дар ин давра волии дастнишондаи Салҷуқиён дар Хоразм Атсиз (Отсиз; 1127–1156) низ ба муқобили Санҷар се бор (1138, 1141–1142, 1147–1148) исён бардошт. Соли 1153 қабилаҳои бодиянишини ғуз дар наздикии шаҳри Балх шӯриш бардошта, баъди ба асорат афтодани Санҷар шаҳрҳои Тус, Марв, Нишопур, Ҷувайн, Исфароинро ғорат карданд. Баъди фавти Санҷар (1157) давлати Салҷуқиён барҳам хӯрд. Соли 1196 мулки султонии Ироқ ба ихтиёри Такеши Хоразмшоҳ (1172–1200) гузашт. Мулки султонии Қуния то ибтидои асри 14 вуҷуд дошт. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 232–233.

0

Қарахониён

Қарахониён — сулолаи ҳукмрон (992–1212), ки баъди фурӯпошии давлати Сомониён дар Туркистони Шарқӣ, Ҳафтрӯд, мавзеъҳои ҷануби доманаи Тиёншон ҳукумат доштанд. Маҳалли зуҳури Қарахониён Ҳафтрӯду Кошғар буд. Ба ҳайати иттиҳоди қабилавии Қарахониён қавмҳои бодиянишини қарлук, чигил, яғмо, туҳсӣ, арғу ва ғайра дохил мешуданд. Дар миёнаи асри 10 ислом оварданд. Соли 992 ҳокими Тароз ва Балосоғун – Буғрохон пойтахти давлати Сомониён — Бухороро забт намуд. Солҳои 996–999 мулкҳои шимолу ғарбии Сомониёнро тасарруф карданд. Дар ибтидо барои тасарруфи мулкҳои соҳили дарёи Ому бо Ғазнавиён рақобат карда, баъдан муносибати онҳо бо пайвандҳои хонаводагӣ устувор гардид. Соли 1005 сипоҳи охирин намояндаи Сомониён Мунтасири Сомониро торумор намуданд. Давлати Қарахониён аз ҷиҳати маъмурӣ ба мулкҳои алоҳида тақсим шуда, идораи онҳо дар ихтиёри намояндагони сулолаи ҳукмрон — илохонҳо қарор дошт. Илохонҳо имтиёзи бисёр доштанд ва метавонистанд ба номи худ танга сикка зананд. Бухоро ва Самарқандро ҳокимони маҳаллӣ идора мекарданд. Пойтахтҳои давлат Кошғар, Балосоғун ва Узганд буданд. Ҳукумати марказии Қарахониён чандон устувор набуд. Соли 1040 баъди муборизаи дуру дароз Тамғочхон ба тахт нишаст. Дар замони Тамғочхон қудрати Қарахониён дар Мовароуннаҳр устувор гардид ва пойтахти мамлакат аз Узганд ба Самарқанд кӯчонда шуд. Ӯ низоми пардохти андоз, нархи маҳсулотро дар бозор танзим кард ва ислоҳоти пулӣ анҷом дод. Тамғочхон дар охирҳои умраш тахти шоҳиро ба писараш Шамсулмулук супорид, вале ҳокимияти ӯ дер напоид. Дар солҳои аввали давлатдории Қарахониён масоҳати заминҳои корами Мовароуннаҳр кам гардид. Иншооти обрасони водии Зарафшон хароб шуда, савдо ва ҳунармандӣ таназзул ёфт. Шакли асосии заминдорӣ дар ин давра иқтоъ буд. Тадриҷан дар шаҳрҳо ҳунармандӣ инкишоф ёфта, ба ривоҷи савдои дохилию берунӣ таъсири мусбат расонд. Дар ин давра Самарқанд 100 ҳазор ва Бухоро 70 ҳазор аҳолӣ дошт. Соли 1127 дар Бухоро Манораи Калон, солҳои 1152–1157 дар Узганд чанд мақбара бунёд гардид. Рақобати дохилии Қарахониён ба инкишофи илму фарҳанг низ таъсири манфӣ расонда, бисёр шоирону нависандагон, олимони Мовароуннаҳр ба шаҳрҳои Хуросон фирор карданд. Илму фарҳанг аз замони ҳукмронии Тамғочхон ривоҷ ёфт. Ба қавли Низомии Арӯзии Самарқандӣ, дар дарбори Тамғочхон шоиру нависандагони машҳури замон ҷамъ омада буданд. Муаррих Муҳаммад ибни Аднон, олимон Юсуфи Балосоғунӣ ва Маҳмуди Қошғарӣ дар замони Қарахониён зиндагӣ ва эҷод кардаанд. Аз солҳои 60–70-уми асри 11 ҳуҷуми Салҷуқиён ба ҳудуди давлати Қарахониён пурзӯр гардид. Соли 1089 Маликшоҳи Салҷуқӣ Бухоро, Самарқандро забт ва тақрибан ҳамаи мулкҳои Қарахониёнро ишғол кард. Қарахониён таҳти ҳимояи Салҷуқиён гузаштанд. Солҳои 30-юм ва ибтидои солҳои 40-уми асри 12 Қарахитоиён ба Мовароуннаҳр ҳамла оварда, баъди шикаст додани сипоҳи муттаҳидаи Қарахониён ва Салҷуқиён дар дашти Катвон (9 сентябри 1141) мулкҳои Мовароуннаҳрро истило карданд. Қарахитоиён ба ҷамъоварии андоз иктифо карда, ба корҳои дохилии Қарахониён дахолат надоштанд. Дар солҳои охири давлатдории Қарахониён мулкҳои марказии Мовароуннаҳр ва Фарғона ба ду мулки мустақил ҷудо шуданд. Соли 1212 мулкҳои Қарахониён пурра ба ихтиёри Хоразмшоҳиён гузаштанд. А. Мирбобоев. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 231–232.

0

Ғазнавиён

Ғазнавиён — сулолаи ҳукмрон, ки баъди фурӯпошии давлати Сомониён дар Хуросон, бахше аз Мовароуннаҳр, Эрони Марказӣ ва шимоли Ҳиндустон ҳукумат доштанд (999–1186). Пойтахташ – шаҳри Ғазна (номи сулола низ аз ҳамин ҷост). Баъди фавти Абдулмалик ибни Нуҳ (954–961) ғулом ва сипаҳсолори Сомониён Алптегин аз итоати Сомониён сарпечӣ карда, ба сулолаи Ғазнавиён асос гузошт (961). Домод ва ҷонишини Алптегин – Сабуктегин муддате пас аз даргузашти ӯ ба итоати Сомониён даромада, то охири умр (997) ба амирони сомонӣ тобеъ буд. Дар аҳди Сабуктегин қаламрави ҳукумати Ғазнавиён то Зобулистон, Кобул ва бахше аз Ҳиндустон густариш ёфт. Муассиси давлати мустақили Ғазнавиён писари Сабуктегин – Маҳмуди Ғазнавӣ (999–1030) зери шиори ғазавот сиёсати истилогаронаро пеш гирифта, қаламрави Ғазнавиёнро васеъ намуд: мулкҳои мусулмоннишини Сиистон (1002), Хоразм (1017), Рай (1029) низ бо баҳонаи саркуб намудани қарматиҳо ишғол шуданд. Давлати Ғазнавиён дар аҳди Маҳмуди Ғазнавӣ ба авҷи тараққиёт расида, мулкҳои бисёр, аз қабили Хоразм, Сиистон, Зобулистон, Синд, Чағониён, Хатлон, Қубодиён, Тирмиз, Кӯсдор, Макрон, Волиштон, Кайконон, Рай, Ҷибол, Исфаҳон, Ҳулвон, Гургон ва Табаристон ба қаламрави он дохил шуданд. Лашкаркашии Ғазнавиён ба Ҳиндустон аз аҳди ҳукмронии Сабуктегин оғоз шуда, дар натиҷаи тохтутозҳои минбаъда онҳо мулкҳои Вайҳинд (1001), Бҳатинда (1004), Нараянпур (1009), Таҳанешвар (1014), Қаннуҷ (1018), Колинҷар (1022), Суманот (1025), Ҳонсию Сунпат (1036) ва шаҳру қалъаҳои дигарро ишғол карда, сарвати фаровон ба даст оварданд. Ба дастгоҳу идораҳои мулкҳои ҳиндустонии Ғазнавиён амир (сардорони низомӣ ё шоҳзодаҳо) роҳбарӣ карда, вазифаи асосиаш ҳифзи амният ва ҷамъоварии молиёт буд. Пас аз даргузашти Маҳмуд (1030) байни писаронаш – Масъуд (1030–1040) ва Муҳаммад барои тоҷу тахт мубориза сар шуд. Нахуст Муҳаммад ба тахт нишаста, бо хиёнати гурӯҳе аз дарбориён сарнагун гардид. Аз давраи ҳукмронии Масъуд (1030–1040) зиддиятҳои дохилӣ дар дарбори Ғазнавиён оғоз гашт. Дар заминаи таассуби мазҳабии Ғазнавиён тадриҷан авзои иҷтимоии ҷомеа мураккаб гардида, баъзе афроди баландмартаба, сарватманд ва донишманди ҳамзамони Маҳмуд ва Масъуд ба гуноҳи қарматӣ ё ботинӣ ба қатл расонда шуданд. Вазъи омма низ чандон хуб набуд: ҷангҳои доимӣ, тохтутозҳои бардавом, сиёсати молиявии Ғазнавиён аҳволи оммаро ба танг овард. Хусусан бар асари хушксолии соли 1011 дар Хуросон мардуми бисёр талаф шуд. Низоми идории давлати Ғазнавиён Низоми идории давлати Ғазнавиён дар асоси суннатҳои даргоҳу девони Сомониён ташкил ёфта буд. Сарвари кишварро «амир» меномиданд, вале дарбориёну шоирони маддоҳ унвони «султон»-ро истифода бурда, тадриҷан унвони дуввумӣ маъмул гардид. Даргоҳ дастгоҳи содиркунандаи фармонҳои султон буда, роҳбари он Ҳоҷиби Бузург буд. Ҳоҷиби Бузург бо ҳамдастии ҳоҷибон ва кормандони дигар: надим, қаввол, пардадор, соқӣ, шаробдор, ҷомадор, мутриб, табиб, шоир, оҳурсолор, огочӣ, фаррош ва дигарон низом ва фаъолияти кории даргоҳро таъмин мекард. Дар давраи Ғазнавиён шумораи девонҳо ба 8 адад (вазорат, арз, рисолат, истифо ё муставфӣ, ишроф ё мушриф, барид, қазо ва ваколат) расид. Сикказанӣ Дар замони Ғазнавиён динорҳои тилоӣ ва дирҳам ба муомилот бароварда мешуданд, ки маъмултарини онҳо бо номи ҳарейва дар шаҳри Ҳирот зарб меёфт. Навиштаҷот ва вазни сиккаҳои Ғазнавиён вобаста ба таърихи бароришашон тағйир меёфт: дар рӯи сиккаҳои Сабуктегину Маҳмуд исми Худованд ё ояте аз Қуръон, дар пушташон исми халифа, амири сомонӣ (Нуҳ ибни Мансур), Сабуктегин ё Маҳмуд сабт ёфта буд (солҳои барориш 994–999). Дар баъзе сиккаҳои Маҳмуд ва Масъуд исми халифаҳои аббосӣ (Қодир ва Қосим) сабт ёфта (солҳои барориш: 1002–1025, 1030–1036), қисми дигарашон бидуни номи халифа сикка зада мешуданд (1026–1030, 1036–1040). Теъдоде аз сиккаҳои Ғазнавиён дар ҳудуди вилояти Хатлони Тоҷикистон низ дарёфт шудаанд. Сиёсати хориҷӣ Сиёсати хориҷии Ғазнавиён дар ҳамоҳангӣ бо дарбори хилофати Бағдод амалӣ шуда, бо ин васила таъсири забони арабӣ тадриҷан афзун гардид. Аббосиён аз лашкаркашиҳои Ғазнавиён ба самти Ҳинд ҷонибдорӣ карда, ба Маҳмуд лақабу унвонҳои бисёр, аз қабили «Яминуддавла», «Каҳфулислом» ва «Низомуддин»-ро ато карданд. Ғазнавиён дар рақобати миёни хилофати Бағдод ва Фотимиён аз Аббосиён пуштибонӣ намуда, боре ба хотири нишон додани садоқати худ сафири Фотимиёнро ба қатл расонда буданд. Ғазнавиён қабл аз таназзули давлати Сомониён амалиёти муштаракеро барои сарнагунсозии амирони сомонӣ тарҳрезӣ карда буданд. Баъди фурӯпошии ҳукумати Сомониён Насри I Маҳмуди Ғазнавиро ба муносибати дарёфти ҳукумати Хуросон табрик намуда, тибқи аҳдномаи ҷонибҳо рӯди Ому марзи байни Ғазнавиён ва Қарахониён муайян гардид. Баъди лашкаркашии Маҳмуд ба Мултон Насри I бар хилофи аҳдномаи ҷонибҳо амал карда, баъзе мулкҳои зертобеи Ғазнавиёнро дар Хуросон ишғол намуд. Нахустин бархӯрди ҷиддии Ғазнавиён ва Қарахониён дар наздикии Балх иттифоқ афтод (1008), ки бо ғалабаи Ғазнавиён анҷом ёфт. Баъди муҳорибаи мазкур нуфузи Ғазнавиён дар минтақа устувор шуда, ихтилоф миёни бародарон Элакхон ва Туғонхон бо дахолати Маҳмуди Ғазнавӣ ҳаллу фасл гашт ва Қарахониён ба лашкаркашии сипоҳи ғазнавӣ ба Хоразм муқобилат накарданд. Бо гуфтушунуди Маҳмуд ва Қадархони Қарахонӣ дар Самарқанд (1025) муносибати ҷонибҳо бо пайвандҳои хонаводагӣ устувор гардид, аз ҷумла духтари Маҳмуд ба Яготагини Қарахонӣ ва духтарони Қадархон ба ақди никоҳи фарзандони Маҳмуд – Масъуд ва Муҳаммад даромаданд. Баъди фавти Маҳмуд Масъуди Ғазнавӣ хилофи ваъдааш ба Алитегин (дар сурати ёрӣ расонидан дар муборизаи зидди бародараш – Муҳаммад ба Қарахониён бахшидани вилояти Хатлон) рафтор карда, Хоразмшоҳ Олтунтошро барои забти Бухоро равона кард. Алитегин баъди шикастхӯрӣ ва таъқиботи бисёр, ахиран Олтунтошро дар муҳорибаи назди Дабусия торумор карда, бо Ғазнавиён аҳдномаи дӯстӣ баст. Баъдан Қарахониён бо роҳи пинҳонӣ Салҷуқиёнро ба муборизаи зидди Ғазнавиён таблиғ мекарданд. Мубориза бо Салҷуқиён ва поёни салтанат Муносибати Ғазнавиён дар шимол бо Салҷуқиён аз давраи Маҳмуд ба роҳ монда шуд. Маҳмуди Ғазнавӣ баъди ҳабси пешвои Салҷуқиён – Исроил ибни Салҷуқ, беш аз 4 ҳазор хонаводаи туркманро бар хилофи раъйи аҳли дарбор дар Хуросон сокин намуд. Пас аз марги Маҳмуд туркманҳо бо истифода аз зиддияту ихтилофи дарбори Ғазнавиён даст ба саркашӣ ва ғорати мардуми Хуросон заданд. Салҷуқиён баъди якчанд задухӯрд (1037–1039), ниҳоят лашкари султон Масъудро дар саҳрои Дандонақон (23 майи 1040) торумор карда, ба салтанати 40-солаи Ғазнавиён дар Хуросон хотима доданд. Масъуд пас аз шикасти Дандонақон ҳангоми сафари Ҳиндустон аз ҷониби ғуломонаш ғорат ва дастгир шуда, бародараш Муҳаммад ба тахт нишаст. Баъди қатли Масъуд аз ҷониби писарони Муҳаммад, писараш Мавдуд (1041–1049) дар муҳорибаи назди Данпур лашкари Муҳаммад ва фарзандонашро шикаст дода, ба тахт нишаст. Мавдуд баъди нокомӣ дар муборизаи зидди Салҷуқиён бо онҳо робитаи хешовандӣ барқарор карда, духтари Чағрибекро ба ақди никоҳ даровард. Пас аз Мавдуд, писари дигари Масъуд – Алӣ (1049–1051) бар тахт нишаст, вале дар натиҷаи табаддулоти Абдуррашид ибни Маҳмуд (1051–1053) сарнагун шуд. Абдуррашид баъди муборизаҳои тӯлонӣ бо Салҷуқиён аз ҷониби яке аз сарлашкаронаш – Туғрал ба қатл расида, Ғазнавиён муваққатан аз ҳукумат маҳрум гаштанд. Баъди кушташавии Туғрал Ғазнавиён бо сарварии Фаррухзод ибни Масъуд (ҳукмронӣ 1053–1059) бори дигар тахти меросии худро соҳиб шуданд. Ихтилофоти Ғазнавиён бо Салҷуқиён дар замони ҳукмронии Султон Иброҳим (1059–1099) аз нав оғоз шуда, баъдан бо издивоҷи Масъуди III (1099–1115) бо духтари Маликшоҳи Салҷуқӣ даргириҳои ҷонибҳо муваққатан хотима ёфтанд. Иброҳими Ғазнавӣ аз ихтилофоти дохилии хонадони Салҷуқиён истифода бурда, баъзе мулкҳои собиқи Ғазнавиён – Кундуз, Валович, Толиқон ва вилояти Тахористону Бадахшонро бори дигар ишғол намуд. Дар поёни салтанати Масъуди III (1099–1115) ва кашмакашиҳои дохилии миёни бародарон Шерзод (1115), Малик Арслон (1115–1118) ва Баҳромшоҳ (1118–1152) суботи сиёсӣ дар давлати Ғазнавиён аз байн рафт. Дар давраи шиддати муборизаҳои дохилӣ султон Санҷари Салҷуқӣ бо мақсади пуштибонии Баҳромшоҳ ба Ғазна лашкар кашида, ниҳоят Малик Арслонро аз тахт сарнагун кард (1118). Аз давраи ҳукмронии Баҳромшоҳ робитаи Ғазнавиён бо Ғуриён низ мураккаб гардид. Баҳромшоҳ пас аз чанд мубориза ва шикаст ахиран бар Ғуриён пирӯз гашта (1149), амири Ғур Сайфуддинро ба қатл расонд. Амири Ғуриён Алоуддин барои қасоси бародари худ, ба Ғазнин лашкар кашида, пойтахти Ғазнавиёнро оташ зад. Охирин намояндагони хонадони Ғазнавиён Хусравшоҳ (1152–1160) ва Хусравмалик (1160–1186) зери фишору таъқиби Ғуриён пойтахти Ғазнавиёнро ба Лоҳур кӯчонданд. Баъди ишғоли Лоҳур аз ҷониби Ғиёсуддини Ғурӣ (1186) охирин султони Ғазнавӣ Хусравмалик (1160–1187) ба асорат афтода, дар Фирӯзкӯҳ ба қатл расид. Ҳамин тавр, салтанати 224-солаи Ғазнавиён ба поён расида, ба ҷои он давлати тоҷикбунёди Ғуриён ба арсаи таърих омад. Илм ва адабиёт Ғазнавиён ба сохтмон ва ташкили марказҳои фарҳангӣ таваҷҷуҳи хосса доштанд. Зербинои асосии равиши адабиёти форс-тоҷик дар аҳди Ғазнавиён маҳз аз ҷониби донишмандони замони Сомониён, чун Рӯдакӣ, Дақиқӣ ва дигарон гузошта шуда, дар симои ворисони онҳо – Фирдавсӣ, Фаррухӣ ва Унсурӣ пойдору устувортар шуд. Бо вуҷуди он ки баъди таназзули давлати Сомониён ҳанӯз ҳаёти адабии Мовароуннаҳр дар дарбори Чағониён хомӯш нашуда буд, вале аксари шоирони минтақа баъди як муддати иртибот бо амирони маҳаллӣ ё худро ба дарбори Ғазнавиён пайвастанд (Манучеҳрӣ, Фаррухӣ, Лабибӣ) ё бо шоирони доираи адабии Ғазнӣ доимо дар робита буданд (Ғазоирӣ). Хусусан, баъди ишғоли Хоразм аз ҷониби Ғазнавиён аксари намояндагони илму адаби он ба доираи адабии Ғазнӣ пайвастанд. Дарбори Ғазнавиён дар шаҳрҳои Ғазна ва баъдан Лоҳур ба доираҳои илмӣ ва адабии минтақа табдил ёфта, ба ақидаи Давлатшоҳи Самарқандӣ, дар рикоби Султон Маҳмуд шоирони бисёре вуҷуд доштанд, ки Унсурӣ пешвои онҳо буд. Аз нимаи дувуми асри 11 доираи адабии Лоҳур равнақ ёфта, дар ин маркази адабии Ғазнавиён бузургони адабиёти форс-тоҷик – Абулфараҷи Рунӣ, Масъуд Саъди Салмон ва дигарон ба воя расиданд. Дар шабнишиниҳо ва базмҳои дарбории Маҳмуд ва Масъуд шоирон бадеҳатан шеър суруда, дар ин бадеҳаҳо ҳозирҷавобӣ ва санъату маҳорати онҳо дар назди аҳли маҷлис маълум мегардид. Аксари шоирони аҳди Ғазнавиён дар пайравӣ аз Рӯдакӣ шеър месуруданд. Ҳамзамон бо муҳоҷирати пешвоёни тариқат ва орифони бузург тасаввуф ва ирфон ба Ҳинд низ роҳ ёфт. Берунӣ дар Лоҳур пас аз фарогирии забони санскритӣ асараш «Мол-ил-Ҳинд»-ро таълиф намуда, адён, фалсафа, адабиёт, нуҷум, риёзӣ, қонунҳо ва маросими мардумии Ҳинди қадимро ба ҷаҳони асримиёнагӣ муаррифӣ кард. Дар замони Ғазнавиён осори зиёди таърихӣ, аз қабили «Таърихи Байҳақӣ», «Зайну-л-ахбор», «Таърихи Яминӣ», таърихию эпикӣ: «Ҳингбуту Сурхбут», «Шодбахру Айнулҳаёт», «Вомиқу Азро», «Варка ва Гулшоҳ», достонҳои эпикию таърихӣ: «Маҳмуднома», «Давлатнома», «Тоҷу-л-футуҳ», достонҳои паҳлавонию қаҳрамонӣ: «Барзунома», «Бежаннома» ва ғайра таълиф шуда, анъанаи таърихнигории форсии Мовароуннаҳру Хуросон ба Ҳинд интиқол ёфт. Хидмати Ғазнавиён дар густариши забон ва илму адаби форс-тоҷик, ҳифзи урфу одат, расму оин, дину мазҳаб, фарҳанги мардумӣ, ки дар замони Сомониён ташаккул ёфта буд, назаррас аст. С. Муллоҷон. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 230–231.

0

Бувайҳиён

Бувайҳиён (Оли Буя, Дайламиён) — сулолаи ҳукмрони эронитабор дар Шарқи Наздик ва Миёна (933–1056). Насабномаи Бувайҳиён ба Баҳроми Гур мерасад. Асосгузорони сулола се бародар – Алӣ, Ҳасан ва Аҳмад буданд. Сулола ба шарафи моҳифурӯши дайламӣ Абушуҷои Буя номгузорӣ шудааст. Ӯ дар Дайлам ба хидмати Сомониён гузашта, баъдан ҳамроҳи Мардовичи Зиёрӣ ба муқобили сарони лашкари сомонӣ бархост. Писари бузурги Абушуҷоъ — Алӣ ибни Буя сарпарастии бештари лашкарро ба уҳда дошт. Ӯ дар замони Мардович музофоти ғарбии Ҳамадонро ба ихтиёр гирифт ва соли 935 бо ёрии бародаронаш Ҳасан ва Аҳмад қаламрави ҳукуматашро то мулки Форс густариш дод. Тадриҷан ҳукумати Исфаҳон ба Алӣ, Рай, Қошон, Исфаҳон, Ироқи Аҷам ба Ҳасан, Кирмон, Хузистон ва Бағдод ба ихтиёри Аҳмад гузаштанд. Ниҳоят, халифа барояшон лақабҳои ифтихории Имодуддавла (ба Алӣ), Рукнуддавла (ба Ҳасан) ва Муизуддавла (ба Аҳмад) дод. Аз байни онҳо Муизуддавла ҳамчун «амирулумаро» ҳокими воқеии Ироқи Арабу Ироқи Аҷам буд. Минбаъд халифаи араб ба ном вуҷуд дошт. Баъди ин се бародар 14 тан аз намояндагони Бувайҳиён дар се минтақаи алоҳида ҳукумат карданд: Ҷонишинони Имодуддавла дар Форс; Ҷонишинони Муизуддавла дар Ироқу Кирмону Хузистон; Ҷонишинони Рукнуддавла дар Раю Исфаҳон. Имодуддавла — аввалин намояндаи дайламиёни Форс — ба иллати безурриётӣ писари бародараш Азудуддавларо соли 949 ҷонишини худ эълон кард. Ӯ баъзе мулкҳои ҷанубии халиҷи Форс ва Уммонро тасарруф карда, Рай ва Ҳамадонро низ соли 982 аз амакзодаи худ Фахруддавла ва Гургонро аз оли Зиёр ба қаламрави худ ҳамроҳ намуд. Ӯ шохаҳои парокандаи оли Буяро муттаҳид карда, халифа ба бозичаи дасти ӯ табдил ёфт. Ҳамчунин ӯ дар шаҳри Бағдод барои бенавоёну камбағалон беморхона, дорухонаву таълимгоҳи бузурги тиббӣ бино кард; худи пойтахташ шаҳри Шерозро бо иморатҳои барҳаво ороиш дод; бозору масҷидҳо, наҳрҳои хароб ва роҳи Маккаро тармим кард; ба вазири насронии худ Наср ибни Ҳорун иҷозат дод, ки дайру калисоҳоро обод кунад. Пас аз фавти Азудуддавла (983) давлатдории оли Буя бар асари зиддиятҳои дохилӣ рӯ ба инқироз ниҳод. Соли 1029 вилоятҳои Раю Ҷибол ба ихтиёри Маҳмуди Ғазнавӣ гузаштанд, соли 1055 Туғралбеки Салҷуқӣ Бағдодро забт намуд. Агарчи охирин намояндаи оли Буя боз ҳафт соли дигар ҳукумат кард, ниҳоят тавассути курдони маҳаллӣ сарнагун шуд. Агарчи Бувайҳиён дар давлатдорӣ муваффақияти азим ба даст оварданд, вале чун таъсири сесадсолаи арабӣ дар қисми ғарбии сарзамини тоҷикон амиқтар буд, ҳукуматдорони ин хонадон натавонистанд ҳувияти миллиро мисли Сомониён дар Эрони Ғарбӣ барқарор созанд. Онҳо ба ҳукумати «дунявӣ» иктифо карда, бахши диниро, ки дар ҷаҳони он рӯз сернуфуз буд, ба ихтиёри Аббосиён вогузор намуданд. Н. Амиршоҳӣ, Қ. Расулиён. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 229.

0

Зиёриён

Зиёриён (Оли Зиёр) — сулолаи ҳукмрон дар марказ ва ҷанубу ғарби Эрон (928–1044), ки аз миёни дайламиён бархоста буд. Асосгузори сулола Мардович (ҳукмронӣ 932–935) писари Зиёр ибни Вардоншоҳи Гелӣ буд, ки тавассути хидматаш дар ҳайати сипоҳи волии дастнишондаи Сомониён дар Гургон — Асфор ибни Ширӯя — ҳокими Занҷон таъйин гардид. Асфор баъди ишғоли Табаристон бародараш Шерзод ва Мардовичро ба назди ҳокими Торум — Муҳаммад ибни Мусофир фиристода, ӯро ба итоат даъват кард. Мардович, баръакс, бо Муҳаммад ибни Мусофир иттиҳод баста, дар назди қалъаи Аламут хоҷааш Асфорро ба қатл расонид (931). Дар аҳди Мардович Табаристон, Гургон, Ҳамадон ва Хузистон ба қаламрави Зиёриён ҳамроҳ шуда, Исфаҳон пойтахт интихоб гардид. Пирӯзиҳои Мардович дар аҳди Муқтадир Биллоҳ (929–932) Аббосиёнро водор кард, ки ҳукумати Зиёриёнро эътироф намоянд; Зиёриён солона ба хазинаи Бағдод 200 ҳазор динор хироҷ месупурданд. Дар ин давра оид ба масъалаи ҳукумати Гургону Табаристон байни Мардович ва Мокони Кокӣ ихтилоф сар зада, Сомониён бо мақсади пуштибонӣ аз Мокони Кокӣ Гургонро ишғол карданд. Тибқи аҳдномаи дуҷонибаи Мардович ва Насри II ибни Аҳмад (ҳукмронӣ 914–943) Гургон ба ихтиёри Сомониён ва Табаристон дар ҳайати қаламрави Зиёриён боқӣ монд. Дар аҳди Мардович аз миёни дайламиён сулолаи дигар бо номи Бувайҳиён зуҳур кард, ки дар ибтидо ба номи Зиёриён хутба мехонданд. Мардович ҳангоми лашкаркашӣ ба самти Бағдод дар Исфаҳон тавассути ғуломони турки дарбораш ба қатл расида, ба ҷои ӯ бародараш Вушмгир ибни Зиёр ҳукмрон шуд. Пас аз фавти Вушмгир (967) миёни писаронаш Беҳсутун ва Қобус оид ба таъйини валиаҳд ихтилоф сар зад: Беҳсутун (ҳукмронӣ 968–977) бо дахолати Бувайҳиён соҳиби тоҷу тахт ва Қобус бо пуштибонии Сомониён ҳокими Гургон шуд. Соли 982 Қобус (ҳукмронӣ 977–982, 998–1012) дар набарди зидди Азудуддавлаи Дайламӣ шикаст хӯрда, аз ҷониби Сомониён дар Хуросон паноҳгоҳ ёфт. Ӯ соли 998 бинобар оғози даргириҳои дохилӣ дар байни Бувайҳиён ҳукумати Зиёриёнро дар Гургону Табаристон барқарор кард. Қобус то охирин лаҳза садоқати худро нисбат ба Сомониён нигоҳ дошта, Мунтасири Сомониро дар мубориза бар зидди Ғазнавиён ёрӣ дод. Соли 1012 ходимони дарбор Қобусро ба қатл расонида, писараш Манучеҳрро (1013–1032) ба тахт нишонданд. Манучеҳр тобеияти Зиёриёнро ба дарбори Ғазнавиён эътироф намуда, бо духтари Маҳмуд издивоҷ кард. Пас аз Манучеҳр писари хурдсолаш Нӯшервон (1032–1044) ба тахт нишаст, вале ҳукуматро амалан тағояш Боколичор идора мекард. Соли 1034 Масъуди Ғазнавӣ бинобар аз итоат сарпечӣ кардани Боколичор ба Гургон лашкар кашида, дар қаламрави Зиёриён харобиҳои бисёр анҷом дод. Баъд аз набарди Дандонақон (23 майи 1040) Зиёриён тобеияти худро ба Салҷуқиён эътироф карданд (1042–1043). Дар маъхазҳои таърихӣ аз се намояндаи дигари хонадони Зиёриён бо номҳои Чистон (писари Нӯшервон), Унсурулмаолии Кайковус ва писараш – Гелоншоҳ ёд шудааст, ки то солҳои 90-уми асри 11 ҳукмронӣ кардаанд. Баъзе намояндагони хонадони Зиёриён – Қобус (унвонаш Шамсулмаолӣ) ва Кайковус, ки худ намояндагони аҳли илму адаб буданд, чандин донишмандро, аз қабили Берунӣ, Ибни Сино, Абумансур Абдумалики Саолибӣ, Абубишр Фазли Ҷурҷонӣ, Абуомири Ҷурҷонӣ ва дигарон, ба дарбори худ ҷалб карданд. Аз ёдгориҳои меъмории аҳди Зиёриён Гунбади Қобус боқӣ мондааст. Н. Амиршоҳӣ. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 229.

0

Зайдиён

Зайдиён (Алавиён) — сулолаи маҳаллии ҳукмрон дар Табаристон (864–928). Асосгузори сулолаи Зайдиён Ҳасан ибни Зайд (Доии Кабир) буд, ки бо дархости пешвоёни шӯриши мардуми Табаристон – Муҳаммад ва Ҷаъфар (писарони Рустам) аз Рай ба ин минтақа омада (864), дар муддати кӯтоҳ ҳокимияти дастнишондаи Тоҳириёнро дар Омул (Муҳаммад ибни Авси Балхӣ) ва Сорӣ (Сулаймон ибни Абдуллоҳи Тоҳирӣ) шикаст дод. Баъди пирӯз шудани Зайдиён дар Рай (869) доираҳои ҳукмрони хилофати Аббосӣ сипоҳеро бо сарварии Муфлеҳи Туркӣ ба Табаристон фиристода, пешравии Ҳасан ибни Зайдро муваққатан боздоштанд. Зайдиён соли 871 сипоҳи Тоҳириёнро дар Гургон шикаст дода, шаҳрро ишғол карданд. Соли 875 Яъқуб ибни Лайс ба баҳонаи таъқиби рақибаш Абдуллоҳи Сиҷзӣ ба қаламрави Зайдиён лашкар кашида, шаҳрҳои Омулу Сориро ишғол намуд ва Ҳасан ибни Зайд ночор ба Дайлам фирор кард. Солҳои аввали ҳукумати бародари Ҳасан ибни Зайд – Муҳаммад ибни Зайд (ҳукмронӣ 883–900) Табаристонро муборизаҳои дохилӣ фаро гирифтанд. Муҳаммад ибни Зайд (Доии Кӯчак) баъди ором кардани вазъи Табаристон дар набардҳои зидди сарлашкарон Азкутегин (885) ва Рофеъ ибни Ҳарсама (889) шикаст хӯрда, ба Дайлам паноҳ бурд. Зайдиён дар давраи шиддати муборизаҳои Саффориёну Сомониён дар Хуросон мавқеи худро дар Табаристон дубора мустаҳкам карданд. Соли 900 Муҳаммад ибни Зайд қасди ишғоли Хуросон кард, вале дар набарди зидди Исмоили Сомонӣ ба қатл расид. Солҳои 900–913 Табаристон аз ҷониби ҳокимони дастнишондаи Сомониён Абулаббос Абдуллоҳ ибни Нуҳ ва Абулаббоси Сӯлук идора шуда, Зайдиён аз ҳукумат маҳрум гардиданд. Соли 914 намояндаи хонадони Зайдиён Носири Атруш (ҳукмронӣ 914–917) дар Табаристон ба муборизаи зидди Сомониён бархоста, худро мустақил эълон кард. Соли 914 Аҳмад ибни Исмоил барои саркӯб кардани Носири Атруш лашкар ҷамъ овард, вале аз ҷониби чанд тан аз ғуломонаш ба қатл расид. Дар аҳди ҳукумати Ҳасан ибни Қосим (917–928) муборизаи доираҳои ҳукмрони хонадони Зайдиён шиддат ёфта, ахиран онҳо тавассути Зиёриён аз ҳукумат сарнагун шуданд. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 228–229.

0

Саффориён

Саффориён — дувумин давлати тоҷикон (873–900) баъд аз густариши ислом. Саромади хонадон Лайс саффор (мисгар; номи давлат аз ин ҷост) буд. Писарони ӯ Яъқуб, Тоҳир ва Алӣ дар байни айёрони сиистонӣ тарбия ёфтанд. Тадриҷан Яъқуб ҳамчун силаҳшӯр роҳбари айёрони сиистонӣ таъйин гардид ва дар давраи аморати Тоҳири II ба дастаи мутаввиа («ихтиёриён») ҳамроҳ шуд. Мутаввиа дастаҳои ихтиёрии мардумӣ буданд, ки бо мақсади дафъи фитнаи хавориҷ ва хотима додани бедодгарии ҳокимони маҳаллӣ ташкил ёфта буданд. Яъқуб соли 852 бо таҳрики сардори мутаввиа Солеҳ ибни Назр бар зидди хавориҷ ва ҳокими дастнишондаи Тоҳириён дар Сиистон – Иброҳим ибни Ҳусайн хурӯҷ кард. Яъқуб баъди ишғоли Бӯст ва Заранҷ бинобар ихтилофи айёрони сиистонӣ ва мутаввиа дар набарди зидди Солеҳ бародараш Тоҳирро аз даст дод (858). Пас аз набард Солеҳ ба Бӯст фирор кард ва бародараш Дирҳам Яъқубро ҳокими Бӯст ва сипаҳсолори худ таъйин намуд. Дере нагузашта муносибати Дирҳам ва Яъқуб сард гардид. Дар муборизаи дохилӣ Яъқуб бар Дирҳам (861) ва сипас Солеҳ (864) ғолиб омада, ҳокими Сиистон гардид. То соли 868 водии Кобул, Синд, Макрон, Ҳирот, Бушанг, Кирмон, Шероз ва Форс ба қаламрави мулкҳои Яъқуб ҳамроҳ карда шуданд. Соли 871 халифа Муътамид (870–892) Яъқубро волии Сиистон, Кобул ва Тахористон таъйин намуд (872). Яъқуб дар Ҳирот бар хавориҷ низ ғолиб омада, аз ҳисоби онҳо лашкари ҷудогона («ҷайшу-ш-шуроҳ») ташкил дод. Соли 873 бо баҳонаи таъқиби рақибонаш, писарони Солеҳи Сиҷзӣ – Абдуллоҳ, Фазл, Аҳмад ба пойтахти Тоҳириён – Нишопур ҳамла кард. Муҳаммад ибни Тоҳир дар мавзеи Шодёхи Нишопур ба асорат афтод ва давлати Тоҳириён барҳам хӯрд. Соли 874 халифа бинобар хатари исёни зангиён (дар Ироқ) ҳукумати Хуросон, Табаристон, Ҷурҷон, Рай ва Форсро ба ихтиёри Яъқуб вогузор намуд. Соли 875 Яъқуб шаҳрҳои Омулу Сориро дар қаламрави Зайдиён ишғол карда, ҷанг дар байни ӯ ва халифа ногузир гардид. Яъқуб соли 876 ба Бағдод лашкар кашид, вале дар назди Дайру-л-Акул шикаст хӯрд. Муҳаммад ибни Тоҳир баъди ин набард аз асорат озод шуда, волии Хуросон ва атрофи он гардид. Яъқуб то замони фавташ (879) ҳокимияти худро танҳо дар баъзе мулкҳои ҷануби Эрон ҳифз кард. Баъди Яъқуб баъзе лашкариён бародараш Амрро ба аморат бардоштанд. Ӯ баръакси Яъқуб ба халифа изҳори итоат карда, маншури ҳукумати Форс, Кирмон, Исфаҳон, Кӯҳистон, Гургон, Табаристон, Ғӯр, Балх, Кобул, Сиистон, Синд ва шаҳнагии Бағдодро дар ивази пардохти 20 миллион дирҳам ба даст овард. Дар замони аморати Амр вазъи Хуросон бинобар исёни Аҳмади Хуҷистонӣ (фавт 882) ва Рофеъ ибни Ҳарсама мураккаб гардид. Баъди кушта шудани Рофеъ ба дасти Амр ибни Лайс (28 ноябри 897) муносибати Сомониёну Саффориён барои аморати Хуросон ва Хоразм шиддат ёфт. Соли 898 халифа ба таври расмӣ маншури ҳукумати Мовароуннаҳрро ба Амр ибни Лайс вогузор кард ва тибқи мактуби махфии дигар Исмоили Сомониро ба муборизаи зидди Саффориён таҳрик намуд. Амр дар набарди зидди Сомониён (899, 900) ноком шуда, давлати Тоҳириён таназзул ёфт. Саффориён вақти худро бештар ба лашкаркашӣ ва танзими умури сипоҳ сарф карда, воқеан барои ташкили созмонҳои марказии дарбор фурсат надоштанд. Дар умури кишвардорӣ Саффориён бештар ба хонадонҳои асили эронитабор такя мекарданд. Дар замони Саффориён чанд девон (расоил, арз) фаъолият дошт. Дар замони Амр барои танзими низоми пардохти андоз баъзе чораҳо андешида шуданд. Дар ин давра мардум мувофиқи даромади худ андоз месупориданд, хазинаи давлат аз ҳисоби андози замин, даромади мулкҳои Саффориён ва ғайра пур карда мешуд. Пойтахтҳои Саффориён шаҳрҳои Заранҷ ва Нишопур буданд. Дар аҳди Саффориён Заранҷ равнақ ёфта, кохҳои Яъқуби Лайс, Амри Лайс, манора ва масҷид аз ҷумлаи биноҳои шаҳр буданд. Маҷмуаи биноҳои собиқи Яъқуб дар байни дарвозаҳои Каркуя ва Нешак қарор дошт, ки мардум онро Арг меномиданд. Шаҳр аз ду ҳавзи калони атрофи масҷиди ҷомеъ бо об таъмин мешуд. Водии Заранҷ бо осиёбҳои бодӣ, ҷома, фарш ва хурмои хушкаш машҳур буд. Дар замони Саффориён робитаҳои бозаргонии мулкҳои Мовароуннаҳру Хуросон ва Ҳинд инкишоф ёфтанд. Саффориён дар тақлид ба халифаҳои аббосӣ аз тилло, нуқра ва биринҷӣ сикка мебароварданд. Дар рӯи сиккаҳо номи амири саффорӣ ва дар пушташон номи халифаҳои аббосӣ ҳаккокӣ шудааст. Намояндагони хонадони Саффориён пуштибони илму фарҳанг буданд. Яъқуб баъди бозгашт аз набарди зидди Аммори Хориҷӣ дар вокуниш ба шеъри арабии дабири зердасташ Муҳаммад ибни Васиф гуфт: «Дар чиз ман андар наёбам чиро бояд гуфт?». Пас аз ин вокуниши амир шоирон Бассоми Курд, Муҳаммад ибни Мухаллад, Абусалики Гургонӣ, Фирӯзи Машриқӣ ва дигарон ба забони форсӣ шеър месуруданд. Саффориён забон ва расму одати қадимии мардуми ориёиро эҳё намуда, онро бар арабӣ тафзил доданд. Сомониён Сомониён — сеюмин давлати миллии тоҷикон пас аз густариши ислом. Аз шаҳри Балх бархоста буданд ва насаби онҳо ба Баҳроми Чӯбин мерасид. Таърихи давлатдории Сомониён ба се марҳала тақсим мешавад: дар марҳалаи аввал (819–874) Сомониён бо ниёбати Тоҳириён дар мулкҳои алоҳидаи Мовароуннаҳр (Самарқанд, Чочу Уструшана, Фарғона) ва Хуросон (Ҳирот) ҳукумат доштанд; дар марҳалаи дувум (875–900) бар асари норозигии халифаҳои аббосӣ аз Саффориён идораи Мовароуннаҳр пурра ба ихтиёри Сомониён гузашт; марҳалаи сеюм (900–999) давраи авҷи қудрат ва заволи ҳукумати Сомониён дар Хуросону Мовароуннаҳр буд. Саромади хонадон Сомонхудот ҳокими Балх буд. Ӯ бо волии Хуросон Асад ибни Абдуллоҳи Қасрӣ (725–727, 735–738) наздик шуда, бо ин васила ҷойгоҳашро дар Балх устувор кард. Писари ӯ Асад дар яке аз набардҳои Ҳорунаррашид бар зидди Рофеъ ибни Лайс ширкат карда, Сомониён ба шарики вафодори халифаҳои аббосӣ табдил ёфтанд. Писарони Асад ба хотири корнамоияшон дар пахши шӯриши Рофеъ ибни Лайс бо супориши Маъмун (хилофат 813–833) Нуҳ дар Самарқанд, Аҳмад дар Фарғона, Яҳё дар Чочу Уструшана ва Илёс дар Ҳирот ҳоким таъйин шуданд. Дар ин давра Нуҳ ибни Асад нуфузи бештар дошт ва ба бародаронаш дар ҳалли масоили давлатдорӣ машварат медод. Баъди фавти Нуҳ (842) ҳукумати Самарқанд ба ихтиёри Аҳмад ибни Асад (842–865) гузашт. Соли 858 Чочу Уструшана ба ҳайати мулкҳои Аҳмад муттаҳид шуданд. Дар давраи аморати Наср ибни Аҳмад (865–875) вазъи сиёсии Бухоро бар асари рақобати Саффориёну Сомониён ва низоъҳои дохилӣ мураккаб шуда, Исмоили Сомонӣ бо хоҳиши мардум ҳокими шаҳр таъйин гардид. 9 июни 874 дар хутбаи Бухоро ба ҷои номи Яъқуб ибни Лайс исми Наср ибни Аҳмад ёд гардид. Исмоили Сомонӣ баъди ислоҳ кардани корҳои мулкӣ дар Бухоро писари бародараш Абузакариё ибни Яҳёро қоиммақоми худ таъйин намуда, худ ҷиҳати мулоқоти Наср ба Самарқанд рафт, аммо Наср аз ин рафтори худсаронаи Исмоили Сомонӣ озурдахотир шуда, чанд муддат аз мулоқоти бародар худдорӣ кард. Ниҳоят, Наср бо миёнравии писарамаки худ – Муҳаммад ибни Нуҳ ӯро афв ва дубора ба Бухоро равон намуд. Исмоил баъди бозгашт ба ҳалли мушкилоти дохилии Бухоро машғул шуда, аввал дастаҳои роҳзанону ғоратгаронро дар байни Ромитану Баркад шикаст дод. Баъди бартараф кардани ин мушкилот Бухороро хатари ҳуҷуми дастаи ғосибони хоразмӣ (шумораашон 2 ҳазор) бо сарварии Ҳусайн ибни Тоҳири Тойӣ фаро гирифт. Ӯ дар набарди назди соҳили дарёи Ому Ҳусайнро шикаст дода, ба хулоса омад, ки баҳри ташкил додани ҳукумати муқтадир ба сипоҳи доимӣ эҳтиёҷ дорад. Бино бар ин, шахсан ба ҷалби сипоҳиён машғул шуда, аз ҳисоби ғуломони турк ва мавлоҳои худ лашкари доимӣ ташкил кард. Ғуломони турк дар аҳди ҳукумати Исмоил нисбат ба амир содиқ буданд ва дар лаҳзаҳои зарурӣ барои ҳифзи фармонраво аз ҷону моли худ даст мекашиданд. Баръакс, дар аҳди ҳукмронии амирони дигари сомонӣ, онҳо барои давлат хатарзо шуданд. Ҳатто писари Исмоил – Аҳмад аз ҷониби ғуломони турки худ ба қатл расид. Исмоил ҳамчун сиёсатмадор аз воқеа ва падидаҳои сиёсии атрофи мулки худ ба манфиати кишвараш истифода мекард. Чунончи, дар замони волӣ таъйин шудани Рофеъ ибни Ҳарсама бо ӯ иттиҳод баста, ба таври осоишта Хоразмро ба мулки худ ҳамроҳ намуд. Дар ин давра Исмоил хироҷи солонаи Бухороро (500 ҳазор дирҳам) барои бартараф кардани мушкилоти дохилӣ ва ташкили сипоҳ харҷ карда, дар фиристодани маблағ ба Наср оҷиз гардид. Аз ин сабаб дар байни бародарон ихтилоф ба вуҷуд омада, Наср дар иттиҳод бо бародарони дигараш Абулашъас (ҳокими Фарғона) ва Абуюсуф Яъқуб (ҳокими Чоч) бар зидди Исмоил лашкар кашид (12 декабри 885). Дар ибтидо Исмоил аз набарди зидди бародаронаш ҳазар карда, ба самти Фороб ҳаракат кард. Сипас Исмоил иттифоқчии худ Рофеъ ибни Ҳарсамаро ба ёрӣ даъват карда, бо мақсади аз Бухоро дур кардани Наср ба самти Самарқанд лашкар кашид. Наср дар Тавовис ба сипоҳи Исмоил ва Рофеъ монеа шуда, онҳо иҷборан тариқи биёбон ба сӯи Самарқанд роҳ пеш гирифтанд. Дар ин сафар аксари сипоҳиёни Рофеъ бо сабаби камбуди озуқа талаф шуда, идомаи мубориза барои Исмоил мушкил гардид. Соли 886 бо талоши Рофеъ бародарон Наср ва Исмоил дар Кармина бо ҳам аҳдномаи сулҳ бастанд. Мувофиқи аҳдномаи мазкур Исмоил аз мансаби амири Бухоро барканор ва бародараш Исҳоқ ибни Аҳмад ҷойгузини ӯ гардид; Исмоил масъули омили хироҷи Бухоро гардид, вале дар харҷи пули девон ихтиёр надошт; номи Исмоил аз хутба хориҷ шуд. Мувофиқи маълумоти манбаъҳои таърихӣ баъди аҳдномаи сулҳ Исҳоқ ба ном амири Бухоро буд, лекин ҳамаи ваколатҳои ҳукумат дар ихтиёри Исмоил қарор доштанд. Исмоил дар идома низ аз пардохти хироҷи Бухоро саркашӣ карда, ба зуҳури ихтилофи хонаводагии Сомониён замина гузошт. Наср ба кафили сулҳ Рофеъ муроҷиат намуда, ҷиҳати иҷроиши аҳднома ёрӣ хост. Рофеъ дар ин боб ба Исмоил нома навишт, аммо дар ҳалли қазия комёб нашуд. Наср аз ҳалли осонтари қазия навмед шуда, дар иттиҳод бо бародараш Абулашъас бори дуввум ба муқобили Исмоил лашкар кашид. Дар набарди назди Тавовис нахуст як гурӯҳи сипоҳиёни Исмоил бо сарварии Исҳоқ ибни Аҳмад шикаст хӯрда, ба Фороб фирор карданд. Баъдан Исмоил сипоҳиёни Абулашъасро шикаст дода, дубора сипоҳиёни фирории худро муттаҳид кард. Дар набарди назди Возбадин Исмоил бар лашкари Наср ғолиб омад, ба хотири эҳтироми ҳуқуқи бародари калон ҳукумати Сомониёнро ба ихтиёри ӯ вогузор кард. Баъд аз фавти Наср (892) тоҷу тахт ба ихтиёри Исмоил гузашта, маркази давлати Сомониён аз Самарқанд ба Бухоро кӯчонда шуд. Соли 893 халифа ал-Муътазид (892–902) маншури ҳукумати Мовароуннаҳрро ба Исмоил тақдим кард. Ҳамзамон Исмоил ба муқобили қарлукҳо лашкар кашида, шаҳри Тирозро ишғол кард: дар натиҷаи ин лашкаркашӣ истихроҷи конҳои Шалҷӣ ба ихтиёри Сомониён гузашт; тохтутози туркон ба Мовароуннаҳр муваққатан қатъ гардид. Дар охири соли 893 ба Уструшана ҳуҷум карда, баъди сарнагун намудани Сайр ибни Абдуллоҳ ба ҳукумати афшинҳо хотима гузошт. Исмоил дар давраи муборизаҳои сиёсии Тоҳириёну Саффориён ба таври мустақим ва ғайримустақим ба корҳои дохилии Хуросон дахолат мекард: соли 885 бо сипоҳи чорҳазораи худ ба ёрии Рофеъ ибни Ҳарсама шитофта, дар иттиҳод Марвро аз итоати ҳокими дастнишондаи Саффориён озод карданд. Баъди кушта шудани Рофеъ аз дасти Амр ибни Лайс (28 ноябри 897) муносибати Сомониён ва Саффориён барои аморати Хуросону Хоразм шиддат ёфт. Соли 898 халифа ба таври расмӣ маншури ҳукумати Мовароуннаҳрро ба Амр ибни Лайс вогузор карда, тибқи мактуби махфии дигар Исмоилро ба муборизаи зидди Саффориён таҳрик намуд. Амр баъди дарёфти маншур фишори худро нисбат ба ҳокимони дастнишондаи Сомониён дар Балху Гузгонон зиёд карда, Исмоилро ба итоат даъват намуд. Исмоил дар ҷавоб Амрро ба набард даъват кард. Ба қавли баъзе таърихнигорон, сабаби асосии даргирии Амр ва Исмоил масъалаи ҳукумати Хоразм буд. Мувофиқи маълумоти «Таърихи Сиистон», баъди кушта шудани Рофеъ, Исмоил Арак ибни Мансурро дар Хоразм омили худ таъйин кард. Амр аз ин қазия огаҳӣ ёфта, дастаҳои ҳарбии худро таҳти фармондеҳии Алӣ ибни Шарвин (номи дигараш Алӣ ибни Суруш) ба Хоразм равона кард. Алӣ дар соҳили Ҷайҳун ба Исмоил рӯбарӯ шуда, бидуни набард ба Хуросон ақиб нишаст. Чун ин хабар ба Амр расид, ӯ сарлашкари дигари худ – Муҳаммад ибни Бишрро ба муборизаи зидди Исмоил равон кард. Исмоил дар охири соли 898 тариқи гузаргоҳи Зам аз Ҷайҳун убур карда, сипоҳи Амрро шикаст дод. Дар ин набард Муҳаммад ибни Бишр ҳалок шуд, Алӣ ибни Шарвин бо аскари бисёр асир афтод. 19 марти 900 Исмоил дар набарди назди Балх ба сипоҳи Саффориён ғолиб омад ва Амр ба дасти ӯ асир афтод. 11 июни 901 халифа маншури волигии Хуросонро ба Исмоил тақдим кард. Дар давраи шиддати муборизаҳои Саффориёну Сомониён дар Хуросон сулолаи Зайдиён мавқеи худро дар Табаристон мустаҳкам карда, ба рақобати зидди Сомониён бархостанд. Солҳои 900–913 Табаристон ба ихтиёри Сомониён гузашт. Дар аҳди ҳукумати Сомониён вазъи сиёсии Хуросон бо сабаби дурӣ аз маркази давлати Сомониён ноором боқӣ монд. Соли 901 набераи Амр – Тоҳир ибни Муҳаммад дар Сиистон хуруҷ карда, минтақаи Форсро то Аҳвоз ишғол кард. Сомониён ин қазияро бо роҳи мукотиба ҳал карда, Тоҳир аз минтақаи Форс ба Сиистон баргашт. Соли 902 ҳокими Табаристон – Муҳаммад ибни Ҳорун исён бардошта, минтақаи Райро ишғол кард. Дар охири соли 902 Исмоил бо баҳонаи саркуб намудани Ҷастони Дайламӣ ба муқобили Муҳаммад лашкар кашид. Муҳаммад дар набарди зидди Исмоил шикаст хӯрд ва ба Дайлам паноҳ бурд. Исмоил сарлашкари худ Порси Бузургро волии Рай таъйин карда, ӯро ба муборизаи зидди Муҳаммад таҳрик намуд. Соли 903 Муҳаммад бо миёнравии Порси Бузург худро ба Исмоил таслим кард. Исмоил солҳои 902–906 чанд бор тохтутози туркҳоро ба Мовароуннаҳр бартараф ва мардумро аз мушкилоти таъмини Девори Бухоро раҳо карда, эълон дошт, ки «то вақте ки зиндаам, бораи Бухоро манам». Дар солҳои охири ҳаёти Исмоил дар минтақаи Ғуру Ғарчистон қарматиён бо роҳбарии Бубилол исён бардоштанд. Дар муддати кӯтоҳ мардуми баъзе минтақаҳои Хуросон дар атрофи Бубилол муттаҳид шуда, шумораи пайравони ӯ тақрибан ба 10 ҳазор расид. Сипоҳиёни Сомониён қарматиёнро дар минтақаи Ҳирот шикаст доданд ва Бубилол баъди асорат зиндонӣ шуд. Баъди марги халифа ал-Муътазид писараш ал-Муктафӣ (хилофат 902–908) маншури ҳукумати Исмоилро таъйид карда, минтақаҳои Рай, Қазвин ва Занҷон ба ихтиёри ӯ вогузор шуданд. Дар аҳди Исмоил ҳудуди ҷуғрофиёии таърихии давлати Сомониён густариш ёфта, марзаш дар шимол то водии дарёи Талас, дар ҷануб то Сиистон, дар шарқ то марзҳои шарқии Туркистону Синд ва дар ғарб то минтақаҳои марказии Эрон тӯл мекашид. Талошҳои Исмоил барои таъмини амнияти дохилӣ ва хориҷии мамлакат натиҷаи мусбат доданд ва ӯ бо ташкили дастгоҳҳои идории муташаккил ва сипоҳи доимӣ пояҳои давлатдории Сомониёнро устувор кард. Дар замони Аҳмад ибни Исмоил (907–914) Гургон, Табаристон, Рай, Қазвин ва Занҷон ба қаламрави Сомониён ҳамроҳ шуданд. Ҳамзамон ӯ бо пахши исёни амакаш Исҳоқ ибни Аҳмад (907) қисме аз моҷароҳои хонаводагиро ҳал кард. Вориси ӯ Насри II (914–943) дар синни хурдсолӣ ба қудрат расида, зимоми давлат ба ихтиёри вазирон Муҳаммади Ҷайҳонӣ ва Абулфазли Балъамӣ гузашт. Дар замони Насри II бо пахши исёни Исҳоқ (914–915) ва писаронаш Мансур (дар Нишопур), Илёс (дар Фарғона; 922), сарлашкар Ҳусайн ибни Алии Марвазӣ (918) ва деҳқонзода Аҳмад ибни Саҳл (919) қудрати ҳукумати марказии Сомониён устувор гардид. Солҳои охири аморати Насри II муносибатҳои дипломатии Сомониён бо дарбори Чин барқарор шуданд. Аз замони Нуҳ ибни Наср (943–954) бо сабаби норасоии маблағ дар хазина, афзоиши ҳаҷми андозҳо ва норозигии сипоҳиён таназзули қудрати Сомониён оғоз гардид. Ҳамзамон, дар ин давра рақобати Бувайҳиён ва Сомониён дар Ҳамадон, Кирмон ва Рай шиддат ёфт. Дар ин фурсат амаки Нуҳ Иброҳим ибни Аҳмад бо пуштибонии Абуалии Чағонӣ ва гвардияи дарбор ҳукуматро дар пойтахт тасарруф кард. Нуҳ бо кӯшиши бисёр ҳукумати худро барқарор кард, вале дар пахши исёни Абуалии Чағонӣ муваффақ нагардид. Ахиран ӯ Абуалиро ҳокими Чағониён, баъдан тамоми Хуросон (952) таъйин кард ва бадин васила дар ҷомеа амният таъмин гардид. Абдумалики I (954–961) бо пуштибонии вазир Балъамӣ ва созиш бо сипаҳсолор Алптегин муваққатан оромиро дар мамлакат таъмин кард. Баъди фавти Абдумалики I муборизаи тӯлонии Мансури I (961–976) ва Алптегин боиси заъфи қудрати ҳукумати Сомониён гардид. Дар чунин ҳолат дахолати хони Туркистон ба мулкҳои шарқии Сомониён оғоз шуд; ҳокимони Табаристону Гургон аз итоат сарпечӣ карданд; дар Ғур бо роҳбарии Абуалии Тӯлакӣ исён сар зад. Мансури I дар солҳои охири ҳукуматаш вазъи мулкҳои ғарбӣ ва марказиро ором кард, вале хатари туркҳо дар шарқ боқӣ монд. Дар замони Нуҳи II (976–997) амири Хуросон Абуалии Симҷӯрӣ бо хони Туркистон – Буғрохон барои тақсими мулки Сомониён иттиҳод баст. Буғрохон соли 992 шаҳрҳои Самарқанду Бухороро ишғол карда, ба ҷои Нуҳи II амакаш Абдулазизро ба тахт нишонд. Баъди фавти ногаҳонии Буғрохон Нуҳи II дубора ҳукуматашро барқарор карда, бо пуштибонии Сабуктегин, ҳокимони зеёрӣ, Ғурҷистон, Ҷузҷон қувваҳои муттаҳидаи Абуалии Симҷӯрӣ ва Фоикро торумор намуд. Дар замони Мансури II (997–999) ва Абдумалики II (999) бар асари муборизаҳои дохилӣ ва рақобати сипаҳсолорон мулкҳои шимоли ғарбии Сомониён ба ихтиёри Қарахониён ва Хуросон ба тасарруфи Ғазнавиён гузаштанд. Тирамоҳи соли 999 Бухоро бори дуввум аз ҷониби Қарахониён тасарруф гашт ва ҳукумати Сомониён хотима ёфт. Охирин намояндаи Сомониён Мунтасири Сомонӣ барои барқарор кардани давлати Сомониён зиёда аз чор сол мубориза бурд, аммо талошҳои ӯ соли 1005 бебарор хотима ёфтанд. Идораи давлат ва сипоҳ Роҳбари давлати Сомониён амир буд. Дар замони Сомониён ниҳоди марказии мақомоти ҳокимияти олӣ аз дарбор ва девонҳо (вазир, рисолат, ишроф, муҳтасиб, барид, қозӣ, сипоҳ, шурта, истиф, вақф, об) иборат буд. Дар аҳди Сомониён ташкили девонҳо зери назари вазири бузург (Ҳоҷибу-л-ҳуҷҷоб ё Ҳоҷиби бузург) қарор дошт. Ба қавли Наршахӣ, дар замони ҳукумати Насри II дар майдони Регистони Бухоро барои кори девонҳо 10 бино бунёд гардид. Ҳукумати мулк ва минтақаҳои алоҳида дар ихтиёри намояндагони хонадони маҳаллӣ ё ашрофи маҳаллӣ қарор дошт. Қароргоҳи волӣ ё сипаҳсолори Хуросон дар Нишопур буд. Баъзе ҳокимони мулкҳои зертобеи Сомониён, аз қабили Сиистон, Ғарчистон, Гузгон, Ғазна, Хутталон (хонадони Бойинҷуриён), Чағониён, Исфиҷоб, Хоразм ва ғайра мунтазам ба хазинаи марказӣ хироҷ намедоданд. Сипоҳи Сомониён аз лашкари доимӣ (ғуломони турк), иловагӣ (навкарони ҳокимони маҳаллӣ) ва дастаҳои кироя (қабилаҳои бодиянишини турк) иборат буд. #### Дин, забон ва фарҳанг Ислом дини расмӣ буд, аммо зардуштиён, яҳудиён, масеҳиён, буддоён ва монавиён дар эътиқодашон озод буданд. Дар замони Сомониён бо муттаҳид шудани мулкҳои Хуросону Мовароуннаҳр дар атрофи қаламрави ягона, густариши равобити васеи иқтисодию фарҳангӣ, мақоми расмӣ пайдо кардани забони форсии дарӣ (тоҷикӣ) ва фароҳам омадани фазои ягонаи динӣ ташаккули халқи тоҷик ба анҷом расид. Ба туфайли саъю талоши Сомониён олимон, шоирон, мусаввирон аз минтақаҳои гуногуни Шарқ дар доираҳои илмӣ-адабии Бухоро, Самарқанд, Балх, Марв, Нишопур, Ҳирот ва Хуҷанд ҷамъ омада буданд. Рӯдакӣ ва ҳамзамононаш бо пуштибонӣ аз сиёсати Сомониён тамоми навъҳои шеъриро такомул дода, барои ташаккули адабиёти классикии тоҷик замина фароҳам оварданд. Бо пуштибонии хонадони сомонӣ ва ҳукуматҳои зертобеи онҳо осори зиёди динӣ («Саводи аъзам»), асотирӣ («Калила ва Димна») ва таърихӣ (Тарҷумаи «Таърихи Табарӣ»), ҷуғрофӣ («Ҳудуду-л-олам») ва ғайра таълиф шуданд. Дар замони Сомониён Абурайҳони Берунӣ, Абунасри Форобӣ, Ал-Хоразмӣ, Муҳаммади Розӣ, Аҳмад Абулаббоси Сарахсӣ, Абумаъшар Ҷаъфар ибни Муҳаммади Балхӣ, Абумаҳмуди Хуҷандӣ, Абулвафои Бузҷонӣ, Абулҳасан Алӣ ибни Аҳмади Насавӣ, Абузайди Балхӣ ва дигарон дар пешрафти афкори фалсафӣ ва илмҳои табиӣ таъсири калон гузоштанд. Хонадони сомонӣ ҳамчунин барои густариши ислом ва фарҳанги мусулмонӣ дар миёни қавмҳои турк ва ба ҳаёти муқимӣ гузаштани онҳо хизмат намуданд. Меъморӣ ва ҳунармандӣ Дар ҳунари меъмории замони Сомониён, хусусан дар бинокории монументалӣ, усули ороиши хиштчинии «нақшин» маъмул гардид. Дар мавзеъҳои кӯҳӣ масолеҳи асосии бинокорӣ санг буд. Чӯб дар иморатҳои монументалӣ барои пӯшиши бом, болодарӣ, тиргаку сутунҳо ва ғайра истифода мешуд. Лавҳаҳои гаҷкорӣ нақши ҳандасию наботӣ доштанд. Ёдгориҳои барҷастаи меъмории ин давра оромгоҳи Хоҷа Нақшрон, мақбараҳои Арабато, Исмоили Сомонӣ, Аламдор, Чилдухтарон, Шери Кабир ва ғайра мебошанд. Ҳунарҳои бофандагӣ, кулолӣ, зардӯзӣ, нақшу нигори матоъ ва ғайра низ инкишоф ёфта буданд. Дар Бухоро (занданачӣ), Самарқанд (матоъҳои симгун, зарбофт), Хуҷанд, Кеш ва ғайра матоъҳои гуногун истеҳсол мешуданд. Матоъ ва қолинҳои коргоҳи бофандагии «Байту-т-тироз»-и Бухоро ба шаҳрҳои дигар интиқол дода мешуданд. Сикка ва тиҷорат Дирҳами исмоилӣ ҳамчун воҳиди асосии пул дар саросари қаламрави Сомониён – Мовароуннаҳр, Хуросон ва қисман Эрон дар гардиш буд. Дирҳамҳои исмоилӣ дар қиёс бо сиккаҳои ғитрифӣ, мусайёбӣ ва муҳаммадӣ аз нуқраи холис (92–100%), бо навиштаҷоти калимаи тавҳид, ду ояти Қуръон (9:33; 30:3–4), номи халифа ва амири сомонӣ, ҳамчунин солу макони барориши он зарб зада мешуданд. Дар асри 10 муомилоти дирҳамҳои исмоилӣ тавассути Роҳи бузурги абрешим дар кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Шимолӣ паҳн шуда, чандин дафинаи сиккаҳои Сомониён дар Русия, Украина, Белоруссия, Полша, Шветсия, Финляндия, Норвегия, Олмон, Англия, Ирландия ва Исландия пайдо шуданд. Дар таркиби дафинаҳои Аврупо дирҳамҳои Хуттал ва Рашт низ ҳастанд, ки саҳми тоҷирони ин минтақаро дар савдои байналмилалӣ нишон медиҳанд. Мероси давлатдорӣ Сомониён унсурҳои давлатдории мутамаддини мардуми ориёро эҳё карда, роҳи пешрафти минбаъдаи халқи тоҷикро кушоданд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1999 бузургдошти 1100-солагии давлати Сомониён таҷлил шуд ва дар майдони Дӯстии шаҳри Душанбе муҷассамаи асосгузори ин давлат – Исмоили Сомонӣ ва маҷмааи меъморӣ бунёд гардид. Асъори миллии Тоҷикистон ба хотири бузургдошти ин хонадон сомонӣ ном дорад. Ҳамчунин барои қадрдонии олимони ҷавон ҷоиза ба номи Исмоили Сомонӣ ва барои сарфароз кардани ходимони давлат, илму фарҳанг ва дигар шаҳрвандон мукофоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ордени Исмоили Сомонӣ таъсис дода шудааст. С. Муллоҷонов, С. Ҳусаинов. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 225–228.

0

Тоҳириён

Тоҳириён — аввалин давлати миллии тоҷикон (820–873) баъд аз густариши ислом. Тоҳириён аз табақаи деҳқонон ё деҳхудоён бархоста, бар ивази имтиёзҳои худ ба ҷамъоварии андоз ва умури молӣ машғул буданд. Шаҷараашон ба Рустами достон ва Манучеҳр мепайвандад. Асосгузори ин хонадон Тоҳир ибни Ҳусайн (ҳукумат 820–823) ҳокими шаҳри Пушинг буд. Ӯ соли 811 бо машварати Фазл ибни Саҳл фармондеҳи сипоҳи Маъмун таъйин гардид. Тоҳир дар ҷараёни набарди тахтхоҳонаи Маъмун ва бародараш Амин («фитнаи чорум») бар лашкари Алӣ ибни Исо пирӯз шуда, соли 813 шаҳри Бағдодро ишғол кард. Тоҳир ба поси хотири ин хидматаш дар мулкҳои Ироқ, Форс, Аҳвоз, Ҳиҷоз ва Яман нозири девонҳо ва масъули ҷамъоварии хироҷ таъйин гардид. Пешрафти рӯзафзуни Тоҳир боиси нигаронии доираҳои ҳукмрони аббосӣ шуд ва ӯро бо баҳонаи саркуб кардани исёни Наср ибни Шабис ҳокими Раққа (815–820) интихоб намуданд. Соли 821 дар шароити шиддати ҷунбиши хавориҷ (дар Сиистон, Кирмон ва ғайра) бо ташаббуси вазири Маъмун — Аҳмад ибни Абихолид — Ғассон ибни Аббод аз вазифаи волии Хуросон (818–821) озод ва ба ҷои ӯ Тоҳир амири Хуросон таъйин карда шуд. Тоҳир дар сиёсати дохилӣ ва таъйину озод кардани коргузорони маҳаллӣ мустақил буд. Баъдан нокомии Тоҳир дар фурӯ нишондани исёни хавориҷ боиси норозигии Маъмун шуда, халифа барои масмум кардани ӯ як канизро ба Марв фиристод. Тоҳир дар вокуниш ба ин амал номи халифаро аз хутба ва сикка хориҷ кард, вале фавти бармаҳали Тоҳир (1 октябри 822) ба иродаи озодихоҳии Тоҳириён таъсири номатлуб гузошта, дар Марв сипоҳиён ба шӯриш даст заданд. Дар чунин шароит Маъмун ҳукумати Хуросонро ба уҳдаи Талҳа ибни Тоҳир (ҳукумат 822–828) вогузор кард. Талҳа, маъмулан, ба муборизаи зидди хавориҷ (махсусан Ҳамзаи Озарак) машғул шуда, барои нишон додани қудрати ҳарбиаш мулки Уструшанаро ишғол кард. Аз ҷониби дигар, Талҳа зери фишори Маъмун ақидаи муътазила дар бораи офариниши Қуръонро пуштибонӣ карда, ба тафтиши ақидаи донишмандон мепардохт. Дар замони Абдуллоҳ ибни Тоҳир (828–844) давлати Тоҳириён ба авҷи қудрат расид. Ӯ пойтахтро аз Марв ба Нишопур интиқол дод; бо пахши шӯришҳои хавориҷ истиқрори сулҳу амниятро дар Хуросон таъмин кард; барои танзими низоми молиёт ва таъмини пешрафти иқтисодӣ ислоҳот анҷом дод; бунёди боғу иншооти обёриро афзуд; барои мардуми ниёзманд моҳона, хӯроку пӯшок муқаррар кард. Барои танзими низоми обёрӣ ва ҳалли масъалаҳои марбут ба он дастур таҳия кард, ки садсолаҳо мавриди истифода қарор дошт. Баъди ба сари қудрат омадани Муътасим муносибати Тоҳириён ва Аббосиён каме сард шуд, вале дар охир халифа қудрати Абдуллоҳро дар мулкҳои шарқӣ пазируфт. Абдуллоҳ бо нишони садоқат ба Аббосиён дар саркӯбии исёни Афшин ва Мозёр саҳм гузошт. Дар замони Тоҳириён ниҳоди марказии мақомоти ҳокимияти олӣ аз девонҳо (барид, мазолим, хироҷ) иборат буд. Дар ин давра шаҳрҳои Нишопур, Марв, Ҳирот ва Балх ба маркази фарҳангу тиҷорат табдил ёфтанд. Тоҳириён аз ҳисоби бардафурӯшӣ суди бисёр дарёфт мекарданд. Дар муомилот сиккаҳои нуқрагин (дирҳам; вазн 2,97 грамм) гардиш доштанд. Дар рӯи сиккаҳои Тоҳириён калимаи тавҳид ва дар ҳошияи даври он «бисмиллоҳ», номи шаҳр ва соли зарби он ҳаккокӣ шудааст. Дар пушти сиккаҳо Аллоҳ, Муҳаммад расулуллоҳ, номи халифа ва номи фармонравоёни тоҳирӣ зарб мешуд. Дар сиккаҳои Тоҳири II ҳамчун исми халифа номи валиаҳд зикр шудааст. Зарробхонаҳои Тоҳириён дар шаҳрҳои Бухоро, Бӯст, Балх, Сиҷистон, Самарқанд, Шош, Нишопур ва Ҳирот амал мекарданд. Тоҳириён вобаста ба таҷрибаи ҳарбиашон аз шеваҳои гуногуни пешбурди ҷанг, ғофилгир кардани душман, бастани роҳи озуқа ва ғайра истифода мебурданд. Сипоҳи Тоҳириён аз қисмҳои низомии доимӣ ва дастаҳои иловагӣ (хоразмиён) иборат буд. Дар сипоҳдорӣ аз тарҳи тоҷиквори қалб, маймана ва майсара кор мегирифтанд. Дар миёни сипоҳиён тирандозону найзадорон нақши асосӣ доштанд. Сипоҳиёни ҷилаврез зиреҳпӯш буданд. Маоши сипоҳиён баъди 120 рӯз, баъзан ҳар 33 рӯз пардохт карда мешуд. Баъзе намояндагони хонадони Тоҳириён, ки аҳли илму адаб буданд, барои густариши илму дониш ва бунёди муассисаи таълимӣ талош меварзиданд. Дар пешрафти илму фарҳанги Хуросон донишмандони замони Тоҳириён, аз қабили Абуусмон Саҳл ибни Башр ибни Алии Мунаҷҷим, Абуубайд Қосим ибни Салом, Муҳаммад ибни Аслами Тӯсӣ, Исҳоқ ибни Роҳвия, Абдулҳасани Омирӣ, Имом Муслими Нишопурӣ, Довуди Зоҳирӣ нақши муассир гузоштанд. Давлати Тоҳириён дар замони Тоҳири II (844–862) ва наберааш Муҳаммад (862–873) таназзул ёфт. Тоҳириён бо меросӣ кардани ҳукумат нақши халифаро дар таъйину озод кардани амирон коҳиш доданд. Сиёсати мадорои онҳо дар қиболи мардум ба пешрафти таҷрибаи давлатдории тоҷикон таъсир расонд. Тоҳириён дар таърихи давлатдориашон собит намуданд, ки халқҳои дигар низ метавонанд дар сарзамини ислом давлати миллӣ дошта бошанд. Харитаи «Давлати Тоҳириён» (саҳ. 223). Аломатҳои шартӣ: ҳудуди давлати Тоҳириён; маҳалли зуҳури хонадони Тоҳирӣ. Шкалаи масофа: 0, 100, 200 километр. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 223–224.

0