Сарнагун намудани тартиботи амирӣ ва бунёди Ҷумҳурии халқии Шӯравии Бухоро
Баъди саркӯб шудани қувваҳои зиддишӯравӣ дар Туркистони Шӯравӣ сарнагун намудани тартиботи амирӣ ногузир гардид. Тобистони 1920 баъзе қисмҳои Ҷабҳаи Туркистон бо мақсади ҷилавгирӣ аз ҳаракати қувваҳои зиддишӯравӣ дар маҳаллаҳои руснишини аморат – Бухорои Нав (Когон), Чорҷӯйи Нав, Қаршӣ, Каркӣ ва Тирмиз ҷойгир карда шуданд, ки ин боиси вокуниши амир Олимхон гардид. Дар гуфтушуниди баъдӣ М. В. Фрунзе (сарвари Ҷабҳаи Туркистон) аз амир талаб кард, ки аскарони сурхро дар Аморати Бухоро бо хӯрок таъмин ва хатти телеграфро барқарор намояд. 2 июли 1920 амир зери фишор ҳайати намояндагонашро бо мақсади муътадил кардани муносибатҳо ба Маскав фиристод. Ҳангоми гусели ҳайат қисмҳои аскарони сурх худсарона дар биноҳои қароргоҳи амир дар Бухорои Нав ҷойгир карда шуданд. 7 июл амир зери таъсири ин иғво ва фишори қувваҳои зиддишӯравӣ мардумро ба ҷанги муқаддаси зидди Ҳукумати Шӯравӣ даъват кард. М. В. Фрунзе воқеаҳои Бухорои Навро ба Маскав муболиғаомез гузориш дода, аз сарварони ҳарбию ҳизбии Федерасияи Россия барои оғози ҳуҷум ба Бухоро розигӣ хост. 10 август Бюрои сиёсии Кумитаи Марказии Ҳизби коммунист (болшевикӣ)-и Россия ба Шӯрои ҳарбии Ҷабҳаи Туркистон фармон дод, ки бо мақсади «муҳофизати раияти рус ва маъмурияти давлати рус» қувваҳои ҳарбиро дар маҳаллаҳои руснишини аморат ва мулкҳои ҳамсарҳадди он ҷойгир намоянд. Рӯзҳои 12–17 август ҷобаҷогузории аскарони сурх хотима ёфта, онҳо пурра ба ҷанг омода шуданд. 27 август М. В. Фрунзе барои оғози ҳуҷум ба Бухоро аз сарфармондеҳи олии Федерасияи Россия розигӣ гирифт. 28 август бо фармони таъҷилии ситоди Ҷабҳаи Туркистон барои татбиқи «Амалиёти Бухоро» қувваҳои ҳарбӣ ба Ҷабҳаи Чорҷӯй, Когон ва Самарқанд ҷудо шуданд, ки ба онҳо бевосита М. В. Фрунзе роҳбарӣ мекард.
Рӯзҳои 19–31 август дар Чорҷӯй, Қарокӯл, Хатирчӣ, Қаршӣ, Китоб, Шаҳрисабз, Зиёуддин, Кармина ва Ғузор тартиботи амирӣ сарнагун ва кумитаҳои инқилобӣ таъсис дода шуданд. 1 сентябр Чироқчӣ ва Яккабоғ бе муқобилият ба ихтиёри аскарони сурх гузашт ва аксар амалдорони дастнишондаи амир ба Бухорои Шарқӣ фирор карданд. Аскарони сурх баръакс, бо фатҳи ин ё он мулки ҷудогонаи аморат, ба набарди Бухорои Кӯҳна мешитофтанд.
29 август забти шаҳри Бухорои Кӯҳна аз ҷониби Ҷабҳаи Когон сар шуд. Ҳамон рӯз аскарони сурх деҳаҳои Работи Қозӣ, Арбоб Раҷаббой, Сафедмӯй ва ғайраро ишғол карда, ба шаҳри Бухорои Кӯҳна наздик шуданд. Аскарони сурх барои рахна кардани садди муҳофизатии шаҳр аз техникаи ҳарбии гуногун (аз ҷумла, ёздаҳ аэроплани бомбаандоз, тӯпҳои вазнини дурзан, поездҳои зиреҳпӯш ва ғайра) истифода мекарданд. Амалиёти ҷангӣ асосан дар наздикии дарвозаи Қаршӣ ва охирин истгоҳи роҳи оҳани Бухорои Нав – Бухорои Кӯҳна мегузашт.
Рӯзҳои 30–31 август аскарони сурх аз мавзеи дарвозаи Қаршӣ маркази шаҳрро тирборон карданд. Аэропланҳо низ ҳар лаҳза дар шаҳр бомбапартоӣ мекарданд. Субҳи 1 сентябр аскарони сурх бар асари инфиҷор девори истеҳкомии шаҳрро дар наздикии дарвозаи Қаршӣ рахна ва пойтахтро гулулаборон намуданд, вале аллакай шаби 31 август амир Олимхон ҳамроҳи наздикону посбононаш (тақрибан ҳазор нафар) тариқи дарвозаи Самарқандӣ шаҳрро тарк карда буд.
2 сентябр Арки Бухоро забт карда шуд ва тамоми бойгарии хазинаи амир ба ихтиёри аскарони сурх афтод; ин ғанимат бо баҳонаи муҳофизати муваққатӣ аввал ба Самарқанд ва сипас ба Маскав интиқол дода шуд.
Бунёди Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро
2 сентябр амир ба Бухорои Шарқӣ омад ва то охири ҳамон моҳ ҳокимият дар Бухорои Марказӣ (Ғарбӣ) ба ихтиёри кумитаҳои инқилобӣ гузашт. Ҳамзамон Кумитаи инқилобии Умумибухороӣ ҳамчун ниҳоди олии давлатӣ ташкил ёфт. Аввалин роҳбарони Кумита: Ф. Хоҷаев (2–9 сентябр), О. Оқчурин (9–14 сентябр), А. Муҳиддинов (аз 14 сентябр). Дар Бухоро мувофиқи манифести Кумитаи инқилобии Умумибухороӣ Ҷумҳурии Шӯравӣ ташкил карда шуд: заминҳои амалдорон ба ихтиёри деҳқонони камзамину безамин гузашт; ҳукми қатл, ҷазои ҷисмонӣ, хироҷ, аминона ва андозҳои дигар бекор карда шуданд; ба ҷойи қозиёт судҳои халқӣ ташкил ёфтанд; баробарҳуқуқии ҳамаи халқҳо новобаста аз нажод, ҳувияти миллӣ ва динӣ таъмин шуд, таълимоти бепул ҷорӣ гардид. 22 сентябри 1920 низомнома оид ба ташкили кумитаҳои инқилобии маҳаллӣ тасдиқ шуд.
8 октябри 1920 бо қарори Анҷуман (қурултой)-и муассисони умумибухороии намояндагони халқ Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро ташкил шуд. 23 октябри 1921 дар Анҷумани дуюми умумибухороии намояндагони халқ Конститутсия (Қонуни асосӣ)-и Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро қабул гардид. Мувофиқи ин ҳуҷҷат ба ҳамаи шаҳрвандони мукаллаф (аз 20-сола боло) таъмини ҳуқуқи интихобот ва ҳуқуқи озодиҳои дигари демократӣ (озодии сухан, матбуот, ҷамъомад ва ғайра) кафолат дода шуданд. Ниҳоди олии қонунгузор – Анҷумани умумибухороӣ ба Анҷумани Шӯроҳои намояндагони халқ табдили ном кард, ки дар як сол як бор даъват мешуд. Дар кентҳо, туманҳо ва вилоятҳо кумитаҳои инқилобӣ ба кумитаҳои иҷроияи Шӯроҳои намояндагони халқ табдил дода шуданд.
Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро аз ҷиҳати маъмурӣ ба округҳо (Зарафшон: вилоятҳои Бухоро, Кармина ва Нурато; Бухорои Шарқӣ: вилоятҳояш Душанбе, Бойсун, Кӯлоб, Сариосиё, Шеробод, Қӯрғонтеппа ва Ғарм; Қашқадарё, Амударё), вилоятҳо, туманҳо, кенту деҳаҳо тақсим мешуд. Минбаъд вазифаи аввалини роҳбарони Ҳизби коммунистии Бухоро ва Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро бунёди тартиботи шӯравӣ дар Бухорои Шарқӣ буд.
Н. Ҳотамов.
Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 273–274.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




