Ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон (1918–1923)
Баъди барпошавии Ҳукумати Шӯравӣ дар шимоли Тоҷикистон ва Помир бар асари бархӯрди ихтилофи ҷонибдорони низоми шӯравӣ ва мутлақият ҷанги шаҳрвандӣ оғоз гардид. Дар ин шароит Ҳокимияти Шӯравӣ бо роҳи қабули қонуну қарорҳои муносиб (ҷорӣ кардани назорати коргарӣ, рӯзи кории 8-соата, миллӣ кардани корхонаҳои саноатӣ ва муассисаҳои давлатӣ, мусодираи замин ва тақсими он ба деҳқонон) мардумро ба муқобили гурӯҳҳои зиддишӯравӣ таҳрик медод. Ҳамзамон қувваҳои зиддишӯравӣ қарору қонунҳо, шиорҳои озодии дин ва баробарии шӯравиро хилофи арзишҳои динӣ баҳогузорӣ карда, мардумро ба ҷанг дар роҳи дин даъват мекарданд. Ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон дар шакли ҳаракати муташаккилу мусаллаҳона зуҳур кард, ки дар таърихнигорӣ бо номҳои босмачигӣ (аз туркӣ босмоқ – зер карда гирифтан, пахш кардан) ё «ҳаракати зиддишӯравӣ» машҳур аст. «Ҳаракати зиддишӯравӣ» таркиби гуногун дошт: амалдорони давлатӣ, ки имтиёзу мансаби худро аз даст дода буданд; рӯҳониёни ислом, ки барои арзишҳои динӣ мубориза мебурданд; афроде, ки ба хотири ғорати молу мулки дигарон ва ҷамъ намудани сарват ба даст силоҳ гирифта буданд («босмачӣ»); афроде, ки бар асари амалҳои ношоистаи аскарони сурх нисбат ба сохтори шӯравӣ нафрат пайдо карда буданд; мардуме, ки аз тарси сарварони гурӯҳҳои «босмачӣ» ва ҳамсояю ҳамдеҳагони «босмачӣ»-ашон ба даст силоҳ гирифта буданд; афроде, ки зери тарғибу ташвиқи душманони сохти нав ноогоҳона ба дастаҳои зиддишӯравӣ пайвастанд ва дигарон. «Босмачигӣ» дар водии Фарғона (асосгузораш милиционери шӯравӣ Мадаминбек) зуҳур кард.
Оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар уезди Хуҷанд ба исёни К. Осипов (комиссари ҳарбии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Туркистон) дар Тошканд иртибот дошт. Аксари аъзои ташкилоти исёнгарони Хуҷанд эсерону ҳарбиёни австровенгерӣ буданд. Яке аз роҳбарони эсерҳои чап Стерлигов хост бо ёрии австровенгерҳои зиндонии қалъаи Хуҷанд бар зидди Шӯрои намояндаҳои Хуҷанд исён бардорад, аммо аскарон сирри онҳоро ба Комитети ҳизбии Хуҷанд фош карданд. Дар шаҳр ҳолати ҳарбӣ эълон шуд. Сардори шӯриш, эсери чап — Урядов ва тарафдоронаш ҳабс карда шуданд. Декабри 1918 дар Хуҷанд нақшаи исёни аксулинқилобии дастаҳои дигари Стерлигов низ фош шуд.
Мубориза бар зидди босмачигӣ дар уезди Хуҷанд (1918–1920)
Дар шимоли Тоҷикистон аввалин дастаи босмачиёнро Эргаш таъсис дода, баъди заволи «Мухторияти Хӯқанд» ба уезди Хуҷанд фирор кард. Январи 1919 К. Осипов ва ҳаммаслаконаш низ ба ӯ ҳамроҳ шуданд. Дастаи Эргаш 3–5 ҳазор узв дошт. Январ – марти 1919 Эргаш деҳаҳои Сомғор, Исфона, Занбӯра, Деҳмой, Сунбулоқ ва Чимгонро ғорат кард. Дар волости Уралск дастаҳои Мамадсолӣ ва Раҳмон Қурбошӣ бедодгарӣ мекарданд. Кумитаи иҷроияи Шӯрои Хуҷанд барои барҳам додани дастаҳои Эргаш чанд дидбонгоҳ ва иншооти низомӣ сохт. 7 марти 1919 мардуми шаҳри Истаравшан ба муборизаи зидди Эргаш сафарбар шуданд. Дар шаҳр Кумитаи ҳарбии инқилобӣ ташкил ёфт. Марти 1919 дар шимоли Тоҷикистон вазъияти ҳарбӣ эълон шуд.
Шӯроҳои Истаравшан, Хуҷанд ва Панҷакент хостанд пеши роҳи убури босмачиёни Мастчоҳро гиранд, вале дастаҳои Эргаш ва Осипов онҳоро мағлуб карданд. Мастчоҳ ба маркази ҳаракати зиддишӯравӣ табдил ёфт. Дар ин давра 138 нафар ҳизбиёни шаҳрҳои Хуҷанд ва Истаравшан ба майдони ҷанг рафта, онҳоро дар муборизаи зидди босмачиён рӯҳбаланд карданд. Дар натиҷаи ин иқдом Ҷабҳаи Туркистон барҳам хӯрд ва хатари босмачигӣ коҳиш ёфт.
Баъди шикаст хӯрдани Мадаминбек дар Намангон ва фирори ӯ ба шимоли Тоҷикистон дастаҳои нави босмачиёни маҳаллӣ, аз қабили дастаҳои Раҳмонқул-қурбошӣ (дар ноҳияи Ашт), Ислом (дар Хуҷанд), Амонқул Тӯябоев, Холбута, Қозӣ Тӯра, Абдулқодирхон (дар Истаравшан) ва дигарон ташкил шуданд. Соли 1921 сипоҳиёни ходими ҳарбии Шӯравӣ (генерал-майор) И. В. Кутс ва дастаҳои ихтиёрии Мулло Ҳайдар Аҳмадбоев, Р. Давлатов ва дигарон қувваҳои зиддишӯравиро дар ноҳияи Истаравшану Шаҳристон шикаст доданд; Холбута ва Абдулқодирхон ба Мастчоҳ фирор карданд. То соли 1921 дар шимоли Тоҷикистон (ба истиснои Мастчоҳ) ҳаракати зиддишӯравӣ саркӯб гардид.
Мубориза бар зидди босмачигӣ дар солҳои 1921–1923
Барҳам хӯрдани бекии Мастчоҳ. Марти 1920 фармондеҳони Артиши Сурх ва мақомоти ҳизбию шӯравии уезди Хуҷанд қувваҳои ҳарбиро зери роҳбарии И. Ф. Кутс барои маҳв кардани бекии Мастчоҳ дар деҳаҳои Ёрӣ, Дардар ва Урметан гирд оварданд. Вале аскарони сурх ва ихтиёриён пас аз озод кардани деҳаҳои Фалғару Рарз ба фронти Фарғона ҷалб шуданд. Дар охири соли 1920 дастаҳои Мадаминбек, Монстров, Эргаш ва Холбута дар Мастчоҳ гирд омада, минтақа ба маркази асосии ҳаракати зиддишӯравӣ табдил ёфт. Тирамоҳи 1920 раиси Кумитаи иҷроияи волости Бокса-Исфонаи уезди Хуҷанд (аз 1919) — Саид Аҳмадхоҷа писари эшони Авлиёхоҷа ба Мастчоҳ омад ва муоҳидаи сулҳро бо Ҳокимияти Шӯравӣ бекор кард. Ҳокимияти Шӯравӣ талаботи Саид Аҳмадхоҷаро доир ба эътироф кардани ҳукумати бекии Мастчоҳ рад кард ва ҷанг ногузир гардид. Саид Аҳмадхоҷа ва ҳаммаслаконаш — Ҳомидбек, Нусратхоҷа ва дигарон мардумро ба ҷанги муқаддаси зидди Ҳокимияти Шӯравӣ даъват карданд. Марти 1923 барои сарнагун кардани ҳукумати бекии Мастчоҳ бо сарварии Ч. Зокиров ва А. Мавлонбеков сегонаи ҳарбӣ-сиёсӣ ташкил карда шуд. 2 апрели 1923 маркази ҳукумати бекии Мастчоҳ – Оббурдон аз ҷониби аскарони сурх ишғол ва тартиботи Шӯравӣ дар Кӯҳистони Мастчоҳ барқарор шуд. Саид Аҳмадхоҷа 8 апрели 1923 дар деҳаи Палдорак паймони таслимшавиро бо Ҳукумати Шӯравӣ имзо кард.
Ҷанги шаҳрвандӣ дар Помир
Оғози ҳаракати зиддишӯравӣ дар Помир ба фаъолшавии қувваҳои иртиқоии минтақа, ҳаракати босмачигӣ дар водии Фарғона, муваффақияти қувваҳои аксулинқилобии Закаспий, атаман (саркарда)-и казакҳои Оренбург, генерал-лейтенант А. И. Дутов ва ҷосусони хориҷӣ иртибот дошт. Дар ин давра босмачиёни Фарғона иртиботи Помирро бо Туркистони Шӯравӣ қатъ карданд. Ҳамзамон П. Эсертон – консули Англия дар Қошғар сарватмандону рӯҳониёни Помирро ба маҳви Комиссияи ҳарбӣ-сиёсӣ таҳрик дод. Июли 1919 бо дастури ҳукуматдорони Англия А. Холмаков ва ду нафар ҳамроҳонаш дар Хоруғ ба қатл расонида шуданд. Дар натиҷаи ин амалҳо мавқеи қувваҳои зиддишӯравӣ, амири Бухоро ва Афғонистон дар Помир устувор гардид. Баъди бозгашти дастаи полковник В. Н. Тимофеев ба Хоруғ (октябри 1919) Ҳокимияти Шӯравӣ дар Помир сарнагун ва тартиботи амирӣ барқарор гардид. Ҳамзамон зери фишори намояндаи амири Бухоро милисияи халқӣ қалъаи Хоруғро тарк кард. Дар се моҳи мавҷудияти тартибот таъқибу шиканҷа нисбат ба коркунони дастгоҳи шӯравӣ ва мардуми маҳаллӣ шиддат ёфт, ки ин амр боиси исёни ҷавонони Хоруғ ва Шуғнон гардид. 27 июни 1920 қалъаи Хоруғ аз ҷониби ҷавонони маҳаллӣ — А. Наврӯзбеков, М. Бодуров, Т. Худойбердиев, Ҳ. Ҳиромоншоев, М. Карамов, К. Элчибеков, Х. Наримоншоев ишғол шуда, Ҳокимияти Шӯравӣ дар Шуғнон ва Хоруғ барқарор гардид. Октябри 1920 отряди 350-нафара бо сардории К. Н. Семикин ва сентябри 1921 отряди 200-нафара бо сардории Т. М. Дяков барои ҳимояи сарҳадди Шӯравӣ ба Помири Шарқӣ омаданд. Сентябри 1921 бо қарори ҳукумати Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Туркистон Сегонаи фавқулодаи ҳарбӣ-сиёсӣ, ниҳоди фавқулодаи шӯравӣ дар ҳайати Ш. Шоҳтемур (намояндаи Помири Ғарбӣ), Т. Ҳусейнбоев (намояндаи Помири Шарқӣ) ва А. М. Дяков (узви отряди сарҳаддӣ) барои мустаҳкам намудани Ҳокимияти Шӯравӣ дар Кӯҳистони Помир ташкил шуд. Сегона дар ҷаласаи якуми худ (19 сентябри 1921) масъалаи ташкили Ҳокимияти Шӯравӣ дар Помирро баррасӣ намуда, барои ташкил додани кумитаҳои инқилобӣ дар тамоми маҳалҳои Кӯҳистони Помир қарор қабул кард. Соли 1922 дар Помир кумитаҳои инқилобӣ таъсис ёфта, шаҳрвандони синнашон ба 18 расида (ба истиснои эшонҳо ва шахсоне, ки аз тарафи суди халқӣ маҳкум шуда буданд) ҳуқуқи интихоботӣ ба даст оварданд. Соли 1922 нақшаи табаддулоти эшонҳои маҳаллӣ ва рӯҳониёни Шуғнон С. Юсуфалишоҳ ва С. Маҳмудшоҳ бар зидди сохти шӯравӣ аз тарафи шуъбаи махсус ошкор ва пешгирӣ карда шуд.
Оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар Бухорои Шарқӣ
Пас аз сарнагун шудани Аморати Бухоро ва таъсис ёфтани Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро (2 сентябри 1920) тамоми мулкҳои Бухорои Шарқӣ исён фаро гирифт. Сардори дастаҳои босмачиён дар Балҷувон — Давлатмандбий, дар Кӯлоб — Ашӯртӯксабо, дар Қизилмазор (ноҳияи Темурмалик) – Тугайсайр, дар Лақай (ноҳияи Рӯдакӣ) — Иброҳимбек, дар Дарвоз — Эшони Султон ва дар Қаротегин (Рашт) Фузайл Махсум буданд. Аксари сардорони дастаҳои зиддишӯравӣ, сарватманд, амалдор ва ҷинояткор буданд. Сараввал, дастаҳои зиддишӯравӣ дар алоҳидагӣ амал мекарданд, вале баъдан зери фишори Артиши Сурх дар атрофи саркардаҳои номдор Иброҳим, Эшони Султон, Фузайл Махсум, Хуррамбек муттаҳид шуданд. Июли 1921 тамоми Бухорои Шарқиро исён фаро гирифт. Сентябри 1921 Иброҳим дар ҷамъомади сардорони босмачиён (дар Султонобод) аз ҷониби намояндаи амир Олимхон – Аҳмадбек ба унвони «сардори лашкари ислом» ва «бек» сарфароз гашт. Ӯ деҳаи Мазори Мавлоноро пойтахт интихоб карда, мардуми деҳаҳои дуру наздикро ба «ғазавот» ва барҳам додани гарнизонҳои Артиши Сурх даъват намуд. То августи 1921 Ҳокимияти Шӯравӣ дар аксар минтақаҳои Бухорои Шарқӣ (ба истиснои деҳаҳои атрофи гарнизони Артиши Сурх) барҳам хӯрд. 12 августи 1921 дар деҳаи Калтачинори Балҷувон байни намояндаи ҳукумати Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро – А. Пӯлодхӯҷаев (бародари У. Пӯлодхӯҷаев — раиси Кумитаи иҷроияи марказии Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро) ва намояндагони босмачиёни Кӯлоб, Қаротегин, Дарвоз, Ҳисору Вахш созишнома ба имзо расид. Мувофиқи шартномаи мазкур мебоист аскарони сурх аз Бухорои Шарқӣ мебаромаданд; роҳбарони муқовимат ба ҳукумат итоат карда, силоҳи худро ба замин мегузоштанд; дахолати неруҳои хориҷӣ ба корҳои дохилии Бухоро хотима меёфт, амволи мусодирашудаи мардуми маҳаллӣ бозпас дода мешуд; ба вазифаҳои роҳбарикунандаи ҳукумати марказӣ ва маҳаллӣ ашхоси босаводи таҳҷойӣ таъйин мешуданд. Пас аз ин созиш муборизаи зиддишӯравӣ каме заиф гардид. Қувваҳои ҳарбие, ки бар ивази қисмҳои «Экспедитсияи низомии Ҳисор» ба Бухорои Шарқӣ оварда шуданд, ба талабот он қадар ҷавобгӯ набуданд. Сентябри 1921 собиқ вазири мудофиаи Туркия Анварпошо ба Бухорои Шарқӣ омад. 21 сентябри 1921 Душанбе аз ҷониби неруҳои зиддишӯравӣ муҳосира шуд. Командири гарнизон Т. Морозенко, муовини ӯ Г. Д. Мухин ва консули генералии Ҷумҳурии Шӯравии Федеративии Сотсиалистии Русия дар Душанбе Нагорний шаҳрро ба муҳосира омода намуданд. Сарбозони гарнизон 22 рӯз дар муқобили ҳуҷуми Иброҳимбек истодагарӣ карданд. 14 октябр Душанбе бо ёрии 100 аскари гарнизони Файзобод аз муҳосира озод шуд. Ҳамон рӯз ҳамлаи ҷавобии афсарони сурх ба деҳаи Мазори Мавлоно сар шуд. Иброҳимбек шикаст хӯрда, Мазори Мавлоноро тарк кард.
9 декабр Иброҳимбек боз ба Душанбе ҳуҷум кард. Ҳамон рӯз дар Душанбе А. Пӯлодхӯҷаев ба хотири командири гарнизон Т. Морозенко, муовини ӯ Мухин ва консули ҳарбии Ҷумҳурии Шӯравии Федеративии Сотсиалистии Русия дар Душанбе Нагорний базмороӣ карда, хост баталёни сеюми полки 7-уми гарнизони Душанберо бесилоҳ намояд, вале муваффақ нашуд. Дар ин фурсат Иброҳимбек аз деҳаи Шоҳмансур ба Душанбе ҳамла овард. Афсарони гарнизон (550–600 нафар) муддати се рӯз ба муқобили Иброҳимбек мубориза бурданд. Қувваҳои зиддишӯравӣ тамоми атрофи Душанберо зери назорат гирифтанд. 14–15 феврали 1922 афсарони гарнизони Душанбе шаҳрро тарк карда, Ҳокимияти Шӯравӣ дар Бухорои Шарқӣ пурра сарнагун гардид. Анварпошо феврали 1922 баъди қабули табрикномаи кишварҳои хориҷӣ ба Ҳукумати Шӯравӣ дар бораи аз ҳудуди Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро ва Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Туркистон баровардани Артиши Сурх ва ба расмият шинохтани давлати ӯ ултиматум (талаби таҳдидомез) пешниҳод кард. Баъди сафари Анварпошо ба Сурхондарё ҳаракати зиддишӯравӣ дар Осиёи Миёна авҷ гирифт.
Мубориза бар зидди Анварпошо
Ҳукумати Умумииттифоқӣ январи 1922 дар мавриди мубориза бар зидди Анварпошо тадбирҳо андешид, ки муҳимтарини онҳо ташкили Комиссияи фавқулодаи диктаторӣ оид ба корҳои Бухорои Шарқӣ (2 январи 1922) ва ташкили корпуси 13-уми тирандозӣ буд. Ҳадафи Комиссия мубориза ба муқобили қувваҳои зиддишӯравӣ ва барқарор кардани кумитаҳои инқилобӣ дар маҳалҳои башӯромада буд. Ба ҳайати он Н. Ҳакимов (раис), О. Оқчурин, А. Камолов, Р. Боймуродов, З. Зикриёв ва Р. Р. Абдуллобеков шомил буданд. Корпуси 13-ум ба қаноти чап ва рост тақсим мешуд. Қаноти рост мебоист бо сардории Никитин ба воситаи Шеробод — Кокайтӣ — Тирмиз — Қубодиён — Қӯрғонтеппа — Кӯлоб то ба Балҷувон ва қаноти чап аз Бойсун бо сардории Я. М. Мелкумов ба Деҳнав — Ҳисор — Душанбе — Қофарниҳон — Файзобод то Балҷувон ҳаракат мекарданд. Дар баробари ин Анварпошо низ сипоҳи 20-ҳазора гирд овард, ки аз ситод (штаб), хизмати интендантӣ (маъмури таъминоти хоҷагидорию силоҳ), госпиталу лазарет ва ақибгоҳ иборат буд. Қароргоҳи ситод дар байни шаҳракҳои Бойсуну Юрчӣ қарор дошт. Ниҳоят, Анварпошо дар Анҷумани деҳаи Қарасу сардорони дастаҳои зиддишӯравиро ба «ғазавот» даъват кард.
Июни 1922 дастаҳои Абдуқаҳҳору Дониёр дар атрофи Бухоро шикаст хӯрда, ба Анварпошо ҳамроҳ шуданд. 15–17 июн қанотҳои росту чапи қӯшунҳои шӯравӣ Бойсун, Миршодӣ, Деҳнаву Юрчиро ишғол намуданд. Анварпошо ба воситаи гузаргоҳи дараи Тангимуш ба водии Сурхон ақиб нишаста, аз Ҳукумати Афғонистон ёрӣ хост. Ҳукумати Афғонистон дар ҷавоб 800 нафар афғонро ба ёрӣ фиристод. 30 июни 1922 ҳукумати Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро тариқи нотаи эътирозӣ аз ҳукумати Афғонистон тақозо кард, ки ёриро ба Анварпошо қатъ намояд. 1 июл қаноти рости корпуси 13-ум барои пешгирӣ аз убури қувваи зиддишӯравӣ сарҳадди Бухорои Шарқӣ ва Афғонистонро дар водии Вахш то Саройкамар баст. То 14 июли 1922 Регар, Ҳисор, Қӯрғонтеппа, Қаратоғ ва Душанбе ба ихтиёри қаноти чапи корпус гузаштанд. Пас аз ин сипоҳи Анварпошо пароканда шуда, худи ӯ тариқи ағбаи Фахробод, водии Вахш ва Сангтӯда, роҳи Балҷувонро пеш гирифт. 4 августи 1922 полки 15-уми савораи Артиши Сурх дар рӯзи ид ба Балҷувон ҳуҷум карда, Давлатмандбий ва Анварпошоро ба ҳалокат расониданд. Баъди саркӯб шудани Анварпошо Ҳукумати Шӯравӣ дар минтақаи Кӯлоб барқарор гардид.
Ҳамзамон дар Кобул бо ҳузури Олимхон ва сардорони босмачиён (Муҳаммадшон, Эшонқозӣ, Азим Афандӣ, Қорӣ Афандӣ, У. Пӯлодхӯҷаев, О. Ҳомид, Мулломуҳаммад) ҷамъомад баргузор гардид, ки дар он Сомӣ (ёвари асосии Анварпошо) сардори босмачиёни Осиёи Миёна эълон карда шуд. Октябри 1922 Сомӣ ба воситаи Қалъаи Хум ба Дарвоз омад. Ӯ аз рақобати роҳбарони дастаҳои маҳаллии ҳаракати зиддишӯравӣ истифода бурда, Фузайл Махсумро бар зидди Эшони Султон таҳрик дод. Фузайл баъди қатли Эшони Султон ва бародараш Сулаймон дастаи 500–600 нафараро бо сардории бародараш Саъдон дар ихтиёри Сомӣ гузошт. Сомӣ дар Кӯлоб ба хотири ҷалби хотири босмачиён бо ҳамсари Давлатмандбий хонадор шуда, номашро ба Салимпошшо иваз кард. Декабри 1922 Кӯлобро муҳосира намуд. Аскарони сурхи гарнизони Кӯлобро маҳв кард, вале дар муқобили полки 15-уми савораи Кангурт шикаст хӯрд. Феврали соли 1923 Салимпошшо Қӯрғонтеппаро забт кард ва Иброҳимбек дар деҳаи Шӯрдони Эсанбоӣ ба ӯ таслим шуд. Ӯ водии Ҳисору Вахшро ба ихтиёри Иброҳимбек гузошта, худ бо мақсади муттаҳид кардани қувваи зиддишӯравии Бухорои Марказӣ ва Ғарбӣ ба тарафи Ғузору Қаршӣ ҳаракат кард, вале дар ин фурсат мардуми маҳаллӣ аз найрангу фиреби саркардаҳои ҳаракати зиддишӯравӣ огоҳ шуда, бештар ба Ҳукумати Шӯравӣ майл пайдо карданд. Аз ҷониби дигар бар асари зиддияти Иброҳимбек бо Салимпошшо ва Фузайл Махсум қувваҳои зиддишӯравӣ муттаҳид шуда натавонистанд. Моҳи июн Иброҳимбек ва Салимпошшо дар набарди назди деҳаи Аулкиик шикаст хӯрданд. Баъди чандин шикастхӯрии дигар Салимпошшо 15 июли 1923 ба Афғонистон фирор кард ва дастаи Иброҳимбек дар Боботоғ, Лақай ва Вахш пароканда шуд.
Баъди ин муваффақият барои озод кардани Қаротегину Дарвоз экспедитсияи махсус ташкил карда шуд. Экспедитсия ду марказ дошт: Файзобод (сардор Баранов) ва Истаравшан (сардор Е. Н. Шветсов). Шветсов баъди шикаст додани босмачиёни саргаҳи Зарафшон ба соҳили дарёи Сорбуғ фурӯд омад. Дар дашти Хирсун ва Сиёҳдара Холбӯтаро шикаст дода, деҳаи Шингиличро ишғол намуд. Фузайл Махсум пас аз нокомӣ дар Обигарм, Ғарм (29 июл) ва Қалъахум (11 август) дар наздикии Балҷувон шикаст хӯрда (12 август) ҳамроҳи бародараш Саъдон ба Афғонистон фирор кард. Сентябр – октябри 1923 дастаи Иброҳимбек (5 ҳазор нафар) дар Ёвону Даҳанакиик шикаст хӯрда, ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон хотима ёфт. Акнун ҳаракати зиддишӯравӣ моҳияти сиёсии худро гум карда, дастаҳои босмачиён барои бақои худ муборизаро идома медоданд.
Н. Ҳакимов.
Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 275–278.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




