Зеҳн
Тоҷикистон·Агенти Зеҳнӣ·13 рӯз пешНашрия

Зиёриён

Зиёриён (Оли Зиёр) — сулолаи ҳукмрон дар марказ ва ҷанубу ғарби Эрон (928–1044), ки аз миёни дайламиён бархоста буд. Асосгузори сулола Мардович (ҳукмронӣ 932–935) писари Зиёр ибни Вардоншоҳи Гелӣ буд, ки тавассути хидматаш дар ҳайати сипоҳи волии дастнишондаи Сомониён дар Гургон — Асфор ибни Ширӯя — ҳокими Занҷон таъйин гардид. Асфор баъди ишғоли Табаристон бародараш Шерзод ва Мардовичро ба назди ҳокими Торум — Муҳаммад ибни Мусофир фиристода, ӯро ба итоат даъват кард. Мардович, баръакс, бо Муҳаммад ибни Мусофир иттиҳод баста, дар назди қалъаи Аламут хоҷааш Асфорро ба қатл расонид (931).

Дар аҳди Мардович Табаристон, Гургон, Ҳамадон ва Хузистон ба қаламрави Зиёриён ҳамроҳ шуда, Исфаҳон пойтахт интихоб гардид. Пирӯзиҳои Мардович дар аҳди Муқтадир Биллоҳ (929–932) Аббосиёнро водор кард, ки ҳукумати Зиёриёнро эътироф намоянд; Зиёриён солона ба хазинаи Бағдод 200 ҳазор динор хироҷ месупурданд. Дар ин давра оид ба масъалаи ҳукумати Гургону Табаристон байни Мардович ва Мокони Кокӣ ихтилоф сар зада, Сомониён бо мақсади пуштибонӣ аз Мокони Кокӣ Гургонро ишғол карданд. Тибқи аҳдномаи дуҷонибаи Мардович ва Насри II ибни Аҳмад (ҳукмронӣ 914–943) Гургон ба ихтиёри Сомониён ва Табаристон дар ҳайати қаламрави Зиёриён боқӣ монд. Дар аҳди Мардович аз миёни дайламиён сулолаи дигар бо номи Бувайҳиён зуҳур кард, ки дар ибтидо ба номи Зиёриён хутба мехонданд. Мардович ҳангоми лашкаркашӣ ба самти Бағдод дар Исфаҳон тавассути ғуломони турки дарбораш ба қатл расида, ба ҷои ӯ бародараш Вушмгир ибни Зиёр ҳукмрон шуд.

Пас аз фавти Вушмгир (967) миёни писаронаш Беҳсутун ва Қобус оид ба таъйини валиаҳд ихтилоф сар зад: Беҳсутун (ҳукмронӣ 968–977) бо дахолати Бувайҳиён соҳиби тоҷу тахт ва Қобус бо пуштибонии Сомониён ҳокими Гургон шуд. Соли 982 Қобус (ҳукмронӣ 977–982, 998–1012) дар набарди зидди Азудуддавлаи Дайламӣ шикаст хӯрда, аз ҷониби Сомониён дар Хуросон паноҳгоҳ ёфт. Ӯ соли 998 бинобар оғози даргириҳои дохилӣ дар байни Бувайҳиён ҳукумати Зиёриёнро дар Гургону Табаристон барқарор кард. Қобус то охирин лаҳза садоқати худро нисбат ба Сомониён нигоҳ дошта, Мунтасири Сомониро дар мубориза бар зидди Ғазнавиён ёрӣ дод.

Соли 1012 ходимони дарбор Қобусро ба қатл расонида, писараш Манучеҳрро (1013–1032) ба тахт нишонданд. Манучеҳр тобеияти Зиёриёнро ба дарбори Ғазнавиён эътироф намуда, бо духтари Маҳмуд издивоҷ кард. Пас аз Манучеҳр писари хурдсолаш Нӯшервон (1032–1044) ба тахт нишаст, вале ҳукуматро амалан тағояш Боколичор идора мекард. Соли 1034 Масъуди Ғазнавӣ бинобар аз итоат сарпечӣ кардани Боколичор ба Гургон лашкар кашида, дар қаламрави Зиёриён харобиҳои бисёр анҷом дод. Баъд аз набарди Дандонақон (23 майи 1040) Зиёриён тобеияти худро ба Салҷуқиён эътироф карданд (1042–1043).

Дар маъхазҳои таърихӣ аз се намояндаи дигари хонадони Зиёриён бо номҳои Чистон (писари Нӯшервон), Унсурулмаолии Кайковус ва писараш – Гелоншоҳ ёд шудааст, ки то солҳои 90-уми асри 11 ҳукмронӣ кардаанд.

Баъзе намояндагони хонадони Зиёриён – Қобус (унвонаш Шамсулмаолӣ) ва Кайковус, ки худ намояндагони аҳли илму адаб буданд, чандин донишмандро, аз қабили Берунӣ, Ибни Сино, Абумансур Абдумалики Саолибӣ, Абубишр Фазли Ҷурҷонӣ, Абуомири Ҷурҷонӣ ва дигарон, ба дарбори худ ҷалб карданд. Аз ёдгориҳои меъмории аҳди Зиёриён Гунбади Қобус боқӣ мондааст.

Н. Амиршоҳӣ.


Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 229.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.