Халқи тоҷик дар асри 17 – нимаи аввали асри 19
Ба сари қудрат омадани Манғитиён
Дар замони Абулфайзхон (1711–1747) қудрати ҳукумати марказӣ дар натиҷаи муборизаҳои дохилӣ ва шӯришҳои мардумӣ суст шуд, ҳатто дар Самарқанд бо роҳбарии шоҳзодаи хоразмӣ Раҷабсултон ҳукумати хонии Самарқанд ташкил ёфт. Ҳокими Шаҳрисабз – Иброҳимбий, ҳокими Кармина – Абдулкарим эшиқоғобошӣ ва Раҷабсултон муттаҳид шуда, қабилаҳои кӯчманчии қазоқро аз Дашти Қипчоқ ба ёрӣ даъват карданд. Қазоқҳо дар водии Миёнкол то наздикиҳои Бухоро маскан гирифта, киштзору боғу полизи мардуми муқимиро поймол карданд. Пас аз фавти Раҷабсултон ҷабру зулми қазоқҳо дар Бухоро хотима ёфт. Хони Бухоро ва Ҳакимбий атолиқ баҳри ободонии мамлакат ва барқарорсозии иқтисодиёт камари ҳиммат бастанд. Дар чунин давраи бесарусомонӣ сипоҳи шоҳи Эрон – Нодиршоҳ ба Бухоро ҳуҷум кард. Солҳои 1736–1737 писари Нодиршоҳ – Ризоқулихон бо ҳидояти падар аз дарёи Ому гузашта, ба ҷониби Қаршӣ рафт. Ҳокими Қаршӣ – Муҳаммад Ҳакимбий бо пуштибонии сипоҳиёни ҳокими Самарқанд – Одинақулбий, хони Хоразм – Илбарс ва хони Бухоро – Абулфайзхон бар Ризоқулихон ғалаба кард. Пас аз мағлубият Нодиршоҳ соли 1740 ба Мовароуннаҳр ҳуҷум ва қисми зиёди заминҳои хони Бухороро забт кард. Соли 1745 дар хонии Бухоро ҷангҳои дохилӣ авҷ гирифтанд ва баҳри барқарор кардани тартибу низом дар қаламрави хонигарӣ писари Муҳаммад Ҳакимбий – Муҳаммад Раҳимбий фиристода шуд. Пас аз фавти Нодиршоҳ (1747) Раҳимбий Абулфайзхонро аз тахт барканор ва ба ҳукумати Аштархониён хотима гузошт. Барои қонунӣ гардондани ҳокимияти худ писари хурдсоли Абулфайзхон – Абдулмуъминро ба тахт шинонд ва духтарашро ба никоҳи ӯ даровард. Дере нагузашта бо туҳмати духтараш Абдулмуъминро зиндонӣ ва бародари хурди ӯро ҳоким тайин намуд.
Соли 1753 Муҳаммад Раҳимбий (1753–1758) бо дастгирии рӯҳониёну ашроф ҳукумати Манғитиёнро (1753–1920) қонунӣ карда, ба ҷои унвони «хон» унвони «амир»-ро қабул намуд. Дар замони ӯ барои хотима додан ба майли ҷудохоҳии доираҳои сиёсии баъзе мулкҳои Бухорои Шарқӣ, Ӯротеппаву Хуҷанд артиши пурзӯр ташкил карда шуд. Муҳаммад Раҳимбий муддати тӯлонӣ бо қувваҳои ҳарбии муттаҳидаи Ҳисор, Қубодиён, Ургут, Панҷакент ва Ӯротеппа ҷангид. Дар давоми ин ҷангҳо хусусан мардуми Панҷакент осеби бузург дид. Дар ҳукумати Муҳаммад Раҳимбий собиқ сипоҳиёни Нодиршоҳ нуфузи калон доштанд ва баъзе ба вазифаҳои қушбегӣ (Давлатбий) ва қозӣ (Сайид Низомиддин) роҳ ёфтанд. Пас аз фавти Муҳаммад Раҳимбий (1858) ҷиянаш Дониёлбий (1758–1785) барои нигоҳ доштани ҳокимият ба ҳарбиёни қабилаи манғит такя карда, ба онҳо заминҳои бисёр ҳамчун «танхоҳ» инъом мекард. Рӯҳониён ва шайхони тасаввуф низ пуштибони ӯ буданд. Дар замони ӯ андозҳои нав: аминона, никоҳона, муҳрона, ҳаққи тарозу ҷорӣ гардид, ки ба сар задани шӯришҳои мардумӣ сабаб шуданд. Аз ин рӯ, ашрофи бонуфузи Бухоро писари калонии Дониёлбий, ҳокими Самарқанд Шоҳмуродро ба ҳокимият таҳрик дод. Ӯ соли 1785 Абдулғозихонро сарнагун ва худро амир эълон кард. Дар замони Шоҳмурод (1785–1800) заминҳои соҳили чапи дарёи Омӯ ва Туркманистони ҳозира ба Аморати Бухоро ҳамроҳ шуданд. Шоҳмурод бо мақсади бартараф намудани норозигии умумӣ, ки дар вақти ҳукмронии падараш ба вуҷуд омада буд, ислоҳоти молиявӣ, маъмурӣ, судӣ ва ҳарбӣ ҷорӣ кард. Дар охири асри 18 Шоҳмурод ба заминҳои Эрон ҳуҷум намуда, Марвро ишғол кард. Дар ин давра бо ҷалби мардуми Хуҷанд, Ӯротеппа, Ҳавос, Зомин ва Ём дар Самарқанд 24 масҷид ва иморатҳои дигар сохта шуданд. Пас аз Шоҳмурод писараш Ҳайдар (1800–1826) ба тахти аморат нишаст. Солҳои аввали ҳукумати Ҳайдар Миёнкол, Каттақӯрғон, Шаҳрисабз ва Самарқанд аз ихтиёри амир хориҷ ва қисми зиёди Туркистони Афғонистон, чандин ноҳияи Тоҷикистони имрӯза, аз ҷумла, Ҳисор, Панҷакент ва баъзе мулкҳои болооби Зарафшон ба Аморати Бухоро дохил шуданд. Дар нимаи якуми асри 19 қисми навоҳии шимоли Тоҷикистони имрӯза (Конибодом, Исфара) дар ҳайати хонии Хӯқанд қарор доштанд. Дар ин давра амир Ҳайдар барои ишғоли шаҳрҳои Хуҷанд, Ӯротеппа ва Нов бар зидди хони Хӯқанд мубориза бурд, вале муваффақ нашуд.
Пас аз фавти амир Ҳайдар (6 октябри 1826) муборизаи дохилӣ дар байни писаронаш Ҳусайн, Умар ва Насруллоҳ авҷ гирифт. 27 апрели 1827 Насруллоҳ (Ботурхон) ба тахт нишаста, дар давоми 6–7 сол бародарон, ҳамаи хешу таборашро ба қатл расонд ва дар байни халқ бо лақаби «амири қассоб» («ботурқассоб») машҳур гардид. Дар сиёсати берунӣ амир Насруллоҳ барои барқарор кардани муносибат бо давлатҳои ҳамсоя, аз қабили Эрон, Туркия ва Русия кӯшиш кард. Ҳамзамон барои мустаҳкам намудани нуфуз ва забти шаҳрҳои Ҷиззах, Хуҷанд, Ӯротеппа ва Нов бар зидди Хӯқанд ҷанг эълон кард. Пас аз чанд юриши нобарори Насруллоҳ байни Бухоро ва Хӯқанд муддати 10 сол сулҳ баста шуд. Соли 1842 хонии Хӯқанд пурра забт ва ҳокими он – Муҳаммадалихон ба қатл расонда шуд, вале кӯшишҳои ӯ дар бобати баргардондани мулкҳои соҳили чапи Амударё (Балх) натиҷае набахшиданд. Пас аз он Ҳисору Кӯлобро ишғол кард. Соли 1837 мувофиқи ислоҳоти амир Насруллоҳ дастаҳои калони ҳарбӣ ташкил карда шуданд, ки ҳамчун қувваи асосии зарбазан истифода мешуданд. Дар ду-се соли ҳукумати вориси Насруллоҳ – амир Музаффар ҳуҷум ба Деҳнаву Ҳисор оғоз гардид. Ҳокими Ҳисор Абдулкаримбий девонбегӣ бо писаронаш ба Кӯлоб фирор кард. Сарахон – ҳокими Кӯлоб зери фишор Абдулкаримбий ва тобеонашро ба амир Музаффар супурд. Дар ин давра вазъи сиёсии Аморати Бухоро бо сабаби исёни қабилаи кенагас дар Шаҳрисабзу Китоб мураккаб гардид. Амир Музаффар 2 моҳ Шаҳрисабзро муҳосира кард, вале бо сабаби ҳуҷуми Русияи подшоҳӣ ба Бухоро баргашт.
Ташкилёбӣ ва авҷи қудрати хонии Хӯқанд
Дар натиҷаи таназзули қудрати Аштархониён Балх, Бадахшон ва Фарғона мустақил шуданд. Соли 1710 дар Фарғона ҳукумати хонии Хӯқанд ташкил ёфт. Асосгузораш пешвои қабилаи узбаки минг Шоҳрухбий буд. Дар замони Эрдонабӣ (1754–1774) ва Норбӯта (1774–1800) қудрати ҳукумати марказии Хӯқанд устувор шуд. Дар аҳди Олимхон (1800–1810) Фарғона, Тошканд ва Чимкент ба ҳайати мулкҳои Хӯқанд ҳамроҳ шуданд. Соли 1805 Хӯқанд мақоми хонӣ гирифт. Намояндаи дигари Хӯқанд — Умархон (1810–1822) барои ташкили иттиҳод бо Аморати Бухоро кӯшиш кард, вале дере нагузашта дар масъалаи Ӯротеппа ва Хуҷанд дар байни ҷонибҳо ихтилоф сар зад. Умархон баҳори соли 1814 ба Туркистон лашкар кашид ва заминҳои паҳновари даштҳои қазоқнишинро аз баҳри Арал то Ҳафтрӯд ишғол кард. Дар ин мавзеъ қалъаи Оқ Мачит (ҳоло шаҳри Қизилӯрда), Авлиёато (ҳоло Ҷамбул), Пиштек ва ғайра бунёд шуданд. Пас аз марги Умархон ворисаш Муҳаммадалӣ (1822–1842) мулкҳои Дарвоз, Қаротегин ва Кӯлобро зери итоат даровард. Соли 1842 амир Насруллоҳ Хӯқандро забт карда, Муҳаммадалихонро бо аҳли оилааш, аз ҷумла модараш – шоира Макнуна (Нодирабегим) ба қатл расонид. Тобистони 1842 дар натиҷаи шӯриш Хӯқанд мустақил шуд. Мардуми шаҳр дар иттиҳод бо қипчоқҳо амакбачаи Олимхон Шералихонро (1842–1845) ба тахт нишонданд. Солҳои 50–60-уми асри 19 зиддияти Бухорову Хӯқанд ба ҳодисаи маъмул табдил ёфта, ин амр дар раванди ҳуҷуми рус ба Осиёи Марказӣ таъсири номатлуб гузошт.
Ҳаёти иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва фарҳангӣ
Рақобати мулкҳои минтақа ба ҳаёти мардум низ таъсири манфӣ расонд. Танҳо Ӯротеппа дар давоми 60 сол беш аз 50 бор мавриди тохтутоз қарор гирифт. Падидаи дигари ин аср ҳамоно кӯчиши пайвастаи қабилаҳои ӯзбактабори манғит, барлос, лакай ва ғайра буд. Дар ибтидои асри 20 тақрибан 40%-и аҳолии минтақаро кӯчиён ташкил медоданд. Тадриҷан ин қабилаҳо ба ҳаёти муқимӣ гузашта, қисман бо мардуми тоҷик омезиш ёфтанд. Машғулияти асосии мардум кишти пахта, полизӣ, чорводорӣ ва ҳунармандӣ буд. Ҳунармандону савдогарон, маъмулан, дар шаҳрҳо зиндагӣ мекарданд. Дар деҳот табодули мол роиҷ буд. Бозорҳои бузурги минтақа дар Бухоро, Самарқанд, Хӯқанд, Тошканд ва Ҳисор амал мекарданд. Дар ин давра навъи заминдории танхоҳ, вақф, андозҳои маъмулӣ (закот, ушр) ва иловагӣ («амонпулӣ», «чӯбпулӣ», «тағиҷой», «никоҳона», «танобона», «миробона», «алафпулӣ», «қӯшпулӣ») маъмул буданд. Мардуми одӣ барои дарёфти илму адаб имкон надоштанд. Дар мадрасаҳои Бухоро забони таҳсил тоҷикӣ, дар Хӯқанд тоҷикӣ ва ӯзбакӣ, дар Хева ӯзбакӣ ва туркӣ буд. Дар ин давра чанд асари таърихӣ, аз қабили «Таърихи Раҳимхонӣ»-и Муҳаммад Вафои Карминагӣ, «Гулшану-л-мулук»-и Муҳаммад Яъқуб, «Мунтахабу-т-таворих»-и Муҳаммад Ҳаким таълиф шуданд. Дар доираҳои илмӣ-адабии ин давра фаъолияти шоирони забардаст Сайидо, Фитрати Зардӯз, Малеҳо, Дониши Бухороӣ, Маҳмуд, Содиқ, Маҳмур, Маъдан, Ирсии Ҳисорӣ, Раҳими Самарқандӣ, Фазлӣ, Адо, Хотиф, Нола, Холис, Рамзӣ ва дигарон назаррас буд. Дар намоишҳои кӯчагӣ ҳунармандони масхарабоз, дорбоз ва лухтакбоз кирдорҳои нодурусти амалдорони давлатӣ, қозиён, рӯҳониёнро танқид мекарданд. Аз ёдгориҳои меъмории Бухоро масҷиди Болои Ҳавз, маҷмааи иморатии қисми ғарбии шаҳр – масҷид, мадраса, мазорҳои Халифа Худойдод ва аз ёдгориҳои Ӯротеппа мадрасаи Рустамбек ҷолиби диққат мебошанд.
М. Холов.
Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 261–262.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




