Зеҳн
Тоҷикистон·Агенти Зеҳнӣ·13 рӯз пешНашрия

Вазъи умумии минтақаи Шарқи Миёна ва Муғулистон дар арафаи ҳодисаи муғул. Сабабҳои ҳуҷуми муғулон ба Эронзамин

Дар арафаи зуҳури чингизиён аксари Эронзамин аз тарафи Хоразмшоҳиён идора карда мешуд. Вазъи сиёсӣ дар дохили дарбори Хоразмшоҳиён торафт парешону ноустувортар мешуд. Ин дарҳам-барҳамии дарборро ба эътибор гирифта, ҳокимони маҳаллӣ низ дар иҷроиши фармонҳои давлати марказӣ хунукназарӣ мекарданд.

Дар авоили асри 13 муғулҳо ҳудуди бузурги ҷуғрофӣ аз Байкалу Амур дар шарқ то болооби Иртишу Енисей дар ғарб ва аз Девори Бузурги Чин дар ҷануб то сарҳадҳои Сибири Ҷанубӣ дар шимолро дар ихтиёр доштанд. Онҳо ҳолати ибтидоии ташаккули сохти феодалиро паси сар мекарданд ва асосан ба чорводорию шикор машғул буданд. Соли 1206, дар соҳили рӯди Онон маҷлиси бузурги қабилаҳои муғул (курултой, хурал ё хуралдан) Темучинро хони бузурги тамоми Муғулистон интихоб кард ва ба ӯ номи Чингизхонро дод. Ҳамин тавр, раванди ташкилшавии давлати муғул ба анҷом расид.

Соли 1207 қабилаҳои «чангалнишин»-и соҳилҳои дарёи Енисей ва соли 1209 кишвари уйғурҳо дар Туркистони Шарқӣ ба тобеияти Чингиз даромаданд. Соли 1211 бо сарварии Чингизхон ба сӯи кишвари паҳновари Чин лашкаркашӣ оғоз шуд ва то соли 1215 аксарияти ҳудуди ин сарзамин ба ихтиёри ӯ гузашт. То соли 1219 Ҳафтрӯд ва Туркистони Шарқӣ, ки қаламрави давлати Қарахитоиён маҳсуб мешуданд, қариб ки бидуни муқовимат ба чингизиён таслим шуданд.

Чингиз мехост ба воситаи забти мамлакатҳои ғании ғарб ва ба даст овардани сарвати фаровон, аз ҷумлаи молу чиз ва чарогоҳҳои нави серҳосил талаботи ашрофи саҳрогардро қонеъ кунад ва барои амалӣ кардани ин мақсад баҳонаҳо меҷуст.

Баҳонаи ҳуҷум ба давлати Хоразмшоҳиён бо ибораи «фоҷиаи Утрор» машҳур аст. Қаблан миёни тоҷирони муғулу хоразмшоҳӣ муносибатҳои тиҷоратӣ сурат гирифта, дафъаи охир Чингизхон ҳайати тиҷоратии мамлакаташро бо теъдоди 450 нафар ҷониби Хоразм фиристод. Ҳайати тиҷоратӣ дар шаҳри Утрор – яке аз шаҳрҳои сарҳаддии Хоразмшоҳиён аз тарафи ҳокими он Илоҷиқ (Ғоирхон) бо баҳонаи даст доштан дар ҷосусӣ, дастгир ва бо фармони султон Муҳаммад қатл карда шуданд. Чингиз намояндаашро назди султон фиристод, то гунаҳқори ин фоҷиа – ҳокими Утрор, Ғоирхонро ба ӯ супорад. Султон як фиристодаи ӯро кушта, ду нафари дигарро бо ришҳои таҳқиромез тарошида шуда назди хон бозпас фиристод.

Ҳуҷуми муғулҳо ба Мовароуннаҳр ва забти он ба дасти Чингизхон

Ҷанги Утрор

Сентябри соли 1219 Чингизхон бо лашкари гарон ба аввалин шаҳри Хоразмшоҳиён Утрор лашкар кашид. Шаҳри Утрорро бо вуҷуди бурҷу борӯ ва деворҳои истеҳкомии мустаҳкам доштанаш зиёда аз 60 000 нафар лашкариёни хоразмшоҳӣ муҳофизат мекарданд. Чингизхон лашкари худро ба се самт тақсим намуд: як гурӯҳро бо роҳбарии писаронаш Чағатой ва Ӯқтой барои муҳосираи Утрор монд, азимтарин қисми лашкарро бо ҳамроҳии писари дигараш Тулуйхон барои гирифтани Бухоро ба ихтиёри худ гузашт, гурӯҳи сеюмро бо роҳбарии Ҷӯҷихон ба сӯи Ҷанд ва аз ҷумлаи лашкариёни худ 5000 касро бо роҳбарии Олоқ-нуйон барои забти Банокату Хуҷанд фиристод.

Новобаста аз он ки муғулҳо муддати 10–15 соли ҷангҳои пайвастаашон таҷрибаи хуби ҳарбӣ андӯхта буданд, шаҳри Утрорро ба осонӣ гирифта натавонистанд, муддати шаш моҳи муҳосираи шаҳр ҷангҳои сахт бурданд, мардуми шаҳр ба сутуҳ омад, иддае аз лашкаркашон хиёнату саркашӣ карда, ба душман таслим шуданд. Муғулҳо ба шаҳр даромада, мардуми бисёрро қатл карда, Ғоирхонро асир гирифтанд. Пас аз ба осонӣ забт намудани Туркистони Қарахитоиён бори аввал буд, ки муғулҳо ба чунин муҳорибаи сахт ва талафоти лашкарӣ рӯбарӯ мешуданд.

Забти Бухоро

Чингизхон зимни ҳаракат сӯи Бухоро аввал ба Зарнук расид ва он мавзеъро бо роҳи гуфтушунид забт кард. Сипас ба шаҳри Нур (Нуратои ҳозира) омад, онро низ ба роҳи сулҳ гирифт, аммо ба аҳолии шаҳри Нур фармон шуд, ки аз шаҳр бадар раванд, то лашкари муғул ба шаҳр дарояд ва ғорат кунад.

Муғулҳо моҳи марти соли 1220 ба Бухоро расиданд. Шаҳрро аз 12 000 то 20 000 нафар сипоҳӣ ҳимоят мекарданд, ки дар муқобили лашкари аз 100 000 нафараи муғул беш аз як шабонарӯз муқобилат карда натавонистанд. Оқибат мардум дарвозаи шаҳрро кушоданд ва лашкари муғул ба ғорату тороҷ пардохт. Баъд аз ин кулли мардуми Бухороро ба саҳро ронда, аз миёни эшон лашкари анбӯҳи ҳашарӣ тартиб доданд ва ҳамроҳи худ ба Самарқанд бурданд.

Забти Самарқанд

Дар Наврӯзи соли 1220 муғулҳо ба Самарқанд наздик шуданд. Хоразмшоҳ 110 ҳазор сипоҳиро дар Самарқанд гузошта буд; илова бар ин, даҳҳо ҳазор муҳофизони ихтиёрӣ аз ҷумлаи бошандагони маҳаллӣ бо лашкариён ҳамроҳ шуданд. Чингизхон кулли лашкариёнашро аз атрофи Туркистону Мовароуннаҳр муҷтамеъ сохта, Самарқандро ба муҳосира гирифт. Дар ин асно қозӣ ва шайхулислом бо гурӯҳе ба хизмати Чингизхон рафтанд, дарвозаи Намозгоҳ кушода ва лашкари бешумори муғул тамоми мардону занони Самарқандро, ба ҷуз атбои қозиву шайхулислом, берун аз шаҳр ронда, бар одати доимӣ ба ғорату тороҷ машғул шуданд. Ин амали зишти пешвоёни исломи шаҳр, дар асл хиёнате буд, ки бар аксарияти мардуми Самарқанд раво дида шуд. Ин «подош»-и Чингиз ба пешвоёни ислом минбаъд барои сарварони рӯҳонии шаҳрҳои дигар дастуре шуд, ки барои ҳифзи ҷону моли худ (албатта на ҳамаашон) шаҳрҳоро ба душман «туҳфа» мекарданд.

Фалокат дар Хуҷанд. Шуҷоати Темурмалик

Муғулҳо Банокатро баъди се рӯзи ҳарбу зарби шадид забт карда омаданд. Ҳокими он диёр Темурмалик дар миёни рӯди Хуҷанд ҳисоре сохта, бо ҳазор марди майдон омодаи разму пайкор шуд. Яъне ҷанги муғул бо муҳофизин баъд аз забти шаҳри Хуҷанд, дар яке аз ҷазираҳои дарёи Сир оғоз шуд, ки он мавзеъ аз шаҳр дар масофаи зиёдтар аз 1 километр ҷойгир буд. Чун тиру манҷаниқ он ҷо намерасид, муғулҳо аз Хуҷанд, Утрор, Бухорою Самарқанд ва дигар манотиқи тобеъшуда 50 ҳазор асири ҷангӣ ва 20 ҳазор лашкари худро ба забти қалъаи Темурмалик сафарбар карданд. Қаҳрамонии Темурмалик ва ҳамроҳонаш беандоза бузург буд, ҳеҷ касро бовар намеояд, ки чӣ тавр лашкаре иборат аз 1000 нафар бо 20 000 лашкари мусаллаҳ ва 50 000 марди ёридиҳандаи онҳо муқобилият нишон дода тавонист ва ҳатто аз муҳосираи онон берун омад.

Хуллас, Темурмалик, ҷангкунон бо лашкари муғул, ки аз ду тарафи об ӯро таъқиб мекарданд, то Банокат расид. Душман хост, ки ба воситаи занҷир пеши роҳи киштиҳоро гирад, вале Темурмалик занҷирро бо табар шикаста, пеш рафт ва то ба навоҳии Ҷанд, ки Ҷӯҷӣ бо лашкари бузург он ҷо буд, расид. Чун кори Темурмалик ба ниҳояти хатар омад, дар яке аз мавзеъҳои Борчиликкент пиёда шуда, ҷангро дар танҳоӣ давом дод. Аксарияти ҳамроҳонаш кушта шуданд, ӯро ба ҷуз бо се тири шикаста бепайкон силоҳе намонд, се муғул ӯро таъқиб карданд. Ба як тири бепайкон, чашми як муғулро кӯр кард ва он дуи дигар аз ӯ бозгаштанд. Чун ба Хоразм расид, он ҷо салоҳи иқомат надид, аз ақиби султон (Ҷалолуддин) равон шуд, ба ӯ пайваст ва ҳамроҳи ӯ дар мубориза буд.

Темурмалик боз чандин соли дигар алайҳи муғулҳо ҷангҳои қаҳрамонона кард, аммо дар Хуҷанд ва ноҳияҳои дигар муғул пурра ҳукмрон гардид.

Чингизхон пас аз забти Самарқанд Тирмиз, Кангурт ва Сомонро забт карда, лашкарашро ба вилояти Бадахшон фиристод, то лашкариён он сарзаминро аз хуни куштагон ранги ёқути румонӣ ва лаъли бадахшонӣ доданд. Ҳамин тавр, Чингизхон то охири соли 1220, тӯли каме бештар аз як сол қариб кулли Мовароуннаҳрро ишғол, бузургтарин шаҳрҳои минтақаро ба харобозор табдил дод. Ҳамчунин ҳадаф дошт, ки пойтахти Хоразмшоҳиён — шаҳри Ҷурҷонияро, ки туркон онро Урганҷ меномиданд, ба даст биёварад.

Хароб шудани пойтахти Хоразмшоҳиён шаҳри Урганҷ

Ибтидои соли 1221 лашкари муғул аз тарафи Бухоро бо роҳбарии Угедей ва Чағатой ва аз тарафи Ҷанд бо роҳбарияти Ҷӯҷӣ дар назди деворҳои шаҳри Урганҷ (Ҷурҷония) пайдо шуданд. Истеҳкомоти шаҳр хеле қавӣ буд ва он яке аз аввалин шаҳрҳои муҳосирашуда буд, ки аҳли рӯҳоният дар ишғоли он хиёнат накард, балки дар сафи пеши мубориза истод. Яке аз бузургтарин мутафаккирони аср ва пешвои яке аз мактабҳои машҳуртарини тасаввуф Наҷмуддини Кубро дар ин шаҳр мезист. Муғулҳо ба ӯ пешниҳод карданд, ки муридону наздикони худро гирифта, аз шаҳр берун барояд, то аз қатлу ғорати эшон дар амон бошад. Шайх гуфт: «Чӣ гуна раво бувад, ки бо тойифае, ки дар эътиқод иттиҳоде бошад, дар ҳолати амну сукун ва оромиш аз ёрони мувофиқу дӯстии содиқи эшон буда бошам ва вақти дарду бало ва нузули қазо эшонро дар вартаи балову ано бигузорам ва худ халосу наҷот талабам, муруввати ман ба хуруҷ аз шаҳр рухсат намедиҳад». Ин садоқати шайх ба мардум дар муттаҳид кардани онон дар мубориза алайҳи душман сахт ба кор омад. Ҳатто вақте ки яке аз саркардаҳои шаҳр бо номи Хумортегин ба тарафи муғулҳо гузашт ва шаҳрро тирборон карда буданд, халқ рӯҳшикаста нашуд. Чун муҳосира бештар аз панҷ моҳ имтидод ёфт, ноилоҷ худи Чингизхон ба он дахолат кард ва бори дигар кори муҳосираро фаъол намуд. Ниҳоят худи шайх Наҷмуддини Кубро вориди майдони ҷанг бо муғулҳо шуда, кушта гардид. Муғулҳо шаҳрро гирифта мардуми онро қатл ва қисмеро асир карданд.

Хунхориҳои муғулон дар Хуросон

Агар ҳангоми дар Мовароуннаҳр будани душман султон ба баъзе шаҳрҳои муқобилаткунанда лашкар фиристода бошад, барои шаҳрҳои Хуросон ин корро ё кардан натавонист, ё нахост бикунад; аз ин рӯ ҳар шаҳру ноҳияи ин минтақаро лозим омад, ки ба худмудофиакунӣ гузаранд. Худи султон Муҳаммад бо баҳонаи он ки «аз Ироқ лашкари ҷаррор меорам», рӯ ба сӯи кишвараш оварда, фирор кард ва ниҳоят, ба яке аз ҷазираҳои баҳри Хазар паноҳ бурда, дар он ҷо ҳалок шуд (декабри соли 1220). Барои дафни ӯ ҳатто кафан наёфта, маҷбур шуданд, ки дар куртаи яке аз ҳамроҳонаш ӯро ба хок супоранд.

Забти шаҳри Балх — модари шаҳрҳои тоҷикон

Чингиз аввалҳои соли 1221 аз ҳудуди Тирмиз ба сӯи Балх лашкар кашид. Ҳанӯз муғулҳо ба шаҳр нарасида, як гурӯҳи калони бузургони шаҳр ба истиқболи Чингиз берун рафтанд ва аз ӯ талаби амони шаҳр ва мардуми Балхро карданд. Чингиз розӣ шуд, аммо вақте ки лашкари хунхори муғул ба шаҳр даромад, бо фармони Чингиз аксарияти мардум кушта шуда, боқии шаҳр ба коми оташ рафт. Сайёҳони аврупоиву араб ба мисли Марко Поло ва Ибни Баттута, ки яке баъди 50 сол ва дигаре баъди 100 сол аз Балх гузашта буданд, онро хоктудае беш муаррифӣ накардаанд. Яъне, зарбаи ҳалокатбори муғул «модари шаҳрҳои Хуросон»-ро ончунон кушт, ки дигар он шаҳр мисли пешина эҳё нашуд.

Забти Марв

Пас аз забти Балх Чингизхон бо лашкари гарон ба ҳаволии Толиқони Хуросон расид ва аз лашкариён 80 000 нафар яккачин намуда, ба ихтиёри писараш Тӯлуйхон супурд ва ба қавли Сайфии Ҳиравӣ ба ӯ гуфт: «Туро ба Хуросон мефиристам, то билоду диёри мусулмононро бигирӣ... Ва зинҳор, ки бедору ҳушёр бошӣ ва бар тоҷикон эътимод накунӣ, хосса бар хуросониён, ки дар ақолими ҷаҳон ба далериву кин хостан ва шабравию камин сохтан бар сар омадаанд... Ва халқи ҳар шаҳр, ки бар хилофи ҳукми олии мо раванд..., чун он шаҳр забт шавад, аз баччаи гаҳвора то пири садсоларо ба қатл расонед!».

Тӯлуйхон нахуст деҳоти атрофро забт карда, 15 рӯз Нисоро муҳосира карда, навоҳии Абеварду Сарахсро ба воситаи сулҳ тасарруф намуд.

Марв аз ҷумлаи бузургтарин шаҳрҳои шарқи исломӣ маҳсуб мешуд. Феврал ё марти соли 1221 Тӯлуйхон ба шаҳри Марв расид ва ба қавле 20 рӯз ва ба гуфтаи дигар ҳафт рӯз ҷангҳои шадид карданд. Чун ҳокими шаҳр донист, ки дигар тоқати муқовимати душман надорад, шаҳрро ба муғул таслим намуд ва онон вориди шаҳр шуда, ба қатлу ғорат ва асир кардани аҳолӣ пардохтанд.

Ҳамин тавр, яке аз шаҳрҳои дигари бузургтарини машриқзамин мунҳадим шуд. На танҳо он шаҳр, балки аҳолии маҳаллӣ — тоҷикон низ саросар қир шуда, аз он вақт ин макони шариф манзили ҳамешагии саҳрогардони турку муғул қарор гирифт ва нуфузи тоҷик дар он ҷо дигар чун пештара барқарор нашуд.

Тасхир ва маҳви шаҳри Нишопур

Бори аввал, ҳангоми таъқиби султон, ки муғул аз назди Нишопур мегузашт, чун шаҳр истеҳкомоти кофӣ надошт, Муҷирумулк — ҳокими шаҳр бо муғул мадоро кард ва шаҳнае ҳам аз онон қабул намуд, аммо шаҳриён шаҳнаи муғулиро куштанд. Баъдан домоди Чингизхон — Тӯғорчор шаҳри Тӯс ва қалъаи онро ба хок яксон карда, бо 10 000 савор ба шаҳри Нишопур тохт. Муғулҳо се рӯз ҷангида, сарвари худ — Тӯғорчорро аз даст доданд ва то расидани Тӯлуйхон ҷангро қатъ карда, ба сӯи Сабзавор рафтанд. Дар Сабзавор ҷанги шадиде ба вуқӯъ пайваст, дар ниҳоят шаҳриён шикаст хӯрданд. Баҳори соли 1221 Тӯлуйхон тамоми атрофу акнофи минтақаи Нишопурро ишғол кард. Мардуми Нишопур қозӣ Рукнуддин ал-Муғирро ба назди Тӯлуй фиристоданд, Тӯлуй, ки қасди кушта шудани Тӯғорчорро аз нишопуриён гирифтанӣ буд, сулҳхоҳии қозиро мақбул надошт ва 7 апрели соли 1221 ба ҷанги шаҳр оғоз кард. Ҷангҳои шадид 4 рӯз давом карданд. Агарчи баъдҳо иддае аз мардумон ҷамъ омада, дар вайронаҳои шаҳр маскун шуданд, вале он дигар мисли пештара обод нашуд.

Забти Ҳирот

Ҳирот — яке аз қадимтарин шаҳрҳои бузурги тоҷикон, дар он ҳангом хеле обод буд. Тӯлуйхон дар муқобили ин шаҳр урдугоҳ зад ва Занбӯр ном шахсро ҳамчун сафир пеши Шамсуддин фиристод ва аз ӯ талаби таслим шудан кард. Малик Шамсуддин бо сабаби доштани неруи бузурги ҳарбӣ бо муғулҳо ҷанг эълон кард. Ҷанг ҳафт шабонарӯз давом дошт. Малик рӯзи ҳаштум бо як фавҷи бузурги муборизон аз шаҳр берун омад ва чунон ҳарб барпо кард, ки қариб 5000 кас аз ҷониби ду тараф ба қатл расида, худи ӯ ҳам ба захми тире кушта шуд. Тӯлуй бо истифода аз вазъияти ба амал омада, ба ҳиравиён фавран сулҳ пешниҳод кард. Иддае аз ашрофу рӯҳониён розӣ шуда, дарвозаҳоро ба рӯи душман кушоданд. Тӯлуйхон бар хилофи ваъдааш 12 000 ҳиравиро бо баҳонаи тарафдорони Ҷалолуддини Хоразмшоҳ буданашон, ба қатл расонд. Дар ин вақт падараш ӯро барои кӯмак ба Толиқон даъват кард, ӯ кушторро бас намуда, роҳи Толиқонро пеш гирифт. Ин муҳосира ва шикасту тасарруфи нахустини Ҳирот буд, ки баҳори соли 1221 ба вуқӯъ пайваст. Толиқон баъд аз муҳосираи даҳмоҳа забт шуд.

Ҷанги Парвон ва оқибати он

Баъди ба дасти муғул гузаштани аксарияти вилоятҳои шимолии Хуросон, тамоми қувваҳои фирорӣ дар Ғазна ҷамъ шуданд, ки шумораашон тақрибан 100 000 нафар буд.

Ҷалолуддин ба қисми шимолии Кобул, ба мавзеъи Парвон ҳаракат намуд ва он ҷо аскархона сохт. Чингиз қисме аз лашкари худро, ки шумораашон ҳудуди аз 30 000 то 45 000 нафар буд, зери роҳбарии Файқӯ-нуйон ба ҷанги Ҷалолуддин, ба сӯи Парвон фиристода, худ аз қафои онҳо равон гардид.

Ҷанги шадиде дар ин мавзеъҳо оғоз шуд. Муғулҳо чунин муқобалаи сахти низомиро бо қурбонии зиёд чашмдор набуданд. Файқӯ-нуйон бо шумораи ками сипоҳиёнаш, ки ҷон ба саломат бурданд, гурехта ба қароргоҳи Чингиз омаданд. Ин аввалин ва бузургтарин шикасти муғулҳо ҳангоми вурудашон ба Эронзамин буд.

Баъди ин ғалаба байни Аминулмулк ва Аъзаммалик (сарвари Ғуриҳо) бар сари ғаниматҳо ихтилоф сар зад, ки боиси эҷоди душманӣ ва пароканда шудани лашкари фароҳамшуда гардид. Чун ин хабар ба Чингиз расид, дарҳол бо лашкари гарон ба сӯи Парвон равон шуд.

Хароб шудани Бомиён ба дасти чингизиён

Бомиён яке аз се маркази бузургтарин буд, ки аз ҷониби салтанати Ғуриён роҳбарӣ мешуд. Аз Бомиён тамоми минтақаи шимоли шарқии қаламрави Ғуриён, аз Тахористон гирифта Бадахшону Вахшу Чағониён ва Ҳисору Хатлону дигар навоҳии он ҷониб идора карда мешуд. Дар ибтидо Чингиз мардуми Бомиёнро ба таслим шудан даъват кард, вале ҷавоби рад гирифт, ҷангҳои шадид шурӯъ шуданд.

Ҳангоми задухӯрдҳо писари Чағатой – набераи Чингизхон ба қатл расонида шуд. Дар он лаҳзаҳо лашкари торуморшудаи Файқӯ аз Парвон ба Бомиён расид. Бо фармони Чингизхон тамоми сипоҳ якбора вориди шаҳр шуда, ҷанги шадиде ба амал омад, ки шаҳриён дар он мағлуб шуданд. Чингиз фармуд, ки аз аҳли Бомиён «касеро асир нагиранд, ки ҳеҷ офарида дар он ҷо сокин нагардад ва иморат накунад», дарахтону наботот нобуд ва кулли иморатҳо ба хок яксон карда шуданд. Зуҳури ин воқеа баҳор ва тобистони соли 1221 буд.

Баъд аз ҳодисаи Парвон султон Ҷалолуддин ноилоҷ ба сӯи Ғазна ақибнишинӣ кард. Чун Чингизхон шунид, ки султон 15 рӯз пештар ба сӯи сарҳадҳои Ҳиндустон ақибнишинӣ кардааст, бошитоб ба шаҳри Ғазна расид. Чингиз чунон дар шитоб буд, ки ҳатто ба шаҳр ва мардуми Ғазна кордор нашуд, шаҳнае дар шаҳр гузошта, дар соҳили рӯди бузурги Синд ба ӯ расид.

Султон ночор бар лашкари Чингизхон ҳамла овард, аз об гузашта, наҷот ёфт, вале тамоми бору буна ва ҳарами султон ба дасти муғулҳо афтод. Ҷалолуддин баъд аз ин солҳои тӯлонӣ лашкар гирд оварда, ба муғулҳо дар ҳар макон зарбаҳо мезад. Соли 1231 кушта шуд.

Баъд аз ғалабаи Парвон дар тамоми Хуросон ошӯбҳову саркашиҳо аз тобеият бар ҳокимони муғул сар зад. Муғулҳо баъди забти аввал шаҳнаи худро дар шаҳри Ҳирот гузошта буданд. Мардуми шаҳр аз ҳукмронии муғул шӯрида, пас аз задухӯрдҳои шадид онҳоро кушта, намояндаи худ — Муборизуддини Сабзавориро малики шаҳр ва Хоҷа Фахруддинро раиси вилоят интихоб карданд. Чун ин хабар ба гӯши Чингизхон расид, Илчикдой ном нуйонро ба Ҳирот фиристод.

Соли 1222 лашкари зиёда аз 120-ҳазораи муғулро Илчикдой ба ҳар дарвозаи шаҳр сиҳазорӣ тақсим кард. Ҳиравиён ба зарбаҳои гарон нигоҳ накарда, гурӯҳ-гурӯҳ аз дарвозаҳо баромада, бо душман ҷанг мекарданд. Мубориза зиёда аз шаш моҳ давом кард, ниҳоят мардум бо сабаби тамоман шудани захираи ғизо ва аслиҳаи худ аз мубориза даст кашида, ба қатлу ғорати мудҳиши муғулҳо дучор шуданд. Ҳамин тавр, Ҳирот миёни шаҳрҳои бузурги Хуросон охирин шаҳр буд, ки мунҳадим гашт.

Ҷонбозиҳо дар кӯҳистони Ғур

Яке аз аввалин задухӯрдҳои шадид байни Ғуриҳову муғулҳо баҳор ва тобистони соли 1221 дар сарзамини тоҷикнишини Ғуру Ғарчистон, дар назди қалъаи Остияи Ғур сурат гирифта буд. Муҳосира ва ҷангҳо дар атрофи ин қалъаи мустаҳкам 15 рӯз давом кард.

Шаҳри Фирӯзкӯҳро муғулҳо дар ҳуҷуми аввал ба даст оварда натавонистанд, ки ин барои муғулҳои ҳудуди Хуросон хатарнок ба шумор мерафт. Аз ин рӯ, чун лашкари муғул бо Ӯқтой аз Ғазнин ба тарафи Ғур омад, як қисми он ба Фирӯзкӯҳ фиристода шуд. Дар Фирӯзкӯҳ муборизаи шадид ба вуқӯъ пайваст, ки ҳокими шаҳр дар он ҷанг шаҳид шуд. Мардуми бероҳбар (бесаробон)-и шаҳр дар баробари лашкари сершумори муғул муқовимат карда натавониста, шикаст хӯрданд ва Фирӯзкӯҳ комилан хароб гардид. Ин ҳодиса соли 1222 рух дода буд.

Қалъаи Тӯлак – яке аз ҳисорҳои мустаҳками Ғур дар муқобили ишғолгарон муддати тӯлонӣ пойдор монда буд. Муҳосираи он соли 1221 оғоз шуда, қариб чаҳор сол идома ёфт. Чун муҳосира тӯл кашид, ҳокими он назди Файқӯ-нуйон омад ва изҳори тобеият кард, аммо вақте ки ба қалъа бозгашт, мардум ӯро ҳамчун хиёнаткор бо дастонашон ба қатл расонданд. Баъдтар муғулҳо бо лашкари анбӯҳ аз Ҳироту Исфизор ба қалъа тохта, новобаста аз муқобилияти сахти мардуми маҳаллӣ онро забт карданд, аммо бинои қалъа маҳфуз монд.

Агар барои забти дигар манотику шаҳрҳо аз 3 рӯз то 7–8 моҳ кофӣ буд, барои забти минтақаи Ғуру Ғарчистон зиёда аз се сол сарф шуд. Намунаи беҳтарин муборизаҳои ватанпарастонаи тоҷикон, ҳангоми вуруди чингизиёни хунхор ба Эронзамин, дар кӯҳистони марказии Хуросони Бузург – дар Ғуру Ғарчистон сурат гирифтанд.

Тавсеаи забткории муғулҳо дар қисми ғарбии Эронзамин

Лашкари муғул баробари таъқиби султон шаҳру навоҳии марказии Эронро пай дар пай забт ва мардумашро қатл мекарданд.

Баҳори соли 1221 мардуми Ҳамадон бо роҳбарии Ҷамолуддин ном ҷавони ғайур ба мубориза бархоста, аз ҳокими хиёнаткори худ – Алоуддин рӯй гардонда, шаҳнаи муғулии шаҳрро ба қатл расонданд. Алоуддин маҳбус шуд. Ҳамадон дар миёни шаҳрҳои дигари тоҷикон аввалин шаҳр буд, ки бидуни сарвари расмии давлатӣ, бо роҳбарии худи халқ, бо қавли то дами марг мубориза хоҳем бурда, бо душман муқовимат нишон дод.

Муқовимати шаҳриён то ҳадде устувор буд, ки талафоти ҷонии душмани мусаллаҳ аз онон бештар гардид. Ниҳоят, шаҳри Ҳамадон низ ишғол карда шуд ва лашкари муғул тӯли чандин рӯз ба куштори мардуми шаҳр машғул буда, шаҳрро то комилан сӯхтанаш оташ заданд.

Сипас сипоҳи муғул Мароға, Нахҷувон ва Билқонро хароб карда, аз роҳи Шервон ба Дарбанд рафтанд, дар дашти Қипчоқ ба Ҷӯҷӣ ҳамроҳ шуда, назди озими Чингизхон омаданд.

Таназзули иқтисодиёт ва аз нав маскуншавии турку муғул дар Эронзамин

Зарбаи ҳалокатбори такрорие, ки қавми муғул ба пайкари сарзамини тоҷик зад, ба боди фано додани иқтисодиёти мутараққии он буд.

Тамоми дастовардҳои бузурги маданию фарҳангӣ, шаҳрҳо, зироаткории мутараққӣ вайрону валангор шуданд. Иншооти обёрӣ, ки муҳимтарин воситаи зисти мардуми кишвар ба шумор мерафт, дигар қобили истифода набуд. Заминкорӣ бо сабаби набудани қувваи корӣ, корезҳо, аз байн рафтани чорвои корӣ, бахусус зулму ситам ва хатари азими ҷонӣ, рӯ ба инқироз ниҳод.

Теъдоди ками мардум аз шиддати тарсу хатари муғул қариб кулли водиҳои хешро гузошта, ба кӯҳҳои баланди дастнорас ва ба Ҳиндустону дигар мамолики дурдасту бехатар кӯч бастанд.

Табдилшавии водиҳои ободон ба харобазорҳои беодам ба он оварда расонд, ки заминҳои бесоҳибмондаи киштро алафҳои худрӯй фаро гирифта, чарогоҳҳои азим ба вуҷуд омаданд. Чарогоҳ барои турку муғул муҳимтарин воситаи зист ба шумор мерафт, ин буд, ки минбаъд дар ағлаби ин сарзамини бузург турку муғул ҷойгир шуд ва нуфуз ёфт.

Натиҷаи умумии ин кӯчиши бузург он шуд, ки дар қисми Мовароуннаҳр иддае аз он ақвом заминҳои зиёдеро аз худ карданд.

Ҷунбишҳои аввалияи зиддимуғулии тоҷикон. Шӯриши Маҳмуди Торобӣ

Аввалин ҷунбишҳои эрониён алайҳи муғулҳо замоне шурӯъ шуда буданд, ки истилои эшон дар авҷи вусъат қарор дошт. Баъди ҳодисаи Парвон дар чанде аз манотиқи Хуросон саркашиҳо аз ҳукуматҳои муғулӣ авҷ гирифт. Масалан, дар як вақт дар Сиистон, Гурзивон ва дигар ҷойҳо мардумон ба мубориза бархоста, шаҳнагони муғулиро аз байн бурданд. Дар вилояти Сарахс қариб тамоми дастнишондаҳои муғулиро аз миён бардоштанд, вале оқибаташ чунон шуд, ки муғулҳо ба он сарзамин чун сел ҳуҷум оварда, он ҷоро ба биёбон табдил доданд. Пас аз он Сарахс ва навоҳии атрофи он дигар обод нашуд. Хуллас, дар қисми хуросонӣ ҳар куҷо, ки исёне сар мезад, бинобар камии мардум ва харобии кишвар ба зудӣ пахш ва он макон аз пештара бештар тахриб карда мешуд.

Аммо дар Мовароуннаҳр шӯриши бузурге сар зад, ки дар он рӯзгор ба зуҳур пайвастани чунин ҳодисаро касе тасаввур карда наметавонист. Қиёми мазкур бо номи сарвари он – Маҳмуди Торобӣ машҳур аст. Маҳмуд дар деҳаи Тороби назди Бухоро мезист. Рӯз то рӯз аз ҳар табақа мардум, ки зидди ҳукумати муғулҳо буданд, дар атрофи ӯ ҷамъ меомаданд. Як идда донишмандон низ ба ӯ таваҷҷуҳ зоҳир карда, ҳатто маслиҳатгар ва раҳнамуни ӯ гаштанд. Чун ягона воситаи муттаҳид кардан ва ба як маслак бурдани оммаи он рӯзгор танҳо аз роҳи эътиқоди динӣ даст медод, аз ин лиҳоз низ, кору амали Маҳмудро дар миёни мардум аз нуқтаи назари «илмӣ» асоснок карданд. Ибтидои ин қиёмро солҳои 1232–1233 гуфтаанд.

Маҳмуди Торобӣ қасри Султон Санҷарро дар шаҳри Бухоро қароргоҳи худ сохт ва дар кӯтоҳтарин муддат раҳбарони муғулии шаҳрро ронда, баъзеро кушта, шахсони наздики худ аз қабили Шамсуддини Маҳуббӣ, Бурҳонуддин ва дигаронро раҳбарони диниву дунявии ҳукумати Бухоро ва он навоҳӣ таъйин кард.

Муғулони фироркарда ва садрнишинони бухории наҷотёфта, дар ҳаволии Кармина, ки ба шаҳр наздик буд, лашкари парокандаи муғулро ҷамъ оварда, дар муқобили шӯришгарон истоданд. Дар ҷанг ҷонибдорони Маҳмуди Торобӣ ғалаба карданд. Баъд аз як ҳафтаи ғалабаи шӯришгарон лашкари анбӯҳи муғулҳо бо сарварии Чикин-курчӣ ва Илдиз-нуйон ба Бухоро омад. Чун шӯришгарон тартиби ҷанг ва низоми лашкариро намедонистанд, бо сару либоси барои ҷанг номувофиқ ба беруни шаҳр баромада, дар задухӯрди аввалин бо муғулони ҷангдидаи мусаллаҳ шикаст хӯрданд, нахуст роҳбарони онон кушта шуданд, ки ин рӯҳияи эшонро ниҳоят заиф сохт. Баъди ин муғулҳо ба қавле 20 ҳазор нафарро қатл карданд. Авҷи шӯриш ва пахши он соли 1238 буд.

Харита: «Раванди истило ва ташаккули давлати муғул (асри XIII)»

Аломатҳои шартии харита (саҳ. 240–241):

  • Минтақаи кӯчии Темучин то соли 1206;
  • Юришҳо бо роҳбарии Чингизхон (Темучин);
  • Юришҳои писарони Чингизхон ва сарлашкарони ӯ;
  • Сарҳади истилои Чингизхон то давраи марги ӯ (соли 1227);
  • Юриши шарқии Угедей дар соли 1231;
  • Лашкаркашии Бату ва сарлашкарони ӯ дар солҳои 1236–1242;
  • Мавқеи задухӯрди асосӣ;
  • Шаҳрҳое, ки муқовимати шадид бар зидди истилогарони муғул нишон доданд;
  • Номи маҳалҳое, ки аз тарафи муғулҳо ғорат ва несту нобуд карда шуданд;
  • Маҳалҳои шӯришҳои калонтарин бар зидди истилогарони тотору муғул;
  • Самти юришҳои охирини истилогарони тотору муғул дар Шарқ;
  • Сарҳади давлатҳои муғул (улусҳо) дар солҳои 1260–1280;
  • Сарҳади давлатҳои дигар;
  • Ҳудуди Русия зери сиёсати Урдуи Тиллоӣ.

Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 236–242 (харита: 240–241).

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.