Барпошавии ҳокимияти Шӯравӣ дар шимоли Тоҷикистон ва Бадахшон
Минтақаи имрӯзаи шимоли Тоҷикистон ва Бадахшон дар арафаи барпошавии Ҳокимияти Шӯравӣ ҷузъи кишвари Туркистон буд. Мубориза барои барпокунии Ҳокимияти Шӯравӣ дар Хуҷанд ва Ӯротеппа дар шароите оғоз гардид, ки доираҳои сиёсии ҳукмрони минтақа барои даъват намудани Анҷумани 2-юми умумируссиягии Шӯроҳо омодагӣ мегирифтанд. 10 октябри 1917 дар Шӯрои намояндагони коргарон ва аскарони уезди Хуҷанд большевик Д. Т. Деканов вакили Анҷумани 2-юми умумируссиягии Шӯроҳо интихоб шуд. Ӯ вазифадор буд, ки дар анҷуман масъалаи фавран ба ихтиёри Шӯроҳо гузаштани ҳукуматро то даъвати Маҷлиси муассисон ба миён гузорад.
Барпошавии Ҳокимияти Шӯравӣ дар Хуҷанд ва Ӯротеппа
25 октябр (7 ноябр) 1917 дар Петроград Ҳукумати Муваққатӣ сарнагун ва Ҳокимияти Шӯравӣ – Шӯрои Комиссарони Халқӣ ташкил шуд. 26 октябр Анҷумани 2-юми умумируссиягии Шӯроҳо қарор қабул кард, ки дар тамоми сарзамини Русия, аз ҷумла кишвари Туркистон ҳокимият ба ихтиёри Шӯроҳои маҳаллӣ вогузор шавад. Дар вокуниш ба ин қарор тарафдорони Ҳукумати Муваққатӣ муборизаро бар зидди Ҳукумати Шӯравӣ оғоз карданд. 1 ноябр дар Тошканд шӯриш ғалаба кард ва Шӯрои Комиссарони Халқӣ (раисаш Ф. И. Колесов) ташкил ёфт. Дар рӯзҳои шӯриши Тошканд дар стансияҳои роҳи оҳани Хуҷанд, Нов, Драгомирово, Мелниково, Верёвкино кумитаҳои инқилобӣ таъсис дода шуданд. Ҳокимияти Шӯравӣ дар шимоли Тоҷикистон аввалан дар шаҳрҳо, стансияҳои роҳи оҳан ва дар маҳалҳое, ки корхонаҳои кӯҳкорӣ ва пахтатозакунӣ доштанд, барпо шуд. Шӯрои намояндагони конҳои ангишти Шӯроб, Сулукта, чоҳи нафти «Санто» корхонаҳои саноатиро миллӣ карда, ҳамчун мақоми ҳокимият амал намуданд. Шӯрои коргарон ва аскарони Хуҷанд дар уезд ҳокимиятро ба даст гирифтанд. Марти 1918 бо ташаббуси большевик И. Калугин ҳайати нави Шӯрои намояндагони Хуҷанд (номи баъдиаш «Шӯрои намояндагони коргарон, аскарон, мусулмонон ва деҳқонони Хуҷанд») интихоб шуд, ки Г. Стерлингов раис ва Е. А. Иванитский ва Ч. Шокаримов ҷонишинонаш буданд.
То марти 1918 дар волостҳои Шаҳристон, Босмандӣ, Далён, Мастчоҳ, Ӯротеппа ва Ғончӣ ҳокимият ба ихтиёри Шӯроҳои маҳаллӣ гузашт. Шӯрои шаҳри Ӯротеппа нахуст барои наҷоти мардум аз гуруснагӣ ғаллаи зиёдатии кишоварзонро мусодира кард, ки ин амал боиси сар задани ихтилофҳои иҷтимоӣ гардид. Дар ин фурсат ташкилоти маҳаллии «Шӯрои исломия» думаи шаҳриро дубора барқарор кард ва дар шаҳр чанд муддат дуҳокимиятӣ ҳукмфармо гардид.
18 феврали 1918 дар Ӯротеппа барои таъмини амнияти мардуми русзабон ташкилоти аксуинқилобии «дружинаи халқии рус» ташкил дода шуд. 13 апрели 1918 фаъолияти Шӯрои намояндагони коргарон ва аскарони Ӯротеппа қатъ гардид ва аксар эсеру меншевикон ба «дружинаи халқии рус» ҳамроҳ шуданд. 8 июли 1918 бо пуштибонии аскарони сурхи Хуҷанд дар Ӯротеппа Шӯрои дружиначиён пароканда ва ҳукумат ба ихтиёри Шӯрои намояндагони коргарон ва деҳқонон гузашт.
Баъди ҳалли масъалаи Ӯротеппа доираҳои ҳукмрони кишвари Туркистон барои барқарор кардани Ҳукумати Шӯравӣ дар Мастчоҳ отряди махсуси аскарони сурхро фиристоданд. Ҳамзамон Кумитаи ҳарбии инқилобии Ӯротеппа бо мақсади пешгирӣ намудани хунрезӣ қувваҳои зиддишӯравии Мастчоҳро ба мусолиҳа даъват кард. 30 ноябри 1918 мастчоҳиён дар гуфтушуниди назди деҳаи Овчӣ Ҳокимияти Шӯравиро эътироф карданд. То ноябри 1918 дар уезди Хуҷанд Ҳокимияти Шӯравӣ пурра барпо гардид.
Воқеаҳои Фарғона ва Мухторияти Хӯқанд
6–7 декабри 1917 тибқи қарори Анҷумани вилоятии Шӯроҳои Фарғона ҳокимият ба ихтиёри Шӯроҳо гузашт. Дар вокуниш ба ин амал қувваҳои зиддиинқилобӣ дар Хӯқанд Анҷумани 4-уми ғайринавбатии мусулмонони кишварро даъват карданд (9 декабри 1917). 10 декабр анҷуман кишвари Туркистонро дар ҳайати Федерасияи Россия мухтор эълон намуд. Мустафо Танишбоев собиқ узви Кумитаи туркистонии Ҳукумати Муваққатии Русия, пантуркисти ашаддӣ сарвари ҳукумати муваққатии Мухторияти Туркистон (номи дигараш «Мухторияти Хӯқанд») таъйин шуд. Дар ин давра ноҳияҳои Конибодом ва Исфара, ки дар ҳайати уезди Хӯқанди вилояти Фарғона буданд, ба тасарруфи «Мухторияти Хӯқанд» афтоданд. Танҳо кони ангишти Шӯроб ва чоҳи нафти «Санто» ҳамчун маҳалҳои алоҳидаи Ҳокимияти Шӯравӣ дар иҳотаи қувваҳои аксулинқилобӣ боқӣ монданд. Ин вазъ Ҳукумати Шӯравии Туркистонро ором нагузошт. Қувваи якҷояи гвардиячиёни сурхи «Санто», «Қизилқия», стансияи роҳи оҳани Хуҷанд ва дигар отрядҳо 21–22 феврали 1918 қувваҳои мусаллаҳи «Мухторияти Хӯқанд»-ро торумор карданд. Бо торумори «Мухторияти Хӯқанд» Ҳокимияти Шӯравӣ дар Конибодом ва Исфара барқарор карда шуд.
Барпошавии тартиботи шӯравӣ дар болооби Зарафшон
Барпо намудани тартиботи шӯравӣ дар мулкҳои болооби Зарафшон (волостҳои Панҷакент, Фалғар, Искандарӣ, Моғиёну Фороб, Офтобрӯ ва Киштут) ба вазъи Самарқанд вобастагӣ дошт. 4 декабри 1917 большевикони Самарқанд Кумитаи ҳарбии инқилобиро ташкил дода, ҳокимиятро ба даст гирифтанд. 13 декабри 1917 дар шаҳри Самарқанд Анҷумани 2-юми Шӯроҳои вилоятӣ ба кори худ шурӯъ кард ва ҳукумати вилоят ба ихтиёри Шӯроҳо гузашт. Ҳамон моҳ Кумитаи инқилобии Самарқанд намояндагони Ҳукумати Муваққатиро дар волостҳои болооби Зарафшон аз вазифа озод ва намояндагони Ҳокимияти Шӯравиро сардор таъйин кард. Декабри 1917 Ҳокимияти Шӯравӣ дар болооби Зарафшон бидуни муқобилияти ҷиддӣ барпо гардид.
Барпошавии Ҳокимияти Шӯравӣ дар Бадахшон
Дар Кӯҳистони Бадахшон мисли пештара ҳар гуна тағйирот ба отряди Помир вобастагӣ дошт. 2 июли 1918 хабари воқеаҳои Петроград ва Тошканд ба Бадахшон расид, аммо сарвари отряд полковник В. Фенин ва баъзе аскарони содиқи Ҳукумати Муваққатӣ Ҳокимияти Шӯравиро эътироф накарданд. 30 августи 1918 отряди Помир ба тобеияти сардори Комиссариати ҳарбии Ҷумҳурии Туркистон гузашт. Ноябри 1918 полковник Фенин ҳамроҳи 32 аскари отряд тариқи Вахон ба Ҳиндустон фирор кард ва Кумитаи Умумипомирии Ҳукумати Муваққатӣ барҳам хӯрд. Дар натиҷа аз ҳисоби аскарони постгоҳҳои сарҳаддии Помири Шарқӣ ва Ғарбӣ бо сардории Волков Кумитаи инқилобӣ ташкил шуд.
Ноябри 1918 Кумитаи иҷроияи марказии Ҷумҳурии Туркистон Комиссияи ҳарбию сиёсӣ ва отряди ихтиёриро бо сарварии коммунист А. А. Холмаков ба Бадахшон фиристод. Вазифаи асосии комиссия ва отряд ташкил намудани ниҳодҳои ҳокимияти инқилобӣ дар маҳалҳо ва муҳофизати сарҳадди давлатии Федерасияи Россия дар Бадахшон буд. Комиссия ва отряд феврали 1919 ба Хоруғ расиданд. Баҳори соли 1919 бо ташаббуси комиссия ва отряд дар маҳалҳои гуногуни Бадахшон кумитаҳои инқилобӣ ташкил шуданд. Аз ин лаҳза роҳбарии умумии Кӯҳистони Бадахшон ба ихтиёри отряди Холмаков гузашт. Соли 1918 дар кишвари Туркистон, аз ҷумла ноҳияҳои имрӯзаи шимоли Тоҷикистон ташкилоти иттифоқҳои ҷавонон ва касаба созмон дода шуданд.
Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 272–273.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




