Ғуриён
Ғуриён — сулола ва давлати асримиёнагии тоҷикон. 1) сулолаи тоҷикасли Шинасбониён, ки аз замони зуҳур ва густариши ислом то арафаи ҳуҷуми муғул дар Хуросон, ҷануби Мовароуннаҳр ва шимоли Ҳиндустон ҳукумат доштанд; 2) давлати асримиёнагӣ (1149–1215), ки аз тарафи сулолаи Шинасбониён (Ғуриён) ташкил ёфт. Асосгузори хонадони Ғуриён Шинасб ибни Хурнак дар замони ҳукмронии Алӣ ибни Абитолиб ба ислом гаравида буд. Мувофиқи маълумоти манбаъҳои таърихӣ аввалин амири Ғур – Пӯлоди Ғурӣ дар наҳзати Абумуслими Хуросонӣ ширкат намуда, барои ба сари қудрат омадани Аббосиён саҳм дошт. Ғуриён аз замони хилофати Ҳорунаррашид расман ҳокими Ғур эътироф шуда, дар аҳди Тоҳириён, Саффориён ва Сомониён хироҷгузори ин давлатҳо буданд. Таърихи сиёсии давлати Ғуриёнро метавон ба ду давра ҷудо намуд: 1. давраи ҳукмронии амирони маҳаллии Ғурӣ дар вилояти Ғур; 2. давраи ҳукмронии султонҳои Ғурӣ, ки пас аз ташкили давлати мустақил ҳудуди васеи ҷуғрофие дар ихтиёр доштанд.
Муносибат бо Ғазнавиён
Дар натиҷаи лашкаркашиҳои Маҳмуди Ғазнавӣ ба Ғур (1011, 1015) ва муқобилияти тӯлонии Ғуриён Муҳаммади Сурӣ ба асорат афтода, ҳокимиятро писараш Абуалӣ ибни Муҳаммади Сурӣ соҳиб шуд. Дар давраи аморати Абуалӣ ибни Муҳаммади Сурӣ дар Ғур якчанд қалъа ва мадрасаи нав бунёд шуда, баъзе минтақаҳои Ғарчистон ишғол карда шуданд. Чанде пас тибқи дастури Маҳмуди Ғазнавӣ писараш Масъуди Ғазнавӣ аз роҳи Ҳирот ба Ғур ҳуҷум карда (1021), бо дастгирии ҳокимони маҳаллӣ Абулҳасани Халаф ва Шервон минтақаро ишғол намуд. Тибқи музокираи сулҳ Абуалӣ ибни Муҳаммади Сурӣ минтақаи забткардаи Ғуриёнро дар Ғарчистон бозпас дода, фармонбардори Ғазнавиён гардид. Ғазнавиён аз давраи таъсисёбии давлати Салҷуқиён дар шарқи Хуросон бо роҳи дахолат ба корҳои дохилии Ғуриён ва таъйини амирон нуфузашонро то давраи ҳукмронии Баҳромшоҳи Ғазнавӣ дар Ғур ҳифз карданд. Дар давраи ҳукмронии Баҳромшоҳ байни Ғазнавиён ва писарони амири Ғур – Иззуддини Ҳусайн (1110–1146) бар зидди Султон Санҷар аҳднома баста шуд. Нуфузи Ғуриён аз аҳди ҳукмронии Иззуддини Ҳусайн дар Ғур устувор гардид. Ҳафт писари ӯ дар навоҳии гуногуни Ғур ҳоким таъйин шуда, аз ҷумлаи онҳо Султон Сайфуддини Сурӣ дар Остия (Астия) ва султон Қутбуддин дар Фирӯзкӯҳ қалъаҳои бузург бино карданд. Аз давраи ҳукмронии Сайфуддини Сурӣ ва баъд муносибатҳои Ғазнавиён бо амирони Ғур, аз ҷумла бо малик Қутбуддин беҳтар шуд. Малик Қутбуддин аз сабаби ихтилофи байни бародарон ба дарбори Ғазнавиён рафта, баъди чанде аз ҷониби Ғазнавиён кушта шуд (1141). Дар ҷавоб бародараш – Сайфуддини Сурӣ ба Ғазна лашкар кашида, баъди фирори Баҳромшоҳ ба Ҳиндустон бародараш – Баҳоуддини Сомро ҳокими Ғур таъйин намуд ва худ ба тахти Ғазнӣ нишаст. Ҳокимияти Сайфуддини Сурӣ дар Ғазнӣ дер давом накард: Баҳромшоҳ бо таҳрики Салҷуқиён аз Ҳиндустон бо сипоҳи бузург ба Ғазнӣ лашкар кашида (1148), баъди қатли султон сари буридаашро ҳамчун рамзи фармонбардорӣ ба дарбори туркони салҷуқӣ фиристод. Лашкаркашии Баҳоуддини Сом ба муқобили Ғазнавиён низ бенатиҷа анҷом ёфт ва ӯ дар роҳ ногаҳон фавтид. Баъдан султон Алоуддин Ҳусайн (1150–1161) бо мақсади ситонидани хунбаҳои бародаронаш шаҳри Ғазнинро ишғол (1150) ва оташ зад, ки бо ин амалаш ба ӯ лақаби «ҷаҳонсӯз» доданд.
Муносибат бо Салҷуқиён
Ғуриён дар давраи ҳукмронии Султон Санҷар хироҷгузори Салҷуқиён буданд. Рақобати байни Ғуриён ва Салҷуқиён аз давраи ишғоли шаҳри Ғазна (1150) ошкор шуда, баъди саркашии султон Алоуддин Ҳусайн аз пардохти хироҷ ба хазинаи Султон Санҷар задухӯрдҳои мусаллаҳона байни ҷонибҳо сар шуданд. Соли 1150 султон Алоуддин ба Ҳирот лашкар кашида, дар муҳорибаи Сегушаи Ноб (дар наздикии Ҳирот) бо хиёнати дастаҳои туркии лашкараш ба дасти Салҷуқиён асир афтод, вале дере нагузашта Султон Санҷар бо мақсади ҷалби Ғуриён ба муборизаи муштараки зидди ғузҳо султон Алоуддинро баъди ду соли асирӣ озод намуда, баъзе мулкҳоро ба ӯ бозпас гардонид. Дар замони ҳукмронии Алоуддин ба ҳудуди давлати Ғуриён минтақаҳои нави Бомиён, Тахористон, Ғарчистон, Довар, Бӯст, Тулак ва Ҳирот ҳамроҳ шуда, ҳукумати Ғазнавиён дар минтақаи Панҷоб маҳдуд гардид.
Баъд аз марги Алоуддин Ҳусайн писари ӯ – Сайфуддин Муҳаммад (1161–1163) ба сари қудрат омад, ки мисли падараш марди шуҷоъ ва ҳокими адолатпарвар буд. Ӯ дар яке аз муҳорибаҳои зидди ғузҳо аз дасти сипаҳсолораш Абулаббоси Шиш кушта шуд. Дар давраи Ғиёсуддин Муҳаммади Ғурӣ (1163–1203) давлатдории Ғуриён ба авҷи тараққиёт расид. Сипоҳи Ғуриён солҳои 70-уми асри 12 дар самти шимолу ғарбӣ ҳудуди Ҳирот, Бушанг, Толиқон, Андхӯд, Маймана, Форёб, Панҷдеҳ, Марврӯд, Балх ва навоҳии ҳамҷаворро ба давлати худ тобеъ намуд. Дар самти ҷанубу шарқ Ғуриён баъди пирӯзии Султон Ғиёсуддин бар ғузҳо ва дубора озод карда шудани шаҳри Ғазна (1173) бо рақиби навашон — Хоразмшоҳиён рӯбарӯ шуданд.
Муносибат бо Хоразмшоҳиён
Муносибат бо Хоразмшоҳиён дар ибтидо бо вуҷуди баъзе масъалаҳои ихтилофӣ дар Хуросон мӯътадил буд. Аз ҷумла Султоншоҳ баъди шикаст аз бародараш Текеш муддати тӯлонӣ дар дарбори Ғиёсуддини Ғурӣ паноҳ бурд. Мувофиқи маълумоти маъхазҳои таърихӣ соли 1181 Амир Ҳимом – намояндаи Ғиёсуддини Ғурӣ барои ҳалли баъзе масъалаҳои Хуросон ба дарбори султон Текеш сафар кард. Дар моҳи рамазони ҳамон сол сафорати ҷавобии султон Текеш бо сарварии Фахруддин ба дарбори Ғиёсуддини Ғурӣ фиристода шуд. Дар ин ду музокироти сиёсӣ мулоқоти роҳбарони олии сиёсии ҳар ду ҷониб барои ҳалли масъалаҳои ихтилофии Хуросон тарҳрезӣ шуд, аммо амалӣ нагардид. Султон Текеш фурсати музокиротро зиракона истифода бурда, бо бародараш Султоншоҳ паймони сулҳ баст ва қисме аз мулкҳои ихтилофии Хуросонро ба ӯ вогузор кард. Аз ин сабаб миёни бародараш ва Ғуриён оташи рақобат аланга зад. Ахиран байни Султоншоҳ ва Ғуриён дар назди Рудбори Марв муҳориба ба амал омад (1190), ки он бо ғалабаи Ғиёсуддини Ғурӣ анҷом ёфт. Султоншоҳ баъди огоҳӣ аз моҷарои бародараш бо узрхоҳӣ аз Ғуриён ва миёнравии Ғиёсуддини Ғурӣ дубора аз ҷониби Текеш ҳокими Сараҳсу Марв таъйин карда шуд. Ба қавли Ҷузҷонӣ, халифаҳои Аббосӣ бо фиристодани намоянда ва симу зар ба Фирӯзкӯҳ Ғиёсуддини Ғуриро ба муборизаи зидди Текеш таҳрик дода, дар сар задани ихтилофи байни Ғуриён ва Хоразмшоҳиён нақши асосӣ доштанд. Мувофиқи маълумоти маъхазҳои таърихӣ Ғиёсуддини Ғурӣ ба Текеш ҳушдор дода буд, ки дар мавриди даст накашидан аз таҳдиди халифа ба мулкҳои Хоразмшоҳиён ҳуҷум меорад. Аз ҷониби дигар, ба амири Бомиён – Баҳоуддини Сом дастур дод, ки ба мулкҳои хуросонии Хоразмшоҳиён ҳуҷум кунад. Дар ҷавоб Текеш бо ёрии Қарахитоиён ба мулкҳои марзии Ғуриён ҳуҷум кард. Баҳоуддини Сом бо ёрии дастаҳои ҳарбии ҳокими Толиқон Муҳаммад ибни Хурнак ва ҳокими Гурзивон – Ҳусайн ибни Хармил неруҳои Қарахитоиёнро дар соҳили дарёи Ому шикаст дода (1198), муваққатан пеши роҳи тохтутози Хоразмшоҳиёнро дар Хуросон гирифт. Баъди марги Текеш (1200) Ғуриён дар муборизаи тахтхоҳии намояндагони Хоразмшоҳиён – Муҳаммад Хоразмшоҳ ва Ҳиндухон дувумиро пуштибонӣ карда, баъди ишғоли Сараҳс, Абеварду Нисо ҳукумати Марвро ба ӯ вогузоштанд.
Дар аҳди Ғиёсуддин Муҳаммад ҳудуди давлати Ғуриён дар Хуросон ва Мовароуннаҳр васеъ шуд. Ба қавли академик Б. Ғ. Ғафуров, дар ин давра минтақаҳои ҷанубӣ ва шарқии Тоҷикистони кунунӣ — аз Вахш то Бадахшон тобеи давлати Ғуриён буданд. Ин давра авҷи шукуфоӣ ва тараққиёти давлати Ғуриён буд. Марзи он дар ғарб то халиҷи Хурмуз, дар шарқ то Чин, дар шимол то Марв ва дар ҷануб то Ҳиндустон тӯл мекашид. Ба қавли Абдулҳай Ҳабибӣ, дар замони ҳукмронии султон Ғиёсуддин Муҳаммади Ғурӣ халифа Носируддин ду сафири худро – Ибни Рабеъ ва Ибни Хатибиро ба дарбори Ғуриён ба Фирӯзкӯҳ фиристода, ҳукумати Ғуриёнро расман бо сарварии Ғиёсуддин Муҳаммад эътироф намуд. Дар замони султон Ғиёсуддин давлати Ғуриён аз се марказ идора мешуд: вилоятҳои Ғазнӣ, Кобул, Гардез, Нангарҳор ва музофотҳои ҳиндустонӣ аз тарафи Султон Шиҳобуддини Ғурӣ бо марказаш – Ғазнӣ; вилоятҳои Бомиён, Тахористон, Бадахшон аз тарафи султон Фахруддин ва писаронаш аз Бомиён; Хуросон ва сарҳадҳои Мовароуннаҳр аз Фирӯзкӯҳ. Бо вуҷуди се маркази маъмурӣ пойтахти давлат – Фирӯзкӯҳ маркази асосӣ ва Ғиёсуддин Маҳмуд ҳукмрони тамоми салтанати Ғуриён буд. Дар ибтидои асри 13 Ғиёсуддин Муҳаммад Марв ва Нишопурро низ фатҳ кард.
Аз давраи Муҳаммад Хоразмшоҳ (1200–1220) муносибат бо Хоразмшоҳиён шиддат ёфта, Ғуриён дар муддати кӯтоҳ ҳудуди Сараҳс, Абевард, Нисо ва Нишопурро аз даст доданд. Баъдан, Муҳаммад Хоразмшоҳ ду бор ба Ҳирот (1201, 1202) лашкар кашида, бо талафоти калон ақибнишинӣ намуд. Дар шароити мавҷуда барои ҳифзи мулкҳои хуросонӣ қисми зиёди сипоҳи Ғуриён бо сарварии Шиҳобуддини Ғурӣ аз Ҳинд ба Ғазна даъват шуд ва дар муҳорибаи назди Марв сипоҳи Муҳаммад Хоразмшоҳро шикаст дода, муддате шаҳри Гурганҷро муҳосира кард (1204). Қисме аз сипоҳи Ғуриён баъди шикасти сипоҳи Турконхотун ба пойтахти Хоразмшоҳиён ворид шуд. Ғуриён баъди расидани Қарахитоиён ва дастаҳои ҳарбии ҳокими Самарқанд – султон Усмон ба ёрии Муҳаммад Хоразмшоҳ аз ҳудуди Гурганҷ хориҷ гардиданд. Неруҳои ҳарбии Шиҳобуддини Ғурӣ зери таъқиб аввал ба Балх, баъдан ба Андхӯд паноҳ бурда, бо миёнравии султон Усмон бо Қарахитоиён сулҳ баста, ба кишвари худ баргаштанд. Соли 1205 байни ҷонибҳо аҳднома баста шуд, ки мувофиқи он ҳудуди Марв ба Хоразмшоҳиён дода шуд ва Шиҳобуддини Ғурӣ дар мавриди зарурӣ бояд бо сипоҳаш ба Муҳаммад Хоразмшоҳ ёрӣ мерасонид. Баъди фавти Шиҳобуддини Ғурӣ (1206) мулкҳои хуросонии Ғуриён ба зудӣ тобеи Хоразмшоҳиён шуданд.
Ҳуҷуми Ғуриён ба Ҳинд
Барои идома додани лашкаркашӣ ба самти Ҳиндустон султон Шиҳобуддини Ғурӣ (1173–1206) Ғазнаро маркази ҳукумати худ қарор дода, солҳои 1175–1176 минтақаҳои Учча ва Мултонро ишғол кард. Ҳуҷуми аввалини Ғуриён бо сарварии Шиҳобуддини Ғурӣ ба Гуҷарот (1178) ба нокомӣ анҷом ёфт, дар тохтутози дувум ғуломи Шиҳобуддин – Қутбуддини Ойбек баъди шикаст додани Бҳими II (1196–1197) бахше аз шимоли Ҳиндустонро ба ҳайати давлати Ғуриён ҳамроҳ кард. Ҳуҷуми аввалини Ғуриён ба Деҳлӣ ба нокомӣ анҷом ёфта, роҷа Притхвираҷи III (ҳукмронӣ 1149–1192) дар муҳорибаи якуми Тарайн (1191) Шиҳобуддини Ғуриро шикаст дод. Дар муҳорибаи дувуми Тарайн (1192) Притхвираҷи III шикаст хӯрд ва шаҳрҳои Сомона, Куҳром, Ҳонсӣ ва Аҷмир ба ҳайати давлати Ғуриён ҳамроҳ карда шуданд. То ибтидои асри 13 минтақаи васеъ – Гуҷарот, Пешовар, Лоҳур, водии дарёи Ганг ва қисми дигари мулкҳои шимолӣ ва марказии Ҳиндустон ба ҳайати давлати Ғуриён дохил карда шуданд. Ғуриён дар минтақаҳои забтгардида қалъаҳо бунёд карда, дастаҳои низомии худро нигоҳ медоштанд. Дар ибтидои асри 13 аввалан Лоҳур ва баъдан Деҳлӣ қароргоҳи мулкҳои ҳиндустонии Ғуриён шуд.
Илм ва фарҳанг дар замони Ғуриён
Дар баробари кишваркушоӣ Ғуриён ба рушди илму фарҳанг таваҷҷуҳ зоҳир намуда, дар шаҳрҳо ва мулкҳои ҷудогона мадраса, китобхона ва ғайра таъсис доданд. Бузургтарин мадраса дар шаҳристони Машҳад, дар болооби Мурғоб амал мекард. Дар мадрасаи Афшини Ғарчистон олим ва мутафаккири машҳур Садруддин Ҳисом дарс медод. Дар паҳлуи Масҷиди ҷомеи Ҳирот мадрасаи Ғиёсия фаъолият менамуд, ки мутафаккири бузург Фахруддин Розӣ аз ҷумлаи устодони ин таълимгоҳ буд. Дар музофоти Сиистон мадрасаи Сари Ҳавз амал мекард, ки толибони илми саросари минтақа дар он гирд омада буданд. Салотини Ғурӣ дар Ҳиндустон низ мадрасаҳо бунёд карда буданд, ки мадрасаҳои Фирӯзӣ дар Мултон ва Муиззӣ дар Деҳлӣ шуҳрати бештар доштанд. Ҳокимони Ғурӣ ба бунёди китобхонаҳо низ таваҷҷуҳ доштанд: китобхонаҳои бузургтарин дар Афшин, Ҳирот ва Фирӯзкӯҳ амал мекарданд.
Салотини Ғурӣ аз онҳо муроқибат мекарданд. Онҳо машҳуртарин олимону донишмандон ва мутафаккирони замони хеш – Фахруддини Розӣ, Абубакри Ҳариқ, Абулҳасан Алӣ ибни Зайди Байҳақӣ, Айнуддин ибни Алӣ Китон, Аҳмад Майдонии Нишопурӣ, Алии Бохарзӣ, Муҳаммад ибни Мунаввари Майҳанаӣ, Абунасри Фарохӣ, Муҳаммади Авфӣ, Фахруддин Муборакшоҳи Ғурӣ, Аҳмад Фариди Кофӣ, Азҳарии Ҳиравӣ, Хоҷа Муинуддини Чиштӣ, Ҷабалии Ғарчистонӣ, Мавлоно Абулқосим, Садруддин Рабеии Фушанҷӣ, Абубакр Умари Тирмизӣ ва дигаронро ба дарбори худ даъват намуда, онҳоро дастгирию парасторӣ мекарданд.
Амир Аббос, ки дар илми нуҷум дониши мукаммал дошт, дар ноҳияи Мандеш дар шаҳри Санг бо кумаки дигар олимони нуҷумшинос қалъае бино кард, ки аз 12 манора иборат буда, ҳар манорааш ба як бурҷи осмонӣ мутобиқат дошт. Баъзе султонҳои ғурӣ, аз ҷумла Алоуддин Ҳусайн дар баробари ҷалби шоиру нависандагон худ низ табъи шоирӣ доштанд; намунаҳои ашъори Алоуддин Ҳусайн дар «Табақоти Носирӣ» оварда шудаанд. Ба қавли олими англис Перси Сайкс, Алоуддин Ҳусайн баробари вайрон кардани шаҳру кӯшкҳои душманонаш, китобҳои нодирро бо қимати тило харидорӣ мекард. Хидмати салотини ғурӣ дар густариши ҳавзаи забони форсӣ-тоҷикӣ дар Ҳиндустон хеле бузург аст. Дар натиҷаи ҷангҳои тӯлонии Ғуриён бо Салҷуқиён ва Хоразмшоҳиён аксари намояндагони илму фарҳанги Хуросон ба Ҳиндустон муҳоҷират карда, дар ҳавзаҳои илмӣ-адабии Учча, Лоҳур ва Деҳлӣ фаъолияти худро идома доданд. Маҳз дар давраи ҳукмронии Ғуриён аввалин асари мустақили таърихии форсизабони Ҳиндустон — «Тоҷу-л-маосир»-и Ҳасан Низомии Нишопурӣ таълиф шуд (1206). Ба қавли Ҳасан Низомии Нишопурӣ, мазҳаби ҳанафӣ аз соли 1206 дар Лоҳур расмӣ эълон карда шуд. Аз давраи ҳукмронии Ғуриён осори меъмории масҷиди ҷомеи Ҳирот, Манори Ҷом, Мадрасаи Фирӯзӣ, қалъаи Сиёлкут, Қутбманори Деҳлӣ, масҷиди Аҷмир, масҷиди Қуввату-л-ислом боқӣ мондаанд. Дар қаламрави Тоҷикистон якчанд намунаи сиккаҳои Ғуриён, аз ҷумла динорҳои он давра аз ҳудуди ноҳияи Восеъ ёфт шудаанд, ки дар рӯи сикка баъди калимаи тавҳид «ал-хоқон ал-аъзам Абумузаффар Абубакр ибн ...» ва дар пушташ зери номи Вахш «ас-султону-л-аъзам бақо-у-д-дунё вад-дин Сом ибни Муҳаммад» навишта шудааст. Дар динорҳои дигар номи ду шахс — малики Вахш — Абубакр ва султон Сом ибни Муҳаммад зарб ёфтаанд, аз ин бармеояд, ки Вахш дар ибтидои асри 13 ба ҳайати давлати Ғуриён дохил мешуд.
Таназзули давлати Ғуриён
Баъд аз марги бародарон — Султон Ғиёсуддин Маҳмуд (1203) ва Муиззуддин Муҳаммад (1206) давраи таназзули давлатдории Ғуриён оғоз шуд. Солҳои 1206–1216 барои ба даст даровардани тахти салтанат дар Фирӯзкӯҳ, дар байни намояндагони хонадони Ғуриён мубориза оғоз шуд. Дар ин муддат 5 султони ғурӣ ба воситаи якдигар сарнагун гардиданд. Аз зиддияти дохилии сулолаи ҳукмрон ғуломон — лашкаркашони туркии Ғуриён истифода бурда, аз самти Ҳинд ба маркази дувуми давлат — шаҳри Ғазнӣ ҳамла оварда, харобиҳои бисёр карданд. Тадриҷан ҳокимияти давлатӣ дар музофоти гуногун ба дасти сарлашкарони турк гузашт: Юлдуз дар Ғазнаву Панҷоб, Носируддини Қабоча дар Синду Мултон, Қутбуддини Ойбек дар қисми дигари Панҷоб, Ғиёсуддини Халаҷӣ дар Лакхнав, Ғурия дар Бомиён, малики Тоҷуддин дар Сиистон ва музофотҳои дигар ҳукмронӣ мекарданд. Охирин намояндаи сулола — Алоуддин Муҳаммад давлати заифшудаи худро соли 1215 ба Хоразмшоҳиён таслим намуда, ба мавҷудияти салтанати Ғуриён хотима гузошт. Танҳо мулкҳои ҳиндустонии Ғуриён мустақил боқӣ монда, аз тарафи сулолаи ғуломон идора мешуданд.
Н. Амиршоҳӣ.
Хоразмшоҳиён
Хоразмшоҳиён — унвони шоҳони Хоразм (995–1231). Аз нимаи дувуми асри 9 дар Хоразм сулолаи маҳаллии Фариғуниён ба сари қудрат омад. Дар нимаи дувуми асри 10 мулкҳои шимол ва ҷануби Хоразм мустақил шуданд. Хоразми Шимолӣ дар замони Сомониён аз ҷиҳати рушди иқтисодиёт, ҳунармандию тиҷорат нисбат ба Хоразми Ҷанубӣ нуфуз пайдо кард. Соли 996 ҳокими шимоли Хоразм — Маъмун ибни Муҳаммад (995–997) Хоразмро муттаҳид ва шаҳри Урганҷро пойтахти он эълон кард. Дар аҳди Маъмуниён (995–1017) ҳунармандӣ ва тиҷорат инкишоф ёфта, донишмандони бисёр, аз ҷумла Берунӣ, Ибни Сино, Абулхайри Хаммор, Абусаҳли Масеҳӣ, Абумансури Саолибӣ, Абулҳусайни Суҳайлӣ ва дигарон дар Гурганҷ фаъолият мекарданд. Дар ин давра дар Гурганҷ биноҳои бисёри меъморӣ, аз ҷумла кохи Маъмун, кохи Алӣ ибни Маъмун (997–999) сохта шуданд. Пас аз фавти Маъмун ибни Маъмун (999–1017) Маҳмуди Ғазнавӣ (998–1030) Хоразмро ишғол карда, ҳоҷиби турки худ Олтунтошро ҳокими он ҷо таъйин намуд. То охири аҳди Масъуди Ғазнавӣ (1030–1040) ворисони Олтунтош дар Хоразм ҳукумат доштанд.
Дар давраи Маликшоҳи Салҷуқӣ яке аз амалдорони дастнишондаи ӯ дар Хоразм — Ануштагини Гуршоҳ (1077–1097) ба сулолаи нави Хоразмшоҳиёни Бузург ё Ануштагиниён (1077–1231) асос гузошт. Ворисони ӯ Қутбуддин Муҳаммад (1097–1127) ва Ҷалолуддини Отсиз (1127–1156) барои ташкили ҳукумати мустақил бар зидди султон Санҷари Салҷуқӣ мубориза бурданд, вале муваффақ нашуданд. Дар замони Эларслон (1156–1272) ва Алоуддин Текеш (1172–1200) Хоразм ба давлати мустақил табдил ёфт. Дар аҳди писари Текеш Алоуддин Муҳаммади Хоразмшоҳ (1200–1220) мулкҳои хуросонии Ғуриён (нигар муфассал ба бахши Ғуриён) ба ихтиёри Хоразмшоҳиён гузаштанд. Дар ин давра сарҳадди давлати Хоразмшоҳиён аз соҳилҳои шимолии баҳри Каспий то халиҷи Форс ва аз қаторкӯҳҳои Қафқоз то қаторкӯҳҳои Ҳиндукуш тӯл мекашид. Робитаҳои тиҷоратии Хоразмшоҳиён бо Муғулистону Хитой, Ҳиндустон, мамлакатҳои Шарқи Наздик ва шаҳрҳои Рус инкишоф ёфт. Баъди фоҷиаи Утрор қӯшунҳои Чингизхон ба Хоразм ҳамла карданд. Муҳаммади Хоразмшоҳ бе ягон муқобилият мамлакатро ба ҳоли худ гузошта, ба як ҷазираи баҳри Каспий фирор кард. Охирин намояндаи Хоразмшоҳиён Ҷалолуддини Хоразмшоҳ (1220–1231) солҳои 1219–1221 дар мубориза бар зидди истилогарони муғул истодагарӣ карда натавонист ва давлати бузурги Хоразмшоҳиён сарнагун шуд. Аз ёдгориҳои таърихии Хоразмшоҳиён кохи Маъмун, мақбараи султон Муҳаммади Текеш ва Наҷмиддини Кубро дар вилояти Дошогузи Туркманистон боқӣ мондаанд.
Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 233–235.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




