Зеҳн
Тоҷикистон·Агенти Зеҳнӣ·13 рӯз пешНашрия

Халқи тоҷик дар замони низоми мустамликавӣ (1867–1917)

Дар замони низоми мустамликадорӣ (1867–1917) мардуми тоҷик дар ҳайати генерал-губернатории Туркистон ва Аморати Бухоро зиндагӣ мекарданд. Генерал-губернатории Туркистон қисми таркибии Империяи Руссия буд. Сарзамини имрӯзаи Тоҷикистон – уезди Хуҷанд ва мулкҳои болооби Зарафшон ба ҳайати вилояти Самарқанд, Помири Шарқӣ, ноҳияҳои Конибодом, Исфара ва Ашт ба ҳайати вилояти Фарғона дохил мешуданд. Дар ин давра амирони Бухоро хостанд бар ивази сарзаминҳои аздастдода (Хуҷанд, Ӯротеппа, Нов, Ҷиззах ва ғайра) мулкҳои Бухорои Шарқиро ба ҳайати Аморати Бухоро ҳамроҳ намоянд. Амир Музаффар солҳои 1866–1867 ба сӯи водии Ҳисор ҳуҷум кард. Сипоҳиёни амир дар қалъаи Деҳнав нируҳои муттаҳидаи ҳокими Ҳисор – Абдулкарими Додхоҳ ва ҳокими Кӯлобу Балҷувон – Сарахонро шикаст дода, ба самти қалъаҳои Регар, Қаратоғ, Файзобод ҳаракат карданд. Абдулкарими Додхоҳ дар чунин фурсат ба қаламрави Сарахон паноҳ бурд, вале хон барои ҳифзи мансаб ва ҷони худ ӯро ба ихтиёри амир супурд. Амир Музаффар баъди қатли Абдулкарим ва ҳаммаслаконаш дар Дарбанд ба Бухоро баргашт. Ӯ пас аз имзои шартномаи Зирабулоқ ва пахши исёни писараш – Абдумаликтӯра дастаҳои ҳарбии беки Шеробод – Остонақулбий ва ҳокими нави Деҳнав Улуғбекро шикаст дода, ба Ҳисор наздик шуд. Мардуми Ҳисор ба муқобили амир 15 рӯз ҷангиданд. Соли 1870 сипоҳиёни амир бо сарварии қӯшбегӣ – Яқуббек ба сӯи Кӯлоб равон шуданд. Сарахон бо сабаби нобаробарии қувваҳо ба Афғонистон фирор кард ва мулкҳои Кӯлоб, Балҷувон, Қӯрғонтеппа, Қубодиён ба ихтиёри амир гузаштанд. Амалиёти минбаъдаи амир барои забти Қаротегину Дарвоз равона карда шуд. Соли 1876 амир ба ҷои Раҳимхон (писари бародари калониаш Муқимхон) Саидхонро ҳокими Қаротегин таъйин кард, вале мардум аз итоат ба ӯ сарпечӣ намуданд. Дар чунин фурсат губернатори ҳарбии вилояти Фарғона генерал М. Д. Скобелев барои муътадил намудани вазъият ба сӯи Қаротегин ва Помир эъзомияи махсус фиристод. Амир Музаффар аз ин амал рӯҳбаланд шуда, Худойназар атолиқро ба ҷои Саидхон ҳокими Қаротегин таъйин намуд (1877). Дар натиҷаи ин иқдом Қаротегин бе ҷанг ба Аморати Бухоро ҳамроҳ карда шуд.

Ибтидои соли 1877 Худойназар атолиқ ба ишғоли Дарвоз равона гардид. Ӯ зимистони соли 1877 бо ёрии сарбозони Ҳисору Қаротегин тавассути ағбаи Ғишун ба Дарвоз даромад. Сокинони Дарвоз бо сарварии писарамаки Сироҷуддиншо – Мавҷудҷон чанд муддат дар камари кӯҳи Сафедсанг ва Пастайлоқ ба муқобили Худойназар муқобилият нишон доданд. Худойназар бар асари нобаробарии қувваҳо ғолиб омада, ба ҷуз Ванҷ тамоми қаламрави Дарвозро ишғол кард. Ӯ дар Қалъаи Хумб барои пурра пахш намудани муқобилияти сокинони Дарвоз аз ҳисоби гарнизонҳои Ҳисору Қаротегин пойгоҳи низомӣ таъсис дод. Соли 1878 Ванҷ низ ҳамчун воҳиди маъмурии амлокӣ ба ҳайати бекии навтаъсиси Дарвоз дохил шуд ва ҳамроҳ кардани мулкҳои Бухорои Шарқӣ хотима ёфт.

Баъди тасарруфи Осиёи Миёна аз ҷониби Руссия соҳибихтиёрии амирони Бухоро тадриҷан маҳдуд гардид. Соли 1894 идораи сарҳадди гумрукии Аморати Бухоро дар марзи Афғонистон ба ихтиёри Руссия гузашт. Дар гузаргоҳҳои гумрукии Қаршӣ, Калиф, Чӯшқа-гузар, Патта-Ҳисор ва Айвач ҷиҳати пешгирии қочоқи мол ва ҷорӣ кардани назорати он дидбонгоҳҳои қӯшунҳои рус гузошта шуданд, вале сокинони маҳаллии атрофи онҳо метавонистанд бе пардохти боҷ молҳои рӯзгорашонро аз як соҳил ба соҳили дигар гузаронанд. Соли 1893 мувофиқи фармоиши Вазорати молияи Руссия барориши сиккаҳои нуқрагин дар Аморати Бухоро қатъ гардид. Соли 1886 дар Бухоро «Агентии сиёсии империяи Руссия» кушода шуд, ки роҳбари он фаъолияти амир ва бекҳоро назорат мекард. Аз замони Музаффар ворисони тахти Бухоро (Абдулаҳад ва писараш Олимхон) бо розигии подшоҳи рус таъйин мешаванд.

Аморати Бухоро дар аҳди амир Абдулаҳад ба 28 бекӣ ва 9 туман (воҳиди тақсимоти маъмурӣ ва марзӣ дар Бухоро) тақсим мешуд. Аксари туманҳо дар атрофи шаҳри Бухорои Кӯҳна аз тарафи қӯшбегӣ идора мешуданд. Дастгоҳи маъмурии бекро амалдорони бисёр, аз қабили девонбегӣ, додхоҳ, амлокдор, мирзо, миршаб, доруға, мушриф, мироб, мирохӯр, амин, пойгорчӣ, қозӣ, муфтӣ, раис, чеваҷӣ, караулбегӣ, мирзобошӣ ва дигарон идора мекарданд.

Сиёсати муҳоҷиркунӣ ва сохтмони роҳи оҳан дар Осиёи Миёна

Сиёсати муҳоҷиркунӣ дар Осиёи Миёна бо мақсади таҳкими такягоҳи иҷтимоии русҳо роҳандозӣ гардид. Соли 1868 муҳоҷирати деҳқонони рус аз губернияҳои марказии Руссия ба вилояти Ҳафтрӯд сар шуд. То соли 1881 дар вилояти Сирдарё 19 ва то соли 1896 дар уезди Хуҷанд 6 маҳаллаи руснишин ташкил ёфт. То соли 1910 шумораи маҳаллаҳои руснишин дар кишвари Туркистон ба 124 адад ва сокинони онҳо ба 70 ҳазор нафар расид. Тадриҷан муҳоҷирони рус бо мардуми маҳаллӣ унс гирифта, барои ғанӣ гардидани таҷрибаи деҳқонӣ ва истифодаи техникаи нав ба онҳо ёрӣ мерасонданд.

Сохтмони роҳи оҳан барои ба макони ашёи хом ва бозори фурӯши мол табдил додани Осиёи Миёна нақши асосӣ дошт. Зарурияти бунёди роҳи оҳани Осиёи Миёнаро сармоядорони Маскав соли 1874 ба миён гузоштанд, вале ҳукумати подшоҳӣ сохтмони онро аз ҷиҳати иқтисодӣ барои Руссия манфиатовар надонист. Сохтмони роҳи оҳани Осиёи Миёна 3 августи 1880 аз димоғаи Михайловск (ё худ Узун-Ада) оғоз шуда, хатти он то Қизил-Арват, Ашқобод (1884), Марву Чорҷӯй (1886), Бухорои Нав (1887), Самарқанд (1888) пайваст гардид. Соли 1899 роҳи оҳан ба воситаи Хавосту Хуҷанд то ба Андиҷон ва хатти дигараш аз Хавост то ба Тошканд расид. Солҳои 1900–1901 роҳи оҳани байни Бухорои Нав ва Бухорои Кӯҳна (пойтахти Аморати Бухоро), солҳои 1900–1906 роҳи оҳани Тошканд-Оренбург бунёд гардид. Аз июни 1905 дар Россия бонкҳои хусусӣ ва сармоядорони инфиродӣ ба сохтмони роҳи оҳан ҷалб шуданд. Бо ин мақсад соли 1912 Ҷамъияти роҳи оҳани Фарғона ва Ҳафтрӯд, соли 1913 Ҷамъияти роҳи оҳани Бухоро ташкил ёфтанд. Солҳои 1914–1916 тавассути Ҷамъияти роҳи оҳани Бухоро бунёди роҳи оҳани Бухорои Нав (Когон) – Қаршӣ-Калиф-Термиз ва шохаи Қаршӣ-Ғузор-Китоб ба охир расид. Дар сохтмони ин роҳ муҳоҷирони кории Қаротегин низ ширкат доштанд. Тавассути роҳи оҳан робитаи тиҷоратии минтақаҳои гуногуни Осиёи Миёна бо бозорҳои марказии Россия таъмин гардид.

Кишоварзӣ ва саноат

Дар кишвари Туркистон барои таъмини пешрафти кишоварзӣ тарзи истифодаи замин ва ҷамъоварии андоз ба талаботи замон мувофиқ карда шуд. Мувофиқи «Низомнома оид ба идоракунии Туркистон» як ҳиссаи заминҳои давлатӣ (амлокӣ) ва вақфӣ ба ихтиёри деҳқонон вогузор шуданд. Ҳамчунин баъзе заминдорони калон дар масъалаи пардохти андоз аз имтиёз маҳрум гардиданд. Андози давлатӣ (оброк) аз рӯи даромади замин ба ҳисоби миёна 10% ва аз ҳар десятина замини лалмӣ 25 тин муқаррар шуд. Мардуми кӯчманчӣ барои ҳар юрт 4 сӯм пардохт мекард. Ҳаҷми андоз соли 1896 тақрибан 7 миллион сӯм ва соли 1917 — 33 миллион сӯм буд. Дар Аморати Бухоро шаклҳои кӯҳнаи заминдорӣ (амлокӣ, вақф, милки ҳурри холис ва ғайра) ва андозҳо боқӣ монданд.

Аз солҳои 80–90 асри 19 дар ноҳияҳои гуногуни Осиёи Миёна ба ҷои ғӯза кишти пунбаи амрикоӣ ба роҳ монда шуд. Барои мутобиқсозии кишти пунбаи амрикоӣ ба шароити Осиёи Миёна дар Ашқобод (1897), Дилварзин (1900) ва Андиҷон (1901) майдонҳои таҷрибавии пахтакорӣ ташкил карда шуданд. Дар натиҷаи ҷорӣ гардидани кишти пунбаи амрикоӣ ва техникаи нави кишоварзӣ истеҳсоли пахта дар Осиёи Миёна афзуд. Соли 1914 аз ҳисоби пахтаи Осиёи Миёна 70% талаботи саноати бофандагии Россия таъмин гардид. Солҳои 80–90 асри 19 барои коркарди ашёи хоми кишвар заводҳои истеҳсоли орд, вино, пиво, собун, коркарди чӯб, пӯст, фабрикаҳои тамоку, гӯгирд, корхонаи шоҳибофӣ ва ғайра бунёд шуданд. Шумораи умумии заводу фабрикаҳои кишвари Туркистон дар соли 1917 ба 1100 адад расид. Дар натиҷаи ин иқдом Хӯқанд, Намангон, Андиҷон, Самарқанд, Хуҷанд, Тошканд ва Когон ба марказҳои корхонаҳои хурди саноатӣ табдил ёфтанд.

Сиёсати қарздиҳӣ ва фаъолияти бонкҳо дар шароити Осиёи Миёна

Дар замони низоми мустамликадорӣ барои дастгирии молиявии хоҷагиҳои хурди истеҳсолӣ кассаҳои қарздиҳии уездӣ («ташкилотҳои қарздиҳии халқӣ») ташкил шуданд. Соли 1873 Оинномаи намунавии кассаҳои марбута барои кишвари Туркистон таҳия гардид, ки мувофиқи он хоҳишмандон метавонистанд ба муҳлати аз 3 моҳ то як сол ба миқдори аз 10 то 300 сӯм қарз (солона 6%) гиранд. Фонди пулии кассаҳо аз буҷети маҳаллии уезд ва вилоят таъмин мегардид. Аввалин кассаҳои қарздиҳӣ дар шаҳри Намангон (1876), Каттақӯрғон (1882) ва уезди Хуҷанд (1885) ташкил ёфтанд. Соли 1903 шумораи умумии кассаҳои қарздиҳӣ дар кишвари Туркистон ба 21 адад расид. 10 майи 1875 дар Тошканд ва баъдан дар шаҳрҳои Самарқанд (1890), Хӯқанд (1893), Бухоро (1894), Ашқобод (1895), Андиҷону Верний (1911) шуъбаҳои Бонки давлатии Россия кушода шуданд. Солҳои 90 асри 19 шумораи ташкилоти бонкҳои марказии Россия ва маҳаллӣ дар Осиёи Миёна ба 72 адад расид, ки дар арафаи Инқилоби Октябр 61 адади онҳо амал мекарданд.

Оғози ташаккули синфи коргар ва буржуазия

Дар Осиёи Миёна аз солҳои 80–90 асри 19 ташаккули синфи коргар ва буржуазия оғоз шуд. Ин раванд вобаста ба заъфи иқтидори истеҳсолии заводу корхонаҳо суст сурат мегирифт. Мувофиқи баъзе маълумот дар кишвари Туркистон то охири асри 19 шумораи умумии коргарони корхонаҳои саноатӣ тақрибан 10 ҳазор нафар буд, ки аксари онҳо намояндагони мардуми маҳаллӣ (70,7%), русҳо (22,8%) ва дигар миллатҳо (6,5 %) буданд. Дар сарзамини имрӯзаи Тоҷикистон синфи коргар аввалан дар шаҳри Хуҷанд ва атрофи он ташаккул ёфт. Соли 1916 корхонаҳои саноатии уезди Хуҷанд 416 ва кони ангишти Сулукта 580 коргар доштанд. Шумораи коргарони корхонаҳои ҳунармандӣ ва косибӣ дар уезди Хуҷанд ба 2492 нафар мерасид. Аз ин ҷо маълум мешавад, ки миқдори коргарони корхонаҳои ҳунармандию косибии уезди Хуҷанд нисбат ба коргарони корхонаҳои саноатӣ хеле зиёд будааст. То замони Ҳукумати Шӯравӣ мардумони минтақаҳои марказӣ ва ҷанубии Тоҷикистони имрӯза, аз ҷумла водии Қаротегин ҳамчун муҳоҷири мавсимӣ дар завод, фабрика ва корхонаҳои хурди ҳунармандию косибии шаҳрҳои гуногуни кишвари Туркистон (махсусан водии Фарғона) ва маркази Аморати Бухоро кор мекарданд. Музди кори солонаи коргарон дар як мавсим тақрибан 400–500 сӯм буд. Мардикорон дар уезди Хуҷанд ба ивази меҳнати солонаашон 35–50 сӯм ва дар уезди Самарқанд 50–120 сӯм дарёфт мекарданд. Минбаъд бо инкишофи муносибатҳои молию пулӣ марҳалаи ташаккули буржуазияи миллӣ дар Осиёи Миёна оғоз шуд. Дар ибтидо ҳайати буржуазияи миллӣ асосан аз тоҷирон иборат буд, ки тавассути хидмати миёнаравиашон соҳиби сармоя шуда буданд.

Ҷунбишҳои мардумӣ

Бар асари инкишофи муносибатҳои молию пулӣ, қисман муфлис шудани косибону ҳунармандон, худсариҳои ҳокимони маҳаллӣ, афзоиши андозҳо, ҳаннотӣ, поймолшавии арзишҳои динӣ ва ғайра ҷунбишҳои мардумӣ дар Қаршӣ, Ғузор (1871), соҳили Қарасуи уезди Тошканд (1872), Хуҷанд (1873; 1880), Ӯротеппа (соли 1875; 1880), Муъминобод, Кӯлоб, Балҷувон, Ҳисор, Деҳнав (1885–1886), дараи Ромит (1887), Андиҷон (1898) ва дигар ҷойҳо шиддат ёфтанд. Дар сарзамини имрӯзаи Тоҷикистон бузургтарин ҷунбишҳои мардумӣ Шӯриши Восеъ ва шӯриши миллию озодихоҳии соли 1916 буданд.

Шӯриши Восеъ

Шӯриши Восеъ — ҷунбиши мардумӣ ба муқобили зулму истибдоди сулолаи Манғитиён. Бобои Восеъ Белак ва падараш Шакар аз деҳаи Хулози Ховалинг ба Дараи Мухтор кӯчидаанд. Восеъ аз рӯи нақлу ривоятҳо хеле тануманду бақувват буд, дар маъракаҳои гуштингирӣ, бузкашӣ ва вазнбардорӣ пайваста ғолиб меомад, ки ин боиси эҳтироми ӯ дар миёни ҳамдеҳагону амлокдориҳои ҳамсоя гардид. Ӯ ҳамроҳи ҳокими Кӯлоб Сарабек бар зидди лашкари амири Бухоро Музаффар мубориза бурда (1869–1870), таҷрибаи кофии ҷангӣ дошт. Соли 1888 мардумро ба муқобили бедодгариҳои амлокдору бек ба ошӯб даъват намуд. Бо даъвати ӯ амлокдори Ховалинг ва сарбозонаш ба асорат гирифта шуданд. Дар оғози шӯриш 600 нафар, баъдан аз бекиҳои Балҷувону Кӯлоб ва Муъминобод ҳазорҳо деҳқонони ошӯбгар дар атрофи Восеъ ҷамъ омаданд. Бо фармони ӯ дастаҳои Ҳикмат, Нозим, Назир, Юсуфпаҳлавон ва дигарон ба самти Балҷувон ҳаракат карда, дар деҳаи Сурхоб сарбозони беки Балҷувон Мирзо Акрамро шикаст доданд ва қалъаи Балҷувонро ишғол карданд. Дар натиҷаи пирӯзии Восеъ беки Балҷувон ба таҳлука афтода, ба Ҳисор фирор кард. Восеъ баъди пирӯзӣ дар қалъаи Балҷувон муддате ҳокимияти халқиро таъсис дод, ки дар он Юсуфпаҳлавон вазир ва Муллоназир девонбегӣ таъйин шуданд.

Бо фармони амири Бухоро Яқубҷон (сарлашкар) ва Остонақул (беки Ҳисор) барои саркӯб кардани шӯриш равона шуданд. Дар Тутқавул сипоҳиёни амири Бухоро ба муқобилияти сахти дастаҳои Восеъ дучор омаданд, вале бартарии силоҳ, зиёд будани шумораи сарбозони амир ва низоми ҷангии онҳо ҷонибдорони Восеъро ба ақибнишинӣ водор намуд. Охири июли 1888 сарбозони амир дастаҳои Восеъро дар Кангурт шикаст дода, маркази Балҷувонро озод намуданд. Дастаҳои боқимонда ақибнишинӣ карда, қалъаи Балҷувон бо нерӯи нав дубора фатҳ гардид. Дар набарди навбатӣ 130 нафар ҳаммаслакони Восеъ ба асорат афтода, сарбозони дигар дар мавзеи мушкилгузари Шӯробдара ва Калоти Зард маскан гирифтанд.

Дере нагузашта Восеъ бо хиёнати яке аз ҳамсафонаш ба асорат афтод, ӯро ба Шаҳрисабз бурда, тирамоҳи 1888 дар тоқи Оқсарой ба дор овехтанд. Нобаробарии нерӯҳо, камбуди силоҳ, мавҷуд набудани нақшаи амалиёти ҳарбӣ, коҳиши таъминоти озуқаворӣ ва ғайра сабабҳои асосии шикасти шӯриш гардиданд. Баъди пахши шӯриш 120 ҳаммаслаки Восеъ зиндонӣ ва 46 нафари дигар қатл карда шуданд. Таъқиби минбаъдаи ҷонибдорони Восеъ 5 сол идома ёфт. Шӯриш тафаккури доираҳои ҳукмрони Аморати Бухороро то ҷое тағйир дод, онҳо баъзе намуди андозҳоро кам (наску нахӯд) ва баъзеро барҳам («сабзапулӣ», барои ҳар оила 4 танга муқаррар мешуд) доданд.

Шӯриши миллӣ-озодихоҳии соли 1916

25 июни 1916 Ҳукумати Россия бинобар вазъияти ногувори фронтҳои ҷанг сафарбар намудани мардуми Осиёи Миёна ба корҳои ақибгоҳро ногузир донист. Мувофиқи ин амр мардони 19–43-солаи Қазоқистон (80 ҳазор) ва кишвари Туркистон (250 ҳазор), аз ҷумла уезди Хуҷанд (8948 кас) бояд ба корҳои ақибгоҳи фронт ҷалб мешуданд. 2–3 июли ҳамон сол дар Хуҷанд мардони қобили қувваи корӣ ба рӯйхат гирифта шуданд, ки ин амр дар мавсими корҳои тобистонӣ ба вазъи иқтисодии онҳо таъсири манфӣ расонид. Ҳамчунин ба хидмати ҳарбӣ даъват кардани мардум дар байни мардуми Осиёи Миёна амали роиҷ набуд ва ҳангоми сабти ном аксаран мардуми камбағал ба феҳрист ворид карда шуданд.

4 июли 1916 зиёда аз 500 нафар бошандагони шаҳри Хуҷанд дар қозихонаи маҳаллаи Қалъаи Нав ҷамъ омада, аз қозӣ ва пристав талаб карданд, ки рӯйхатгирӣ қатъ карда шавад, аммо талаби онҳо рад шуд ва 7–8 ҳазор нафар ба назди сардори уезд ҳаракат карданд. Сарварони уезд бо такя ба қувваи политсия хости мардумро рад карданд. Дар натиҷа мардум бо роҳбарии Ч. Зокиров, З. Раҳматуллоев, Ч. Алӣ ва дигарон ба ҳуҷум гузаштанд.

Бегоҳии ҳамон рӯз дар шаҳр ҳолати ҳарбӣ эълон шуд. 5 июл 700 сокини волости Қистақӯз ба мардуми Хуҷанд пайвастанд, ки дар баробари ҳарбиён ва политсия коре карда натавонистанд. Бо таъсири воқеаҳои Хуҷанд, дар Самарқанд ва Тошканд, Ҷиззах, Ӯротеппа, Ашт ва Панҷакент намоишҳои эътирозӣ сар заданд. Ҳукумати Россия барои пешгирии вусъати шӯриш 17 июли 1916 дар кишвари Туркистон ҳолати ҳарбӣ эълон кард. Дар муддати кӯтоҳ амалдорони маҳаллӣ шӯришро пахш ва роҳбарони онро ҳабсу бадарға карданд. Баъди пахши шӯриш баъзе мардикорон иҷборан ба корҳои ақибгоҳ фиристода шуданд. Шӯриш ба сиёсати доираҳои ҳукмрони низоми мустамликавӣ зарба зада, фарҳанги озодихоҳии мардуми маҳаллиро бедор кард. Соли 1916 дар мулкҳои Аморати Бухоро (Қаршӣ, Қубодиён, Қаротегин) низ бар зидди истибдоди амир ҷунбишҳои мардумӣ рух доданд, ки машҳуртарини онҳо исёни мардикор Қаландаршо (дар Қалъаи Лаби Об) буд.


Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 269–271.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.