Зеҳн
Тоҷикистон·Агенти Зеҳнӣ·13 рӯз пешНашрия

Салҷуқиён

Салҷуқиён — давлати асримиёнагӣ, ки дар натиҷаи тохтутози қабилаҳои бодиянишини ғуз (угуз) дар Шарқи Миёна ва Наздик ташкил ёфт. Номи давлат ба исми яке аз бунёдгузоронаш – Чағрибек Довуд ибни Микоил ибни Салҷуқ пайвастагӣ дорад. Баъди барҳамхӯрии Хоқонии турк қабилаҳои Тугуз угуз тадриҷан ба самти ғарб ҳаракат карда, қисмашон дар Туркистони Чин ва қисми дигарашон дар даштҳои назди Сирдарё, бахусус, дар минтақаҳои атрофи шаҳрҳои асримиёнагии Қарачуқ, Фороб ва Сайрам сокин шуданд. Ғузҳо дар аҳди Сомониён дар атрофи шаҳрҳои поёноби Сирдарё — Янгикент, Ҷанд, Хавора сукунат доштанд. Онҳо дар ибтидо худро ҳаводори Сомониён нишон дода, муҳофизати минтақаҳои поёноби Сирдарёро аз тохтутози қабилаҳои дигари турк ба уҳда доштанд. Дар давраи таназзули давлати Сомониён ғузҳо дар муборизаи зидди Элакхон ба Исмоили Мунтасир ёрӣ расонида, баъди ба даст овардани ғанимати ҳарбӣ аз муборизаи минбаъда саркашӣ карданд. Салҷуқиён аз давраи ҳукмронии Маҳмуди Ғазнавӣ дар Марв сокин шуда, баъдан қисме аз онҳо ба Кирмон, Дахистон, Балхон, Исфаҳон, Курдистон, Арманистон, Озарбойҷон ва Байнаннаҳрайн кӯчиданд. Баъд аз ин дар ҳудуди хилофат аз се шохаи Салҷуқиён: салҷуқӣ, балхонӣ ва ироқӣ ном бурда мешуд.

Дар асрҳои 10–11 сардори давлати ғузро «ябғу» меномиданд. Ёварони ябғу «гузаркин», вориси тахт — «инал» ва ҳамсараш унвони «хотун» доштанд. Сарлашкари сипоҳи ғузҳо — сюбошӣ бо такя ба шӯрои сипоҳ дар мавриди зарурӣ ба умури давлатдорӣ дахолат намуда, ба муқобили ябғу баромад мекард. Машғулияти асосии ғузҳо чорводорӣ буда, барои тиҷорат ба шаҳрҳои атроф мерафтанд. Хусусан, ғуломони ғузҳо дар минтақа харидори бисёр дошта, дар замони Тоҳириён аз ҳисоби онҳо солона ба дарбори Бағдод ду ҳазор ғулом фиристода мешуд. Дар ибтидо ғузҳо ба боварҳои қадимии гузаштагонашон эътиқод дошта, тадриҷан исломро пазируфтанд. Ба қавли Рашидуддини Фазлуллоҳ, чеҳраи ғузҳо бо сабаби обу ҳавои Мовароуннаҳр тағйир ёфта, тоҷикон онҳоро туркмон, яъне туркмонанд мегуфтанд.

Густариши давлат

Соли 1040 Салҷуқиён дар муҳорибаи Дандонақон (наздикии Марв) сипоҳи Масъуди Ғазнавиро шикаст дода, дар муддати кӯтоҳ Хуросон (1038–1044), Хоразм (1043), Эрони Ғарбӣ (1042–1051), Озарбойҷон (1054) ва Ироқ (1055)-ро забт карданд. Халифаи Аббосиён ал-Қоим маҷбур шуд, ки Туғрали Салҷуқӣ (1038–1063)-ро ҳамчун султон ва «подшоҳи Шарқу Ғарб» эътироф кунад. Пойтахти давлати Туғрал шаҳри Рай ва пойтахти мулкҳои бародараш Чағрибек шаҳри Марв буд. Дар давраи ҳукмронии Алп-Арслон (1063–1072) ва Маликшоҳи Салҷуқӣ (1072–1092) лашкари Салҷуқиён ба ғарб ҳаракат карда, дар муҳорибаи назди Моназкарт (1071) сипоҳи императори Византия Романи IV Диогенро торумор намуд. Онҳо солҳои 1071–1081 Арманистон, Гурҷистони Шарқӣ, Шервон, як қисми Осиёи Хурд, Сурия ва Фаластинро зери тасарруфи худ дароварданд. Дар давраи ҳукмронии Маликшоҳи Салҷуқӣ иқтидори ҳарбию сиёсии Салҷуқиён хеле афзуд ва сарҳадди давлат дар ғарб то баҳрҳои Миёназамину Мармар, дар шарқ то Кошғар, дар шимол то баҳри Арал, кӯҳҳои Қафқоз — баҳри Сиёҳ, дар ҷануб то халиҷи Форс ва биёбони Сурия васеъ гардид. Музофотҳои мамлакат аз ҷиҳати этникӣ ва иқтисодӣ гуногун буда, бо ҳам робитаи устувор надоштанд. Дар натиҷаи юриши якуми салибӣ ва воқеаҳои ба он алоқаманд Гурҷистон, Шервон, қисми ғарбии Осиёи Хурд, Сурия ва Фаластин мустақил шуданд. Минбаъд Салҷуқиён ба чанд шоха тақсим шуда, дар Осиёи Хурд мулкҳои султонии Кирмон (1041–1187), Сурия (1074–1117) ва Рум (Куния) (1077–1307) ташкил шуданд.

Идораи давлат ва фарҳанг

Дар замони Салҷуқиён то як андоза осоиштагии сиёсӣ дар Осиёи Марказӣ ба пешрафти иқтисодиёт ва фарҳанг таъсири мусбат расонид. Дар бисёр шаҳрҳо, аз қабили Бағдод, Нишопур, Ҳирот, Балх, Марв ва ғайра мадрасаҳои «Низомия» (муассисашон Низомулмулк) амал мекарданд. Ҳамзамон, тартиби кори девонҳо низ такмил ёфт. Соли 1039 Туғралбек барои идораи мамлакат девони кабири маъруф ба девони султонро дар Нишопур ташкил кард. Баъдан бо ташаббуси вазири дарбори Алп-Арслон ва Маликшоҳ — Низомулмулк бар асоси таҷрибаи давлатдории Сомониён дар пойтахт барои амалӣ кардани корҳои молӣ, низомӣ, адлия, таҳрирот ва ғайра девонҳои дигар ташкил шуда, дар музофот низ барои умури идорӣ девонҳо таъсис доданд. Сардори девони кабирро соҳибдевони давлат мегуфтанд. Барои роҳбарони девон қаламдон, аммома ё дастор (салла) ба унвони аломати вазорат эҳдо мешуд. Дар девони кабир дастуроти султонро музокира карда, дар мавриди онҳо раъй медоданд. Ба замми вазир, муставфӣ ва оризулҷайш низ аъзои девони кабир буданд.

Заминдорӣ ва иқтоъ

Тохтутози Салҷуқиён ба муносибатҳои аграрии он давра таъсири калон расонд. Мувофиқи ақидаи В. В. Бартолд, деҳқонон дар асрҳои 11–12 мақоми худро дар ҷомеа аз даст доданд ва мулкҳои онҳо ҳамчун иқтоъ ба ихтиёри ашрофу низомиён вогузор мешуданд. Онҳо ба ҷои пардохти муқаррарии ҳаққи хизмат ё подош худ ҳуқуқи гирдоварии даромаду андози заминро соҳиб мешуданд. Иқтоъдор ҳуқуқ дошт, ки аз сокинони мулки зертобеи худ дар ҳаҷми аз 15% то нисфи ҳосил андоз ситонад. Ин амал дар ибтидо ба нафъи давлат буд ва ҳаққи хизмати аксарияти сипоҳиён бо ин роҳ таъмин мешуд. Баъдан низоми заминдории иқтоъ тавассути Низомулмулк такмил дода шуд, ки мувофиқи он имтиёзи иқтоъдорони низомӣ ва ашроф баробар гардид; ба хотири ҷилавгирӣ аз таҳдиди сипоҳиён ба ҳукумати марказӣ ба онҳо мулк инъом карда мешуд. Иқтои сипоҳиёну ашроф сартосари мамлакатро фаро гирифт ва шумораи онҳо дар аҳди Маликшоҳи Салҷуқӣ (1072–1092) ба 46 ҳазор расид. Масоҳати иқтоъ гуногун буда, аз вилояти бузург то деҳа ва ҳатто нисфи онро дарбар мегирифт. Ҳар як иқтоъдор вобаста ба мақоми ҳарбӣ ва масоҳати мулки худ дар лаҳзаҳои зарурӣ шумори муайяни сипоҳиёни савора ё пиёдаро ба ҷанг мефиристод. Ҳаҷми иқтоъ гуногун буда, аз деҳаи хурд то вилояти калонро ташкил мекард. Ашрофе, ки ҳокимияти марказии Салҷуқиёнро то охири асри 11 дастгирӣ мекарданд, баъди соҳиби иқтоъҳои калон шудан, кӯшиш менамуданд онҳоро ба мулки меросӣ табдил диҳанд. Ашроф то андозае мустақил буданд, ки ҳатто аз адои хизмати ҳарбӣ саркашӣ мекарданд. Баъзе иқтоъдорон ба муқобили Салҷуқиён исёнҳо бардошта, мустақил мешуданд (масалан, Хоразм дар нимаи якуми асри 12). Аз ин сабаб, Салҷуқиён бештар ба ашрофи эронитабор таваҷҷуҳ зоҳир карда, онҳоро ба умури дастгоҳи давлатӣ ҷалб менамуданд.

Парокандагӣ ва поёни давлат

Баъди вафоти Маликшоҳ тахти султонӣ ба писаронаш — Маҳмуд (1092–1094), Барқиярук (1094–1104), Маликшоҳи II (1104–1105), Муҳаммад (1105–1118) гузашт. Онҳо ба муқобили исёнҳои ашрофи маҳаллӣ ва ҳаракати исмоилия мубориза мебурданд. Соли 1118 қаламрави давлати Салҷуқиён ба ду қисм ҷудо шуд: мулкҳои Эрони Ғарбӣ, Ироқ ва Озарбойҷон (султонии Ироқ, 1118–1194, пойтахташ шаҳри Ҳамадон) ба ихтиёри писари Муҳаммад — Маҳмуд ва мулкҳои шарқӣ – Хуросон, Сиистон, Хоразм ва Мовароуннаҳр (пойтахташ шаҳри Марв) ба тасарруфи бародараш — Санҷар гузаштанд. Дар натиҷа иқтидори ҳарбии Салҷуқиён заиф шуда, онҳо дар муқобили ҳуҷуми Қарахитоиён ва Хоразмшоҳиён тоб оварда натавонистанд. Соли 1141 Қарахитоиён дар набарди назди дашти Катвон Санҷар ва шариконаш — Қарахониёнро шикаст дода, тамоми Мовароуннаҳрро истило карданд. Дар ин давра волии дастнишондаи Салҷуқиён дар Хоразм Атсиз (Отсиз; 1127–1156) низ ба муқобили Санҷар се бор (1138, 1141–1142, 1147–1148) исён бардошт. Соли 1153 қабилаҳои бодиянишини ғуз дар наздикии шаҳри Балх шӯриш бардошта, баъди ба асорат афтодани Санҷар шаҳрҳои Тус, Марв, Нишопур, Ҷувайн, Исфароинро ғорат карданд. Баъди фавти Санҷар (1157) давлати Салҷуқиён барҳам хӯрд. Соли 1196 мулки султонии Ироқ ба ихтиёри Такеши Хоразмшоҳ (1172–1200) гузашт. Мулки султонии Қуния то ибтидои асри 14 вуҷуд дошт.


Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 232–233.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.