Зеҳн
Тоҷикистон·Агенти Зеҳнӣ·13 рӯз пешНашрия

Ташкилёбии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон

Тақсимоти ҳудуди миллӣ дар Осиёи Миёна

Баъди барпо намудани тартиботи шӯравӣ Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Туркистон (дар ҳайати Ҷумҳурии Федеративии Шӯравии Сотсиалистии Руссия), Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро ва Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Хоразм ташкил шуданд. Ин давлатҳо бар асоси воҳидҳои маъмурӣ-ҳудудӣ номгузорӣ шуда, ҳувияти ин ё он миллатро ифода карда наметавонистанд. Масалан, аксари тоҷикони Осиёи Марказӣ дар Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро (52,3%; 420130 нафар; ӯзбекҳо, 22,2%) ва Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Туркистон (47,7%; 403698 нафар; ӯзбекҳо 66,5%) зиндагӣ мекарданд.

Ҳизби ҳукмрони коммунистӣ ҳалли масъалаи миллиро дар шароити Осиёи Миёна барои бунёди ҷомеаи сотсиалистӣ ногузир медонист. Ҳалли ин масъала дар асоси тавсияи асосгузори Ҳизби болшевикии Руссия ва сарвари Ҳокимияти Шӯравӣ В. И. Ленин сурат гирифта, бояд ҳамаи миллатҳои собиқ мазлуми империяи Руссия дар заминаи ҳуқуқи худмуайянкунӣ давлатҳои миллиашонро бунёд мекарданд. Мутасаддиёни Ҳизби коммунистии (болшевик) Руссия солҳои 1920–1921 дар шароити Осиёи Миёна ҳалли ҷиддии масъалаи миллиро бидуни тақсимоти ҳудудии миллӣ ғайриимкон дониста, дар ин маврид чанд лоиҳаи тавсиягӣ қабул карданд: 15 январи 1920 Комиссияи туркистонии Кумитаи Марказии Ҳизби коммунистии (болшевик)-и Русия ва Шӯрои Комиссарони Халқии Федератсияи Руссия ташкили ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Туркманистон ва Қирғизистонро аз рӯи нишонаҳои миллӣ дар Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Туркистон қобили қабул донистанд. Аз рӯзҳои аввал мутасаддиёни Ҳизби коммунистӣ манфиатҳои миллии тоҷиконро ҳамчун мардуми муқимии қадимии Осиёи Миёна сарф назар карда, онҳоро нисбат ба туркманҳо, ӯзбекҳо ва қирғизҳо «миллати хурд» медонистанд. Ҳамзамон қисми зиёди амалдорони шӯравӣ, зиёиён ва ходимони ҳизбӣ зери таъсири пантуркизм қарор гирифта, мавҷудияти тоҷиконро чун миллат ва ё худ халқияти мустақил инкор мекарданд. Ба андешаи пантуркистон тоҷикони Осиёи Миёна дар асл турканд, ки гӯё «забони модариашонро гум карда, забони вайроншудаи форсиро пазируфтаанд». Баъзе роҳбарони сатҳи аввали Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Туркистон ва Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро (Ф. Хоҷаев, А. Раҳимбоев, А. Муҳиддинов, А. Фитрат), ки аслан тоҷик буданд, дар раванди сарнавиштсози тақсимоти ҳудудии миллӣ ҳатто тоҷик будани худро инкор намуданд. Баъзеи онҳо ҳатто тавсия мекарданд, ки «тоҷиконро бояд ба асл – мансубияти туркиашон баргардонем».

Аз ҷониби дигар, роҳбарияти Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Туркистон ва Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро бархилофи арзишҳои фарҳангии тоҷикон чанд тасмими нодуруст гирифтанд, ки ин ба раванди тақсимоти ҳудуди миллӣ таъсири номатлуб гузошт: мувофиқи қарори Кумитаи иҷроияи марказии Ҷумҳурии Туркистон аз 14 июли 1918 дар ин сарзамин забонҳои ӯзбекӣ ва қирғизӣ дар қатори забони русӣ забонҳои давлатӣ эълон гардида, нуфузи забони форсии тоҷикӣ қасдан инкор карда шуд. Минбаъд аз соли 1923 ҳуҷҷатнигорӣ ва забони расмӣ дар ин кишвар дар баробари забони русӣ бо се забон – ӯзбекӣ, қирғизӣ ва туркманӣ сурат гирифта, мавқеи расмии забони форсии тоҷикӣ боз маҳдудтар шуд; аз декабри 1921 нашри маҷаллаи ягонаи форсии тоҷикии «Шуълаи инқилоб» дар Самарқанд қатъ гардид; соли 1919 дар ҳайати Комиссариат оид ба корҳои миллии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Туркистон шуъбаҳои ӯзбекӣ, қирғизӣ, туркманӣ, озарӣ, туркӣ, тоторӣ, русӣ, украинӣ, форсӣ ва яҳудӣ амал мекарданд, аммо ташкилоте, ки манфиати миллии тоҷиконро ҳимоя кунад, умуман вуҷуд надошт; дар Конститутсияи Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Туркистон (1920) қирғизҳо, ӯзбекҳо ва туркманҳо ҳам мардуми муқимӣ эътироф шуданд ва номи тоҷикон аз ин ҳуҷҷати муҳим берун монд; 11 марти 1921 Шӯрои нозирони халқии Ҷумҳурии Бухоро бо сарварии Ф. Хоҷаев дар қаламрави мамлакат ба забони туркӣ мақоми расмӣ дод, ки ӯро ҳамсафонаш Н. Хусайнови тотор, О. Оқчурин ва А. Фитрат дастгирӣ карданд. Ҳатто туркпарасти ашаддӣ А. Фитрат, ки соли 1921 нозири маориф ва соли 1922 ҷонишини раиси Шӯрои нозирони халқи Бухоро буд, барои ба забони форсии тоҷикӣ сухан гуфтан ҷарима ҷорӣ кард. Тадриҷан дар мактабҳои маҳаллаҳои тоҷикнишини Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро таълим низ бо забони туркӣ ё ӯзбекӣ ба роҳ монда шуд.

10 апрели 1924 бо қарори Кумитаи Марказии Ҳизби коммунистии Бухоро Комиссияи марказии тақсимоти ҳудуди миллӣ дар ҳайати Ф. Хоҷаев, К. Атобоев, К. Пӯлодов, А. Муҳиддинов ва Наврӯзбоев ташкил шуд. То майи 1924 ташкилотҳои гуногуни ҳизбӣ масъалаи тақсимоти ҳудуди миллиро дар Осиёи Миёна муҳокима карда, фикру андеша ва лоиҳаҳои мушаххас пешниҳод намуданд. Аз ҷумла, арбоби барҷастаи шӯравӣ, комиссари халқии корҳои хориҷӣ Г. Чичерин бар асоси ақидаи шарқшиносони рус лоиҳаеро пешниҳод намуд («лоиҳаи Чичерин»), ки мувофиқи он бояд дар Осиёи Миёна Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷумҳурии бузургтарин ва дар ҳайати он Ҷумҳурии мухтори Ӯзбекистон бунёд мегардид, вале бо сабаби дар ҳайати мутасаддиёни масъалаи марзбандии ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна зиёд будани нуфузи туркпарастон «лоиҳаи Чичерин» қабул нашуд.

12 июни 1924 Бюрои сиёсии Кумитаи Марказии Ҳизби коммунистии (болшевик)-и Руссия «Дар бораи тақсимоти миллии ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна (Туркистон, Бухоро ва Хоразм)» қарор қабул кард. Дар асоси он ташкили ҷумҳуриҳои иттифоқии сотсиалистии Туркманистону Ӯзбекистон, вилояти мухтори Қара-Қирғиз (Қирғизистон; дар ҳайати Федератсияи Руссия), вилояти мухтори Тоҷикистонро (дар ҳайати Ӯзбекистон) ва муттаҳид кардани ноҳияҳои қирғизнишин (қазоқнишин)-и Туркистон бо Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Қирғизистон (Қазоқистон) зарур шуморида шуд. 16 августи 1924 дар маҷлиси Бюрои осиёмиёнагӣ комиссияи сарҳаддии тоҷикон дар ҳайати Ч. Имомов, А. Ҳоҷибоев (роҳбари гурӯҳ) ва М. Саидҷонов ташкил шуд. 21 августи 1924 дар маҷлиси 5-уми комиссияи тақсимоти ҳудуди миллӣ фикру мулоҳизаҳо «Дар бораи вилояти мухтори Тоҷикистон ва ҳудуди он» шунида шуд. Дар маҷлис роҳбари гурӯҳи комиссияи сарҳаддии тоҷикон А. Ҳоҷибоев аз қолаби тавсиякардаи сарварони комиссия берун баромада натавонист. Ӯ ҳатто аз шаҳрҳои қадимаи тоҷикон Бухоро, Самарқанд ва Хуҷанд даст кашида, сараввал деҳаи Қаратоғ ва сипас Душанберо ҳамчун пойтахти Вилояти мухтори Тоҷикистон пешниҳод намуд.

Ташкилёбии Ҷумҳурии Мухтори Сотсиалистии Шӯравии Тоҷикистон

11 октябри 1924 Бюрои сиёсии Кумитаи Марказии Ҳизби коммунистии Россия зарур шуморид, ки ба ҷои Вилояти мухтор Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар ҳайати Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Ӯзбекистон ташкил карда шавад. 14 октябри 1924 бо пешниҳоди Кумитаи иҷроияи марказии Умумируссиягӣ ва Кумитаи иҷроияи марказии Туркистон Тоҷикистон ҳамчун Ҷумҳурии Мухтор дар ҳайати Ӯзбекистон таъсис дода шуд. Ба ҳайати Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон собиқ вилоятҳои Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро – Ғарм, Душанбе, Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа ва Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Туркистон – Панҷакенту Ӯротеппа дохил шуданд. Дар ин замон масоҳати ҷумҳурӣ 135,6 ҳазор километри мураббаъ ва аҳолияш 739,5 ҳазор нафар (78,33% тоҷикон) буд. 26 ноябри 1924 дар Тошканд Кумитаи инқилобии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон бо сарварии Н. Махсум ташкил ёфт. 3 феврали 1925 ҳукумати Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ба Душанбе омад, 4 феврал дар гирдиҳамоии Душанбе эъломияи ташкилёбии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон қироат карда шуд. Дар ин рӯз шумораи махсуси нахустин рӯзномаи тоҷикӣ «Овози тоҷик» аз чоп баромад. 5 феврал барҳам додани ташкилотҳои собиқ Ҷумҳурии Бухорои Шарқӣ сар шуд. 6 декабри 1924 дар Тоҷикистон Бюрои ташкилии Ҳизби коммунистии (болшевикии) Ӯзбекистон таъсис ёфт, ки он ҳамчун мақоми муваққатии роҳбарикунанда ташкилоти ҳизбиро ташкил мекард.

Декабри 1925 қаламрави Помир бо номи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба ҳайати Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дохил гардид. Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар соли 1925 аз воҳидҳои зерин иборат буд:

  • Вилояти Ғарм — туманҳои Ванҷ, Дарвоз, Чиргатол, Қалъаи Лаби Об, Қалъаи Ҳоит ва Обигарм;
  • Вилояти Душанбе — туманҳои Ҳисор, Душанбе, Қаратоғ, Файзобод, Ёвон ва Янгибозор;
  • Вилояти Кӯлоб — туманҳои Балҷувон, Кӯлоб, Муъминобод ва Ховалинг;
  • Вилояти Қӯрғонтеппа — туманҳои Қӯрғонтеппа, Чилликул, Қубодиён ва Саройкамар;
  • Вилояти Панҷакент — волостҳои Офтобрӯ, Искодар, Киштут, Панҷакент, Фалғар ва Моғиён-Фороб;
  • Вилояти Ӯротеппа — волостҳои Басманда, Ганҷӣ, Далён, Мастчоҳ, Ӯротеппа ва Шаҳристон;
  • Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон.

Дар миёнаҳои соли 1926 хатари дастаҳои босмачиён амалан бартараф ва дар кишвар бори аввал интихоботи шӯравӣ баргузор шуд. 14 августи 1924 бо қарори Кумитаи инқилобӣ заминдорону тоҷирони калон, рӯҳониён, собиқ мансабдорони амир, босмачиён ва дигар мухолифини шӯравӣ аз ҳуқуқи интихоботӣ маҳрум шуданд.

1–12 декабри 1926 дар Душанбе Анҷумани 1-уми муассисони Шӯрои Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон бо ширкати 336 вакил баргузор шуд. Анҷуман масъалаи вазъияти байналхалқӣ ва дохилии Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ, барҳам додани ҳаракати босмачигиро муҳокима кард; маърузаи Ҳукумат ва Кумитаи инқилобии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон, комиссариатҳои маорифи халқ, тандурустиро шунид; дар бораи миллӣ кунонидани об, замин, ҷангал, озодии занон, таълими умумӣ ва ғайра қарор қабул кард.

Ҳамзамон Кумитаи иҷроияи марказии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон Президиум ва Ҳукумати ҷумҳурӣ – Шӯрои комиссарони халқро интихоб намуд. Шӯрои комиссарони халқ аз чанд комиссариат иборат буд: молия, хоҷагии қишлоқ, корҳои дохилӣ, адлия, маориф, инспексияи коргару деҳқон, ҳифзи тандурустӣ, савдо, Шӯрои марказии хоҷагии халқ ва Идораи марказии омор. Анҷумани 1-уми муассисон роҳҳои минбаъдаи инкишофи ҷомеаи шӯравиро мушаххас нишон дод. Тибқи қонуни қабулнамудаи анҷуман то давраи қабули Конститутсия тамоми қудрат дар ҷумҳурӣ ба ихтиёри Кумитаи иҷроияи марказии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон гузашт. Сентябри 1929 уезди Хуҷанд (ноҳияҳои Конибодом, Исфара ва Ашт) ба ҳайати Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дохил шуд.

Ҳамин тариқ, мардуми тоҷик дар шароити густариши пантуркизм дар минтақа ба ташкили ҷумҳурии мухтор даст ёфт, ки ин барои бунёди давлатдории миллӣ нақши бузург дошт, вале ин ҷумҳурӣ дар гӯшаи қафомондатарини кишвар – Бухорои Шарқӣ, дур аз марказҳои фарҳангии халқи тоҷик – Бухоро, Самарқанд ва Хуҷанд бунёд гардид. Амалдорони ҷумҳурии Бухоро дар раванди тақсимоти ҳудуди миллӣ бо истифода аз ин омил мардуми шаҳру деҳотро ташвиқ мекарданд, ки ҳар касе худро дар рӯйхат «ӯзбек» нависад, дар манзили худ озодона иқомат мекунад. Ҳар касе агар худро «тоҷик» сабт кунад, хона ва чизу чораашро гузошта, ба вилояти мухтори тоҷикон равад ва ё онҳо маҷбуран фиристода мешуданд. Дар асоси ин ташвиқот баъзе тоҷикони Бухоро ва дигар вилоятҳои Осиёи Миёна худро дар рӯйхат «ӯзбек» нишон доданд. Ҳамчунин тақсимоти ҳудуди миллӣ дар Осиёи Миёна шитобкорона ва ғайривоқеӣ сурат гирифта, баъзе мутасаддиёни ҳизбию шӯравӣ ҳангоми рӯйхатгирии аҳолӣ дар ҳуҷҷатҳо этноними «тоҷик»-ро ба «ӯзбек» иваз карданд.

Н. Ҳотамов.


Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 279–280.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.